×
Бисёр калима ва ибораҳои диние ҳастанд, ки баъзе мардум онҳоро нодуруст маъно медиҳанд ва нодуруст мефаҳманд. Шарҳе, ки аз чунин калимаҳо медиҳанд, гоҳе баъзе мусулмононро гирифтори машаққат ва гоҳе сурати Исломро дар ҷомеа бад мекунанд.

    ФИРЕБАТ ДОДААНД, ВАҚТЕ …

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Орзуи МУҲАММАД

    Nahzat.tj

    2012 - 1433

    ﴿خدعوك حينما....﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    آرزو محمد

    Nahzat.tj

    2012 - 1433

    Бисёр калима ва ибораҳои диние ҳастанд, ки баъзе мардум онҳоро нодуруст маъно медиҳанд ва нодуруст мефаҳманд. Шарҳе, ки аз чунин калимаҳо медиҳанд, гоҳе баъзе мусулмононро гирифтори машаққат ва гоҳе сурати Исломро дар ҷомеа бад мекунанд. Бинобар ин тасмим гирифтем, дар ҳар шумора яке аз чунин калимаро шарҳ диҳам ва дар ин шумора ба шарҳи калмаи ибодат мепардозем.

    Домулло Д. Н. чор писар ва як духтар дошт. Писаронаш ҳама хонадор буданд, Ҷалол деҳқон буд, Самад духтур, Алиҷон дар Русия мардикорӣ мекард. Писари хурдияш Салимҷон бо ӯ зиндагӣ мекард. Рӯзе дар хонаи ӯ меҳмон шудам ва ӯро парешонхотиру ғамгин дидам ва сабабашро аз ӯ пурсон шудам. Домулло як оҳе кашиду гуфт: «ман як умр орзу мекардам, ки писаронам ба суханони ман гӯш кунанд ва дунболи институт-пинститут нараванд. Се писари калониям пинҳонӣ маълумоти олӣ гирифтанд ва акнун охирин орзуям - Салимҷон, низ мехоҳад ба донишгоҳ рафта муаллим шавад». Ман бо тааҷҷуб пурсидам: «домуллои мӯҳтарам, чӣ айбе дорад, агар онҳо ҳама маълумоти олӣ гиранд ва ба мардуми кишвари худ хидмат кунанд? Оё онҳо аз Ислом рӯй гардонидаанд ё туро меранҷонанд ва ё ба дигарон зарар мерасонанд, ки ту ин қадар ғамгин ва ноором гардидаӣ»? Домулло гуфт: «не, онҳо панҷ вақт намозро мехонанд, рӯза мегиранд ва касе аз онҳо шикоят накардааст, вале Ҷалол шабу рӯз дар саҳро дунболи кишту кор аст, Самад сӯбҳ меравад ва шаб меояд, гоҳе ӯро аз хона омада ба касалхонаи ноҳия ё ба хонаи беморе мебаранд.

    Алиҷон шаш моҳ ва гоҳо даҳ моҳи ҳаёташро дар Россия мегузаронад». Оҳи дигаре кашиду гуфт: «барои ман на муаллимӣ на духтурӣ ва на деҳқонии онҳо лозим аст. Ман мехоҳам писаронам ҳамеша ба ибодати Худо машғул бошанд, шабҳо намоз хонанд, рӯзаҳои нофила бигиранд, зеро танҳо ибодати Худо дар охират ба кор меравад».

    Бардошти нодурусте, ки баъзеҳо аз калимаи ибодат доранд, ҳамон чанд дақиқа ва ё соатест, ки иснон онро бо намоз хондан, тиловати Қуръон, тасбеҳ, мегузаронад. Ба фикри баъзеҳо танҳо ҳамин дақиқаҳои инсон дар ибодат аст ва дигар тамоми ҳаёти ӯ ғафлату дурӣ аз Худованди мутаол. Гӯё инсон чун дунболи кору бори зиндагӣ меравад аз ибодат дур аст.

    Худованди мутаол мефармояд: «Ва Ман ҷину инсро наофаридаам, магар барои он ки маро ибодат кунанд». Мувофиқи ин ояти карима ҳадаф аз офариниши инсонҳо танҳо он аст, ки онҳо ҳамеша дар ибодати Худо машғул бошанд ва ҷуз ибодат ба коре напардозанд. Бале, дар ҳақиқат ҳам чунин аст. Худованд инсонҳоро барои он офаридааст, ки шабу рӯз, яъне бисту чор соат ӯро ибодат кунанд. Худованди мутаол медонад, ки инсон метавонад ҳамеша дар ибодати ӯ бошад. Аммо агар ибодат танҳо намозу рӯза ва қироати Қуръони карим бошад, пас дар ҷаҳон касеро наметавон пайдо кард, ки ҳамеша Худоро ибодат кунад ва Худованд бандаи обиде надоштааст!?

    Бале, намоз ибодат аст ва беҳтарин ибодат ҳам намоз аст. Ҳамзамон аввалин савол дар қабр аз намоз аст ва инро касе наметавонад инкор кунад. Рӯза, закот ва ҳаҷ ибодатанд, аммо наметавон маънои ибодатро танҳо дар адои ин рукнҳо маҳдуд кард. Иҷро намудани ҳар амри илоҳӣ дар ҳадди худ ибодат аст. Пайравӣ аз таълимоти Паёмбар (с) ибодат аст. Мисли Паёмбар (с) роҳ рафтан, муомила кардан, хӯрдан, нӯшидан ва хоб рафтан ибодат аст.
    Ҷавоне мехост, то дар ғазвае бо Паёмбар (с) ширкат кунад. Паёмбар (с) аз ӯ савол карданд: «модар дорӣ»? Гуфт, бале. Гуфт: «бирав дар хидмати ӯ бош, ки биҳишт онҷост». Пас дар хидмати модар будан низ ибодат аст ва чунон чи аз ин ҳадис бармеояд барои ин ҷавон хидмати модар аз ҷиҳод низ муҳимтар аст. Модаре, ки тифлашро шир медиҳад, Ислом барояш иҷозат додааст, ки рӯзаашро бихурад то он тифл бе шир намонад. Пас барои чунин модар шир додан ва парвариши тифл ибодат аст.

    Акнун бармегардем сари матлаб, пас ибодат чист? Ибодат, яъне иҷро кардани дастуроти илоҳӣ ва таълимоти Паёмбари гиромӣ (с). Агар Паёмбар (с) мегӯяд, ки беҳтарини шумо касест, ки манфиаташ барои мардум бештар мерасад, пас духтур, милиса, суд, прокурор, мулло, муаллим, инжинер ва дигар мутахассисоне, ки барои мардум манфиат мерасонанд ва ин хидматҳоро холисона анҷом медиҳанд, дар воқеъ дар ибодати Худо қарор доранд.
    Боре ҳазрати Умар (р) мардумро баъди адои намоз дид, ки дар масҷид нишастанд ва машғули хондани намозҳои нофила ва зикр шудаанд. Ӯ чӯберо гирифта ҳамаро аз масҷид берун кард ва гуфт: «Оё шумо дигар коре надоред? Биравед ва аз пайи ризқи фарзандонатон бошед ва касбу кор биёмӯзед».
    Вақте Паёмбар (с) мегӯяд: «шумо илм биёмӯзед, агар чи дар Чин бошад», ин маънои онро дорад, ки дар рӯйи замин сафар кунед ва илмро аз дигар кишварҳо низ биёмӯзед, то барои миллату мардуми кишвари худ манфиате расонед ва ин ҳам ибодат аст.

    Чор ё панҷ солеро, ки донишҷӯ дар донишгоҳу донишкада мегузаронад ва дар ин муддат машғули ба даст овардани илму дониш аст, дар воқеъ ӯ дар ибодати Худо машғул аст. Сӯбҳ то шомеро, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, муаллимон, духтурон ва дигар мақомоти давлатӣ барои мардум хидмат мекунанд, онҳо ҳама дар ибодати Худо ҳастанд ва танҳо шарт он аст, ки кори худро холисона ва бо виҷдони пок анҷом диҳанд ва ҳамеша ризои Худоро талаб кунанд. Он писаре, ки ба Русия барои дарёфти ризқи ҳалол меравад, то омаданаш дар ибодати Худо аст.

    На танҳо кору фаъолияти ҷамъиятӣ, балки барои бандаи мӯъмину мусулмон хӯрдан, нӯшидан, ба зиёрати хешон рафтан ибодат аст. Инчунин ба аёдати беморон рафтан, сила бар сари ятимон кардан ибодат аст. Насиҳати мардум ибодат аст, таълими мардум ибодат аст, ҳатто хоби мӯъмин ибодат аст.

    Инсон агар панҷ вақт намозашро адо кунад, рӯзаро бигирад, закоти молашро адо намояд, ҳаҷро бикунад ва касеро озор надиҳад, моли касеро ба ноҳақ нахӯрад, дигар ҳар амали солеҳе, ки мекунад ибодат аст. Дар чунин ҳолатҳо шӯхияш ибодат аст, бозияш ибодат аст. Хандааш ибодат аст, оё Паёмбар (с) нагуфтааст: «Табассумат дар рӯйи бародарат садақа аст»?
    Барои деҳқон ҳалол кор кардан ва дар вақти фурӯши масолеҳаш хиёнат ва фиреб накардан, барои кормандони ҳукумат ба мардум хидмат кардан ва пора нагирифтану ҳақро ба соҳибаш додан ибодат аст.

    Пас амсоли Домулло Д.Н набояд аз фарзандони худ ташвиш шаванд ва набояд пеши роҳи илму донишро бигиранд, мутмаин бошанд, ки фарзанди мусалмон ҳар ҷо бошад ва ба ҳар коре машғул шавад, ки манфиати он ба худаш, хонадон, ҳамсоя, мардуми мусалмон ва ба ҳар инсон ва ҳатто ҳайвоне рассад, чунин инсон дар кори хайр ва савоб аст. Бигзор фарзандони мо дар ҳама соҳаҳо кор ва фаъолият кунанд, бигзор тамоми улуми замонавиро аз худ кунанд. Гузашт он замони шуравӣ, ки ҳам духтури мо бегона буд ҳам милиса ва ҳам муаллими мо. Муҳим он аст, ки на худро фаромӯш кунанд, на Худоро. Бояд дониста бошанд, ки рӯзе омаданист, ки ҳар инсон подоши амали худро хоҳад гирифт ва ба хатоҳои худ ҷавоб хоҳад дод. Агар дар даруни ҳар фарди мусулмон ин эҳсос бедор шавад, дигар барои ӯ фарқе намекунад, ки дар куҷо ва ба чӣ кор машғул аст. Инсони мусулмон ҳамеша худро дар ибодати худо меҳисобад ва шаб бо хотири осуда ва қалби ором мехобад ва мутмаин аст, ки ҳатто ин хоби ӯ ибодат аст.

    Бе илмӣ гуноҳ аст, бекорӣ гуноҳ аст, аз ҳисоби дигарон хӯрдан ва ба дигарон фоида нарасонидан гуноҳ аст. Аз бекорӣ ва бесаводии фарзандон бояд тарсид. Худованд мефармояд: «Ҳамоно аз миёни бандагони Худо танҳо донишмандон аз Худо метарсанд».

    Мусулмон чун аз пайи ба даст овардани ризқи ҳалол ба ҳар куҷое меравад, бовар дорад, ки дар пайи адои фаризаи илоҳист. Мусулмон чун барои илмомӯзӣ меравад, медонад, ки дар рӯйи боли малоикаҳо қадам мезанад ва малоикаҳои махсусе ҳастанд, ки барои толибилмон омӯрзиш талаб мекунанд. Мусулмон чун ба аёдати беморе меравад, медонад, ки Худованд дар он ҷо мунтазири ӯст. Бигзор фарзандонамон роҳи худро интихоб кунанд ва вазифаи мо насиҳати онҳост, то Худоро ҳамеша дар пеши назар дошта бошанд ва дар ҳама кор савоби ӯро талабгор бошанд. Ҳеҷ лаҳзае аз умри мусулмон холӣ аз ибодат нест, агар нияташ холис бошад. Чун ният холис набошад, ҳамон намоз ҳам ибодат намешавад.

    Мавзӯъро бо ин ҳадиси шариф ба поён мерасонам, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Ва дар ҳамбистарӣ шудан бо ҳамсаронатон ибодат аст». Пурсиданд: «эй Расули Худо, агар яке аз мо бо ҳамсараш шаҳваташро барорад дар ин ҳам ибодат аст»? Гуфт: «Агар ин корро бо роҳи ҳаром кунад, оё барояш гуноҳ мешавад? Пас агар дар ҳалол гузаронад барояш ибодат аст».