×
Номи аслии ин саҳобии гиромиқадр Холид ибни Зайд ибн Кулайб аст ва ба қабилаи бани Наҷҷор нисбат дорад. Кунияаш Абуаюб ва мансуб ба Ансор аст, чи аз мо мусалмонон касе нест, ки Абуаюб Ансориро нашиносад?

    АБУАЮБИ АНСОРИ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Доктор Абдурраҳмон РАЪФАТПОШО

    Тарҷумаи: Абдулҳалими Орифи

    2009 - 1430

    أبو أيوب الأنصاري

    « باللغة الطاجيكية »

    د. عبد الرحمن رأفت باشا

    ترجمة : عبد الحليم عارفي

    2009 - 1430

    АБУАЮБИ АНСОРИ

    Номи аслии ин саҳобии гиромиқадр Холид ибни Зайд ибн Кулайб аст ва ба қабилаи бани Наҷҷор нисбат дорад. Кунияаш Абуаюб ва мансуб ба Ансор аст, чи аз мо мусалмонон касе нест, ки Абуаюб Ансориро нашиносад?

    Худованд номи ўро дар Шарқ ва дар Ғарб баланд сохт ва мақому манзилаташро дар миёни махлуқоташ рифъат бахшид, ба тавре ки ҳазрати Расули Худо дар нахустин марҳалаи қудумаш ба Мадина аз миёни ҳама ҷамъияти мусалмонон хонаи Абуаюбро баргузид ва онро маъво гирифта, ки ҳамин ифтихор ўро кофист.

    Дар фуруд омадани ҳазрати Расули Худо дар хонаи Абуаюб ҳикояти шигифтангезест, ки такрор ва ёдовари аз он рўҳро лаззат мебахшад ва қалбро фурўғ медиҳад. Вақте ҳазрати Расули Худо ба Мадина расид, қалбҳо ба дидор ва мулоқот бо вай дар тапиш буд ва чашмҳо ба қудумаш дўхта шуда буд ва ҳар кадом шавқу рағбати онро дошт, ки меҳмони вай шавад, то хидмати ўро кунад ва ифтихори меҳмондориашро касб намояд ва дилҳояшонро барои мақдами вай кушоянд, то дар умқи он ҷояш диҳанд ва дарвозаҳои худро кушоданд, то дар беҳтарини он фуруд ояд.

    Аммо ҳазрати Расули Худо чанд рўзе дар Қубо атрофи Мадина ба сар бурд, ки дар ин муддат масҷид бино намуд, ки Қуръон аз он ба номи «масҷиди тақво» ёд намудааст.

    Баъд ҳазрати Расули Худо рўзҳое чанд салалоҳу алайҳи вассалам шутуро худро савор шуд ва аз он баромад, сарон ва бузургони Ясриб ба истиқбол аз ҳазрати Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам дар атрофии кўчаҳо берун шуданд ва ҳар кадом тамаъи он дошт, ки ифтихори нузули вай дар хонаи хешро дарёбад.

    Ва ҳар кадом сари роҳи он ҳазрат – саллаллоҳу алайҳи ва саллам гирифта ва илтимос мекард, ки дар хонааш меҳмон шавад ва мегуфтанд, эй Расули Худо назди мо бо ҳамаи он чи бо худ дори ва ҳамроҳонат ташриф овар ва мо ба ҳар қимат аз ту посдори мекунем. Ва ҳазрати Расули Худо ба ишон мегуфт: Шутурамро ба ҳоли худаш бигзоред, ки ў худ маъмурияте дорад.

    Шутури он ҳазрат ба роҳи худ идома медод ва чашмҳо ба сўяш дўхта шуда буд, ки дар куҷо фуруд хоҳад омад ва дилҳо аз шавқу шўре, ки нисбат ба ҳазрати Расули Худо дошт, дар худ метапид ва чун аз ҷавори хона мегузашт аҳли он дар худ эҳсоси афсурдаги мекард, ки чаро ҳазрати Расули Худо дар хонааш фуруд намеояд ва чун ба хонаҳои ҳамҷавори он мерасид, умед дар дили аҳли он зинда мешуд, ки шояд дар хонааш фуруд ояд.

    Шутури он ҳазрат – салаллоҳу алайҳи ва саллам бо ин ҳол ба роҳи худ идома дод ва мардум аз паи вай равон буданд.

    то бубинанд, ки ин саодат дар тақдири чи касе аз аҳли ин шаҳр навишта шудааст, то он ки шутур бар майдони васеъе, ки дар пеши рўйи хонаи Абуаюби Ансори қарор дошт, расид ва дар он ҷо зону зад ва ба замин хобид… Аммо ҳазрати Расули Худо аз фарози вай поин нашуд.. Ҳамон буд, ки шутур дубора аз ҷой бархост ва равон гардид ва ҳазрати Расули Худо ҷилави шутур раҳо карда буд, дере нагузашт, ки шутур боз ба ҳамон мавзеъи аввалаи худ баргашт ва зону зад ва хобид.

    Дар чунин фурсате шоди ва сурур дили Абуаюби Ансориро фаро гирифт ва бо суръат худро ба ҳазрати Расули Худо саллаллоҳи алайҳи ва саллам расонид ва ўро хайра мақдам гуфт ва бору банди ўро бо худ бардошт ва ба хона овард.

    Хонаи Абуаюб думанзила буд. Дар табақаи болоии он матоъ ва сомони худашон буд, ки дар он басар мебурданд.

    Вай он ҳамаро гирифта ба зер интиқол дод, то ҷойгоҳи ҳазрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар он ҷо биёроянд ва худашон дар манзили аввал зиндаги кунанд. Аммо ҳазрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам табақаи аввалро баргузид ва ба онҳо гуфт, ки худашон дар табақи болои зиндаги кунанд. Ҳазрати Абуаюб хостаи он ҳазратро пазируфт ва ҳазрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар ҷое, ки худаш писандида буд, гузошт. Ва чун шаб фаро расид ва ҳазрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба бистари худ ташриф бурд, Абуаюб ва ҳамсараш ба табақаи болои рафтанд ва ҳанўз дарвозаро ба рухи худ набаста буданд, ки Абуаюб мутаваҷҷеҳ шуд, ки муртакиби иштибоҳе шудааст. Вай рў ба сўи ҳамсари худ намуд ва гуфт: Медони, ки мо ҳарду муртакиби чи коре шудаем?

    Оё ин маъқул аст, ки Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар зери пои мо бихобад ва мо дар болои вай ба сар барем? Ва оё дуруст аст, ки бар болои сари вай роҳ равем?

    Оё ин дуруст аст, дар миёни Паёмбар ва ваҳй ҳоил воқеъ шавем? Агар чунин кунем, дарвоқеъ худро ба дасти хештан дар ҳалокат афкандаем: Ва ба ин тартиб зану шавҳар ҳарду аз кардаашон дар ҳайрат афтоданд ва надонистанд, ки он шабро чи гуна ба поён расонанд. Ва то гўшаеро, ки дар табақаи боло буду аз фарози ҳазрати Расули Худо (с) як сў буд, интихоб накарданд, дилҳояшон ором нашуд. Ва худро дар ин нуқтаи аз утоқ ҳабс карданд ва агар зарурате барояшон пеш меомад, ба нуги ангуштон ба ҷониби девор рафту омад мекарданд ва аз рафтан дар миёнаи утоқ комилан худдори карданд, ки нашавад қадамашон бар болои сари Расули Худо (с) баробар шавад.

    Вақте шаб ба поён расид, Абуаюб ба ҳазрати Расули Худо (с) гуфт: Қасам ба Худо, ки имшаб хоб на бар чашми ман ва на бар чашми Уми Аюб роҳ ёфт.

    Ҳазрати Расули Худо (с.) фармуд: Чаро?

    Гуфт: Мутаваҷҷеҳ шудам, ки мо дар утоқе ба сар мебарем, ки худат дар зери он хобидаи. Аз он бим кардем, ки агар ҳаракат кунем, гарду ғубор бар сару рўят хоҳад рехт ва ба ин тартиб асбоби азиятатро фароҳам менамоем ва матлаби дигар ин, ки ман дар миёни ту ва ваҳй ҳоил воқеъ шудам.

    Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Хотир осуда дор эй Абуаюб. Ин табақаи поин барои ман муносибтар аст, чун мардум ба дидани ман зиёд меоянд ва ба ин лиҳоз ин ҷой барои ман муносиб аст.

    Абуаюб гуфт: Пас ман қавли ҳазрати Расули Худо (с) пазируфтам, то он ки шаб фаро расид, ки сахт сард буд. Ва кўзаи мо шикаст ва обаш дар табақаи болои фурў рехт. Ман ва Умми Аюб бархостем, то пеши обро бигирем, ки ба зер нагузарад. Чизе ҷуз як чодаре, ки ба сифати болопўш аз он истифода мекардем, надоштем. Бо ин чодар обро хушк кардем, аз тарси он ки мабодо бар сари ҳазрати Расули Худо (с) фурў резад. Ва чун субҳ, шуд ба ҳузури ҳазрати Расули Худо (с) рафта гуфтам: Падару модарам фидоят. Маро хуш наояд, ки дар болои сарат ба сар барам ва ту дар пойини пойи мо бихоби.

    Ва баъд кўза ва рехтани обро ба вай қисса намудам. Хоҳишам пазируфт ва ба табақаи дуввуми рафт. Ман ва ҳамсарам Уми Аюб ба табақаи пойин омадем.

    Ҳазрати Расули Худо (с) дар хонаи Абуаюб тақрибан ҳафт моҳ ба сар бурд, то он ки бинои масҷиди шарифаш дар майдоне, ки шутураш дар он ҷо зону зада буд, ба поён расид ва ба ҳуҷраҳое, ки дар перомуни масҷидаш барои вай ва ҳамсаронаш сохта буданд, гузашт.

    Абуаюб ҳазрати Расули Худо (с)-ро сахт дўст медошт. Ва ҳазрати Расули Худо (с) низ Абуаюбро чунон дўст медошт, ки такаллуферо, ки дар миёни вай ва Абуаюб мавҷуд буд, аз миён бурд ва хонаи вайро чун хонаи худ тасаввур мекард.

    Ибни Аббос ҳадис баён намуда гуфт: Рўзе ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) дар гармии чошти рўз аз хона ба сўи масҷид берун шуд. Ҳазрати Умар (р) чун вайро бидид, гуфт:

    Эй Абубакр, чи чиз туро дар ин вакти рўз аз хона берун овард?

    Ҳазрати Абубакр гуфт: Шиддати гуруснаги маро дар ин вақти рўз аз хона берун сохтааст. Ҳазрати Умар гуфт: Қасам ба Худо, ки моро низ ҷуз шиддати гуруснаги чизи дигаре берун насохтааст.

    Дар ин асное, ки ишон саргарми ин сўҳбат буданд, ҳазрати Расули Худо (с) берун шуд ва фармуд: Чи чизе шуморо дар ин вакти рўз аз хона берун сохтааст?!

    Гуфтанд: Қасам ба Худо, ки шиддати гуруснаги моро дар ин вақти рўз аз хона берун сохтааст.

    Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Қасам ба Зоте, ки ҷонам дар дасти вай аст, ҷуз ҳамин чиз дигар ҳеҷ омиле дар ин вақт маро аз хонаам берун насохтааст.

    Бархезед ва бо ман биёед. Аз ҷой бархостанд ва ба сўи хонаи Абуаюби Ансори рафтанд. Абуаюб одат дошт, ки ҳиссаи таъоми ҳазрати Расули Худо (с) –ро нигоҳ медошт. Ва чун аз мавъиди муқаррараш таъхир мекард, онро барои аҳли худ медод. Ишон чун ба дарвозаи Абуаюб расиданд, Умми Аюб ба истиқболи ишон баромад ва гуфт: Паёмбари Худо ва ҳамроҳонаш хуш омаданд. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд:

    Абуаюб куҷост? Абуаюб, ки дар он наздики ба дарахти хурмое машғул буд, садои ҳазрати Расули Худо (с) шунида, шитобон ба сўи ишон омад ва гуфт: Паёмбари Худо (с) ва ҳамроҳонаш хуш омаданд. Баъд боз илова намуда гуфт: Ин вақти омадани шумо набуд. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Дуруст гуфти.

    Баъд Абуаюб ба сўи дарахти хурмои худ рўй овард ва шохаи хурмоеро, ки дар он хурмои тоза ва наврас ва хушк ҳама ҷамъ буд, бурид. Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Ман хушдори он набудам, ки ин шохаро бибури, чаро хурмои хушки онро барои мо начиди?

    Абуаюб гуфт: Эй Расули Худо (с), маро хуш омад, ки аз хурмои хушк ва тоза ва наврас тановул намои. Ва барои меҳмондори аз шумо забҳ хоҳам намуд.

    Ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Агар чизеро забҳ кардани боши, набояд ҳайвони ширдеҳ бошад. Пас Абуаюб бузғолаеро гирифт ва забҳ кард ва ба ҳамсараш гуфт: Хамир кун ва барои мо нон бипаз. Ва ту худ медони, ки чи гуна нон барои мо мепази. Баъд ниме аз ин бузғоларо пухта ва ними дигарро бирён кард. Вақте таъом пухта шуд ва онро дар назди ҳазрати Расули Худо (с) ва он ду ёраш гузошт. Ҳазрати Расули Худо (с) қитъае аз гўштро гирифта дар миёни ноне гузошт ва гуфт: Эй Абуаюб, ҳарчи зудтар ин қитъаи таъомро ба Фотима бирасон, ки вай аз чанд рўз ин сў чизеро начашидааст.

    Вақте ишон таъомро истеъмол карданд ва сер шуданд, ҳазрати Расули Худо (с) фармуд: Нон ва гўшт, хурмои хушк ва хурмои наврас ва хурмои тоза! Ин бигуфт ва ашк аз чашмонаш ҷори шуд ва гуфт: Қасам ба Зоте, ки ҷонам дар дасти вай аст, ин ҳамон неъматеаст, ки дар рўзи қиёмат аз он пурсида хоҳад шуд.

    Вақте чунин неъмате бароятон муяссар гардад ва дасти худ дар он задед, бигўед: Бисмиллоҳ. Ва чун сер шудед, бигўед:

    Алҳамдулиллоҳи лази ҳува ашбаъно ва анъама алайно фаафзала.

    Баъд аз ҷой бархост ва ба Абуаюб гуфт: Фардо ба наздам биё.

    Ҳазрати Расули Худо (с) одат дошт, ки касе ба вай эҳсон мекард, ўро беподош намегузошт, магар он, ки ба вай эҳсон мекард. Аммо Абуаюб ин ҳарфи вай нашунид. Ва ҳазрати Умар ба ў гуфт: Эй Абуаюб, ҳазрати Расули Худо (с) туро амр кард, ки фардо наздаш бирави. Абуаюб гуфт. Ба сару чашм амри Расули Худо (с)-ро ба ҷо хоҳам овард.

    Ва чун фардо шуд, Абуаюб ба ҳузури ҳазрати Расули Худо (с) рафт ва каниздухтаракро, ки хидмати вай менамуд, ба вай ҳадя дод. Ва гуфт: Эй Абуаюб, бо ин канизак муомилаи нек намо, зеро то вақте ин канизак назди мо буд, ҷуз хайр ва неки аз вай чизе надидаем.

    Абуаюб бо ин канизаки хурдсол ба хона омад. Вақте ҳамсараш Умми Аюб ўро дид, гуфт: Эй Абуаюб ин канизак аз кист? Гуфт: Ин канизак аз мост. Ва Расули Худо (с) вайро ба мо бахшидааст. Умми Аюб гуфт: Чи бахшандаи бузургворе ва ҳадяи гаронқадре. Абуаюб гуфт: Ҳазрати Расули Худо (с) дар хусуси вай ба мо супориш ба хайр намудааст.

    Ҳамсараш гуфт: Бо ин чи муомилаи нек анҷом диҳем, ки супориши Расули Худо (с) дар мавриди вай ба ҷо ояд.

    Абуаюб гуфт: Барои амали сохтани супориши ҳазрати Расули Худо (с) беҳтар аз ин намеёбем, ки вайро озод созем.

    Ҳамсарам гуфт: Дуруст гуфти. Роҳи савоб низ ҳамин аст ва ту муваффақ ҳасти ва баъд вайро озод сохт.

    Ин буд баъзе дар гўшаҳои зиндагии Абуаюби Ансори дар ҳолати оромиш ва сулҳ ва агар паҳлўҳои ҷангии ин абармардро варақ занем, қаҳрамониҳо ва диловариҳои шигифтангезро аз вай хоҳем дид.

    Абуаюб (р) дар тўли зиндагии хеш муҷоҳид ва мубориз зист. Вай аз даврони ҳазрати Паёмбар (с.) то замони ҳазрати Муовия (р) аз ҳеҷ ҷанге, ки мусалмонон бо душман доштанд, тахаллуф наварзидааст. Магар он ки ўро ҳоҷате пайдо шуда бошад.

    Ва охирин ғазвааш ҳамон буд, ки ҳазрати Муовия лашкареро ба сарварии писараш Язид барои фатҳи Қустантиния тартиб дод. Ва Абуаюб дар он вақт марди кўҳансол шуда, умраш дар ҳудуди ҳаштод расида буд. Ва ин кўҳансоли ўро аз он боз надошт, ки дар таҳти ливои Язид барои ҷиҳод мавқеъ нагирад ва дар мавҷи баҳр дар роҳи Худо ҷиҳод нанамояд. Аммо дере аз қитол бо душман нагузашт, ки бемор шуд ва ўро аз идомаи қитол бознишаста сохт. Язид ба ъиёдати вай омад ва аз вай пурсид, ки чи ҳоҷате дори эй Абуаюб?!

    Гуфт: Саломамро ба лашкари мусалмонон бирасон ва ба ишон бигў, ки васияти Абуаюб ба шумо ин аст, ки дар сарзамини душман то охир пешрави кунед ва вайро бо худ бубаред ва дар зери қадамҳоятон дар наздикии деворҳои Қустантиния ўро дафн кунед, ин васият бигуфт ва рўҳаш аз баданаш ҷудо шуд.

    Лашкари мусалмонон васияти ўро ба ҷо оварданд ва ба қувваи душман ҳамлаҳои пайи ҳам анҷом доданд, то ин ки ба деворҳои Қустантиния дар ҳоле, ки ҷанозаи Абуаюбро ҳамроҳ бо худ бардошта буданд, расиданд ва дар он ҷо дар зери деворҳои Қустантиния ўро дафн карданд.

    Худованд Абуаюби Ансориро ғарқи раҳмати худ созаду дар ҳоле, ки пирамарди кўҳансоле буд, ки ҳаштод сол умри худро пушти сар ниҳода буд, вале бо васфи он завқ ва иштиёқи том барои шаҳид шудан дар роҳи Худоро дошт ва саранҷом ба матлаб ва орзуи худ ноил гардид.