×
Мувофиқи оятҳои қуръони ва аҳодиси саҳеҳи набави аслҳои имон шашто ҳастанд. 1-Имони ба Худо. 2- Имон ба ҳамаи Малоикаҳо. 3- Имон ба тамоми китобҳои осмони. 4- Имон ба ҳама паёмбарони илоҳи. 5- Имон ба рӯзи қиёмат. 6- Имон ба қазову қадари илоҳи, чи хайр бошад чи шарр.

    Аслҳои Имон, ки ҳар мусулмоне ба он эътиқод ва боварии устувор дошта бошад

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳия: www.islamhouse.com

    2012 - 1433

    ﴿ أصول الإيمان ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: مكتب الربوة للدعوة والإرشاد وتوعية الجاليات

    2012 - 1433

    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

    Аслҳои Имон, ки ҳар мусулмоне ба он эътиқод ва боварии устувор дошта бошад.

    Мувофиқи оятҳои қуръони ва аҳодиси саҳеҳи набави аслҳои имон шашто ҳастанд.

    1- Имони ба Худо.

    2- Имон ба ҳамаи Малоикаҳо.

    3- Имон ба тамоми китобҳои осмонӣ.

    4- Имон ба ҳама паёмбарони илоҳӣ.

    5- Имон ба рӯзи қиёмат.

    6- Имон ба қазову қадари илоҳи, чи хайр бошад чи шарр.

    Далели эътиқод ва бовари ба панҷ чизи аввал:

    Худованди муттаъол мефармояд:

    ﴿ءَامَنَ ٱلرَّسُولُ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِ مِن رَّبِّهِۦ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَۚ كُلٌّ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَمَلَٰٓئِكَتِهِۦ وَكُتُبِهِۦ وَرُسُلِهِۦ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّن رُّسُلِهِۦۚ وَقَالُواْ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۖ غُفۡرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيۡكَ ٱلۡمَصِيرُ ٢٨٥﴾ [البقرة 285]

    "Паёмбар худ ба он чӣ аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шуда, имон дорад. Ва ҳамаи мӯъминон ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш имон доранд. Миёни ҳеҷ яке аз паёмбаронаш фарқе намениҳем. Гуфтанд: «Шунидем ва итоъат кардем, эй Парвардигори мо, омурзиши туро хосторем, ки саранҷоми ҳама ба сӯи туст!»" Бақара 285

    Дар ҷои дигар мефармояд:

    ﴿وَٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ وَمَآ أُنزِلَ مِن قَبۡلِكَ وَبِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ يُوقِنُونَ﴾ [البقرة 4]

    "Ва онон, ки ба он чӣ бар ту ва бар паёмбарони пеш аз ту нозил шудааст, имон меоваранд ва ба охират яқин доранд" (Бақара 4)

    Паёмбари Худо (с) дар мавриди қазову қадар ва мавориди дигари аслҳои имон фармуданд:

    «أخبرني عَنْ الْإِيمَانِ قَالَ أَنْ تُؤْمِنَ بِاللَّهِ وَمَلَائِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَتُؤْمِنَ بِالْقَدَرِ خَيْرِهِ وَشَرِّهِ» صحيح بخاري (50)، وصحيح مسلم (8).

    "(Марде аз паёмбари ислом(с) пурсид): Маро аз имон хабар деҳ. Ишон фармуданд6 Имон иборат аз ин аст,ки имон биёвари ба ягонагии Аллоҳ, ба малоика, ба паёмбарон, ба рӯзи қиёмат, ба қазову қадар, ва имон биёвари ба хайру шарри он." (Бухори, Муслим)

    Пас ин шаш маврид ҷузъи аслҳое ҳастанд, ки имон бидуни бовари ва эътиқод доштан ба онҳо комил нахоҳад шуд. Ва Худои муттаъол бо ӯ ҳеҷ аҳде дар сарои қиёмат нахоҳад дошт.

    Ва касоне ки беш аз ин шаш маврид ба аслҳои имон бияфзоянд, ҳеҷ бурҳоне аз сӯи Худованд надоранд ҷуз пайрави аз гумони ботил!