Издивоҷи Паёмбар бо Оиша
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Издивоҷи Паёмбар бо Оиша
﴿ زواج النبي صلى الله عليه و سلم بعائشة رضي الله عنها ﴾
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Сомонаи: "Турачон" www.Turajon.tj
Таҳияи: Мисбоҳиддини Ҳомид
2010 - 1431
﴿ زواج النبي صلى الله عليه وسلم بعائشة رضي الله عنها ﴾
«باللغة الطاجيكية»
موقع "توراجان": www.Turajon.tj
مراجعة: مصباح الدين حامد
2010 - 1431
Издивоҷи Паёмбар бо Оиша
Ба номи Худованди ҷону хирад
Дустони азиз! сабаби қалам ба даст гирифта дар бораи издивоҷи Паёмбар бо Оиша навиштанам дар ин аст, ки дар сомонаи мо як савол аз тарафи бародаре омадааст, ки мазмуни он чунин аст."дар ҳадиси Бухори хондам дар бораи ҳазрати Оиша. дар онҷо гуфта шудааст, ки Пайгамбари Худо (сас) Оишаро дар сини 9 солагӣ ба зани гирифт. Метавонед фаҳмонед барои чи инкадар ёш, издивоҷ бо кудак Шумо хубтар медонед, ки мумкин нест. Чунки ҳам аз ҷихати ҷинси ва ҳам аз ҷиҳати акл инкишоф наёфта буданд (ҳазрати Оиша)"
Душманони ислом хусусан насрониҳои ғарбӣ барои сумъат ва обурӯи исломро аз байн бурдан ин иттиҳомотро бар Паёмбари Худо зиёд мезананд. Онҳо ба ин роҳ мехоҳанд дар дили пайравони ин дин шакку шубҳаҳоро ҷой кунанд, ки Паёмбари ин дин - марди шаҳвоние буд. Бинобар ҳамин бо духтари 9 сола издивоҷ кард.
Дар ин навиштаи кучаки худ то қадре метавонам хоҳам исбот кард, ки издивоҷи Паёмбар бо Оиша ҳаргиз ба хотири нафс ва шаҳват набуд.
Ба чанд далелҳо исбот хоҳем кард, ки издивоҷи Паёмбари бузургвор бо Оиша дар чи ҳолате сурат гирифт:
- Паёмбари Худо (алайҳиссалом) аввалин шахсе набуд, ки барои номзадии Оиша худро пешбарӣ карда бошад. Балки пеш аз Паёмбар Ҷубайр ибни Мутъим ба хостгории Оиша омада буд. Таърихнигорон менависанд, ки Ҷубайр ибни Мутъим падару модари худро барои издивоҷ бо Оиша розӣ кунонид. Сипас падару модари вай ба назди Абубакр падари Оиша рафтанд, то ба ӯ пешниҳоди хонадоршавии писарашон бо Оишаро кунанд. Аммо онҳо баъди андаке аз фикрашон гаштанд. Аз он тарсиданд, ки хонадоршавии писарашон бо Оиша шояд сабаб он шавад, ки писари онҳо дини аждодиашро партофта ба ислом гаравад. Ҳамин тариқ фарзанди худро аз издивоҷ бо Оиша маҷбуран манъ карданд. Вақте, ки Хавла ба хостгории Оиша аз тарафи Паёмбар ба назди Абубакр омад, ҳазрати Абубакр гуфтанд, ки духтарашон номзад аст. Пас бояд биравад аз Ҷубайр бипурсад, ки оё бо духтари вай издивоҷ кардани ҳаст ё на. Аммо он кас эътизор кард. Сипас Абубакр духтари худро ба номзадии Паёмбар даровард.
-Паёмбари Худо ба ихтиёр ва хости худаш ба хостгории Оиша нарафта буд. Балки Хавла духтари Ҳаким бар Паёмбар ин пешниҳодро карда буд. То бо ин роҳ силаи дустӣ ва қаробати Паёмбар бо Абубакр бештар шавад. Хавла чунин мепиндошт, ки баъди вафоти ҳамсари азизи Паёмбар Хадиҷа сазовортарин зан барои Паёмбар ин Оиша аст, ки метавонад ҷои холимондаи Хадиҷаро пур кунад.
-Чуноне, ки маълум аст духтарон дар кишварҳои гарм зуд ба балоғат мерасанд. Аз назари тиб гоҳо духтарони кишварҳои гарм дар синни 8 ё 9 солагӣ ба балоғат мерасанд. Бубинед як табиби машҳури амрикоӣ, ки номаш Дошни аст, чи мегӯяд: "Духтарони сафедпуст дар Амрико дар синни 7 ва 8 солагӣ ба балоғат мерасанад. Аммо духтароне, ки аслашон аз кишварҳои гарми африкоӣ аст, дар синни камтар аз ин яъне 6 солагӣ ба балоғат мерасанд. Аз назари тиббӣ низ исбот шудааст, ки аввалин ҳайзе, ки духтар мебинад ва онро дар тиб «menarche» мегӯянд дар синни 9 то 15 солагӣ шурӯъ мешавад.
-Издивоҷи Паёмбар бо духтари аз худаш хеле ҷавон дар он замона як чизи ғариб ва нав набуд. Ин навъ издивоҷ дар он замон як чизи оддӣ буд. Агар чунин издивоҷ дар он замон роиҷ намебуд, Қурайш, ки сарсахттарин душманони Паёмбар буданд ба ӯ инро хурдагирӣ мекарданд ва ӯро масхара мекарданд. Мушрикони Қурайш, ки сарсахттарин душманони Паёмбар буданд ва барои нобудии дини вай аз ҳеч туҳмате даст намекашиданд ва Паёмбарро шоир ва девона мегуфтанд, боре аз онҳо чунин туҳмате, ки Ӯ бо духтари хурдсол издивоҷ кардааст, сар назад. Чунки чунин издивоҷ дар он замон хусусан дар сарзамини Ҳиҷоз як амри оддӣ буд. Инчунин Абдулмуталлиб бо Ҳавла духтари аммаи Омина дар ҳоле издивоҷ кард, ки фарқ умри онҳо бештар аз 60 сол буд.
-Агар Паёмбари Худо (алайҳиссалом) шаҳватпараст ва занбоз мешуд, чаро дар синни ҷавонӣ, ки марҳалаи дар ҳоли талотум будани дарёи шаҳвати ҷавонон аст, бо зани аз худаш 15 сол бузург ва он ҳам бевазан издивоҷ намекард. Бале азизон, Паёмбари Худо дар синни 25 солагӣ буд, ки бо Хадиҷа, ки 40 сола буд издивоҷ кард.
-Агар Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ҳавасрони зану шаҳват мешуд, ҳамаи занҳои гирифтааш бева ва калонсол набуданд, ғайр аз Оиша. Танҳо Оишаи Сиддиқа занест, ки Паёмбари Худо онро духтар гирифта буданд.
-Душманони сарсахти ислом чи насрониву чи яҳудӣ бар Паёмбари Худо туҳмат мезананд, ки бо духтаре издивоҷ кардааст, ки аз худаш 50 сол хурд буд. Магар Марями муқаддас- ба қавли худашон- дар 12 солагӣ ба номзадии Юсуфуи Наҷҷор даромада буд, ки умри ӯ дар 90 буд. Яъне Юсуф аз Марям 78 сол бузургтар буд. Чаро дар ин бора чизе намегӯянд? (Энциклопедияи католикӣ).
- Оё магар Оҳоз «Akhaz» (паёмбари мазъуми яҳудӣ), ки дар китобҳои худашон омадааст дар синни 10 солагӣ издивоҷ накард ва дар 11 солагӣ соҳиби фарзанд нашуд? Пас агар вай дар 10 солагӣ издивоҷ карда бошад аз ин фаҳмида мешавад, ки ҳамсараш ё 9 сола ва ё ҳамсоли худаш будааст. Чаро ин ҳодисаи таърихиро аз чашми мардум мепӯшанд ва ба муқаддасот ислом санг мезанад?
Ба назари ман, сабаби ҳамаи ин бадбахтиҳо худи моем, ки дода шуда ба воситаҳои ахбори онҳо ҳастем. Аз таъриху адабиёти худамон, ки саршор аз илму маърифт аст, бегонаем.
Бале дӯстони азиз, Паёмбари Худо (алайҳиссалом) шахси шаҳвонӣ ва занҳавас набуданд. Агар чунин мебуданд аз издивоҷ бо як хонум аз худаш 15 сол бузург ва дар навбати худ бева издивоҷ намекарданд. Агар чунин мебуданд, дар замоне, ки сарзаминаш гушау атрофи нимҷазираи арабро фаро гирифта буд, фақат бо духтарони ҷавон ва бикр издивоҷ мекарданд. Чуноне, ки қаблан ёдовар шудем, ҳамаи ҳамсарони Паёмбар ба ҷуз Оишаи Сиддиқа бевазан буданд. Паёмбари Худо на ба ҳадафи ҷинсӣ балки бо ҳадафҳи иҷтимоӣ ва ҳадафи нафъу фоида барои умматаш издивоҷ мекарданд. Аз ин ҷост, ки Оишаи Сиддиқа дар оғуши Паёмбар фақиҳтарин ва олимтарин зани ислом тарбия ёфт. Бубинед як олими бузурги ислом имом Зуҳрӣ дар васфи модари муъминон Оиша чи гуфтааст: "Агар илми Оишаро дар як паҳлуи тарозу гузошта шавад ва илми дигар занҳои Паёмбар ва ҳамаи занонро дар паҳлуи дигари тарозу гузошта шавад, албатта илми Оиша сангинтар ва беҳтар аст. "Оиша олимтарин ва фақеҳтарин зан буд.
Ва охиру даъвоно анил-ҳамду лиллоҳи раббил-оламин.