Тафсири сураи Кофирун
Дастабандиҳо
- Тафсири Қуръон << Тафсир <<
Манбаъҳо
Full Description
Сураи Кофирун макки буда дорои 6 оят аст.
﴿قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡكَٰفِرُونَ ١ لَآ أَعۡبُدُ مَا تَعۡبُدُونَ ٢ وَلَآ أَنتُمۡ عَٰبِدُونَ مَآ أَعۡبُدُ ٣ وَلَآ أَنَا۠ عَابِدٞ مَّا عَبَدتُّمۡ ٤ وَلَآ أَنتُمۡ عَٰبِدُونَ مَآ أَعۡبُدُ ٥ لَكُمۡ دِينُكُمۡ وَلِيَ دِينِ ٦﴾
﴿قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡكَٰفِرُونَ ١﴾
«Бигу эй кофирон!»
﴿لَآ أَعۡبُدُ مَا تَعۡبُدُونَ ٢﴾
«Ман чизеро ки шумо мепарастед, намепарастам».
﴿وَلَآ أَنتُمۡ عَٰبِدُونَ مَآ أَعۡبُدُ ٣﴾
«Ва шумо низ чизеро ки ман мепарастам, намепарастед».
﴿وَلَآ أَنَا۠ عَابِدٞ مَّا عَبَدتُّمۡ ٤﴾
«Ва ман парастандаи чизе ки шумо мепарастед, нестам».
﴿وَلَآ أَنتُمۡ عَٰبِدُونَ مَآ أَعۡبُدُ ٥﴾
«Ва шумо парастандаи чизе ки ман мепарастам, нестед».
﴿لَكُمۡ دِينُكُمۡ وَلِيَ دِينِ ٦﴾
«Шуморо дини худ ва манро дини худам».
Тафсир
Ошкоро ва ба сароҳат ба кофирон бигу. Ончиро, ки шумо мепарастед, ман намепарастам. Яъне: Аз ҳар чизе ки ба ғайр аз Худо мепарастанд дар зоҳиру ботин дури кун.
Ва шумо низ намепарастед ончиро ки ман мепарастам. Чун шумо ибодати худро холисона барои худо анҷом намедиҳед ва парастиши шумо барои худо анҷом намедиҳед ва парастиши шумо барои Худо ҳамроҳ бо ширк аст, пас ин амали шумо ибодат номида намешавад.
«Ва шумо парастандаи чизе ки ман мепарастам, нестед». Ин суханро такрор кард, то бар ду нукта далолат намояд. Аввал: Бар набудани амал ва кор. Дуввум: Бар инки ин ҳолат ҳамешаги аст.
Бинобарин миёни ду гуруҳ фарқ гузошт ва ҳардуро аз ҳам ҷудо кард. Ва фармуд: «Шуморо дини худ ва манро дини худам».
Чигунае ки Худованди муттаъол дар ҷои дигар фармудааст:
﴿قُلۡ كُلّٞ يَعۡمَلُ عَلَىٰ شَاكِلَتِهِۦ فَرَبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِمَنۡ هُوَ أَهۡدَىٰ سَبِيلٗا ٨٤﴾ الإسراء 84
«Бигу: Ҳар кас ба оини худаш амал мекунад».Исро 84
Дар ҷои дигар мефармояд:
﴿وَإِن كَذَّبُوكَ فَقُل لِّي عَمَلِي وَلَكُمۡ عَمَلُكُمۡۖ أَنتُم بَرِيُٓٔونَ مِمَّآ أَعۡمَلُ وَأَنَا۠ بَرِيٓءٞ مِّمَّا تَعۡمَلُونَ ٤١﴾ يونس 41
«Шумо аз ончи ман анҷом медиҳам безор ҳастед ва ман аз ончи шумо мекунед безорам». (Юнус 41)
Поёни тафсири сураи Кофирун.