×
Дар ин мақола нависанда дар бораи чигуна насиҳат кардан ва яке аз ҳадисҳои Паёмбари исломро ки дар бораи насиҳат аст ба мо шарҳ медиҳад

    Дини ислом дини насиҳат аст

    ﭽالإسلام دين النصيحةﭼ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Абдуссатори Ҳамид

    2009 - 1430

    ﭽ الدين نصيحةﭼ

    « باللغة الطاجيكية »

    عبد الستار حميد

    2009 - 1430

    Дини ислом дини насиҳат аст

    Дини мубини ислом дини насиҳат аст чунки ҳамеша пайравонашро барои насиҳат кардан миёни ҳамдигар амр мекунад, ва ҳеч даре аз дарвозаҳои хайр намонда аст магар ин ки дини ислом пайравонашро ба даромадани он амр карда аст, ва инчунин Худованд барои насиҳат кардани бандагонаш пайғамбарҳо фиристод, то инки бандагонашро ба хушбахтии дунёву охираг насиҳат кунанд, ва аз торикиҳо ва гумроҳиҳои дунёву охират огоҳи созанд.

    Ва Худованди бузург бар пайғамбарамон Муҳаамад -дуову дуруд бар У бод- китоби бузурге нозил кард ки то рузи қиёмат бандагонашро ба роҳи ҳақ насиҳат мекунад, чуноне ки У мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭲ ﭳ ﭴ ﭵ ﭶ ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ س : ٢٩

    "Ин Қурон китобест ки бо баракат нозил кардем уро ба суй ту то мардум тааммул кунанд дар оёти у ва панд гиранд аз у бандагони хирадманд".

    Албатта Қурони карим панд диҳандае аст ки бандагони Худоро ба роҳи ҳақ ва рафтору равиши хуб насиҳат меку- над, ва роҳи пайдо кардани хушбатиро барои бандагони Худо равшан месозад, ва беҳтарин панде ки ин китоб барои мо медиҳад ёдкардани Худои бузург аст чун хушбатии ҳар як инсон дар оромиши дил аст, ва беҳтарин чизе ки дили мусалмонро ором месозад албатта зикри Худо мебошад.

    Чуноне ки Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﰈ ﰉ ﰊ ﰋ ﰌ ﰍﰎ ﰏ ﰐ ﰑ ﰒ ﰓ ﰔ ﭼ الرعد: ٢٨

    "Ононе ки эмон оварданд ороми мегиранд дилҳояшон ба ёди Худо пас огоҳ бошед, ки ба ёди Худо ороми мегиранд дилҳо".

    Пас ҳар касе ки аз ёди Худо ғофил гардад албатта аз хушбатии зиндаги дар дунёву охират маҳрум гашта аст.

    Чуноне ки Худованд мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﯳ ﯴ ﯵ ﯶ ﯷ ﯸ ﯹ ﯺ ﯻ ﯼ ﯽ ﯾ ﯿ ﭼ طه: ١٢٤

    "Ва ҳар ки руйгардон шавад аз ёди ман пас уро бувад зиндагонии танг,ва нобино бар мехезонем уро рузи қиёмат".

    Имом Муслим ривоят мекунад ки Пайғамбари Худо -дуову дуруд бар У бод- фармудаст: "дини ислом насиҳат аст" асҳоби Пайғамбар пас аз шунидани ин сухан аз ҳазрат пурсиданд: насиҳат ба чи касест?

    Пас ҳазрат фармуданд: "насиҳат барои Худо" яъне: эмон овардан бар инки Худо якто аст.

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭼ الإخلاص: ١

    " бигу (Эй Муҳаммад) ваи аст Худои ягона".

    ﭧ ﭨ ﭽ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭼ الإخلاص: ٤

    "Нест ҳеч кас уро ҳам монанд" .

    Ва итоъат кардан аз авомири У ва дури чустан аз маъсият ва нофармонии У.

    Пас аввалин насиҳате ки Қурони карим ва Пайғамбарони Худо барои мо медиҳанд эмон овардан бар Худованд, ва ҳамеша машғул шудан ба ёди У.

    Ва ҳар як шахси мусалсмон уҳдадор аст барои насиҳат кардани бародарони мусалмонаш.