×
Як маҷмуъа аз суолҳои муҳим бо ҷавобҳои мухтасар ки дар ҳаёти инсон зарур мебошад, дар баён намудани маротиби гуноҳҳо.

    Суолҳои муҳим бо ҷавобҳои кутоҳ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳия ва тарҷума: Мусъаби Ҳамза

    2011 - 1432

    أسئلة وأجوبة في العقيدة

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد وترجمة: مصعب حمزة

    2011 - 1432

    Суолҳои муҳим бо ҷавобҳои кутоҳ

    Бузургтарин гуноҳ чист?

    Бузургтарин гуноҳ ширки акбар аст.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯﭰ ﭱ ﭲ ﭳ ﭴ ﭵ ﭼ لقمان: ١٣

    "Ва (ёдовар шав) он гоҳ, ки Луқмон ба писараш гуфт ва ӯро панд медод, ки эй писараки ман, ба Худо ширк маёвар, ҳаройна, ширк ситамест (зулмест) бузург" (Луқмон 13)

    Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) пурсида шуд, ки кадом гуноҳ бузургтар аст? Гуфт: «Ин ки барои Худованд шарик қоил шави, дар ҳоле ки Ӯ туро халқ кардааст».

    Ширки акбар чист?

    ﭧ ﭨ ﭽ ﮋ ﮌ ﮍ ﮎ ﮏ ﮐ ﮑ ﮒ ﮓ ﭼ الجن: ٢٠

    Бигӯ: «Танҳо Парвардигорамонро мехонам ва ҳеҷ касро шарики ӯ намесозам» (Ҷин 20)

    Расули Худо (Дуъову дуруд бар у бод) мефармояд: "Бузургтарини гуноҳони кабира шарик овардани ба Худо аст" (Бухорӣ)

    Зарари ширки акбар чист?

    Ширки акбар сабаби дар оташи дузах абади мондани инсон мебошад.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽ ﭾ ﭿ ﮀ ﮁ ﮂ ﮃ ﮄ ﭼ المائدة: ٧٢

    «Зеро ҳар кас, ки барои Худованд шарике қарор диҳад, Худо биҳиштро бар ӯ ҳаром кунад ва ҷойгоҳи ӯ оташ аст». (Моида 72)

    Пайғамбари Худо мефармояд: «Касе дар ҳоле бимирад ки ба Худо чизеро шарик биёрад, дохили оташи дузах мешавад» (Муслим)

    Оё амал (ибодат, намоз, руза, корҳои нек…) ҳамроҳи ширк фоидае мерасонад?

    (Яъне инсон ҳам ибодат кунад, намозу руза ва амалҳои некро ба ҷой орад, ва дар баробари он ба Худованд шарик қоил шавад, оё он ибодатҳо ва амалҳои нек ки анҷом медиҳад барояш фоидае мерасонад ё не?)

    Анҷоми амалҳо ва ибодатҳо бо ҳамроҳии шарик овардан ба Худо фоидае надорад.

    ﭧ ﭨ ﭽ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﭼ الأنعام:٨٨

    «Ва агар ширк оварда буданд, аъмоле, ки анҷом дода буданд, нобуд мегардид» (Анхом 88)

    Дар ҳадиси Қудси омадааст, ки Худованд мефармояд: «Касе ки амалеро анҷом диҳад ва бо ман дигар чизро шарик гардонад дар он амал, тарк кардам уро ва ширкашро» (Ҳадиси Қудси, Муслим)

    Оёо ширк дар байни мусулмонон вуҷуд дорад?

    Бале, мутассифона хеле зиёд аст.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭰ ﭼ يوسف: ١٠٦

    «Ва бештарашон ба Худо имон наёваранд, балки ҳамчунон мушриканд» (Юсуф 106)

    Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: «Қиёмат барпо намешавад то инки баъзе аз қабилаҳои умматам бо мушрикон бипайванданд, ва то инки бутҳо парастида шаванд» (Тирмизӣ)

    Ҳукми дуо кардани ғайри Худованд чист, мисли авлиё?

    Дуъои ғайри Худованд ширк аст ва аз асбоби дохил шудани дузах мебошад.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭵ ﭶ ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽ ﭾ ﭼ الشعراء: ٢١٣

    «Пас ба Худои якто худои дигареро махон, то мабодо дар шумори азобшавандагон дарои» (Шуро 213)

    Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: «Касе бимирад дар ҳоле ки барои Худо шарике қарор додааст ва уро дуо мекунад, дохили дузах мешавад» (Бухори)

    Оё дъуо ибодат аст барои Худованд?

    Бале, дуо барои Худованд ибодат аст.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭼ غافر: ٦٠

    «Парвардигоратон гуфт: «Дуъову илтиҷо кунед Маро, то (дуъои) шуморо иҷобат кунам» (Ғофир 60)

    Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: «Дуъо ибодат аст» (Тирмизӣ)

    Оё мурдагон дуъоро мешунаванд?

    Мурдагон дуъоро намешунаванд.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭼ النمل: ٨٠

    «Ҳаройна, ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ» (Намл 80)

    Худованд дар ҷои дигар мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭤﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭰ ﭱ ﭲ ﭼ فاطر: ٢٢

    «Ва зиндагону мурдагон баробар нестанд. Албатта, Худо ҳар киро хоҳад, мешунавонад. Ва ту наметавонӣ сухани худро ба мурдагоне, ки дар гӯр хуфтаанд, бишунавонӣ» ( Фотир 22)

    Расули Худо (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: «Дар ҳақиқат барои Худованд дар замин фариштаҳои сайёҳе аст, саломи умматамро бароям мерасонанд». (Аҳмад)

    Оё аз мурдагон ё ғоибон ёри талаб мекунем?

    Аз онҳо ёри талаб намекунем, балки аз Худованд ёри талаб мекунем.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭼ الأنفال: ٩

    «Ва (ба ёд оред) он гоҳ, ки аз Парвардигоратон ёрӣ хостед ва Худо бипазируфт» ( Анфол 9)

    Пайғамбари Худоро (Дуову дуруд бар у бод) агар ғаму андуҳе мерасид чунин мегуфт: «Ё Ҳайю ё Қайюм ба раҳмати ту ёри металабам» (Тирмизи).

    Оё аз ғайри Худованд кумак хостан ҷоиз аст?

    Кумак хостан аз ғайри Худованд ҷоиз нест.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭼ الفاتحة: ٥

    «Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем» (Фотир 5)

    Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: «Ҳар вақт чизе хости аз Худо бихоҳ, ва ҳар кумак хости аз Худо кумак бихоҳ» (Тирмизи)

    Оё аз зиндаҳое ки ҳозир ҳастанд кумак хостан ҷоиз аст?

    Бале дар он чизе ки дар ба ҷой овардани қодир ҳастанд.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﯭ ﯮ ﯯ ﯰﯱ ﯲ ﯳ ﯴ ﯵ ﯶﯷ ﯸ ﯹﯺ ﯻ ﯼ ﯽ ﯾ ﯿ ﭼ المائدة: ٢

    «Ва дар некӯкорӣ ва парҳез ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ки ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад» (Моида 2)

    Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: «Худованд ёри ва кумак мекунад бандаашро, модоме ки бандааш дар ёри ва кумаки бародараш аст» (Муслим).

    Яъне инсон ҳама вақт бояд дар ёри додани бародараш кутоҳи накунад, то вақте ки дар роҳи рост ва хайр бошад, аммо кумак кардан дар гуноҳ гуноҳ мебошад.

    Оё барои ғайри Худованд назр кардан ҷоиз аст?

    Назр кардан фақат барои Худованд ҷоиз аст.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﮡ ﮢ ﮣ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﭼ آل عمران: ٣٥

    «Ва зани Имрон гуфт: «Эй Парвардигори ман, назр кардам, ки он чӣ дар шикам дорам, озод бошад (яъне аз кори ин ҷаҳон озоду танҳо дар хидмати Ту бошад). Ин назрро аз ман бипазир, ки бешак Ту шунаво ва доноӣ» ( Оли имрон 35)

    Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: «Ҳаркасе назр кард ки Худоро итоат мекунад, пас итоат кунад, ва ҳар касе назр кунад, ки Худоро гуноҳ мекунад, пас гуноҳ накунад» (Бухорӣ)

    Оё қурбони барои ғайри Худованд ҷоиз аст?

    Қурбони барои ғайри Худованд ҷоиз нест, зеро он ширки акбар мешавад, ва ширки акбар инсонро аз дин хориҷ мекунад.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﮊ ﮋ ﮌ ﮍ ﭼ الكوثر: ٢

    «Пас, барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун» (Кавсар 2)

    (Яъне қурбони фақат барои Худованд аст, ва қурбони баро шахсе ё ҷое мисли мазор ё сари қабре қурбони кардан ҷоиз нест, зеро қурбони ибодат аст ва барои дигар кас ё мурда, касе ки набошад карданаш гуноҳ ва ширки акбар мебошад.)

    Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: «Худованд касеро ки барои ғайри Худо қурбони мекунад лаънат гуфтааст» (Муслим)

    Оё тавоф кардан дар гирди қабр ҷоиз аст?

    Тавоф кардан фақат дар гирди Каъба ҷоиз аст.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﭼ الحج: ٢٩

    «Ва бар он хонаи кӯҳансол тавоф кунанд» ( Ҳаҷ 29) (Яъне Каъба)

    Пайғамбари Худо (Дуову дуруд бар у бод) мефармояд: «Ҳар касе ки гирди хонаи Худо (Каъба) ҳафт маротиба тавоф кард, ва ду ракаат намоз гузошт, гуё як ғуломро озод кардааст» (Ибни Моҷаҳ).

    (Яъне савоби як ғулом озод карданро соҳиб мешавад).

    Оё ҷоиз аст ки дар рубаруи қабр намоз хони? (яъне ру тарафи қибла боши ва дар пешат қабр бошад, ва ба тарафи у намоз хони)

    Дар ҳоле ки қабр дар рубаруят бошад ба суи у намоз хондан ҷоиз нест.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﮧ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﯓﭼ البقرة: ١٤٤

    «Пас рӯй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, рӯй ба он ҷониб кунед» ( Бақара 144).(Яъне ру ба тарафи қибла кун, ва дар куҷое ки набошед руй бӣа тарафи қибла кунед).

    Пайғамбари Худо мефармояд: «Бар болои қабрҳо (пеши) нашинед, ва ба суи қабрҳо намоз нахонед» (Муслим)

    Худованд ҳамаи моро аз воқеъ шудан дар гуноҳони кабира ва сағира ва хусусан дар куфру ширк нигоҳ дорад. Омин.