×
Қудрати Худованди бузургро баёд биёр. Ба ёд дошта бош он ҳангомеро ки ба гуноҳе даст мезани, Худованд туро дида истодааст. Ба ёд дошта бош ки ин ҷасадро Худованд барои ту насиб кардааст, ва ту боши бо ҳамин ҷасад нофармонии уро мекуни, бидон ки ҳар лаҳзае мумкин аст, ки туро аз яке аъзоҳоят маҳрум гардонад.

    Пеш аз ин ки ба гуноҳе даст бизани!

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳия: Ҳомидов Мисбоҳиддин

    2011 - 1432

    ﴿ تذكر قبل أن تعصي ﴾

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد: مصباح الدين حاميدوف

    2011 - 1432

    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

    Пеш аз ин ки ба гуноҳе даст бизани!

    ► Қудрати Худованди бузургро баёд биёр.

    ۩ Ба ёд дошта бош он ҳангомеро ки ба гуноҳе даст мезани, Худованд туро дида истодааст.

    ۩ Ба ёд дошта бош ки ин ҷасадро Худованд барои ту насиб кардааст, ва ту боши бо ҳамин ҷасад нофармонии уро мекуни, бидон ки ҳар лаҳзае мумкин аст, ки туро аз яке аъзоҳоят маҳрум гардонад.

    ۩ Ба ёд дошта бош, ки китоби аъмоле дори ки малоикаҳо бо амри Худованди бузург ҳар як амалатро дар он навишта истодаанд.

    ۩ Ба ёд дошта бош, ки чуноне ки Паёмбар (с) хабар додааст, банда бо сабаби гуноҳонаш аз ризқу рузи маҳрум мегардад.

    ► Гуноҳ ва ҳасрату пушаймонии бесудро аз он, ба ёд дошта бош.

    ۩ Ба ёд дошта бош, ҳар як лаззати ҳароме ки аз гуноҳ мечаши раванда аст, аммо гуноҳу шармандагияш боқи мемонад.

    ۩ Ба ёд дошта бош, ки гуноҳ, гуноҳи дигареро ба суи худ мекашонад, то ин ки гуноҳон чамъ мешаванду гунаҳкорро ҳалок месозанд.

    ► Марг ва сакароти онро фаромуш накун.

    ۩ Ба ёд дошта бош, ки марг қатъ кунандаи тамоми лаззатҳост.

    ۩ Ба ёд дошта бош, он ҳангомеро ки ҷони туро аз бадан берун месозанд, ва ҳангоме ки ҷон ба ҳулқумат мерасад.

    ۩ Ба ёд дошта бош ин сухани Худовандро:

    ﭽﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽ ﭾ ﭿ ﮀ ﮁ ﭼ القيامة: ٢٩ – ٣٠

    "Ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд. он рӯз, рӯзи рафтан аст ба сӯи Парвардигорат".

    ۩ Ба ёд дошта бош ин сухани Худовандро:

    ﭽﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖﯗ ﯥ ﭼ المؤمنون: ٩٩ - ١٠٠

    "Чун якеашонро марг фаро расад, мегӯяд: «Эй Парвардигори ман, маро бозгардон. (ба ҳаёти дунё).Шояд корҳои шоистаеро, ки тарк карда будам ба ҷой оварам"

    ► Торикии қабрро фаромуш накун.

    ۩ Ба ёд дошта бош, ки дар қабрат касе туро ба ҷуз амалҳое ки дар дунё анҷом дода буди, ҳамроҳият намекунанд.

    ۩ Ба ёд дошта бош чанд шаберо баъд дафн шуданат, ҳангоме ки кафанат пора мегардад, ва буяд тағийр меёбад, ва рафтани кирмҳоро дар баданат эҳсос кун, сипас аз худат бипурс, аз ин гуноҳон чи ба даст меори.

    ۩ Ба ёд дошта бош, он марди бадруеро ки дар қабр ба наздат меояд ва мегуяд: туро башорат медиҳам ба ҳар чизе ки хушат намеояд, ин ҳамон рузе аст ки туро дар борааш хабар дода буданд, ва ту мегуи: ту ки ҳасти аз руи ту ҳеч хушие намеояд, у ба ту мегуяд: ман ҳамон амалҳои бади ту ҳастам ки дар дунё анҷом дода буди.

    ► Ба ёд ор сахтии ҳисобу китоби рузи қиёматро.

    ۩ Ба ёд дошта бош рузеро, ки тамоми таърихат ошкор мегардад, ончи ки дар китоби аъмолат навишта шуда буд ошкор мегардад, ва ҳатто ҷасадат ошкор мегардад, чуноне ки Худованд мефармояд:

    ﭽ ﮑ ﮒ ﮓ ﮔ ﮕ ﮖ ﮗ ﭼ الحاقة: ١٨

    "Он рӯз шуморо пеш оваранд ва ҳеҷ чизе (аз шумо ё амали) шумо ниҳон нахоҳад монад"

    ۩ Ба ёд дошта бош он ҳангомеро, ки дар миёни мардум ҳасти ва номатро садо мекунанду мегуянд: биё дар назди Худованд барои ҳисобу китоб ҳозир шав, ва дар ин ҳангом аз ҷоят баланд мешави, ва ба ҷуз ту каси дигаре аз ҷояш намеҷунбад, дар ин ҳол аз тарсу ҳарос қадамҳоят ва тамоми аъзоҳоят дар ларза медароянд, сипас китоби аъмолатро ба суят равона месозанд, ва уро бо дасти чапат аз тарафи пушт мегири, ва дар ин ҳангом нидое баланд мешавад ки фалони фарзанди фалони чунон бадбахте гашт ки дигар хушиву саъодатро ҳеҷ вақт нахоҳад чашид.

    ۩ Ба ёд дошта бош он ҳангомеро, ки падару модар, зану фарзанд, бародару хоҳар, ва тамоми дустон, аз дидани ту руй дар гурезанд.

    ۩ Ба ёд дошта бош он ҳангомеро, ки аъзоҳоят ба сухан меоянд, ва бар зиди ту шаҳодат медиҳанд.

    Худованд аз ин рузҳо нигоҳ дорад.