×
Калимаи мухтасаре дар бораи одоб ва аҳкоми рузи иди қурбон, мисли такбир гуфтан, ва намози идро адо намудан, ва қурбони кардан ва дигар одоби ин рузи муборак.

    Аҳком ва одоби иди қурбон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳия ва тарҷума: Мусаби Ҳамза

    2010 - 1431

    أحكام وآداب عيد الأضحى

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد وترجمة: مصعب حمزة

    2010 - 1431

    Аҳком ва одоби иди қурбон

    Бародар ва хоҳари азизу гироми! Бароят бо таҳияи исломи салом гуфта мегуям:

    Асалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

    Ва муқадаман шуморо бо фаро расии ин рузи муборак, рузи иди қурбон табрику таҳният мегуям, Худованд амалҳои неки мо ва шуморо қабул фармояд.

    Умед аст ин номаи кучак мавриди қабули шумо қарор гирад, ва фоидааш ба шумо ва тамоми мусалмонон расад.

    Бародар ва хоҳари мусалмон! Некуи ва хуби ин аст ки дар тамоми корҳои зиндагиямон пайрави расули Худо бошем. Дар муқобили ин ҳама, шар ва бадиҳо ин аст ки мо мухолифи расули Худо амал намоем.

    Барои ҳамин хостем шуморо бо баъзе аз корҳо ва қавлҳое ки дар бегоҳи иди қурбон ва рузи қурбони ва се рузи ташриқ кардану гуфтанаш мустаҳаб аст ёдовар созем.

    Ва онро бисёр мухтасар ва дар нуқоти зайл зикр кардем.

    Такбир:

    Такбир аз фаҷри рузи арафот (9 зилҳиҷҷа) шуруъ шуда то намози асри рузи (13 зилҳиҷҷа) давом меёбад. Худованд мефармояд:

    ﭽ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖﭮ ﭼ البقرة: ٢٠٣

    «Худовандро дар рузҳои (рузҳои мино) шуморида шуда зикр намоед» (Бақара 203) .

    Такбир ингуни гуфта мешавад: "Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илаҳа иллалоҳу, валлоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва лиллоҳилҳамд".

    Тарҷума: Худо бузург аст Худо бузург аст, нест Худои бар ҳақ магар Аллоҳ, ва Худо бузург аст, Худо бузург аст, ва ҳамд барои Аллоҳ аст.

    Мардҳо ин такбиро дар масҷидҳо, бозорҳо, хонаҳо, ва баъди намозҳо барои ошкор ва эълон кардани бузургии Худованд, ва изҳор кардани ибодаташ ва баҷо овардани шукраш бо овози баланд такрор мекунанд.

    Қурбони кардан:

    Қурбони кардани аз баъди адои намози ид шуруъ мешавад чигунае,ки аз расули Худо ривоят аст ки фармуданд: "Касе, ки пеш аз намоз қурбони карда аст пас аз нав бар ивази он қурбони кунад, ва касеки накарда аст пас қурбони кунад" (Бухори ва Муслим).

    Вақти қурбони рузи ид ва се рузи ташриқ мебошад, рузи ид аз баъди намози ид шуруъ шуда, рузи сеюми ташриқ бо фаро расии намози шом ба охир мерасад, расули Худо (с) мефармояд: "Ҳамаи рузҳои ташриқ вақти қурбони аст" (Силсилаи саҳиҳ 2476).

    Пас рузҳои қурбони чаҳор руз мебошад, рузи ид ва се рузи ташриқ. Рузҳои ташриқ се рузи мино ҳам гуфта мешавад, ин рузҳо рузҳои (11,12,13) моҳи зилҳиҷҷа мебошад ки ҳоҷиён ин се рузро дар мино мегузаронанд. Ташриқ барои он номида шуда аст ки ҳоҷиён дар ин рузҳо гуштҳои қурбониро дар офтоб гузошта хушк мекарданд.

    Дар Қурон зикри ин серуз бо номи рузҳои шуморида шуда омада аст, Худованд мефармояд:

    ﭽ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖﭮ ﭼ البقرة: ٢٠٣

    Тарҷума: «Худовандро дар рузҳои (рузҳои мино) шуморида шуда зикр намоед» (Бақара 203) .

    Шустушу ва хушбуӣ кардан барои мардон:

    Дар ин рузи муборак мардҳо бояд беҳтарин либоси худро бипушанд бе ягон исроф ва зиёда рави дар либос, инчунин хушбуӣ кунанд, то бо либоси хубу зебо ва буӣ хушу гуворо ру ба намозгоҳи ид биёранд. Аммо занҳо, барои онҳо ҷоиз аст ки ба намозгоҳ раванд вале бояд сатр ва ҳиҷобро риоя кунанд, ва хушбуӣ накунанд, зеро ҷоӣз нест ки барои адои намоз ва баҷо овардани тоати Худованд раванд ва аз суӣ дигар гирифтори гуноҳ бо беҳиҷоби ва хушбуӣ дар назди мардҳои бегона гардад.

    Хурдан аз гушти қурбони:

    Расули Худо (с) то аз намози ид бар намегашт чизе намехурд, вақте бар мегашт аз таоми бо гушти қурбони пухта мехурд. (Зодул миод 1/441).

    Пиёда ба намозгоҳи ид рафтан агар имконият бошад.

    Суннат ин аст ки намози ид дар намозгоҳ адо шавад, магар дар ҳолеки узре пеш ояд, монанди борон, барф, дар ин ҳолат дар масҷид гузаронида мешавад, чигунаеки расули Худо карда аст. Намози идро хондан воҷиб аст, ва соқит намешавад магар бо узр, аммо гуш кардани хутба мустаҳаб мебошад. Занҳо ҳам дар намози ид иштирок мекунанд, ҳатто занҳое,ки дар ҳолати давраи моҳона (ҳайз) ҳастанд ва занони калонсол, онҳоҳам ба идгоҳ ҳозир мешаванд, вале занҳои дар ҳолати ҳайз буда дар беруни намозгоҳ дар як гушае нишаста намозгузоронро мушоҳида карда хутбаро гуш мекунанд.

    Мухолифати дар роҳ:

    Мустаҳаб аст ки вақти ба намозгоҳ рафтан бо роҳе рави ва дар бозгашт бо роҳи дигар баргарди, зеро расули Худо ингуна амал кардаанд.

    Табрик ва таҳия гуфтан барои ид:

    Дар ин рузи мубораку муқаддас ёрону дустон ва хешу табору ақриборо табрику таҳният гуфта мешавад. Зеро ин амал аз асҳоби расули Худо собит монда аст ки ҳамдигарро табрику таҳният мегуфтанд.

    Дар охир мехоҳам чанд хатоҳое,ки баъзеҳо гирифтори он мешаванд огоҳи кунам:

    1) Бо як овоз такбири ҷамоъи гуфтан, ё инки як нафар такбир гуяд ва дигарон аз пушти у такрор кунанд.

    2) Хурсанди кардан дар рузҳои ид бо васоили ҳаром, монанди мусиқи гуш кардан, филмҳои бадро тамошо кардан, якҷо шудани занону мардони бегона, ва дигар корҳое,ки дини ислом онро ҳаром гардонида аст.

    3) Кутоҳ кардани ё тарошидани муй, ва ё нохун гирифтан пеш аз қурбони кардан, зеро расули Худо барои касеки қурбони кардани аст то қурбони карданаш аз ин корҳо манъ карда аст.

    4) Беҳуда исроф кардан дар рузҳои ид, аз таомҳо ва нушокиҳо ва ғайра, зеро Худованд исрофкоронро дуст намедорад, ва амр карда аст ки исроф накунед.

    Дар охир: Бародар ва хоҳари гироми дар ин рузҳои муборак фаромуш накуни ки корҳои некро анҷом диҳи, аз силаи раҳм шуруъ карда то зиёратҳои хешону дустон, ва тарк кардани буғзу кина, ва хушҳоли андохтан дар дилҳои масокин ва бенавоён, ва меҳрубони кардан бо ятимон ва бечорагон, ва дигар корҳои неке ки Худованд моро ба он амр карда аст .

    Худованд ҳамаи моро дар ин рузҳои муборак муваффақ гардонад ки ба корҳои нек машғул шавем ва ҳарчики анҷом медиҳем холисона барои Худованди бузург бошад.

    Дуруд ва раҳмати бепоён бар Муҳаммади Мустафо ва бар аҳлу байт ва асҳобаш бод.