×
Бидуни шак, воқеаи Карбало яке аз воқеаи дилхарошест, ки дар таърихи Ислом ба сабт расида аст. Дар ин воқеа бисёре аз фарзандон, наздикон ва ёрони ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} ба шаҳодат расиданд. Мо дар ин воқеа номҳои бисёре чун Алии Асғар, Аббос, Ҷаъфар ва ғайраро дар расонаҳо, китобҳо ва ғайра борҳо шунидаем, ки бо обу тоб барои онҳо сӯгворӣ шуда ва ҳатто кӯдакон ҳам бо ин номҳо ошноии комил пайдо кардаанд. Ҷолиб аст, бидонед, дар миёни ин номҳо, номҳое ҳамчун АБУБАКР, УМАР ва УСМОН низ дида мешавад, ки аз наздиктарин афрод ба ҳазрати Имом Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} будаанд. Ба таври мисол, ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} бародароне ба номҳои АБУБАКР, УМАР ва УСМОН доштаанд ва ҳатто фарзанде ба номи АБУБАКР дошта, ки ҳамаи онон дар воқеаи Карбало дар канори ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} ва дар канори бародарони дигарашон ба ҳамон далеле ки ба хун ғалтиданд, ба шаҳодат расиданд, аммо имрӯза ҳеҷ номе аз онҳо бурда намешавад.

    [
    ]
    Tajiki

    Бидуни шак, воқеаи Карбало яке аз воқеаи дилхарошест, ки дар таърихи Ислом ба сабт расида аст. Дар ин воқеа бисёре аз фарзандон, наздикон ва ёрони ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} ба шаҳодат расиданд. Мо дар ин воқеа номҳои бисёре чун Алии Асғар, Аббос, Ҷаъфар ва ғайраро дар расонаҳо, китобҳо ва ғайра борҳо шунидаем, ки бо обу тоб барои онҳо сӯгворӣ шуда ва ҳатто кӯдакон ҳам бо ин номҳо ошноии комил пайдо кардаанд.

    Ҷолиб аст, бидонед, дар миёни ин номҳо, номҳое ҳамчун АБУБАКР, УМАР ва УСМОН низ дида мешавад, ки аз наздиктарин афрод ба ҳазрати Имом Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} будаанд. Ба таври мисол, ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} бародароне ба номҳои АБУБАКР, УМАР ва УСМОН доштаанд ва ҳатто фарзанде ба номи АБУБАКР дошта, ки ҳамаи онон дар воқеаи Карбало дар канори ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} ва дар канори бародарони дигарашон ба ҳамон далеле ки ба хун ғалтиданд, ба шаҳодат расиданд, аммо имрӯза ҳеҷ номе аз онҳо бурда намешавад.

    Ҳол суол ин аст, ки агар ҳазрати Алӣ ва ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳумо} бо ҳазрати Абубакр, Умар ва Усмон {разияллоҳу анҳум} душманӣ доштаанд (наъузу биллоҳ), чаро ин номҳоро бар фарзандони худ гузоштаанд? Кадом ақли сjлим ҳозир аст, бовар кунад, ки ҳазрати Умар {разияллоҳу анҳу} ҳазрати Фотимаро {разияллоҳу анҳо} ба шаҳодат мерасонад ва ҳазрати Алӣ номи Умарро бар фарзандонаш мегузорад? Чаро ҳеҷ гоҳ номе аз ин шуҳадо дар азодориҳо бурда намешавад? Ин шуҳадо ба кадомин гуноҳ гумном шудаанд?

    Ва ҳазорон «чаро»-и дигар ки ҳеҷ гоҳ барои он ҷавоби қонеъкунандаи дигаре нахоҳад ёфт, магар ин ки бипазирем, ки саҳоба ҳеҷ гуна душманӣ бо ҳам надоштаанд. Аммо бархе аз инсонҳои баъд аз онон, бидуни таваҷҷуҳ ба эъломи ризояти Холиқи якто аз саҳоба, ба онон ифтиро баста ва ба худ ҷуръати тавҳин ба баргузидагони илоҳиро медиҳанд.

    Дар идома, ба зикри бархе аз наздикони ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} ки дар воқеаи Карбало ба шаҳодат расидаанд, мепардозем.

    1. Аббос ибни Алӣ ибни Абутолиб, ҳангоми шаҳодат 34 сол доштанд.

    2. АБУБАКР ибни Алӣ ибни Абутолиб, модарашон Лайло бинти Масъуд ибни Холиди Рибъӣ буд.

    3. УМАР ибни Алӣ ибни Абутолиб, модарашон Саҳбо бинти Рабиъа буд.

    4. УСМОН ибни Алӣ ибни Абутолиб.

    5. Муҳаммад ибни Алӣ ибни Абутолиб (Муҳаммади Асғар).

    6. Абдуллоҳ ибни Алӣ ибни Абутолиб, ҳангоми шаҳодат 25 сол доштанд.

    7. Ҷаъфар ибни Алӣ ибни Абутолиб, ҳангоми шаҳодат 19 сол доштанд.

    1. Алӣ ибни Ҳусайн (Алии Акбар).

    2. АБУБАКР ибни Ҳусайн.

    3. Абдуллоҳ ибни Ҳусайн, ҳангоми шаҳодат 25 сол доштанд.

    1. АБУБАКР ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб.

    2. Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб.

    3. Қосим ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб.

    8. Ақил ибни Абутолиб.

    5. Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ибни Абутолиб.

    6. Ҷаъфар ибни Ақил ибни Абутолиб.

    7. Абдурраҳмон ибни Ақил ибни Абутолиб.

    4. Авн ибни Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ибни Абутолиб.

    9. Муслим ибни Ақил ибни Абутолиб. Дар Кӯфа ба шаҳодат расиданд.

    10. Абдуллоҳ ибни Муслим ибни Ақил ибни Абутолиб.

    11. Муҳаммад ибни Абусаъд ибни Ақил.

    Аллоҳи мутаол Ҳусайн ибни Алӣ ва ҳамроҳони қаҳрамонашро ки дар роҳи Ислом аз ҷон гузаштанд, раҳмат кунад, {дуруду саломи Аллоҳ бар онон бод}.