×
Фурсати гаронбаҳо барои зани мусулмон, даҳ насиҳат ки бисёр чизҳои муҳимро дар бар гирифтааст, аз ҷумла: намоз, руза, сатр ва дигар насиҳатҳои муҳим.

    Даҳ фурсати гаронбаҳо

    барои зани мусалмон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳия: Дор ал-Қосим

    Тарҷума: Ҳомидов Мисбоҳиддин

    2011 - 1432

    ﴿ 10 فرص ثمينة للمرأة المسلمة ﴾

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد: دار القاسم

    ترجمة: مصباح الدين حاميدوف

    2011 - 1432

    Ба номи Худое ки зану мардро аз як нафс офарид

    Хоҳари мусулмонам!

    Аз ту мехоҳам суоле бикунам ва хоҳиш дорам ошкору равшан ҷавобам бидеҳ.

    Оё ҷисми ту тоқати оташро дорад?

    Албатта ҷавобат "не" мебошад, зеро ҳама медонанд, ки ҷисми инсон тоқати оташро надорад.

    Бисёр ҷавоби хуб доди хоҳари азизам, албатта тоқати онро надорад.

    Ин хел бошад барои чи аз оташе ки ҳарорату алангааш чандин баробари оташи дунё аст наметарси?

    Чи шудаст бар ту хоҳари азизам, ки аз оташе ки бо камтарин вақт ҷароҳаташ шифо меёбад метарси, ва аз оташи дузах ки гармию алангаи у бепоён аст наметарси.

    Он гунае ки ман медонам ҳарвақто ки дастатро ба суи деги тафсон дароз мекуни бо латапорае уро даст мезани то ки дастатро аз гармию ҳарораташ нигоҳ дори.

    Пас агар ин хел бошад, бояд бароят ибрат бошад, ки амалҳои солеҳ бароят мисли ҳамон латапорае мебошанд ки нафси туро аз оташи дузах нигоҳ медоранд.

    Паноҳ ба Худо аз он ҳавлу алангаи дузах.

    Ҳоло хоҳари мусулмонам! барои ту даҳ насиҳатро пешкаш менамоям, ки онро фурсатҳои гаронбаҳо номгузори кардам.

    Аввал: Хоҳари азизам! кушиш кун то ки намозҳоятро дар вақташ адо намои, ва кушиш кун ки онҳоро бо тамоми пурраги адо намои, ва худро аз адои намозҳо ҳеҷгоҳ ғофил насоз.

    Худованд мефармояд:

    ﭽ ﭶ ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽ ﭾ ﭼ الماعون: ٤ - ٥

    "Пас вой бар он намозгузороне, ки дар намози худ саҳл ангоранд" (дар ғафлатанд)( Моъун 4-5)

    Бубин хоҳари азизам! Худованд дар ин оят бенамозонро хитоб накардааст, балки касонеро хитоб кардааст, ки гоҳе намоз мехонанд ва гоҳе аз он ғофил мемонанд, ва гоҳе намозҳояшонро берун аз вақташ мехонанд, ва ин гуна одамон то ин ки аз корҳои дунявияшон фориғ нагарданд ҳаргиз дар фикри намоз намешаванд, ва онро ҳам мувофиқи ҳавову ҳавасашон адо менамоянд, ва ногуфта намонад ки маънои "ويل Вайл" водие аз водиҳои дузах мебошад, ба Худо паноҳ аз ин води.

    Пас бидон хоҳари азизам! ки ту дар чигунаги адои намозҳоят рузи қиёмат пурсида хоҳи шуд, агар намозҳоят солеҳона бошанд тамоми амалҳоят солеҳона мегарданд, агар намозҳоят фосид бошанд тамоми амалҳоят фосид мегарданд.

    Агар чунин аст, пас чаро кушишҳоятро дар ҳаво мисли ғубор меандози?

    Хоҳари мусулмонам! Чаҳор чизро пеш аз чаҳор чиз ғанимат дон, ҳаётро пеш аз марг, ҷавониро пеш аз пири, дороиро пеш аз камдасти, ва фароғиро пеш аз машғули.

    Паёмбар (с) мефармояд: "Рузи қиёмат пеш аз инки осори пои фарзанди одам канда шавад уро дар бораи ҷавонияш мепурсанд ки уро чигуна сипари кард, ва аз молаш ки онро аз куҷо ва чи гуна ба даст овард, ва дар чи чиз онро сарф кард, ва аз тамоми умраш ки онро дар чи чиз ва чигуна сипари кард"

    Дувум: Хоҳари азизам! кушиш кун то ки намози Бомдодро дар вақташ ба ҷо ори ва соъататро дар вақти он бигузор то ки огоҳат кунад, чи гунае ки онро дар вақтҳои корҳои дунявият муваққат месози, гирду атрофёнатро низ бедор кун, махсус шавҳару фарзандон ва ҳамаи маҳориматро, то ки аҷру савоби онҳоро низ соҳиб шави, сабр кун ва бепарво набош ва аҷру савобатро аз Худованд интизор бош.

    Сеюм: Хоҳари азизам! кушиш кун то ки суннатҳои намозҳоро бо пурраги адо намои, ва онҳам аз ту онқадар вақти зиёдро намегирад, ва савобу аҷрашро аз Худованд интизор бош.

    Пеш аз фарзи Бомдод ду ракаъат намози суннат аст, ва чаҳор ракаъат пеш ва ду ракаъат баъд аз фарзи Пешин, чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Ҳарки пеш ва пас аз (фарзи) Пешин чаҳор (ракаъат) бихонад, Худованд руи уро бар оташи дузах ҳаром мегардонад" ( Аҳмад ва Тирмизи).

    Баъди намози Шом ду ракаъат ва баъди намози Хуфтан ду ракаъат, ҳамаи инҳоро дувоздаҳ ракаъати сунатҳои равотиб мегуянд…Чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Ҳар як бандаи мусулмоне ки ҳар руз ба хотири Худо дувоздаҳ ракаъат ба ғайри намозҳои фарзи ба ҷо меорад, Худованд барои у дар ҷаннат хонае бино мекунад". ( Муслим)

    Ин чунин адои намози витр, дар он аз Худованд ҳарчи ки мехоҳи дар дунё ва охират бихоҳ, ва ҳамингуна намози Зуҳо, аз ду ракаъат шуруъ мешавад то чи қадаре ки бихоҳи онро ба ҷо ор, ингуна намозҳо дараҷаатро ба боло мебарад, ва тарозуятро рузи қиёмат вазнин месозад, ва дар рузе ки на молу на фарзанд фоида меорад ба сабаби ин гуна намозҳо гуноҳонат маҳв мегарданд.

    Худованд мефармояд:

    ﭽ ﮇ ﮈ ﮉ ﮊ ﮋ ﮌ ﮍ ﮎ ﮏ ﮐ ﮑ ﮒ ﮓ ﮔ ﭼ الزلزلة: ٧ - ٨

    "Пас ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад, ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад" (Залзала 7- 8)

    Суннатҳои ротиба:

    Вақтҳои намози суннат

    Адади ракаъатҳо

    Пеш аз Бомдод

    Пеш аз Пешин

    Баъд аз Пешин

    Баъд аз Шом

    Баъд аз Хуфтан

    Ду ракаъат

    Чаҳор ракаъат

    Ду ракаъат

    Ду ракаъат

    Ду ракаъат

    Чаҳорум: Хоҳари азизам! кушиш кун то зикрҳое ки аз Паёмбар (с) ворид шудаанд, онҳоро ба ҷо ори, ва ҳарвақто ки мушкилие ба сарат омад, махсус аз Худо мададу кумак бихоҳ, ва танҳо уро дуъо кун, на ягон махлуқеро, чунки ягона касе ки қудрати иҷобати дуъоро дорад, парвардигори махлуқон мебошад, ва кушиш кун ки вақтҳои иҷобати дуъоро дарёфт намои, мисли се яки охири шаб, ки Худованд дар ин вақт ба осмони замин поён меояд ва мегуяд: "Оё ягон дуъокунандае ҳаст ки дуъои уро иҷобат намоям, оё ягон суол кунандае ҳаст ки хостаи уро бидиҳам"

    Ин чунин хоҳари азизам! аз вақтҳои иҷобати дуъо, рузи ҷумъа мебошад ки метавони онро то ғуруби офтоб дарёфт намои, ва ҳамчунин баъди ҳар як азон ва пеш аз ҳар як намоз.

    Хоҳари мусулмонам! кушиш кун то ки ин фурсатҳоро аз даст надиҳи, Худованд туро муваффақ гардонад.

    Панҷум: Хоҳари азизам! кушиш кун ки руза бидори, то ки соҳиби аҷру савоб гарди, нафсатро аз гуноҳон пок гардон, ва аз рузаи рузҳое ки рузагирияшон ҳаром аст дур бош.

    Рузадории рузҳое ки суннат аст

    Рузадории рузҳое ҷоиз нест

    1) Рузҳои душанбе ва панҷшанбе.

    2) Рузҳо сафеди ҳармоҳ 13 ва 14 ва 15 ум. (яъне рузҳои пурраги ва равшании моҳтоб)

    3) Рузи Ошуро 10 уми моҳи Муҳарам.

    4) Рузи Арафа 9 уми моҳи Зулҳиҷҷа барои касоне ки адои ҳаҷ намекунанд.

    5) Шаш рузи моҳи Шавол

    1) Руза гирифтани рузи ҷумъаро бо танҳои ё рузи шанберо бо танҳои.

    2) Рузадории рузи шак (пеш аз дохилшавии моҳи Рамазон)

    3) Рузҳои иди Рамазон ва Қурбон.

    4) Рузадории аёми ташриқ рузҳои 11 ва 12 ва 13 уми моҳи Зулҳича.

    Шашум: Хоҳари азизам! кушиш кун ки воҷибҳоятро бо пурраги ба ҷо ори, чунки ту аз онҳо пурсида хоҳи шуд, ончизе ки бар ту воҷиб аст, мисли эҳтироми падару модар ва шавҳар ва фарзандону хонаводаат, онро ба ҷо ор, Паёмбар (с) мефармояд: "Ҳар яки шумо масъул ҳастед ва ҳар яки шумо аз масъулиятатон пурсида хоҳед шуд"( Бухори ва Муслим)

    Ҳафтум: Хоҳари азизам! Кушиш кун сатрро ба ҷо ори, ҳангоми аз хона берун омадан худро бипушон, кушиш кун ки аз сар то по худро бипушони, ва аз ҳаргуна сатрҳое ки бо ном сатр ҳастанду дар ҳақиқат барои зиннат ҳастанд дур бош, ва кушиш кун ҳатто руятро чуноне бипушони ки туро набинанду ту дигаронро бубини, ҳарки аз Худованд битарсад уро дар ин амал кумак хоҳад кард.

    Ва шимҳои тангу кутоҳро ба бар накун, аз ташбеҳ бо мардону занҳои кофира дар ҳазар бош, шарму ҳаёро аз даст надеҳ Паёмбар (с) дар шарму ҳаё аз боҳаётарин духтари пушти пардааш бо ҳаётар буд.

    Ин чунин ту эй модари азиз! Аз баромадани духтарҳоят бо шимҳои тангу кутоҳ дар назди Худо масъул ҳасти, кушиш кун ки онҳоро аз хурди аз пушидани чунин либосҳо дур нигоҳ дори, то ки бар чунин либосҳо одат накунанд, чунки агар онҳо дар хурди бо ин гуна либосҳо одат кунанд, дар бузурги бисёр мушкил мегардад ки аз ин гуна либосҳо даст кашанд.

    Ҳаштум: Хоҳари азизам! ҳангоми берун рафтан аз атр задани либосҳову баданат бар ҳазар бош, чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Ҳар як зане ки атрзада аз хонааш берун мешавад ва аз назди мардон мегузарад малоикаҳо уро лаънат хоҳанд кард" ва дар ривояти дигар чунин занро зония гуфтааст, пас аз Худо битарс, Худованд туро мувафақ гардонад.

    Нуҳум: Хоҳари азизам! аз шунидани мусиқи дар ҳазар бош, ва ин одатро дар зеҳни фарзандонат нашинон, азобаш бисёр шадиду сахт аст, дар дили банда ҳеҷгоҳ муҳабати Қуръону мусиқи якҷоя нахоҳад шуд, мусиқи аз шайтон аст ва Қуръон аз Худованд, аз Паёмбар (с) ривоят шудааст ки ҳангоми исро ва меъроҷаш мардумеро диданд ки дар гушҳояшон сурб мерезанд, пурсиданд ки онҳо чи карданд ки чунин азоб мешаванд? Гуфтанд: онҳо касоне буданд ки ба мизмор гуш медоданд (мизмор навъе аз олатҳои мусиқи мебошад) яъне ба мусиқи гуш медоданд.

    Ва инро бидон, ки ҳарки чизеро ба хотири Худо тарк намояд, Худованд дар ивазаш барои у аз он беҳтарашро насиб мегардонад.

    Даҳум: Хоҳари азизам! ба ёд ор хоҳари мусулмонам, мо дар ин дунё гузаро ҳастем, ин дунё, дунёи гузаро аст на ҷои қарор, то замоне ки инро ба ёд дошта боши хоҳи фаҳмид ки ҳар яки мо хоҳем баргашт, ва хоҳем мурд, ва дигар роҳе вуҷуд надорад, ба ёд ор куҷо шуданд ҳамаи он дустону хешу таборон?! Онҳо рафтанд ва мо аз пушти онҳо хоҳем рафт, ин чиз туро водор месозад ки ҳар чи зиёд аз Худо битарси ва уро итоъат намои.

    Худованд ҳамаи гузаштагонро бо мо дар ҷаннати фирдавсаш якҷо намояд.

    Ин буд ончи ки бароятон пешкаш кардам ва Худованд донотар аст.

    Аз Худованд тамонои онро дорам ки аз ман қабул намояд.