Лаънат гуфтани падару модар аз бузургтарин гуноҳони кабира аст
Дастабандиҳо
Full Description
Лаънат гуфтани падару модар аз бузургтарин гуноҳони кабира аст
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳия ва тарҷума: Мусъаби Ҳамза
2013 - 1434
لعن الوالدين من أكبر الكبائر
«باللغة الطاجيكية»
إعداد و ترجمة: مصعب حمزة
2013 - 1434
Лаънат гуфтани падару модар аз бузургтарин гуноҳони кабира аст
عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرِو بْنِ الْعَاصِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَال: "إِنَّ مِنْ أَكْبَرِ الْكَبَائِرِ أَنْ يَلْعَنَ الرَّجُلُ وَالِدَيْهِ"، قِيلَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ وَكَيْفَ يَلْعَنُ الرَّجُلُ وَالِدَيْهِ؟ قَالَ: "يَسُبُّ الرَّجُلُ أَبَا الرَّجُلِ فَيَسُبُّ أَبَاهُ وَيَسُبُّ أُمَّهُ".
أخرجه البخاري 5/2228, رقم 5628, و مسلم 1/92, رقم 90
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р.з) ривоят аст, ки расули Худо (с) фармуданд: “Аз бузургтарин гуноҳон ин аст, ки шахс падару модари худро лаънат кунад”. Як нафар гуфт: Эй расули Худо (с)! Чигуна мумкин аст инсон падару модари худро лаънат кунад? Паёмбар (с) фармуданд: “Инсон падари шахси дигареро дашном медиҳад ва он шахс падари ӯро дашном медиҳад, Ва модари дигареро дашном медиҳад ва он шахс модари ӯро дашном медиҳад”.
Ривояти Бухорӣ ва Муслим
Яъне: Вақте шахсе падару модари шахси дигарро дашном ё лаънат мегуяд, дар муқобил он шахс падару модари ӯро дашном мегуяд ва ин ба монанди он аст, ки гуё ӯ падару модари худро дашном додааст.
Пас ҳар касе боис шавад, ки дигарон ба падару модараш дашном диҳанд, мисли ин аст, ки худаш падару модарашро лаън карда бошад. Ва муртакиби бузургтарин гуноҳ шудааст.
Пас касоне, ки одат доранд ба дигарон ба таври шӯхи дашном диҳанд ва дашноми падару модариро ҳам бишнаванд, бояд бидонанд, ки бузургтарин гуноҳро муртакиб мешаванд. Ва лозим аст, ки аз ин амали зишт тавба кунанд ва бо амалҳои хайр онро ҷуброн намоянд.
Ибни Ҳаҷар (р) дар шарҳи ин ҳадис мегуяд: Беэҳтиромии зикршуда дар ин ҳадис яке аз навъҳои беэҳтиромии падару модар аст. (Як нафар гуфт: Эй Расули Ҳудо (с)! Чигуна мумкин аст инсон падару модари худро лаънат кунад?) Суолкунанда фикр мекунад, ки имкон надорад, ки ин амал аз шахси оқил сар занад, зеро табиати поки одами инро қабул надорад.
Паёмбари Худо (с) дар ҷавоб баён намуд, ки агарчанде ӯ худ дашном намедиҳад, вале вақтоки падару модари дигаронро дашном медиҳад ва онҳо дар баробари ин падару модари ӯро дашном медиҳанд ва ин маънои онро дорад, ки ӯ падару модарашро дашном ва лаънат гуфтааст. Ва ин амал дар байни мардум зиёд рӯй медиҳад.
عن أنس رضي الله عنه قال: سئل رسول الله صلى الله عليه و سلم عن الكبائر, قال: "الإشراك بالله و عقوق الوالدين و قتل النفس و شهادة الزور".
البخاري
Дар ҳадиси дигар аз Анас (р.з) ривоят аст, ки аз Паёмбар (с) дар бораи гуноҳони кабира суол шуд, фармуданд: "Қарор додани шарик барои Худо, ва азияту беэҳтироми бар падару модар, куштани инсон бегуноҳ, ва шаҳодати дуруғ ва ноҳақ аз гуноҳони кабира мебошанд".
Ривояти Бухорӣ
Аз сабабе, ки беэҳтироми нисбати падару модар гуноҳи кабира аст, Расули Худо (с) онро баъди ширк овардан ба худо зикр намудааст, ки далолат ба бузург будани ин гуноҳ мекунад.
Инчунин ин ҳадисҳо далели бузург будани ҳуқуқи падару модар бар фарзандонро дар бар гирифтааст.
Пас ҳуқуқи падару модар ва эҳтироми онҳоро ба ҷой овардан бар фарзандон воҷиб аст, ва беэҳтиромии онҳо ва ҳуқуқи онҳоро ба ҷой наовардан гуноҳи кабира мебошад.