ҲАҶ
Дастабандиҳо
Full Description
" ҲАЧ "
فريضة الحج
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Таҳияи: Абду Сатори Ҳақназар.
2009 - 1430
فريضة الحج
« باللغة الطاجيكية »
إعداد : عبد الستار حقنظر
2009 - 1430
Баноми худованди бахшандаву меҳрубон
فريضة الحج
Яке аз бузургтарин аркони ислом
" ҲАЧ "
Яке аз бузургтарин аркони ислом ва аз беҳтарин қурубот ва тоот назди худованд адой ҳач ва зиёрати хонаи уст, ки агар мусалмон онро ба вачҳи саҳиҳ ва бидуни маъсият анчом диҳад сабаби дохил шудани у дар биҳишт мегардад.
Худованди бузург мефармояд:
)ولله على الناس حج البيت من استطاع إليه سبيلاً( . [آل عمران 97]
Яне: "Худованд ҳачи хонаи хадро бар тамоми мардум вочиб гардонид, барой касонеки иститоати онро дошта бошанд"
Мақсад аз иститоат дар инчо иститоати моли ва бадани ва емни роҳ расидан ба машоъири муқаддас мебошад,
Абдуллоҳ ибни Умар аз расули худо ривоят мекунад ки фармуданд:
((بني الإسلام على خمس شهادة أن لا إله إلاَّ الله وأنَّ محمداً عبده ورسوله، وإقام الصلاة، وإيتاء الزكاة، وصوم رمضان، وحج البيت من استطاع سبيلاً)) . [متفق عليه] .
Яне : "Асос ва бунёни ислом панч аст: гувоҳи додан ки нест худой бар ҳақ магар аллоҳ таъоло, ва гувоҳи додан ки Муҳаммад банда ва фиристодаи худост, ва бар по кардани намоз "хондани намоз" ва закоти мол додан, ва рузаи моҳи рамазон гирифтан, ва адо кардани фаризаи ҳач дар хонаи худо барой касонеки иститоати онро дошта бошанд"
Ва ҳамчунон дар ҳадиси дигаре мефармояд:
((أيها الناس إنَّ الله فرض عليكم الحج فحجوا)) . [مسلم]
Яне: " Е мардум худованд бар шумо ҳач ва зиёрати хонаи худро фарз намуда пас ба ҳач биравед"
Ва дар ҳадиси дигаре мефармояд :
((من حج هذا البيت فلم يرفث ولم يفسق خرج من ذنوبه كيوم ولدته أمه)) . [متفق عليه]
Яне: " касе зиёрат ва ҳачи ин хонаро "каъбаро" кунад , ва дар он зиёрат бо зани худ наздики накунад ва муртакиби маъсият нашавад пок мешавад аз гуноҳонаш монанди рузеки аз модараш тавалуд шуда"
огоҳи " мақсад аз наздик нашудан бо зани худ дар вақти адои маносик дар рузҳои арафа ва муздалифа ва мино мебршад" .
Ҳач фақат якбор дар умри инсон вочиб мебошад, чунонеки пайғамбари худо фармуданд :
((الحج مرة واحدة فمن زاد فهو تطوع)) . [أحمد والدارمي]
Яне: " Ҳач фақат якбор вочиб аст ва касеки бештар аз якбор ба ҳач биривад у нафли мебошад"
Ва ҳач барой инсон ба чанд шурут вочиб мешавад ки агар дар касе ин шурутҳо набошад пас барояш ҳач вочиб нест :
Аввал : мусалмон будан. Пас барой кофир ҳач вочиб нест, чароки худованд ибодати кофирро қабул намекунад.
Дуюум : болиғ будан, пас шахсеки ба сини балоғат нарасида бошад барой у ҳач вочиб нест.
Сеюум : оқил будан, пас барой шахси девона ҳач вочиб нест,зероки шазси девона дар рузи қиёмат ҳисоб китоб карда намешад, ин аз меҳрубонии худованд барой уст.
Чаҳорум : озод будан, пас барой касеки ғулом бошад ҳач вочиб нест то аз ғуломи озод шавад.
Панчум : иститоати моли ва бадани ва тенч будани роҳи расидан ба машоъири муқаддас, пас касеки иститоати пули надошта бошад, ё касале бошад ки рафта натонад, ва инчунин агар роҳи рафтанаш басуй ҳач аз лиҳози амни тенч набошад барой у ҳач вочиб нест.
Шашум : ин шарт хос барой занҳо мебошад ки он : будани маҳрам бо ҳамроҳи зан, ки маҳрам ё шавҳараш мебошад ва ё яке аз афроди хонаводааш ки бар у маҳрам бошанд ва наметавонанд бо у издивоч кунанд, чи аз роҳи насаб бошад ва ё чи аз сабаби мубоҳ монанди: падар, бародар, амак, тағои ,шавҳари модар,шавҳари духтар, писар, писари бародар,писари хоҳар, ҳамаи инҳо чи аз роҳи шир хурдан бо у маҳрам шуда бошванд ва ё чи аз роҳи насаб.чунонеки худованд дар сурай "Нур ояти 31" мефармояд :
ﭽ ﮐ ﮑ ﮒ ﮓ ﮔ ﮕ ﮖ ﮗ ﮘ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜ ﮝﮞ ﮟﮠ ﮡ ﮢﮣ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠ ﯡ ﯢ ﯣ ﯤ ﯥ ﯦ ﯧ ﯨ ﯩ ﯪ ﯫ ﯬ ﯭ ﯮ ﯯ ﯰﯱ ﯲ ﯳ ﯴ ﯵ ﯶ ﯷ ﯸ ﯹﯺ ﯻ ﯼ ﯽ ﯾ ﯿ ﰀ ﰁ ﰂ ﰃ
Яне: "бигу занони мусалмонро ки бипушанд чашмони худро, ва нигоҳ доранд шармгоҳи худро, ва ошкор накунанд зебогии худро магар ончи зоҳир аст, ва бояд фуру гузоранд чодарҳои худро бар гребонҳояшон, ва ошкор накунанд зебогии худро магар ба шавҳаронашон ё падаронашон ё падарони шавҳаронашон ё писаронашон ё писарони шавҳаронашон ё бародаронашон ё писарони бародаронашон ё писарони хоҳаронашон ё занони хеш ё ончи молики дастояшон шудаанд" яне ғуломонашон ё пайравонеки соҳиби шаҳват набошанд аз мардон ё тифлонеки ҳануз матлаъ "огоҳ"нашудаанд ба шармгоҳои занҳо ва назананд заминро ба поҳояшон то дониста шавад ончи пинҳон аст аз зебогияшон ва тавба кунед ба суй худо ҳама е мусалмонон бувад ки комиёб шавед"
Пас модарон ва хоҳаронеки барой адо кардани фаризаи ҳач ба машоири муқаддас мебиёянд кушиш кунанд ки ба ин фармонҳои худованд ъамали кунанд то худованд ҳачи онҳоро қабул карда гуноҳонашонро бибахшад ,ва дар ҳангоми тавофи гирди хонаи худо бо мардо издиҳом накунанд, ва бо либоси шаръи ба ҳач омада ва зенату зебогии худро ба мардҳои бегона ошкор накунанд то сабаби фитна андозии мардҳо нашаванд то ки аз он ваъдаеки пайғамбари худо дар ҳадиси шариф барой ҳочиён дода аст маҳрум нашаванд, чунонеки фармуда аст:
((من حج هذا البيت فلم يرفث ولم يفسق خرج من ذنوبه كيوم ولدته أمه)) [متفق عليه]
Яне : "касе зиёрат ва ҳачи ин хонаро "каъбаро" кунад, ва дар он зиёрат бо зани худ наздики накунад ва муртакиби маъсият нашавад пок мешавад аз гуноҳонаш монанди рузеки аз модараш тавалуд шуда"
Ва дар охир аз худованд талаби дуъо мекунем ки ҳачи ҳамай мову шуморо қабул карда аз ин ваъдаи бузургаш бенасибамон нагардонад. Омин ё ваббал ъоламин.
Вассалому алайкум