×
Имони ба Худованд шомили имон ба он умуре аст, ки худованд ба василаи он дар китобаш аз забони паёмбараш(с) бидуни таҳриф ва таътил худро васф намудааст.

 Ақидаи мани мусулмон

] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

Нависанда: Исҳоқ Дабирӣ

Баргардон: Мусъабӣ Ҳамза

2012 - 1433

﴿ عقيدتي ﴾

«باللغة الطاجيكية»

تأليف: إسحاق العوضي الدبيري

ترجمة: مصعب حمزة

2012 - 1433

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

 Ақидаи мани мусулмон

Ман Худованд, малоика ва шуморо шоҳид қарор медиҳам,ки ман ба ақидаҳои фирқаи ноҷия (Аҳли суннат ва ҷамоъат) муътақидам, ки шомили имон ба худои муттаъол, фариштагон, китобҳои осмонӣ, паёмбарон, зинда шудани баъд аз марг ва имон бар қазо ва қадар ҳастанд.

Имони ба Худованд шомили имон ба он умуре аст, ки худованд ба василаи он дар китобаш аз забони паёмбараш(с) бидуни таҳриф ва таътил худро васф намудааст.

Балки муътақидам, ки Худованд беҳамто ва шунавову биност, пас сифатҳоеро ки Худованд худро ба онҳо тавсиф намудааст, инкор намекунам ва суханонро низ таҳриф намекунам, ва дар оёт ва номҳои он илҳод намеварзам. Сифатҳои Ӯро бо сифатҳои махлуқоташ муқоиса намекунам, зеро Ӯ беҳамто, беназир, бешарик аст, ва бо махлуқоташ қобили муқоиса нест.

Худованд нисбат ба худ ва дигарон донотарин, рост гуфтортарин ва дорои беҳтарин сухан аст. Худованд худро аз ончи мухолифон аз аҳли такйиф ва аҳли тамсил бадон нисбат медиҳанд ва ончи аҳли таътил ва таҳриф нафйи мекунанд, пок ва мубарро донистааст.

Худованд мефармояд:

﴿سُبۡحَٰنَ رَبِّكَ رَبِّ ٱلۡعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ ١٨٠ وَسَلَٰمٌ عَلَى ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٨١﴾ [الصافات 180- 181]

«Пок ва муназзаҳ аст Парвардигори ту, Парвардигори иззат (ва қудрату ғалаба) аз ончи онон (мушрикону ҷоҳилон) тавсиф мекунанд, ва салом бар расулон» Соффот 180-181.

Фирқаи ноҷия дар бораи афъоли Худованд ҳадди васат миёни қадариҳо ва ҷабриҳо ҳастанд. Онон дар заминаи таҳдидҳои Худованд байни мурҷиъа ва ваъидия қарор доранд. Дар заминаи имон ҳадди васат миёни ҳурурия ва муътазила, мурҷиъа ва ҷаҳмия ҳастанд. Дар бораи ёрони Паёмбар (с) эътиқодашон байни рофиза (шиъа) ва хавориҷ қарор дорад.

Муътақидам, ки Қуръони карим каломи худованд ва махлуқ нест. Аз Худованд шуруъ шудааст ва ба сӯи Ӯ боз мегардад.Ҳақиқатан онро бар забон ҷори сохта ба воситаи расулаш (Ҷибриил (а)) байни Ӯ ва бандагонаш онро бар банда ва паёмбару аминаш Муҳаммад (с) нозил кардааст.

Муътақидам, ки Худованд ҳар ончи бихоҳад анҷом медиҳад ва ҳама чиз таҳти иродаи Ӯст. Ҳеҷ чиз берун аз хости Ӯ қарор надорад. Ҳеҷ амре дар ҷаҳон хориҷ аз тақдир ва тадбири ӯ вуҷуд надорад. Ҳеҷ касе аз қадари таъйин шудаи барояш дар амон нест ва аз ончи дар Лавҳи маҳфуз барои ӯ таъйин шудааст таҷовуз намекунад.

Ба ҳамаи ончизе ки Паёмбари худо(с) аз умури пас аз марг хабар додааст эътиқод ва бовари дорам. Ман ба озмоишу имтиҳон ва неъматҳои қабр, бозгашти руҳ бар ҷисм муътақидам. Мардум дар баробари Худованди ҷаҳониён пои бараҳна ва луч меистанд. Офтоб ба онҳо наздик мешавад. Тарозуи амалҳо насб мешавад ва ба воситаи он амалҳои бандагон санҷида мешаванд. Касе ки амалҳояш фаровон ва паллаи амалҳои некаш сангину вазнин бошад(муъмин) растагор аст. (Аммо кофире ки) Паллаи амалҳои неки ӯ сабук ва некиҳояш андак бошад, зиёнкор ва дар ҷаҳаннам ҷовидон аст. Номаи амалҳои мардум тақсим ва ба онҳо дода мешавад. Гуруҳе онро бо дасти рост ва гуруҳе онро бо дасти чап дарёфт мекунанд.

Ба ҳавзи паёмбарамон Муҳаммад (с) дар замини қиёмат муътақидам, ки оби он аз шир сафедтар ва аз асал ширинтар аст, Адади зарфҳои обнӯшии он ба андозаи адади ситорагони осмон аст. Касе ки якбор аз он бинушад пас аз он ҳаргиз ташна нахоҳад шуд.

Муътақидам , ки пули сирот бар рӯи ҷаҳаннам қарор дорад, ки мардум бо таваҷҷуҳ ба миқдори амалҳояшон аз рӯи он мегузаранд. Ба шафоъати паёмбар (с) ва инки аввалин касе аст, ки шафоъат мекунад ва мавриди шафоъат қарор мегирад, имон дорам. Фақат мубтадиъон ва пайравони ҳавову ҳаваси нафсони шафоъатро инкор мекунанд, аммо шафоъат баъд аз изн ва ризоияти Парвардигори олам анҷом мешавад.

Худованд мефармояд:

﴿ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽ﴾ [الأنبياء: 28]

«Онон барои касе шафоъат намекунанд, магар барои касе ки(бидонанд) ки худованд аз ӯ хушнуд аст» ( Анбиё 28)

Инчунин Худованд мефармояд:

﴿ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠ﴾ [البقره: 255]

«Чӣ касе ҷуз ба иҷозати Ӯ дар назди Ӯ шафоъат кунад?» (Бақара 255)

Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

﴿ﰆ ﰇ ﰈ ﰉ ﰊ ﰋ ﰌ ﰍ ﰎ ﰏ ﰐ ﰑ ﰒ ﰓ ﰔ ﰕ ﰖ ﰗ ﰘ ﴾ [النجم: 26]

«Ва чи бисёр фариштагони осмонҳо (бо он мақому манзилаташон) шафоъати онҳо суде набахшад, магар пас аз онки Худо барои ҳар кас бихоҳад ва рози бошад иҷозати (шафоъат) диҳад» (Наҷм 26).

Худованд ҷуз тавҳид ва яктопарасти дигар чизеро намехоҳад. Ва фақат ба аҳли тавҳиду яктопарасти иҷозат(шафоъат) медиҳад, аммо мушрикон аз шафоъат баҳрае намебаранд. Чунонки Худованд мефармояд:

﴿ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ﴾ [المدثر: 48]

«Аз ин ру шафоъати шафоъаткунандагон ба ҳоли онҳо суде намебахшад» ( Муддасир 48)

Ба махлуқ будани биҳишту дузах муътақидам, инчунин эътиқод дорам, ки онҳо ҳозир вуҷуд доранд ва нобуд намешаванд. Муъминон дар рӯзи қиёмат парвардигорашонро мебинанд, ҳамонгуна ки моҳи шаби чаҳордаҳро мебинанд, ва дидани Ӯ боъиси хастаги ва малолии онҳо намешавад.

Эътиқод дорам,ки паёмбарамон Муҳаммад (с) хотами паёмбарон ва охирини фиристодагон аст.

Имони банда ҷуз ба имон овардан ба рисолат ва таъйиди набуввати ӯ комил намешавад.

Беҳтарин афроди уммати Ӯ ба тартиб Абубакри Сиддиқ, Умари Форуқ, Усмони Зиннурайн, Алии Муртазо, сипас ашараи мубашшара (даҳ нафаре ки паёмбар (с) онҳоро башорат ба биҳишт додааст), аҳли бадр, сипас аҳли байъати ризвон ва сипас ҳамаи саҳоба ҳастанд.

Асҳоби паёмбар (с)-ро дӯст медорам, маҳосин ва некуйи онҳоро зикр мекунам ва барои онон аз худованд хушнуди металабам ва барояшон мағфират мехоҳам, Аз шумурдани иштибоҳот ва хатоиҳояшон чашмпуши, ва аз изҳори назар дар бораи ихтилофоти онҳо худдори менамоям, ва ба фазлу бузургии ҳамаи онон эътиқод дорам. Зеро Худованд мефармояд:

﴿ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﴾ [الحشر: 10].

«Касоне ки баъд аз онҳо (муҳоҷирин ва ансор) омаданд мегуянд: Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки дар имон бар мо пеши гирифтаанд, биёмурз ва дар дилҳоямон ҳасад ва кинае нисбат ба муъминон қарор мадеҳ, Парвардигоро! Ту меҳрубон ва раҳими» ( Ҳашр 10)

Модарони муъминонро, ки поку мутаҳҳар аз ҳаргуна бади ва зишти ҳастанд, поку мубарро медонам.

Ба каромоти авлиё ва мукошафоти онҳо эътиқод дорам, Аммо набояд ончиро, ки ба Худованд ихтисос дорад , ба онҳо нисбат дод, ва ончиро ки фақат худованд қодир ба анҷом додани он аст, аз онҳо талаб набояд кард.

Бар дохил шудани ягон мусулмон дар биҳишт ё дузах шоҳиди намедиҳам, магар ононе ки Паёмбар (с) бар онон шаҳодат додааст, ки онон биҳиштиянд ё ононеки дузахиянд. Аммо нисбат ба некукор, умедвор ва нисбати гунаҳгор, нигарон ва бимнокам. Ягон мусулмонеро ба хотири иртикоби гуноҳе такфир (кофир намегуям) намекунам, ва ӯро аз доираи Ислом хориҷ намедонам.

Ба ҷиҳод бо ҳамроҳи роҳбари некукор ва фосиқ эътиқод дорам ва намози ҷамоъатро аз пушти онҳо ҷоиз медонам. Ҷиҳод аз замони биъсати паёмбар (с) то замоне ки охирин фарди ин уммат бо даҷҷол меҷангад, идома дорад, зулми золим ва адли одил онро ботил намесозад.

Пайрави ва итоъат аз роҳбари мусулмононро хоҳ некукор бошад хоҳ фосиқ то вақте ки ба нофармонии худо дастур надиҳад, воҷиб медонам. Касе ки ба хилофат расид ва мардум бар ӯ иҷмоъ карданд ва ба ҳукуматаш рози шуданд ва ба воситаи шамшеру қудрат бар онон ғалаба кард, итоъаташ воҷиб ва хуруҷ бар ӯ ҳаром аст.

Дури аз бидъаткорон ва муътақидон ба бидъатҳо то замоне, ки тавба мекунанд, лозим медонам ва ононро мусулмон меҳисобам ва эътиқодоти дарунии онҳоро ба худованд вогузор мекунам.

Бар ин эътиқодам, ки ҳар амри ҷадиде (ба номи дин) вориди Ислом шавад, бидъат аст.

Муътақидам ки имон: Гуфтани (калимаи шаҳодат) бо забон ва амал кардан ба воситаи аъзо ва ҷавориҳ ва эътиқод ба умури ғайби аст, ки ба воситаи итоъат кардан бар он афзуда ва ба воситаи гуноҳ аз он коста ва кам мегардад.

Имон ҳафтоду чанд шоха дорад, Болотарини он шохаҳо шаҳодат (Ло илоҳа иллаллоҳ) ва пойинтарини он дур кардани чизҳои зарарнок (мисли партовҳо , санг , хор ва ғайра) аз роҳи мардум аст.

Эътиқод дорам, ки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар бар асоси таълими шариъати Ислом воҷиб аст.

Ин хулосае аз эътиқодоти ман аст, ки ба таври мухтасар онро ба риштаи таҳрир даровардам, Ман дӯст доштам шумо аз эътиқодоти ман бохабар бошед, Худованди бузург бар ончи мегуем огоҳ ва шоҳид аст.