САЪИД ИБНИ ОМИРИ ҶУМАҲИ
Дастабандиҳо
Full Description
САЪИД ИБНИ ОМИРИ ҶУМАҲИ
سعيد بن عامر الجمحي
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Доктор Абдурраҳмон РАЪФАТПОШО
Тарҷумаи: Абдулҳалими Орифи
2009 - 1430
سعيد بن عمر الجمحي
« باللغة الطاجيكية »
د. عبد الرحمن رأفت باشا
ترجمة : عبد الحليم عارفي
2009 - 1430
САЪИД ИБНИ ОМИРИ ҶУМАҲИ
Саъид ибни Омири Ҷумаҳи яке аз он ҳазорон ҷавоне буд, ки бинобар даъвати сарони Қурайш ҷиҳати тамошои манзараи ҷонкоҳ ва дардангези эъдоми Хубайб ибни Адй, яке аз асҳоби бовафои ҳазрати Паёмбар (с), ки дар дасти душманон асир шуда ва ўро ба минтақаи Танъим, дар беруни шаҳри Макка бароварда шуда буд, баромада буд. Ў ҷавони қадафрошта ва нерўманде буд, ки тавонист аз миёни анбўҳи мардум бигзарад ва дар сафи мардони бузургтарини Қурайш, чун Абусуфён ибни Ҳарб ва Сафвон ибни Умайя ва ғайра, ки дар садри ҷамъият нишаста буданд, мавқеъ бигирад.
Барои вай фурсати он муяссар гардид, ки асири Қурайшро бо занҷир дасту пояш баста шуда буд ва занон ва атфол ва ҷавонон ўро ба эъдомгоҳ меронданд, тамошо кунад, ки чи гуна аз вай ба интиқом аз наздикон ва вобастагонашон, ки дар Бадр кушта шуда буданд интиқом гиранд, ва ўро азоб диҳанд ва ноҷавонмардона ба қатл расонанд.
Вақте ҷамъияти анбўҳи Қурайш ин асири дарбанди худро дар кушторгоҳ ҳозир сохтанд, Саъид ибни Омир, ин ҷавони сарвқомат бо нигоҳҳои тунд ва дурбини хеш ба вай дар ҳоле, ки ўро ба чўби дор меовехтанд, назар афканд ва аз миёни шўру фарёди занон ва писарбачаҳо садои ором ва мутмаини ўро шунид, ки мегуфт:
- Бароям иҷоза диҳед, ки қабл аз эъдом ду ракаъат намоз бигзорам ва баъд ҳар чи хоҳед бикунед.
Ишон ба ин тақозои вай мувофиқат намуданд ва ба вай иҷоза доданд, ки ду ракаъат намоз бихонад.
Омир ба сўи вай назар афканд, дид, ки бо ниҳояти хушўъ ва тазаррўъ ва бо камоли оромиши хотир ва итминони қалби ва бо мурооти тамом суннатҳо ва воҷибот ду ракъат намозро хонад:
Ва баъд дид, ки вай рў ба сўйи сарони Қурайш ва бузургони қавм намуда мегўяд: «Қасам ба Худо, агар бими муттаҳам намудани шумо намебуд, ки ман ба хотири хавф аз марг намозро дароз хондаам, бешак намози бештар мехондам».
Баъд Омир ба чашми сар мушоҳида намуд, ки Қурайшиён Хубайбро зинда мусла (гўшу бини буридан) мекарданд ва баданашро яке паи дигар пора-пора намуда ба ў мегўянд:
- Оё хуш дори, ки Муҳаммад дар ин мақоми ту қарор медошт ва ту наҷот меёфти?!
Хубайб дар ҳоле, ки хун аз баданаш мерехт, ҷавоб дод:
- Қасам ба Худо ман хушдори он нестам, ки хоре дар пои Муҳаммад бихалад ва ман дар миёни аҳлу фарзанди худ ором ва мутмаъин буда бошам. Аз шунидани ин ҳарф шўру ғавғое дар миёни мардум афтод ва ҳамагон бо баланд кардани дастҳо фарёд мезаданд, ки ўро бикушед, ўро бикушед.
Баъд Омир дид, ки Хубайб аз фарози чўби дор чашм ба осмон дўхта ин дуоро мехонад:
- Худоё онҳоро якояк ҷамъ кун ва ҳамаашонро якбора нобуд соз ва ҳеҷ як аз онҳоро зинда магзор.
Ва баъд лаҳазоти охири зиндагии худро пушти сар ниҳод ва он қадар захми шамшер ва зарбаи найзае хўрда буд, ки ба ҳисоб намеомад ва дар ҳоле, ки танаш пур аз зарбаҳои шамшер ва ханҷар буд, бо охирин лаҳазоти зиндаги видоъ гуфт.
Қурайшиён ба Макка баргаштанд ва ҳодисаи дилхарош ва аламноки Хубайб дар миёни рўйдодҳои бузург аз хотирашон маҳв шуд ва нобуд гашт.
Аммо ин ҷавони наврас ва қоматафрошта, Саъид ибни Омир ҳаргиз ин саҳнаи ҷонгудоз ва аламнокро аз хотир фаромўш накард ва лаҳзае аз хаёлаш онро дур насохт. Вай ин саҳнаро ҳам дар хоб ва ҳам дар бедори дар пеши чашми худ муҷассам месохт, ки вай чи гуна ду ракаъат намозро бо ниҳояти оромиш ва итминон, хушўъ ва тазаррўъ дар пои чўби дор адо намуд ва дуъои вайро, ки бар алайҳи Қурайш аз
аъмоқи қалб намуда буд, ба ёд меовард ва аз саҳфаи хаёлаш мегузаронд.
Марги Хубайб ба Саъид матлаберо омўзонд, ки қаблан аз он хабар надошт ва он ин ки зиндагии ростин ҳамоно ҷиҳод ва мубориза дар роҳи Ҳақ то сарҳади марг аст. Ва ин ба вай омўзонид, ки имони ростин ва азми қави шигифтиҳо ва мўъҷизот меофаринад.
Ва матлаби дигаре, ки ба вай омўзонид, ин буд, ки шахсияте, ки ёронаш то ин ҳад дўст дошта бошанд, баёнгари он аст, ки вай паёмбари барҳақ ва муъайад аз тарафи Аллоҳ аст.
Ҳодисаи аламнок ва саҳнаи ҷонгудози эъдоми Хубайб таҳаввули аҷибе дар рўҳ ва андешаи Саъид иҷод намуд ва Худованд синаи вайро барои қабули Ислом боз кард, то дар миёни анбўҳи мардум ба по истода эълон кунад, ки аз имрўз сар карда вай аз ҳама осори нодониҳо ва парастиши бутҳо даст кашида ва ба дини муқаддаси Ислом сар гузошта аст.
Баъд ҳазрати Саъид ибни Омир ба Мадина ҳиҷрат намуд ва ба ҳазрати Расули Худо (с) пайваст ва дар ҷанги Хайбар ва соири ғазавот ширкат намуд ва замоне, ки Ҳазрат Расули Худо(с) чашм аз ҷаҳон баст ва ба дидори Парвардигораш шитофт, ҳазрати Саъид шамшери бараҳнаи ёрони бовафои ҳазрати Расули акрам – ҳазрати Абубакр ва Умар – буд ва дар миёни мўъминон намунае аз шаҳомат ва қаҳрамони буд, ки дунёи худро дар бадали охират фурўхта ва ризои Парвардигори худро касб намуда бошад. Ин ду ёр, ҳыазрати Расули Худо – Абубакр ва Умар – сидқу рости, тақво ва парҳезгории Саъид ибни Омирро медонистанд ва ба насиҳатҳо ва андарзҳояш гўш фаро мениҳоданд ва ба ҳарфҳояш амал менамуданд.
Вай дар оғози хилофати ҳазрати Умар ба ҳузури вай дохил шуд ва гуфт: Эй Умар андарзам ба ту ин аст, ки тақвои Худоро пеша куни ва дар бораи дастуроти илоҳи аз ҳеҷ яке ҳарос нанамои ва набояд қавли ту бо амалат мухолиф буда бошад. Чун беҳтарин қавл он аст, ки амал онро тасдиқ кунад… Эй Умар, дар мавриди мусалмонони дуру наздик ба Худованде, ки зимоми умури ишонро ба дасти ту ниҳодааст, рўй ор. Чизеро, ки барои худ ва аҳли хеш меписанди, барои онҳо низ биписанд ва чизеро, ки барои худ ва хонаводаи хештан намеписанди, барои онҳо низ маписанд ва мушкилотро бо пайгирии роҳи ҳақ аз сари роҳ дур соз ва дар роҳи Худо аз маломати ҳеҷ кас ҳарос макун.
Ҳазрати Умар гуфт: Эй Саъид, чи касе метавонад чунин кунад? Саъид гуфт: Шахсияте чун ту, ки Худованд вайро ба умури мусалмонон мусаллат сохтааст, аз ўҳдаи чунин масъулият баромада метавонад.
Дар чунин фурсат ҳазрати Умар ибни Хаттоб, ҳазрати Саъидро ба ҳузур хост, то ўро дар анҷоми чунин воҷибе ёри диҳад ва ба ў гуфт: Эй Саъид, моро ирода бар он аст, ки туро амири вилоёти Ҳимс муқаррар кунем. Саъид гуфт: Эй Умар, туро ба Худо қасам медиҳам, ки маро дар ин фитна маяндоз.
Аз шунидани ин ҳарф ҳазрати Умар барошуфт ва гуфт: Афсўс ба ҳоли шумо бод, шумо масъулияти хилофатро бар дўши ман ниҳодед ва акнун мехоҳед маро танҳо гузоред ва худ гўшаи узлат баргузинед. Қасам ба Худо, туро чунин нахоҳам гузошт.
Баъд вайро ба сифати амир ба вилоёти Ҳимс фиристод ва ба вай гуфт, оё бароят буҷаи эҳтиёти муқаррар накунам?
Саъид гуфт: Эй амиралмўъинин, ман ин танхоҳиро чи кунам? Чун маъоши ман аз байтулмол аз ҳоҷатам афзуни кунад. Баъд вай ба тарафи Ҳимс ба роҳ афтод. Чанде нагузашта буд, ки шахсиятҳои саршинос аз аҳли Ҳимс ба қасди дидор ва мулоқот бо халифа, равонаи Мадина гардиданд ва чун бо халифа дидорашон ҳосил гашт, барояшон гуфт:
Номҳои ниёзмандон ва муҳтоҷонатонро ба ман бидиҳед, то ҳоҷаташонро бароварда созам. Ишон амри ўро ба ҷо оварда номҳои ишонро, ки дар он ҷумла номи Саъид ибни Омир низ дар он шомил буд, ба ў тақдим карданд. Халифа аз дидани номи Саъид дар номгўи фақирҳо дар ҳайрат афтод ва пурсид:
- Саъид ибни Омир кист?
Ишон дар ҷавоб гуфтанд: Амирамон. Халифа гуфт: Амиратон фақир аст? Гуфтанд: Бале. Қасам ба Худо, рўзҳо бар вай мегузарад ва дуд аз хонааш баланд намешавад.
Аз шунидани ин ҳарф Умар бетоб шуд ва ашк аз чашмонаш фурў рехт, то ин ки риши вай намнок шуд, баъд бархост ва кисае пур аз ҳазор динор кард ва барояшон дод ва гуфт: Аз ман ба вай салом тақдим кунед ва ба ў бигўед, ки амирулмўъминин ин маблағро бароят фиристодааст, то аз он дар рафъи ҳоҷоти худ истифода намои.
Ҳайат ба ҳузури Саъид омад ва кисаи динор дар пеши рўйи вай бигзошт ва саломи амирулмўъминин ба вай тақдим дошт ва пайғоми вай расонд. Саъид ҳамин ки чашмонаш ба кисаи динор афтод, худро аз он чунон дур сохт, ки гўё балое ба вай наздик шуда бошад, гуфт: Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Вақте ҳамсараш ин ҷумларо аз вай шунид, даҳшатзада ба сўи вай давид ва фикр кард, ки шояд мусибати бузурге бар вай нозил шуда бошад, бетобона аз вай пурсид: Саъид туро чи шудааст, ки ин ҷумла бар забон оварди. Оё амирулмўъминин аз ҷаҳон чашм пўшидааст? Саъид гуфт: На.
Балки мусибати бузургтар аз ин аст. Ҳамсараш боз пурсид:
Оё мусалмонон дар набарди худ ба душман бо шикаст рўбарў шудаанд?
Саъид ҷавоб дод: На. Балки мусибати бузургтар аз ин аст? Баъд пурсид: Мусибати бузургтар аз ин чи хоҳад буд? Гуфт: Мусибати бузургтар аз ин ҳама он ки дунё бар ман рўй оварда, то охиратамро барбод диҳад ва фитна дар хонаам ҷой гирифта аст. Ҳамсараш дар ҳоле, ки ба матлаби вай пай набурда ва аз масъалаи динорҳо хабаре надошт, ба вай гуфт: Худро аз ин фитна ва аз ин мамлакат наҷот деҳ.
Саъид гуфт: Оё ту маро дар ин амр ёри хоҳи намуд? Ҳамсараш чавоб дод. Бале. Он гоҳ Саъид ин динорҳоро дар чанд киса тақсим кард ва баъд онро ба фуқаро ва ниёзмандон тақсим намуд.
Аз ин масъала дере нагузашта буд, ки Ҳазрати Умар худ шахсан аз диёри Шом дидор намуд, то аз аҳволи фуқаро ва мўҳтоҷони он бозраси кунад. Вақте вай ба Ҳимс расид ва аҳли он аз вай истиқбол намуданд, дар хитоб ба аҳли он гуфт:
Амиратонро чи гуна ёфтед? Аҳолии ин диёр аз амалкардҳои вай шиква карданд ва чаҳор айби ўро баршумурданд, ки ҳар кадом бузургтар аз дигаре буд. Ҳазрати Умар гуфт: Ман Саъид ва шикояткунандагонро миёни ҳам ҷамъ кардам ва аз Худованд илтимос намудам, ки шинохтамро дар мавриди вай ғалат насозад. Чун ман ба вай сахт эътимод доштам.
Чун ишон ҳамроҳ бо вай субҳгоҳ ба ҳузурам омаданд, гуфтам: Аз амиратон чи шикоят доред?
Гуфтанд: Нахустин шикоят он ки, то офтоб хуб баланд нашавад, ба ҳузури мо берун намеояд. Гуфтам? Эй Саъид, дар муқобили ин савол чи посух дори? Саъид андаке сукут намуд ва баъд гуфт: Қасам ба Худо, ман ҳаргиз намехостам ин розро фош созам. Аммо аз он ҷое, ки ман ба гуфтани ин амр ногузир шудам, иллати таъхирам он аст, ки ман ходиме надорам, ки хидмати хонаамро кунад, лизо худ субҳгоҳон бармехезам ва хамир мекунам ва баъд андак диранг мекунам, то хамир расад ва сипас онро мепазам ва он гоҳ таҳорат карда, ба мулоқоти мардум аз хона берун мешавам. Ҳазрати Умар гуфт: Дигар чи шикояте доред? Гуфтанд:
Дар шаб ҳеҷ касро ба ҳузур намепазирад.
Гуфтам: Саъид дар ин бора чи ҷавоб дори? Гуфт: Ман ҳамчунон аз идомаи ҷавоб ба чунин суол нороҳат мешавам. Ҷавоб он ки рўзро барои мардум ва шабро барои Худованди азза ва ҷалла хос кардаам. Гуфтам: Дигар чи эътирозе доред? Гуфтанд: Гоҳ-гоҳ беҳуши бар вай ғалаба карда, бехуд мегардад. Гуфтам: Саъид дар ин бора чи ҷавобе дори? Гуфт: Эй амиралмўъинин, на маро ходим ҳаст ва на либоси зиёдати аз як қабат, ки дар бадан дорам, иллати ин худдори он аст, ки
ман либоси танамро дар моҳе як бор мешўям ва онро дар офтоб мегузорам, то хушк шавад. Ҳамон аст, ки дар поёни рўз фурсат барои мулоқот меёбам.
Гуфтам: Эй Саъид, иллати ин кор чист? Саъид ҷавоб дод: сабаби ин кор он аст, ки ман саҳнаи ҷонкоҳ ва дардангези эъдоми Хубайбро, дар ҳоле ки дар он вақт мушрик будам, тамошо намудам ва ба чашми сар мушоҳида кардам, ки Қурайш баданашро яке паи дигаре қатъ мекарданд ва ба ў мегуфтанд, ки оё хуш дори он ҳасти, ки Муҳаммад (с) дар мақоми ту бошад. Вай ҷавоб гуфт, ки қасам ба Худо, хушдори он нестам, ки хоре дар пои вай бихалад ва ман зинда бошам ва дар миёни зану фарзандам роҳат ба сар барам. Ман вақте ин саҳнаро аз сафҳаи хаёл ва зеҳни худ мегузаронам, бо худ мегўям, ки чаро вайро дар он рўз нусрат набахшиди ва ёриаш нарасонди. Ва маро гумон бар он бошад, ки Худованд маро аз ин тақсир, ки намудаам, намебахшад ва ба кайфари он ҷазо медиҳад ва аз ин хотир саргичи гоҳ ногоҳ оиди ҳолам мегардад.
Дар чунин фурсат ҳазрати Умар гуфт: Ситоиш Худорост, ки шинохтамро дар мавриди вай беҷо насохтааст. Ва баъд ҳазор динор ба вай фиристод, то дар рафъи ҳоҷати худ аз он истифода кунад. Вақте ки ҳамсараш ин маблағро дид, ба ў гуфт: Ситоиш Худорост, ки моро аз хидмати ту бениёз сохт. Барои мо маводи хўрдани харидори кун ва хидматгореро ба иҷора гир. Саъид ба ҳамсараш гуфт: Оё туро ба беҳтар аз ин майл нест? Ҳамсараш гуфт: Беҳтар аз ин, яъне чи? Беҳтар он ки ин маблағро ба касе диҳем, ки дар сахттарин ҳолатҳо ҳоҷатманди онро ба мо вопас диҳад.
Ҳамсараш гуф: Ин чи касе хоҳад буд?
Гуфт: Онро ба Худованд қарзи ҳасана диҳем.
Ҳамсараш гуфт: Подоши некўеро дархоҳи ёфт.
Ҳамон буд, ки ин маблағро дар кисаҳо тақсим намуд ва ба яке аз наздикони худ гуфт: Ин якеро ба фалон бева ва он дигареро ба фалон ятим ва ин якеро ҳам ба фалон мискин бирасон.
Худованд Саъид ибни Омирро подоши нек насиб фармояд,чун вай ҳоҷат ва ниёзи дигаронро бар худ тарҷеҳ дод ва ризои Худовандро бар ҳама чиз баргузид.
Худованд аз вай рози бод.