×
Шаби никоҳ падар духтари худро васият карда гуфт: Духтарам, барпо кардани оила кори осон нест ва масъулиятҳои зиёдеро дар пай дорад.

    Васияти падар ба духтараш

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Сомонаи: Nahzat.tj

    2011 - 1432

    وصايا أب لابنته

    «باللغة الطاجيكية »

    الموقع: Nahzat.tj

    2011 - 1432

    Васияти падар ба духтараш

    1. Шаби никоҳ падар духтари худро васият карда гуфт: Духтарам, барпо кардани оила кори осон нест ва масъулиятҳои зиёдеро дар пай дорад. Масъулияти аввал ин аст, ки дар ин сафари дароз дар корҳои ҳамсарат ва баъд аз он ба фарзандону наберагон эҳтимом бидиҳӣ. Баъзе аз духтарон издивоҷ мекунанд, то аз қайди волидайн халос шаванд, тасаввур мекунанд, ки издивоҷ аз мушкилот холист, дар ҳоле ки ин гумони хатост. Волидайн зидди фоидаи фарзанд ва хушбахтии онҳо нестанд. Бояд духтарон бидонанд, ки озодии бисёр дар хонаи падар аст, на дар хонаи шавҳар.

    2. Духтарам, издивоҷ роҳату хоби пай дар пай нест. Зани комёб он занест, ки хидмати хонаи шавҳарашро хуб анҷом бидиҳад. Вай молики хона ва вазири молия аст, яъне ҳамроҳи шавҳараш масрафи хонаро ба ӯҳда мегирад. Вазири дохилӣ мебошад, яъне амни хонаро ҳифз мекунад. Вазири маориф аст, яъне таълимдиҳанда ва тарбиякунандаи фарзандон мебошад. Дар дили фарзандон муҳаббат ва ҳамкорӣ бо дигаронро бедор месозад.

    3. Духтарам, аз он корҳое, ки мешунавӣ ва мебинӣ дарси ибрат бигир. Байни ҷавонон ҳодисаи талоқ бисёр рух медиҳад, сабабаш он аст, ки баъзе ҷавондухтарон ба хотире издивоҷ мекунанд, ки баъд аз издивоҷ бо шавҳари худ дар бозорҳо сайру гашт карда, дар тарабхонаҳо таом хӯрад ва машғули тамошо кардани барномаҳои телевизионӣ шавад. Ба воситаи телефон бо дӯстонаш сӯҳбат кунад, либосҳои нав ба нав пӯшад, аз зару зевар истифода барад, ба мошини хуб савор шавад, дар хонаи бо шукӯҳ зиндагӣ кунад ва орзу дорад, ки ба ӯ хидматгорҳо хидмат намояд. Бидон, ки агар ният аз издивоҷ ҳамин бошад, байни ҷавонон талоқ бисёр рух медиҳад, зеро зиндагӣ пастиҳо ва баландиҳое дорад, ки бояд онро дар назар гирифт.

    4. Духтарам, бидон, ки шавҳарат роҳ рафтан дар кӯчаҳои пур аз хоку ифлосиро бардошт мекунад, лекин дақиқае наметавонад дар курсии ғуборолуди хонаи худ биншинад. Дар ошхона ва дар назди дӯстон ҳар навъ хӯрокро мехӯрад, лекин инро дар хонаи худ бардошт карда наметавонад. Вақте аз кор бармегардад ва дари хонаро боз мекунад, орзу дорад, ки ҳамсараш ӯро бо табассуми ширин, калимаҳои хуб, чеҳраи кушода пешвоз гирад. Агар хоҳӣ, ки зиндагиат дуру дароз гардад, ба шавҳарат табассум кун, агар хоҳӣ, ки зиндагии ширину гуворо надошта бошӣ, ҳоҷат ба заҳр додан нест, кофист, ки ӯро бо рӯйи турш пешвоз бигирӣ.

    5. Духтарам, бидон, ки духтарони имрӯза ба корҳои беҳуда аҳамият медиҳанд ва аз корҳои саодатбахш ғофиланд. Ғофил будан аз ин корҳо зиндагии инсонро сиёҳу тира месозад. Саодатмандию хушбахтӣ дар хонаи калону пур аз лавозимот нест, балки дар дили калону гарм эҳсоси амиқ ва итоати Худову Расул аст.