×
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаъодати халифаи панҷумини мусулмонон Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ, набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ў ҳамчун имоми одил ва халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт.

 Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (р)

101 قصة و قصة من حياة

عمر بن عبد العزيز (رض)

مترﺠم: محمد اقبال صدرالدين

 Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

  

 Пешгуфтор

Амирулмўъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ, набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ў ҳамчун имоми одил ва халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт. Дар ҷавонӣ Қуръони карим ва аҳодиси набавиро ҳифз намуда, ба таҳсили илм машғул шуд ва бо қуввати баён, ахлоқи писандида ва саховатмандӣ шинохта шуд. Чанд рўз баъд аз вафоти падараш, амакаш ўро ба диёри Шом бурд. Умар ба духтари амакаш - амирулмўъминин хонадор мешавад ва соҳиби фарзандон мегарданд. Дар айёми аморати Валид волии Мадина тайъин мегардад. Ҳама ақшори ҷомеъа ўро дўст медоранд. Худи ў уламову атқиёро қадр мекунад ва адолатро байни раъият нашр месозад. Сулаймон замони хилофаташ ўро вазир ва мушовири худ таъйин кард ва ба паймони ў Умар ибни Абдулазиз амри хилофатро ба дўш гирифт. Хилофаташро бар асоси Китобу Саннат барпо намуд. Мардум дар масҷиди бузурги Димишқ ба ў байъат карданд. Ў ходими мардум ва дастёри фақирону мискинон буд. Ҳамаи мазоҳири сарватро тарк намуда, роҳи зоҳидон авлиёро пеша намуд. Дар замони хилофати ў ҳама дар амният мезистанд ва адолати иҷтимоӣ ҳукмфармо буд.

Соли яксаду як, дар асари заҳролудшавӣ, дунёро падруд гуфт ва дар ҷанозаи ў ҳамагӣ иштирок намуда, изҳори андўҳ карданд.

1. Духтари ширфурўш

Шабҳангом Амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб ҳамроҳи ғуломаш Аслам дар кўчаҳои Мадина мегашт. Чун хаста шуд ба деворе такя намуд, ва лаҳзае баъд садои занеро шунид, ки ба духтараш мегўяд:

- Эй духтарам, бархезу он ширро ба каме об биомез.

Духтар гуфт:

- Эй модар магар амри Амирулмўъмининро имрўз нашунидӣ? Ў мунодиашро амр кард, то эълон кунад, ки ширро бо об наомезанд.

Модар гуфт:

- Эй духтарам, фармудаи маро кунед, шумо дар ҷое ҳастед, ки на Умар шуморо мебинад на мунодии Умар.

Духтар гуфт:

- Эй модар, агар Умар маро намебинад, пас бешак, Худои Умар маро мебинад. Савганд ба Худо ман наметавонам ошкоро ўро итоъат кунаму пинҳонӣ аз фармонаш рўй гардонам.

 Умар, ки ҳамаи ин гуфтугўро мешунид гуфт:

- Эй Аслам, ин дарвозаро аломатгузорӣ кун ва мавзеъро бишинос. Баъд аз он ба хона баргашт. Ва чун субҳ шуд, ба ходимаш гуфт:

- Эй Аслам ба он мавзеъ бирав ва бубин, ки он гуфтугукунандагон киҳо буданд ва оё шавҳар доранд? Аслам рафта аз ҳоли онҳо огоҳ шуд, ки духтаре будааст бокира бо модараш ва ҳарду шавҳар надоранд. Баъдан баргашта Умарро низ огоҳ сохт.

Умар авлоди худро ҷамъ намуда гуфт: Оё касе аз шумо ба зан эҳтиёҷ дорад, то завҷааш диҳам? Писараш Осим гуфт: Эй падар ман ҳамсар надорам ва мехоҳам зан бигирам. Пас он духтари ширфурўшро Осим ба занӣ гирифт ва онҳо соҳиби духтаре бо номи Умми Осим шуданд, пас ўро Абдулазиз ибни Марвон ба занӣ гирифт ва аз ў Умар ибни Абдулазиз ба дунё омад.

2. Кутоҳ кардани мўйи сари Умар

Абдулазиз писари хурдсолашро ба Мадина ба назди Солеҳ ибни Кайсон, яке аз уламои киром, барои омўхтани одобу ахлоқ ва илм фиристод. Умар ибни Абдулазиз назди Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Утба рафта илм меомўхт. Аммо Солеҳ ибни Кайсон намозҳои ўро назорат мекард то дар ҷамоат гузорад. Рўзе Умар аз намоз дер мемонад ва чун Солеҳ сабаби дермонияшро пурсид, дар ҷавоб гуфт: Ходимазан мўйҳоямро зиннат дод, пас ман дер мондам. Солеҳ дар ғазаб шуда гуфт: Эҳтимоми ту ба мўят ба ин дараҷа шудааст, ки аз намоз туро машғул месозад?

 Ин ҳодисаро Солеҳ ба Абдулазиз менависад. Абдулазиз хавотир шуда шахсеро ба Мадина мефиристад, то мўйи Умаро тарошад, то дар оянда ба он машғул нашаваду аз намоз дер намонад.

3. Писарбачаи фурутан

Рўзе писарбачаи хурдсол – Умар ибни Абдулазиз дар хилвате нишаста, дар мавриди марг ва охират тафаккуру тадаббур намуда, гирён шуда овоз баровард, ба андозае, ки модараш шунида, аз ў пурсид: Чӣ чиз сабаби гиряат шудааст? Гуфт: Маргро ёдовар шудам. Пас модараш низ аз гиряи ў ашк резонд.

Падараш – Абдулазиз ўро назди Солеҳ ибни Кайсон барои таълим фиристода буд ва чун барои дидори фарзандаш омад, аз Солеҳ пурсид, ки писарам чӣ гуна аст? Солеҳ гуфт:

- Касеро надидам, ки Худовандро чунон бузург медорад, тавре ки ин писарбача бузургаш медорад.

4. Марде халифаро дашном медиҳад

Марде амирулмўъминин Сулаймон ибни Абдулмаликро дашном дод. Пас халифа аҳли раъйро ҷамъ намуда машварат хост, ки нисбати ин шахс чӣ кор кунем?

Атрофиёнаш гуфтанд: Амр ба гарданзаниаш намоед.

Умар ибни Абдулазиз сухане нагуфта, сокит нишаст.

Сулаймон ба Умар гуфт: Чӣ шудааст, эй Умар, сухане намегўед?

Умар гуфт: Чун пурсидед, гуфтаниам, ки ҳеҷ дашномеро намедонам, ки куштани мусулмонеро ҳалол бигардонад, магар дашноми Набӣ (с).

Баъд аз он Умар ва мардум пароканда шуданд.

Сулаймон бо тааҷҷуб аз ҳақиқатпарастии ў гуфт: Худованд шуморо нигоҳ дорад эй Умар.

5. Байни Саъд ва Валид

Умар ибни Абдулазиз волии Мадина таъйин шуду байни ў ва Саъид ибни Мусайиб алоқаи дўстона барпо гардид. Боре амирулмўъминин Валид ибни Абдулмалик адои ҳаҷ намуд ва чун Валид ва қафилаи сафари ў ба Мадина наздик шуд, мардум аз шиддати сахтгирии вай фирор намуданд. Мардум Саъид ибни Мусайибро ба хотири мулозамати зиёдаш дар масҷид, «кабутари масҷид» номида буданд. Ва чун Валид дохили масҷид шуд, ҷуз Саъид касеро наёфт. Баъд аз чарх задан дар дохили масҷид аз пеши Саъид гузашт, ки рўяш ба сўи замин буд ва чун Валид саломаш дод, монанди саломаш посухаш дод. Умар аз зулми Валид ё амри ў ба зарб ё қатли Саъид ҳаросид, лекин Худованд ўро солим нигоҳ дошт ва Валид аз масҷид бидуни озор додани Саъид берун шуд. Умар баъд аз тааҷҷуб аз Саъид пурсид: Эй Саъид, оё бар нафси худ аз Худо натарсидӣ? Савганд ба Худо он чи анҷом додӣ ба Валид сахт расид. Саъид бо имони росих гуфт: Эй Умар, инро ман барои ў хостам, то бидонад, ки дар рўи замин бандагоне ҳастанд, ки ҷуз офаридагорашон пеши касе сар хам намекунад. Умар ибни Абдулазиз баъд аз он ҳамеша мегуфт: Пок аст он зоте, ки Саъидро аз Валид наҷот дод.

6. Умар ва Зайнулобиддин

Дар Мадинаи Мунаввара Умар ибни Абдулазиз бо ҷамъе аз ёрону дўстдоронаш нишаста зикру гуфтугў мекарданд. Дар ин ҳангом Зайнулобиддин Алӣ ибни Ҳусайн (р) ба маҷлис дохил шуд. Умар аз ҷо хеста ўро дар паҳлўяш ҷой дод. Баъд аз лаҳзае ў аз маҷлис берун шуд. Баъдан Умар ибни Абдулазиз аз ҳамнишинонаш пурсид: Беҳтарини мардум дар замон кист? Гуфтанд: Шумо, эй амирулмўъминин. Беҳтарини мардум дар ҷоҳилият будед. Беҳтарини мардум дар Ислом ҳастед. Умар гуфт: Беҳтарини мардум дар замони мо ин мард аст. Ва ба Зайнулобиддин ишора кард. Ҳама мехоҳанд мисли он бошанд ва ў таманно намекунад мисли касе бошад.

Ҳурайс ибни Усмони Раҳабӣ ҳамроҳи падараш назди амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шудад. Умар падарро аз писар пурсид ва баъд аз он гуфт: Фиқҳи акбарро биомўзад. Гуфт: Фиқҳи акбар чист? гуфт: Қаноъат варзидан ва озор надодан.

7. Худованд ба мақсадат расонад

Ҳангоме, ки Умар ибни Абдулазиз назди амирулмўъминин Абдулмалик ибни Марвон омад, ҷавоне буд қариб бистсола. Чун Абдулмалик шахсияти Умарро дид, аз ў розӣ шуд ва духтарашро ба вай ба занӣ дод.

Умар гуфт: Эй амирулмўъминин, Худованд шуморо ба мақсад бирасонад. Дар ҳақиқат атои бузурге кардед ва маро аз талаб кардан дур нигоҳ доштед.

Абдулмалик аз ин суханҳо хушаш омад. Баъзе авлоди Абдулмалик гуфтанд: Ин сухане буд, ки омўхта адояш кард. Пас рўзе Умар назди Абдулмалик дохил шуд, пас Абдулмалик гуфт: Эй Умар нафақаат чӣ тавр аст? Умар гуфт: Некие байни ду бадист эй Амирулмўъминин. Гуфт: Он ду бадӣ кадом аст? Гуфт: Ояти 67 «Фурқон».

ﭽ ﯷ  ﯸ        ﯹ   ﯺ  ﯻ  ﯼ  ﯽ  ﯾ  ﯿ  ﰀ  ﰁ  ﰂ   ﭼ الفرقان: ٦٧

«Ва онон, ки чун нафақа (харҷи зиндагӣ) мекунанд, исроф намекунанд ва хасисӣ намеварзанд, балки миёни ин (ду роҳ, исроф ва хасисӣ) миёнаро мегиранд».

Абдулмалик байни фарзандонаш гуфт: Кӣ инро омўзондаш?

8.Беҳтар барои ман бадтар барои шумо буд

 Ҳангоме, ки Умар ибни Абдулазиз ва баъзе хешовандонаш назди Амирулмўъминин Валид ибни Абдулмалик машғули гуфтугў буданд, мардеро аз хавориҷ пеши халифа оварданд. Баъд аз сарзанишҳои зиёд Валид аз он мард пурсид: Дар бораи Абдулмалик чӣ мегўӣ?

Он мард гуфт: Чӣ гўям, дар барои марде, ки бар ў ду амр пешниҳод мешавад: Яке ин ки тоати Худову Расул, дигар маъсияти онҳо. Пас маъсияти Худову Расулро интихоб мекунад, пас ғазаби Худо ва лаънати Ў бар вай бод.

Валид ғазабнок шуда ба Умар ибни Абдулазиз рўй оварда гуфт: Дар бораи фосиқ чӣ мегўед? Умар сокит буд.

Валид ба ў гуфт: Барои чӣ ҳарф намезанед?

Умар: Эй амирулмўъминин, маро аз сухан гуфтан маъзур дор.

Валид гуфт: Азм намудам, ки сухан гўед.

Умар гуфт: Дашномаш бидеҳ чуноне, ки падаратро дашном додааст, ва агар ўро бахшед, пас ин бахшидан ба тақво наздиктар аст.

Сухани Худо:

ﭽ ﯹ  ﯺ  ﯻ   ﯼ  ﯽ  ﯾ   ﯿ  ﰀ   ﰁ  ﭼ الشورى: ٤٣

«Ва он ки сабр кунад ва аз хато даргузарад, ин аз корҳо писандида аст».

(Сураи Шўро, ояти 43)

Валид аз аввала дида ғазабноктар шуд ва ба Холид ибни Райён, ки ба шамшераш такя карда буд, назар кард. Чун Валид ба назди аҳлаш рафт ва Умар ибни Абдулазиз низ нияти рафтан дошт, ба Холид гуфт: Ҳалокӣ бод, бар ту эй Холид. Майл ба гирифтани шамшер намудӣ, оё он чи амрат мекард, иҷро мекардӣ?

Холид гуфт: Бале:

Умар (р) гуфт: Савганд ба Худо он барои ман хайр гардид ва барои шумо шарр.

9. Раияти имрўзи шумо душманони шумо дар рўзи қиёмат мебошанд

Соли навадуҳафти ҳиҷрӣ амирулмўъминин Сулаймон ибни Абдулмалик ҳамроҳи мардум адои фаризаи ҳаҷ намуд. Писари амакаш Умар ибни Абдулазиз низ ҳамроҳаш буд. Амирулмўъминин дар кўҳи Арафот ҷамъи бузурги мардумро, ки машғул дуо буданд, дида тааҷҷуб кард. Баъд аз он ба Умар ибни Абдулазиз гуфт: Оё намебинед халқро, ки ададашонро ҷуз Худо касе намедонад ва ҷуз Худо ризқашонро касе дода наметавонад?

Умар (р) гуфт: Эй амирулмўъминин онҳо имрўз раияти шумо ҳастанд, фардо душманони шумо дар пешгоҳи Худованд мебошанд.

Сулаймон гуфт: Худованд шуморо низ бо эшон ибтило кунад.

* Амирулмўъминин Сулаймон ибни Абдулмалик бо қофилаи сафарии боҳайбате вориди Мадинаи Мунаввара шуд. Бузургони Мадина ва ашрафу ағниёи он даври ўро гирифтанд, ва халифа ба эшон инъому ҳадяҳои зиёде арзонӣ намуд.

Баъд аз он ба Умар ибни Абдулазиз гуфт: Он чи анҷом додем, чӣ тавр буд, эй Абўҳафс? Умар гуфт: Дидам, ки сарватмандонро сарватмандтар гардонидию фақиронро ба ҳоли худ гузоштӣ.

10. Умар халифаи мусулмонон

Беморӣ амирулмўъминин Сулаймон ибни Абдулмаликро ба болини марг андохт.

Умар ибни Абдулазиз Раҷо ибни Ҳиваро дид, ки назди халифа даромада истодааст, ба вай гуфт: Эй Раҷо Худоро ба шумо ёдрас мекунам, ки ҳаргиз ҳангоми сўҳбат барои хилофат ба ман ишора накунед, зеро ман қуввати онро надорам.

Раҷо ғазаби сохтакоронае карда ба Умар гуфт: Ту барои хилофат ҳарис ҳастӣ, оё мехоҳӣ назди халифа бароят сухан гўям?

Умар ибни Абдулазиз аз ин суханони Раҷо ибни Ҳива шарм намуд ва арақ аз ҷабинаш сарозер шуд.

Чун Раҷо назди Сулаймон дохил шуд, Сулаймон сўҳбатро оиди халифаи оянда шурўъ карда, фикру андешаи Раҷоро донистан хост. Раҷо бошад шахси сазовор Умар ибни Абдулазизоро пешноҳад кард.

Сулаймон гуфт: Умар шахси фозил аст, агар ўро халифаи худ таъйин кунам ва аз авлоди Абдулмалик таъйин накунам, фитна барпо хоҳад шуд. Ҳаргиз ўро чунин намегузоранд, магар, ки касе аз онҳоро баъд аз Умар номзад гузорам. Пас баъд аз Умар Язид ибни Абдулмаликро номзад ба хилофат таъйин карданд.

11. Дидори Паёмбар (с)

Бо шавқу саъодати зиёд Умар ибни Абдулазиз байни хосони худ аз атқиё ва зуҳҳод нишаста хоберо нақл мекард, ки дар он Паёмбар (с) дидааст. Онҷо, ки Паёмбар (с) ба вай мегўяд: Ба ман наздик шав, эй Умар. Пас ман наздик шудам ва қариб, ки ба вай салом кунам. Ин вақт ду мўйсафедеро дидам, ки эшонро иҳота кардаанд. Пас Расули Худо (с) ба ман гуфтанд: Эй Умар, агар амри уммати маро ба дўш гирифтӣ, пас монанди ин ду дар вилоятат амал намо. Гуфтам: Ин ду киҳоянд? Гуфт: Ин Абўбакр ва ин Умар (р) ҳастанд.

* Вуҳайб ибни Вард ҳикоят мекунад, ки чун ман дар паси мақом хоб будам, дидам, ки марде аз дарвозаи Бани Шайба ворид шуду гуфт: Эй мардум китоби Худо ба вилояти шумо таъйин гардид. Гуфтам: Яъне кӣ? Пас ба нохунаш ишора намуд, ки онҷо навишта шуда буд: «Умар» - ишора ба Умар ибни Абдулазиз.

12. Маркабҳои хилофат

Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз бо қофилаи боҳайбате Сулаймон ибни Абдулмаликро дар охирин оромгоҳаш гузашт ва чун аз дафнаш фориғ шуда аз қабр берун омад, аз замин даккаеро шунида гуфт: Ин чӣ даккаву савтест?

Гуфтанд: Маркабҳои хилофат аст, эй Амирулмўъминин, ки ба шумо наздик шавад, то ба онҳо савор шавед.

Умар гуфт: Ман ҳоҷате ба он надорам. Онро аз ман дур кунед ва маркабамро биёред. Чун ба маркаби худ боло шуд, муҳофизон атрофи ўро иҳота карда хостанд ўро ҳамроҳӣ намоянд.

Умар гуфт: Аз ман дур шавед, ба шумо чӣ ниёз дорам? Ман як фарде аз мусулмонҳоям. Сипас ҳамроҳ бо дигар мардум баргашт. Баъд аз он амр намуд, то ҳамаи он масориферо, ки барои истиқболу позироии халифаҳо мешуд, ҷамъ намуда, фурўхта ба ҳисоби байту-л-мол гузаронанд.

13. Умар ашк мерезад

Шабе баъд аз гузоридани ду ракъат намоз амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз сар болои дастонаш гузошт ва оби чашмаш ҷорӣ шуд ва овози гиряаш шунида шуд.

Ҳамсараш Фотима мегўяд: Чунон гиря мекард, ки мегуфтам, акнун ҷигараш реш шуд ва нафсаш аз аз ҷасадаш берун омад. Ҳамчунон то субҳ идома ёфт ва рўза дошт.

Ҳамсараш мегўяд: Ман ба вай наздик шудам ва бо овози нарм гуфтам: Эй амирулмўъминин, барои чизе, ки қабл аз имшаб рух додааст гиря мекунед?

Гуфт: Бале, маро ба ҳоли худам гузоред.

Ҳамсараш гуфт: Ман мехоҳам панду андарз гирам.

Умар гуфт: Ин тавр бошад, шуморо хабар мекунам. Ман ба худ нигаристам ва дидам, ки амри ин умматро ба дўш гирифтам, ҳар андозае, ки бошад аз хурду бузург сиёҳу сафед ва баъд аз он ғарибу фақир, мўҳтоҷу асир ва ашбоҳи инҳоро дар сартосари кишвар ба хотир овардам. Ва донистам, ки Худованд фардо маро аз эшон мепурсад, пас тарсидам, ки узри ман онҷо собит нашавад ва ҳуҷатам мақбул нагардад. Аз ин ҳоли худам ҳаросидаму ашкам ҷорӣ шуд ва ҳар гоҳ онро ёдовар шавам, хавфи ман бештар мешавад. Пас метавонед панд гиред ё тарк гўед.

14. Ҷавоҳироти Фотима

Амирулмўъминин Абдулмалик ибни Марвон бо шавқу нишот духтараш Фотимаро ба писари бародараш Умар ибни Абдулазиз ба занӣ дод ва аз зару зевару ҷавоҳирот чунон бахшидаш, ки чашме онро надида буд. Ва чун хилофат ба Умар ибни Абдулазиз расид ва амирулмўъминин гардид, ба занаш Фотима гуфт: Аз ду роҳ якеро ихтиёр кун, ё зевару ҷавоҳиротро ба байтулмоли мусулмонон баргардон ё маро иҷоза деҳ барои ҷудоӣ, зеро ман бад мебинам, ки бо шумо ва он зеварот дар як хона бошем.

Ҳамсараш гуфт: Амирулмўъмининро ихтиёр мекунам.

Пас амр кард ҳамаи зевару ҷавоҳирот дар байтулмоли мусулмонон гузошта шуд ва чун Умар ибни Абдулазиз вафот намуд ва Язид ибни Абдулмалик ба хилофат расид, ба Фотима хоҳараш гуфт: Ҳамаи зевару ҷавоҳироти шумо аз моли ҳалоли шумо ҳастанд ва то ҳол маҳфуз ҳастанд, пас агар мехоҳед, онро бигиред?

Фотима бо забони саршор аз вафову сидқ гуфт: Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз онро дар ҷои ҳозирааш мехост бинад ва ман ин истеҳсони ўро низ қабул кардам ва акнун намехоҳам ўро дар ҳаёташ мувофиқат кунаму баъд аз маргаш маъсият намоям. Пас Язид ибни Абдулмалик онро бар аҳлу авлодаш тақсим намуд.

15. Беҳтар аз шумо нестам

Умар ибни Абдулазиз таърихи худ ва ҳаёти сиёсиашро дар аввалин хутбааш нигошта буд ва онро дар ҳузури ҷамъи бузурге аз мардум, ки барои байъаташ омада буданд, ироа намуд.

Умар бо фурутанию тавозўъ болои минбар шуда, бо меҳрубонӣ ба мардум нигариста гуфт: Эй мардум баъд аз набийи шумо, набӣ нест ва баъд аз китобе, ки бар вай нозил шудааст, китоб нест. Огоҳ бошед, ки он чи Худованд ҳалол гардонидааст, то рўзи қиёмат ҳалол ҳаст. Огоҳ бошед, ки ман қозӣ нестам, лекин иҷрокунандаам, ман мубтадиъ нестам, лекин пайравикунандаам. Огоҳ бошед, ки ҳеҷ касро дар маъсияти Худо набояд итоъат кард. Огоҳ бошед, ки ман беҳтар аз шумо нестам, балки яке аз шумоям, ғайр аз ин ки Худованд бори дўши маро гаронтар кардааст.

16. Гургу гўсфанд

Бо оғози хилофати Умар ибни Абдулазиз асри ҷадиде бар билоди исломӣ соя афканд. Адлу инсоф мунташир шуду зулму ситам аз он рахт баст.

Чупононони гўсфанд гуфтанд: Кист ин бандаи солеҳ, ки бар сари мардум аст?

Ба онҳо гуфтанд: Аз куҷо медонед, ки ў солеҳ аст?

Гуфтанд: Аз он ҷо, ки ҳар гоҳ бар сари мардум халифаи одиле биёяд, гургҳо аз гўсфандон дур мешаванд.

Ҷисри қассоб ҳикоя мекунад, ки дар замони хилофати Умар ибни Абдулазиз шири моли майда медушидам. Боре аз назди чупоне гузаштам ва дидам, ки байни молаш қариб сӣ гург аст. Ман онҳоро саг гумон кардам, зеро ман то он вақт гургро надида будам.

Гуфтам: Эй чупон ҳамаи ин сагҳорро чӣ кор мекунед?

Гуфт: Эй писарам, инҳо саг не, балки гург ҳастанд.

Гуфтам: Субҳоналлоҳ! Гург дар байни гўсфандон безарар меистад?!

Чупон гуфт: Эй писарам, ҳар вақто сар ислоҳ шуд, ҷасадро боке нахоҳад буд.

Ин ҳодиса дар замони хилофати Умар ибни Абдулазиз буд.

17. Ёвари мо дар адои ҳақ бошед

Чун Умар ибни Абдулазиз халифа шуд, назди мардум баромад, то бо эшон сўҳбат дошта бошад ва аз аҳволашон огоҳ гардад. Ҳангоме, ки мардум ўро диданд, барои эҳтирому бузургдошти ў аз ҷой бархостанд. Умар дар ҳоле, ки чеҳрааш дигаргун шуда буд, гуфт: Эй мардум, агар бархезед бармехезем, агар бинишинед менишинем. Мардум танҳо барои Худо аз ҷой мехезанд.

Баъд аз он чаҳорчўбаи амалро барои эшон муайян намуда гуфт: Ба таҳқиқ Худованд фароиз ва сунанеро машрўъ гардонидааст, ки шахсе бо он амал намояд, ба манзили мақсуд мерасад ва касе онро тарк намуд, барбод хоҳад рафт. Ва ҳар шахсе, ки мехоҳад ҳамроҳи мо бошад, пас бояд ин панҷ қоидаро риоя намояд:

* Ҳоҷате шахсеро, ки ҳоҷаташро ба мо расонида наметавонад, бирасонад.

* Агар мо ба роҳи рост ҳидоят наёфтем, пас ў моро ба роҳи рост далолат кунад.

* Ёвари мо дар пайравӣ аз ҳақ бошад ва амонатро ба мо ва мардум адо намояд.

* Назди мо касеро ғайбат накунад.

* Шахсе чунин амал накунад, пас ў дар ҳараҷ (тангию шиддат) аст барои сўҳбат бо мо ва ҷоҳил шудани назди мо.

17. Дирҳаму динорро дўст намедорам

Чун Умар ибни Абдулазиз зимоми хилофатро ба даст гирифт, нишаста гиря намуд ва ашки зиёд резонд. Баъд аз он яке аз зоҳидонро пурсид: Эй Абўқалоба, оё ин амр барои ман зиён дорад? (Яъне ба дўш гирифтани хилофат).

Ў пурсид: Муҳаббати шумо нисбат бо дирҳаму динор чӣ гуна аст?

Умар гуфт: Онро дўст надорам.

Пас ба Умар гуфт: Ин тавр бошад наҳаросед, Худованд шуморо мадад мекунад.

19. Машваратам диҳед

Чун Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид, Солим ибни Абдуллоҳ, Муҳаммад ибни Каъби Қуразӣ ва Раҷо ибни Ҳиваро назди худ хонда гуфт: Ман ба ин бало гирифтор шудам, пас ба ман машварат диҳед. Солим ба ў гуфт: Агар аз азоби Худо наҷот ёфтан хоҳед, пас тарки дунё намоед, то ин ки онро падруд гўед.

Муҳаммад ибни Каъб гуфт: Агар аз азоби Илоҳӣ наҷот хоҳед, пас ашхоси бузурги мусулмононро барои худ падар, миёнаи онро бародар ва хурди онро фарзанд шуморед ва падаратро бузург дору бародаратро эҳтиром намо ва бар фарзандат мушфиқ бош.

Раҷо ибни Ҳива гуфт: Агар аз азоби Худо наҷот хоҳед, пас барои мусулмонон дўст дор, ончиро барои худат дўст медорӣ ва барои эшон бад бубин, ончиро барои худ бад мебинӣ.

20. Агар истиқомат варзидӣ, истиқомат меварзад

Умар ибни Абдулазиз ба фуқаҳои Ироқ нома навишта аз эшон хост, то назди ў ташриф биёваранд. Ҳасани Басрӣ дар ин миён бемор шуд ва ҳозир шуда натавонист ва номае ба Умар ирсол намуда, ўро панд гуфт:

Эй амирулмўъминин, агар истиқомат варзидӣ, раият истиқомат меварзад ва агар аз роҳи ҳақ майл намудӣ, эшон низ майл мекунанд. Эй амирулмўъминин, агар умри  Нўҳ ва салтанату мулки Сулаймон ва яқини Иброҳиму ҳикмати Луқмон ҳам дошта бошед, ки гузаштанатон аз Ақаба ҳатмист, ва аз паси Ақаба ҷаннату дўзах аст. Ҳар шахсе аз яке он хато хўрд, вориди дуввумаш хоҳад шуд.

Чун ин нома ба Умар расид, онро ба чашмаш молиду гирён шуд ва баъд бо ҳузну алам гуфт: Чӣ гуна ман соҳиби умри Нўҳ ва салтанати Сулаймон ва ҳикмати Луқмону яқини Иброҳим мешавам? Агар ба чунин неъмат ноил мешудам, ҳатман аз ҷоми аввалинҳо менўшидам (яъне монанди фазилати эшонро ноил мешудам).

* Умар ибни Абдулазиз ба Умар ибни Муҳоҷир раиси муҳофизинаш гуфт: Ҳар вақто дидед, ки аз роҳи ҳақ дур шуда истодаам, аз гиребонам гирифта гўед: Чӣ кор карда истодаӣ, эй Умар?

* Ҳикоят мекунанд, ки чун Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид, Солим ибни Абўсолимро назди худ хонда гуфт: Эй Солим, ман аз ин ки наҷот намеёбам дар ҳаросам.

Солим, ки яке аз обидону зоҳидон буд, гуфт: Ман аз ин меҳаросам, ки шумо дар ҳарос нестед. Худованд бандаеро дар ҳавлие сокин намуд ва чун ў гуноҳе содир кард аз он ҳавлӣ берун гардонида шуд. Мо бандагони пургуноҳем ва мехоҳем вориди он ҳавлӣ шуда сукунат варзем.

21. Мехобед дар ҳоле, ки раият дар назди дари шумо истодааст

Рўзе амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз барои қабули мардум нишаст, то ин ки рўз нисф гашт ва худи ў хаста шуд. Пас ба мардум гуфт: Дар ҷои худ истед, то ки ман берун шавам. Пас барои истироҳат вориди ҳуҷра шуд.

Ин ҳангом писараш Абдулмалик омада падарашро пурсид. Гуфтанд, ки дохили ҳавлӣ шуд. Пасараш иҷозат гирифта ворид шуд ва гуфт: Эй амирулмўъминин, барои чӣ дохили ҳуҷра шудед?

Умар гуфт: То лаҳзае истироҳат кунам.

Писараш гуфт: Оё аз марг дар амон ҳастӣ, ки биёяду раият дар назд дарвоза истодааст ва шумо аз эшон дар ҳиҷоб?

Умар фавран аз ҷой бархоста назди мардум баромад.

Умар аз ин рафтори писараш хушҳол шуда гуфт: Ситоиш мар Худоеро, ки Саҳл, Абдулмалик ва Музоҳимро ёвари ман қарор додааст.

Саҳл бародаш, Абдулмалик писраш ва Музоҳим мавлояш буданд ва ин се нафар дар замони хилофати Умар фавтидаанд.

22. Насиҳаткунандаи амин

Чун Сулаймон ибни Абдулмалик вафот намуд, бо фурутании том марде аз раият назди амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз омад ва бо овози насиҳатгарона ба ў гуфт: Ба қазои Илоҳӣ рози шаву ба амри ў таслим ва аз он чи назди вай аст, умед намо, зеро ҳамеша назди Худо хайри доим ва иваз аз мусибатҳо вуҷуд дорад. Бингар ба он чизе, ки онро бар Сулаймон метарсидӣ, барои худат аз он дар ҳарос бош.

Баъд аз он, он мард аз ин, ки масъулияташро адо намуда буд, саодатмандона бархоста рафт. Умар суханони он мардро такрор карда гуфт: Маро ба ин суханон амал намудан лозим аст.

Чун Умар бори дуввум он мардро дид, ба ў гуфт: Барои чи ин суханонро ба ман гуфтед?

Он мард гуфт: Агар амонат диҳед мегўям.

Умар гуфт: Шумо дар амон ҳастед.

Он мард гуфт: Дидам, ки либоси дароз мепўшеду мўи дароз доред ва бўи хуш аз шумо меояд, пас тааҷҷуб намудам, ки чӣ гуна Худованд шуморо байни сокинони замин мегузорад. Ва чун хилофат ба шумо расид, ҳаққи худ шуморидам, ки шумо огоҳ намоям ва ҳаққатро адо намоям.

Умар дар ҳоле, ки ашки шодӣ дар чашмонаш ҳалқа зада медурахшид, гуфт: Эй бародар, агар муқими инҷо бошӣ, пас ба дидори мо биё ва агар на, пас дар амони Худо бошед.

23. Сабукдўш шудани Холид ибни Райён

Чун Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид, Холид ибни Райёнро, ки аз ходимони золими Валид ибни Абдулмалик буд ва кибру ғурури зиёд дошт, аз вазифа озод намуд. Баъд аз он даст бардошта дуо намуд: Эй бор Худоё, ман ба хотири ризои Ту ўро озод ва вазифа кардам, пас ҳаргиз ўро боло накунед.

Гуфта шудааст: Ҳаргиз марде бообрўеро надидаанд, ки монанди Холид ибни Райён зикраш аз байни мардум дур шуда бошад. Мардум мегуфтанд: Ибни Райён чӣ кор карда бошад? Ў зинда бошад ё мурда аст?

24. Ситамҳои Ҳаҷҷоҷ

 Вақти чошт амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз бузургони қавмро ҷамъ намуда дар баргардонидани ситамҳои Ҳаҷҷоҷ ба соҳибонашон машварат доир намуд. Ва ҳар касеро машварат мекард, ба вай мегуфт: Эй амирулмўъминин ин коре буд дар ғайри вилоят ва ғайри замони шумо.

Аз ҳар шахсе, ки машварат мехост, чунин посух мешунид, то ин ки назди писараш Абдулмалик расид ва ин масъаларо аз вай пурсид.

Писараш гуфт: Эй падар, ман аз он шахсе, ки тавоноии баргардонидани ситамҳои Ҳаҷҷоҷро дораду ба соҳибонаш барнамегардонад, дар амон нестам, ки Худованд ўро низ дар он ситамҳо шарик мегардонад.

Умар таббасумкунон гуфт: Агар писарам намебудӣ, ҳароина мегуфтам: Дар ҳақиқат шумо фақеҳтарини мардум ҳастед.

25. Мардум дар дини шоҳони худ ҳастанд

Валид ибни Абдулмалик дар замони хилофаташ бештар машғул ба бинои иморатҳо буд. Ҷомеъи Димишқро бино намуд, масҷиди Паёмбарро азнавсозӣ кард ва наҳрҳоро ҷорӣ карду чоҳҳои об сохт. Мардум дар замони хилофати ў бо ҳам мегуфтанд: Чӣ қадар аз иморати шумо монд? Бўстонатро чӣ кардӣ?

Чун Сулаймон ибни Абдулмалик ба хилофат расид, бештар ба таматтуъ ва лаҳву таом ва айшпарастӣ майл дошт. Мардум дар замони ў ба ҳамдигар мегуфтанд: Бо ходимазанат чӣ кор кардӣ? Кай издивоҷ мекунӣ? Ва ба ҳамин минвол суолҳое оиди ишқу ошиқӣ.

Замоне, ки Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид, мардум ба ҳамдигар мегуфтанд: Чанд ҷузъ то хатми Қуръон бароят боқӣ мондааст? Вирду зикри шумо чӣ қадар аст? Кай аз барои тааҷҷуд бармехезед? Чанд рўзи моҳро рўза медоред? Ва ҳамин гуна суолҳое аз зуҳду тақво.

26. Таваккал бар Худо

Ҳангоми саҳар Умар ибни Абдулазиз ҳамроҳи ғуломаш Музоҳим аз Мадина берун шуданд ва моҳтоб дар яке аз манозили он, ки Даброн ном дорад, қарор дошт. Музоҳим дар ин вақт сафар карданро бад медид, биноан ба Умар гуфт: Ба моҳтоб нигаред, чӣ некўст истивояш (баробарияш) дар ин шаб?

Умар назар кард, ки моҳ дар Даброн аст. Гуфт: Гўё мехоҳед маро огоҳ намоед, ки моҳтоб дар манзили Даброн аст. Эй Музоҳим, мо ба моҳтоб ё офтоб берун намешавем, лекин бо Худованди яккаву танҳо берун мешавем.

27. Марде, ки халифа ўро рад мекунад

Марде, аз Қурайш, ки халифаҳо ҳамеша ҳоҷаташро бароварда месохтанд, назди амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуда ҳоҷаташро пурсид.

Умар гуфт: Ҷоиз нест, ки ба шумо чизе диҳам.

Он мард дасти холӣ баргашт. Чун нияти баргаштан намуд, Умар нидояш карда гуфт: Эй Абўхолид! Агар чизе аз моли дунё дидед, ки шуморо мафтун сохт, маргро ба ёд оред, зеро мавт он чизро дар нафси шумо камарзиш месозад ва агар дар коре аз дунё бошед ва ғаму андўҳ шуморо фаро гирифта бошад, маргро ба ёд оред, зеро марг онро бароятон саҳлу осон мегардонад ва ин беҳтар аст аз ончи, ки шумо талаб мекунед.

* Умар ибни Абдулазиз одат дошт, ки нафақаи омилонашро зиёд медод. Зуро ў ба ин бовар буд, ки агар нафақаашон кофӣ бошад, ба корҳои мусулмонон вақт меёбанд.

Ба вай гуфтанд: Агар ба аёли худ низ монанди нафақаи омилони худ медодед хуб мешуд

Гуфт: Ҳаққашонро манъ намекунам ва ҳаққи ғайрро ба онҳо намедиҳам. Баъд аз он гуфт: Қабл аз хилофат хеле нозу неъмати зиёде доштанд ва сарф намуданд.

28. Умар ва писари Сулаймон ибни Абдулмалик

Писари Сулаймон ибни Абдулмалик аз Музоҳим пурсид, ки ба амирулмўъминин ҳоҷате дорам ва иҷозат гирифта дохил шуд ва гуфт: Эй амирулмўъминин, барои чи порчаи замини маро рад мекунед?

Умар гуфт: Паноҳ мебарам ба Худо, аз ин ки порчаи заминеро, ки дар ислом сиҳҳат дошта бошад, рад намоям.

Баъд аз он Ибни Сулаймон номаеро аз остинаш бароварда дод.

Чун Умар аз хондани он фориғ шуд, гуфт: Ин замин аз кӣ буд?

Ибни Сулаймон гуфт: Аз Фосиқ ибни Ҳаҷҷоҷ.

Умар гуфт: Пас ў беҳтар аст ба соҳиб шудани молаш.

Ибни Сулаймон гуфт: Ин аз байтулмол аст.

Умар гуфт: Пас мусулмонон беҳтаранд ба молик шудани он.

Ибни Сулймон дар ҳоле, ки пай бурда буд, қитъаи замин дар ҳаоли аз даст рафтан аст, гуфт: Эй амирулмўъминин номаро баргардон.

Умар гуфт: Агар ин номаро ба мо намеовардед, шуморо аз он намепурсидам, аммо чун онро овардед, намегузорам, ки ба роҳи ботил талаб намоед.

Ибни Сулаймон гирён шуд.

Музоҳим аз ҳоли ў ба риққат омада гуфт: Эй Амирулмўъминин бо Ибни Сулаймон чунин рафтор мекунед, ҳол он ки ў маҳбубтарин мардум назди шумост?!

Умар гуфт: Ҳалокӣ бод бар ту! Ин нафси ман аст, ки аз он дифоъ мекунам ва ў ба масобаи фарзанди ман аст.

29. Маргро назди болинат гузор

 Абўҳозими зоҳид бо иззате назди Умар ибни Абдулазиз ворид шуд.

Умар ибни Абдулазиз ба вай гуфт: Маро панд гўй.

Абўҳозим гуфт: Сар бимону маргро назди болинат гузор. Баъд аз он бинигар он чизеро, ки дар он лаҳза мехоҳӣ бо ту бошад, алон бо худ бигир ва ончиро ки он лаҳза намехоҳӣ бо худ дошта бошед, алон тарк намо.

Абўҳозим ба Умар ибни Абдулазиз нома ирсол намуда пандаш гуфт: Барҳазар аз он бош, ки Муҳаммад (с)-ро дар ҳоле мулоқот намоӣ, ки ба расонидани рисолат тасдиқкунанда бошию Ў (с) ба бадии хилофат бар уммати вай шоҳид бошад.

* Боре марде Умар ибни Абдулазизро дар рўяш мадҳ намуд. Умар гуфт: Эй фалон, агар ончи аз нафси худ, ман медонам, шумо медонистед, ба рўям нигоҳ намекардед.

* Рўзе ба ў гуфтанд: Эй амирулмўъминин, чӣ гуна субҳ намудед? (Яъне дар ин вақти субҳ чӣ ҳол доред?) Гуфт: Субҳ намудам дар ҳоле, ки дар ибодати Парвардигорам суст ҳастам, бо гуноҳу хатоҳо олудаам, аз Худованд таманои манзилати некўкоронро дораму хилофи амалкардаи эшон рафтор менамоям.

30. Собиқ назм мегўяду Умар мегиряд

Бо риояи адабу эҳтиром шоир ва зоҳид Собиқи Барбарӣ назди амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуд. Умар аз ў талаб намуд, ки шеъре барояш сарояд. Собиқ қасидае суруд ва чун ба ҷое расид, ки васфи мулоқот бо марг ва нолаву фиғони занонро мекард, Умар гирён шуд ва овозаш шунида мешуд то ин ки аз ҳуш рафт.

Чунин ҳолат бо Умар дар мулоқоташ ба ин шоири зоҳид чандин маротиба рух додааст.

31. Бо пўшиш ва сатри Илоҳӣ мағрур набошед

Холид ибни Сафвон яке аз воизон ва хатибон назди амирулмўъминин Умар дохил шуд.

Амирулмўъминин ба ў гуфт: Панди мухтасаре ба ман бидеҳ.

Холид гуфт: Эй амирулмўъминин, ба таҳқиқ баъзе қавмҳоро сатри Худованд бар эшон мағрур сохта ва ҳусни санои мардум ба фитна андохтааст, пас ҷаҳли ғайри шумо ба шумо илматро ба нафси худ ғолиб насозад. Аз мағрур шудан ба сатри Илоҳӣ Худованд мову шуморо дар паноҳаш гираду ба фитнаи санои мардум гирифтор насозад ва аз он чи фарз гардонида аст мутахалиф насозад ва бар лаҳву лааб моил нагардонад.

Умар ибни Абдулазиз гирён шуда оби дидаашро пок намуда гуфт: Худованд мову шуморо аз пайравӣ намудани ҳавову ҳавас нигоҳ дорад.

Рўзе Умар ибни Абдулазиз аз Холид хоҳиш намуд, то панде барояш диҳад Холид гуфт: Худованд розӣ нашуд, ки касе болотар аз шумо бошад, пас шумо розӣ нашавед, ки касе дар шукри кардан ба Ў таъоло аз шумо боло бошад. Умар инро шунида чунон гиря намуд, ки аз ҳуш рафт. Баъд аз он ба ҳуш омада гуфт: Эй Холид! Розӣ нашуд, ки касе болотар аз ман бошад, пас савганд ба Худо аз хавфи шадид дорам ва дар ҳузури доим ҳастам. Аз ў таъоло тарси бузург дораму муҳаббати зиёд. Беандоза ўро меситояму шукри бепоёнаш мекунам. Ҳамаи инро ман то ҳадди ниҳоии тоқатам ба ҷо меорам.

32. Тифли хурдсол ва себ

Умар ибни Абдулазиз себҳои ғаниматро тақсим мекард, ки писари хурдсоли ў як себро гирифт. Умар онро аз даҳонаш кашида гирифт. Писарбачаи хурдсол гирякунон сўи модараш шитофт. Модараш нафаре ба бозор фиристод, то барояш себ оварданд.

Чун Умар ба хона баргашт, бўи себ дар хона эҳсос кард ва бо ҳарос гуфт: Эй Фотима, оё чизе аз ин моли ғанимат овардӣ?

Ў гуфт: На, аз бозор себ оварданд.

Умар гуфт: Савганд ба Худо, аз дасти писарам себро кашидам, гўё ки аз қалбам онро кашидам, лекин бад дидам, ки худамро аз насиби Илоҳӣ, ба ивази он себ аз моли мусулмонон, маҳрум созам.

33. Рағбати Умар ба охират

Чун Умар ибни Абдулазиз замони хилофатро ба даст гирифт, яке аз бародарони некўкораш назди ў дохил шуда, ба ў гуфт: Агар хоҳӣ ба ту ҳамчун Умар сухан мегўям, дар бораи ончи, ки имрўз онро бад мебинӣ ва фардо онро дўст медорӣ ва агар хоҳӣ, бо шумо ҳамчун амирулмўъминин сухан мегўям, дар бораи он чи, ки онро имрўз дўст медореду фардо бадаш мебинед.

Умар гуфт: Маро сухан бигў ҳамчун Умар, ба он чи, ки имрўз бад мебинамаш ва фардо дўсташ медорам.

34. Амире, ки як динор надорад

Дар яке аз рўзҳои тобистони гарм амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз назди ҳамсараш Фотима бинти Абдулмалик дохил шуда гуфт: Назди шумо дирҳаме ҳаст, то ангур харам.

Гуфт: На.

Умар гуфт: Чизе нест (барои иваз) то бо он ангур харам.

Гуфт: На.

Баъд аз он Фотима ботааҷҷуб ба ў нагириста гуфт: Шумо амирулмўъминин як дирҳам ва ё чизе надоред, то ангур бихаред!!

Умар бо табассуми ризоятмандона гуфт: Ин бар мо аз рў ба рў шудан бо занҷирҳо дар оташи дўзах осонтар аст.

35. Беҳтарин аҳли замонаш

Умар ибни Абдулазиз дар қофилаи мутавозеъ аз миёни саҳро убур карда ба Макка равон буд. Дар ин асно мори мурдаеро дида гуфт: Ба ман олати хокандоз (бел) биёред.

Ҳамроҳонаш гуфтанд: Мо худ ин корро хоҳем кард.

Гуфт: На.

Баъд аз он чуқурие канда он морро дар латтае печонида дафн намуд. Ин замон садое шунида шуд, ки соҳибаш дида намешуд: Раҳмати Худо бар ту бод эй Суррақ. Ман шаҳодат медиҳам, ки аз Паёмбар (с) шунидам, ки мегуфт: «Эй Суррақ, ту дар саҳрое вафот мекунӣ, пас беҳтарини уммати ман туро дафн мекунад».

Умар ибни Абдулазиз ба соҳиби овоз гуфт: Шумо кистед, Худо раҳмат кунад шуморо?

Соҳиби овоз гуфт: Ман марде аз ҷин ҳастам ва ин Суррақ аст, аз ҷумлаи ҷинҳое, ки бо Паёмбар (с) байъат кардаанд. Аз онҳо боқӣ намонда буд ғайр аз ман ва ў. Ва шаҳодат медиҳам, ки Паёмбар (с)-ро шунидам, ки мегуфт: «Эй Суррақ, ту дар замини саҳрое вафот мекунӣ ва беҳтарини умматам туро дафн мекунад.

Пас Умар чунон гиря намуд, ки қариб буд, ки аз маркабаш ба зер афтад.

36. Нигинро фурўш ва пулашро хайр кун

 Хабарҳо дар бораи ин ки писари халифа – амирулмўъминин Умар ангуштарие харидааст, ба қиммати ҳазор дирҳам, ба Умар расид. Ў дарҳол ба писараш мактуб навишт, ки он ангуштариро фурўхта пулашро садақа диҳад ва ба қиммати як дирҳам ангуштарӣ харида дар он нависад ки: «Раҳмати Худо бар он инсоне бод, ки қадри худро мешиносад». Вассалом.

* Муслима ибни Абдулмалик дар таому инфоқ, хеле зиёд сарф мекард. Умар ибни Абдулазиз инро шунида, Муслимаро назди худ хонд.

Баъд аз он амр намуд, то шурбои нахўд ва гўшти бирён тайёр карданд. Чун Муслима субҳи барвақт омада буд, то вақти чошт нишаст ва эҳсоси гуруснагӣ намуда аз ҷояш бархост, то биравад, лекин Умар ўро иҷозат надода, амр ба нишастан намудаш.

Баъд аз он то нисфи рўзи онҷо монд ва чун рўз нисф шуд хост биравад, боз Умар амр кард, ки биншин! Ва чун Умар шиддати гуруснагиро дар вай ҳис намуд фармуд, то хўроки шурбои бо нахудро ба вай оварданд ва Муслима бо иштиҳои том онро хўрд. Чун аз тановул даст кашид, Умар фармуд, то гўшти пухташударо биёранд ва ба ў гуфт: Бихўр!

Муслима гуфт: Сер кардаам.

Умар гуфт: Бихўр!

Муслима гуфт: Сер кардаам, дигар ҷой нест.

Умар гуфт: Пас чӣ тавр аст, сарфи беҳад дар таом ва дохил шудан ба оташи дўзах дар ҳоле, ки ин иваз аз вай ва бадали он шуда метавонад?

37. Байтулмолро барои Зиёд бикушо

Зиёд мавлои ибни Аббос бо як оромиро сукуни зоҳидона ва ҳайбати шоҳона назди Амирулмўъминин омада иҷозати ворид шудан гирифт. Чун назди Умар дохил шуд, саломе ғайри саломи хилофат дод ва чун ба хотираш омад, ба вай саломи хилофат дод. Умар ба ў гуфт: Ва алайкуму-с-салом. Саломи аввалинат барои ман беҳтар аст. Баъд аз он Зиёд болои замин нишаст ва Умар низ аз болои сарираш поин шуда, бо ў нишаст ва гуфт: Ман наметавонам, ки дар баландӣ нишинаму Зиёд дар болои замин. Баъд аз сўҳбатҳои тўлонӣ, Зиёд азми бозгашт намуда аз ҷой бархост. Умар ба хазинадори байтулмол гуфт: Дарвозаи байтулмолро бикушо, то Зиёд ҳар чӣ хоҳад, бигирад. Хазинадори байтулмол дарвозаро кушод ва Зиёд дохил шуда барои худ ва ёронаш ҳаштоду чанд дирҳам гирифт. Чун хазинадор адабу зуҳди зиёдро дар гирифтани мол дид, гуфт: Амирулмўъминин ба он чи ки мекунад, доност.

38. Рўзе, ки мардум монанди парвонагони пароканда бошанд

 Бо афсус ва андўҳи зиёд Фотима бинти Абдулмалик нишаста буду ашк мерезонд, ки бародаронашон Муслима ва Ҳишом ворид шуданд ва гуфтанд: Ин чи кор аст, ки ҳамеша онро анҷом медиҳӣ? Оё барои шавҳарат чунин мекунӣ, ё чизе аз дунё аз дастат рафтааст? Мо бо молу аҳлу авлодамон ба хидматат ҳозир ҳастем.

Дар ҳоле, ки ашк дар чашмони Фотима медурахшид, гуфт: Барои ҳеҷ чизе афсус намехўрам, лекин савганд ба Худо, шабе манзараеро дар ў дидам, пас донистам, ки сабаби асосие, ки ўро ба чунин ҳол овардааст хавфи бузургест, ки дар қалбаш ҷой гирифтааст.

Гуфтанд: Чӣ дидед?

Гуфт: Дидам, ки шабе намоз мегузорид ва чун ба ин оят расид:

ﭽ ﭦ  ﭧ  ﭨ  ﭩ  ﭪ  ﭫ   ﭬ  ﭭ  ﭮ  ﭯ    ﭰ  ﭼ القارعة: ٤ - ٥

 «Рўзе ки мардум чун парвонагони пароканда бошанд ва кўҳҳо чун пашми задашуда (ҳалоҷишуда)». (Ал-Қориъа: 4-5)

фиғон бардошту гуфт: Чӣ бад субҳест, баъд аз он аз ҷояш ҷасту афтид ва нафасҳои вазнин мекашид, ҳатто гумон кардам, ки нафсаш хориҷ мешавад, баъд аз он оромиш ёфт. Ман гумон кардам, ки қазо кардааст. Баъдан ба ҳуш омада нидо кард: Эй чӣ бад субҳест. Баъдан аз ҷояш ҷасту дар ҳавлӣ чарх задан гирифт ва мегуфт: Ҳалоки мо бод аз рўзе, ки мардум дар он монанди парвонагони пароканда бошанд ва кўҳҳо монанди пашмҳои боддодашуда мебошанд. Ҳамчунин буд ҳоли ў, то ин ки субҳ дамид ва баъд афтод, ҳатто ки азони фаҷрро доданд. Савганд ба Худо ҳар гоҳ он шабашро ба ёд меорам, беихтиёр ашки чашмам сарозер мешавад ва худамро нигоҳ дошта наметавонам.

39. Муҳаббати Алӣ (р)

 Язид ибни Умар ибни Муриқ (Мавлои Алӣ ибни Абўтолиб (р)) гуфт: Ҳине, ки Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид, дар диёри Шом будам ва ў дар Ханосра буду ғарибонро дусад дирҳамӣ медод.

Язид мегўяд: Назди Умар омадам ва ў ба ман гуфт: Шумо аз куҷоед?

Гуфтам: Аз аҳли Ҳиҷоз.

Гуфт: Аз кадоми аҳли Ҳиҷоз.

Гуфтам: Аз Қурайш.

Гуфт: Аз кадоми Қурайш?

Гуфтам: Аз Бани Ҳошим.

Гуфт: Аз кадом Бани Ҳошим?

Гуфтам: Мавлои Алӣ (р).

Гуфт: Алӣ кист?

Ман сукут кардам.

Гуфт: Кист?

Гуфтам: Алӣ ибни Абутолиб (р) аз ҷояш рост шуда дасташро рўи синааш гузошта гуфт: Савганд ба Худо, ман низ мавлои Алӣ ҳастам.

Баъд аз он гуфт: Ман шаҳодат медиҳам бар адади онҳое, ки Набӣ (с)-ро дарёфтанд, ки мегуфтанд: Паёмбар (с) фармуданд: «Шахсеро, ки ман мавлои ў ҳастам, Алӣ мавлои ўст».

Баъд аз он гуфт: Эй Музоҳим, монанди ин касро чанд медиҳед?

Гуфт: Дусад дирҳам.

Гуфт: Панҷоҳ дирҳам ба хотири вилояташ бар Алӣ (р) ба вай бидиҳед.

Баъд аз он атои муайяне бар вай муқаррар намуда ба ў гуфт: Ба ватанат баргард, он чи ба дигарон мерасад, ба шумо низ, иншоаллоҳ, хоҳад расид.

40. Қалбамро такон додед

Ба амирулмўъминин аз яке омилонаш хабаре расид. Дарҳол ба вай номае ирсол намуда панду андарзи зиёде гуфт.

Аз ҷумла дар он нома чунин навишт: «Эй бародар шуморо аз ҳоли ҷаҳаннамиёне ёдовар мешавам, ки то абад дар онҷо гирифторанд. Барҳазар бош аз он лаҳзае, ки аз даргоҳӣ Илоҳӣ шуморо мебаранд ва аз раҳмати ў ноумед ҳастед».

Чун омил ин номаро хонд, рахти сафар барбаст ва баъд аз муддате назди Умар расид.

Умар ба ў гуфт: Чӣ чиз боиси омадани шумо шуд?

Гуфт: Эй амирулмўъминин, бо ин номаат қалбамро кашида гирифтӣ. Ман ҳаргиз ба вилоят барнахоҳам гашт.

41. Маркабро хаста намудед

Умар ибни Абдулазиз ғуломе дошт, ки бо маркаби ў кор мекард ва рўзона як дирҳам ба Умар медод. Рўзе се дирҳам ба Умар дод.

Умар бо тааҷҷуб гуфт: Ин чист?

Ў гуфт: Бозор имрўз равнақ ёфта буд.

Умар гуфт: На, лекин шумо маркабро хаставу беҳол намудед. Се рўз онро истироҳат диҳед.

Умар ба омили худ дар Миср – Аён ибни Шурайҳ навишта буд: Ба ман чунин хабар расид, ки дар Миср боркашҳое ҳастанд, ки ҳар уштуреро ҳазор ратл бор мекунад, пас ҳарвақто ин номаи ман ба шумо расид, нашунавам, ки касе бар уштур зиёда аз 500 ратл бор карда бошад.

42. Умар ба канизи худ хидмат мекунад.

Дар яке аз рўзҳои гармии тобистон Умар ба ходимазани худ гуфт: Эй ходима, бод бидеҳ то истироҳат намоям. Ходима амри Умарро иҷро намуда, ба бодбезак ўро шамол дод ва Умар хобид. Дар ин байн муддате нагузашта худи ходимаро низ хоб ғалаба карду хобид. Чун Умар бедор шуд, ходимаро хобида дид, ўро бод дод, то роҳат кунад.

Ходима ногаҳон бедор шуду Умаро дид ва садо баровард.

Умар ба вай гуфт: Шумо низ монанди ман башар ҳастед. Шуморо низ гарм шудааст, пас хостам ба шумо роҳат бидиҳам, чуноне ки ба ман роҳат додед.

43. Аҳмақтарини мардум кист?

Ҳангоми чошт амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз байни иддае аз мардум, ки мехостанд суханашро бишунаванд, нишаста буд. Умар ба хотири таъдибу таълими эшон гуфт: Аҳмақтарини мардум кист?

Гуфтанд: Марде, ки охираташро ба дунёяш фурўхта аст.

Умар бо чеҳраи ҳозин гуфт: Ба аҳмақтар аз он шуморо огоҳ намоям?

Гуфтанд: Оре.

Гуфт: Мардест, ки охираташро ба дунёи ғайраш фурухтааст.

44. Сухан бигў талоқе бар шумо нест

Марде назди амирулмўъминин Умар омад, ки ашк дар чашмонаш ҳалқа зада буд, гуфт: Эй Амирулмўъминин!! Ман мазлумаму сухан гуфта наметавонам. (Зеро яке аз волиҳо ҳавли ё боғи ўро гирифта савгандаш додааст, ки шикоят ё ошкор накунад).

Умар ба ў гуфт: Вой бар ту! Савганди талоқ аст бар ту?

Гуфт: Бале.

Умар гуфт: Бигў ва бар шумо талоқе нест.

Он мард ба волие, ки зулмаш намудааст ишора намуда гуфт: Ин аст ки боғ ё ҳавлии маро гирифтааст.

Умар дар ҳоле, ки ғазаб вуҷудашро фаро гирифта буд гуфт: Боғ ё ҳавлии ўро баргардон.

Ва боз дар ҳоле ки чеҳрааш дигаргун шуда буд гуфт: Агар уқубати навпайдое дар ислом намекардам, ҳароина амр мекардам, ки асари саҷдаро аз ҷабинат маҳв мекарданд.

Байни чашмони волӣ асари саҷда буд.

45. Марде ба Умар шикоят мекунад

Умар ибни Абдулазиз дар тан либоси оддӣ маркаби худро савор шуда берун шуд.

Марде савори роҳилаи худ омада аз Умар пурсон шуд. Ба ў гуфтанд, ки берун шуда буд, ҳозир дар ҳоли баргаштан аст ва алон хоҳад расид.

Баъд аз лаҳзае Умар бо марде, ки ўро ҳамроҳӣ мекард, аз дур намоён шуд.

Ба ў гуфтанд: Ин Умар ибни Абдулазиз аст. Пас он мард назди Умар бархосту дар бораи замини худ аз Адӣ ибни Атия шикоят кард.

Умар дарҳол амр намуд то замини он мард баргардонида шавад.

Сипас, аз он мард пурсид, ки дар омаданат то ин ҷо чӣ қадар масраф кардед?

Гуфт: Эй Амирулмўъминин аз нафақаи ман мепурсед ва шумо замини маро баргардонидед, ки беҳтар аз 100 ҳазор дирҳам ҳазор аст.

Умар гуфт: Ман ҳаққи шуморо баргардонидам. Маро огоҳ кун, ки чанд масраф кардед?

Мард гуфт: Шаст дирҳам.

Умар амр намуд то ин маблағро аз байтулмол ба он мард доданд ва чун азми бозгашт кард, Умар ўро нидо кард ва чун баргашт ба ў гуфт: Ин панҷ дирҳамро аз моли ман бигиру то баргаштанат ба назди аҳлат онро нафақа кун, агар Худо хоҳад.

46. Худованд рўзи қиёмат шуморо аз ман мепурсад

Бо либосҳои фарсуда марди аъробие, ки асари фақру бенавоӣ дар ў намоён буд, назди амирулмўъминин Умар дохил шуда бо овози заиф гуфт: Эй амирулмўъминин, ҳоҷат маро назди шумо овардааст ва тоқати ман ба интиҳо расидаасту Худованд шуморо рўзи қиёмат аз ман хоҳад пурсид.

Умар гуфт: Он чи гуфтӣ, барои ман такрор кунед.

Аъробӣ гуфтаҳояшро такрор намуд. Умар ибни Абдулазиз сарашро поён намуд ва ашк резонд, ҳатто ин ки замини назди пояш тар шуд, баъд аз он сарашро бардошт.

Гуфт: Шумо чанд нафар ҳастед?

Гуфт: Ман ва ҳашт духтарам.

Умар барои ў ва духтаронаш миқдори муайяне аз мол моҳона таъйин кард ва сад дирҳам ба вай дода гуфт: Ин сад дирҳамро аз моли худам ба шумо медиҳам на аз моли мардум.

47. Омили шумо дар Озарбойҷон маро зулм намуд

 Бо пойҳои ларзону қалби пур аз ҳарос марде аз аҳли Озарбойҷон назди амирулмўъминин Умар даромада гуфт: Эй амирулмўъминин шуморо аз он рўзе, ки дар пешгоҳи Худо меистед, ёдрас мекунам, он рўзе, ки бе амали яқин ва бидуни покӣ аз гуноҳ бо ў таъоло рў ба рў мешавед.

Умар ибни Абдулазиз гиряи талх намуда аз ў пурсид: Ҳоҷати шумо чист?

Он мард гуфт: Омили Озарбойҷон ба ман зулм намуд ва аз ман дувоздаҳ ҳазор дирҳам гирифта дар байтулмоли мусулмонон гузошт.

Умар дар ҳоле ки ашк дар чашмонаш медурахшид гуфт: Фавран ба ў нома нависед, то дирҳамҳои ин шахсро баргардонад.

48. Волӣ ва девори мурғхона

Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз ба волии худ дар Миср Аюб ибни Шарҳабил чунин навишт: Дар ҳақиқат Фартуна мавлозани Зиасбаҳ ба ман нома навишта, паст будани деворашро баён намудааст, ки сабаби ба яғмо бурдани мурғоҳояш шудааст. Ў аз мо мепурсад, ки атрофи мурғонаашро девори баланд гирем, то садди роҳи дуздон шавад. Чун ин номаи ман ба шумо расид худи шумо ба назди ў мераведу ҳоҷаташро бароварда месозад.

Чун нома расид Аюби Шарҳабил онро хонда ба минтақаи Ҷиза рафта он занро, ки сиёҳипусти мискине будааст, ёфт ва аз номаи навиштааш ва амирулмўъмин ўро огоҳ сохт ва ҳоҷати ўро бароварда карда, баргашт.

49. Умар барои чӣ гиря кард?

Рўзе Фотима бинти Абдулмалик назди шавҳараш амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуда, ўро рўи ҷойнамозаш дарёфт, ки ашк мерезад. Ба ў гуфт: Эй амирулмўъминин, оё ҳодисае рух додааст?

Умар бо аламу андўҳ гуфт: Ман амри уммати Муҳаммадро ба дўш гирифтам ва медонам, ки фардо дар рўзи қиёмат аз гуруснаву мусофиру ятим ва бечораву бемору мазлуми он Худованд маро мепурсад ва ман аз он дар ҳаросам, ки ҳуҷҷати ман он гоҳ собит намешавад, пас ба худам раҳмам омаду гиря кардам.

50. Умар аз ҳоли раият ҷустуҷў мекунад

Ҳини чошт амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз ва ғуломаш Музоҳим савори маркаб шуда ба роҳ баромаданд, то ахбори вилоятдориашро аз саворагону мусофирон бипурсад.

Саворае аз аҳли Мадина бо эшон рў ба рў шуд. Ўро аз мардум ва ҳоли онҳо пурсиданд. Савора ба онҳо гуфт: Агар хоҳед ҳамаи хабарҳоямро ба шумо мегўям ва агар хоҳед баъзеи онро.

Гуфтанд: Ҳамаи хабарҳоро бигў.

Он мард гуфт: Ман Мадинаро дар ҳоле тарк гуфтам, ки золим дар он ҷо мақҳур ва мазлум дар он ҷо мансур аст ва ғани мавфуру оил маҷбур аст.

Умар инро шунида хушҳол шуда гуфт: Савганд ба Худо, агар ҳамаи шаҳрҳо ба ин сифат бошанд, беҳтар аст барои ман аз дунё ва он чи дар он аст.

51. Ду порае аз оташ

Духтари Умар ибни Абулазиз гавҳареро ба падараш фиростода гуфт: Падарҷон агар тавонед дуввуми (шарики) инро ба ман биёред, зеро ин танҳо як дона аст ва ман мехоҳам шарики онро дошта бошаму дар гўшҳоям андозам.

Умар ибни Абдулазиз ду оташпораро ба духтараш фиристода гуфт: Агар тавонӣ, ки инро дар гўшҳоят андозӣ, ман шарики он гавҳарро бароят меорам.

52. Шарри ўро аз мусулмонон нигоҳ дор

Марде шамшер ба даст шитобон дохили масҷиди Паёмбар (с) шуда, намози мардумро қатъ кард. Абўбакр ибни Муҳаммад амири Мадина ўро дастгир карда ба амирулмўъминин Умар нома навишт.

Умар ибни Абдулазиз дар ҷавоби ў нома фиристод. Абубакр ибни Муҳаммад номаро дар назди он мард хонд. Он мард Умарро дашном дод ва он номарову шахсе ки номаро овардааст.

Абубакр хост ўро гардан занад, аммо аз ин кор даст кашида амирулмўъмининро огоҳ намуд, ки ўро дашном дода ва амири Мадина майл ба куштани ў кардааст.

Умар дар ҷавоб навишт: Агар ўро қатл мекардед, ҳароина шуморо қатл мекардам, зеро касе ба дашноми касе кушта намешавад, магар ба дашноми Набӣ (с) кушта мешавад. Чун китоби ман, яъне номаам ба шумо расид, ўро ҳабс намоед ва ҳар моҳ ўро талаб намоед, то тавба намояд ва чун тавба намояд, озодаш кунед. Он мард ҳамчунон дар ҳабс буд, то ин ки Умар вафот намуд ва Язид ибни Абдулмалик ба хилофат расид ва гардани он мардро зад.

53. Сабади хурмо

Амири Урдун ду сабади хурмо ба амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз фиристод. Амирулмўъминин гуфт: Ба кадом васила инро оварданд?

Гуфтанд: Тавассути чаҳорпоёни хаткашон. Гуфт: Худованд маро аз мусулмонон дида ба чаҳорпоёни хаткашон мустаҳиқтар нагардонидааст. Инро аз назди ман берун кунед ва фурўхта пулашро барои алафи чаҳорпоёни хаткашон сарф намоед.

Писари бародараш барои шахсе, ки хурмо овардааст, гуфт: Ин хурморо ба бозор бибар ва чун пулаш муайян шуд, ба ман биёр то онро бихарам. Ва чун пули он ду сабади хурмо муайян шуд ба чаҳордаҳ дирам писари бародараш онро харида якеашро ба худаш гирифту дигарашро ба амирулмўъминин фиристод.

Чун он мард ба назди амирулмўъминин дохил шуд, Умар гуфт: Ин чист? Он мард гуфт: Писари бародарат онро харида якеашро ба шумо фиристод. Умар бо хушҳолӣ гуфт: Акнун хўрдани он барои ман пок аст.

54. Муҳаббати Паёмбар (с)

Мавлои Расули Худо (с) Амр ибни Зар назди амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуд.

Умар гуфт: Шумо мавлои Расули Худо ҳастед?

Гуфт: Бале.

Умар гуфт: Ман низ мавлои Расули Худо (с) ҳастам, ҳоҷататро бигў.

Гуфт: Эй амирулмўъминин, модарам пир аст ва ходиме надорад, то ёвараш бошад.

Умар гуфт: Ба ў ходиме амр намудем, ҳоҷататро бигў.

Гуфт: Эй Амирулмўъминин, ба ман нафақа таъйин кун.

Гуфт: Сӣ динор моҳона нафақаи шуморо таъйин намудем, ҳоҷататро бигў.

Гуфт: Басанда аст, эй Амирулмўъминин.

Умар гуфт: Агар то фурў рафтани офтоб аз ман мепурсид, ба вай ато мекардам.

Гуфта шудааст: Ин амалро Умар ба хотири Паёмбар (с) анҷом додааст.

55. Ба фақирон медиҳаду аз шоирон бозмедорад

Ҷарири шоир назди амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуда ба вай гуфт: Эй амирулмўъминин ба ман чунин хабар расидааст, ки шумо дўст медоред, ки ваъз гуфта шавед ва мадҳ карданатонро бад мебинед. Баъд аз он қасидаеро ба вай хонд, ки дар он фақру ҳоли худро васф мекард.

Умар гуфт: Ва он чи аз ману шумо ғоиб аст аз ин шадидтар аст.

Пас Умар корвоне аз хўрокаву либоса ва ҳадяҳо ба вай дод, то байни фақиронашон тақсим намояд.

Баъд аз он Умар гуфт: Эй Ҷарир, оё шумо аз муҳоҷирин ҳастед?

Гуфт: На.

Боз аз вай пурсид: Байни шумо ва ансор қаробати хешӣ вуҷуд дорад?

Гуфт: На.

Умар гуфт: Аз ҷумлаи муҷоҳидон ҳастед?

Гуфт: На.

Умар ба ў гуфт: Пас ман барои шумо ҳаққе дар моли мусулмонон намебинам.

Ҷарир гуфт: Худованд барои ман ҳаққеро фарз гардонидааст, агар онро аз ман дафъ нанамоӣ.

Умар гуфт: Вой бар ту, ҳаққи ту кадом аст?

Гуфт: Марди роҳе аз минтақаи дур омада назди дарвозаи ту мондааст.

Умар гуфт: Агар чунин бошад, ба шумо медиҳам. Ва бист диноре, ки аз атояш зиёдатӣ намуд ба вай дод ва гуфт: Ин зиёдатӣ аз атои ман аст, агар аз ин ҳам бисёр зиёдатӣ мекард, ба шумо медодам. Бигир ва агар хоҳед ситоиш кунед ва агар хоҳед мазаммат намоед.

Ҷарир гуфт: Балки ситоиш мекунам.

Чун Ҷарир аз назди амирулмўъминин берун шуд, шоирон атрофи ў ҷамъ шуда пурсиданд: Бо худ чӣ хабар овардӣ?

Гуфт: Хабаре ки бароятон бад аст. Аз назди шахсе берун шудам, ки ба фақирон медиҳаду аз шоъирон бозмедорад.

56. Худованд Муҳаммадро чун доъӣ фиристод

Умар ибни Абдулазиз бо волии Миср Ҳаён ибни Шурайҳ чунин навишт: Шахсе ки «Ло илоҳа иллалоҳу Муҳаммаду-р-Расулуллоҳ» гуфт ва намозро барпо дошт, пардохти ҷизяро аз ў боздор. Ҳаён ба ў чунин навишт: Эй амирулмўъминин, агар шумо чунин кунед, ҳама ба дини Ислом мегараванд ва аз ҷизя як дирҳам намегиред. Вой бар ту, эй Ҳаён!! Худованди таборак ва таъоло Муҳаммадро чун доъии роҳи ҳақ фиристод на ҷамъоварандаи ҷизя.

57. Байни Умар ва Увайси Қарнӣ

Абўсулаймони Доронии зоҳид ва Абўсафвон дар бораи ин ки кадоме аз ин ду бештар зоҳиданд: Увайси Қарнӣ ё Умар ибни Абдулазиз, мунозара намуданд.

Абўсулаймон гуфт: Умар ибни Абдулазиз аз Увайс дида зоҳидтар аст.

Абўсафвон гуфт: Барои чӣ?

Абусулаймон гуфт: Зеро ин ки Умар ибни Абдулазизро дунё ба рўяш омад ва ба он мубтало шуд ва ў аз он рўй гардонид ва зуҳдро пеша кард.

Абўсафвон гуфт: Увайс низ агар чунин мешуд, зуҳдро пеша мекард. Абўсулаймон ба ў гуфт: Касеро, ки таҷриба шуду саҳеҳ баромад, мисли касе, ки таҷриба нашудааст, намегардонем.

58. Онҳо душманони шумо дар рўзи қиёматанд

Зиёд ибни Абўзиёд мавлои ибни Аёш бо риояи адабу эҳтиром назди амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуд.

Умар мехост, ки аз ў ваъз шунавад, ба ў гуфт: Эй Зиёд намебинед, ки ба риояи амри уммати Муҳаммад (с) мубтало шудам?

Зиёд гуфт: Эй амирулмўъминин дар васф намудан накўш, балки дар пайдо намудани роҳи баромадан аз ин ҳолат бикўш. Агар ҳар тори мўят нутқ кунад, ба асли он чи ки шумо ҳастед, намерасад.

Боз Зиёд гуфт: Эй амирулмўъминин, аз ҳоли марде хабарам деҳ, ки душмани сарсахте дорад?

Гуфт: Ҳоли бадест.

Зиёд гуфт: Агар ду душмани сарсахт дошта бошад?

Гуфт: Ҳолаш бадтар мешавад.

Зиёд гуфт: Агар се нафар бошанд?

Умар гуфт: Зиндагӣ бо чунин ҳолат хуш набошад. Зиёд гуфт: Пас савганд ба Худо, эй амирулмўъминин ҳар як уммати Муҳаммад душмани шумост. Пас Умар ибни Абдулазиз гиряи сахте кард, ки овози нолааш шунида шуд. Зиёд гуфт: Эй кош ин суханро ба вай намегуфтам.

59. Чӣ чиз сабаби гиряи шумо шуд, эй амирулмўъминин?

Ҳишом ибни Мисод назди амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз нишаста ваъзаш гуфт, то ин ки ўро гирён намуд. Пас ходими ў Музоҳим наздаш даромада гуфт: Муҳаммад ибни Каъби Қуразӣ назди дарвоза аст.

Умар гуфт: Бигузор дарояд.

Ў дохил шуда дид, ки Умар ашки чашмонашро пок мекунад. Муҳаммад ибни Каъб гуфт: Эй амирулмўъминин чӣ чиз сабаби гиряи шумо шуд?

Ҳишом гуфт: Сабабаш чунину чунон аст.

Муҳаммад ба ў гуфт: Эй амирулмўъминин, дунё монанди бозорест, ки аз он баъзеҳо фоида карда баромаданд, баъзеи дигар зарар. Чӣ қадар рўзҳое буд бо эшон, ки мағрурашон сохта буд, мисли имрўзи мо, то ин ки марг ба онҳо расид ва аз ин дунё маломатшуда рафтанд ва ҳеҷ тўшаву зоде барои охират нагирифта буданд. Ва он чи дар ин дунё ҷамъ намуда буданд, ба дасти касе расид, ки некўие аз ў ба эшон намерасад.

Пас эй Амирулмўъминин, аз Худо битарс ва дар қалби худ ду чизро нигоҳ дор: Аввал ин ки он чиро, ки мехоҳед рўзи мулоқоти Парвардигор бо худ дошта бошед, пеши рўи худ ҳамеша гузор ва аз он чи ки намехоҳӣ дар он рўз бо худ дошта бошӣ, бипарҳез ва бадили онро дарёб.

Пас эй Амирулмўъминин аз Худо битарс. Дарҳоятро бикушову мазлумонро нусрат бидеҳ. Се хислатест, ки ҳар ки дорои он бошад, имони ба Худоро комил хоҳад кард: Агар розӣ шавад, ризояш ўро ба ботил намеандозад ва агар ғазаб кунад, ғазабаш ўро аз ҳақ берун намекунад ва агар қодир шавад, ғайри моли худро тановул намекунад.

60. Умар чароғро дуруст мекунад

Ҳангоми саҳар Раҷо ибни Ҳива назди Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз рафта ҳамсўҳбат шуданд. Ин ҳангом чароғ хомўш шуд.

Раҷо барои ислоҳи он ҳаракат кард, ки Умар ўро боздошт ва худ бархоста он чароғро дуруст намуд ва бо адабу тавозўъ гуфт: Ман чун Умар ибни Абдулазиз аз ҷоям бархостам ва ҳамчунон ба ҷоям нишастам. Аз ахлоқи ношоиста аст, ки инсон меҳмони худро кор фармояд.

61. Он чи Умар аз ҳамсараш мехоҳад

Рўзе зане назди Фотима бинти Абдулмалик омад. Чун ўро дар либосҳои фарсуда дид ва ба ў гуфт: Эй Фотима, оё сару либос ва ҳайати худро барои ҳамсарат дуруст намекунӣ?

Фотима ба ў гуфт: Эй фалонӣ, оё зан ҳолу ҳайати худро бо он чи ки шавҳараш мехоҳад, ислоҳ мекунад?

Гуфт: Бале.

Фотима гуфт: Пас ин ҳолатест, ки Умар дўст медорад.

62. Имтиҳони волиҳо

Ҳангоме ки Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид, Билол ибни Абўбурда назди ў омада табрику таҳнияташ намуда гуфт: Эй амирулмўъминин, ягона касе, ки хилофатро мушарраф ва музайян сохт, шумо мебошед. Ва чанд назме дар васфи халифа гуфт.

Баъд аз он кунҷи масҷидро ихтиёр намуда, шабу рўз намоз мегузориду Қуръон мехонд.

Умар инро дида хост ба хотири зуҳду тақво ва фазлаш вилояти Ироқро ба ў супорад.

Қабл аз ин халифа хост, ўро имтиҳон намояд. Биноан, мардеро пинҳонӣ ба наздаш фиристод. Он мард ба вай гуфт: Агар барои ба даст овардани вилояти Ироқ барои шумо амал намоям ба ман чи хоҳӣ дод?

Билол гуфт: Чунину чунон ба шумо медиҳам.

Он мард ба назди амирулмўъминин омада, хабари мулоқоташро бо Билол гуфт.

Амирулмўъминин ўро аз наздаш ронд ва гуфт: Эй аҳли Ироқ соҳиби шумо ба хотири мансаб суханҳое гуфт, ки балоғату фасоҳаташ афзуду зуҳдаш кост.

63. Хиштеро болои хишт нагузоштааст

Умар ибни Абдулазиз биное намесохт. Ў мегуфт: Суннати Расули Худо (с), эшон аз дунё рафтанду хиштеро болои хишт ва чўберо болои чўб нагузоштанд.

Умар ибни Абдулазиз зинапояе дошт, ки мустаҳкам набуд ва ҳаргоҳ ки болои он мешуд, ё поин мешуд, метарсид, ки аз он меафтад.

Яке аз писаронаш аз он зинапояро аз сари нав мустаҳкам намуд. Чун Умар болои он шуд, дид, ки мустаҳкам аст ва намеҷунбид, аз атрофиёнаш пурсид.

Ба ў гуфтанд: Фалонӣ онро аз нав обод кард.

Умар гуфт: Инро ба ҳоли пешинааш баргардонед, зеро ман бо Худо аҳд кардам, ки чун ин амрро ба дўш гирифтам, хиштеро болои хишт намегузорам.

64. Худованд нусрат намедиҳад лашкареро, ки шумо дар он ҳастед

Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расид ва Язид ибни Абўмуслими Сақафӣ – яке аз аъвони Ҳаҷҷоҷ – дар роҳ ба сўи Рум ба ғазвае мерафт. Чун дар роҳ буд, номаи Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз ба ў расид, ки навишта буд:

«Ҳар ҷое, ки намаи амирулмўъминин ба шумо расид, аз ҳамонҷо баргардед, зеро Худованд лашкареро, ки шумо дар он ҳастед, нусрату мадад намекунад».

65. Либоси амирулмўъминин

Рўзе Амирулмўъминин дар намози ҷумъа каме таъхир кард. Баъд аз он омада бо мардум намозро гузорид ва дар ҷои маъмулиаш нишаст.

Ба ў гуфтанд: Эй Амирулмўъминин мисли ин, ки ҷумъаро дер хондед?

Гуфт: Бале.

Баъд аз он сабаби дермониашро баён кард: Либосамро шуста буданд, интизори хушк шуданаш будам.

Рўзе аз рўзҳо Умар ибни Абдулазиз намози ҷумъаро гузорида дар ҷояш нишаст ва либоси поргишудае дар бар дошт.

Марде ба ў гуфт: Эй амирулмўъминин, Худо ба шумо молу мулк додааст, чӣ мешуд, ки либоси нав мепўшидед?

Лаҳзае чанд Умар сар ба поин карду баъд ба ў нигариста гуфт: Беҳтарин эътидол, ҳангоми дороӣ аст ва беҳтарини афву бахшиш, ҳангоми қодир будан аст.

66. Пардаи хона ва мардуми гурусна

Масъулони Байтулҳаром ба амирулмўъминин Умар мактуб навиштанд, то барои пардапўш намудани Хонаи Худо амр намоянд, ҳамчуноне, ки халифаҳои собиқ мекарданд.

Умар ба эшон чунин навишт: Ман чунин фикр дорам, ки маблағи онро барои мардумони фақиру нодор сарф намоям, зеро мадади эшон аз пардапўшии Хона беҳтар аст.

67. Ҳилму бурдбории бузургон

Шабе амирулмўъминин Умар ҳамроҳи яке аз муҳофизонаш ба масҷид мерафт, ки пояш ба як шахсе бархўрд, ки дар роҳ хоб буд. Он мард боғазаб ба Умар гуфт:

Оё ту девонаӣ?

Умар гуфт: На.

Муҳофизи Умар хост ҷазои он мардро бидиҳад, ки нисбати халифа беэҳтиромӣ нишон додааст.

Умар ба ў гуфт: Ором бош, зеро ў маро пурсид, ки девона ҳастӣ?

Гуфтам: На.

Рўзе Умар ибни Абдулазиз болои минбар шуд ва марде аз байни мардум бархоста суханҳои беҷо гуфт ва ўро дар ғазаб  кард.

Умар ба вай гуфт: Эй фалонӣ, хостед, ки шайтон маро бо қуввати султониям мағрур созад ва ба шумо кореро анҷом диҳам, ки шумо онро фардо ба ман анҷом диҳед. Биравед, Худованд мову шуморо бубахшад.

68. Умар назди аҳли китоб

Рўзе Абдуллоҳ ибни Умар ибни Абдулазиз аз назди савмааи роҳибе дар Ҷазира, ки соҳиби илм бар китобҳо буд, мегузашт. Он роҳиб назди Абдуллоҳ омад ва гуфт: Медонед барои чи назди шумо омадам.

Гуфт: На.

Роҳиб гуфт: Барои ҳаққи падарат, ман ўро аз зумраи имомони одил мешуморам.

69. Умар дар назди қозӣ

Марде аз аҳли Миср назди Умар ибни Абдулазиз омад ва чун дар рўбарўяш нишаст, гуфт: Эй амирулмўъминин, падари шумо Абдулазиз вилояти билоди моро ба ўҳда дошт ва ба Абдулмалик ибни Марвон навишт, ки заминҳои ҳилвон ҳастанд ва он заминҳои хироҷӣ мебошанд. Пас онро ба ў дод ва баъд аз вафоти падарат шумо ва бародаронат соҳиби он шудед. Пас аз Худо битарсед ва монанди падарат маро зулм нанамоед.

Умар гуфт: Ман дар он замин шарик дорам аз бародарону хоҳарон ва эшон бидуни ҳукми қозӣ ризо намешавад. Ҳамроҳ назди қозӣ намеравем, агар ба фоидаи ман ҳукм кард, мегирам ва агар бар зидди ман ҳукм кард ба шумо таслим мекунам.

Ҳарду ба назди қозӣ рафтанд. Баъд аз шунидани суханҳои ҳарду, қозӣ ба фоидаи марди мисрӣ фатво дод. Умар ба чеҳраи кушода гуфт: Агар ғайри аз ин ҳукм мекардед, туро дигар ба мансаби қазо намешинонидам.

70. Баргашти ҳақҳо

Марде аз сарватмандони Ҷазира ба Умар аз Ҳишом ибни Абдулмалик шикоят кард. Умар ба Ҳишом гуфт: Эй Ҳишом, оё ин мард ба шумо душманӣ дорад?

Гуфт: Бале.

Умар гуфт: Ба душманат (хасмат) бинишин.

Ҳишом гуфт: Ман вакил дорам, ки ба ў мунозараву мухасама мекунад.

Умар гуфт: Дар қабзи зироаташ ғайри худатро вакил накардӣ, пас чӣ гуна барои хусуматаш дигар касро вакил менамоӣ!?

Чун ҳарду дар пеши рўи Умар баробар омаданд, ҳар вақто он мард сухан мегуфт, Ҳишом ўро сарзаниш карда таҳдид менамуд.

Умар дар ғазаб шуда фарёд зад: Оё назди ман хасматро таҳдид менамоӣ, эй каҷпой?

Баъд аз он Умар масъаларо ба фоидаи он мард ҳукм намуд, то заминашро аз Ҳишом бигирад.

Умар ба муҳофизаш гуфт: Аз паси Ҳишом бархез, агар он мардро аз аз ҳаққаш манъ намуд ё таҳдидаш кард, гарданашро ба шамшер бизан.

71. Намехоҳам Худоро бо хуни эшон мулоқот намоям

Умар ибни Абдулазиз бо замири пок ва дастони тоҳир ба омили худ дар Басра навишт:

Аммо баъд: Номаи шумо ба ман расид, ки дар он аз омилони худ ва хиёнати эшон сухан гуфтаӣ ва аз ман пурсидаӣ, ки барои азобу ҷазои онҳо ба шумо иҷозат диҳам, гўё ки ман баро шумо ҳомӣ ва нигаҳбон ҳастам, на Худованд. Пас ҳине ки номаи моро гирифтед ва ҳуҷҷат бар онҳо собит шуд, бар асоси он ҳуҷҷат эшонро ҷазо деҳ. Вагарна, пас аз намози аср эшонро бар ин, ки ба моли мусулмонон хиёнат накардаанд, ба Худои ягона савганд бидеҳ, пас агар савганд хўрданд, эшонро озод намо, зеро он моли Худованд аст. Савганд мехурам, ки ин ки Худовандро ба хиёнаташон мулоқот намоянд, бароям беҳтар аз он аст, ки Худоро ба хуни эшон мулоқот намоям.

72. Асалро бар мо фосид намудед

 Умар ибни Абдулазиз бар чаҳорпоён ва маркабҳои «барид», яъне хаткашон борашро ҳамл намекард, магар дар он ҳоҷати мусулмонҳо бошад.

Ў ба омили худ нома навишт, то барояш асал харад, бидуни истифодаи моли мусулмонон. Пас омилаш асал харида бо истифодаи маркабҳои барид ба ў ирсол дошт.

Умар гуфт: Асалро то ин ҷо бо чӣ оварданд?

Гуфтанд: Бо маркаби «барид», хаткашон.

Ў амр намуд, то он асалро фурўхтанд ва пулашро дар байтулмоли мусулмонон гузоштанд.

Баъд аз он гуфт: Асалро бар мо фосид намудед.

73. Шаҳрро бо адл қалъабандӣ намо

Боре яке аз омилони амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз ба ў нома навишт:

Аммо баъд: Шаҳри мо хароб гаштааст, пас агар амирулмўъминин ирода дошта бошад, моле барои ислоҳи он равона созад.

Умар ба ў чунин посухнома навишт:

Аммо баъд: Номаи шуморо хонда фаҳмидам, ин ки шаҳри шумо хароб гаштааст. Чун ин номаи моро хондед, шаҳратонро бо адл ободу ислоҳ намоед ва кўчаҳои онро аз зулм пок созед, зеро ислоҳи шаҳр ин аст. Вассалом.

74. Ислоҳи шаҳрҳо

Умар ибни Абдулазиз Яҳёи Ғассониро амири Мавсил таин намуд, ки аз ҳама шаҳрҳо дида дуздию сирқат дар он ҷо зиёдтар буд.

Ў ба амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз нома навишта ҳолати шаҳрро ба ў фаҳмонд ва пурсид, ки оё мардумро бо гумон дастгир кунад ва бар тўҳмат занад, ё бар асоси шоҳид ва одати мардум кор кунад?

Умар ба ў навишт, ки бар асоси шоҳид ва он чи суннат бар он ҷорист, амал намояд, пас агар ҳақ эшонро ислоҳ накард, Худованд ҳаргиз ислоҳашон нанамояд.

Яҳё гуфт: Ба тавсияи Умар рафтор намудам, аз Мавсил хориҷ нашудам ҳатто, ки онҷо аз ислоҳшудатарин шаҳр шуда буд ва дуздӣ дар онҷо кам ба мушоҳида мерасид.

75. Умар ва ходимазан

Фотима бинти Абдулмалик ходимазане дошт. (Фотима ҳамсари Умар ибни Абдулазиз буд). Он ходимазанро ба назди Умар ибни Абдулазиз фиристода гуфт: Инро ба шумо бахшидам, ҳоҷататро аз ў барор.

Умар ба ў гуфт: Биншин, чизе аз дунё бароям аҷибтар аз шумо нест, саргузаштатро ба ман бигў.

Ходимазан гуфт: Духтаре аз қавми Бар-бар будам. Падарам ҷинояте содир карда аз Мўсо ибни Насир омили амирулмўъминин дар Африко фирор кард. Пас Мўсо ибни Насир маро ба Абдулмалик фиристод ва Абдулмалик маро ба Фотима бахшид ва Фотима маро ба шумо фиристод.

Умар ибни Абдулазиз ўро муҷҷаҳаз намуда ба сўи аҳлу оилааш фиристод.

76. Умар бо оби дидааш оташро хомўш мекунад

Дар яке аз шабҳои зимистон Зиёд мавлои Ибни Айёш ба назди амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз дохил шуд. Умар пеши оташдоне нишаста китоб мехонд. Зиёд пеши оташдон нишаста гарм шуда истод. Чун Умар аз китобаш фориғ шуд, назди Зиёд омада нишаст ва гуфт: Эй Зиёд ба ман қисса кунед.

Зиёд гуфт: Ман қиссакунанда нестам.

Умар гуфт: Пас сухан бигў.

Чун Зиёд аз дохилшудани биҳишту дўзах сухан гуфт: Умар чунон ашк резонд, ки оташпораҳоро хомўш кард.

77. Ҳангоми ғазаб касеро ҷазо намедиҳад

Аз тақвову парҳезгории амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз ҳамин буд, ки дар ҳоли ғазаб касеро ҷазо намедод.

Рўзе Умар бар марде аз аҳолии Байтулмуқаддас ғазаб кард, хеле ғазаби сахт. Ўро аз либосаш берун карда дар бандҳо бастанд, баъд аз он қамчинро оварданд, ҳатто мардум гумон доштанд, ки Умар худаш ўро мезанад.

Чун ғазабаш фурў рафт, гуфт: Ўро озод намоед, аммо агар ман ғазаболуд намебудам, ҳароина ўро дурра мезадам. Баъд аз он ояти зернинро тиловат намуд:

Сухани Худо:

ﭽ ﭞ  ﭟ        ﭠ  ﭡ  ﭢ  ﭣ  ﭤ  ﭥ   ﭦ  ﭧﭨ  ﭩ  ﭪ  ﭫ  ﭬ  ﭼ آل عمران: ١٣٤

 «Он касон, ки дар осоиш ва сахтӣ инфоқ мекунанд ва хашми хеш фурў мебаранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накўкоронро дўст дорад!».

(Сураи Оли Имрон, ояти 134)

 Авзоъӣ гуфт: Умар ибни Абдулазиз агар мехост шахсеро ҷазо диҳад, ўро се рўз ҳабс мекард аз хавфу кароҳати ин ки дар аввали ғазабаш ба ҷазои ў шитоб накарда бошад.

78. Забонамро бо он олуда намесозам

Рўзе ба Умар ибни Абдулазиз гуфтанд: Дар бораи аҳли Сиффин чӣ мегўед?

Гуфт: Он хунҳое ҳастанд, ки Худованд дасти маро аз он пок сохтааст ва намехоҳам забонамро бо он олуда созам.

Риёҳ ибни Убайда мегўяд: Назди Умар ибни Абдулазиз нишаста будам, аз Ҳаҷҷоҷ ёд шуд, ўро дашном дода аз қимматаш костам.

Умар гуфт: Нашитоб, эй Риёҳ. Шунидам, ки мард зулм мекунад ва мазлум золимро дашному бадгўӣ мекунад, ба андозае, ки ҳаққашро бо ин роҳ аз ў меситонад ва фазли золим бар вай меафзояд.

79. Динори гумшуда

Ваҳб ибни Мунаббиҳ хозини байтулмол дар Яман буд. Ў ба амирулмўъминин Умар чунин навишт:

Аммо баъд: Аз байтулмол динореро гум кардам.

Умар ибни Абдулазиз ба ў чунин навишт:

Аммо баъд: Ман шуморо дар дину амонат тўҳмат намекунам, лекин дар зоеъ намудан ва ифрот намуданат туро тўҳмат мекунам. Ман далел ва ҳуҷҷати мусулмонон дар амволашон ҳастам. Ва метарсам аз ин ки шумо, ки савганд ёд менамоед. Вассалом.

80. Шумо озод ҳастед

Умар ибни Абдулазиз ғуломе дошт. Рўзе ў ба ҳезумчинӣ рафт ва муддати дарозе ғайб зад. Чун баргашт Умар ибни Абдулазиз ўро маломат кард.

Ғулом дар ғазаб шуда гуфт: Мардум ҳама ба хайр ҳастанд, магар ману шумо Умар ибни Абдулазиз дар ҳарос афтид, ки аз тоқаташ зиёд бар ў таҳмил накунад, биноан ўро озод намуд.

81. Феъли Ҳаҷҷоҷро макун

Ба Умар ибни Абдулазиз хабар расид, ки омили ў Адӣ ибни Артаа баъзе корҳоеро анҷом медиҳад, ки ба феълҳои Ҳаҷҷоҷ монанд аст. Пас Умар ба ў нома навишт: Шунидам, ки шумо пайравӣ аз феъли Ҳаҷҷоҷ мекунед. Пайравӣ аз вай макунед, зеро ў намозро дар ғайри вақташ мегузошт, закотро ба ғайри ҳаққаш мегирифт дар дигар корҳо аз ин ҳам бадтар буд.

Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз мардеро ба коре таъийн намуд ва пасон шунид, ки барои Ҳаҷҷоҷ кор мекунад, пас ўро озод намуд. Он мард омада аз Умар узр пурсида гуфт: Барои ў андаке кор кардам. Умар гуфт: Аз сўҳбати бад як рўз ё кам аз он кофист.

82. Молҳои закот

Хабари ба хилофат расидани Умар ибни Абдулазиз миёни мардум хеле босуръат паҳн шуд ва ҳамагон ба адои садақаву моли закот шитофтанд.

Баъзе волиҳо ба ў нома навиштанд: Мардум чун аз ба хилофат расидани шумо огоҳ шуданд, ба додани закот (закоти фитр) шитофтанд ва аз он моли зиёде ҷамъ шудааст ва нахостем дар он тағйироте биёрем, то раъйи худро маълум намоед.

Умар ба вай чунин навишт: Савганд ёд мекунам, ки ману туро бар он чи гумон мекунанд наёфтаанд, пас ҳар чи ҳаст, баъд аз гирифтани номаам, онро берун намо.

83. Амир ва себ

Амирулмўъминин Умар иштиҳои хўрдани себ кард ва бо овози шунаво гуфт: Агар пеши мо андаке себ мебуд, он бўи хубу маззаи хуш дорад.

Марде аз аҳли байташ инро шунида чанд дона себро ба ў ҳадя фиристод. Чун он фиристода бо себҳо омад, Умар дар ҳоле ки ба себҳо менигарист, гуфт: Эй мард, ин себҳоро бардору саломи маро ба касе, ки себҳоро фиристодааст, бирасон ва ба вай бигў, ки ҳадяи ў ба мо ба беҳтарин мавқеъ расид.

Ғулом, ки аллакай рад намудани Умарро эҳсос намуда буд гуфт: Эй амирулмўъминин, он кас писари амакат ва аз аҳли байти шумо аст ва шумо медонед, ки Паёмбар (с) ҳадяро мехўрду садақаро намехўрд.

Умар бо чеҳраи кушода гуфт: Вой бар ту, ҳадя барои Паёмбар (с) ҳадя буд ва он барои мо имрўз ришва аст.

84. Писарбачаи ҳаким

Гурўҳе аз мардум назди Умар ибни Абдулазиз омаданд, ки писарбачаи хурдсоле онҳоро сардорӣ мекард.

Чун писарбача хост бо намояндагӣ аз гурўҳ сухан гўяд, бо ў гуфт: Эй писарам, сухан карданро ба касе бигузор, ки аз шумо калосолтар аст.

Лекин писарбачаи сухандон муаддабона чунин посух гуфт: Эй амирулмўъминин, эътибори инсон бо ду ҷузъи хурдаш – қалб ва забонаш мебошад ва агар кор ба эътибори синну сол мебуд, дар байни мусулмонон ҳароина шахсе ёфт мешуд, ки мустаҳиқтар аз шумо буд.

Умар аз суханони писарбача хушҳол гашта, чеҳрааш кушода шуд ва гуфт: Рост гуфтӣ, рост гуфтӣ.

85. Шаби амир

Муғира ибни Ҳаким назди Фотима бинти Абдулмалик ҳамсари Умар ибни Абдулазиз нишаста буд ва ба сирату саргузашти Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз гўш медод.

Фотима ки ба умқи хотираҳояш фурў рафта буд, гуфт: Эй Муғира, шояд дар байни мардон шахсоне ҳастанд, ки аз Умар дида бисёртар намозу рўза мегузоранд, лекин ман аз мардум касеро надидам, ки аз Парвардигораш тавре, ки Умар метарсид, ҳамчунон битарсад. Ў ҳине, ки вориди хона мешуд, худро дар масҷидаш меандохт ва даст ба дуову зорӣ баланд мекард, намоз мегузориду ашк мерезонид, то ин ки хоб бар вай ғолиб мешуд. Чун бедор мешуд, боз ба ибодат мепардохт ва шабашро ҳамчунон то ба охир мегузаронид.

86. Ҳаққи заифон

Рўзе Ҳишом ибни Абдулмалик назди Умар ибни Абдулазиз аз боби насиҳат ба ў гуфт: Эй амирулмўъминин, ман фиристодаи қавмат ҳастам ба назди шумо. Эшон дар дилҳояшон эҳсосе пайдо шудааст ва мегўянд: Бо раъйи худат кор мекунӣ ва раъйи собиқ халифаҳоро тарк кардаӣ.

Умар ба ў гуфт: Агар ду номае ба ман оред, яке аз Муъовия ва дуввумӣ аз Абдулмалик, ҳарду бо як амр, пас бо кадоме аз ду нома амал хоҳам кард?

Ҳишом гуфт: ба собиқтарини он ва аз он дур нахоҳам шуд.

Умар гуфт: Пас ман китоби Худоро аз ҳама собиқтар ёфтаам ва бо он амал мекунам.

Баъд аз он гуфт: Бубинед агар марде ҳалок гардад ва аз худ фарзандони хурду бузург гузорад ва фарзандони бузург амволи фарзандони хурдро бихўранд ва онҳо ба назди шумо даъвокунон биоянд, чи кор хоҳед кард?

Гуфт: Моли эшон ва ҳуқуқашонро ба онҳо бармегардонам.

Умар гуфт: Ман бисёре аз волиҳои пеш аз худамро дарёфтам, ки бо истифода аз қуввату мансаби худ моли мардумро хўрдаанд. Пайравонашон низ чунин кардаанд. Чун ман сари қудрат омадам, мардум омада аз ҳуқуқашонро талаб мекунанд ва ман роҳе ҷуз баргардонидани ҳаққи заифон надорам.

Ҳишом гуфт: Худованд шуморо муваффақ гардонад, эй амирулмўъминин!

87. Дуо кун то Худо маро бимиронад

Умар ибни Абдулазиз амири мусулмонон Абдуллоҳ ибни Абўзакариёро назди худ хонд, ки аз зумраи зоҳидону атқиё ва мусатаҷобу-д-даъват буд.

Чун назди Умар ибни Абдулазиз омад, гуфт: Эй ибни Абузакариё, оё медонӣ барои чӣ шуморо назди худ хондам?

Гуфт: На.

Гуфт: Ба хотири коре, ки ба шумо нахоҳам гуфт, то ин ки бароям савганд ёд накунед, ки онро иҷро менамоед.

Гуфт: Эй амирулмўъминин, ҳар чи, ки аз ман мехоҳед, анҷом хоҳам дод.

Ба ў гуфт: Савганд ёд кун.

Чун савганд ёд намуд гуфт: Аз Худо талабу дуо кун, то маро бимиронад.

Ў гуфт: Чӣ бад намояндае ҳастам барои мусулмонон. Ман душмани уммати Муҳаммад (с) ҳастам.

Умар гуфт: Шумо барои ман савганд ёд намудед. Ибни Абўзакариё гуфт: Алҳамдулиллоҳ, баъд аз он барои ў дуо кард ва гуфт: Эй бор Худоё, баъд аз вай маро боқӣ нагузор.

Ин ҳангом писарбачаи хурдсоле аз Умар вориди маҷлис шуд.

Умар гуфт: Инро низ шомили дуо кун, зеро ман дўсташ медорам.

Пас барои ў низ дуо намуд. Пас аз он Умар вафот намуд, ибни Абўзакариё низ вафот намуд ва инчунин он писарбачаи хурдсол ҳам аз олам чашм пўшид.

88. Дўст доштани марг

Беморӣ тамоми вуҷуди Умар ибни Абдулазизро фаро гирифта ўро дар бистари марг хобонда буд. Табиб ба аёдати ў омада гуфт: Ин мардро заҳр додаанд ва аз марг дар амонаш намебинам.

Умар ба ў нигариста гуфт: Касонеро ҳам, ки заҳр нанўшонидаанд, аз марг дар амон набин.

Табиб ба ў гуфт: Эй амирулмўъминин, оё вуҷуди заҳрро эҳсос намудӣ. Ман метарсам, ки ҷони шумо аз даст хоҳад рафт.

Умар гуфт: Аллоҳ (ҷ) беҳтарин зотест, ки ҷони ман ба сўи ў меравад. Савганд ба Худо, агар шифои ман дар мисос намудани нармии гўшам бошад, дастамро боло намебардорам. Эй бор Худоё, дар мулоқоти Умар бо худ баракат биандоз.

Чанд рўзе нагузашт, ки Умар аз олам чашм пўшид.

89. Умарро заҳр менўшонанд

Муҷоҳид ибни Ҷубайр ба назди амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз, ки бемор буд, дохил шуд. Умар аз вай пурсид: Мардум дар бораи ман чӣ мегўянд?

Гуфт: Мегўянд, ки шумо масҳур ҳастед.

Умар гуфт: Ман масҳур (сеҳршуда) нестам. Лекин заҳр нўшонида шудам.

Баъд аз он ғуломеро ба назди худ хонда гуфт: Чи чиз туро ба заҳр додани ман водошт?

Гуфт: Ҳазор динор доданд ва ин ки озод хоҳам шуд.

Умар гуфт: Ҳазор динорро биёр.

Ҳазор динорро гирифта дар байтулмол гузошта ба ғулом гуфт: Ҳар ҷо ки меравӣ бирав, ту озод ҳастӣ.

90. Умар ва Яҳудӣ

Рўзе Валид ибни Ҳишоми Муъитӣ бо марди яҳудие вохўрд.

Яҳудӣ гуфт: Умар ин амро ба дўш мегирад (яъне хилофатро) ва дар он адолатро пеша мекунад.

Валид гуфт: Пас бо Умар вохурда ўро аз ин амр огоҳ сохтам.

Чун Умар ба хилофат расид, баъд аз муддате боз бо он яҳудӣ вохўрдам ва ў ба ман гуфт: Оё шуморо огоҳ насохтам ва гуфтаи ман амалӣ нашуд.

Гуфтам: Бале.

Пас яҳудӣ гуфт: Ал-он ин мардро заҳр додаанд, ба ў бигў, то худашро наҷот диҳад.

Валид босуръат ба назди амирулмўъминин рафта ўро аз гуфтаи яҳудӣ огоҳ сохт. Умар гуфт: Эй Парвардигор! Чи қадар донанда ҳастанд?!

Савганд ба Худо, лаҳзае, ки нўшонида шудам, худам донистам. Агар шифоям дар нармии гушам бошад, онро мисос намекунам.

91. Ишора ба дафни ў дар ҳамсоягии Паёмбар (с)

Байни ҷамоате аз мусулмонон халифаи одил Умар ибни Абдулазиз нишаста ба суханону аҳволи онҳо гўш медод. Эшон ба ў гуфтанд, ки маконе, ки қабри Паёмбар (с) ҷойгир шудааст, он ҷо ҷои як нафари дигаре низ ҳаст ва онро ба вай пешниҳод намуданд.

Ба ў гуфтанд: Агар ба Мадина наздик мешудед?

Пас Умар ибни Абдулазиз пешниҳоди эшонро фаҳмид ва дар ҳоле ки ашк дар чашмонаш медурахшид, гуфт: Ин ки Худованд маро ба ҳар азобе ба ҷуз оташ гирифтор намояд, барои ман беҳтар аз ин аст, ки ман худро лоиқу сазовори он макон донам.

92. Пероҳани амирулмўъминин

Умар ибни Абдулазиз дар бистари беморӣ буд. Муслима ибни Абдулмалик ба аёдати ў омад. Дид, ки пероҳани чиркине дар бар дорад.

Пас ба Фотима бинти Абдулмалик гуфт: Эй Фотима пероҳани Амирулмўъмининро бишўед. Мардум ба аёдати ў меоянд.

Гуфт: Мешўямаш, иншоаллоҳ.

Бори дигар чун Муслима ибни Абдулмалик ба аёдати Умар омад, боз ҳамон пероҳанро дар танааш дид, ки чиркинтар шудааст.

Ғазаболуд шуда гуфт: Эй Фотима, оё шуморо ба шустани пероҳани Амирулмўъминин амр нанамуда будам?

Фотима гуфт: Савганд ба Худо, ғайр аз ин пероҳане надорад.

93. Умар баъд аз маргаш фарзандонашро фақир мегузорад

Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз дар бистари марг буд. Муслима ибни Абдулмалик наздаш даромада зиёраташ кард ва гуфт: Эй Амирулмўъминин шумо баъд аз сари худ фарзандонатонро фақиру нодор мегузоред, агар ишонро ба ман васият мекардед ё ба амсоли ман аз аҳли байтат, хуб мешуд.

Умар бо овозе, ки аз беморӣ заиф шуда буд, гуфт: Такя диҳед ба ман.

Баъд аз он гуфт: Аммо сухани шуморо, ки ман эшонро аз ин мол фақир гузоштаам, савганд ба Худо, ман ҳаққи онҳоро манъ накардаам ва он ҳаққе, ки аз эшон набуд, ба онҳо надодаам. Аммо сухани шумо, ки онҳоро ба шумо васият намоям, васӣ ва валии ман дар онҳо Худоест, ки китобро нозил кардааст ва ў валии солеҳон аст. Фарзандони ман яке аз ду намуд мардонанд. Ё мардоне ҳастанд, ки аз Худо метарсанд ва Худо барои эшон раҳоӣ ва кушоиш медиҳад, ва ё мардоне ҳастнад, ки муртакиби маосӣ мебошад ва ман намехоҳам, ки ўро дар маъсияти Худо қувват диҳам.

Баъд аз он фарзандонашро, ки аз даҳ нафар зиёдтар буданд, назди худ хонда ба эшон нагирист ва ашкаш аз чашмонаш ҷорӣ шуда гуфт: Эй фарзандонам падари шумо байни ду амр қарор дошт: Байни ин ки шумо бою сарватманд бошед ва падаратон дохили дўзах шавад ва байни ин, ки шумо фақир бошед ва падаратон дохили ҷаннат гардад. Ва ин ки шумо фақир бошеду падаратон дохили ҷаннат шавад бароям хубтар буд аз ин ки ғанӣ бошеду дохили дўзах шавем. Акнун бархезед Худо нигоҳдори шумо бошад.

94. Оё васияте доред?

Муслима ибни Абдулмалик ба назди амирулмўъминин Умар, дар ҳоле, ки дар бистари марг буд, дохил шуданд.

Муслима гуфт: Эй амирулмўъминин, оё васияте доред?

Умар гуфт: Оё моле ҳаст, ки бар он васият намоям? Муслима гуфт: Ин сад ҳазор маблағи нақд ба шумо медиҳам, пас онҳоро ҳар навъ мехоҳед васият намоед.

Умар гуфт: Эй Муслима, биё кори дигар мекунем.

Муслима гуфт: Он чӣ кор аст?

Умар гуфт: Ин маблағро аз он ҷое, ки гирифтаӣ ба ҳамон ҷо бармегардонӣ.

Муслима гирён шуда гуфт: Худованд шуморо раҳмат кунад, савганд ба Худо, қалбҳои сахти моро нарм кардӣ ва муҳаббати моро дар дили мардум ҷой намудӣ ва дар байни солеҳон номи маро ҷовидон сохтӣ.

Баъд аз он Муслима гуфт: Ба фарзандонат васият бикун.

Умар гуфт: Ба эшон касеро васият мекунам, ки китобро нозил кардаасту валии солеҳон аст.

95. Рўяш ба сўи қибла

Умар ибни Абдулазиз дар бистари марг хобид ва марг бар ў даррасид.

Пас ба Раҷо ибни Ҳива гуфт: Эй Раҷо ҳар вақто ман вафот намудам ва маро шуста кафан намудед ва намоз гузорида дар лаҳад мондед, гиреҳро кушо ва рўи маро бубин. Эй Раҷо, агар рўи ман ба сўи қибла бошад Худоро ситоиш намоед ва агар дидед, ки ба тарафи қибла нест, ба мусулмонони ҳозиршуда муроҷиат кун, то аз Худованд барои ман раҳмат битилабанд.

Раҷо гуфт: Чун ба лаҳад гузошта шуд ва хишт бар даҳони лаҳад гузоштанд, хиштро аз зери сараш бардошта рўяшро дидам, ки монанди моҳи дурахшон сўи қибла гашта буд.

96. Амалкарди Умарро давом медиҳем

Амирулмўъминин Ҳишом ибни Абдулмалик дар курсии хилофат нишаст. Марде омада ба ў гуфт: Эй амирулмўъминин, падарат Абдулмалик ибни Марвон порчаи замине ба бобоям дода буданд. Валид ва Сулаймон писарони Абдулмалик онро муқаррар сохтанд, ҳатто ин ки Умар ибни Абдулазиз (р) омад ва он заминро кашида гирифт.

Ҳишом гуфт: Савганд ба Худо, шумо шахси аҷиб ҳастед. Шумо касонеро, ки ба бобоят замин доданд ва онро дубора муқаррар сохтанд, зикр мекунед ва ба онҳо раҳмат намефиристед ва касеро, ки онро кашида гирифтааст, зикр мекунед ва ба ў раҳмат мефиристед. Мо ончиро Умар ибни Абдулазиз анҷом додааст, давом медиҳем.

97. Умар ҳалок шуду гург ҷуръат кард

Қарибиҳои чошт ғулом босуръат ва фарёдзанон омад: Эй мавло, гург барраро бурд ва он ҳам дар нисфирўзӣ.

Хуҷаини он ғулом доду фарёд бардошт ва либосро дар танаш дарронд.

Ба ў гуфтаанд: Субҳоналлоҳ, ҳамаи инро барои як барра мекунед.

Гуфт: Савганд ба Худо инро барои як барра накардам, балки барои Умар ибни Абдулазиз кардам, ки ў ҳалок гардидааст, зеро гург ин ҷуръатро дар замони ҳаёти Умар надошт.

Чун вақтро ҳисоб намуданд дарёфтанд, ки Умар дар ҳамон рўз вафот намуда будааст.

Мўсо ибни Аъюн низ ривоят мекунад, ки дар Кирмон гўсфанд мечаронидем, ки гург бар гўсфанд ҳамла намуд ва пеш аз он гургу гўсфанд як ҷо будубош доштанд. Чун ин ҳодисаро дидам, гуфтам, ҳароина он марди солеҳ ҳалок шудааст.

98. Номаи Умар рад намешавад

Зане бо либосҳои фарсуда, ки нишонаҳои фақр дар ў дида мешуд, назди Умар ибни Абдулазиз омада дар рў ба рўи дарвозааш истода гуфт: Оё амирулмўъминин ҳоҷибе дорад?

Пас он зан назди Фотима, ки нишаста буд, дохил шуд ва салом дод. Фотима ҷавоби саломашро дода ба даромадан таклифаш намуд.

Чун он зан нишаст ба хона ва ашёи он нигариста дид, ки чизи қимматноке вуҷуд надорад, гуфт: Ман ба хотире омадам, ки хонаамро аз ҳисоби ин хона обод намоям!

Фотима гуфт: Ин хонаро обод намудани хонаҳои амсоли шумо хароб намудааст.

Баъд аз ин Умар ибни Абдулазиз вориди манзил гашт ва аз чоҳе, ки дар як тарафи ҳавлӣ воқеъ шуда буд, об гирифта дар лойе, ки дар саҳни ҳавлӣ буд пошид. Дар ин асно ў ба Фотима бисёр менигарист.

Он зан гуфт: Аз ин мард худро сатр намо, ки ба шумо бисёр назар дорад.

Фотима гуфт: Ў амирулмўъминин аст.

Баъд аз он Умар ба эшон наздик шуда ба онҳо салом дод ва вориди меҳроб шуда намоз гузорид. Баъд аз он аз зарфе, ки ангур дошт, хубтарашро ихтиёр карда дар ихтиёри онҳо гузошт ва аз он зан пурсид: Чӣ ҳоҷат доред?

Гуфт: Зане аз аҳле Ироқ ҳастам. Панҷ духтар дорам. Назди шумо омадаам, то дастгирии эшонро намоед. Умар қаламу дафтар бардошта ба волии Ироқ амр навишт, ки ба онҳо нафақае муайян намояд.

Он зан номаро гирифта ба Ироқ омад ва онро ба дасти волии Ироқ супорид.

Волӣ чун номаро гирифт, ашки зиёде резонид ва бо овози ҳазин гуфт: Худовандо соҳиби ин китобро раҳмат кунад.

Он зан пурсид: Оё вафот намудааст?

Гуфт: Бале.

Зан оҳу фиғон бардошт.

Аммо волӣ гуфт: Барои боке шумо надорад. Ман номаи ўро рад намекунам. Валӣ ҳоҷати ўро бароварда сохта ба духтаронаш нафақа таъйин намуд.

99. Бадгумонӣ нисбати Умар

Рўзе Умар ибни Валид ибни Абдулмалик назди амирулмўъминин Язид ибни Абдулмалик, ки баъд аз вафоти Умар ибни Абдулазиз ба хилофат расида буд, омада гуфт: Эй Амирулмўъминин!! Ин худнамо (яъне Умар ибни Абдулазиз), ки дирўз рафт, ҳар қадар ки тавонист, бо худ гавҳарҳои қимматбаҳоро бурда дар ду хона гузоштааст.

Язид ба назди хоҳараш Фотима ҳамсари Умар нафаре фиристод ва аз он чӣ хабараш намуданд, ўро пурсон шуд. Фотима он хабарро инкор намуда, як миқдор либосҳои фарсудаеро, ки Умар мерос гузошта буд, нишон дод.

Аммо фиристодагон аз он ду ҳуҷраи қулфзада пурсиданд ва Фотима гуфт: Бубинед ҳар чӣ бошад, метавонед дар байтулмол гузоред.

Чун Язид ва Умар ибни Валид ибни Абдулмалик ҳамроҳи мардум вориди ҳуҷраҳои қулфзада шуданд, ҷуз ҷойнамозу кўзаҳои об чизе наёфтанд.

Язид ибни Абдулмалик ва мардум ҳама гирён шуданд ва Умар ибни Валид ибни Абдулмалик аз ин бадгумонии худ нисбати Умар ибни Абдулазиз назди Худованд тавбаву надомат кард.

100. Худоро фиреб дод ва Худо фиребдиҳандаи ўст

Валид ибни Ҳишом шахси худнамо буд. Ў барои фиреб додани Умар ва барои ин ки худро бо сифате, ки дорои он нест, зиннат бидиҳад, номае навишт:

Ман нафақаи худро дар як моҳ андоза кардам ва онро фалон қадар дирҳам ёфтам, ки аз масорифи ман зиёдтар аст. Агар амирулмўъминин онро кам кардан хоҳанд, пас боке нахоҳад дошт.

Умар гуфт: Валид мехоҳад худро назди мо бо сифатҳое зиннат диҳад, ки онро дар вай гумон намекунем. Агар касеро бар асоси гумон азл кардан шояд, аввал ўро азл мекардам.

Баъд аз он, амр намуд, то моҳонаи ўро ба андозае, ки хоста буд, кам карданд.

Баъд аз он Умар ба Язид ибни Абдулмалик, ки валиаҳдаш буд, номае навишт: Валид ибни Ҳишом ба ман номае навишт, ки ғолиби гумони ман он аст, ки ў худро бо сифоте, ки дорои он нест, зиннат медиҳад. Агар кореро бар асоси гумонам иҷро мекардам, ҳаргиз барои ман кор намекард, лекин ман бо зоҳир амал мекунам ва Худованд худ олими ғайб аст. Пас ман шуморо савганд медиҳам, ки агар бо ман ҳодисае рух дод ва ин амр ба дўши шумо афтид ва ў шуморо аз баргардонидани моҳонааш пурсид ва зикр кард, ки ман онро кам кардаам, ҳаргиз дар ин кор бар шумо пирўз наояд. Ў Худовандро фиреб дод ва Худованд фиребдиҳандаи ўст.

Чун Умар вафот намуд ва Язид дар ҷои ў нишаст, Валид ибни Ҳишом ба ў навишт: Умар пардохти моҳонаи маро кам кард ва бар ман зулм намуд.

Язид дар ғазаб шуд ва ўро аз вазифа озод намуда ҳамаи пардохти моҳонае, ки дар замони хилофати Умар гирифта буд, ҳамчун тавон аз вай ситонида гирифт ва ҳаргиз ба вай вазифае надод.

101. Асари амали солеҳ дар фарзандон боқӣ мемонад

 Халифаи Аббоси Мансур аз Абдурраҳмон пурсид, ки маро вазъ бигў.

Абдурраҳмон гуфт: Бо он чи шунидаам ё бо он чи дидаам.

Гуфт: Бо он чи дидаӣ.

Абдурраҳмон гуфт: Умар ибни Абдулазизро дидам, ки баъд аз вафоташ ёздаҳ писар дошт ва ҳабдаҳ динор мерос гузошт. Аз ин маблағ барои ў ба ду динор кафанворӣ хариданд, ба панҷ динор ҷои қабрашро ва боқиро байни фарзандонаш тақсим намуданд, ки ҳар кадоми онҳро нуздаҳ дирҳамӣ расид.

Ҳишом ибни Абдулмалик вафот кард ва ёздаҳ писар баъд аз худ гузошт ва аз моли боқимондааш барои ҳар яки он маблағи миллион мерос расонид.

Абдурраҳмон гуфт: Яке аз писарони Умарро дидам, ки баъд аз марги падараш аз моли худаш бо садҳо сар асп хўрока ва либосаву муҳимоти ҷангӣ ба ҷабҳаи ҷиҳод дар роҳи Худо бурда истодааст. Ҳамчунин яке аз писарони Ҳишомро дидам, ки аз мардум садақа металабид.

102. Асир ва Малики Рум

Умар ибни Абдулазиз намояндаашро ба назди малики Рум фиристод. Чун он намоянда аз назди малик бозмегашт, дар роҳи худ аз мавзее гузашт, ки аз марде, ки дона орд мекард, садои тиловати Қуръон шунид. Ба ў салом дод, аммо ҷавобе нашудид. Ду се маротибаи дигар такрор кард, вале ҷавоби саломро нагардонид ва гуфт: Дар кўзаи ин диёр салом вуҷуд дорад?

Сипас намояндаи халифа худро муаррифӣ кард, ки фиристодаи амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз аст, ба малики Рум. Пас аз ҳоли ў пурсид ки чи гуна аст?

Он мард гуфт: Ман аз фалон мавзеъ асир шудаам. Чун маро ба назди сардори Рум оварданд, ў таклиф намуд то дар дини насронӣ дарояму оини онро пазирам, вале ман инкор кардам. Ў гуфт: Агар қабул накунӣ, чашмонатро мешикофам. Ман динамро аз чашмонам беҳтар донистам. Пас чашмонамро кўр карданд ва ба ин мавзеъ оварданд. Рўзона як миқдор гандум ба ман меоранд, то онро барояшон орд кунам ва як нон барои хўрокам медиҳанд.

Чун намоянда ба назди халифа расид ва хабари он мардро ба ў расонид, ашк аз чашмони амирулмўъминин Умар ҷорӣ шуд ва пеши пояшро тар намуд. Баъд аз он амр намуд, то ба малики Рум чунин нома нависанд:

Аммо баъд, хабари фалон ибни фалон ба ман расид ва ман ба Худо қасам мехурам, ки агар ўро ба ман нафиристед, ба сўи шумо лашкаре мекашам, ки аввалаш дар назди ту бошад охираш дар назди худам.

Чун нома ба малики Рум расид, онро хонда гуфт: Ин марди солеҳро ба чунин кор вонамедорам, балки он мардро ба наздаш мефиристам.

Намояндаи амир дар Рум иқомат гузид ва дар интизори ин буд, ки ба асир иҷозати рафтан дода шавад.

Рўзе фиристодаи Умар омада дид, ки малики Рум аз курсӣ поин шуда ва навмедӣ дар чеҳрааш ҳувайдост. Малик ба ў гуфт: Оё медонед барои чи ин тавр кардам?

Намоянда гуфт: На.

Малик гуфт: Аз баъзе аторфи билод омада ба ман гуфтанд, ки марди солеҳ (Умар) вафот намудааст.

Баъд аз он гуфт: Агар марди солеҳ дар байни қавми бад бошад, он ҷо бисёр намеистад, балки ба зудӣ аз байнашон хориҷ мешавад.

Намояндаи амирулмўъминин аз бозгашт бо асир навмед шуда буд, ба Малик гуфт: Ба ман иҷозати рафтан медиҳед?

Малик дар ҳоле ки навмедиро дар чеҳраи намоянда ҳис мекард, гуфт: Намехоҳам бо он амре, ки дар ҳаёташ намуда буд, баъд аз маргаш нофармонӣ кунам. Пас он марди асирро ҳамроҳи намоянда фиристод.

Марди солеҳ вафот намуд

 Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз асирони Румро дар ивази асирони мусулмон иваз намуд.

Муҳаммад ибни Маъбад мегўяд: Ҳар вақто назди малики Рум медаромадам ва бузургони Рум назди ў дохил мешуданд, ман хориҷ мешудам.

Рўзе назди Малик дохил шуда дидам, ки рўи замин нишаста ва андўҳгин менамояд.

Гуфтам: Чӣ ҳол дорӣ?

Гуфт: Намедонӣ чӣ ҳодиса рух додааст?

Гуфтам: Чӣ ҳодиса рух додааст?

Гуфт: Марди солеҳ вафот намудааст.

Гуфтам: Кӣ?

Гуфт: Умар ибни Абдулазиз.

Баъд аз он малики Рум гуфт: Ман гумон мекунам агар касе баъд аз Исои Масеҳ мурдаро зинда мекард, ҳароина он кас Умар ибни Абдулазиз мебуд.

Баъд аз он малик гуфт: Ман аз роҳибе, ки дарвозаро бар рўяш пўшида дунёро тарк мегўяд ва ибодат мекунад тааҷҷуб намекунам, лекин ба он шахсе тааҷҷуб мекунам, ки дунё зери қадамаш буду онро тарк гуфта ибодати Худоро ихтиёр намуд.

Рўзе аз рўзҳо марде Молик ибни Динорро нидо кард: Эй Зоҳид!

Молик гуфт: Савганд ба Худо, ман зоҳид нестам, зоҳид Умар ибни Абдулазиз аст, ки дунё ба рўяш омад ва аз он рўй гардонид.

Гиряи мардум

Фиристодаи амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз чун ба Басра мерасид ва аз омаданаш мардум огоҳ мешуданд, хушҳол шуда ба истиқболаш мешитофтанд. Намояндаи амирулмўъминин ҳамеша ба кори хайре меомад ё атову бахшиши зиёд мекард, ё ба кори хайре амр мекард ва ё аз кори шарре мардумро манъ менамуд. Мардум ҳамроҳи ў мерафтанд, то ин ки вориди масҷид шуда номаи амирулмўъмининро барояшон мехонд.

Рўзе намояндаи амирулмўъминин Умар бо номае омад ва мардум ба сўяш шитофта диданд, ки ашкаш аз чашмонаш ҷорист. Мардум сабаби гиряашро пурсиданд.

Гуфт: Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз вафот намуд. Мардум аз гиряи ў ба гиря омаданд ва дохили масҷид шуда хабари вафоти ўро хонданд.

Мундариҷа

Пешгуфтор                                                                                                         3

Духтари ширфурўш                                                                                       4

Кутоҳ кардани мўйи сари Умар                                                                                4

Писарбачаи фурутан                                                                     5

Марде ки халифаро дашном намедиҳад                                                 5

Байни Саъд ва Валид                                                                                    6

Умар ва Зайнулобиддин                                                                               6

Худованд ба мақсадат расонад                                                                 7

Беҳтар барои ман бадтар барои шумо буд                                            8

Умар халифаи мусулмонон                                                                         9

Дидори Паёмбар (с)                                                                                       10

Раъияти шумо имрўз душманони

шумо дар рўзи қиёмат мебошанд                                                             10

Маркабҳои хилофат                                                                                      10

Умар ашк мерезонад                                                                                     11

Ҷавоҳироти Фотима                                                                       12

Беҳтар аз шумо нестам                                                                                 12

Гургу гусфанд                                                                                                 13

Ёвари мо дар адои ҳақ бошед                                                                    13

Дирҳаму динорро дўст намедорам                                                           14

Машваратам диҳед                                                                                       14

Агар истиқомат барзиди истиқомат меварзад                                       15

Мехобед дар ҳоле, ки раъият дар назди дари шумо                           15

Истодааст                                                                                          16

Насиҳаткунандаи амин                                                                16

Сабук душ будани Холид ибни Райён                                                     17

Ситамҳои Ҳаҷҷоҷ                                                                                          17

Мардум дар дини шоҳони худ ҳастанд                                                  18

Таваккал бар Худо                                                                                        18

Марде, ки халифаҳои ўро рад мекунад                                                   19

Умар ва писари Сулаймон ибни Абдулмалик                                       20

Маргро назди болинат гузор                                                                      20

Собиқ назм нагўяду Умар мегиряд                                            21

Бо кушиш ва сатри Илоҳӣ мағрур набошед                           21

Тифли хурдсол ва себ                                                                    22

Рағбати Умар ба охират                                                               22

Амире, ки як динор надорад                                                                        23

Беҳтарин аҳли замонаш                                                               23

Нигинро фуруш ва пулашро хайр кун                                                     24

Байтул-молро барои зиёд бикушо                                             25

Рўзе, ки мардум монанди …                                                                        25

Муҳаббати Алӣ (р)                                                                                        26

Қалбамро такон додед                                                                  26

Маркабро хаста намудед                                                                            26

Умар ба Ҷорияи худ хидмат мекунад.                                                      27

Аҳмақтарини мардум кист?                                                                        27

Сухан бигу талоқе бар шумо нест                                                             28

Марде ки ба Умар шикоят мекунад                                           28

Худованд рўзи қиёмат шуморо аз ман мепурсад                                 29

Омили шумо дар Озарбойҷон маро зулм намуд                   29

Воли ва девори мурғхона                                                             29

Умар барои чӣ гиря кард?                                                            30

Умар аз ҳоли раъият ҷустуҷу мекунад                                                    30

Ду порае аз оташ                                                                                            30

Шарри ўро аз масалмонон нигоҳ дор                                                      31

Сабади Хурмо                                                                                                 31

Муҳаббати Паёмбар (с)                                                                               32

Ба фақирон медиҳаду аз шоъирон боз медорад                                   33

Худованд Муҳаммадро чун доъи фиристод                           33

Байни Умар ва Увайси Қарни                                                                    34

Онҳо душманони шумо дар рўзи қиёматанд                          34

Чи чиз сабаби гиряи шумо шуд эй Амирулмўъминин?                       35

Умар чароғро дуруст мекунад                                                                   35

Он чи Умар аз ҳамсараш мехоҳад                                             35

Имтиҳони волиҳо                                                                                           36

Хиштеро болои хишт нагузоштааст                                                         36

Худованд нусрат намедиҳад, ки шумо дар он ҳастед                        37

Либоси Амирулмўъминин                                                                            37

Пардаи хона ва мардуми гурусна                                             37

Ҳилму бурдбории бузургон                                                                        38

Умар назди аҳли китоб                                                                 38

Умар дар назди Қози                                                                                    39

Баргашти ҳақҳо                                                                                              39

Намехоҳам Худоро бо хуни эшон мулоқот намоям                            40

Асалро бар мо фосид намудед                                                                   40

Шаҳрро бо адл қалъабанди намо                                                             40

Ислоҳи шаҳрҳо                                                                                               41

Умар ва ходимазан                                                                                        41

Умар бо оби дидааш оташро хомуш мекунад                                      42

Ҳангоми ғазаб муъоқаба намекунад                                                        42

Забонамро бо он олуда намесозам                                                          42

Динори гумшуда                                                                                             43

Шумо озод ҳастед                                                                                          43

Феъли Ҳаҷҷоҷро макун                                                                 44

Молҳои закот                                                                                                  44

Амир ва себ                                                                                       45

Писарбачаи Ҳаким                                                                                        45

Шаби Амир                                                                                       47

Ҳаққи заъифи аз бузургон                                                                            47

Дуъо кун то Худо маро бимиронад                                                          47

Дўст доштани марг                                                                                        48

Умарро заҳр менушонанд                                                                           48

Умар ва Яҳудӣ                                                                                                49

Ишора ба дафни ў дар ҳамсоягии Паёмбар (с)                                     49

Пероҳани Амирулмўъминин                                                                       49

Умар фақир мегузорад баъд аз маргаш                                                   50

Оё васияте доред?                                                                                          50

Рўяш ба сўи қибла                                                                                          50

Амалкарди Умарро давом медиҳем                                                         51

Умар ҳалок шуду гург ҷуръат кард                                                          51

Номаи Умар рад намешавад                                                                      52

Бадгумони нисбати Умар                                                                            52

Худоро фиреб дод ва Худо фиребдиҳандаи ўст                                                  53

Асари амали солеҳ дар фарзандон боқӣ мемонад                               53

Асир ва Малики Рум                                                                                      54

Марди солеҳ вафот намуд                                                                          54

Гиряи Мардум                                                                                 55

  

 КИТОБҲОЕ, КИ АЗ ТАРҶУМОНИ ИН КИТОБ

 ТО БА ҲОЛ ТАРҶУМА,

 БАРГАРДОН ВА ТАҲИЯ ШУДААСТ:

1. Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (с);

2. Саду як қисса аз ҳаёти Абўбакри Сиддиқ (р);

3. Саду як қисса аз ҳаёти Умар (р);

4. Саду як қисса аз ҳаёти Усмон (р);

5. Саду як қисса аз ҳаёти Алӣ (р);

6. Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (р);

7. Тафсири мухтасари Хатлонӣ дар се ҷилд;

8. Таърихи хулафои рошидин: Абўбакр (р) ва Умар (р);

9. Таърихи хулафои рошидин: Усмон (р) ва Алӣ (р);

10. Шинохт ва мақоми Саҳоба (р) дар Ислом;

11. Оиша - пешвои бонувони мўъмин ва дўстдоштатарин;

ҳамсари Паёмбари Парвардигори оламин;

12. Панҷоҳ амале, ки шариъат занонро аз он боз медорад;

13. Бонувони хонадони нубувват;

14. Аниси занони покдоман;

15. Даҳ ёри биҳиштӣ;

16. Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад;

17. Бисту панҷ суол аз неъмат ва азоби қабр;

18. Ҳазор ҳикмат;

19. Лаънатшудагон дар ҳадисҳои набавӣ;

20. Моҳи Рамазон, истиқбол ва бузургдошти он;

21. Одоб ва хусусиятҳои моҳи Рамазон;

22. Фазилати шаби Қадр ва даҳаи охири моҳи Рамазон;

23. Амирулмўъминин ҳасан ибни Алӣ ибни Абўтолиб (р) шахсият ва асри ў;

24. Кудаконе дар атрофи Паёмбар (с);

25. Хушбахттарин зан дар олам;

26. Луълуъ ва марҷон аҳодиси муштараки Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим;

27. Зиндагиномаи Имомон;

28. Шарҳи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат;

29. Биҳишт;

30. Сирати комили Ҳусайн (р), аз вилодат то шаҳодат.

 Ҳадафи Бунёди ҷамъиятии «Васатият»

Бунёди ҷамъиятии «Васатият» мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳадафҳои асосии он иборатанд аз:

-Баланд бардоштани савияи илмию фар-ҳангии миллати тоҷик.

-Таҳқиқ ва пажуҳиши таърих ва тамаддуни шарқӣ бо услубҳои тоза ва замонавӣ.

-Расонидани аҳкоми дини мубини Ислом тавассути китобҳои пурмуҳтаво ва асил дар партави Қуръон ва Суннат ва тибқи мазҳаби Имоми Аъзам Абўҳанифа (р).

-Муттаҳидсозии тамоми мардуми Тоҷикистони азиз новобаста аз миллату нажод дар атрофи қонун ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

-Хидмати содиқона ба миллат ва давлати куҳанбунёди тоҷик ва зиддият бо ҳар гуна ихтилоф ва зуҳуроти номатлуб.

-Нашри китобҳои асилу нобе, ки аз гузаш-тагони солеҳамон ба мо расидааст.

Албатта имони комил ва яқин дорем, ки бо ёрии Худованд ба ин ҳадафҳо муваф-фақ хоҳем шуд. Аз ин хотир ҳамагонро ба хондани чунин китобҳо тавсия менамоем, то аз ҳар гуна инҳирофот ва каҷравӣ со-лим бошем ва обурўю эътибори миллати азизамонро ҳифз намуда, парчами давлати соҳибистиқлоламонро боз ҳам баландтар бардорем.

Раёсати Бунёди ҷамъиятии «Васатият»

Варақаи иртибот байни хонанда ва ношир

Ассалому алайкум ва

раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Хонандаи гиромӣ, хоҳишмандем саволномаи зеринро бо ҷавобҳои дақиқ пур созед. Ин саҳифаро бурида ба нишонии электронии мо ирсол намоед ва як китоби тозабанашррасидаи моро ройгон дарёфт хоҳед кард.

Ному насаб: __________________________________

Вазифа:  _____________________________________

Маълумот:  ___________________________________

Суроға:  ______________________________________

Телефон:  ____________________________________

e-mail:  _______________________________________

- Дар бораи ин китоб _____________________________

(номи китоб)

аз куҷо хабардор шудед?

а) аз китобхона

б) аз рафиқон

в) аз эълону реклама

г) аз намоишгоҳ

- Ин китобро аз куҷо харидед?

Номи китобхона, намоишгоҳ ё фурўшгоҳ__________________

Назари шумо дар бораи услуби китоб

а) оддӣ

б) хуб

в) олӣ

(лутфан тавзеҳ бидиҳед, барои чӣ?) _____________________

____________________________________________________

- Назари шумо дар бораи сифати китоб:

а) оддӣ

б) хуб

в) олӣ

(лутфан тавзеҳ бидиҳед, барои чӣ?) ______________________

_____________________________________________________

- Назари шумо дар бораи нархи китоб:

а) арзон

б) муносиб

в) гарон

(лутфан тавзеҳ бидиҳед, барои чӣ?)______________________

 ____________________________________________________

- Дар оянда дар кадом мавзўъҳо китоб хондан мехоҳед?

________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________

Ин китоб шояд аз хатогиҳои лафзию техникӣ орӣ набошад. Агар шумо дар он саҳву хатое мушоҳида намудед, лутфан дар ҷадвали зерин қайд намоед. Назари шуморо ҳатман дар чопҳои оянда ба инобат хоҳем гирифт.      

Сатр ва рақами саҳифа

хато

дуруст

Почтаи электронӣ:

[email protected]

[email protected]

[email protected]

[email protected]

Аз мукотиба ва ҳамкориатон миннатдорем.

Идораи Бунёди ҷамъиятии «Васатият»