×
Ҳазрати Зубайр яке аз даҳ ёри биҳиштӣ ва узви Шўрои шашнафарӣ аст, ки ҳазрати Умар (р) умури хилофатро ба онҳо вогузор карда буд. Ў яке аз ҳомиён ва фидоиёни содиқи Расули акрам (с) буд.

    Ҳазрати Зубайр (р)

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳияи Саидмурод Шарифов

    2011 - 1432

    ﴿ سيرة الزبير بن العوام رضي الله عنه ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: سيد مراد شريفوف

    2011 - 1432


    Ҳазрати Зубайр (р)

    Абўабдуллоҳ Аззубайр ибни Аввом ибни Хувайлид ибни Асад ибни Абдуузо ибни Қусай ибни Килоб-ул-Қурашйӣ-ал-Асадӣ, номи ўст.

    Модараш Сафия бинти Абдулмуталиб, аммаи Расули акрам(с) ва падари ў Авом бародари Уммулмўъминин Хадиҷаи Кибриё (р) аст. Чаҳорумин ва ё панҷумин нафарест, ки мушарраф ба Ислом шудааст, тибқи баъзе ривоёт, дар дувоздаҳсолагӣ ва тибқи баъзе аз дигар ривоёт, дар ҳаштсолагӣ даромадан ба Ислом барояш муяссар гардидааст.

    Ҳазрати Зубайр яке аз даҳ ёри биҳиштӣ ва узви Шўрои шашнафарӣ аст, ки ҳазрати Умар (р) умури хилофатро ба онҳо вогузор карда буд. Ў яке аз ҳомиён ва фидоиёни содиқи Расули акрам (с) буд ва дар Маккаи мукаррама азияту озори куффорро таҳаммул кард. Боре амакаш талош кард, ўро аз Ислом баргардонад, вале муқовимат ва побарҷотар шудани Зубайр дар Ислом афзоиш меёфт. Ў «Зулҳиҷратайн» аст, яъне ду бор ҳиҷрат ба Ҳабаша насиби ў шуда буд.

    Ў аввалин касест, ки дар Ислом алайҳи куфру ботил шамшер кашид.

    Рўзе дар Маккаи мукаррама овоза шуд, ки Расули Худо (с) кушта шудааст.

    Ҳазрати Зубайр, ки ҳудуди 11 сол дошт, шамшерро бардошта, аз хона берун рафт ва бо Расули акрам (с) мулоқот кард. Он Ҳазрат (с) зимни сўҳбат пурсид, ки чаро шамшер бардоштаӣ? Ў дар посух гуфт, ки хабаре шунидам ва қасд кардам, то бо бадхоҳони ту биҷангам. Он гоҳ Расули акрам (с) барои ў ва шамшераш дуъо кард. Агарчи тамоми зиндагии Зубайр пур аз ифтихороту имтиёзҳои бузург аст, вале мо зикри чанде аз онҳоро басанда мебинем.

    Фариштагон дар шаклу симои ў дар Бадр нозил шуданд

    1. Ибни Саъд бо санади саҳеҳ ривоят кардааст, ки дар рўзи ҷанги Бадр ҳазрати Зубайр аммомаи зардранге бар сар печида буд. Ва Паёмбар (с) фармуд: имрўз фариштагони илоҳӣ дар шаклу симои Зубайр ба Бадр омадаанд («Ал-исоба», ҷилди 1, саҳ.527).

    2. Дар ҷанги Аҳзоб Расули акрам (с) фармуд: чӣ касе аз душманон барои мо хабар меоварад? Ҳазрати Зубайр изҳор дошт: ман. Он гоҳ рафт ва

    хабар овард. Бори дуввум низ эълом шуд, ў рафт. Бори саввум низ эълом шуд, боз ҳам Зубайр рафт ва мавқеъияти душманро барои Паёмбар (с) баён кард. Он гоҳ он Ҳазрат фармуд: барои ҳар паёмбаре як ҳаворӣ вуҷуд дорад ва ҳаворӣ (ёри фидокор ва пешмарг)-и ман Зубайр

    аст. Сипас фармуд: падару модарам фидои ту бод.

    Хушо ба ҳоли касе, ки Расули Худо (с) падару модари хешро фидои ў кунад.

    3. Зубайр дар тамоми ҷангҳо ширкат дошт ва дар рўзи фатҳи Макка парчамдори яке аз се парчами муҳоҷирин буд. Расули акрам (с) дар он рўз гарду ғуборро аз сару сурати аспи вай пок кард ва барояш ду саҳм аз моли ғанимат дар назар гирифт.

    4. Паёмбар (с) дар Маккаи мукаррама замоне ки барои аввалин бор дар Ислом ҳазрати Зубайр шамшер кашид, барои ў ва шамшери ў дуъои хайр карданд.

    Фазоил ва ма ноқиби ҳазрати Зубайр(р)

    Он чӣ зикр шуд, фазилат ва манқабаи волои ҳазрати Зубайрро ба хубӣ возеҳу равшан мекунад. Дар зер ба фазоили дигаре дар ин маврид мепардозем:

    1. Расули акрам (с) фармуд: Талҳа ва Зубайр ҳамсоягони ман дар биҳиштанд.

    2. Ҳазрати Умар (р) мефармояд: Зубайр сутуне аз сутунҳои дин аст.

    3. Ў нахустин касе аз муҳоҷирин дар Мадина буд, ки соҳиби фарзанде бо номи Абдуллоҳ шуд. Таваллуди Абдуллоҳ боиси шодию фараҳи фавқулоддаи муслимин гардид, зеро яҳуд эълон карда буд, ки мо мусалмононро ҷоду кардаем ва онҳо соҳиби фарзанд нахоҳанд шуд.

    4. Дар тамоми ҷангҳо бо Паёмбар (с) ҳамроҳ буд ва дар ғазваи Бадр фақат ў ва Миқдод ибни Асвад буданд, ки ду асп доштанд.

    5. Дар ҳадиси ашараи мубашшара( 10 нафаре ки расули худо (с) онҳоро башорат ба ҷаннат дода аст) қаблан дар фазоили ҳазрати Талҳа (р) зикр шуд, ки Расули акрам (с) даҳ нафар аз ёрони хешро муждаи қатъии биҳиштӣ буданро дод ва дар радифи онҳо номи ҳазрати Зубайр низ ҳаст.

    6. Дар ғазваи Бани Қурайза, ҳангоме ки муҳосираи он тўлонӣ шуд, Расули акрам (с) ҳазрати Алӣ ва ҳазрати Зубайрро барои фатҳи қалъа маъмурият дод. Онҳо аз болои девори қалъа ба дохили қалъа рафтанд ва яҳуд аз ҷасорати онҳо ба таҳлука афтоданд ва фатҳ насиби мусалмонон шуд.

    Шоъири дарбори рисолат Ҳасан ибни Собит васфу мадҳи ҳазрати Зубайрро чунин ба риштаи тасвир мекашад: «Ҳавории Расул бар аҳду роҳи Муҳаммад по барҷо монд ва гуфтораш бо кирдораш ҳамоҳанг аст. Ў бар манҳаҷу (роҳи фарох) тариқи Паёмбар қарор гирифт ва бо соҳиби Ҳақ муволоту (муносибати дўстона доштан) дўстӣ гузид ва Ҳақ росттарин тариқ аст»

    (тарҷумаи таҳтуллафзӣ).

    Зубайр аз дидгоҳи Алӣ

    Сериоли «Парвонаҳо менависанд» чеҳраи поки ҳавории Расули акрам (с)-ро душмани ҳазрати Алӣ муъаррифӣ мекунад ва ба мухотабон талқин менамояд, ки ў ба дунболи мансаби хилофат ва як инсони ҷоҳталаб будааст. Мо дар ин бора қазоватро бар ўҳдаи хонандагон вогузор мекунем, то дар партави он чӣ ин ҷо баён шуд ва дар сатрҳои оянда низ баён хоҳад шуд, ба қазоват биншинанд, вале бингарем, ки Асадуллоҳ-Шери Худо, ҳазрати Алӣ (р) дар ин бора чӣ қазоват фармуда. Алӣ ибни Абўтолиб мегўяд: аз Расули акрам (с) шунидам, ки фармуд: Талҳа ва Зубайр ҳамсоягони ман дар биҳиштанд.

    - Ҳангоме ки Ибни Ҷурмузи малъун, қотили ҳазрати Зубайр назди ҳазрати Алӣ омад ва иҷозаи вуруд ба маҳзари эшонро хост, ҳазрати Алӣ (р) изҳор дошт: Аз боргоҳи илоҳӣ умедворем, ки ману Талҳа ва Зубайр аз касоне бошем, ки Худованд дар ҳаққи онон фармуда:

    Дар биҳишт онҳо бар тахтҳое рў ба рўи якдигар нишастаанд ва буғзу кинаро аз дилҳо берун овардаанд («Ибни Саъд», ҷ. 3, саҳ.113).

    - Ҳаногоме ки Ибни Ҷурмузи лаъин шамшери ҳазрати Зубайрро назди ҳазрати Алӣ овард, ҳазрати Алӣ онро гирифту бўсид, бисёр гиря кард ва чунин изҳор дошт: ба Худо савганд, муддатҳои зиёде ин шамшер ғаму андўҳро аз чеҳраи зебои Расули акрам (с) зудудааст» (ҳамон ҷо, саҳ. 112).

    - Ҳангоме ки Ибни Ҷурмузи лаъин ҳазрати Зубайрро шаҳид кард, назди ҳазрати Алӣ (р) омад ва ў ин подошро ба вай дод: «Қотили Зубайр, фарзанди Сафияро башорати дўзах бод» (ҳамон ҷо, саҳ. 106).

    Инфоқи молу сарват дар роҳи Аллоҳ Яке аз бузургтарин эродҳои тарроҳони сериоли «Парвонаҳо менависанд», доштани молу сарвати зиёди ҳазрати Зубайр (р) аст, ки аз диди онҳо, гўё Ислом бо низоми сармоядорӣ мухолиф аст ва бояд низоми иштирокӣ дошта бошад. Ғофил аз ин ки молу сарвати ҳалол неъмате аз неъматҳои илоҳист, ки ба ҳар як аз бандагони худ медиҳад.

    Албатта, сарвату моле, ки аз тариқи машруъ ба даст ояд, покиза ва мавриди таъйиди Ислом аст. Ҳоло бингарем, ки ҳазрати Зубайр (р) ин сарватро аз куҷо оварда буд.

    - Расули акрам (с) боғи бузурге дар Мадинаи мунаввара ба ў иноят карда буд.

    - Ҳазрати Абўбакри Сиддиқ (р), ки падари ҳамсари вай Асмо аст, минтақаи «Ҷарф»-ро дар ҳаволии Мадина ба ў бахшид.

    - Ҳазрати Умар (р) ба пайравӣ аз ду салафи хеш минтақаи «Ақиқ»-ро ба ў дод.

    - Ҳазрати Усмон (р) маблағи 600 ҳазор дирҳамро ба ў бахшид.

    Илова ба ин ҳама ва бо таваҷҷўҳи он ки яке аз қаҳрамонони майдони ҷанг буд, ҳамвора аз моли ғанимат саҳмияе ба ў мерасид ва машғули тиҷорату бозаргонӣ низ буд. Вале ў аз молу сарвати хеш ҳамвора дар роҳи Аллоҳ инфоқ мекард.

    Саъид ибни Абдулазиз мегўяд: ҳазрати Зубайр ҳазор ғулом дошт, ки молиёти даромади хешро ба ў пардохт мекарданд ва ў ҳар шаб он маблағҳоро миёни фуқаро ва мустамандон тақсим карда, дасти холӣ ба хона бармегашт.

    Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Зубайр мегўяд: «Падарам, Зубайр дар ҳоле шаҳид шуд, ки ҳеҷ дирҳаму диноре аз худ бар ҷой нагузошт ва аз он ҳама молу сарват фақат ду қитъа замин ва теъдоде манзил боқӣ монда буд».

    Пас аз ин ки музокира миёни Талҳа, Зубайр ва Алӣ сурат гирифт, Талҳа ва Зубайр тасмим гирифтанд, то аз ҷанг канорагирӣ кунанд. Онҳо майдони набардро раҳо карда, озими Мадинаи

    мунаввара шуданд. Зубайр ба дарае расид ва дар он ҷо машғули намоз шуд.

    Ҳамин вақт Ибни Ҷурмузи лаъин бо ҳиллаю макр бар вай ҳамла карда, ўро ба шаҳодат расонд.

    Натиҷа

    Бо таваҷҷўҳ ба он чӣ баён шуд, нукоти зер ба унвони натиҷаи баҳс тақдим мегардад:

    Ҳазарот Талҳа ва Зубайр аз ёрони мухлис ва фидокори Паёмбар (с) буданд ва ў аз онҳо хушнуд буд. Худованди мутаъол низ эъломи ризоияту хушнудӣ намуданд, чунонки дар мавриди 1400 нафар аз саҳоба, ки дар зери дарахти Худайбия бо Расули акрам (с) байъат карданд, мефармояд: «Ҳамоно Худованд аз мўъминон (саҳоба), ки дар зери дарахт (дар Ҳудайбия) бо ту байъат карданд, розӣ ва хушнуд аст ва Ў асрори дилҳои онҳоро низ донистааст».

    Уммати Ислом то қиёмат марҳуну (ба гарав додашуд) мадюни хадамот, фидокорӣ ва ҳамосаҳои саҳобаи киром аст, тибқи фармону тавсияи илоҳӣ, муваззаф аст, ҳамвора барои онҳо дуъои хайру мағфират кунад. Мо кўчактар

    аз онем, ки аз парвонагони шамъи рисолат интиқод кунем. Онҳо поку холис буданд, интиқоду эътирози мо бар онҳо ба андозаи оби даҳан андохтан ба сўйи осмон аст ва Паёмбар (с) моро аз таъну ташнеъи саҳоба ва ёрони хеш сахт

    барҳазар доштааст.

    Бузургтарин шоҳиду далел садоқат, ихлос, покӣ ва ҳаққонияти саҳобаи гиромӣ Қуръони азимушшаън аст, ки мефармояд: «Худованд аз эшон розист ва онҳо аз Худованд розӣ». Ҳамчунин нисбат ба муҳоҷирини аввалин, ки Талҳа ва Зубайр (р) аз саромадони онҳоянд, мефармояд: «Пешгирандагони нахустин дар Ислом аз муҳоҷирину ансор ва касоне, ки бахубӣ аз онҳо пайравӣ кунанд, Худованд аз онҳо хушнуд аст ва эшон низ аз Худованд хушнуд. Худованд барои онҳо биҳишту боғҳое омода карда, ки аз зери дарахтони он наҳрҳое ҷорист ва барои ҳамеша дар он хоҳанд монд. Ин аст растагории бузург» («Тавба», 100).

    -Талҳа ва Зубайр аз муҷоҳидони ширкаткунанда дар ғазваи Бадр-анд ва нисбат ба муҷоҳидини Бадр Худованди мутаъол эъломи афви пешопеш аз хатоҳои онҳо кардааст, чунон ки Расули акрам(с) фармуда: Худованд мефармояд: «Эй муҷоҳидини Бадр! Худованд шуморо пешопеш мавриди афв қарор додааст» («Саҳеҳи Бухорӣ», ҷилди 5, саҳ.107).

    Ҳазрати Зубайр писари аммаи Паёмбар (с) ва бародарзодаи уммулмўъминин Хадиҷаи куброст.

    Ҳазрати Зубайр нахустин касест, ки дар Ислом алайҳи куфр шамшер кашид.