Ҳаёти мо дар ин ҳикоя
Дастабандиҳо
Full Description
Ҳаёти мо дар ин ҳикоя
] Тоҷикӣ – Tajik – طاجيكي [
Таҳияи: Мусаби Ҳамза
2011 - 1432
﴿ حياتنا في هذه القصة ﴾
« باللغة الطاجيكية »
إعداد: مصعب حمزة
2011 – 1432
Ҳаёти мо дар ин ҳикоя
Рузе аз рузҳо марде ҳамроҳи ҳамcар ва фарзандонаш бо мошини шахсии худ ба сафар баромад, сафари дуру дарозе.
Дар роҳ бо марде вохурданд, ки дар роҳ истода буд.
Мард аз у пурсид, ту ки ҳастӣ? Гуфт: ман пулу мол ҳастам.
Мард аз ҳамсару фарзандонаш пурсид, фикри шумо чист, уро ҳамроҳ савор кунем?
Ҳама бо як овоз гуфтанд: Бале, бо пулу мол ҳама корро карда метавонем, ва ҳама чизро ба даст меорем.
Пулу мол ҳамроҳашон савор шуд.
Мошин ҳаракат кард, ва мусофири мо сафарашро давом дод.
Баъд аз масофаи кутоҳ марди дигареро диданд, ки дар роҳ истодааст, ва ба онҳо дастафшони мекунад.
Мошин дар назди у қарор гирифт, мард пурсид, ту ки ҳастӣ?
Он мард гуфт: ман ҳукумату мансаб ҳастам.
Мард руй ба ҳамсару фарзандонаш оварда гуфт: Уро ҳамроҳ савор кунем? Ҳамаги бо як овоз гуфтанд: Бале, албатта бо ҳукумат ва мансаб ҳама корро карда метавонем, ва ҳама чизи дилхоҳамонро ба даст меорем.
Пас ҳукумат ва мансаб ҳамроҳашон савор шуд.
Мошин бо мусофирони наваш дар ҳаракат даромад, ва сафар давом ёфт.
Дар роҳ бо мардуми зиёде вохурданд, аз шаҳавот ва лаззатҳои хуроки ва нушоби ва дигар молу матоъи дунё, то ин ки баъди муддате марди дигареро диданд ки дар роҳ истодааст,
Мошин наздаш қарор гирифт, мард пурсид: Ту ки ҳастӣ?
Гуфт: ман ДИН ҳастам.
Ҳамаги (Мард бо ҳамсару фарзандон) бо як овоз гуфтанд:
Ҳоло вақти ДИН нест.
Ҳоло мо дунёро бо молу матоъаш мехоҳем, ва ДИН моро аз ин хостаҳоямон маҳрум мекунад, ва мо аз хоҳишоти дин ба мушкилиҳо дучор мешавем.
Ҳалолу ҳаром, намозу руза, ҳиҷобу либос, ва дигар хостаҳои ДИН, ки барои мо ин ҳамаро қабул кардан мушкил аст.
Валокин! Мешавад ки мо ба суи ту баргардем, вале баъди ин ки аз шаҳавот ва молу матоъи дунё сер шавем.
Мошин ҳаракат кард, ДИН дар ҷониби роҳ монд, ва мусофирони мо сафари худро давом доданд, то инки ногаҳон, диданд: нуқтаи нигаҳбони,
калимаи «Нигоҳ дор»
Мошинро нигоҳ доштанд.
Мардеро диданд истода.
Он мард ба суи падар ишора карда гуфт: аз мошин фаро, сафари ту ба охир расид, ва ту бояд аз мошин фаромада ҳамроҳи ман рави.
Падар худро гум кард ва ҳайрон шуду чизе нагуфт.
Он мард гуфт: Ман муфаттиши ДИН ҳастам, оё дин ҳамроҳат ҳаст?
Падар гуфт: на! Уро (ДИН-ро) дар роҳ дар масофаи наздик гузоштам, бигзор баргардам ва уро биёрам.
Он мард гуфт: Ту ин корро карда наметавони, зеро сафари ту ба охир расид ва ба қафо баргаштан ҳам барои ту номумкин шудааст.
Падар гуфт: Валокин дар мошин ҳамроҳи ман дигар чизҳо ҳастанд, мол, ҳукумат, мансаб, ҳамсар, фарзанд ва дигар чизҳо….
Он мард гуфт: Онҳо барои ту дар назди Худо арзише надоранд, ва туро кумаке ҳам карда наметавонанд, ва ту он ҳамаро тарк хоҳи кард.
Он чизе ки туро фоида ва манфиат медод ДИН буд ки уро дар канори роҳ гузошти.
Падар гуфт: ту ки ҳастӣ?
Он мард гуфт: Ман МАРГ ҳастам, он касе ки аз у ғофил будӣ, ва дар бораи у фикр накарди.
Падар ба суи мошин назар кард.
Дид ки ҳамсараш дар ивази у ба рондани мошин шуруъ кардааст.
Мошин ба ҳаракат даромад, то инки сафарро давом диҳад, ва дар он фарзандон, ҳамсар, молу мулк, ҳукмрони ва мансаб, ҳамаги савор буданд.
Ва касе ҳамроҳи у аз мошин нафаромад.
Албатта ин истгоҳ ҷое аст ки инсон танҳо аз сафар мерасад ва касе аз ҳамроҳонаш бо у аз мошин намефарояд, магар ДИН ва амалҳои неку солеҳ.
Худованд мефармояд:
ﭽ ﯱ ﯲ ﯳ ﯴ ﯵ ﯶ ﯷ ﯸ ﯹ ﯺ ﯻ ﯼﯽ ﯾ ﯿ ﰀ ﰁ ﰂ ﰃ ﰄ ﰅ ﰆﰇ ﰈ ﰉ ﰊ ﰋ ﰌ ﰍ ﰎ ﰏ ﰐ ﭼ [الأنعام: ٩٤ ]
«Ҳар ойна танҳо-танҳо, он сон ки дар оғоз шуморо биёфаридем, назди мо омадаед, дар ҳоле ки ҳар чиро, ки арзониятон дошта будем, пушти сар ниҳодаед ва ҳеҷ як аз шафеъонатонро, ки мепиндоштед, бо шумо шариканд, ҳамроҳатон намебинем. Аз ҳам бурида шудаед ва пиндори худро гумгашта ёфтаед».(Анъом 94)
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
ﭽ ﭻ ﭼ ﭽ ﭾ ﭿ ﮀ ﮁ ﮂ ﮃ ﮄ ﮅ ﮆ ﮇ ﮈ ﮉ ﮊ ﮋ ﮌ ﮍ ﮎ ﮏ ﮐ ﮑ ﮒ ﮓ ﮔ ﮕ ﮖﮗ ﮘ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜ ﮝ ﭼ [التوبة: ٢٤ ]
Бигӯ: «Агар падаронатону фарзандонатон ва бародаронатону занонатон ва хешовандонатону амволе, ки касб кардаед ва тиҷорате, ки аз касоди он бим доред ва хонаҳое, ки ба он дилхуш ҳастед, барои шумо аз Худову паёмбараш ва ҷиҳод кардан дар роҳи ӯ маҳбубтар аст, мунтазир бошед, то Худо фармони хеш биёварад». Ва Худо нофармононро ҳидоят нахоҳад кард! (Тавба 24)
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
ﭽ ﮞ ﮟ ﮠ ﮡﮢ ﮣ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﭼ [آل عمران: ١٨٥ ]
«Ҳама кас маргро мечашад ва дар ҳақиқат дар рӯзи қиёмат музди аъмоли шуморо ба камол хоҳанд дод. Ва ҳар касро аз оташ дур созанд ва ба биҳишт дароваранд, ба пирӯзӣ расидааст. Ва ин зиндагии дунё ҷуз матоъе фиребанда нест». (Оли Имрон 185)
Дар охир:
Аз Худованди бузург умедворам, ки сафари ин дунёи моро хуб ва бобаракат, ва моро аз ҷумлаи солеҳон гардонад, ва барои мо дар ин сафари кутоҳе ки дар ин дунёи пур аз мушкили аст оқибати нек насиб гардонад, ва моро дар охират аз ҷумлаи касоне гардонад ки аз онҳо рози аст ва онҳоро дар Фирдавси аъло ҷой додааст.
Дуруд ва раҳмати Худо барои паёмбари мо ва аҳлу оила ва асҳобаш бод, вас салом.