Мустаҳиққони закот ҳашт гурӯҳ мебошад
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Мустаҳиққони закот ҳашт гурӯҳ мебошад
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Таҳияи Мусъаби Ҳамза
2011 - 1432
﴿ مستحقو الزكاة ثمانية أصناف ﴾
«باللغة الطاجيكية»
إعداد: مصعب حمزة
2011 - 1432
Мустаҳиққони закот ҳашт гурӯҳ мебошад
ﭽإِنَّمَا ٱلصَّدَقَٰتُ لِلۡفُقَرَآءِ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱلۡعَٰمِلِينَ عَلَيۡهَا وَٱلۡمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمۡ وَفِي ٱلرِّقَابِ وَٱلۡغَٰرِمِينَ وَفِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِۖ فَرِيضَةٗ مِّنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ ٦٠ ﭼ [التوبة: 60]
«Садақот барои фақирон асту мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он. Ва низ барои ба даст овардани дили мухолифон ва озод кардани бандагону қарздорон ва харҷ дар роҳи Худо ва мусофирони мӯҳтоҷ ва он фаризаест аз ҷониби Худо. Ва Худо донову ҳаким аст!» Сураи Тавба, ояти 60
Ҷуз ин нест, ки садақот ба фақирон ихтисос дорад.
Фақир касест, ки чизе надорад. Зиёд ибни Ҳарс (р) мегӯяд: «Марде назди Расули Худо (с) омаду гуфт: Аз амволи закот ба ман бидиҳед! Расули Худо (с) фармуданд: Бидон, ки Худои азза ва ҷалла ба ҳукми Паёмбар ё каси дигаре дар боби садақот (амволи закот) розӣ нашуда, балки худаш дар бораи он файсала намуда ва онро ба ҳашт қисмат тақсим карда, пас агар ту ҳам аз он гурӯҳ ҳастӣ, инак ба ту низ аз он медиҳам[1].»
Ва амволи закот ба масокин ихтисос дорад. Дар назди ҳанафиён мискин касест, ки вазъи иқтисодиаш аз фақир бадтар бошад. Ва амволи закот ба коргузорони ҷамъоварии он ихтисос дорад. Яъне, касоне, ки ҳокими мусалмонон онҳоро барои ҷамъоварии амволи закот мефиристад, эшон низ яке аз гурӯҳҳои ҳаштгонаи мустаҳиққи амволи закот ба шумор мераванд. Ва амволи закот ба муаллафату-л-қулуб ихтисос дорад, эшон роҳбарони қабилаҳое буданд, ки Расули Худо (с) дилҳояшонро ба даст меоварданд, то мусалмон шаванд, ё бар ислом пойдор бимонанд. Ва амволи закот дар роҳи озодии бардагон ихтисос дорад ба ин тартиб, ки ғуломони мукотабшударо харидорӣ карда, озодашон кунанд ва ин мазҳаби шофеъиҳо ва ҳанафиҳост.
Мукотаб ғуломест, ки бо хоҷаи худ ақд мебандад бар ин ки озодии худро дар баробари баҳое бозхарид кунад ва чун он маблағро ба хоҷааш дод, озод мегардад. Ва амволи закот ба қарздорон ихтисос дорад.
Мурод аз онҳо касонеанд, ки зери бори қарз буда ва тавони пардохти онро надоранд, аммо касе, ки ба сабаби тасарруфоти исрофомези худ қарздор шуда бошад, вомаш аз тариқи закот, ё ғайри он пардохт намешавад, магар ба шарти он ки аз такрори ин шева дар муомилоти молиаш тавба кунад.
Ва амволи закот дар роҳи Худо ихтисос дорад. Ин синф иборатанд аз муҷоҳидон ва марзбононе, ки дар сангарҳо ва марзҳои кишвари исломӣ омодаи рӯбарӯӣ бо ҳар хатари эҳтимолӣ мебошанд, ки ба мақсади таъмини ҳазинаҳои ҷиҳод ва тақвияти истиҳкомоти дифоъӣ аз вуҷуҳи закот ба эшон пардохт мешавад, ҳарчанд тавонгар ҳам бошанд. Ва амволи закот ба Ибни Сабил ихтисос дорад. Ибни Сабил мусофирест, ки тӯшаи роҳи расидани вай ба хонаву диёраш дар сафар тамом шуда, ё ба ҳар далиле аз дастрасии вай хориҷ аст ва дар роҳ бозмонда, пас бар чунин касе аз амволи закот пардохт мешавад, ҳарчанд дар маҳалли будубошу зиндагии худ аз сарватмандон ҳам бошад. Ин фаризае аз ҷониби Худост. Яъне, маҳдуд будани сарфи амволи закот дар гурӯҳҳои ёдшуда ҳукми собит ва лозим аст, ки Ҳақ таоло онро бар бандагонаш фарз намуда ва эшонро аз таҷовузи он наҳй кардааст. Ва Худо доно аст ба маслиҳати бандагонаш ва ба он чи ки дар тавони онҳост ва бар эшон душвор нест, ҳаким дар таъини фаризаи закот, дар чигунагии тақсими он аст.
[1] Ривояти Абӯдовуд