Фазилати рӯза ва моҳи рамазон
Дастабандиҳо
Full Description
Фазилати руза ва моҳи рамазон
فضل الصيام وشهر رمضان
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
2009 - 1430
فضل الصيام وشهر رمضان
« باللغة الطاجيكية »
2009 - 1430
Моҳи рамазон, моҳе, ки Қуръон барои роҳнамои ва ҳидоят ва ҷудокунанда миёни ҳаққу ботил дар он нозил шудааст. Пас касе, ки дар моҳи рамазон ҳозир бошад, бояд руза бигирад).
Моҳи рамазон, моҳи ибодат ва тоъат аст, моҳи нузули Қуръони карим аст дар бораи ин моҳи пурбаракат фазоили бисёре омадааст мо дар инҷо ба зикри гушаҳое аз ин фазилатҳо мепардозем.
1 - Абуҳурайра (Худованд аз У рози бод) мефармояд: Расулуллоҳ (с) фармуд: "Касе, ки бар асоси имони ба Худо ва умеди аҷру подош аз У моҳи рамазонро руза бигирад. Гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад".
2-Ва аз Абуҳурайра (Худованд аз У рози бод) ривоят аст, ки мегуяд; Расули Худо (с) фармуд: " Худованди азза ва ҷалла мефармояд: Ҳамаи аъмоли фарзандони Одам барои худаш аст магар руза, ки ба рости барои ман аст. Ва ман худам подоши онро медиҳам. Руза сипар аст. Пас ҳаргоҳ рузи рузадори яке аз шумо буд, сухани зишт ва носазо нагуяд, ва фарёд назанад, ва ҳаргоҳ, касе ба у носазо гуфт ё бо у даргир шуд, бигуяд; Ман рузадорам, қасам ба Худованде, ки ҷони Муҳаммад (с) дар дасти Уст, тағири буи даҳони шахси рузадор назди Худованд аз буи мушк хушбутар аст. Ва барои шахси рузадор ду хушҳоли аст, ки бо он хушҳол мегардад: Ҳангоме, ки ифтор мекунад, ба ифтораш хушҳол мешавад. Ва ҳангоме, ки парвардигорашро мулоқот мекунад, ба рузааш хушҳол мешавад".
3-Аз Саҳл ибни Саъд (Худованд аз У рози бод) ривоят аст, ки мегуяд; Расулуллоҳ (с) фармуд: (Ҳамоно дар биҳишт дарвозае аст, ки ба он "Райён" гуфта мешавад. Дар рузи қиёмат танҳо рузадорон аз он ворид мешаванд, нидо дода мешавад: Рузадорон куҷо ҳастанд? Онгоҳ бармехезанд ва аз он дарвоза ворид мешаванд, пас аз он ки ворид шуданд, дарвоза баста мешавад ва каси дигар аз
он ворид намешавад".
4-Аз Абуҳурайра (Худованд аз У рози бод) ривоят аст, ки мегуяд; Расули Худо (с) мефармояд: "Ҳаргоҳ моҳи рамазон фаро расад дарҳои биҳишт кушода мешавад. Ва дарҳои дузах баста мегардад ва шайтонҳо дар банд ва занҷир мешаванд". (Имоми Бухори (1898) ва Муслим (1079) ривоят кардаанд".
5-Ва дар ривояти дигар омада (аст): "Ҳаргоҳ моҳи рамазон фаро расад дарҳои раҳмат боз мешавад ва дарҳои дузах баста мегардад ва шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд".
6-Ва дар ривояти имом Тирмизи дар дунболаи ҳадис чунин омадааст: "Ва нидокунандае нидо медиҳад. Эй касе, ки хорони хайру хуби ҳасти даст бардор, ва Худованд бандагонеро аз оташ озод мекунад ва ин дар ҳамаи шабҳон рамазон аст". (Сунани Тирмизи (682)
Ҳамчунон, ки гуфтем аҳодиси бисёре дар бораи фазилати руза ва моҳи мубораки рамазон омадааст, ки мо дар инҷо ба ҳамин қадар иктифо мекунем. Умед аст, ки Худованд тавфиқ диҳад то ба ин аҳодис амал намоем.