Амр ба рӯзадорӣ ва баёни фидяи он барои дармондагон ва солхӯрдагон
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Амр ба рӯзадорӣ ва баёни фидяи он барои дармондагон ва солхӯрдагон
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Таҳияи Мусъаби Ҳамза
2011 - 1432
﴿ الأمر بالصيام ﴾
«باللغة الطاجيكية»
إعداد: مصعب حمزة
2011 - 1432
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон
Амр ба рӯзадорӣ
Амр ба рӯзадорӣ ва баёни фидяи
он барои дармондагон ва солхӯрдагон
ﭽيَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ ١٨٣ﭼ [البقرة 183]
«Эй мӯъминон, рӯза бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар онон, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд» (Бақара 183)
Яъне, ҳамон гуна ки рӯза бар умматҳои башарӣ аз Одам (а) то ҳамакнун, ки аҳди Паёмбари ҳотам (с) аст, фарз шуда буд. Бошад ки ба тақво гароед.
ﭽأَيَّامٗا مَّعۡدُودَٰتٖۚ فَمَن كَانَ مِنكُم مَّرِيضًا أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٖ فَعِدَّةٞ مِّنۡ أَيَّامٍ أُخَرَۚ وَعَلَى ٱلَّذِينَ يُطِيقُونَهُۥ فِدۡيَةٞ طَعَامُ مِسۡكِينٖۖ فَمَن تَطَوَّعَ خَيۡرٗا فَهُوَ خَيۡرٞ لَّهُۥۚ وَأَن تَصُومُواْ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ١٨٤ ﭼ [البقرة 184]
Оре, бар шумо фарз шудааст рӯза гирифтани рӯзҳое шумурдашудае, яъне рӯзҳои маълуме. Ибни Касир нақл мекунад: Расули Худо (с) баъд аз ҳиҷрат ба Мадина, аз ҳар моҳ се рӯзро рӯза мегирифт ва рӯзи Ошуроро низ рӯза мегирифтанд, то он ки Худованди мутаол рӯзаи Рамазонро фарз намуд. Пас, ҳар кас аз шумо бемор бошад ва тавони рӯза гирифтанро надошта бошад, барои вай хӯрдани рӯза ҷоиз аст, ё ҳар касе аз шумо дар сафар бошад, сафаре, ки ба андозаи масофаи кӯтоҳ кардани намоз бошад (яъне 89 километр дар назди ҷумҳури фуқаҳо, 96 километр дар назди ҳанафиҳо), пас лозим аст бар вай рӯза гирифтани шумори он аз рӯзҳои дигар, ки бояд онҳоро дар ивази рӯзҳое, ки хӯрдааст, рӯза гирифта ва рӯзаҳои фавтшударо қазо кунад ва бар касоне ки рӯза тоқатфарсост, яъне бар касоне, ки рӯзаро ба душворӣ таҳаммул мекунанд ва тоби таҳаммули онро надоранд, чун пирамардони куҳансол, занони бордор ва беморони музмин, пас барои инон фидяе аст, ки иборат аз хӯрок додан ба як бенавост. Ба ҷои хӯрдани ҳар рӯз аз рӯзҳои рӯза ва ин хӯрок бояд аз миёнаи он чизе бошад, ки шахс хонаводаи хешро бо он хӯрок медиҳад. Миқдори он дар назди ҳанафиҳо нисфи соъ аз гандум ё соъе аз ғайри он, чун хурмо ё ҷав барои ҳар рӯзе аст, ки мехӯрад ва ё ғизои омода аст, ки як рӯз мискинро кифоят кунад ва миқдори он дар назди ҷумҳур 675 грамм аз хӯроки ғолиби мавриди истифодаи он минтақа аст. Ва ҳар кас ба дилхоҳи худ хайре бештар анҷом диҳад, яъне бар андозаи хӯроки муқаррар дар фидя биафзояд, пас он барои ӯ беҳтар аст ва агар бидонед, рӯза гирифтан барои шумо беҳтар аст. (Бақара 184) Бештари пешвоёни шариат Молик, Абӯҳанифа ва Шофеӣ бар онанд, ки рӯза гирифтани мусофир агар бар ӯ душвор набувад, барояш беҳтар аз рӯза хӯрдан аст.
Дар баёни сабаби нозилшавии ояи карима аз Муҷоҳид ривоят шудааст, ки гуфт: Ин қисмати ояи Ва алаллазина ютиқунаҳу дар бораи Қайс ибни Соиб нозил шуд, ки тавони рӯза гирифтанро надошт ва бо нузули он ӯ рӯзаро хӯрд ва барои ҳар рӯз як нафар мискинро таом медод.
Фазилати моҳи Рамазон ва фуруд омадани Қуръон дар он ва фарзияти рӯза доштани он
ﭽشَهۡرُ رَمَضَانَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ فِيهِ ٱلۡقُرۡءَانُ هُدٗى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَٰتٖ مِّنَ ٱلۡهُدَىٰ وَٱلۡفُرۡقَانِۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ ٱلشَّهۡرَ فَلۡيَصُمۡهُۖ وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٖ فَعِدَّةٞ مِّنۡ أَيَّامٍ أُخَرَۗ يُرِيدُ ٱللَّهُ بِكُمُ ٱلۡيُسۡرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ ٱلۡعُسۡرَ وَلِتُكۡمِلُواْ ٱلۡعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُواْ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَىٰكُمۡ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ١٨٥ ﭼ [البقرة 185]
Моҳи Рамазон ҳамон моҳе аст, ки дар он Қуръон дар шаби Қадр батамом ва якбора аз Лавҳи Маҳфуз ва Байтулмаъмур дар осмони дунё фурӯ фиристода шудааст ва сипас Ҷабраил (а) онро сура ба сура ва оя ба оя дар муддати 23 сол бар қалби Паёмбари акрам (с) нозил кард, китобе, ки мардумро раҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят аст ва китобе, ки ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст. Пас, ҳар яке аз шумо ин моҳро дарёбад, бояд онро рӯза бидорад ва касе ки бемор ё дар сафар аст, бояд ба шумора он теъдоде аз рӯзҳои дигарро рӯза бигирад, Худо барои шумо осонӣ мехоҳад ва барои шумо душворӣ намехоҳад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки барои мариз ё мусофир рухсати хӯрдан додааст ва мехоҳад, ки шумораи муқаррарро такмил кунед ва то Худоро ба бузургӣ биситоед, ба рӯза гирифтан ва зикри вай, ба сипоси он ки раҳнамуниатон кардааст ба сӯи аҳкоми саросар манфиатбор ва бошад ки шукргузорӣ кунед. (Бақара 185)
Марди аъробие назди Паёмбар акрам (с) омад гуфт: «Эй Расули Худо (с), оё Парвардигори мо наздик аст, ки дар ин сурат бо вай муноҷот кунем, ё ки дур аст, то ӯро бонг занем?» Расули Худо (с) сукут карданд. Ҳамон буд, ки ин оя нозил шуд:
Худованд дуои бандагонашро мешунавад
ﭽأُجِيبُ دَعۡوَةَ ٱلدَّاعِ إِذَا دَعَانِۖ فَلۡيَسۡتَجِيبُواْ لِي وَلۡيُؤۡمِنُواْ بِي لَعَلَّهُمۡ يَرۡشُدُونَ ١٨٦ ﭼ [البقرة 186]
Ва ҳар гоҳ бандагонам дар бораи ман аз ту бипурсанд, ба эшон бигӯ: Ман наздикам ба онҳо бо илми хеш ва ба он чи ки муқтазои иҷобати дуо аст ва дуои дуокунандаро ба ҳангоме ки маро бихонад, иҷобат кунам.
Дар ҳадиси шариф омадааст: «Ҳамоно Худованди мутаол ҳаё мекунад аз ин, ки банда дастонашро ба сӯи Ў бо дуо бардорад, дар ҳол, ки аз Ў дар онҳо хайре мехоҳад ва Ў онҳоро холӣ бардонад»[1]. Пас онон, яъне бандагони ман, бояд барои ман фармонбардорӣ кунанд, яъне маро бихонанд ва ба ман имон оваранд, бошад ки роҳ ёбанд. (Бақара 186)
Рухсати хӯрдан, ошомидан ва ҳамбистарӣ дар шабҳои Рамазон
ﭽأُحِلَّ لَكُمۡ لَيۡلَةَ ٱلصِّيَامِ ٱلرَّفَثُ إِلَىٰ نِسَآئِكُمۡۚ هُنَّ لِبَاسٞ لَّكُمۡ وَأَنتُمۡ لِبَاسٞ لَّهُنَّۗ عَلِمَ ٱللَّهُ أَنَّكُمۡ كُنتُمۡ تَخۡتَانُونَ أَنفُسَكُمۡ فَتَابَ عَلَيۡكُمۡ وَعَفَا عَنكُمۡۖ فَٱلۡـَٰٔنَ بَٰشِرُوهُنَّ وَٱبۡتَغُواْ مَا كَتَبَ ٱللَّهُ لَكُمۡۚ وَكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ ٱلۡخَيۡطُ ٱلۡأَبۡيَضُ مِنَ ٱلۡخَيۡطِ ٱلۡأَسۡوَدِ مِنَ ٱلۡفَجۡرِۖ ثُمَّ أَتِمُّواْ ٱلصِّيَامَ إِلَى ٱلَّيۡلِۚ وَلَا تُبَٰشِرُوهُنَّ وَأَنتُمۡ عَٰكِفُونَ فِي ٱلۡمَسَٰجِدِۗ تِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِ فَلَا تَقۡرَبُوهَاۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ ءَايَٰتِهِۦ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَ ١٨٧ ﭼ [البقرة: 187]
Омезиши шумо бо занонатон дар шабҳои рӯза барои шумо ҳалол карда шуд. Онҳо барои шумо либосе ҳастанд ва шумо ҳам барои онҳо либосе ҳастед. Яъне, ҳар яке аз зану мард рафиқашро ҳамчун либос пӯшонида ва ӯро аз бадкорӣ бозмедорад. Худованд донист, ки шумо дар ҳаққи худатон хиёнат мекардед. Далел ин ки Худованди мутаол омезишкунандагони дар шабҳои рамазонро хоин бар нафсҳояшон номид, ин аст, ки зиёни ин кор ба худашон бармегардад.
Пас, тавбаи шуморо аз хиёнат ба нафсҳоятон пазируфт ва аз шумо даргузашт. Мурод ин аст, ки бар шумо осон гирифт ва майдонро бар шумо фарох гардонид. Пас, акнун дар шабҳои моҳи Рамазон метавонед бо онон омезиш кунед ва он чиро Худо барои шумо муқаррар дошта, талаб кунед. Ва бихӯред ва биошомед, то риштаи сафед аз риштаи сиёҳ намудор шавад!
Риштаи сафед сафедиест, ки дар ҳангоми бомдод дар ҳамаи паҳнии уфуқ мунташир мешавад. Риштаи сиёҳ сиёҳии шаб аст. Намудор шудани риштаи сафед ҷудо шудани он аз сиёҳии шаб мебошад, ки ин ҷуз бо дохил шудани вақти бомдод пайдо намешавад ва ин худ далел бар истеҳбоби тановули хӯроки саҳар дар рӯза аст. Пас аз он рӯзаро то фаро расидани шаб тамом кунед!
Бинобар ин, оғози ба итмом расонидани рӯза вақти ғуруби хуршед аст ва мустаҳаб аст, ки рӯзадор бо чанд адад хурмо ифтор намояд ва агар хурмо набувад, бо чанд ҷуръа об. Ва дар ҳоле ки дар масоҷид муътакиф ҳастет, бо занон дарнаёмезед, яъне бо онон алоқаи ҷинсӣ накунед!
Инҳо ҳудуди илоҳӣ аст, пас ба онҳо наздик нашавед! Ин гуна Худованд оёти худро барои мардум баён мекунад, бошад ки тақво пеша кунанд. (Бақара 187)
[1] Ривояти Ибни Ҳиббон ва Ҳоким