×
Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу. Як савол: Як ҳадиси Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки рости гап, маънояшро медонам, лекин матнашро ба тоҷикӣ ифода карда наметавонам. Яъне маънои ҳадис ҳамин мебошад, ки инсоне ки мурда аст дар қабр хобида ҳаст ва ба сабаби ин ки касе барои ӯ гиряву доду фарёд мезанад, ҳамон марди мурда ба азоб дучор ҳаст. Ҳамин ҳадис оё саҳеҳ мебошад? Барои он ки ҳазрати Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ин ҳадисро қабул намекунад ва такя бар ояти Анъом; 164 ҳаст ба фикрам) мекунад.: Бигӯ: «Оё ҷуз Аллоҳ Парвардигоре ҷӯям?» Парвардигори ҳар чизест ва ҳар кас танҳо ҷазои кори худро мебинад. Ва касе бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба назди Парвардигоратон аст ва ӯ шуморо ба он чизҳое ки дар он ихтилоф меварзидед, огоҳ мекунад. Фикри шумо дар бораи ин ҳадис чист ва агар санадҳояшро меовардед, хуб мешуд.

    Гиряву нолаву фиғон бар мурдагон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    http://www.firdavsi.com/

    2010 - 1431

    حكم البكاء على الميت

    « باللغة الطاجيكية »

    http://www.firdavsi.com/

    2010 - 1431

    Гиряву нолаву фиғон бар мурдагон

    САВОЛИ РАҚАМИ 24:

    Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу. Як савол: Як ҳадиси Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки рости гап, маънояшро медонам, лекин матнашро ба тоҷикӣ ифода карда наметавонам. Яъне маънои ҳадис ҳамин мебошад, ки инсоне ки мурда аст дар қабр хобида ҳаст ва ба сабаби ин ки касе барои ӯ гиряву доду фарёд мезанад, ҳамон марди мурда ба азоб дучор ҳаст. Ҳамин ҳадис оё саҳеҳ мебошад? Барои он ки ҳазрати Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ин ҳадисро қабул намекунад ва такя бар ояти Анъом; 164 ҳаст ба фикрам) мекунад.: Бигӯ: «Оё ҷуз Аллоҳ Парвардигоре ҷӯям?» Парвардигори ҳар чизест ва ҳар кас танҳо ҷазои кори худро мебинад. Ва касе бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба назди Парвардигоратон аст ва ӯ шуморо ба он чизҳое ки дар он ихтилоф меварзидед, огоҳ мекунад.

    Фикри шумо дар бораи ин ҳадис чист ва агар санадҳояшро меовардед, хуб мешуд.

    ҶАВОБИ САВОЛИ РАҚАМИ 24:

    Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ.

    Ва алайкас-салому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!

    Оятҳое ки дар саволат овардаӣ, ба ин мавзӯъ дахл надоранд. Ин ҳадиси саҳеҳ дар "Саҳеҳ"и Имом Бухорӣ зери рақами 1288 омада аст ва матни пурраи ҳадисро бо тарҷумааш инҷо зикр мекунам:

    عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عُبَيْدِ اللَّهِ بْنِ أَبِي مُلَيْكَةَ قَالَ تُوُفِّيَتْ ابْنَةٌ لِعُثْمَانَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ بِمَكَّةَ وَجِئْنَا لِنَشْهَدَهَا وَحَضَرَهَا ابْنُ عُمَرَ وَابْنُ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَإِنِّي لَجَالِسٌ بَيْنَهُمَا أَوْ قَالَ جَلَسْتُ إِلَى أَحَدِهِمَا ثُمَّ جَاءَ الْآخَرُ فَجَلَسَ إِلَى جَنْبِي فَقَالَ عَبْدُ اللَّهِ بْنُ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا لِعَمْرِو بْنِ عُثْمَانَ أَلَا تَنْهَى عَنْ الْبُكَاءِ فَإِنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ إِنَّ الْمَيِّتَ لَيُعَذَّبُ بِبُكَاءِ أَهْلِهِ عَلَيْهِ فَقَالَ ابْنُ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا قَدْ كَانَ عُمَرُ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ يَقُولُ بَعْضَ ذَلِكَ ثُمَّ حَدَّثَ قَالَ صَدَرْتُ مَعَ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ مِنْ مَكَّةَ حَتَّى إِذَا كُنَّا بِالْبَيْدَاءِ إِذَا هُوَ بِرَكْبٍ تَحْتَ ظِلِّ سَمُرَةٍ فَقَالَ اذْهَبْ فَانْظُرْ مَنْ هَؤُلَاءِ الرَّكْبُ قَالَ فَنَظَرْتُ فَإِذَا صُهَيْبٌ فَأَخْبَرْتُهُ فَقَالَ ادْعُهُ لِي فَرَجَعْتُ إِلَى صُهَيْبٍ فَقُلْتُ ارْتَحِلْ فَالْحَقْ أَمِيرَ الْمُؤْمِنِينَ فَلَمَّا أُصِيبَ عُمَرُ دَخَلَ صُهَيْبٌ يَبْكِي يَقُولُ وَا أَخَاهُ وَا صَاحِبَاهُ فَقَالَ عُمَرُ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ يَا صُهَيْبُ أَتَبْكِي عَلَيَّ وَقَدْ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِنَّ الْمَيِّتَ يُعَذَّبُ بِبَعْضِ بُكَاءِ أَهْلِهِ عَلَيْهِ قَالَ ابْنُ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا فَلَمَّا مَاتَ عُمَرُ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ ذَكَرْتُ ذَلِكَ لِعَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا فَقَالَتْ رَحِمَ اللَّهُ عُمَرَ وَاللَّهِ مَا حَدَّثَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِنَّ اللَّهَ لَيُعَذِّبُ الْمُؤْمِنَ بِبُكَاءِ أَهْلِهِ عَلَيْهِ

    . وَلَكِنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ إِنَّ اللَّهَ لَيَزِيدُ الْكَافِرَ عَذَابًا بِبُكَاءِ أَهْلِهِ عَلَيْهِ وَقَالَتْ حَسْبُكُمْ الْقُرْآنُ وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَى قَالَ ابْنُ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا عِنْدَ ذَلِكَ وَاللَّهُ هُوَ أَضْحَكَ وَأَبْكَى قَالَ ابْنُ أَبِي مُلَيْكَةَ وَاللَّهِ مَا قَالَ ابْنُ عُمَرَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا شَيْئًا

    Аз Абдуллоҳ ибни Убайдуллоҳ ибни Абумулайка ривоят аст, ки гуфт: Духтаре аз Усмон ибни Аффон дар Макка вафот кард ва мо барои ҷанозааш омадем ва Абдуллоҳ ибни Умар ва Абдуллоҳ ибни Аббос Худо аз ҳамаашон хушнуд бод ба ҷанозааш ҳозир шуданд ва ман дар байни ҳар ду нишаста будам, ё гуфт ман ба паҳлуи якеяшон нишастам, сипас дигаре омаду ба паҳлуи ман нишаст. Пас Абдуллоҳ ибни Умар Худо аз ҳар ду хушнуд бод ба Амр ибни Усмон ибни Аффон гуфт: Оё аз гиря кардан гиряндагонро бознамедорӣ, зеро Фиристодаи Худо гуфта аст, ки маййит ба сабаби гиряи хонадонаш бар ӯ азоб дода мешавад. Онгоҳ Абдуллоҳ ибни Аббос гуфт: Умар ибни Хаттоб Худо аз ӯ хушнуд бод мегуфт, ки ба баъзе гиряи хонадонаш (азоб дода мешавад). Сипас нақл карду гуфт: Ҳамроҳи Умар ибни Хаттоб Худо аз ӯ хушнуд бод аз Мадина берун омадем, то ин ки ба Байдо расидем, ки ӯ саворагонеро дар зери сояи дарахти самура (навъе аз мавз, яъне банана) дид. Онгоҳ гуфт: Бирав, бибин, ки онҳо кистанд. Пас нигаристам, дидам, ки Суҳайб ибни Синони Румист. Онгоҳ Умарро огоҳ кардам. Онгоҳ Умар гуфт: Ӯро ба назди ман бихон. Ба сӯи Суҳайб баргаштам ва гуфтам: Бирав, ба Амири муъминон Умар бипайванд! Пас ҳангоме ки Умар аз дасти Убулуълуаи маҷусӣ захмдор гашт, Суҳайб ба назди ӯ гирён ворид шуду мегуфт: Во бародарам, во дӯстам! Онгоҳ Умар гуфт: Эй Суҳайб, оё бар ман мегирйӣ ва ҳол он ки Фиристодаи Худо дуруду паёми Худо бар ӯ бод гуфта аст, ки маййит ба сабаби баъзе гиряи хонадонаш бар ӯ азоб дода мешавад. Абдуллоҳ ибни Аббос Худо аз ӯ хушнуд бод гуфт: Чун Умар Худо аз ӯ хушнуд бод бимурд, ин суханро ба Оиша Худо аз ӯ хушнуд бод зикр кардам, гуфт: Худо Умарро раҳм фармояд. Фиристодаи Худо дуруду паёми Худо бар ӯ бод нагуфта аст, ки Худои таоло, муъминро ба сабаби гиряи хонадонаш бар ӯ албатта, азоб мекунад, валекин Фиристодаи Худо дуруду паёми Худо бар ӯ бод гуфта аст, ки Худои таоло азоби кофирро ба сабаби гиряи хонадонаш бар ӯ, албатта меафзояд. Ва Оиша гуфт: Бароятон Қуръон басанда аст:

    وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَى

    Ҳеҷ касе бори гуноҳи шахси дигареро намебардорад. (Сураи Анъом; 164, Исро; 15, Фотир; 18, Зумар; 7 ва Наҷм; 38) Абдуллоҳ ибни Аббос Худо аз ӯ хушнуд бод дар ин асно гуфт: Ва Худост, он ки механдонад ва мегирёнад.(1) Убайдуллоҳ ибни Абумалика гуфт: Савганд ба Худо,

    Абдуллоҳ ибни Умар чизе нагуфт.

    ----------------------
    (1) Ишора ба ояти 43-уми сураи Наҷм аст:

    وَأَنَّهُ هُوَ أَضْحَكَ وَأَبْكَى

    Ва ҳароина, ӯст, ки (ҳар киро хоҳад,) механдонад ва (ҳар киро хоҳад,) мегирёнад.

    Дар ин ҳадис гиряи наҳйшуда гиряи оддӣ нест, ки инсон ҳангоми раҳму шафқату дилсӯзӣ ё мусибате ашк мерезад, балки ин гиряи махсус аст, ки бо навҳаву нолаву фиғону фарёд сурат мегирад, ки ин гуна навҳаву нола кардан як намуди норизогӣ нисбат ба қадари Худои таолост ва Паёмбари гиромӣ дуруду паёми Худо бар ӯ бод аз он наҳй фармуда. Бархе мардуми ҷоҳил ҳангоми мусибате, монанди аз даст додани фарзанду шавҳар ё падару модар ё бародар сару рӯи худро мехарошанду мӯйҳои худро мекананду бар рухсорашон силиву чапот мезананду ҷомаро бар тани худ пора мекунанду рӯи худро сиёҳ мекунанду аз бахти бад шикоят менамоянду суханонеро ба забон меорад, ки ба куфр наздиктаранду шояд сабабгори хашму ғазаби Худои таоло гарданд. Фиристодаи Худо дуруду паёми Худо бар ӯ бод гуфта аст:

    لَيْسَ مِنَّا مَنْ لَطَمَ الْخُدُودَ وَشَقَّ الْجُيُوبَ وَدَعَا بِدَعْوَى الْجَاهِلِيَّةِ

    Ҳар кӣ (ҳангоми мусибат аз норизогӣ ба қадари Худо) бар рухсори худ силӣ (чапот) мезанад ва гиребон медарад ва бо дуоҳои рӯзгори ҷоҳилият(2) дуо мекунад, аз (аҳли равишу суннати) мо нест. (Бухорӣ; 1294)

    (2) Бо дуоҳои рӯзгори ҷоҳилият дуо кардан, ин барои худу фарзандони худ дуои ҳалок кардан ва низ монанди касе ки мегӯяд, ки эй Худо, чаро мани пирро нагирифтиву фарзанди ҷавонамро гирифтӣ ва ҳамчунин, нола кардану пушаймонӣ намудану норизогӣ варзидан аст. Аз ҳама шигифт кори касонест, ки барои нола кардани хешованди маййити худ нолакунандагону навҳагаронро ба музд орият мегирад, то нолаи мотамро чуноне ки бояд гарм кунанду дабдабааш бештар шаваду аз ҳамсояаш камтар набошад...

    Дар маънои ин ҳадис бештар аз ҳашт қавл аст, дурусттарини онҳо ин ду қавланд:

    Якум: Ба сабаби навҳаву нола касеро Худои таоло азоб медиҳад, ки ӯ дар зиндагияш хешовандонашро ба нолаву гиря кардан васият карда буд, ё ки васият накарда буд, ки пас аз марг, бар ман нолаву фиғон макунед. Ин қавли бештари донишмандони Ислом аст. Агар ҳангоми зинда буданаш, хонадонашро фармуда бошад, ки бар ман нола макунед, азоб нахоҳад дид. Аз рӯи рои бархе донишварон, ин азоб дар қиёмат аст, на дар қабр.

    Дуввум: Шахси маййит бо шунидани гиряи хонадонаш ранҷ мекашад ва ба онҳо дилаш месӯзаду ғамнок мегардад. Ва ин кор дар барзах аст, на рӯзи растохез.

    Ва Худои таоло донотар аст.

    Ва дуруду паёми Худо бар Фиристодаи Худо ва олу ёрони ӯ бод!

    Фирдавсии Нуралиён