×
Рӯза гирифтани моҳи мубораки рамазон яке аз аркони ислом аст, ки Худованд барои бандагонаш фарз гардонидааст ва ҳар ки фарз будани онро инкор кунад кофир мешавад, зеро ӯ Худо ва Расул ва оммаи мусалмононро такзиб намудааст.

    РЎЗА ГИРИФТАН ВА МЎҶИБОТИ ОН

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Абдуллоҳ ибни Ҷоруллоҳ ал-Ҷоруллоҳ

    2012 - 1433

    ﴿ صوم رمضان و موجباته﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    عبدالله بن جار الله الجار الله

    2012 - 1433

    РЎЗА ГИРИФТАН ВА МЎҶИБОТИ ОН

    Рўза гирифтани моҳи мубораки рамазон яке аз аркони ислом аст, ки Худованд барои бандагонаш фарз гардонидааст ва ҳар ки фарз будани онро инкор кунад кофир мешавад, зеро ў Худо ва Расул ва оммаи

    мусалмононро такзиб намудааст.

    Худованд мефармояд:

    ﭽيَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَﭼ سُورَةُ البَقَرَةِ ١٨٣

    «Эй касоне, ки имон овардаед барои шумо рўза фарз

    шудааст ҳамчуноне, ки барои касоне, ки пеш аз шумо буданд фарз гардонида шуда буд, шояд ки шумо тақводор шавед» (Бақара 183).

    Боз Худованд мефармояд:

    ﭽشَهۡرُ رَمَضَانَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ فِيهِ ٱلۡقُرۡءَانُ هُدٗى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَٰتٖ مِّنَ ٱلۡهُدَىٰ وَٱلۡفُرۡقَانِۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ ٱلشَّهۡرَ فَلۡيَصُمۡهُۖ وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٖ فَعِدَّةٞ مِّنۡ أَيَّامٍ أُخَرَۗ يُرِيدُ ٱللَّهُ بِكُمُ ٱلۡيُسۡرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ ٱلۡعُسۡرَ وَلِتُكۡمِلُواْ ٱلۡعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُواْ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَىٰكُمۡ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَﭼ سُورَةُ البَقَرَةِ ١٨٥

    «Моҳи рамазоне ки дар он Қуръон нозил шудааст барои ҳидояти мардум ва нишондодҳое аз ҳидоят ва фурқон. Пас агар кадоме аз шумоён ин моҳро дарёфт бояд онро рўза бигирад» (Бақара185).

    Рўза гирфитан барои ҳар мусалмони болиғи оқили тавонои муқим воҷиб аст чи мард бошад ва чи зани ғайри ҳоиза ва нифосдида.

    Агар инсон дар моҳи Рамазон исломро қабул кунад барояш лозим нест, ки қазои рўзҳои гузаштаи рамазонро ба ҷо оварад.

    Агар инсон дар моҳи рамазон рўзона исломро қабул намояд барояш шарт аст, ки он рўзро рўза бигирад ва қазои он рўзро намояд.

    Барои кудакони ноболиғ рўза гирифтан лозим нест вале агар барояш мушкил набошад бояд барои рўза гирифтан ўро амр намоем то одат кунанд. Саҳобагони киром фарзандони худро ба рўза гирифтан амр мекарданд ҳато ба дараҷае, ки кудак аз гуруснаги гиря мекард ва барояш бозичае медоданд то машғули он шавад ва гуруснаги аз ёдаш барояд.

    Ба балоғат расидани кудак агар писар бошад бо яке аз корҳои зерин муайян мешавад:

    1- Умраш ба понздаҳ расад.

    2- Муи зери нофаш барояд.

    3- Аз ў мани нозил шавад бо эҳтилом ва монади он.

    Агар духтар бошад илова ба инҳо як аломати дигаре дорад, ки он ҳайз дидани он аст.

    Агар барои кудак яке аз корҳои боло ҳосил шавад пас ў ба балоғат расидааст ва барояш тамоми фароизи илоҳи лозим мегардад ба шарте, ки оқил бошад.

    Рўза барои беақлон ба монанди девонагон ва камақлон воҷиб нест ва барояш на рўза фарз аст на таҳорату на намоз зеро ў ба манзили тифл аст.

    Рўза гирифтан барои касоне, ки оҷизии доими доранд монанди калонсолон ва бемороне, ки умеди шифо надоранд вале онҳо бояд фидяи рўзаро диҳанд ва барои ҳар рўз як мискинеро таом диҳанд ва барои ҳар мискин баробари ду кило гандум диҳад.

    Ў метавонад ё гандум диҳад ва ё қимати онро ва ё чизеро, ки аз эҳтиёҷоти ҳаррўзи мардум аст монанди гушт, равған бирин ва монади ин. Аммо бемороне, ки умеди шифо доранд агар барояш рўза гирфитан душвор набошад ва он ба саломатияш зарар нарасонад бояд рўзаро бигирад. Ва агар рўза ба саломатияш зарар нарасонад вале барояш мушкил бошад метавонад рўзаро бихўрад ва барояш макруҳ аст рўза гирифта.

    Аммо агар рўза ба саломатияш зарар расонад барояш рўза гирифтан ҳаром аст.

    Чунин инсонҳо баъди сиҳат шуда қазои рўзаашро мегирад. Агар ин инсон сиҳат ношуда аз дунё бигзарад барояш чизе нест.

    Занони ҳомиладор, ки барояшон рўза гирифтан мушкил бошад ё барои лоғар буданашон ва ё барои вазнин будани ҳамл метавонанд рўзаро бихўранд ва баъдтар пеш аз таваллуд ё баъд аз таваллуд қазои онро доранд. Занони ширдеҳе, ки агар рўза бигиранд ширашон кам мешавад ва ё қатъ мегардад ва барои ғизо додани тифл халал эҷод мекунад рўзаро мехурад ва баъдтар қазои онро медорад.

    Мусофир агар мақсад аз сафараш хурдани рўза бошад барояш рўзаро хурдан ҳаром аст. Аммо агар мақсад аз сафараш хурдани рўза набошад, ихтиёр дорад, ки рўзаро бигирад ва ё онро бихўрад ва баъди баргаштан ба ватан қазои онро дорад. Хулоса барои мусофир беҳтар он аст, ки осонтарин роҳро ихтиёр намояд.

    Агар барои мусофир рўза гирифтан ва нагирифтан баробар бошад хубтар аст, ки рўза бигирад зеро Паёмбар (с) чунин карда буданд ва аз тарафи дигар зимаи худро тезтар халос мекунад. Агар барояш дар вақти сафар рўзагирфитан мушкили ба бор орад барояш рўза гирифтан макруҳ аст ва агар мушкил зиёдтар бошад рўза гирфтан барояш ҳаром аст. Паёмбар (с) дар соли фатҳи Макка дар моҳи Рамазаон баромада буд ва худ рўза гирифта буд.

    Ба ў гуфтанд, ки мардумро машақат аст, ки рўза бигиранд вале туро нигоҳ карда онҳо низ рўза гирифтанд. Пас баъди намози аср як қадаҳ об талаб намуд то ҳамаи мардум ба ў нигоҳ мекарданд обро нушид ва мардум ба ў менигаристанд. Баъди ин ба ў гуфтанд баъзеҳо рўзаро давом доданд. фармуданд: «Онҳо гунаҳкоронанд, онҳо гунаҳкоронанд» (Муслим).

    Барои мусофир ҳеҷ фарқе надорад, ки сафараш барои муддати кутоҳ бошад ва ё доими ба монанди ронандагони такси ва нақлиёти мусофиркашони, ки ғолибан дар сафар мебошанд чунин инсонҳо ҳаргоҳ ки аз хонаи худ баромаданд мусофир ба шумор мераванд ва барои онҳо тамоми аҳкоми мусофирон ҷори карда мешавад ба моанди хурдани рўза ва қаср хондани намозҳо ва ҷамъ карднаи намози пешину аср ва шому хуфтан.

    Барои чунин мусофирон хурдани рўза беҳтар аст агар дар рўза гирифатн барояшон душвори бошад. Ва баъдтар қазои онро медоранд чун ба ватан баргаштанд.

    Ҳар инсоне, ки дар рўзи рамазон сафар кунад барояш

    беҳтар аст, ки ин рўзашро то ба охир рўза гирад вале агар барояш душвори кунад метавонад онро бихўрад ва баъд қазои онро дорад.

    Сафар муддати муайян надорад балки ҳар ки аз ватанаш берун шуд он мусофир аст то инки ба хонааш баргардад агарчи дар ватани бегона муддати дарозеро бигзаронад. Магар дар сурате, ки қасдан муддати сафарашро дароз кунад ба хотири онки рўзаашро бихўрад дар ин ҳолат барояш хурдани рўза ҳаром мебошад зеро фарзҳои Худованд бо ҳаргуна ҳила аз гардани инсон соқит намешавад.

    Барои занони дар ҳайз ё нифос буда рўза воҷиб нест ва барояшон рўза гирифтан дуруст нест магар инки пеш аз фаҷр пок шаванд.

    Агар онҳо пеш аз субҳи дам пок шаванд барояшон рўза гирифтан ҷоиз аст агар чи ғусл накарда бошанд ва барои занон қазои рўзҳои гузашта воҷиб аст.

    Паёмбар (с) ба зинда кардани шабҳои моҳи рамазон тарғибҳо намудаанд, ки фармуданд: «Ҳар ки шабҳои рамазонро бо имону ихсол ба ибодат машғул шавад тамоми гуноҳони гузаштааш омурзида мешаванд» (Бухори ва Муслим).

    Намози таровиҳ аз ҷумлаи қиёми шабҳо ба шумор меравад пас шумо онро ба ҷо оваред ва бо имом бошед то инки намозро адо намояд. Зеро ҳар касе, ки бо имом намоз гузорад то рафтани имом барояш савоби қиёми шаб навишта мешавад агарчи бақияи шабро хоб равад.

    Барои имомон воҷиба аст ки ҳангоми намози таровиҳ аз Худованд битарсанд ва аҳволи қавмро ба назар гиранд.

    Онҳо бояд намозро оромона ва бо виқор баҷо оваранд ва шитоб накунанд ва бо инкор ҳам худ ва ҳам қавмро аз савоб маҳрум насозанд ва монанди нул задани мурғон накунанд, ки на суҷуди дуруст кунанд ва на қиём ва на рукуъу қуъуд.

    Имомони бояд дар зеҳнашон он набошад, ки ҳарчи зудтар онро тамом кунанд ва ҳарчи бештар ракаъатҳо ба ҷо оваранд бе инки намози оромона бихонанд. Зеро Худованд мефармояд:

    ﭽٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡمَوۡتَ وَٱلۡحَيَوٰةَ لِيَبۡلُوَكُمۡ أَيُّكُمۡ أَحۡسَنُ عَمَلٗاۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡغَفُورُﭼ سُورَةُ الملك 2

    «У шуморо озмоиш мекунад то инки кадоматон амали хубтар мекунед» (Мулк 2).

    Ва Худованд нагуфтааст то кадоматон бештар амал мекунед ва ё амалро бо шитоб анҷом медиҳед.

    Паёмбар (с), ки барои мо намуна буд ва барои анҷоми корҳои хайр кушиши бештар менамуд ракаатҳои намозҳои ғайри фарзияш дар рамазон ва ғайри рамазон аз ёздаҳ ракаат бештар набуд. Дар ҳадиси муслим омадааст, ки Ибни Аббос мегуяд: "Паёмбар бо асҳобаш таровиҳро мехонаднд ва баъд чанд рўзе онро тарк намуданд то инки умматонаш онро фарз нашуморанд то аз карданаш оҷиз шаванд" Дар ривояти саҳиҳ аз Амиралмуъминин Умар Ибни Хатоб омадааст, ки "Ў Уҷай Ибни Каъб ва Тамими дориро амр намуд то таровиҳро бо мрадум ёздаҳ ракат хонанд. Ин аст ададе, ки Паёмбар (с) онро ҳамеша ба ҷо меовард ва халифаи ў Умар низ дар ин кор ўро пайрави менамуд ва ин беҳтарин ададест, ки таровиҳро бояд бихонанд.

    Агар инсон аз ёздаҳ ракаат зиёдтар бихонад вале боқиро татавуъ бишморад на суннат ин кор барояш ҷоиз аст зеро баъзе саҳобагон чунин кардаанд.

    Аммо чизи ноҷоиз он шитобхонисест, ки баъзе имомон онро иҷозат додаанд, ки боиси маҳрум шудан аз савоби амоз мегардад.