Хатари ғаму андуҳ
Дастабандиҳо
Full Description
Хатари ғаму андуҳ
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Гирифташуда аз хутбаи имоми ҳарам: Суъуд Шурайм
2012 - 1433
﴿خطر الهم و الحزن﴾
«باللغة الطاجيكية»
مأخوذ من خطبة إمام الحرم, الشيخ: سعود الشريم
2012 - 1433
Хатари ғаму андуҳ
Инсон то ҳангоме ки руҳ дар бадан дорад, дар асоси ҳамон тақдире ки барояш навишта шудааст зиндаги хоҳад кард, ҳамон зиндагие ки холи аз мусибатҳо нест, ва бисёр кам меафтад ки холи аз ҳаводиси аҷибу ғариб бошад.
Ҳамчуноне ки насими хушу оромиш дар зиндагии инсон ҳамеша намеварзад, зеро талх кунандаҳо бисёранд ва барҳам занандаҳои оромиш низ кам нестанд, ва наметавон барои ҳамеша бо он унс гирифт.
Ҳамаи ин ҳодисаҳо ва хатарҳо боиси ба вуҷуд омадани эҳсоси нохушоянд ва нигарони кунанда дар қалби инсонҳо мешавад. Эҳсосе ки мардону занонро нигарону тарсон мекунад, ин эҳсос чизе нест ҷуз ғаму андуҳ.
Ғаму андуҳ аз ҷумлаи эҳсосотҳое ҳастанд ки инсонро фаро гирифта ва боиси ба вуҷуд омадани нигарони ва ноороми ва ноумеди дар нафси вай мешавад, то он ки ҷое барои унс ва оромиш ва хушбини дар даруни вай боқи намонад.
Чунин шахс пас аз он, на хоби бароҳате хоҳад дошт, ва на аз ғизо ва нушидани лазат хоҳад бурд. Ин эҳсосу ғам ва нигарони аст, ки бо будани он инсон эҳсос мекунад ки руз ба шаб нахоҳад расид, ва пас аз шаб рузе нахоҳад буд, ин эҳсое аст ки дақиқаҳоро ба мисли соъатҳои тулони мегардонад, ва чи тулони аст шаб барои касе ки хоб ба чашмонаш намеояд!.
Андуҳ тани лоғарро лоғартар намуда ва гарди пириро бар пешонии ҷавон қарор медиҳад, андуҳ, зеҳну ҳуш ва ҳавоси инсонро баднамуд сохта ва фикри уро пароканда мекунад, дунёро барояш танг мегардонад, ҳато агарчи дар қасри бузурге ҳам зиндаги кунад, синаашро чунон танг менамояд ки гуё ба қаъри осмон парвоз мекунад, ва дар охир уро ба бемори ва сипас ба ҳалокат мекашонад.
Кадоми яке аз мо зиндагии бе ғаму андуҳро таҷриба кардааст, ё гарду ғубори андуҳ ба ӯ нарасидааст магар он ки Худованд бихоҳад; соҳиби мансаб дар тарси аз даст додани вай аст ва барои вай лаҳзаҳоеро бо андуҳ мегузаронад, ва падару модар низ барои ояндаи фарзандони худ ғаму андуҳи фаровоне доранд… гоҳ барои либоси он фарзанд ғам мехуранд ва гоҳе барои издивоҷи у ва ғайраҳо.
Касе ки гумон мекунад ғаму андуҳ махсуси бечорагону мустамандон аст, сахт дар иштибоҳ аст, зеро мо бисёре аз сарватмандон ва бузургонро мебинем ки дучори андуҳ ва изтироб ҳастанд, ва инчунин дар айни ҳол бисёре аз фақирону бенавоёнро мебинем ки дар ризоят ва оромиш зиндаги мекунанд.
Агар баъзе фақирон бо сабаби нодори дучори холи будани шикамҳои хеш мегарданд, аз суи дигар сарватмандонеро мебинем ки бо сабаби дорои аз ҳад зиёд ва пурхури дучори дарду андуҳ мегарданд… ҳамаи ин ҳолатҳо дар мавриди кудакону ҷавонон ва мардону занон ва беморону солимон ва сарватмандону фақирон рост меояд.
Ҳаводис ва сахтиҳо чи ба тарафи рост бирави ва чи ба чап ба ту нахоҳанд расид магар ончи ки барои ту навишта шудааст, ва аз ту дур нахоҳанд шуд, магар ончи ки қарор шуда бошад, ки ба ту нарасад пас ғуса барои чист?!
Чи басо хушояндҳое ҳастанд дохили нохушояндҳо ниҳонанд, ва чи басо некиҳое ҳастанд ки дохили бадиҳо ниҳонанд, чуноне ки Худованд мефармояд:
﴿وَعَسَىٰٓ أَن تَكۡرَهُواْ شَيۡٔٗا وَهُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡۖ وَعَسَىٰٓ أَن تُحِبُّواْ شَيۡٔٗا وَهُوَ شَرّٞ لَّكُمۡۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ ٢١٦﴾ [سُورَةُ البقرة 216]
«Чи басо чизҳое ҳастанд ки хушашон намедоред, локин он бароятон хуб аст, ва чи басо чизҳоеро дуст медоред ки бароятон бад ҳастанд, ва Худо медонад ва шумо намедонед» Бақара 216
Иброҳим ибни Адҳам аз канори марди ғамгине убур кард, пас ба у гуфт: ман дар бораи се чиз аз ту мепурсам ва аз ту посух мехоҳам: оё дар ин ҷаҳон чизеро ки Худованд нахоҳад, руй медиҳад? Оё аз аҷал ва умре ки бароят таъин шудааст, лаҳзае кам хоҳад шуд? Оё аз ризқу рузие ки Худованд бароят таъин намудааст, кам хоҳад шуд? Он мард гуфт: на. Иброҳим ба у гуфт: пас ғаму ғуса барои чист?
Эй бандагони Худованд! Андуҳ лашкаре аз лашкарҳои Худованд аст, ки ҳаркиро ки аз бандагонаш хоҳад бо он мавриди озмоиш қарор медиҳад, то бубинад ки бандааш чи хоҳад кард. Ва андуҳ агарчи як эҳсоси ғайри модди аст, аммо аз бисёре аз озорҳо ва сахтиҳои модди сахтар аст.
Аз Али ибни Абутолиб (р.з) пурсида шуд: Қавитарини лашкариёни Худованд чист? фармуд: "Куҳҳо, ва оҳан куҳро мешикофад, пас оҳан қавитар аст, ва оташ оҳанро об мекунад, пас оташ қавитар аст, ва оташро об хомуш мекунад пас об қавитар аст, ва абрҳо обро мебардоранд пас абрҳо қавитаранд, ва бод абрҳоро ба инсу ва онсу мебаранд, пас бод қавитараст, ва инсон бо дасту либосаш пеши бодро мегирад, пас инсон қавитар аст, ва хоб бар инсон ғалаба мекунад, пас хоб қавитар аст, ва ғаму андуҳ бар хоб ғалаба мекунад, пас ғаму андуҳ аз қавитарин лашкари Худованд аст, ва Худованд бар ҳар кадоме аз бандагонаш ки бихоҳад ғаму андуҳро бар ӯ мусалат мегардонад"
Эй бандагони Худованд! Бидонед ки яке аз нишонаҳои боризи шариъат инаст ки инсонро ба суи ҳамаи хубиҳо раҳнамои карда ва аз ҳамаи бадиҳо боз медорад, ва аз ҷумлаи раҳнамоиҳои шариъати поки мо ин аст, ки аз, аз ҳад гузарони дар ғаму андуҳ пайравони худро боз медорад, ва ин ба фоидаи ҳар як ҷомеъае аст ки бихоҳад дар башорат ва истиқбол зиндаги кунад то битавонад аз вақти худ истифода намуда ва ноумеди ва бекора гардиро аз байн бубарад.
Имкон надорад ки инсони оқил дар пай унсу шоди набошад, ва дар сурате ки инсон дучори ҳодисаҳои ногувор гардид ва дар асари он оромиш ва ризоятро аз даст дод, шоиста аст ки аз он илоҷи таҷрибаноке ки дини мо ба он раҳнамои намудааст истифода кунад то ки асири ҷараёнҳои ғаму андуҳ нагардад, ҳамон ҷараёне ки бо нотавони ва сусти боиси фуру рехтани талошҳо ва кушишҳо мегардад.
Расули Худо (с) чуноне ки дар ҳадиси саҳеҳ ворид шудааст аз ғаму андуҳ ба Худованд паноҳ мебарад ва мефармояд: "Ҳар ки ҳангоми субҳгоҳ ва ҳангоми шомгоҳ ҳафт бор (Ҳасбиял лоҳу ло илоҳа илла ҳува ъалайҳи тавакалту ва ҳува раббул ъаршил ъазим) ро бигуяд, Худованд уро аз он чи боъиси андуҳаш шудааст кифоят мекунад"
Эй инсони андуҳгин! Лозим аст ки забонатро бо зикри Худованд тоза гардони то аз тангии дохили шиша ба суи фазои восеъ роҳ ёби.
Ва аз байни рафтани ғамҳо вобаста ба пойбанди ба истиғфор аст чуноне ки расули Худо (с) мефармояд: "Ҳар ки пойбанди истиғфор бошад Худованд барои ӯ аз ҳар тангнои кушоише қарор хоҳад дод, ва аз ҳар андуҳе халоси қарор хоҳад дод, ва ӯро аз ҷое ки интизорашро намедошт рӯзи хоҳад дод" ривояти Абудовуд ва Насои.
То замоне ки мо ба даргоҳи меҳрубонтарини меҳрубонҳоро ки бар даруни ҳамаи мо огоҳ аст руй наорем, ба пои фалон ва фалон афтодан ҳеҷ фоидае бароямон нахоҳад дошт, зеро онеки унсу наздикиро бо Худованд аз даст додааст чи фоида дидааст? Ва оне ки унсу наздикиро бо Худованд ба даст овардааст чиро аз даст додааст?
Пас эй банда! Аз ғаму андуҳ ба суи парвардигори худ бишитоб…..
Рузе расули Худо (с) вориди масҷид шуд, бо марде ки аз ансориҳо буд ва Абуумома ном дошт рубару шуд, ба у гуфт: Эй Абуумома чи шудааст ки туро дар ғайри вақти намоз дар масҷид мебинам? Ӯ гуфт: Андуҳе ки бо ман аст ва қарзе ки бар гарданам аст, (боъис шудааст ки ман дар ин вақт дар масҷидам) Паёмбар (с) фармуд: "Оё суханеро бароят наомузам ки агар онро бигуи Худованд ғаматро бартараф намуда қарзатро адо намояд? Ҳангоми субҳу шом инҳоро бигу:
«اللهم إني أعوذ بك من الهم والحزن ، وأعوذ بك من العجز والكسل ، وأعوذ بك من الجبن والبخل ، وأعوذ بك من غلَبة الدين وقهر الرجال» (أبوداود)
«Худовандо ман ба ту паноҳ мебарам аз ғаму андуҳ, ва ба ту паноҳ мебарам аз сусти ва нотавони, ва паноҳ мебарам ба ту аз тарсончаки ва бахили, ва паноҳ мебарам ба ту аз ғалабаи қарз ва қаҳри мардон" Абу Умома мегуяд: ман онро анҷом додам ва Худованд андуҳамро аз байн бурд, ва қарзамро адо намуд» ривояти Абудовуд
Эй бандагони Худованд агар паноҳ бурдан ба Худованд сабабе аст барои аз байн рафтани ғамҳое ки бар инсон ҳуҷум овардаанд ёди маҳбубамон Муҳаммади мустафо (с) низ сабабе аст барои унс гирифтан ва аз байн рафтани ғуссаҳо.
Марде ба расули Худо (с) гуфт: Эй расули Худо! Оё ҳамаи дуъоҳоямро барои ту набахшам? (яъне ҳамаи вақтеро ки барои дуъо кардан барои худам мегузорам сарфи салавоту дуруд бар ту накунам?) Паёмбар (с) фармуд: "Дар ин сурат Худованди бузург туро аз ҳамаи ончи дар бораи дунё ва охиратат дучори андуҳ месозад кифоят хоҳад кард" ривояти имом Аҳмад
Пас эй бандагони Худованд! Тақвои Худовандро пешаи худ созед, ва дар рафтору таъомул бо ғаму андуҳ, роҳи дурустро пайгири намоед то саъодатманд шавед, ва аз он барҳазар бошед, ки ғаму андуҳатон сохтаи хаёлҳоятон бошанд, ва ҳеҷ рабте ба воқеъият надошта бошанд, ва кори дунёро осон бигиред ва аз сабабҳои ғаму андуҳ дури биҷуед, ва чашмпуши намоед, ва дар пай он бошед ғами дунёро бо, ба ёд овардани фикри охират аз байн бубаред, ва аз зиёд дучор шудан бо гуноҳон дар ҳазар бошед, ки гуноҳон чанголҳои ғаму андуҳанд (Худованд ману шуморо аз он ҳифз намояд).
Худовандо моро дар дунё ва охират неки ато кун, ва аз оташи дузах дур бидор.