×
Аз бузургтарин неъматҳои Худованд бар бандагонаш кушодани дари тавба ба руяшон аст, ва он ҳамчун субҳи содиқе барои сафари бозгашти дилҳои шикаста ва чашмҳои гирён ба суи умеди банда аз раҳмати Худованди бузург аст.

    Тавба дар Рамазон

    ﴿ رمضان فرصة للتوبة والرجوع إلى الله ﴾

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Нависанда: Абдулмалик ибни Муҳаммад ал-Қосим

    Тарҷума: Мисбоҳиддини Ҳомид

    2010 - 1431

    ﴿ رمضان فرصة للتوبة والرجوع إلى الله ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    تأليف: عبد الملك بن محمد القاسم

    ترجمة: مصباح الدين حامد

    2010 - 1431

    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

    Тавба дар Рамазон

    Аз бузургтарин неъматҳои Худованд бар бандагонаш кушодани дари тавба ба руяшон аст, ва он ҳамчун субҳи содиқе барои сафари бозгашти дилҳои шикаста ва чашмҳои гирён ба суи умеди банда аз раҳмати Худованди бузург аст.

    Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﯴ ﯵ ﯶ ﯷ ﯸ ﯹ ﯺ ﭼ الحجر: ٤٩

    "Ба бандагонам хабар деҳ, ки ман бахшояндаву меҳрубонам".

    Ва боз мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠ ﭼ البقرة: ٢٢٢

    "Албатта Худованд тавбакунандагон ва покизагонро дӯст дорад".

    Ва инчунин барои шавқманд сохтани бандагон ба суи тавба ва баргашт ба суи роҳи рост мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﯻ ﯼ ﯽ ﯾ ﯿ ﰀ ﰁ ﰂ ﰃ ﭼ النور: ٣١

    "Эй мӯъминон! ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, шояд наҷот ёбед".

    Ва ин чунин аз Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) дар ҳадисе аз имолм Муслим ривоят шудааст ки мегуяд: "Худованд дасташро дароз мекунад дар шаб ба суи касоне ки дар руз гуноҳ кардаанд, ва дасташро дароз мекунад дар руз ба суи касоне ки дар шаб гуноҳ кардаанд то ин ки офтоб аз мағриб тулуъ кунад"

    Пас бубинед ҳоли Паёмбари раҳматеро ки гуноҳони оянда ва гузаштаи у бахшида шудааст чи мегуяд: "Эй мардум! Тавба кунед ба суи Худо, ман рузона ба суи у сад бор тавба мекунам" (Муслим)

    Пас бародару хоҳари азиз! дар ин фазлу инояти Худованд бо таамул назар андозед, ва бубинед ки Худованд чи қадар барои тавбакунанда меҳрубон аст, Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Тавба кунанда аз гуноҳ, мисли касе аст ки гуноҳе надорад"

    Бародару хоҳари азизам! Рамазон фурсати азиме аст барои инсоне ки аз сидқи дил мехоҳад тавба кунад, пас чунин инсон бояд кушиш кунад ки чунин фурсати нотакрорро аз даст надиҳад, Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Бинияш дар хок бишакад ҳар ки Рамазонро дарёфт кунаду гуноҳонаш бахшида нашавад" (Тирмизи)

    Пас кушиш кун ки бандаи ҳавову ҳавасат нагарди, Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Тамоми умматони ман дохили ҷаннат мешаванд магар касоне ки нахоҳанд, гуфта шуд: Эй Расули Худо! Кист ки ҷаннатро намехоҳад? Гуфт: Ҳарки манро итоъат кунад дохили ҷаннат мегардад, ва ҳарки манро нофармони кунад ҷаннатро нахостааст"(Бухори)

    Ин ҳадис башорате аст барои тамоми мусулмонон магар як гуруҳе аз онон ки намехоҳанд дохили ҷаннат шаванд, на ба хотири он ки эҳтиёҷ ба ҷаннат нестанд, балки ба сабаби надонистани роҳе ки онҳоро ба суи ҷаннат мебарад, ин гуна инсонҳо ба хотири шаҳватҳои дунёие ки умри дароз надоранд, барои дарёфти неъматҳои ҷовидонаи ҷаннати танбали ва қафокаши мекунанд.

    Бародару хоҳари азиз! Дар тавба кардан ҷидди бош, ва ба суи тавба бишитоб, барои банда истироҳатгоҳе вуҷуд надорад магар зери дарахтони ҷаннат, пас бишитоб ба суи тавба ва аз ғафлат бедор шав, ва бидон ки беҳтарин рузҳои ҳаёти шумо ҳамон рузҳое ҳастанд ки ба суи Худо баргаштаед, бо Худованд рост бошед ва ин ҳадиси Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) ро аз ёд набароред: "Худованд аз тавбаи бандааш шодмонтар мешавад аз инсоне ки бо уштури худ дар биёбон роҳ меравад, ва ногаҳон уштурашро гум мекунад дар ҳоле ки тамоми таъому об ва тушаи роҳаш бо ҳамроҳии уштураш буд, ин инсон ноумед мешавад ва дар сояи дарахте такя мекунад, дар ҳоле ки аз пайдо кардани уштураш ноумед шудааст, ва он дар ҳамин ҳолати ноумеди аст ки ногаҳон уштураш бо тушаҳояш дар наздаш пайдо мегардад, сипас у аз ресмони уштураш гирифта аз хурсанди мегуяд: Боро Худоё ту бандаи ман ҳасти ва ман паровардигори ту ҳастам, аз шидати хурсандияш ин сухани ғалатро мегуяд"(Муслим)

    Бародару хоҳари рузадорам! Бидон ки ҳарки ҷаннатро дуст бидорад аз шаҳватҳояш даст мекашад, ва ҳарки аз оташи дузах битарсад аз бадиҳо руй мегардонад.

    Ҳасани Басри мегуяд: "Мардуме ҳастанд ки бо умеди мағфирату раҳмати Худованд тавбаашонро ба таъхир меандозанд, то ин ки аз дунё бидуни тавба мегузаранд, баъзе аз онҳо мегуянд: ман нисбати парвардигорам гумони нек дорам, локин ин шахс дуруғ гуфтааст, агар у нисбати парвардигораш гумони нек медошт бахотираш амалҳои нек анҷом медод"

    Масали муъмин дар дунё мисли асире аст, ки доимо дар фикри озоди мебошад, ва ҳеч гоҳ мутмаин намегардад то ин ки ба парвардигори хеш мулоқот накунад, чунки чунин муъмин медонад ки аз шунидаҳо ва дидаҳо ва забону тамоми аъзоҳояш пурсида хоҳад шуд.

    Бародарону хоҳарони азиз! Ҷиҳоди нафс, ҷиҳоди бисёр дуру дарозе мебошад, ки роҳаш пур аз бадиҳо ва мазааш талх ва ҷисмаш дурушту хашин аст, пас барои шумо лозим аст бо корвони тавбакунандагон бипайвандед то шуморо ба ҷаннати ҷовид бирасонанд.

    Ҳотами Асам мегуяд: Ҳарки дилашро аз ба ёд овардани чаҳор хатари бузург эмин гардонад пас у чунон пурғуруре аст ки дар шифо ёфтанаш бовари нест:

    Аввал: Хатари рузи Қиёмат ва онҳам ҳангоме ки ба баъзеҳо гуфта мешавад ки онҳо аз аҳли биҳишт ҳастанд, ва ин мағрур мегуяд: бароям фарқе надорад, ва ба баъзеҳо мегуянд ки онҳо аз аҳли дузах ҳастанд, ва ин мағрур мегуяд: бароям фарқе надорад, дар ҳоле ки намедонад аз кадом гуруҳи онҳост.

    Дувум: Ҳангоме ки дар се торики халқ шудааст, ва малоика аз ҷониби Худованд бар у ё ҳукми комёбу хушбахтиро насиб гардонидааст ё ҳукми бадбахтиву гумроҳиро, дар ҳоле ки банда намедонад ки кадом ҳукм насиби у гаштааст.

    Сеюм: Рузи Қиёмат намедонад ки оё уро аз розигии Худованд башорат медиҳанд ва ё аз ғазаби у.

    Чаҳорум: Ҳангоме ки рузи Қиёмат мардумро равона месозанд намедонад ки роҳи у ба кадом тараф аст, ба суи дузах ё биҳишт.

    Ҳасани Басри мефармояд: "Эй фарзанди Одам! Ту ба танҳои мемири, ва ба танҳои дохили қабр мегарди, ва ба танҳои ҳашр мегарди, ва ба танҳои ҳисобу китоб хоҳи шуд, пас барои ҳар як оқил лозим аст аз оқибати гуноҳон огоҳ бошад, чунки миёни Худованд ва одамизод на хешутабори асту на силаи раҳм, балки ҳукми Худованд одилона аст, агар у бихоҳад тамоми гуноҳонро сарфи назар ки чи қадар ҳастанд мебахшад, ва агар бихоҳад бо камтарин чиз азоб хоҳад дод, пас огоҳ бошед огоҳ…."

    Бародару хоҳари азизам! ҳамаи мо гуноҳон ва хатоҳои зиёде дорем, ва касе аз мо маъсуму бегуноҳ нест, локин беҳтарини мо касе аст ки ҳарчи тезтар ва саросемавор тавба мегунаду ба суи Худованд бармегардад.

    Аз лавозимоту ҳуқуқи бародари он аст, ки ҳангоме ки мусулмон мебинад ки бародараш дар гуноҳ рафта истодааст, уро огоҳи медиҳад ва аз дасташ гирифта ба суи роҳи рост роҳнамои мекунад, ва намегузорад ки бародараш гумроҳу ноком дохили оташи дузах гардад.

    Бародару хоҳари азизам! худи шумо бигуед: ҳангоме ки яке аз бародарони шумо дучори беморие мегардад шумо чи қадар кушиш мекунед ки уро кумак кунед то ки аз ин бемори наҷот ёбад, ва ин бахотири саломати дар дунё аст, пас оё наҷот додани у аз азобҳои охират авлотар нест?!.

    Бубинед агар ҳар мусулмон бародар ё наздике ва ё ҳамсояаашро пайгири кунад ва аз аҳволаш бо хабар бошад, албатта зиндагии мусулмонон ислоҳ мегардад алалхусус дар ин моҳи мубораки Рамазон ки тамоми мусулмонон мехоҳанд амали неке анҷом диҳанд ва аз амалҳои бад даст бикашанд, пас ин моҳи муборак фурсати азиме аст барои огоҳонидани ғофил ва таълими ҷоҳил, акнун кушиш кун ки фурсатро аз даст надиҳи чунки марг ногаҳон меояд ва у ҳар лаҳза талабгори шумост.

    Бидонед ки ҳаргоҳ ки муъмин гуноҳе мекунад бо даҳ сабаб аз оқибаташ наҷот хоҳад ёфт:

    Аввал: Бояд тавбаи насуҳ кунад то ки Худованд тавбаи уро бипазирад, чунки тавба кунанда аз гуноҳ мисли он аст ки гуноҳе надорад.

    Дувум: Аз Худованд талаби мағфират кунад, то ки Худованд гуноҳони уро мағфират намояд.

    Севум: Амалҳои неке анҷом диҳад, чунки амалҳои нек гуноҳонро аз байн мебаранд, чуноне ки Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯚ ﭼ هود: ١١٤

    "Албатта некиҳо бадиҳоро аз миён мебаранд"

    Чаҳорум: Бародаронаш дар ҳақаш дуъо кунанд, ва барояш дар зиндаги ва баъди мурдан шафоъат намоянд.

    Панҷум: Бародарони мусулмонаш амалҳои нек анҷом диҳанду савобашро барояш бубахшанд то ки савобаш ба у бирасад.

    Шашум: Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) барояш шафоъат кунад.

    Ҳафтум: Худованд уро дар дунё бо балоҳое мубтало гардонад, дар нафсаш, дар молаш, ва фарзандону хешу таборон ва дустдоронаш, то ки аз гуноҳ пок гардад.

    Ҳаштум: Худованд уро мубталои азоби Барзах, мисли фитна ва зеркунии хок гардонад ва ин азоб гуноҳони уро тоза мегардонад.

    Нуҳум: Худованд уро мубталои азобҳои Арасоти рузи қиёмат гардонад то ки гуноҳонаш пок гарданд.

    Даҳум: Агар уро Худованди бахшандаи меҳрубон раҳм кунад.

    Ҳар касе ки яке аз ин даҳ сабабро аз даст бидиҳад пас ба ғайр аз худаш касеро маломат накунад, чуноне ки Худованд дар ҳадиси Қудси мефармояд: "Эй бандагони ман! инҳо амалҳои шумо ҳастанд ки бароятон ҷамовари кардам, пас ҳарки хайре бубинад парвардигорашро ҳамду сано бигуяд, ва ҳарки ки ғайри онро бубинад пас ба ғайр аз худаш касеро маломат накунад" (Муслим)

    Шартҳои тавба чаҳорто мебошанд:

    1) Даст кашидан аз гуноҳ.

    2) Пушаймони аз гуноҳи гузашта.

    3) Азму кушиш бар он ки ба он гуноҳ боз нагардад.

    4) Баргардонидани ҳуқуқҳои мардум мисли мол ва ё дигар ҳуқуқҳо.

    Худованд ман ва шуморо аз ҷумлаи касоне гардонад ки баъди гуноҳ тавба мекунанд, ва дар насибамон пеш аз марг тавбаи насуҳ насиб гардонад, ва рузаву таровеҳи моро бипазирад, ва аз кутоҳи ва гуноҳони мо бигузарад, мо ва падарону модаронамонро мағфират намояд.

    Дуруду саломи Худованд бар Паёмбар ва бар олу асҳобаш бод.