×
Поёни тафсири сураи Нос аз тафсири \”Тайсирул каримирраҳмон фи тафсири каломи маннон\”

    Тафсири сураи Нос

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳияи: Мусъаби Ҳамза

    Поёни тафсири сураи Нос аз тафсири "Тайсирул каримирраҳмон фи тафсири каломи маннон"

    2012 - 1433

    ﴿ تفسير سورة الناس [ من تفسير الشيخ السعدي ]

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: مصعب حمزة

    2012 - 1433

    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

    Тафсири сураи Нос

    Ин сура дар Мадина нозил шуда ва дорои 6 оят мебошад.

    بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

    ﴿قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلنَّاسِ ١ مَلِكِ ٱلنَّاسِ ٢ إِلَٰهِ ٱلنَّاسِ ٣ مِن شَرِّ ٱلۡوَسۡوَاسِ ٱلۡخَنَّاسِ ٤ ٱلَّذِي يُوَسۡوِسُ فِي صُدُورِ لنَّاسِ ٥ مِنَ ٱلۡجِنَّةِ وَٱلنَّاسِ ٦﴾ [الناس 1-6]

    Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!

    1. Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам,

    2. фармонравои мардум,

    3. Худои мардум,

    4. аз шарру васвасаи васвасагари ниҳонӣ (бозпас- равандааст, вақте ки аз Худо кумак талаб карда шавад),

    5. он кӣ дар дилҳои мардум васваса мекунад,

    6. хоҳ аз ҷинниён бошад ё аз одамиён!».

    Ин сура дар баргирандаи он аст, ки инсон бояд аз шарри шайтон , ки масдари ҳамагуна шарру бади аст бар Парвардигори мардум ва Молику Маъбудашон паноҳ барад.

    Аз ҷумлаи фитна ва шарри ӯ ин аст, ки дар дилҳои мардум васваса меандозад ва бадиро барояшон зебо ҷилва медиҳад ва ононро бар анҷоми бадиҳо таҳрик мекунад, Ва ононро аз анҷоми корҳои хубу нек бозмедорад, Ва хайру некиро ба сурати ғайри воқеъии он нишон медиҳад.

    Шайтон ба ҳамин тариқа ҳамвора васваса мекунад. Ҳар вақт инсон рӯй ба Худо биёрад ва аз шарри шайтон паноҳ биҷуяд, онгоҳ шайтон аз васваса кардан бозмеистад.

    Пас инсон ҳамавақт бояд ба Худованд паноҳ барад ва бар рубубияти Ӯ чанг бизанад, рубубияте ки ҳамаи мардумонро фаро гирифтааст.

    Инчунин ин сура дарбаргирандаи он аст, ки тамоми халоиқ зери подшоҳи ва рубубияти Худованд қарор доранд, Пас сарнавишти ҳамаи коинот дар дасти Худо аст.

    Ҳамчунин инсон бояд аз Худованд дар ҳама ҳолатҳо кумак талаб намояд ва ба Ӯ паноҳ бибарад ва ба улуҳияте ки барои он офарида шудааст чанг бизанад, ва танҳо Ӯро ибодат ва бандаги намояд.

    Инсонҳо бандагии Худовандро ба таври комил ба ҷой оварда наметавонанд магар инки Ӯ шарри душманонашонро аз онҳо дур намояд. Душмане ки мехоҳад онҳоро аз бандаги ва убудият дур намояд ва миёни онҳо ва бандагии Худо ҷудоии андозад. Ва мехоҳад онҳоро аз бандагони худо ҷудо сохта аз ҷумлаи дузахиён гардонад.

    Чигунае ки ҷинҳо(ва шайтонҳо) дар дил васваса меандозанд, инчунин инсонҳо ҳам дар дил васваса меандозанд. Бинобарин Худованд фармуд: « مِنَ الْجِنَّةِ وَ النَّاسِ» Аз ҷиниён бошад ё аз мардумон. (Яъне паноҳ бурдан ба сӯи худованд аз шарри ҷиниён ва инсонҳо)

    Ҳамду ситоиш азони Парвардигори ҷаҳон аст.