×
Аз Ибни Аббос (р) омада аст, ки мегуяд: «Паёмбари Худо закоти Фитрро барои пок гардидан рўзадор аз беҳудагӣ, бадсуханӣ ва ҳамчунин барои фароҳам гардидани ғизои муносибе барои ниёзмандон воҷиб гардонид. Касе онро пеш аз намоз (яъне намози ид) адо намояд, он закоти пазируфташуда аст ва касе онро пас аз намоз адо намояд, он садақае аз садақот мебошад» Миқдори садақаи Фитр барои ҳар фард бо ҳисоби гандум ним соъ ва бо ҳисоби ҷав, хурмо (инҷо мақсад аз хурмо ҳамон хурмои Арабӣ аст, ки рўзаро бо он кушодан суннат аст) ва монанди онҳо як соъи пурра аст, ва дар ҳолати пардохтани арзиши яке аз онҳо низ ҷоиз ва кофӣ мегардад. Як соъ баробар аст ба = 2156 грамм, яъне бештар аз ду килограмм.

    «Садақаи фитр»- покӣ аз олудагиҳо

    ﴿ زكاة الفطر طهرة للصائم ﴾

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Нависанда: Абдулҳаннони Абдурраҳмон

    Сомонаи васатият: www.wasatiyat.tj

    2010 - 1431

    ﴿ زكاة الفطر طهرة للصائم ﴾

    « باللغة الطاجيكية »

    تأليف: عبد الحنان عبد الرحمان

    موقع الوسطية: www.wasatiyat.tj

    2010 - 1431

    «Садақаи фитр»- покӣ аз олудагиҳо

    Аз Ибни Аббос (р) омада аст, ки мегуяд: «Паёмбари Худо закоти Фитрро барои пок гардидани рўзадор аз беҳудагӣ, бадсуханӣ ва ҳамчунин барои фароҳам гардидани ғизои муносибе барои ниёзмандон воҷиб гардонид. Касе онро пеш аз намоз (яъне намози ид) адо намояд, он закоти пазируфташуда аст ва касе онро пас аз намоз адо намояд, он садақае аз садақот мебошад»

    Дар рўзи иди Фитр, яъне пас аз ба поён расидани моҳи мубораки Рамазон шариати поки ислом барои пайравонаш лозим донист то миқдори каме аз молашонро ба унвони «садақаи Фитр» барои фақирон ва мискинон дар он рўз бидиҳанд. Садақаи Фитр сабаби покизагии нафси инсон, аз бархе беҳудагиҳо мебошад, ки имкон дорад гоҳо шахси рўзадор дар ин моҳи муборак ва дар вақти рўза доштанаш ба он олуда шуда бошад, гузашта аз ин дар ин рўзи хурсандӣ табақаи ниёзманди ҷомеа кам аз кам дар рўзҳои ид аз хўрок ва эҳтиёҷоти муносибе баҳраманд мегарданд, ки ҳадиси боло баёнгар ва равшангари он аст.

    Садақаи фитр бар ҳар фардеки мусалмон, озод ва соҳиби нисоб бошад фарз гардонида шуда аст ва пардохти он пас аз дамидани субҳи рўзи ид воҷиб мешавад. Ва мавриди ёдоварӣ аст, ки агар шахсе пеш аз дамидани субҳ вафот намояд ё пас аз дамидани субҳ ба дунё ояд, садақаи Фитр бар онон воҷиб намешавад. Агар навзоде пеш аз дамидани субҳ ба дунё ояд, дар суратеки падараш дорои шароити закот бошад, бар вай лозим аст, ки аз тарафи тифлаш садақаи Фитр бипардозад.

    Шахси мусалмони озод ва соҳибнисоб садақаи Фитрро аз ҷониби худ, фарзандони хурдсол ва хидматгоронаш (агарчи кофир бошанд ҳам) мепардозад. Зан бояд садақаи Фитрашро худаш бидиҳад, вале агар шавҳараш онро аз ҷониби ў бипардозад дуруст аст.

    Миқдор ва вақти пардохти садақаи Фитр.

    Миқдори садақаи Фитр барои ҳар фард бо ҳисоби гандум ним соъ ва бо ҳисоби ҷав, хурмо (инҷо мақсад аз хурмо ҳамон хурмои Арабӣ аст, ки рўзаро бо он кушодан суннат аст) ва монанди онҳо як соъи пурра аст, ва дар ҳолати пардохтани арзиши яке аз онҳо низ ҷоиз ва кофӣ мегардад.

    Як соъ баробар аст ба = 2156 грамм, яъне бештар аз ду килограмм.

    Пардохтани садақаи Фитр аз вақти дамидани субҳи иди Фитр воҷиб мегардад ва мустаҳаб аст, ки он пеш аз рафтан ба намозгоҳ пардохта шавад.

    Нофеъ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки: «Паёмбари Худо моро ба пардохтани закоти Фитр пеш аз баромадани мардум ба намоз амр намуд. Худи Абдуллоҳ як ё ду рўз пеш аз ид онро пардохт мекард.»

    Аз ҳадиси мазкур бармеояд, ки пардохтани он қабл аз рўзи ид ҷоиз аст, ва агар онро аз рўзи ид ба таъхир андозад аз зиммааш соқит намешавад.

    Пардохтани садақаи Фитр бар ҳар фарди мусалмони озод ва соҳибнисоб хоҳ рўза гирифта бошад ва ё не, воҷиб аст, ва бояд онро бар касоне дод, ки бар онҳо закот дода мешуд.

    Дар охир дуогўи онем, ки Худо ҳамаи моро дар пардохтани ҳақи мустаҳиқон пешгом намояд.