Ҳаҷҷи мабрур (мақбул)
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Ҳаҷҷи мабрур (мақбул)
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Мусъаби Ҳамза
Сомонаи Donishtj.com
2011 - 1432
﴿الحج المبرور﴾
«باللغة الطاجيكية»
مصعب حمزة
موقع دانش Donishtj.com
2011 - 1432
Ҳаҷҷи мабрур (мақбул)
Ҳаҷ рукне аз аркони Ислом ва ибодате аз ибодатҳои бузурге аст,ки дилҳо ба у муштоқанд ва нафсҳо ба зиёрати ин макони тоҳиру муқаддас барои таҳқиқи сухани худованд, ки мефармояд:
﴿وَإِذۡ جَعَلۡنَا ٱلۡبَيۡتَ مَثَابَةٗ لِّلنَّاسِ وَأَمۡنٗا ١٢٥﴾ [البقرة: ١٢٥]
«Ва Каъбаро ҷойгоҳи иҷтимоъ ва макони амни мардум сохтем». Бақара 125
Ва сухани худованд:
﴿وَأَذِّن فِي ٱلنَّاسِ بِٱلۡحَجِّ يَأۡتُوكَ رِجَالٗا وَعَلَىٰ كُلِّ ضَامِرٖ يَأۡتِينَ مِن كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٖ ٢٧ لِّيَشۡهَدُواْ مَنَٰفِعَ لَهُمۡ وَيَذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ فِيٓ أَيَّامٖ مَّعۡلُومَٰتٍ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُم مِّنۢ بَهِيمَةِ ٱلۡأَنۡعَٰمِۖ ٢٨﴾ [الحج: ٢٧ – ٢٨]
«Ва мардумро ба ҳаҷ даъват кун, то пиёда ё савор бар шутурони лоғар (ки асари заҳмати сафар онҳоро хаста кардааст) аз роҳҳои дур назди ту биёянд.
То судҳоеро, ки аз они онҳост, бубинанд ва номи Худоро дар рӯзҳое муъайян ба ҳангоми забҳи чорпоёне, ки Худо ризқи онҳо сохта, ёд кунанд» Ҳаҷ 27-28
дар ҳаракат меоянд.
Ҳамасола аз шарқу ғарб, ҷанубу шимол мардум гуруҳ гуруҳ ба ин макони муқаддасу пок меоянд, бо орзуи ин ки мисли аз нав аз шиками модар таваллуд шудаанд (пок аз гуноҳ) ба ватанҳои худ баргарданд.
Зеро ҳаҷ ҳар чизе ки пеш аз у бошад (аз амалҳои бад, гуноҳ) аз байн мебарад ва инсонро мисли кудаке ки аз модар таваллуд шудааст бегуноҳу пок мегардонад. (албатта дар ҳоле ки ҳаҷҷи инсон пурра бошад ва қабул гардида бошад)
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбари Худо (с) шунидам, ки фармуданд: "Касе барои Худо ҳаҷ кунад ва дар ҳаҷҷи худ муртакиби ҷимоъ ва фаҳшу кори баде нагардад, тавре аз ҳаҷ (аз гуноҳ пок шуда) бармегардад, ки ба монанди рӯзе аз модараш таваллуд шудааст" (Бухорӣ)
Расули Худо (с) мефармояд: "Ҳаҷ ва умра дур ва пок месозанд фақру гуноҳонро, чигунае ки кир(дами оҳангар) чирку палидии оҳану тиллоро пок месозад". (Тирмизӣ, Насоӣ, ибни Моҷаҳ)
Аммо касе ки ҳаҷ рафта наметавонад, пас ҳоҷиёнро видоъ кунад, ва забони ҳолаш:
Эй равандагон ба сӯи хонаи атиқ (қадим),
Шумо ҷисмҳо гаштеду мо руҳҳо.
Мо бо узр боқи мондему дигарон рафтанд,
Ва ҳарки бо узр боқи монад,мисли рафтагон аст.
Локин инҷо амри муҳимме аст, ки бояд огоҳ бошем, ва ҳарис бар ин бошем, ки ҳаҷҷамон ҳаҷҷи мабруру мақбул бошад.
Зеро мағфирати гуноҳон ба сабаби ҳаҷ, ва дохил шудани биҳишт марбут ба ҳаҷҷи мабрур (мақбул) аст.
Дар аҳодиси зиёде дар ин мавзӯъ ишора шудааст.
Чигунае ки аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки аз паёмбар (с) пурсида шуд, кадом амал беҳтар аст? Фармуд: Имон ба Худо ва расулаш. Гуфта шуд: Боз кадом? Фармуд: Ҷиҳод дар роҳи худо. Гуфта шуд: Боз кадом? Фармуд: Ҳаҷҷи мақбул. (Бухорӣ, Муслим)
Ва дар ҳадиси дигар аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: Умра то умра маҳвкунанда аст, барои он чи ки дар миёни онҳо аст (аз гуноҳ) ва ҳаҷҷи мақбул мукофоте ҷуз биҳишт надорад. (Бухорӣ, Муслим)
Пас барои ҳар як ҳоҷи лозим аст, ки ин нуқтаро пеши назар дошта бошад ва ҳаҷро ба пурраги ба ҷой орад то ҳаҷҷаш мабруру мақбул гардад.
Ҳаҷҷи мабрур (мақбул) кадом аст.
Олимон бар ин иттифоқ анд, ки бо якҷоя шудани чанд умур ҳаҷ мабруру мақбул мегардад.
1- Аркону воҷиботи ҳаҷро ба пурраги иҷро кардан. Ҳоҷи бояд кушиш кунад, ки аркону воҷибот ва умури ҳаҷро чигунае ки аз Расули худо(с) ворид шудааст ба ҷой биёрад. Расули худо(с) мефармояд: "Маносики ҳаҷҷатонро аз ман бигиред, намедонам, шояд баъди ин ҳаҷҷам дигар ҳаҷ накунам" (Муслим)
2- Анҷом додани амалҳои нек. Худованд амали некро чунин тафсир намудааст:
﴿لَّيۡسَ ٱلۡبِرَّ أَن تُوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ قِبَلَ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَلَٰكِنَّ ٱلۡبِرَّ مَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ وَٱلۡكِتَٰبِ وَٱلنَّبِيِّۧنَ وَءَاتَى ٱلۡمَالَ عَلَىٰ حُبِّهِۦ ذَوِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينَ وَٱبۡنَ ٱلسَّبِيلِ وَٱلسَّآئِلِينَ وَفِي ٱلرِّقَابِ وَأَقَامَ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَى ٱلزَّكَوٰةَ وَٱلۡمُوفُونَ بِعَهۡدِهِمۡ إِذَا عَٰهَدُواْۖ وَٱلصَّٰبِرِينَ فِي ٱلۡبَأۡسَآءِ وَٱلضَّرَّآءِ وَحِينَ ٱلۡبَأۡسِۗ أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ صَدَقُواْۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُتَّقُونَ ١٧٧﴾ [البقرة: ١٧٧]
«Некӣ он нест, ки рӯи худ ба ҷониби Машриқу Мағриб кунед, балки некӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи бозпасин ва фариштагон ва китоби Худо ва паёмбарон имон оварад. Ва моли худро, бо он ки дӯсташ дорад, ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну дарбандмондагон бубахшад. Ва намоз бигузораду закот бидиҳад. Ва низ касоне ҳастанд, ки чун аҳде мебанданд, ба он вафо мекунанд. Ва онон, ки дар бенавоиву беморӣ ва ба ҳангоми ҷанг сабр мекунанд, инҳо ростгӯён ва парҳезгоронанд». Бақара 177
Ибни Раҷаб (р) мегуяд: Ин оят навъҳои шашгонаи некиро дарбар гирифтааст, ки агар касе ин навъҳоро комил намояд, некуиро комил намудааст.Аввал :Имон ба аслҳои панҷгонаи имон. Дуввум: Додани пулу моли дӯстдошташуда бар хешу ақрибо, ятимон,мискинон,дар роҳмондагон, пурсандагон, ва касоне ки барои аз ғуломи озод шудан ба пулу мол эҳтиёҷ доранд. Севум: Барпо доштани намоз. Чаҳорум: Закот додан. Панҷум: Вафо кардан ба аҳду паймон. Шашум: Сабр кардан дар бенавоиву беморӣ ва ҳангоми ҷанг. Ва ҳоҷи ба ҳамаи инҳо эҳтиёҷ дорад.
Зеро ҳаҷҷаш бидуни имон дуруст намегардад ва бидуни намозро барпо доштан ва закотро додан комил намегардад, зеро рукнҳои имон ба ҳамдигар муртабит ва пайванд ҳастанд, пас имон ва ислом пурра намегарданд магар инки бо ҳам якҷо бошанд ва бирру некӯии ҳаҷ пурра намегардад магар инки бар аҳду паймон вафодор бошад ва ончики худованд дӯст медорад садақа кунад, ва ҳар мушкилие ки дар ҳаҷ бошад сабр кунад, бо ин амалҳо хислатҳои бирру некӯи пурра мешавад.
3- Ахлоқи неку ва муъомилаи хуб бо мардум, зеро некӯи ба мардум аз ҷумлаи эҳсон ва хуби аст.Аз расули худо (с) ривоят аст, ки аз бирру некӯи пурсида шуд, гуфт: "Бирр ахлоқи некӯ аст" (Муслим)
Абдуллоҳ ибни Умар(рз) мегӯяд: Бирр чизи осон аст: Рӯйи кушода ва гуфтори нарм.
Ба ин ду чиз ҳоҷи эҳтиёҷи зиёд дорад : муъомилаи нек ва рафтору гуфтори нарм бо мардум.
Ва сафар барои он сафар ном ниҳода шудааст, ки дар он ахлоқу рафтори одам ошкор мешавад.
Ва дар умум беҳтарини мардум касе аст, ки нафъу фоидааш ба мардум расад ва бар озору азияти мардум сабр кунад, чигунае ки худованд муттақиёну парҳезгоронро васф намудааст. Худованд мефармояд:
﴿ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ فِي ٱلسَّرَّآءِ وَٱلضَّرَّآءِ وَٱلۡكَٰظِمِينَ ٱلۡغَيۡظَ وَٱلۡعَافِينَ عَنِ ٱلنَّاسِۗ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ١٣٤﴾ [آل عمران: ١٣٤]
«Он касон, ки дар осоиш ва сахтӣ инфоқ мекунанд ва хашми хеш фурӯ мебаранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накӯкоронро дӯст дорад!» Оли Имрон 134
Ва ҳоҷи бояд дар байни мардум бошад ва кушиши кумак ва ҳалли мушкилиҳои мардумро дошта бошад, зеро муъмине ки дар байни мардум аст ва бар озору азияти мардум сабр мекунад беҳтару хубтар аст, аз муъмине ки аз байни мардум худро канор мегирад ва бар озору гуфтаҳои мардум сабр намекунад.
4- Худоро зикри зиёд гуфтан, худованд дар оятҳои зиёде дар маносики ҳаҷ амр ба зикри худо намудааст.
Худованд мефармояд:
﴿لَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٌ أَن تَبۡتَغُواْ فَضۡلٗا مِّن رَّبِّكُمۡۚ فَإِذَآ أَفَضۡتُم مِّنۡ عَرَفَٰتٖ فَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ عِندَ ٱلۡمَشۡعَرِ ٱلۡحَرَامِۖ وَٱذۡكُرُوهُ كَمَا هَدَىٰكُمۡ وَإِن كُنتُم مِّن قَبۡلِهِۦ لَمِنَ ٱلضَّآلِّينَ ١٩٨ ثُمَّ أَفِيضُواْ مِنۡ حَيۡثُ أَفَاضَ ٱلنَّاسُ وَٱسۡتَغۡفِرُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ١٩٩﴾ [البقرة: ١٩٨ – ١٩٩]
«Агар ба ҳангоми Ҳаҷ толиби рӯзии Худо бошед, гунаҳгор нашудаед ва чун аз Арафот бозгаштед, Худоро дар Машъарулҳаром29 ёд кунед, аз он рӯ, ки шуморо ҳидоят карда, дар ҳоле ки пеш аз он гумроҳ будед.
Сипас аз он ҷо, ки дигар мардум роҳ мепаймоянд (даста- ҷамъона), шумо низ равона шавед ва аз Худо омурзиш бихоҳед, ки омурзанда ва меҳрубон аст!»
Бақара 198-199
Хусусан дар ҳолати эҳром зикрро бо талбия ва такбир зиёд гӯяд.
Паёмбари худо (с) мефармояд:"Беҳтарин ҳаҷ ъаҷ ва саҷ аст" (Тирмизи)
Ъаҷ: баланд баровардани овоз дар такбир ва талбия аст.
Саҷ: Хуни чорвои қурбониро резондан аст.
5 – Дури ҷустан аз гуноҳон ва фисқу фуҷур ва суханони беҳуда, баҳсҳои бефоида ва дигар амалҳои бад. Худованд мефармояд:
﴿ٱلۡحَجُّ أَشۡهُرٞ مَّعۡلُومَٰتٞۚ فَمَن فَرَضَ فِيهِنَّ ٱلۡحَجَّ فَلَا رَفَثَ وَلَا فُسُوقَ وَلَا جِدَالَ فِي ٱلۡحَجِّۗ وَمَا تَفۡعَلُواْ مِنۡ خَيۡرٖ يَعۡلَمۡهُ ٱللَّهُۗ وَتَزَوَّدُواْ فَإِنَّ خَيۡرَ ٱلزَّادِ ٱلتَّقۡوَىٰۖ وَٱتَّقُونِ يَٰٓأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ ١٩٧﴾ [البقرة: ١٩٧]
«Ҳаҷ дар моҳҳои муъайянест. Ҳар кӣ дар ин моҳҳо ҳаҷро бар худ лозим кард (яъне, эҳром баст), бояд ки дар аснои он ҷимоъ (ҳамхобагӣ) накунад ва фисқе аз ӯ сар назанад ва муҷодала накунад. Ҳар кори неке, ки анҷом медиҳед, Худо аз он огоҳ аст. Ва тӯша бардоред, ки беҳтарини тӯшаҳо парҳезгорист. Эй хирадмандон, аз Ман битарсед!» Бақара 197
Инчунин дар ҳадис ҳам омада аст, ки Расули худо(с) фармуданд:" "Касе барои Худо ҳаҷ кунад ва дар ҳаҷҷи худ муртакиби ҷимоъ ва фаҳш ва кори баде нагардад, тавре аз ҳаҷ (аз гуноҳ пок шуда) бармегардад, ки ба монанди рӯзе аз модараш таваллуд шудааст." (Бухорӣ)
Яке аз олимон вақте касеро барои ҳаҷ гусел мекард ба у чунин гуфт: Туро бо васияте ки Расули худо(с) Маъозро(рз) кард васият менамоям(" Ҳар куҷое ки боши аз худо битарс, ҳар кори баде карди баъдаш кори неке анҷом деҳ , то он кори бадро маҳв ва тоза намояд, ва бо мардум бо ахлоқи неку рафтор кун")
6 – Ҳоҷи бояд нафақаи ҳаҷашро аз молу пули ҳалол пардохт кунад, зеро худованд пок аст ва фақат покиро қабул дорад.
7 – Вақте ки ҳаҷ мекунад , барои риё ва фахру сарбаланди ҳаҷ накунад, балки барои розигии худоро ба даст овардан ва барои ибодати худоро ба ҷой овардан ҳаҷ кунад ва ин ибодати бузургро холисона барои худо анҷом диҳад, ва дар ҳаҷҷаш ором ва мутавозеъ ва ахлоқи неку дошта бошад.
Зеро ҳар амале ки холис барои худо набошад , назди худо қабул намегардад.
Худованд мефармояд:
﴿وَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ حُنَفَآءَ وَيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُواْ ٱلزَّكَوٰةَۚ وَذَٰلِكَ دِينُ ٱلۡقَيِّمَةِ ٥﴾ [البينة: ٥]
«Ва ононро фақат ин фармон доданд, ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини ӯ ихлос меварзанд. Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост!» Байинаҳ 5
Дар ҳадис ҳам омадааст , ки: Худованд амалеро қабул намекунад магар инки холис барои худо ва барои ризогии худо бошад.
8 – Гуфтаанд: Мабрур яъне мақбул, ва аз аломатҳои қабули ҳаҷ ин аст, ки ҳоҷи баъд аз ҳаҷ карданаш беҳтару хубтар аз пеш аз ҳаҷ карданаш бошад. Ва аз гуноҳон дури ҷуяд.
Вале дар умум ҳаҷҷе ки ҳама ҳукмҳояш ба ҷой оварда шавад ва мувофиқи кардаи расули худо(с) бошад ва холис барои худо анҷом ёбад , умед аст, ки он ҳаққи мабруру мақбул аст.
Худованд ҳамаи ҳоҷиёнро ҳаҷҷи мабруру мақбул насиб гардонад, дигаронро ҳам зиёрати хонаи муқаддасашро насиб гардонад.