×
Рӯзаи рамазон поя ва рукни чаҳоруми ислом аст ва бар ҳамаи касоне, ки шароити лозимро дошта бошанд фарзу воҷиб аст.

    Ҳукми рузаи рамазон

    حكم صيام رمضان

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    2009 - 1430

    حكم صيام رمضان

    « باللغة الطاجيكية »

    2009 - 1430

    Рузаи рамазон поя ва рукни чаҳоруми ислом аст ва бар ҳамаи касоне, ки шароити лозимро дошта бошанд фарзу воҷиб аст.


    Руза дар моҳи шаъбон соли дуввуми ҳиҷрй воҷибгардид.
    Ва вуҷуби руза бо ояти Куръон, ки маънои он возеҳ ва равшан бошад сареҳи Куръон ва суннати расулуллоҳ (с) собит аст.


    Куръони карим мефармояд:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭰ ﭱ ﭼ البقرة: ١٨٣

    " Эй касоне, ки имон овардаед, руза бар шумо фарз шуда, ҳамон гуна, ки бар касоне, ки қабл аз шумо буданд фарз шуда буд, то парҳезгор шавед).
    Ва мефармояд:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮘ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜ ﮝ ﮞ ﮟ ﮠ ﮡ ﮢ ﮣﮤ ﮥ ﮦ ﮧ ﮨ ﮩﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠ ﯡ ﯢ ﯣ ﯤ ﯥ ﯦ ﯧ ﯨ ﭼ البقرة: ١٨٥

    "Моҳи рамазон, моҳе, ки Куръон барои намои ва ҳидоят ва ҷудокунанда миёни ботил дар он нозил шудааст. Пас касе, ки дар моҳи рамазон ҳозир бошад, бояд руза бигирад ва он касе, ки бемор ё дар сафар аст, рузҳои дигареро ба ҷои он (руза бигирад). Худованд барои шумо осони мехоҳад, сахтиву заҳмати шуморо намехоҳад, барои ин ки ин рузҳоро комил кунед, ва Худоро ба хотири ин ки шуморо ҳидоят карда (аст) бузург бишуморед, бошад, ки сипосгузори кунед".


    Ва расулуллоҳ (с) мефармояд:
    "Ислом бар панҷ поя ва асос бино шудааст:
    1 -Гувоҳи додан ба ин ки нест маъбуди ба ҷуз Худои якто ва ин ки Муҳаммад (с) фиристодаи Худост.
    2-Барпо доштани намоз.
    3-Пардохти закот.
    4-Ҳаҷҷи хонаи Худо.
    5-Рузаи рамазон.


    Ва ҳамчунин уммати исломи бар воҷиб будани рузаи рамазон иҷмоъ ва иттифоқ доранд, ва яке аз аркон ва пояҳои асосии ислом, ва аз мусалламот ва заруриёти дин ба шумор меояд.
    Ва касе, ки онро инкор кунад кофир ва аз дини ислом муртад мегардад.