Духтаре аз Мексика
Дастабандиҳо
Full Description
Духтаре аз Мексика
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Таҳияи Фирдавси РАҶАБАЛӢ
2011 - 1432
﴿ قصة إسلام امرأة من المكسيك ﴾
«باللغة الطاجيكية»
إعداد: فردوس رجب على
2011 - 1432
Духтаре аз Мексика
Инояти илоҳӣ ва тобидани нури имон дар қалби як духтари яҳудӣ боис шуд, ки ӯ аз гумроҳию ғафлат бедор шуда, ба дини Ислом бипайвандад. Ӯ духтари Мексикӣ ва дар ҷустуҷӯйи ҳақиқат аст. Сабаби ба Ислом гаравиданашро чунин баён мекунад.
"Ҳудуди чаҳор сол пеш зиндагӣ дигар бароям ҳеҷ маъное надошт. Суолоти зиёдеро дар зеҳн доштам, ки дунболи ҷавобе барои он мегаштам, аммо дар ҳеҷ китоби яҳудӣ ва насоро посухе аз онҳоро намеёфтам. Суолҳое, ки ҳамеша фикр ва зикрамро ба худ машғул карда буд. Масалан, ба хотирам ин суол чарх мезад, ки чӣ гуна метавон бо парвардигори хеш ба таври мустақим робита барқарор кард.
Ҳангоме ки дар Лондон таҳсилоти донишгоҳиямро идома медодам бо хонаводаи мусулмоне ошно шудам, ки ин ошноӣ ва рафту омад сабаб шуд, то ба нуктаҳои посух наёфтаи худ посух ёбам. Оромиш ва итминоне, ки модари хонавода аз он баҳраманд буд, маро ба худ ҷалб кард. Вақте рози ин оромишро аз ӯ пурсидам гуфт: "дар Ислом ҳуқуқи зан ба таври равшану мушаххас баён шуда аст. Дар воқеъ Ислом шаъну манзалати занро дар назди шавҳар ва хонаводааш боло бурда аст. Ин калимот чун тире дар зеҳни ман зад ва бар ман асар гузошт ва боис шуд, то бо шитоби бештаре дунболи ҳақиқат бошам.
ВУРУД БА МАСҶИД…
Рӯзе барои ба яке аз боғҳои истироҳатии Лондон рафтан аз хона баромадам. Дар масири роҳ аз назди яке аз масҷидҳои бузурги Лондон гузаштам. Ба маҳзи расидан ба дари масҷид бе ихтиёр дохили масҷид шудам. Дар дохили масҷид шахси синну солрафтае истода буд. Вақте маро дид бо чеҳраи кушода ба тарафи ман омад ва аз ман хост, то барои эҳтироми масҷид рӯсарие бипӯшам. Ман бо камоли майл ҳарфашро пазируфтам. Сипас дохили масҷид шудам ва дар гӯшае нишастам. ӯ нусхае аз Қуръони карим ҳамчунин китобҳое ба забони англисӣ, ки мафоҳими Исломро шарҳ медод ба ман ҳадя кард. Вақте аз масҷид хориҷ шудам оромиш ва хушҳолии хоссе ба ман даст дода буд. Китобҳоро кам-кам мехондам, ҳамчунин дар маҷлисҳои суханроние, ки ҳар ҳафта дар масҷид ташкил мешуд ширкат мекардам. Бояд бигӯям, ки ин маҷлисҳо дар фаҳми маонии дин ва ҳақиқати Ислом бароям бениҳоят муассир буд. Ислом роҳеро дар муқобили инсон қарор медиҳад, то ҳар шахс чи дар мавриди зиндагӣ ва чӣ баъд аз он таклифашро бидонад. Барои ман он ҷолиб буд, ки мусулмонон ба тамоми паёмбарон аз Одам (а) то Муҳаммад(с) имон доранд. Аммо нуктае, ки маро шадидан таҳти таъсири худ қарор дода буд, он буд, ки ҳар фарди мусулмон бидуни восита бо Худо иртибот барқарор мекунад. Ду соли тамом фикрам ба ин масъалаҳо машғул буд. Аз як тараф ба дини Ислом ба шиддат алоқаманд шуда будам ва аз тарафи дигар аз хонаводаам метарсидам ва нигарони зиддияти онҳо будам. Билохира, баъд аз муддатҳои кашмакашӣ бо худ дар яке аз маҷлисҳои динӣ дар муқобили имоми масҷид истода, исломи худро эълом кардам. Ҳозирин аз мусулмон шудани ман бениҳоят хурсанд шуданд. Хушҳолии ман ҳам аз хушҳолии онҳо кам набуд, зеро аз ин лаҳза ба баъд ман ҳам як мусулмон будам.
МУОМИЛАИ ХОНАВОДААМ БАЪД АЗ ИСЛОМ
ОВАРДАНИ МАН
Муддати зиёде аз Ислом оварданам нагузашта буд, ки дарсҳои ман ба охир расид. Алҳамдулиллоҳ, дар онҷо ҳеҷ мушкилие надоштам, алалхусус бо ҳиҷоби комили исломӣ ба донишгоҳ мерафтам. Баъди тамом шудани таҳсилотам ба Мексика бозгаштам. Аввалин нафаре, ки аз тағйирёбии ман хабардор шуд падарам буд, ки аз одат ва рафтор ва ҳамчунин рӯсарие, ки дар сар доштам тааҷҷуб мекард. Рӯзе ногаҳонӣ падарам вориди утоқи ман шуд ва маро дар ҳоли намоз хондан дид. Мушкилоти ман аз он рӯз шурӯъ шуд. ӯ аслан аз Ислом овардани ман розӣ набуд. Ҳатто барои ман фурсат надод, то иллати мусулмон шуданамро барояш нақл кунам. Модар ва бародарам низ аз мусулмон шудани ман ҳайратзада буданд. Тамоми хешовандон маро таъна мекарданд. Падарам тасмим гирифта буд, ки маро аз хона биронад. Модарам бошад дар муқобили тасмими падарам хомӯширо ихтиёр карда, ҳатто кӯшише ҳам намекард, ки тасмими ӯро каме иваз кунад. Модар ва бародарам як соли тамом бо ман сухан намегуфтанд. Албатта, ман аз ин бархӯрди нохуби хонаводаам нороҳат нашуда будам ва бо онҳо ҷавобҳои хуб медодам. Зеро аз сифатҳои шахси мусулмон ин аст, ки дар ҳама ҳол сабр дошта бошад. Маро аз хона ронданд ва ман дар ҷойи дигаре барои худ ҷойи зист иҷора гирифтам. Албатта, бо хонаводаам тамос мегирам ва кӯшиш мекунам худамро ба онҳо наздик кунам.
Хушбахтона, ман бо ҷомеа ҳеҷ мушкилие надоштам. Бисёре аз дӯстонам фикр мекарданд, ки ман ба саратони сар мубтало шудаам ва сарам тос шудаасту аз ин рӯ, онро бо рӯсарӣ мепӯшонам ва ё гумонҳои дигареро ҳам матраҳ мекарданд. Ман аз фурсат истифода мекардам ва дини Исломро барои бисёре аз онҳо шарҳ медодам, ки ин барояшон хеле муассир буд. Ҳамингуна тавонистам, ки бисёре аз дӯстони наздикамро ба дини Ислом даъват кунам.
Васвасаи Шайтон….
Монанди ҳар инсони дигаре Шайтон маро васваса мекард, то аз роҳи рост хориҷ шавам .Тобистонҳои Мексика хеле гарм аст ва бо боло рафтании дараҷаи ҳаво рӯсарӣ пӯшидан каме мушкил буд. Вақте аз ин роҳ васваса мешудам бо "аъузу биллоҳ аз шайтон" ва истиғфор аз Худованди бузург паноҳ мебурдам. Рӯзе бародарам аз ман пурсид: "оё аз паёмбаратон сурате дорӣ? Гуфтам: "на". ӯ гуфт: "паёмбаратон Муҳаммадро дар хоб дидам, ки ба ман гуфт: "мо ҳеҷ касро ба пазируфтани дини Ислом маҷбур намекунем"! Баъд аз нақли ин хоб тағйироти қобили мулоҳизае дар рафтори бародарам мушоҳида кардам. ӯ тез-тез ба дидани ман меомад, аз ман хабар мегирифт ва бо ман сӯҳбат мекард.
ҲАМДУ СИПОСИ ХУДОВАНД
Аз Худованди бузург бисёр шукргузорам, ки неъмати Исломро бар ман арзонӣ дошт ва боис шуд, ки бо тамоми вуҷуд ба дини Ислом ошно шавам ва аз зулмату гумроҳӣ раҳоӣ ёбам. Ислом дини сулҳу дустӣ ва бахшоиш аст, ба тамоми динҳои осмонӣ эҳтиром мегузорад. Ислом ба ман омӯхт, ки чӣ гуна ба нафс эътимод дошта бошам. Дар воқеъ ман бо ин дин иззат ёфтам. Худованд ба мо наздик аст ва мутмаин бошед, ки агар холисона ба даргоҳи ӯ дуо кунем, дуои моро иҷобат хоҳад кард.