×
Яке аз фализалатҳо ва меҳрубонии Худованд барой бандагонаш ин аст ки барой бандагони некукораш рузҳо ва вақтҳое муаян карда аст то бандагони солиҳаш дар он рузҳо аз ибодати Худо ва аъмоли нек зиёд анҷом диҳанд, ва аз беҳтарин ва хубтарини он рузҳо" даҳ рузи моҳи зилҳиҷҷа мебошад" ки дар бораи фазилати ин рузҳо далилҳои зиёде аз Қурон ва аҳодиси пайғамбари Худо омада аст.

    Фазилати даҳ рузи моҳи Зилҳиҷҷа

    فضل أيام عشر ذي الحجة

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Муаллиф: Абдулмалик ал-Қосим

    Тарҷумаи: Абду Сатори Ҳақназар.

    2009 - 1430

    فضل أيام عشر ذي الحجة

    « باللغة الطاجيكية »

    مؤلف: عبد الملك القاسم

    ترجمة : عبد الستار حق نظر

    2009 - 1430

    Фазилати даҳ рузи моҳи Зилҳиҷҷа

    فضل أيام عشر ذي الحجة

    Яке аз фализалатҳо ва меҳрубонии Худованд барой бандагонаш ин аст ки барой бандагони некукораш рузҳо ва вақтҳое муаян карда аст то бандагони солиҳаш дар он рузҳо аз ибодати Худо ва аъмоли нек зиёд анҷом диҳанд, ва аз беҳтарин ва хубтарини он рузҳо" даҳ рузи моҳи зилҳиҷҷа мебошад" ки дар бораи фазилати ин рузҳо далилҳои зиёде аз Қурон ва аҳодиси пайғамбари Худо омада аст, чуноне ки Худованд дар фазилати ин рузҳо мефармояд :

    ﴿ وَالْفَجْرِ، وَلَيَالٍ عَشْرٍ ﴾ [الفجر:1--2]

    Ибни Касир муфасири бузург мегуяд: мақсад аз оят даҳ рузи моҳи зилҳиҷҷа мебошад" яне Худованд дар ин оят ба даҳ руз қасам ёд карда аст ки мақсад аз он даҳ руз ҳамон даҳ рузи моҳи зилҳиҷҷа мебошад" .

    Ва инҷунин Худованд мефармояд:

    ﴿ وَيَذْكُرُوا اسْمَ اللَّهِ فِي أَيَّامٍ مَّعْلُومَاتٍ ﴾ [الحج:28]

    "Ва ёд кунанд номи худоро дар чанд рузҳои дониста шуда" инчунин Ибни Аббос Саҳобии бузург мегуяд: "мақсад аз рузҳои дониста шуда дар оят дар рузи моҳи зилҳиҷҷа мебошад" албатта ин далолат ба фазилати он рузҳо мекунад.

    Ва аз Ибни Умар ривоят аст ки гуфт: Пайғамбари Худо фармуданд:

    { ما من أيام أعظم عند الله سبحانه ولا أحب إليه العمل فيهن من هذه الأيام العشر. فأكثروا فيهن من التهليل والتكبير والتحميد } [رواه الطبراني في المعجم الكبير].

    Пайғамбари Худо фармуданд: "Нест рузҳои бузургтар, ва нест рузҳое ки Худованд дар он амали некро дуст дорад бисёр бағайр аз рузҳои даҳи моҳи зилҳиҷҷа, пас зиёд кунед дар ин рузҳо аз гуфтани Таҳлил ва Аллоҳу Акбар, ва ҳамду ситоиш гуфтан ба Худо" ривояти Табарони.

    Саъид ибни Ҷубайр ки Тобиъи бузург буд вақте, ки даҳ рузи моҳи зилҳиҷҷа медаромад ҳамаи вақти худро дар ибодат ва зикри Худо машғул мекард.

    Ибни Ҳаҷар "Олими бузург" мегуяд: Дониста мешавад ки сабаби бузург будан ва фазилат доштани даҳ рузи моҳи зилҳиҷҷа ин аст ки дар он рузҳо бузургтарин ибодатҳо анҷом дода мешавад, монанди: намоз, руза садақа, ва ҳаҷ, ки ингуна ибодатҳоро дар дигар рузҳо бо ҳам ҷамъ карда намешавад" Ибни Ҳаҷар ин суханро дар "Фатҳул бори"гуфта аст.

    Ва инчунин Муҳаққиқин аз аҳли Уламо мегуянд: даҳ рузи аввали моҳи зилҳиҷҷа беҳтарин рузҳо мебошад, ва даҳ шаби ахири моҳи рамазон беҳтарини шабҳо мебошад.

    Корҳое ки анҷом доданаш дар ин рузҳо мустаҳаб аст :

    Якум: Хондани Намоз: хондани намозҳои фарзи дар вақташ дар ин рузҳо мустаҳаб аст, ва инчунин зиёд хондани намозҳои нафли, чун хондани намоз аз беҳтарин ибодатҳое аст ки инсонро бар парвардигораш наздик месозад, аз Савбон "р.ҳ" ривоят аст ки гуфт: шунидам пайғамбари Худоро ки мегуфт :

    { عليك بكثرة السجود لله فإنك لا تسجد سجدة إلا رفعك إليه بها درجة،وحط عنك بها خطيئه} [رواه مسلم]

    "Зиёд кун саҷдаро барой Худо, чун ҳар саҷдае ки ту мекуни Худованд як савобе барой ту зиёд мекунад, ва як гуноҳе аз ту мебахшад ба сабаби он саҷда" ривояти Имом Муслим.

    Дуюм : Руза: аз Ҳунайда ибни Холид ки аз занаш ва занаш аз баъзе занҳои Пайғамбари Худо ривоят мекунад ки гуфт :

    { كان رسول الله - صلى الله عليه وسلم - يصوم تسع ذي الحجة، ويوم عاشوراء، وثلاثة أيام من كل شهر } [رواه الإمام أحمد وأبو داود والنسائي].

    "Пайғамбари Худо руза мегирифт нуҳ рузи моҳи зилҳиҷҷа, ва рузи ошуро, ва се руз аз ҳар моҳ" ривоят аз Эмом Аҳмад ва Абудовуд, ва Нисои.

    Ва Эмом Навааи мегуяд: руза доштани даҳ рузи зилҳиҷҷа мустаҳаб аст.

    Сеюм : Такбир ва Таҳлил ва Ҳамд гуфтан бар Худо, чун дар ҳадиси гузашта аз ибни Умар ривоят кардем ки Пайғамбари Худо гуфтанд :

    { فأكثروا فيهن من التهليل والتكبير والتحميد }.

    Ва Эмом Бухори мегуяд: Ҳазрати Абу Ҳурайра ва ибни Умар дар даҳ рузи зилҳиҷҷа ба бозор баромада такбир мегуфтанд, ва мардум бо ҳамроҳи онҳо такбир мегуфтанд, ва инчунин мегуяд: Ҳазрати Умар дар Мино бо овози баланд такбир мегуфт то мардуми масҷид уро мешуниданд ва бо ҳамрои у такбир мегуфтанд ва инчунин мардуми бозор такбир мегуфтанд то инки Мино аз овози такбир дар ларзиш медаромад" ва ибни Умар дар ин рузҳо дар Мино такбир мегуфт, ва баъд аз намозҳо, ва инчунин дар ҷогаи хобаш такбир мегуфт, ва дар ҳама корҳояш дар ин рузҳо такдир мегуфт, пас мустаҳаб аст такбир гуфтан бо овози баланд дар ин рузҳо барой пайрави кардан аз кирдори ҳазрати Умар ва писараш ва Абу Ҳурайра.

    Чаҳорум : Руза доштани рузи Арафа, ва албатта руза доштани рузи Арафа барой ғайри Ҳоҷиёни Хонай Худо мебошад, чун аз Пайғамбари Худо ривоят шуда аст ки дар борай рузаи рузи Арафа гуфтанд :

    { أحتسب على الله أن يكفر السنة التي قبله والسنة التي بعده } [رواه مسلم].

    "Умед дорам аз Худо ки рузаи рузи Арафа сабаби бахшидани гуноҳони як солаи гузашта ва як солаи оянда шавад" ривоят аз Эмом Муслим.

    Панҷум: Фазилати рузи Наҳр "Қурбони" ва бисёри мардуми мусулмон аз фазилати ин руз огоҳ надоранд, дар ҳоле ки баъзе олимҳо ин рузро беҳтарини рузҳои сол мешуморанд, ки ҳатто аз рузи Арафаҳам онро беҳтар медонанд. ибни Қаййм мегуяд "беҳтарини рузҳо рузи Наҳр аст, ва у рузи Ҳаҷи Акбар аст" ва чуноне ки дар сунани Абу Довуд аз Паёғамбари Худо ривоят аст ки фармудаст :

    { إن أعظم الأيام عند الله يوم النحر، ثم يوم القر }

    "Бузургтаин рузҳо дар назди Худо рузи Наҳр аст, ва баъд аз он рузи Қар" мақсад аз рузи Қар рузи истиқрор дар Мино мебошад ки он рузи "ёздаҳуми" аст ва баъзе уламо мегуянд ки рузи Арафа беҳтар аст аз он руз, чунки рузай Арафа сабаби бахшидани гуноҳони ду сола мешавад.

    Аҳкоми Иди Азҳо (Қурбон)

    Албатта барой ҳар яке мо мусалмонон лозим аст ки шукронаи Худовандро кунем ки умри моро дароз кард ва ин рузи муборакро бори дигар насиби мо гардонид, ва барой анҷом додани корҳои хуб ки моро бо Худованд наздик мекунад кушиш кунем, ва иди Азҳо яке аз хусусиятҳои уммати пайғамбари Худо мебошад, ки бояд мусалмонон ин шиъори муқаддаси исломро иҳтиром карда, ва ҳар коре ки сабаби ризогии Худо аст анҷом диҳанд. чун Худованди бузург мефармояд :

    ﴿ذَلِكَ وَمَن يُعَظِّمْ شَعَائِرَ اللَّهِ فَإِنَّهَا مِن تَقْوَى الْقُلُوبِ﴾[الحج:32].

    "Инаст ҳукм, ва ҳар ки таъзим кунад шаъоири Худоро пас ин таъзим аз тақвои дилҳост".

    Баъзе аз одоб ва аҳкоми иди Азҳо (Қурбон)

    Якум: Такбир, гуфтани такбир шуруъ мешавад аз бомдоди рузи Арафа то намози асри рузи сездаҳуми моҳи зилҳиҷҷа, ва сифати гуфтани такбир чунин аст:

    "الله أكبر، الله أكبر، لا إله إلا الله والله أكبر، الله أكبر ولله الحمد"

    Ва гуфтани такбир барой мардҳо бо овози баланд дар Масҷидҳо ва Бозорҳо ва Хонаҳо, ва баъд аз намозҳо суннат аст, барой эълон кардани бузургии Худованд ва изҳор кардани ибодат ва баҷо овардани шукри неъматҳои Худованд.

    Дуюм : Қурбони кардан, ва он баъди намози ид анҷом дода мешавад,чун Пайғамбари Худо мефармояд:

    { من ذبح قبل أن يصلي فليعد مكانها أخرى، ومن لم يذبح فليذبح } [رواه البخاري ومسلم].

    "Касе ки қурбони кард пеш аз хондани намози ид пас дубора онро баҷо биёрад" дубора қурбони кунад" валлоҳу аълам, ва агар касе қурбони накарда бошад пас қурбони кунад" Ривоят аз Эмом Бухори ва Эмом Муслим аст.

    Сеюм : Ғусл ва Хушбуй кардан дар рузи Ид барой мардҳо, ва пушидани хубтарин либосҳо, бидуни исроф, ва инчунин барой занҳо намози ид рафтан дуруст аст аммо бидуни хушбуй кардан, ва ё либосҳои зебо ва зинат пушидан дар байни мардҳо.

    Чаҳорум : Хурдан аз гушти қурбони, Пайғамбари Худо ягон таъоме намехурд то аз намози ид бар мегашт ва аз гушти қурбонияш мехурд.

    Панҷум: пиёда рафтан басуй намозгоҳ агар имконияти он бошад, магар аз ягон узре бошад монанди борун ва ғайра.

    Шашум: Хондани намози Ид бо ҳамроҳи мусалмонҳо, ва инчунин ҳозир шудан дар хутбаи рузи ид мустаҳаб мебошад. Ва уламои Муҳақиқин аз он ҷумла Ибни Таймия хондани намози Идро воҷиб медонанд, чун Худованд мефармояд :

    ﴿ فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ ﴾ [الكوثر:2].

    "Пас намоз гузор барой парвардигори худ ва қурбони кун шутурро"

    Ҳафтум: Мухолафат кардани роҳ басуй масҷид, вақти бар гаштан аз масҷид ба дигар роҳ биёяд. Чуноне ки Пайғамбари Худо мекард.

    Ҳаштум: муборакбодй кардан ҳамдигарро дар рузи Ид.