×
Одоби истиқболи иди рамазон, ва баъзе огоҳиҳо аз воқеъ шудан дар корҳои ношоям дар рӯзи ид, бо зикри идҳои исломӣ.

    ИДИ РАМАЗОН

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Солеҳ ал-Фавзон

    2012 - 1433

    ﴿ عيد الفطر المبارك﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    صالح بن فوزان الفوزان

    2012 - 1433

    ИДИ РАМАЗОН

    Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбару кабиро валҳамду лиллоҳи касиро ва субҳоналлоҳи букратав ва асило.

    Ситоиш Худовандеро, ки роҳи ибодатро барои бандагонаш осон гардондааст ва барояшон иде муқаррар намуда, ки баъди комил гардондани рўзаашон фаро мерасад, ва фурсатҳои хайру некиро ҳамеша барои бандагонаш паси ҳам меорад, то подоши накўкоронро пурра ато намуда, фазлу бахшиши фаровон насиби эшон гардонад.

    Ҳамин ки моҳи Рамазон ба охир бирасад, ба дунболи он моҳҳои ҳаҷ фаро мерасанд, то мардум қасди хонаи Ў намоянд.

    Эй мардум, аз Худо битарсед ва Ўро барои неъмати комил гардондану ба охир расондани рўзаи моҳи Рамазон шукру сипос гўед ва қабул гардидани намозу рўзаатонро аз Ҳақ таъоло масъалат намуда, барои камбудиҳову гуноҳони худ омўрзиш талабед ва бидонед, ин рўз, рўзи ид аст, ки дар он мўъминон барои ба охир расондани моҳи Рамазон бо тоату ибодатҳои зиёд масруру хурсанд мегарданд, зеро хурсанди кардан бо чунин амалҳои накў дар шариъат, ҷоиз ва писандида аст, вале хурсандиву хушҳоли барои расидан ба хостаҳои шаҳвони ва манофеъи зудгузари дуняви накўҳида ва зишт мебошад. Аллоҳ таъоло фармуда:

    ﭽقُلۡ بِفَضۡلِ ٱللَّهِ وَبِرَحۡمَتِهِۦ فَبِذَٰلِكَ فَلۡيَفۡرَحُواْ هُوَ خَيۡرٞ مِّمَّا يَجۡمَعُونَﭼ سُورَةُ يُونُسَ ٥٨

    «Бигў ба фазли Худо ва ба раҳмати Ў, ба ин чизҳо бояд, ки шодмон шаванд. Ин беҳтар аст аз он чи ҷамъ мекунанд» Сураи Юнус: ояти 58.

    Бинобар ин, рўзи шукру зикри Худост ва низ рўзи ифтори Рамазон, хўрдану нўшидан мебошад, ки рўза гирифтан дар ин рўз (ид) дар шариъат ҳаром аст, зеро рўзагири дар рўзи ид рўй гардондан аз меҳмонии Худованд, саркаши аз амри Ў маҳсуб мегардад. Чунки вақте Расули Худо (с) аз Макка ба Мадина омаданд, мардуми Мадина дурўза хурсанди доштанд, ки дар он бозиву хурсанди менамуданд. Расули акрам (с) ба онҳо гуфт: «Ҳамоно Худованд бароятон ду рўзи беҳтаре дар ивази ин ду рўз бахшидааст, ки он ду иди Рамазон ва иди Қурбон мебошад» (Ривояти Абудовуд).

    Пас Ҳақтаъоло дар ивази ин ду рўзи бозиву хушҳоли, ду рўзи зикру шукр ва мағфирату омўрзиш бахшид.

    Мусалмонон се ид доранд, ки ҳар як ид баъд аз комил гардондани ибодати бузурге фаро мерасад, яъне иди Рамазон баъди рўзаи Рамазон ва иди Қурбон баъди анҷомдиҳии аркони ҳаҷ. Иди саввум бошад, ҳар ҳафта такрор меёбад, ки он рўзи ҷумъа мебошад, ки иди ҳафтаги ба шумор меравад, зеро Худованд дар як шабона рўз панҷ вақт намозро бар бандагонаш фарз гардондааст.

    Ҳар вақте мусалмонон намозҳои як ҳафтаро пурра анҷом диҳанд, рўзи ҷумъа фаро мерасад, ки Ў таъоло онро иди ҳафтагии бандагони намозгузор қарор додааст ва низ дар ин рўз (ҷумъа) намози бузургеро, ки дорои ду хутбаи ҳамду сано ва панду насиҳат аст, воҷиб гардонид. Рўзи ҷумъа рўзест, ки мусалмонон дар як ҷой гирди ҳам меоянд ва аз аҳволи якдигар бохабар мешаванд. Ҳамчунин, дар ин рўз офариниш комил гардиду Одам офарида шуд ва дар ҳамин рўз Одам ба биҳишт дароварда шуд ва боз дар ин рўз аз биҳишт бароварда шуд. Дар ҳамин рўз дунё ба охир расида, қиёмат фаро мерасад.

    Бинобар ин, рўзи ҷумъа дорои чунин хусусиятҳо ва дарбаргирандаи фазилатҳои фаровон аст ва ҳароина Худованд рўзи одинаро ба уммати мусалмон хос гардондааст, ки воқеан ин иди мукаммал намудани намозҳои якҳафта, ки онҳо рукни дуввуми Ислом ба шумор мераванд, мебошад.

    Иди Рамазон баъди комил кардани рўзаи моҳи Рамазон, ки рукни чаҳоруми Ислом маҳсуб мегардад, фаро мерасад.

    Дарвоқеъ, мусалмонон дар моҳи мазкур бо тоъату ибодати фаровон аз Худованд бахшиши гуноҳон ва раҳои аз оташи дўзахро металабанд. Баъди пурра сохтани рўзаи моҳи Рамазон Ҳақтаъоло бандагони рўзадори хешро бо иде, ки дар он гирдиҳам ҷамъ мешаванд ва Худоро шукру зикр мегўянд, икром ва меҳмони менамоянд ва ҳар бандаи накўкор мукофоту подоши хешро аз тарафи Аллоҳ таъоло дарёфт намуда, ба хонааш хушҳолу сарафроз бармегардад.

    Эй бандагони Худо, бузургтарин супориши Худо дар ин рўз намози ид мебошад, ки далелаш китобу суннат ва иҷмоъи муслимин ба шумор меравад. Чи тавре, ки Ў таъоло фармуда:

    ﭽقَدۡ أَفۡلَحَ مَن تَزَكَّىٰ ١٤ وَذَكَرَ ٱسۡمَ رَبِّهِۦ فَصَلَّىٰﭼ سُورَةُ الأَعلَىٰ ١٥

    «Ба таҳқиқ растагор шуд касе, ки закот дод (яъне садақаи фитрро адо намуд) ва номи Худоро ёд карду намоз(яъне намози идро) барпо намуд» Сураи Аъло, оятҳои 14-15.

    Ҳамчунин, Расули акрам (с) мусалмононро ба рафтани намози ид амр намудааст, ҳатто занони асри Паёмбар (с) ба намози ид мебаромаданд, то аз хайру некўи ва мавъизаву даъвати мусалмонон баҳраманд гарданд.

    Умми Атийя (р) мегўяд: Рўзи ид амр мешудем, ки ҳамаги ба намози ид бароем, ҳатто духтари дўшиза ва зани ҳоиз ҳам мебаромад.

    Дар пушти мардон саф мегирифтанд, мисли мардон такбир гуфтаву дуъо мекарданд ва аз баракату сафои рўзи ид умедвор буданд. Бо чунин ҷамоъат ва ба таври дастаҷамъи барои намози ид баромадан, шиъори Исломро, ки иттиҳоду ҳамбастагист, ифода менамояд.

    Аз ин рў, намози ид яке аз нишонаҳои поки дини мубини Ислом мебошад, ки агар сокинони мусалмони шаҳре бо вуҷуди имконияту шароит доштан, онро тарк намоянд, бар ҳокиму сарвари давлати Ислом воҷиб мегардад, то онҳо дорои иҷрои ин амал адаб диҳад ва водорашон намояд, ки ин воҷибро адо намоянд.

    Воҷиб аст, ки намози ид дар намозгоҳи шаҳр, ба монанди замини дашт гузорида шавад, чи тавре, ки Паёмбари Худо (с) онро дар хориҷи Мадина мегузориданд ва ҳеҷ ривояте наомада, ки он ҳазрат намози идро беузр дар масҷид гузорида бошанд. Зеро гузоридани намози ид дар хориҷи шаҳр ҳайбату шавкати мусалмононро ошкор намуда, ҳикматҳову фоидаҳои дигар низ дорад, чун эълони шиъори Ислом, дарёфт шудани савоб барои намозгузорон ва адади зиёди намозгузорро ғунҷонидани ҷой.

    Бинобар ин, намози ид яке аз мазоҳири шавкату азамати Ислом ба ҳисоб рафта, бояд шахси мусалмон дар ҳозиршавии он сустиву коҳили накунад ва аз ҷамоати мусалмонон канорагири нанамояд.

    Иди саввуме, ки аз идҳои муқаррарнамудаи Ислом аст, иди Қурбон мебошад, ки он аз бузургтарину беҳтарини идҳо маҳсуб мегардад. Худованд онро баъди комил кардани ибодати ҳаҷ, ки рукни панҷуми Ислом мебошад, муқаррар намудааст. Ҳамин тавр, тамоми идҳои исломиро мебинем, ки баъди комил кардану ба охир расонидани ибодатҳо фаро мерасанд. Дар рўзи иди Қурбон низ бояд Худовандро шукру зикри зиёд бигўем, ки ба мо тавфиқи тоъату бандаги бахшидааст.

    Ғайр аз ин се ид, дигар ягон навъ ид дар Ислом вуҷуд надорад, на иди зодрўз, на иди озодии занон, на иди ғалаба, ва ғайра, зеро дигар идҳои навбаромад бидъат буда, дар натиҷаи тақлиди кўр-кўрона аз кофирон ба мо расидааст.

    Дар таърихи Ислом мусалмонон чи қадар ғалабаву пирўзиҳои гўшношунид кардаанд ва ягон идеро барои онҳо муқаррар накардаанд, зеро Худо ва Паёмбараш инро иҷоза надодаанд. Ва бидонед, эй бандагони Худо, ин се иди шаръи фақат барои лаҳву хуши муқаррар нагардидаанд, балки барои зикру ёди Худо ва тоъату истиғфор машрўъ шудаанд.

    Зеро иди мо мусалмонон, чун иди кофирон барои фахру гарданфарози набуда, балки он бояд бо ёду шукри Ҳақ таъоло, бо тоъату ибодати Вай ва садақаву бахшишҳо ба фақирон гузаронида шавад.

    Огоҳ бошеду бидонед, шахсе ки идро дарёбад ва зоҳири худро бо либосҳои нав ороиш диҳаду тамоми анвоъи таъомҳоро тановул намояд ва бо пургўи ва хандаву ботилгўи машғул шавад, бандаи некбахт ҳисобида намешавад, балки бандаи некбахт касест, ки Аллоҳ таъоло намозу рўзаашро пазируфта, лағжишу гуноҳонашро бибахшояд ва дар ниҳояти моҳи Рамазон намози идро гузорида, аз намозгоҳ бо мукофоту икроми илоҳи ба хонааш баргардад.

    Эй бандагони Худо, он падарону бародарон ва хешовандонеро ба ёд биёред, ки соли гузашта якҷо бо шумо намози ид гузориданду имрўз дар миёни шумо нестанд.

    Онҳо ба ҷуз амалҳои хеш чизе бо худ набурдаанд. Тамоми молу сарват ва хонаву қасрҳоро гузоштанду рафтанд.

    Молу дорои, лашкару қалъаҳо онҳоро аз марг ҳимоят карда натавонист ва низ дар назди Худованд молу фарзанд инсонро ҳеҷ манфиате намерасонад, ба ҷуз амали солеҳ ва дили пок аз ширку риё.

    Бинобар ин, зиндагонии дунё ороиши зоҳирии он шуморо нафиребад, зеро ороиши ҳақиқи, ороиши тақвову Худотарси мебошад. Ҳақтаъоло фармуда:

    ﭽيَٰبَنِيٓ ءَادَمَ قَدۡ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكُمۡ لِبَاسٗا يُوَٰرِي سَوۡءَٰتِكُمۡ وَرِيشٗاۖ وَلِبَاسُ ٱلتَّقۡوَىٰ ذَٰلِكَ خَيۡرٞۚ ذَٰلِكَ مِنۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ لَعَلَّهُمۡ يَذَّكَّرُونَﭼ سُورَةُ الأَعرَافِ ٢٦

    «Эй фарзандони Одам, мо барои шумо либосе, ки авратҳои шуморо сатр кунад ва ҳамчунин ҷомаҳои зебову нарм фиристодем ва либоси тақворо бар худ лозим гиред, ки ин некўтарин ҷомаи шумост» Сураи Аъроф, ояти 26.

    Яке аз бандагони солеҳ ва комил ба зинату ороиши мардум дар рўзи ид нигоҳ карду гуфт: Оё ҷуз порчаҳое, ки мепўсад ва гўште, ки фардо кирмҳо онро мехўрад, чизи дигареро мебинед? Аз Худо битарсед ва азамату бузургии рўзи идро ба хотир оред ва биандешед, ки ин рўз барои чи муқаррар гардидааст? Ва огоҳ бошед, ки бо гузашт ва такрори ин рўзи ид умрҳои шумо ба охир расида, амалҳоятон хотима ёфта, аҷалатон фаро мерасад, бинобар ин, барои ин сафари дуру дароз аз тақво тўша гиред. Ў таъоло фармуда:

    ﭽوَجَآءَتۡ سَكۡرَةُ ٱلۡمَوۡتِ بِٱلۡحَقِّۖ ذَٰلِكَ مَا كُنتَ مِنۡهُ تَحِيدُ ١٩ وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِۚ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلۡوَعِيدِ ٢٠ وَجَآءَتۡ كُلُّ نَفۡسٖ مَّعَهَا سَآئِقٞ وَشَهِيدٞ ٢١ لَّقَدۡ كُنتَ فِي غَفۡلَةٖ مِّنۡ هَٰذَا فَكَشَفۡنَا عَنكَ غِطَآءَكَ فَبَصَرُكَ ٱلۡيَوۡمَ حَدِيدٞﭼ سُورَةُ قٓ ٢٢

    «Ва барости, сакароти марг фаро расид. Ин ҳамон чизе аст, аз он гурез дошти ва дар Сур дамида мешавад, рўзи ваъдаи азоб аст. Ва ба ҳамроҳи ҳар шахс, ки ворид шавад, равонкунандае ва шоҳиде ҳаст. Ва ту аз ин ғофил буди ва мо аз ту пардаи туро бардоштем ва чашми ту имрўз тезбин шудааст» Сураи Қоф, оятҳои 19-22.

    Бо иҷтимоъу гирдиҳамоии имрўзаатон, гирдиҳамоии бузурги рўзи маҳшарро ба ёд биёваред, ки Аллоҳ таъоло дар мавриди он фармуда:

    ﭽإِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّمَنۡ خَافَ عَذَابَ ٱلۡأٓخِرَةِۚ ذَٰلِكَ يَوۡمٞ مَّجۡمُوعٞ لَّهُ ٱلنَّاسُ وَذَٰلِكَ يَوۡمٞ مَّشۡهُودٞ ١٠٣ وَمَا نُؤَخِّرُهُۥٓ إِلَّا لِأَجَلٖ مَّعۡدُودٖ ١٠٤ يَوۡمَ يَأۡتِ لَا تَكَلَّمُ نَفۡسٌ إِلَّا بِإِذۡنِهِۦۚ فَمِنۡهُمۡ شَقِيّٞ وَسَعِيدٞ ١٠٥ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ شَقُواْ فَفِي ٱلنَّارِ لَهُمۡ فِيهَا زَفِيرٞ وَشَهِيقٌ ١٠٦ خَٰلِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلۡأَرۡضُ إِلَّا مَا شَآءَ رَبُّكَۚ إِنَّ رَبَّكَ فَعَّالٞ لِّمَا يُرِيدُ ١٠٧ ۞وَأَمَّا ٱلَّذِينَ سُعِدُواْ فَفِي ٱلۡجَنَّةِ خَٰلِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلۡأَرۡضُ إِلَّا مَا شَآءَ رَبُّكَۖ عَطَآءً غَيۡرَ مَجۡذُوذٖﭼ سُورَةُ هُودٍ ١٠٨

    «Ҳар оина дар ин сухан нишонаест, касеро, ки аз азоби охират тарсидааст. Он рўз рўзест, ки дар он мардумон ҷамъ карда мешаванд ва он рўз рўзест, ки ҳама дар вай ҳозир шаванд.

    Ва мавқуф намедорем онро, магар то муддати муайяне.

    Рўзе, ки биёяд, ҳеҷ кас сухан нагўяд, магар ба дастури Ҳақ. Пас баъзе аз эшон бадбахт бошанд ва баъзе некбахт. Аммо онон, ки бадбахт шуданд, пас дар оташ бошанд. Эшонро онҷо фарёди сахт ва нолаи зор бошад.

    Ҷовидон бошанд дар он муддати бақои осмонҳо ва замин, магар он чиро, ки Парвардигори ту хостааст, ҳар оина Парвардигори ту мекунад он чи мехоҳад. Ва аммо онон, ки некбахт шудаанд, пас дар биҳишт бошанд, ҷовидон дар онҷо то муддати бақои осмонҳову замин, магар он чиро, ки Парвардигори ту хостааст, бахшише ғайри мунқатеъ» Сураи Ҳуд, оятҳои 103-108.

    Эй мардум, аз Худо битарсед ва Ўро барои неъмати беҳамтои Ислом шукру сипос гўед, зеро шуморо ба Ислом ҳидоят намуда, беҳтарин уммат гардонд, ки ба хотири ҳидояту раҳнамоии мардумон барангехта шудааст.

    Фармудаҳои Ўро ба ҷой биёред ва аз манҳиёт ва

    мухолифати Ислом бипарҳезед ва ба оини Ислом чанг бизанед, растагор мешавед ва ғайри он дигар динро напазиред, ки бешак, ҳалок мегардед. Чунончи Ў таъоло фармуда:

    ﭽوَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَﭼ سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ٨٥

    «Ва ҳар кас, ки ғайри Ислом дини дигарро талаб кунад, пас ҳаргиз аз ў қабул карда нахоҳад шуд ва ў дар охират аз зиёнкорон аст» Сураи Оли Имрон, ояти 85.

    Ба миллатҳои гуногуни атрофатон ва ҳаёти пур аз ҷаҳолату гумроҳи, ҳамчунин ба мазҳабҳову динҳои ботил ва гумроҳ ва гурўҳҳои ба ҳам уфтода бингаред ва рост гуфта Ҳақтаъоло он ҷо, ки мефармояд:

    ﭽفَإِنۡ ءَامَنُواْ بِمِثۡلِ مَآ ءَامَنتُم بِهِۦ فَقَدِ ٱهۡتَدَواْۖ وَّإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّمَا هُمۡ فِي شِقَاقٖۖ فَسَيَكۡفِيكَهُمُ ٱللَّهُۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُﭼ سُورَةُ البَقَرَةِ ١٣٧

    «Пас агар аҳли китоб ба он чи шумо ба он имон доред, имон оваранд, пас роҳ ёфтаанд ва агар баргаштанд, пас ҷуз ин нест, ки эшон дар мухолифатанд.

    Пас зуд бошад, ки Туро Худо ба гирифтани интиқом аз эшон кифоят кунад ва Ў шунавои доност» Сураи Бақара, ояти137.

    Ва ин суннату қонуни Худост дар махлуқоташ, ки ҳар касе ҳақро тарк намояд, ба ботил гирифтор мегардад, чунончи Ўтаъоло фармуда:

    ﭽفَمَاذَا بَعۡدَ ٱلۡحَقِّ إِلَّا ٱلضَّلَٰلُﭼ سُورَةُ يُونُسَ ٣٢

    «Пас чист баъди ҳақ, магар гумроҳи?» Сураи Юнус, ояти 32.

    Воқеияти ин амрро намедонад, магар шахсе, ки дар неъмати Ислом зиндаги карда бошад, зеро ҳусни ҳар чизро нақиз ва зиддаш кашф менамояд, чи тавре, ки ба қадри тандурусти намерасад, магар ҳамон шахсе, ки бемор шудааст ва ба қадри рўшнои намерасад, магар шахсе, ки дар чоҳи зулмат ва торики афтидааст.

    Инчунин, эй бандагони Худо, бидонед, ки дини Ислом танҳо ба мансубият ва номгузори бидуни побанди ба аҳком ва фармудаҳои он нест.

    Дар ҳақиқат, Ислом аркон, шариат ва суннатҳое дорад, ки ҳам ибодати Офаридгор ва ҳам эҳсону накўи нисбати махлуқоти Ўро дар бар мегирад.

    Мусалмони воқеи касест, ки воҷиботро анҷом дода, аз ҳаромҳо бипарҳезад. Намозро барпо дошта, закоти молашро бидиҳад, ҳамчунин моҳи Рамазонро рўза гираду ҳаҷҷи хонаи Худоро анҷом диҳад ва низ вазифаи амри маъруф ва наҳйи мункарро ба ҷо орад.

    Мусалмони воқеи касест, ки мусалмонони дигар дар хунҳо, молҳову обрўяшон аз дасту забонаш эмин бошанд. Бинобар ин, аз куштани нафсе, ки Худованд қатлашро ҳаром кардааст, бипарҳезед ва аз ҳар навъ озордиҳии мусалмонон дури ҷўед. Ў таъоло фармуда:

    ﭽوَٱلَّذِينَ يُؤۡذُونَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ بِغَيۡرِ مَا ٱكۡتَسَبُواْ فَقَدِ ٱحۡتَمَلُواْ بُهۡتَٰنٗا وَإِثۡمٗا مُّبِينٗاﭼ سُورَةُ الأَحزَابِ ٥٨

    «Ва онон, ки мардони мусалмон ва занони мусалмонро ба ғайри гуноҳе, ки ба амал оварда бошанд, меранҷонанд, пас ҳар оина бори бўҳтон ва гуноҳи зоҳирро бардоштанд» Сураи Аҳзоб, ояти 58.

    Эй мусалмонон, чашмонатонро аз дидани ҳаром бипўшед, зеро нигоҳи ҳаром тире аз тирҳои Иблис мебошад, ки боиси пайдошавии шаҳват дар дил ва афтидан дар гуноҳ мегардад. Тавозўъу фурўтаниро пеша кунед, зеро Худованд мутакаббиронро дўст намедорад.

    Занону духтарони худро ба сатру ҳиҷоб побанд созед ва аз ихтилот ва омезиш ва хилват кардан бо мардони номаҳрам манъ намоед. Расули акрам (с) фармуда: «Ҳар ки ба Худо ва рўзи охират имон дошта бошад, ҳеҷ гоҳ бо зане ҳамроҳаш маҳрамаш нест, хилват намекунад (танҳо наменишинад), зеро савумин шарики он ду шайтон мегардад» (Ривояти Аҳмад).

    Аллоҳ таъоло боз мефармояд:

    ﭽأَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُخۡسِرِينَ ١٨١ وَزِنُواْ بِٱلۡقِسۡطَاسِ ٱلۡمُسۡتَقِيمِ ١٨٢ وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَﭼ سُورَةُ الشُّعَرَاءِ ١٨٣

    «Паймонаро тамом паймоед ва аз зиёндиҳандагон мабошед. Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед ва ба мардумон чизҳои эшонро ноқис надиҳед ва дар замин дар табоҳи макўшед» Сураи Шуъаро, оятҳои 181-183.

    Ва низ аз фиребу хиёнат дар хариду фурўш ва тамоми муомилаҳои худ ҳазар намоед, зеро хиёнату фиреб зулм аст ва зулм торикиҳои рўзи қиёмат мебошад ва ҳар ки мусалмононро бифиребад, аз мусалмонон ҳисобида намешавад.

    Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар касе моро хиёнат кунад, пас ў аз мо нест» (Ривояти Муслим).

    Аз фисқу фуҷур дар ҷанҷолҳову даъвоҳое, ки миёни шумо рух медиҳад ва низ аз савганду гувоҳии бардурўғ ҳазар намоед. Ҳақ таъоло мефармояд:

    ﭽإِنَّ ٱلَّذِينَ يَشۡتَرُونَ بِعَهۡدِ ٱللَّهِ وَأَيۡمَٰنِهِمۡ ثَمَنٗا قَلِيلًا أُوْلَٰٓئِكَ لَا خَلَٰقَ لَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ وَلَا يُكَلِّمُهُمُ ٱللَّهُ وَلَا يَنظُرُ إِلَيۡهِمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَلَا يُزَكِّيهِمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞﭼ سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ٧٧

    «Ҳар оина касоне, ки ба ивази паймоне, ки бо Худо бастанд ва ба ивази савгандони хеш баҳои андакро меситонанд, барои ин гурўҳ ҳеҷ баҳрае дар охират нест ва Худо сухан нагўяд бо эшон ва нигоҳ накунад ба сўи эшон рўзи қиёмат ва эшонро пок насозад ва эшонро азоби дарднок аст» Сураи Оли Имрон, ояти 77.

    Аз гирифтани ришва ва хўрдани рибо ва моли ятим парҳез намоед, зеро ин амалҳо гуноҳи кабира ва палидтарин роҳҳои касби мол ба шумор мераванд, ки боиси ғазаби Худо ва оташи дўзах мегарданд. Ҳамчунин, судхўри ва хўрдани моли ятим ҳаром буда, ахлоқи ҳамидаи инсониро маҳв менамояду ҷомеаҳоро аз байн мебарад.

    Эй бандагони Худо, аз Офаридгор битарсед ва бидонед, ки беҳтарин сухан Китоби Худо ва беҳтарин роҳ, роҳи Муҳаммад (с) аст ва бадтарин корҳо чизҳои навпайдо мебошад. Ҳамеша бо ҷамоати мусалмонон бошед ва ҳар ки аз ҷамоати мусалмонон ҷудо гардад, ба дўзах гирифтор ояд.