АҲКОМИ РЎЗА ВА РУХСАТҲОИ ОН
Дастабандиҳо
Full Description
АҲКОМИ РЎЗА ВА РУХСАТҲОИ ОН
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Абдуллоҳ ибни Ҷоруллоҳ ал-Ҷоруллоҳ
2012 - 1433
﴿أحكام و رخص صوم رمضان﴾
«باللغة الطاجيكية»
عبدالله بن جار الله الجار الله
2012 - 1433
АҲКОМИ РЎЗА ВА РУХСАТҲОИ ОН
Эй мардум!
Шумо аз Худованди муттаъол ҳамонгуна, ки лоиқи ҷалоли Ӯст, битарсед, ва ба ресмони қавии Ислом чанг занед, тавбаи худро аз нав намоед ва амалу ниятҳои худро холис намоед ва барои охирати худ аз амалҳои солеҳ тушаҳо бигиред ва дониста бошед, ки беҳтарин туша, тақвост.
Шумо аз ғазаби Худованд ҳазар кунед, ки қадамҳои шумо дар болои оташест, ки тавони онро надоред.
Эй бандагони Худо!
Худованди субҳон мефармояд:
ﭽيَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ أَيَّامٗا مَّعۡدُودَٰتٖۚ فَمَن كَانَ مِنكُم مَّرِيضًا أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٖ فَعِدَّةٞ مِّنۡ أَيَّامٍ أُخَرَۚ وَعَلَى ٱلَّذِينَ يُطِيقُونَهُۥ فِدۡيَةٞ طَعَامُ مِسۡكِينٖۖ فَمَن تَطَوَّعَ خَيۡرٗا فَهُوَ خَيۡرٞ لَّهُۥۚ وَأَن تَصُومُواْ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَﭼ سُورَةُ البَقَرَة 183-184
«Эй касоне, ки имон овардаед барои шумо рўза фарз шудааст ҳамчуноне, ки барои касоне, ки пеш аз шумо буданд фарз гардонида шуда буд, шояд ки шумо тақводор шавед. Чанд рўзи ба шуморе. Пас агар яке аз шумоён бемор бошед ё дар сафар, пас чанд рўзи дигареро рўза гиред ва ононе, ки тавони рўза гирифтанро надоранд таоми як мискинро фидя диҳанд. Пас агар касе бештар диҳад барояш хубтар аст. Рўза гирифтан барои шумо беҳтар аст агар медониста бошед» Бақара 183-184.
Рўза рукни чаҳоруми аз аркони Ислом аст, ва яке аз сутунҳои асосии он аст, ки Ислом бидуни он дуруст намешавад.
Худованди муттаъол рўзаро барои ҳар фарди мусалмони болиғу оқилу сиҳат, ва муқим фарз гардонидааст.
Аз ҳаминҷо шартҳои асосии рўзаро метавон ҷудо намуд:
Шарти аввали воҷибии рўза он аст, ки инсон мусалмон, болиғ ва оқил бошад.
Пас маълум гардид, ки тифл, девона ва онки тамоми рўз беҳуш буд барояш рўза фарз нест зеро онҳо ақлу тамйизро(фарқ намудан байни корҳо) гум кардаанд.
Паёмбар (с), ки фармуданд: «Қалам аз болои се кас бардошта мешавад, хоб то бедор шуданаш, девона то ҳушёр шуданаш ва тифл то ба балоғат расиданаш» (Аҳамад, Абудовуд ва Насои).
Касе ки тамоми рўз беҳуш буд бояд қазои он рўзашро баҷо оварад. Бояд соҳибони тифл ўро ба рўза гирифтан амр намоянд агар эҳсос намоянд, ки ў қудрати онро дорад, то бо ин тариқа ўро одат кунонанд ва дар бораи рўза ва аҳкоми он маълумот гиранд.
Вале чун ба синни булуғ расид амр ба тариқи таъкид намоянд.
Рабиъ духтари Муъаввиз ривоят мекунад, ки "Мо фарзандҳои худро ба рўза гирифтан амр мекардем ва дар дасташон бозичаи пашмин медодем.Чун якеи онҳо барои таъом гиря мекард дар ин ҳолат ба ў таъом медодем ин коро то ифтор давом медодем" (Бухори)
Шарти дуюм: Қодир будан ба рўза гирифтан аст ва оҷиз набудан. Оҷиз будан аз рўза чанд сурат дорад.
Аввалаш калонсол будан аст.
Пири калонсол, ки дигар на қувват дорад ва на ҳуш ва тавони рўза гирифтанро надошта бошад барояш дигар на рўза гирифтан фарз аст ва на қазои он балки ӯ озод аст. Зеро Худованд ҳар касро ба андозаи тавонаш масъулият медиҳад.
Сурати дигари оҷиз будан ҳомила будани зан аст ё ширдодани у тифлашро.
Зани ҳомила ва ширдеҳ агар эҳсоси хатари ҷони худ ё ҷони тифлашро намояд рўзаро мехурад вале баъдтар қазои онро медорад ва фидяи рўзаро намедиҳад. Худованди субҳон мефармояд: «Пас агар яке аз шумоён бемор бошед ё дар сафар пас чанд рўзи дигареро рўза гиред» Бақара184.
Дар аҳодис омадааст, ки Анас ибни Молик (р) ба назди Паёмбар (с) омад ва ўро дид, ки чизе мехурад. Пас гуфт: «Наздик бишин ва бихўр" Гуфт: ман рўзадорам. Пас Паёмбар (с) фармуданд: "Биншин то туро дар бораи намозу рўза чизе фаҳмонам. Худованди таъоло аз болои мусофир нисфи намоз ва рўзаро бардошта аст. Ва аз занони ширдеҳ ва ҳомила рўзаро» (Абудовуд, Тирмизи ва Насои).
Сурати сеюми оҷизи беморист: Бемор ду намуд мешавад яке беморе, ки умеди шифояш ҳаст монанди зуком, таб, ва дигар бемориҳо, чунин беморон рўзаро мехуранд ва вақте сиҳат шуданд қазои рўзҳои хурдаашро медорад, ва агар пеш аз шифо шуданаш аз дунё гузашт бар ў чизе воҷиб нест.
Аммо агар чанд муддат сиҳат шуд ва қазои рўзаашро нагирифт ва баъд аз дунё гузашт ворисонаш бояд фидяи рўзаи қазояшро бидиҳанд.
Барои чунин намуд инсонҳо Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳар ки аз бемори бимирад ва бар гарданаш рўзаи қазои бошад ворисонаш ба ҷои ў рўза мегиранд» (Муттафақун алайҳи).
Дуюм намуд беморон маризиҳое мебошанд, ки умеди шифояшон намондааст: монанди касоне, ки грифтори касалиҳои раг ва ё аз кор мондани гурда шудаанд. Чунин намуд беморон рўзаро мехуранд ва фидяи онро ҳар рўз як мискинро таъом медиҳанд.
Таъомеро, ки ҷоиз аст барои мискинон додан ним соъ гандум ё монанди он аст аз хўрокҳои кишвар, ки онро ба мискинон медиҳад. Агар ў хўрок омода намуда мискинҳоро ба хонааш даъват кунад ба адади рўзҳои қазоияш ҷоиз аст ва иншоаллоҳ ҳеҷ боке надорад.
Эй бандагони Худо!
Агар бемор тамоми машаққатҳоро таҳаммул намуда рўза бигирад рўзааш ҷоиз аст, магар инки ў аз рухсати илоҳи, ки онро дўст медорад руй гардонидааст.
Худованд аҳёнан барои осонии кори бандагонаш ба онҳо баъзе осониҳо меорад ва дўст медорад, ки рухсатҳои ўро қабул намоянд. Аз сабаби дигар рўза гирифтанаш метавонад ба саломатияш зарар расонад, Худованд мефармояд:
ﭽوَلَا تَقۡتُلُوٓاْ أَنفُسَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِكُمۡ رَحِيمٗﭼ سُورَةُ النِّسَاءِ ٢٩
«Ва шумо худро ҳалок масозед. Ҳамоно ки Худованд ба шумо меҳрубон аст» Нисо 29.
Боз Худованд мефармояд:
ﭽوَمَا جَعَلَ عَلَيۡكُمۡ فِي ٱلدِّينِ مِنۡ حَرَجٖۚ مِّلَّةَ أَبِيكُمۡ إِبۡرَٰهِيمَۚ هُوَ سَمَّىٰكُمُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ مِن قَبۡلُﭼ سُورَةُ الحَجِّ ٧٨
«Ва бароятон дар дин ҳеҷ тангное падид наёвард. Дини падаратон Иброҳим аст. ӯ пеш аз ин (дар китобҳои пешин) ва дар ин (вопасин китоби осмонӣ, Қуръон) шуморо мусалмонон номид. » Ҳаҷ 78.
Шарти севуми фарз шудани рўза муқим будан аст: Мусофир метавонад намозҳоро қаср хонад ва рўзаро бихўрад ва мусофир ба раъйи ҷумҳур касеро мегуянд, ки бештар аз 80 километр сафар намудааст агар чи ин масофаро бо ҳавопаймо ва ё мошинҳои замонави тай намуда бошад ва ин аз раҳмату меҳрубонии Худованди мутаъол аст. Зеро сафар ҳамчуноне, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Порае аз азоб аст» (Муттафақуналайҳ).
Дар сафар кардан мушкилоти зиёдест, агарчи роҳ ва васоили сафар осон бошад.
Агар мусофир рўза гирад рўзааш ҷоиз аст ва иншоаллоҳ ҳеҷ боке надорад.
Ҳамзаи Аслами (р) гуфт: Эй Расули Худо! Ман дар вақти сафарам пурқувватам оё метавонам рўза бигирам? Паёмбар (с) фармуданд:
«Хурдани рўза барои мусофир иҷозат аст аз ҷониби Худованд. Ҳар ки ин иҷозатро қабул кунад хуб аст ва агар касе бихоҳад рўза бигирад ҳеҷ боке надорад» (Муслим).
Шарти чаҳоруми фарз будани рўза он аст, ки аз тамоми мониъаҳои шаръи пок бошад, ки он дар занон пок будан аз ҳайз ва нифос аст:
Агар зан дар ҳолати ҳайз ё нифос бошад барояш рўза гирифтан ҷоиз нест балки ҳаром аст ва ў бояд қазои онро баъдтар ба ҷо оварад. Хуни ҳайзу нифос рўзаро ботил мекунад. Агар зан дар аснои рўзадорияш хунро дид рўзааш ботил мешавад агарчи то ғуруб чанд дақиқае монда бошад ва барояш воҷиб аст то қазои ин рўзашро ба ҷо оварад.
Ҳамчунин агар зан то тулуъи фаҷр пок нашуд, барояш ҷоиз нест, ки он рўзро рўза гирад.
Агар пеш аз тулуи фаҷр пок шавад рўзаи он рўзааш дуруст мешавад. Ҳазрати Оиша мегўяд: Дар замони Паёмбар (с) моро ҳайз мерасид ва мо маъмур мешудем то рўзаро қазо дорем аммо барои қазои намоз маъмур набудем. (Муслим).
Эй бандагони Худо!
Рўзаи ҳақиқи даст кашидан аст аз таъому шароб аз тулуъи фаҷр то ғуруби офтоб ба нияти ибодати Худованд.
Ҳар ки дар рўзҳои Рамазон бихўрад ё бинушад ва ё бо ҳамсараш ҷимоъ кунад бе инки касе ўро маҷбур карда бошад ва ё фаромуш карда бошад рўзааш фосид мешавад ва барояш воҷиб аст, ки боқимондаи он рўзро рўза бигирад ва қазои он рўзро адо намояд ва бар гарданаш кафорат низ мешавад.
Худованди субҳон мефармояд:
ﭽأُحِلَّ لَكُمۡ لَيۡلَةَ ٱلصِّيَامِ ٱلرَّفَثُ إِلَىٰ نِسَآئِكُمۡۚ هُنَّ لِبَاسٞ لَّكُمۡ وَأَنتُمۡ لِبَاسٞ لَّهُنَّۗ عَلِمَ ٱللَّهُ أَنَّكُمۡ كُنتُمۡ تَخۡتَانُونَ أَنفُسَكُمۡ فَتَابَ عَلَيۡكُمۡ وَعَفَا عَنكُمۡۖ فَٱلۡـَٰٔنَ بَٰشِرُوهُنَّ وَٱبۡتَغُواْ مَا كَتَبَ ٱللَّهُ لَكُمۡۚ وَكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ ٱلۡخَيۡطُ ٱلۡأَبۡيَضُ مِنَ ٱلۡخَيۡطِ ٱلۡأَسۡوَدِ مِنَ ٱلۡفَجۡرِۖ ثُمَّ أَتِمُّواْ ٱلصِّيَامَ إِلَى ٱلَّيۡلِۚ وَلَا تُبَٰشِرُوهُنَّ وَأَنتُمۡ عَٰكِفُونَ فِي ٱلۡمَسَٰجِدِۗ تِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِ فَلَا تَقۡرَبُوهَاۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ ءَايَٰتِهِۦ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَﭼ سُورَةُ البَقَرَةِ ١٨٧
«Ҳамбистарӣ бо занонатон дар шаби моҳи рӯза бар шумо ҳалол шуд. Онҳо пӯшиши шумоянд ва шумо пӯшиши онҳоед. Худо медонист, ки шумо бо хештан хиёнат (яъне, дар тарк кардани ҳамхобагӣ бо занонатон дар шабҳои рамазон) меварзед, пас тавбаи шуморо пазируфт ва шуморо афв кард. Акнун бо онҳо ҳамбистар шавед ва он чиро, ки Худо бар шумо муқаррар гардонидааст, талаб кунед ва бихӯреду биёшомед то риштаи равшани субҳдам дар торикии шаб ошкор шавад. Ва рӯзаро ба шаб бирасонед. Ва чун дар масҷид эътикоф кунед, бо занон ҳамбистар машавед. Инҳо ҳудуди фармони Худост, ба он наздик машавед. Худо оёти худро инчунин баён мекунад, то ки ба парҳезгорӣ бирасанд!» Бақара 187.
Мурод аз риштаи сафеду сиёҳ дар ин оят сафедии фаҷру сиёҳии шаб аст.
Ҳар ки дар рўзҳои рамазон бо ҳамсари худ қасдан, бе фаромуши ва бе маҷбури ва дар ғайри сафар ҷимоъ намуда бошад бояд кафорат диҳад ва қазои он рўзро адо намояд ва ба даргоҳи Худованд тавба намояд зеро ба рамазон беҳурмати намудааст.
Кафорати рамазон дар ҳадиси Абуҳурайра(рз) бо тартиб омадааст.
Ў ривоят мекунад, ки марде ба назди Паёмбар (с) омад ва гуфт Эй Расули Худо ман ҳалок шудам. Гуфт: "Чи туро ҳалок кард?". Гўфт: дар рамазон бо зани худ ҷимоъ намудам. Гуфт: "Оё метавони ғуломеро озод намои?" Гуфт: Не. Фармуданд: "Оё метавони ду моҳро паёпай рўза гири?" Гуфт: Не. Гуфт: "Оё метавони шаст мискинро таъом диҳи?" гуфт: Не. "Пас Паёмбар (с) як сабад хурморо овард ва гуфт: инҳоро бурда садақа кун". Он мард гуфт: Эй Расули Худо оё дар байни ин ду кўҳ –Яъне Мадина- касе аз мо дида камбағалтар ҳаст? "Паёмбар (с) табасуме карданд, ки дандонҳояшон намоён шуданд ва фармуданд: Бирав ва инҳоро ба хонаводаат бидеҳ" (Ривояти ҷамоат).
Кафорат ҳам барои мард лозим мешавад, ҳам барои зан, агар зан ин корро бо иродаи худ карда бошад.
Аммо агар ин корро маҷбуран карда бошад барои ў кафорат воҷиб намешавад ва танҳо бояд як рўзро қазо дорад.
Аз ҷумлаи муфсидоти рўза дидаву дониста қайъ кардан аст.
Қайъ, яъне берун баровардани ончи дар меъдааст. Қайъ рўзаро вайрон мекунад агар қасдан бошад ба ин тариқа ки ангушташро ба даҳон андозад ва ё коре кунад, ки меъдаааш дар ҳаяҷон афтад. Дар чунин ҳолат барояш як рўз қазо лозим меояд. Аммо агар қайъ худ аз худ ояд ва бе иродаи он, дар чунин ҳолат рўзааш дуруст аст ва барояш қазо лозим намешавад.
Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳар киро қайъ ғалаба кунад барояш қазо лозим нест ва ҳар ки худ кўшиш намуда қайъ кунад барояш қазо лозим аст» (Абудовуд, Тирмизи, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад).
Аз ҷумлаи муфсидоти рўза баровардани хун ба воситаи ҳиҷома аст.
Паёмбар (с) фармуданд: «Рўзаи ҳиҷома кун ва ҳиҷома карда шуда мешиканад» (Абудовуд, Тирмизи, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад).
Мурод аз баромадани хун он аст, ки қасдан сурат гирад ба монанди ҳиҷома ва ё доннори, ки ба рўзадор зарар расонида баданашро заиф мекунад.
Аммо агар хун худ берун шавад ба монанди хуни бини, дандонкани, муолиҷаи ҷароҳат, гирифтани хун аз раг барои таҳлил ба рўза зарар надорад ва рўзаро намешиканад. Беҳтар аст, ки барои дурусттар будани рўзааш аз инҳо ҳам парҳез кунад.
Эй бандагони Худо!
Инҳо шиканандаҳои машҳури рўза мебошад ва ҳарчи ба маънои инҳо бошад дар ин боб дохил аст. Агар инсон сузандоруеро истеъмол намояд, ки ба ў ғизо мебахшад ва дигар эҳтиёҷ ба хурдану нушидан намекунад, рўзаашро мешиканад зеро он ҳам маънои хурдану нушиданро дорад.
Агар инсон маниро бо роҳи дигар барорад бе инки бо ҳамсараш ҷимоъ кунад, ба монанди бӯсидани зан, даст расонидан ба он, резонидани маниро бо дасташ, ба чизҳои ҳаром ба монанди суратҳо ва филмҳо назар кардан, дар чунин ҳолат барояш тавба лозим аст ва бояд қазои он рўзро дорад, вале бар гарданаш кафорат воҷиб намешавад.
Аммо баромадани мани бо хоб дидан ва ё фикр кардан на рўзаро мешиканад ва на барояш қазо воҷиб аст.
Эй бандагони Худо!
Шумо аз Худованд битарсед ва рўзаи худро аз ҳама шиканандаҳо нигоҳ доред ва дониста бошед, ки боз чанд варонкунандаи маънавие низ вуҷуд дорад, ки рўзаро вайрон мекунад ва ба он зарар мерасонад ва аз савоб маҳрум мекунад.
Он ҳамагуна амалу гуфтор ва кирдори ҳаром аст, ба моанди ғайбат, суханчини, дашном, суратҳои фоҳиша, филмҳои расво, гуш кардани суруду таронаҳои бад, ки ин ҳама ҳаром аст ва дар рўза таъсири худро мерасонад ва гуноҳро эҷод мекунад.
Мурод аз рўза танҳо тарки таъому шароб нест, балки рўза болотар аз ин аст.
Эй мусалмон!
Аз Худованд битарс ва рўзҳои рамазонро ба монанди дигар рўзҳо машумор ва кўшиш кун то бо ту забону дил ва чашмонат ҳам рўза бигиранд.
Эй мардум!
Шумо рўзаи худро аз беҳудаги, гуноҳ, дашном ва фисқ нигоҳ доред. Шумо ба Худои хеш бо амалҳои накў наздик шавед ва шабҳову рўзҳои ин моҳи муборакро ғанимат шуморед то ба ҷаннати фирдавс комёб шуда аз оташи дўзах раҳои ёбед, агар хости Худованд бошад.
Эй бандагони Худо!
Дониста бошед, ки Худованд бар мусалмонони рўзадор миннат гузоштааст, ки барояшон ҳамаи осониро дода мушаққату кулфатро аз болояшон бардоштааст.
Ислом дини осони ва нармист. Барои ҳамин Худованди муттаъол барои бандагони рўзадораш дар баъзе корҳо рухсат додааст, корҳое, ки онҳо маҷбуран мекунанд ва ё бо фаромуши ва ин корҳо ба рўзаи онҳо ҳеҷ халал намерасонад.
Аз ҷумлаи чунин рухсатҳо ин аст, ки агар инсон ба фаромуши чизеро бихўрад, рўзаи ў ҳамчунон дуруст боқи мемонад ва барояш ҳеҷ қазо воҷиб намешавад.
Як чизро бояд қайд намуд, ки агар ба хаёлаш расид, ки ў рўзадор аст ва чизе дар даҳон дошта бошад бояд фавран онро аз даҳон берун кунад. Ҳамчунин барои дигар мусалмонон зарур аст, ки агар ўро дар чунин ҳолат диданд ба ёдаш андозанд.
Ҳазрати Абуҳурайра(р.з) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳар ки дар рамазон фаромуш кунад ва чизе бихўрад ё бинўшад пас бояд рўзаашро идома диҳад. Ин Худованд аст, ки ўро таому шароб додааст» (Муттафақ).
Ҳар ки аз хоб хезад, ки ў дар ҳолати ҷунуб аст ё аз ҷимоъи шаб ва ё аз иҳтилом ва ё пок шудани аз ҳайзу нифос пас ў метавонад рўзаашро идома диҳад ва баъди он ғусл намояд ҳамчуноне, ки чунин ривоят аз Паёмбар (с) омадааст.
Барои рўзадор иҷозат аст то мазмаза намуда биниро афшонад вале бояд ин корро зиёдтар накунад токи мабодо ба ҳалқаш об наравад. Паёмбар (с) барои Қайт ибни Сабра фармуданд: "Дар мазмаза ва истиншоқ бисёр муболаға кун магар дар сурате, ки рўзадор боши" (Абудовуд, Аҳмад ва Тирмизи).
Ибни Қудома мегуяд: Агар инсон дар аснои таҳорати худ мазмаза ва истиншоқ кунад ва бидуни қасд ва бе исроф об ба гулуяш равад ҳеҷ боке надорад. Ў инро аз ибни Аббос ривоят мекунад.
Эй бандагони Худо!
Барои рўзадор ҷоиз аст истифода аз сурма, қатра чаконидан дар чашм ё гуш баробар аст, ки мазаашро дар ҳалқаш ҳис кунад ё не зеро чашму гуш роҳе ба сўи меъда ба шумор намераванд. Ҳазрати Анас, ки ходими Паёмбар (с) буд ҳангоми рўза сурма мекашид.
Ҷоиз аст барои рўзадор истеъмоли баъзе давоҳо махсус, ки аз роҳи ибни тавассути нафаскаши истеъмол мешаванд вақте зарур бошад ва табиби муъолиҷ аз нигоҳи дину амонат шахси маъруф бошад ва ба ҳамин муҳақиқон фатво додаанд.
Ҷоиз аст барои рўзадор буса кардани ҳамсараш, дар оғўш гирифтан, ва даст расонидан ба ӯ, агар қудрати худро доштан, дошта бошад. Ҳадиси саҳеҳе аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шудааст, ки мегуфт: "Паёмбар (с) дар ҳолати рўзадорияш буса мекард ва ба оғўш мегирифт, вале худро дошта метавонист" (Абудовуд).
Ҳазрати Умар ибни Хатоб (р.з) мегўяд боре ҳамсари худро бусидам дар ҳоле, ки рўзадор будам. Пас ба назди Паёмбар (с) омадам ва ба ў гуфтам: Ман имрўз кори бузурге кардам дар ҳоле, ки ман рўзадор будам. Ман имрўз ҳамсари худро бусидам. Паёмбар (с) фармуданд: "Агар дар вақти рўза ман бо об мазмаза кунам чи мешавад?". Гуфтам ҳеҷ боке надорад. фармуданд: "Пас чи?" яъне пас чаро мепурси? Ў гуфтани буд, ки кораш ҷоиз аст. (Аҳмад, Абудовуд ва Байҳақи).
Барои рўзадор ҷоиз аст, ки барои дур кардани ташнаги ё гармо оббози кунад ё монанди он агарчи ин корро чанд лаҳза пеш аз ғуруб кунад. Ҳазрати Абдураҳмон ибни Абубакр аз баъзе саҳобагон ривоят мекунад, ки мегўянд: "Мо Паёмбар (с)-ро дидем, ки аз ташнаги ё гарми обро бар сараш мерехт"(Аҳмад ва Молик).
Ҷоиз аст барои рўзадор он чизе, ки аз он эҳтиёт карда намешавад ба монанди фуру бурдани оби даҳон ва гарди роҳ ва монанди инҳо.
Ибни Аббос ривоят мекунад, ки "Ҳеҷ боке надорад агар таъомро бичашад ва ё сиркоро ва ё ҳарчизеро, ки харидани бошад".
Занон метавонанд таъомро бичашанд ба шарти онки онро ба шикам дохил накунанд, балки танҳо бо забон чашанд.
Эй бандагони Худо!
Истифода аз мисвок дар ҳар вақт суннат ва ҷоиз аст.
Паёмбар (с) фармуданд: "Агар барои уммати ман мушкил намешуд албатта ман онҳоро мефармудам то барои ҳар намоз мисвок кунанд" (Муттафақ).
Аммо ҳадисеро, ки аз ҳазрати Али ривоят шудааст, ки "агар рўза гирифти пас дар фаҷр мисвок кун ва бегоҳ мисвок макун" (Байҳақи ва Дорақутни).
Ин ҳадис хеле заиф аст ва он ҳуҷҷат шуда наметавонад. Балки он чи аз суннати Паёмбар (с) собит шудааст он аст, ки дар ҳама ҳолат бояд мисвок намуд ва дар инҷо фарқе миёни рўза доштан ва надоштан нест.