Тафсири сураи Фалақ
Дастабандиҳо
- Тафсири Қуръон << Тафсир <<
Манбаъҳо
Full Description
Дар Макка нозил шуда дорои 5 оят аст.
﴿قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلۡفَلَقِ﴾
Бигӯ! Ба парвардигори субҳгоҳ паноҳ мебарам,
﴿مِن شَرِّ مَا خَلَقَ﴾
Аз шарри ончи офарида аст,
﴿وَمِن شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ﴾
Ва аз шарри шаб чун дарояд,
﴿وَمِن شَرِّ ٱلنَّفَّٰثَٰتِ فِي ٱلۡعُقَدِ﴾
Ва аз шарри ҷодугароне, ки дар гиреҳҳо афсун медаманд,
﴿وَمِن شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ﴾
Ва аз шарри ҳасуд чун рашк меварзад,
﴿قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلۡفَلَقِ﴾
Бигӯ : Паноҳ мебарам ба парвардигоре, ки дона ва ҳаста ва сапедадамро мешикофад.
﴿مِن شَرِّ مَا خَلَقَ﴾
Ин шомили ҳама инсонҳо ва ҷинну ҳайвоноте ки Худованд офаридааст мебошад. Пас бояд ба офаринандаи инҳо аз шарре ки дар инҳо вуҷуд дорад, паноҳ бурд.
﴿وَمِن شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ﴾
Сипас ба шакли хоссе баён кард ва фармуд: Ва паноҳ мебарам ба худо аз шарре ки дар шаб аст. Вақте ки хоб мардумро фуру мепушонад ва бисёре аз арвоҳҳои шарр ва ҳайвоноти зараррасон паҳну пароканда мегарданд.
﴿وَمِن شَرِّ ٱلنَّفَّٰثَٰتِ فِي ٱلۡعُقَدِ﴾
Ва аз шарри занони ҷодугаре ки барои ҷодуи худ аз дамидан дар гиреҳҳо кумак мегиранд ва бар он ҷоду мекунанд.
﴿وَمِن شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ﴾
Ҳасуд касе аст, ки заволи неъмати дигаронро мехоҳад ва ҳасуд барои аз байн бурдани неъмат аз дасти дигарон кушиш мекунад.
Пас инсон барои ботил кардани найранги ҳасуд ва дар амон мондан аз макру кайдаш бояд ба худо паноҳ барад.
Чашми бад низ навъе аз ҳасодат аст, чун фақат касе чашм мезанад, ки ҳасуду бадҷинс ва хабисуннафс бошад. Пас инсон ба таври хосу ом ба Худо паноҳ барад. Ва ин бар он далолат мекунад, ки ҷоду ҳақиқат дорад ва хатари зиёновар меорад ва аз он бояд битарсад ва аз ҷодуву ҷодугарон бояд ба Худо паноҳ барад.
Поёни тафсири сураи Фалақ
Гирифташуда аз тафсири Саъдӣ.