Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюҳаштум: Усули тарбияи набавӣ барои кӯдакон
Дастабандиҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюҳаштум: Усули тарбияи набавӣ барои кӯдакон
سلسلة تربية الأولاد، القسم الثامن والثلاثون: أصول التربية النبوية للأطفال
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
ترجمة : حقنظراو طاهر
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюҳаштум: Усули тарбияи набавӣ барои кӯдакон.
Асоси аввали равонӣ, сӯҳбат кардан бо кӯдак
Бояд донист, ҳамчунонки ҷисми кӯдак ба воситаи ғизои дурусту солим рушду нумӯи матлуб мекунад, арвоҳ низ ба василаи тарбияи латифу некӯ рушду нумӯ менамояд. Тафовут танҳо дар он аст, ки рушду нумӯи ҷисм ҳадди маълуму ниҳояти мушаххас дорад, ки аз он ҳадду ниҳоят берун намеравад, ба гунае ки ҳар гоҳ ба он ҳадду мақом бирасад, шурӯъ ба ақибгардӣ мекунад ва аз нав ба заъфу нотавонӣ мегарояд. Аммо рушду нумӯи рӯҳ ба зиндагии инсон пайванд хӯрдааст ва мутаваққиф намешавад, магар он замоне, ки нафсҳо дар сина хомӯш шаванд ва шахс аз мадрасаи ин ҷаҳони бузурги моддӣ рахт барбандад...[1]
Возеҳу равшан аст, ки ҳамроҳ шудану сӯҳбат кардан бо кӯдак дар нафсу равони ӯ бисёр муассир мебошад ва дар тақвияти рӯҳияи ӯ нақши босазоеро ифо мекунад. Зеро сӯҳбат кардану ҳамдам шудан дар воқеъ оинаи дӯст бо дӯст аст ва шабоҳати зиёде бо амали талқин дар миёни ду дӯст дорад, ки ба ҳамдигар омӯзиш дода, ба якдигар фоида мерасонанд. Ҳамчунонки дар мабоҳиси гузашта баён гардид, Пайғамбари акрам (с) дар тамоми майдонҳову саҳнаҳои зиндагӣ бо кӯдакон ҳамроҳу ҳамсӯҳбат мешуданд. Ба унвони намуна, як бор бо Ибни Аббос (р) ҳамроҳу ҳамсӯҳбат мешуданд ва бо ҳам роҳ мерафтанду сӯҳбат мекарданд. Бори дигар бо амакзодаашон Ҷаъфар ҳамсӯҳбат мегардиданд. Замоне ҳам бо Анас (р) ба гуфтугӯ мепардохтанд. Ҳамин тавр, бо ҳар кӯдаке бидуни такаббуру танаффур ва дур аз эҳсоси худбиниву худбартарӣ ҳамнишину ҳамсӯҳбат мешуданд. Шакке нест, ин ҳаққи кӯдаку навҷавон аст, ки бикӯшад ҳамроҳу ҳамнишини бузургон гардад, то аз эшон одоби иҷтимоӣ, масоили ахлоқӣ ва матолиби диниву дунявиро омӯхта, хештанро пок созад. Ҳамчунин ақлу андешаи худро ороста, одату кирдору рафтори хешро некӯ созад.
Дар ривоят омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) дар даврони кӯдакияшон, дар ҳоле ки бо дигар кӯдакон бозӣ мекарданд, Ҷибриил (а) омада, Ӯро гирифта бар замин хобонд ва ба амри Худованд қалбашонро шикофт...[2]
Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар гуфтааст: “Агар ману Қусам ва Убайдуллоҳ ибни Аббосро медидӣ, дар ҳоле ки бозӣ мекардем, ногаҳон Расули Худо (с) савор бар чаҳорпое расида, маро дар пеши худ, сипас Қусамро бар пушти худ савор мекарданд, Убайдуллоҳ ибни Аббосро мегузоштанд! Сипас, Пайғамбар (с) се бор даст бар сари ман кашида, фармуданд: «Худоё (акнун Ҷаъфар, ки шаҳид шудааст) ҷои ӯро бо фарзандаш Абдуллоҳ пур кун ва ӯро сарпарастиву мувозибат бифармо». Баъд Убайдуллоҳ ба Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар гуфт: “Ба сари Қусам чӣ омадааст?” Гуфтам: “Дар роҳи Худо шаҳид шуд”. Ман низ ба Абдуллоҳ гуфтам: “Худованд ва Расулаш ба вазъу ҳоли ӯ огоҳтаранд”. Гуфтам: “Оре, ҳамин тавр аст”.[3]
Дар ривоят омадааст, ки Абуҷуҳайфа яке аз кӯдакони саҳоба буд, ғолибан ҳамроҳи қавми худ назди Расули Худо (с) мерафт ва ҳамин омаду рафт ӯро ба ҷое расонд, ки баъдан аҳодиси набавиро ривоят мекард. Ҳар он чиро, ки аз он ҳазрат (с) дида, ё шунида буд, бозгӯ мекард. Чунонки худи ӯ мегӯяд: “Ҳамроҳи чанд нафар аз писарони Омир ибни Саъсаъа дар маҳалли Абтаҳ назди Расули Худо (с) омадем, фармуданд: «Марҳабо ба шумо, хуш омадед, шумо аз ман ҳастед!». Ҳангоми фаро расидани вақти намоз Билол рафт, ки азон бигӯяд, пас ду ангушти худро дар миёни ду гӯши худ қарор дод ва ҳангоми азон гуфтан онҳоро мегардонид. Баъд иқомаи намоз гуфт ва Пайғамбари акрам (с) асое рӯи замин кӯбиданд ва дар канори он намоз хонданд.[4]
Саҳобаи бузургвор (р) низ ҳамин корро мекарданд, чунонки Умар ибни Хаттоб (р) бо писараш ва бо Ибни Аббос (р) сӯҳбату ҳамнишинӣ мекарданд ва Зубайр (р) низ кӯдаки худро ба майдони ҷанг мебурд, то фанҳои ҷангу пайкорро биомӯзад, ки фарди қавию устувор хоҳад шуд.
Илова бар он, Пайғамбари акрам (с) пайваста бар дӯстиву бозӣ ва ҳамнишинии кӯдакон бо якдигар таъкид мефармуданд ва худашон дар даврони кӯдакияшон бо дигар кӯдакон бозӣ мекарданд, бо онон ҳамсӯҳбату ҳамнишин мешуданд ва шабу рӯз бо онон омаду рафт доштанд. Инчунин вақте бузург шуданд, баъд аз мабъус шуданашон ҳам кӯдаконеро, ки медиданд, ба сурати дастаҷамъӣ бозӣ мекарданд, монеъи онон намешуданд ва бозии эшонро амри нописанд намедонистанд, балки ононро бар ин корҳои дастаҷамъиву бозиҳои гурӯҳӣ ташвиқу тарғиб мекарданд...
Бинобар ин, лозим аст кӯдак дар даврони хурдсолияш бо кӯдакони дигари ҳамсинну соли худ муоширату ҳамнишинии солим ва дӯстиву рафоқати содиқонаву созанда дошта бошад. Дар чунин мавридҳо беҳтар аст волидайн дӯсти содиқу солеҳ барои кӯдаки худ интихоб кунанд, дар равишу рафтори ин гирдиҳамоии дастаҷамъии кӯдакон назорат намоянд, комилан ҳаракоти ононро сарпарастӣ ва дар зери назар дошта бошанд. Бояд падарон ба таври доимӣ бо масъулону муаллимони кӯдаконашон дар сатҳи мактабҳо дар алоқаи комил бошанд ва бо онон ҷаласаҳои зиёде ташкил диҳанд ва дар мавриди рафъи нуқсонҳо ва пешрафти илмиву ахлоқии кӯдакони худ бо эшон ҳамкорию ҳамёрӣ кунанд. Ҳамчунин лозим аст модарон ба мактабҳои кӯдакони худ муроҷиат карда, аз авзоу аҳволи дарсиву ахлоқии онон ҷӯё шаванд. Иншоаллоҳ, дар фасли баъдӣ дар ин бора ба тафсил баҳс хоҳем кард, зеро шакке нест дар ин маврид, ки волидайн мекӯшанд таоми ҳалол барои кӯдакони худ таъмин кунанд, то ҷисму рӯҳи онон бо ғизои ҳалолу муносиб рушду нумӯ кунад ва намехоҳанд гӯшту устухони эшон аз моли ҳаром бирӯяду бо он таквину истеҳком ёбад. Аз ҷиҳати дигар низ мекӯшанд барои кӯдакони худ дӯстони солеҳу содиқ пайдо кунанд, то дар фазои солиму созанда бо онон ба мубоҳасаву гуфтугӯ, ба шабнишиниву бозӣ ва ба тафриҳу саргармӣ бипардозанд...
Бояд волидайни мӯҳтарам ба ин нуктаи муҳим таваҷҷӯҳ кунанд ва бисёр огоҳу ҳушёр бошанд ва нагузоранд фарзандонашон бо кӯдакони нобобу афроди фосид омаду рафт кунанд ва бо ин гуна афрод дӯсту ошно шаванд. Зеро ин кор мӯҷиби суқути онон дар чоҳи зиллату хорӣ мегардад, эшонро ба муртакиб шудан ба гуноҳону лағжишҳо ва расвоиҳои ҷуброннопазир дучор месозад.
Табиист, вақте ки падар аз як тараф дар гумроҳӣ ва айёшӣ ғарқ гардад ва нисбат ба умури моддӣ ва масоили дунявӣ беш аз ҳадди даркорӣ бисёр кӯшову ҷиддӣ бошад ва пайваста худро ба онҳо машғул созад ва аз ҷиҳати дигар, модар низ ба воситаи диду боздидҳо бо дӯстону ошноёнаш пайваста дар рафту омад бошад ва ба хушгузаронӣ бипардозад, мусалламан кӯдаки онон дар вазъияти ногувор ва дар ҳолати номатлубе ба сар мебарад, ба гунае ки дар доми афроди нобобу мунҳариф меафтад. Агар гуноҳҳо баррасӣ шаванд ва аз зиндонҳои наврасону ҷавонон боздид ба амал ояд ва ё авзоъу аҳволи онҳо ба гӯши касе бирасад, мушаххас мегардад, ки бештари онҳо кӯдакону навҷавонони нобобу мунҳарифе ҳастанд, ки дар асари ғафлату саҳлангории волидайну сарпарастонашон ба чунон сарнавиште дучор шудаанд.
Акнун шумо, эй волидайни мӯҳтарам ва эй сарапарастони гиромӣ! Оё мехоҳед фарзанди худро дар зиндонҳои ҷавонон биёбед, ё дар хонаҳои Худо ва масоҷиди муслимин? Пас, агар қисмати дуюмро мехоҳед, бояд барои ёфтани кӯдаки солеҳу содиқе, ки фарзанди шумо бо ӯ дӯсту ҳамнишин шавад ва бо итминон бо ӯ муоширату омаду рафт дошта бошад, шитоб ба харҷ диҳед ва дар ҷустуҷӯи чунин дӯсте кӯтоҳӣ наварзед. Агар кӯдаки солеҳу содиқе наёфтед, ҳарчи зудтар назди устод ва муаллими содиқу солеҳе биравед, то фарзандони солеҳу боадабро ба шумо муаррифӣ кунанд, ки фарзанди хешро ҳамроҳу ҳамнишини онон созед ва дар ҷамъи онҳо қарор диҳед.
Оре, оё вақти он нарасидааст, ки волидайни мӯҳтарам бедор шаванд ва ба хубӣ дарёбанд, ки ба ростӣ душманон бедору дар каминанд, то кӯдаконашонро дар доман ва дар зери сарпарастии онон бирабоянду ба дуздӣ бибаранд? Ин коре аст, ки ба василаи барномаҳои муназзаму аз пеш тарҳрезишудаи мулҳидон ва ҳамдастии афроди фосиду табаҳкор ва ба дасти ҳастаҳои нопок анҷом мегирад...
Асоси дуюми равонӣ,
ворид намудани шодию сурур дар дилу замири кӯдак
Равшану возеҳ аст, ворид намудани суруру шодӣ дар дилу даруни кӯдак нақши шигифтангезе дорад ва дар рӯҳу равони ӯ асари зиёде мегузорад. Зеро кӯдакон дар, ҳоле ки шукуфаҳои сафову покӣ мебошанд, суруру шодиро дӯст медоранд, вақте дар чеҳраи бузургони худ лабхандеро мушоҳида мекунанд, ба он шод мешаванд ва онро дӯст медоранд. Илова бар ин, шакке нест, ки бедор намудани онҳо ягона омили муассири воқеъӣ аст, ки дар руҳу равони кӯдак нақши муҳимме ба ҷо хоҳад гузошт. Ҳамзамон ӯро ба истеъдоду омодагии бештар барои пайравию омӯзиши коре ва барои ҳар навъ иршоду раҳнамоие тайёр мекунад.
Пайғамбари акрам (с) пайваста ба дили кӯдакон шодию сурур меандохтанд ва ба ҳар василаи мумкин эшонро шоду хушҳол мегардониданд ва барои ин кор равишҳову услуби зиёдеро ба кор мебурданд, аз он ҷумла:
1. Ба василаи истиқболи хуб ва пазироии қобили таваҷҷӯҳе аз онон.
2. Бо бӯсидану меҳр варзидан ва бо шӯхиву хушгӯии муносиб бо онон.
3. Ба василаи даст бурдан бар сари онон ба унвони муҳаббату шафқат.
4. Бардоштану қарор додани онон дар оғӯши шарифу меҳромези худ.
5. Додани таоми поку муносиб ба онон.
6. Нишастан бар сари як суфра ва хӯрок хӯрдан бо онон.
Табиист, ҳар як аз ин услубҳои зикршуда, бар асоси он чи, ки баён гардид, маънову мақсуди хоссеро дар бинои отифӣ ба вуҷуд меоварад, ба хотири ин ки суруру шодӣ, шукуфоӣ, қудрати таъсирпазирӣ, тандурустӣ ва хушбахтиро дар рӯҳу равони кӯдак эҷод мекунад...
Асоси сеюми равонӣ, эҷоди бинои рақобат дар байни кӯдакон ва таъйини ҷоиза барои фарди ғолиб
Шакке нест, ки рақобату мусобиқа ба таври умум, дар инсон ва ба таври хусус дар вуҷуди кӯдакон эҳсосоту нерӯҳои нуҳуфтаи ононро ба ҳаракат дармеоварад, нерӯҳое, ки инсон онҳоро намешиносад ва дарк намекунад, магар замоне, ки рақобату мусобиқа барои пирӯзӣ бар фалон кас ва ё ба хотири дастёбӣ ба фалон чиз дар вуҷуди ӯ эҷод шавад.
Машҳур аст, ки Пайғамбари акрам (с) рӯҳи рақобати созандаву ҳамчашмии шоистаро дар вуҷуди кӯдакон бармеангехтанд, то ин нерӯи бузургу шигифтангез дар вуҷуди онон ва ба таври куллӣ дар вуҷуди инсон ба ҳаракат дарояд. Яке аз намунаҳои равшану муассири он рақобати фикрӣ аст. Чунонки рӯзе он ҳазрат (с) онро ба унвони савол бар асҳоби худ матраҳ намуданд. Дар ҳоле ки Абдуллоҳ ибни Умар (р), ки хурдтарини он гурӯҳ буд, дар миёни онон ҳузур дошт. Пайғамбари акрам (с) хитоб ба онон фармуданд:
«Ҳамоно аз ҷинси дарахтон дарахте ҳаст, ки баргҳояш намерезанд ва чигунагии он ҳамчун шахси мусалмон мебошад, ба ман бигӯед, он чӣ навъ дарахт аст?».
Афроди ҳозир дар он ҷо зеҳнашон ба дарахтони биёбон расид ва ҳар кадом онро ба як навъ дарахти биёбон тафсиру таъбир менамуданд. Пайғамбари акрам (с) ба мо фармуданд: «Он дарахт хурмо аст». Сипас Абдуллоҳ ибни Умар (р) ба падараш гуфт: “Ба зеҳнам расид, ки он дарахт хурмо аст, аммо чун ман аз ҳама камсинтар будам, шарм доштам, ки дар ҳузури бузургони ҳозири дар он ҷо ҷавоби дурустро бигӯям”.
Табиист, ки ин гуна саволҳо ақлу андешаи кӯдакро бедор месозад ва мушкилоти ахлоқиву иҷтимоӣ, гиру бандҳои дарку фаҳмашро боз мекунад ва ҳофизаи хушки ӯро фаъол менамояд.
Ҳамчунонки гуфта шуд, ин Абдуллоҳ ибни Умар (р) буд, ки дар посухи дуруст додан бо бузургон ба рақобат пардохт, аммо ба сабаби камсинну сол буданаш нисбат ба онон ва ба хотири шарму риояи адаб аз ҷавоб додан худдорӣ намуд.
Ҳамчунин яке аз ин гуна намунаҳо эҷоди рақобати варзишӣ дар миёни кӯдакон аст, ки Пайғамбари акрам (с) онро ба сурати мусобиқа дар миёни кӯдакон ташкил мекарданд, то ҷисми эшон ба хубӣ рушд кунад ва қавию нерӯманд гардад. Чунонки Абдуллоҳ, Убайдуллоҳ, писарони Аббос ва кӯдакони дигарро таърифу тарғиб мекарданд ва ононро дар як саф қарор дода, сипас мефармуданд: «Ҳар кадом аз шумо зудтар пеши ман биёяд, фалон чиз ва фалон чизро ба ӯ медиҳам». Онҳо ба суръат ба сӯи он ҳазрат (с) медавиданду худро бар пушту рӯи синаашон меандохтанд. Он ҳазрат (с) низ ононро мебӯсиданд ва он чиро, ки ваъда дода буданд, ба онон ато мефармуданд.[5]
Бинобар ин, мусобиқа ташкил кардан дар миёни кӯдакон услуб ва роҳу равише аст, ки ба дасти волидайну мураббиён дар байни фарзандонашон анҷом мегирад. Онҳо метавонанд ин гуна чорабиниҳоро пешниҳод кунанд ва замони муносиберо барои иҷрои он дар назар бигиранд ва ба ин васила рӯҳу равони кӯдаконро шоду масрур намоянд, ҳиммату чобукии ононро баланд бардоранд. Ҳамзамон ба ашхоси дар мусобиқа ғолибомада бахшишҳо кунанд, то шодию хурсандии кӯдакон афзун гардад. Чунончи дар ҳадиси чанд сатр қабл омада зикр гардид, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ҳар кадом аз шумо зудтар пеши ман биёяд, фалон чиз ва фалон чизро ба ӯ медиҳам».
Табиист, ки кӯдак ба василаи ин пирӯзиву сабқат ҷустан бар ҳамсолони худ эҳсоси лаззату хушбахтӣ мекунад. Аз ин рӯ, ҳар кӯдаке мекӯшад он чӣ дар тавон дорад, ба кор биандозад, тамоми саъйу талоши худро барои расидан ба муваффақият сарф кунад ва ҳамаи қудрату нерӯи худро барои рӯзи мусобиқа омода созад. Ба ин сурат, ки ба хона баргашта, ба машқ бипардозад, матолиби лозимро биомӯзад, нукоти заъфи худро ба василаи пурсидан аз афроди огоҳ бартараф намояд ва пайваста волидайни хешро аз мизони пешрафту тавоноии худ огоҳ созад, чун ин кор нерӯву тавони нуҳуфтаи ӯро ошкор сохта, онро шукуфо мекунад.
Ин услуб, илова бар доштани натиҷаҳои зикргардида, фоидаи дигаре низ дорад, яъне рӯҳи иҷтимоӣ будан ва ангезаи дурӣ ҷустан аз танҳоиву узлатнишиниро дар вуҷуди кӯдак зинда месозад, ба он рушду нумӯ мебахшад, дарку фаҳми зиндагии дастаҷамъиро таҷриба мекунад, ба тавре ки дар миёни ҷомеаи худ гоҳе суд мебарад ва замоне низ зиён мебинад, як бор ҷавоби савол ё амреро медиҳад ва бори дигар ба бунбаст мерасад, як вақт назараш ба воқеият исобат мекунад ва замоне ба хатову иштибоҳ меафтад...
Асоси чоруми равонӣ,
далер ва қавидил сохтани кӯдак
Бешак, шуҷоъ сохтани зоҳирӣ ва ё маънавӣ амри некӯву унсуре аз унсурҳои зарурии тарбиявӣ аст, ки наметавон аз он бениёз буд, аммо бидуни ифроту зиёдаравӣ дар он.
Равшану возеҳ аст, ки далеру қавидил намудан дар рӯҳу равони кӯдак дорои нақши босазое аст. Дар пешрафти ҳаракати мусбати бунёди ӯ, дар кашфи тавоноии зиндагонӣ ва анвоъи хостаҳояш хеле ва хеле муассир мебошад. Ҳамчунин, ба идома бахшидани амал ва анҷом додани он ба хотири қадам ниҳодан ба тарафи пеш фузунӣ мебахшад.[6]
Илова бар он, дар ҳадисе, ки аз Пайғамбари акрам (с) дар асоси қаблӣ, (асоси сеюм) дар робита бо таърифу ташвиқи кӯдакон баён шуд, ки он ҳазрат (с) фармуданд: «Ҳар кадом аз шумо зудтар пеши ман биёяд, фалон чиз ва фалон чизро ба ӯ медиҳам» худ далели возеҳе бар ташҷеъу ташвиқ намудани кӯдакон бар мусобиқа кардан аст. Ҳозир шудани Абдуллоҳ ибни Умар (р) дар он маҷлисе, ки Пайғамбар (с) саволи дарахти хурморо матраҳ фармуданд, далели дигаре барои ташвиқу тарғиби дигарон, новобаста аз синну сол ва ба рақобат ҷустану мусобиқа кардан ба якдигар даъват намудан аст. Зеро ҳангоме ки Умар ибни Хаттоб (р) бо писараш Абдуллоҳ аз он маҷлис берун шуд, Абдуллоҳ ба ӯ гуфт: “Эй падар! Вақте Пайғамбар (с) он саволро матраҳ фармуданд, ман дар пеши худам донистам, ки ҷавоби саҳеҳи он дарахти хурмо аст”. Умар ибни Хаттоб (р) ба ӯ гуфт: “Пас чӣ туро манъ кард, ки онро нагӯӣ, дар ҳоле ки агар ту онро мегуфтӣ, назди ман аз фалону фалон чиз беҳтару маҳбубтар буд”. Абдуллоҳ ба ӯ гуфт: “Он чи, ки монеъи ман шуд, ҷавоби онро бигӯям ин буд, ки дидам ту ва Абубакри Сиддиқ дар он маҷлис ҳузур доред ва дар бораи он чизе намегӯед, аз ин рӯ, ман низ нописанд донистам, ки ҷавобро бигӯям”.[7]
Ибни Ҳаҷар ин ҳадисро шарҳ дода, гуфтааст: “Ба зоҳир Пайғамбари акрам (с) дар матраҳ намудани ин савол гӯё ишора бар ин фармудаанд, ҷавоби дуруст миёни бузургсолу хурдсол баробар бошад, ҳаққи тақаддум ба фарди бузургсол аст. Аммо агар он ҷавоби саҳеҳ ва баёни дурусте, ки пеши фарди хурдсол ҳаст, назди шахси бузургсол набошад, ҳеҷ монеъе надорад, ки фарди хурдсол сухан бигӯяд ва изҳори назар намояд, зеро Умар ибни Хаттоб (р) бо вуҷуди ин ки писараш барои ӯ далел овард, ки ба хотири ҳузури ӯ ва Абубакри Сиддиқ дар он маҷлис ҷавоби саҳеҳро нагуфтааст, аммо бо ин васф таассуф хӯрд, ки чаро писараш сухан нагуфт ва ҷавоби дурустро баён накард?”[8]
Ибни Қайим низ дар шарҳи ин ҳадис гуфтааст: “Ин ҳадис ишорабар он дорад, ки падар ба ин шоду хушҳол мешавад, ки фарзандаш назарияи саҳеҳ бидиҳаду дар ҷавоб додани дуруст тавфиқ ҳосил кунад. Ҳамчунин ба ин воқеият низ ишора лорад, ки ҳеҷ монеъе надорад фарзанд дар ҳузури падараш ҷавоби саволеро, ки медонад, бидиҳад, агарчи падараш ҷавоби онро намедонад. Чун ин ҷавоб додани дурусти фарзанд дарвоқеъ ба унвони беадабӣ нисбат ба падараш маҳсуб намешавад”.[9]
Инак, баёни мисоли дигаре дар робита бо эҳтимом варзидан ба далер намудану ташвиқи кӯдакон ба ин ки дар маҷолиси бузургон ва дар мавқеи муносиб сухан гуфта, ороу назариёти дурусти худро ироа диҳанд. Чунонки омадааст, Умар ибни Хаттоб (р) хитоб ба касоне, ки перомуни ӯ буданд, гуфт: “Оё дар бораи нузули ин оят, ки мефармояд: «Аявадду аҳадукум ан такуна лаҳу ҷаннатун мин нахилин ва аъноб»[10] чӣ медонед? Дар ҷавоб гуфтанд: “Худо медонад ва Ӯ аз ҳар кас огоҳтар аст”. Умар ибни Хаттоб (р) хашмгин шуду гуфт: “Бигӯед: “Медонем, ё намедонем!” Ибни Аббос (р), ки камсинну солтарини он маҷмаъ буд, гуфт: “Эй амирулмӯъминин! Чизе дар ин бора дар зеҳнам расид”. Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Эй бародарзода, бигӯ, хештанро (ба воситаи хурдсол будан) ҳақиру камарзиш машумор!” Ибни Аббос (р) гуфт: “Барои амале масал зада шудааст”. Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Чӣ амале?” Ибни Аббос (р) гуфт: “Барои амали шахси сарватманде, ки тоату ибодати Худоро ба ҷо меоварад ва корҳои некро анҷом медиҳад, сипас шайтоне назди ӯ меояду фиребаш медиҳад, то ин ки муртакиби маосиву корҳои хилоф мешавад ва дар натиҷа тамоми аъмоли некаш аз байн мераванд”.[11]
Оре, бояд шиори волидайну мураббиён дар ташвиқ намудани кӯдакон пайваста ин бошад, ки бигӯянд: “Эй писари азизам, бигӯ ва хештанро муҳаққиру камарзиш машумор!”
Бояд донист, яке аз услуби неку писандидаи тарғиб намудан ҳамон ташвиқ кардани кӯдакон бар анҷом додани корҳои некӯ аст, ки яке аз онҳо харидани китобҳои муфиду омӯзанда аст, то барои кӯдак манбаъу марҷаъи илмӣ гарданд ва бар асоси мӯҳтавою матолиби инсонсози онҳо рушду нумӯ кунад. Чунонки писари донишманди олиқадр Ибни Обиддин дар бораи тарбияву парвариши падараш ишора менамояд, ки сабаби аслӣ дар ҷамъоварии китобҳои ноёбу камназир барои ӯ падараш будааст, зеро он тавре, ки худи ӯ қайд мекунад, ҳар китоберо, ки мехост, падараш барои ӯ мехарид ва ба ӯ мегуфт: “Ҳар китобе, ки назаратро ҷалб мекунад, бихар, ман баҳои онро мепардозам, чун он чи аз сирати гузаштагонамро, ки ман фаромӯш кардаву аз даст додаам, ту онро зинда мекунӣ. Умедворам, эй писарам, Худованд подоши хайрат бидиҳад”. Ҳамчунин китобҳои гузаштагонаш, ки дар назди ӯ мавҷуд буданд ва онҳоро бар фарзандону насли баъд аз насли худ вақф карда буданд, ба ӯ дод...
Асоси панҷуми равонӣ, таърифу тавсифи кӯдак
Шакке дар ин нест, ки таърифу тамҷид намудани кӯдак дорои асари фаъоле дар рӯҳу равони ӯ мебошад ва эҳсосоту ҳавосашро ба ҳаракат дармеоварад. Дар натиҷа, кӯдак мекӯшад, то рафтору аъмоли худро ислоҳ кунад, чун дар асари ин таърифу тамҷид нафсу равонаш шоду хуррам мегардад, ба худ меболад, ба нишоту чобукии худ идома медиҳад ва онро пайравӣ менамояд. Пайғамбари акрам (с), ки равоншиноси ҳақиқӣ буданд, бар анҷоми ин ягона равиши ҳассосу фаъол дар робита бо рӯҳу равони кӯдак таъкид фармуда, волидайну мураббиёнро ба риояи он водор мекарданд. Зеро ба василаи таърифу тамҷид аст, ки рӯҳу равони кӯдак ба ҳаракату ҷунбиш ба сӯи истиҷобату фармонбардорӣ дармеояд.
Чунонки дар ривоят омадааст, Абдуллоҳ ибни Умар (р) [12] гуфт: “Дар замони ҳаёти Пайғамбари акрам (с) марде буд, вақте хобе медид, онро барои Пайғамбар (с) бозгӯ мекард. Ман низ орзу намудам, ки хобе бинам ва онро барои Пайғамбар (с) бозгӯ намоям. Ман дар он вақт писарбаччаи навҷавон будам. Билохира дар замони Пайғамбар (с) шабе дар масҷид хобида будам, дар хоб дидам, ки гӯё ду фаришта маро гирифтанду ба сӯи оташ бурданд. Ногаҳон онро ба монанди чоҳи амиқи печида дидам, дорои ду тири чӯбмонанд буд. Дар миёни он мардоне буданд, ки эшонро мешинохтам. Шурӯъ кардам ба гуфтани «Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим». Дар ин асно фариштаи дигаре ба мо ҳамроҳ шуда, ба ман гуфт: “Ин қадар метарсӣ! (Яъне баъд аз ин бар ту хавфе нест)”. Пас аз он ки бедор шудам, ин хобро барои Ҳафса бозгӯ кардам. Ӯ низ онро барои Пайғамбар (с) бозгӯ кард. Пайғамбар (с) фармуданд: «Агар Абдуллоҳ намози шаб мехонд, хуб шахсе буд».[13] Мегӯянд: “Абдуллоҳ (р) баъд аз он ҳар шаб намоз мехонд ва ҷуз муддати каме намехобид”.
Чунонки мулоҳиза мешавад, дар ин таърифу тамҷиди Пайғамбар (с), ки дар бораи Абдуллоҳ ибни Умар (р) фармуданд: «Агар Абдуллоҳ намози шаб мехонд, хуб шахсе буд», дар рӯҳу равони ӯ бисёр муассир воқеъ шуд ва ӯро дар мавриди намози шаб, ки аз он ғофил буд, бедор намуд, он ҳам бо ин ибораи ҷолибу хушоянд: «Агар Абдуллоҳ намози шаб мехонд, хуб шахсе буд».
Оре, таърифу тамҷиди ба мавқеъ ва дар замону макони муносиб бисёр муассиру муфид мебошад. Агар чунин тамҷиде ҳамроҳ бо риояи комили эътидол, бидуни риёву тазвир, бидуни ифрот бо икрому эҳтиром анҷом пазирад ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, ҳатман пайваста самарабахш воқеъ мешавад.
Қаблан мушобеҳи чунин маънову мафҳуме баён гардид, аз қабили ин фармудаи Пайғамбар (с), ки кӯдаки навҷавоне дар ҳоли рушду нумӯро тарғиб ба ин намуданд, ки забони арабӣ ва сурёниро биомӯзад, то дар ин робита ба Пайғамбар (с) хидмат кунад. Чунонки дар ҷанги Хандақ ба ӯ фармуданд: «Аммо ба ростӣӯ хуб навҷавоне аст».
Асоси шашуми равонӣ, бо кӯдакон бозӣ кардан ва ҳолати кӯдакона ба худ гирифтан бо онон
Табиист, ки бозии кӯдакона бо кӯдак ва худро дар радифи ӯ қарор додан ба рӯҳу равони ӯ рушду нумӯ бахшида, ӯро бар изҳори ҳолатҳои ботинияш ёрӣ медиҳад. Чунонки қаблан баён шуд, Пайғамбар (с) бо Ҳасану Ҳусайн бозӣ мекарданд, ононро бар дӯши худ мегирифтанд ва роҳ мерафтанд. Ҳамчунин бо писарони Аббос (р) бозӣ мекарданд. Ҳар як аз ин ҳолатҳо далолат бар аҳамияти бозӣ кардани волидайн бо фарзандони хурдсоли худ доранд ва нишонаи эҳтимом варзидани Пайғамбари акрам (с) ба ин аст, ки волидайн бо ҳолати кӯдакона бо хурдсолони худ бозӣ кунанд. Ин як нидои умумӣ барои тамоми падарону модарон аст, то бо кӯдакони хурдсол бозии кӯдакона кунанд ва дар бисёри мавридҳо худро ба сатҳи онон поён биёваранд. Чунонки Ибни Асокир аз Абусуфён ривоят намуда, ки гуфтааст: “Назди Муъовия (р) рафтам, бар пушти худ хобида буду рӯи синааш писарбачча ва ё духтарбаччае буд, ки бо ӯ бозӣ мекард ва суханони ширине мегуфт. Ман ба ӯ гуфтам: “Эй амирулмӯъминин! Ин кӯдакро канор бигзор”. Гуфт: “Шунидаам, Расули Худо (с) мефармуданд: «Касе, ки кӯдаке дошта бошад, бояд худро барои ӯ ба сурати кӯдак дароварад (ва бо ӯ бозии кӯдакона кунад)».
Дар ривоят омадааст, ки Уммихолид духтари Холид ибни Саъид гуфтааст: “(Духтарбачае будам,) ҳамроҳи падарам назди Расули Худо (с) рафтам, дар ҳоле ки пероҳани зардранге бар тан доштам. Расули Худо (с) фармуданд: «Санаҳ – санаҳ». Ин вожа ба забони ҳабашӣ ба маънои пероҳани зебое аст. Баъд пеш рафтам, то бо хотами нубувват бозӣ кунам, аммо падарам монеъ шуд ва маро ронду дур кард. Пайғамбар (с) ба падарам хитоб намуда фармуданд: “Ӯро бигзор ва монеъ машав”. Сипас Паёмбари акрам (с) се бор ба такрор фармуданд: «Аблӣ ва ахлиқӣ, (яъне бо умри тӯлонӣ чандин пероҳанро ин гуна) бипӯшӣ ва кӯҳна кунӣ».[14] Абдуллоҳ (р) мегӯяд: Ин пероҳан муддати замони тӯлонӣ боқӣ монд.
Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар шарҳи ҳадиси боло гуфтааст: “Мурод аз шӯхиву бозӣ кардан бо кӯдаки хурдсол ба василаи гуфтору кирдор ҳамон эҷоди унсу улфат дар вуҷуди ӯ мебошад ва бӯсидани ӯ низ аз он ҷумла аст”.[15]
Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) забони худро барои Ҳасан ибни Алӣ (р) аз даҳон берун меоварданд ва ин кӯдак сурхии забони он ҳазрат (с)-ро, ки медид, ба суръат ба тарафашон меҷаҳид”.[16]
Намунаи дигаре аз бозиву шӯхӣ кардани Пайғамбар (с) бо Ҳасан ибни Алӣ (р) ин буд, ки даҳони худро боз мекарданду даҳони Ҳасан (р)-ро дар даҳони худ мегузоштанд. Чунонки аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Рӯзе Пайғамбар (с) берун рафтанд ва маро дар масҷид диданд. Дастамро гирифтанд, ман низ ҳамроҳашон рафтам ва ҳеҷ гуна сухане бо ман нагуфтанд, то ин ки ба бозори Бани Қайнуқоъ расидем. Он ҳазрат (с) дар он ҷо гашту гузор ва ба атроф назар андохтанд. Сипас, баргаштанд, дар ҳоле ки ман ҳамроҳашон будам, то ин ки ба масҷид расидем. Он ҳазрат (с) нишаста, зонуҳояшонро ба шиками худ часпониданд, сипас фармуданд: «Хурдакак (мурод Ҳасан (р)) куҷост?! Хурдакакро бароям садо кун». Ногаҳон Ҳасан (р) омада, бо суръат худро дар оғӯши он ҳазрат (с) андохт. Сипас, дасташро дар риши мубораки Пайғамбари акрам (с) гузошт. Баъд он ҳазрат (с) даҳони худро боз мекарданду даҳони Ҳасан (р)-ро дар даҳони худ мегирифтанду мебӯсиданд, баъд фармуданд: «Худоё, ман ӯро дӯст медорам ва Ту ҳам ӯро дӯст дор ва ҳар касе, ки ӯро дӯст медорад, дӯст бидор».[17]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Анас (р) гуфт: “Пайғамбари акрам (с) бо ҳазлу шӯхӣ ба ман фармуданд: «Ин соҳиби ду гӯш бо ман шӯхӣ мекунад».[18]
Аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Пайғамбари акрам (с) бо Зайнаб, духтари Уммисалама шӯхӣ мекарданд ва борҳо мефармуданд: «Эй Зайнаби хурдакак! Эй Зайнаби хурдакак!».[19]
Аз Ибни Масъуд (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Пайғамбари акрам (с) намоз мехонданд ва вақте ки ба саҷда мерафтанд, Ҳасану Ҳусайн бар рӯи пушташон мепариданд, афроди ҳозир дар он ҷо мехостанд ононро аз ин кор боз доранд, аммо Пайғамбар (с) ишора мекарданд, ки ононро бигузоранд. Ва вақте намозро хонданд, он дуро дар оғӯши худ гузошта, фармуданд: «Ҳар кас маро дӯст дорад, бояд ин дуро дӯст бидорад».[20]
Асоси ҳафтуми равонӣ,
парвариши кӯдак бар асоси такя ба худ доштан
Пайғамбари акрам (с) барои парвариши кӯдак бар асоси такя ба худ ва эътимод ба хеш чанд роҳу равишро дунбол мекарданд, то ин ки кӯдак фарди нерӯманд шавад ва бар он асос рушду нумӯ кунад:
1. Тақвияти иродаи кӯдак бо одат додани ӯ ба ду амри зер:
а) Одат кунонидани кӯдак ба ҳифзу нигоҳдории асрор, ҳамон тавре ки Анас (р) ва Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) ҳамин корро мекарданд, чунки ба он одат варзида буданд. Бинобар ин, вақте кӯдак тариқаи пинҳон доштани асрорро омӯхт, дигар онро фош намекунад, ба хотири ин ки бар асоси ҳисси масъулият ва иродаи қавию устувор рушду нумӯ кардаву парвариш ёфтааст, ки дар натиҷа дорои эътимоди комил ба худ ва иттикои мутмаинне мебошад.
б) Одат додани кӯдак ба рӯза гирифтан, зеро кӯдак ҳангоми рӯзадорӣ вақте қасди муқовимату пойдориро дар баробари гуруснагиву ташнагии шадид намуд, эҳсос мекунад, ки бар нафси худ пирӯзу ғолиб шудааст. Дар натиҷа иродаи ӯ дар муқобили масоилу мушкилоти зиндагӣ устувортар мегардад ва бештар ба худ эътимод пайдо мекунад.
2. Парвариши кӯдак бар асоси ҷалби эътимоду итминони иҷтимоӣ
Табиист, вақте ки кӯдак ниёзмандиҳои хонаро таъмин карда, корҳои падару модарашро анҷом иҳад, бо бузургтарҳо ҳамнишин гардад ва бо афроди хурду ҳамсинну соли худ рафту омад намояд, албатта эътимоду итминони иҷтимоии ӯ фузунӣ ёфта, дар натиҷа дар ӯ ҳисси такя ба худ пайдо мешавад.
3. Парвариши кӯдак бар асоси рушди эътибор ва эътимоди илмӣ
Табиист, ки касби эътибору эътимоди илмӣ бештар ба василаи омӯхтану рӯй овардан ба Қуръону суннати Расули Худо (с) ва роҳи поку азими ӯ ҳосил мегардад. Зеро кӯдак дар асари чунин парварише, илова бар ин ки илму огоҳии боарзишеро барои худ касб менамояд, эътибору эътимоди илмии ӯ нисбат ба шахси худаш рушду нумӯ меёбад ва дар натиҷа аз масоили инҳирофӣ маҳфуз мемонад, зеро ҳақоиқи илмӣ ва огоҳии дурусту содиқона аз хурофоту асотир дур мебошад.
4. Парвариши кӯдак бар асоси эътимоди иқтисодӣ ва бозаргонӣ
Дар воқеъ, ҳусули чунин амре ба василаи тамрину одат додани кӯдак ба хариду фурӯш ва ҳамчунин дар асари давр задану ҷавлон задан дар бозору майдонҳои доду гирифт ба ҷои волидайнаш ва анҷом додани ниёзмандиҳои онон имконпазир мебошад.
Дар ривоят омадааст, ки Сулаймон ибни Ясор гуфт: “Алафи хари Саъд ибни Абиваққос тамом шуд, ба писари хурдаш гуфт: “Бирав миқдоре гандум аз хона бардор ва дар ивази он ҷав бихар, ба гунае ки ба ҳамон андоза бошад на бештару на камтар”.[21]
Мегӯянд: “Ҳангоме ки Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар дар ҳоли хариду фурӯши кӯдакона буд, Пайғамбари акрам (с) ӯро дида, барояш дуои хайру баракат карданд”.
Ҳамчунин намунаҳои дигари ба ин мавзӯъ далолаткунанда мавҷуд аст, ки Пайғамбари акрам (с) дар парвариши кӯдак бар асоси эътимоду такя ба нафс бисёр таъкид фармудаанд...
Асоси ҳаштуми равонӣ,
тарғибу тарҳиб намудани кӯдак
Бояд донист, тарғибу тарҳиб яке аз услубҳои бисёр муассиру муваффақи равонӣ дар ислоҳ намудани кӯдак мебошад. Ин як услуби возеҳу зоҳир дар тарбияи набавӣ аст, ки Пайғамбар (с) онро дар бисёр ҳолатҳо дар мавриди кӯдакон ба кор гирифтаанд, ки дар сархати онҳо некӣ дар ҳаққи волидайн мебошад.
Бинобар ин, Пайғамбари акрам (с) кӯдаконро ба некӣ кардан дар ҳаққи волидайн тарғибу ташвиқ намуда, ононро аз мухолифату озор расонидан ба эшон барҳазар доштаанду тарсонидаанд. Ин кор фақат ба хотири он аст, ки кӯдак фармонбардору амрпазир бошад ва дар баробари умури маслиҳатомез зери таъсир қарор гирифта, дар натиҷа хулқу рафтори ӯ ислоҳ гардад.
Асоси нӯҳуми равонӣ, бароварда сохтани хостаҳои мантиқии кӯдакон ва хушнуд намудани онон
Услуби дигари муассиру муваффақи равонӣ дар бисёре аз кишварҳо бароварда сохтани хостаҳову орзуҳои дурусту мантиқии кӯдак ва розиву хушнуд намудани ӯ аст. Табиист, ҳар андоза бароварда сохтани ин гуна майлҳову хостаҳо ба даврони кӯдакиву хурдсолӣ наздиктар бошад, муассиртару муваффақиятомезтар аст. Аз ин ҷиҳат, лозим аст кӯдакро розиву хушнуд сохта, хостаҳои мантиқияшро бароварда кард. Ба ин далел ӯ ниёзеро, ки хоҳони он мебошад, эҳсос мекунаду онро дарк менамояд ва вақте ниёзаш бароварда шуд, рӯҳу равонаш шод мегардад ва саранҷом зиндагии беҳтару матлубтареро дар пеш хоҳад гирифт. Аммо агар ба хостаҳояш эътиное нашаваду нисбат ба анҷоми онҳо иқдоме ба амал наояд, албатта хашму асабонияти ӯ фузунӣ меёбад, ки дар натиҷа даст ба корҳое мезанад, ки мавриди ризояту писанд нестанд.
Ҳамон тавре, ки дар «Ал-Ҷомеъул-кабир» омадааст, Ибни Асокир аз Воил ибни Асқаъ ривоят намуда: “Рӯзе Расули Худо (с) назди Усмон ибни Мазъун рафта, диданд, писарбаччае дар канори вай аст ва ӯро мебӯсад. Расули Худо (с) аз эшон пурсиданд: «Оё ин писари ту аст?». Гуфт: “Оре”. Расули Худо (с) фармуданд: «Эй Усмон! Оё ӯро дӯст медорӣ?». Дар ҷавоб гуфт: “Оре, эй Расули Худо, ӯро дӯст медорам”.Расули Худо (с) фармуданд: «Оё мехоҳӣ муҳаббати туро нисбат ба ӯ зиёд кунам?». Усмон ибни Мазъун гуфт: “Оре, падару модарам фидоятон”. Расули Худо (с) фармуданд: «Бегумон касе аз насли худ кӯдаки хурдсолеро хушнуд созад, то ин ки ӯ розиву хушнуд шавад, Худованд дар рӯзи қиёмат ӯро хушнуд мекунад, то розиву хушнуд гардад».[22]
Дар ривоят омадааст, ки дар байни Муъовия ва Аҳнаф ибни Қайс муноқашаву муҷодала рух дод. Кор ин тавр шуд, ки Аҳнаф ибни Қайс аҳамияти талаб ва ризоияти фарзанд ва истиҷобату фароҳам намудани хостаҳои ӯро барои Муъовия баён намуд. Мавзӯъ аз ин қарор буд, ки Язид ибни Муъовия мегӯяд: “Падарам Аҳнаф ибни Қайсро назди худ фаро хонд. Ҳангоме ки пеши ӯ омад, гуфт: “Эй Абубаҳр! Дар бораи фарзандон чӣ назар дорӣ?” Аҳнаф ибни Қайс гуфт: “Эй амирулмӯъминин! Фарзандон меваҳои қулубу сутунҳои пушти моянд ва мо барои эшон ба манзалаи замини нарму соябони комилем. Ба василаи онон аст, ки метавонем иқдом ба анҷом додани корҳои бузургу муҳим кунем. Аз ин рӯ, агар чизеро хостанд, бояд ба онон дода шавад ва розиву хушнудашон бояд кард. Агар хашмгин шаванд, лозим аст эшонро ором гардонид, то дӯстиву садоқатро дар баробари ту анҷом диҳанд ва қудрату тавони хешро дар роҳи ту ба кор гиранд. (Ҳушёр бош) бо онон сахтгиру сангдилӣ макун, то аз зиндагиву зинда монданат серу хаста нашаванд, орзуи маргу нобудии туро нанамоянд ва аз наздик шудан ба ту мутанаффиру нороҳат нашаванд”. Муъовия ба ӯ гуфт: “Эй Аҳнаф! Худованд ёру пуштибонат бод ва ҷазои хайрат диҳад, қабл аз ин, ки ту ба ин ҷо биёӣ, ман аз писарам Язид бисёр хашмгину дилгир будам...”
Баъд аз ин, ки Аҳнаф бархосту аз пеши Муъовия рафт, Муъовия бо хушҳоливу ризояти комил назди Язид омада, маблағи зиёде дирҳам ва ҷома ба Язид дод. Язид ҳам ними аз дирҳамҳову ҷомаҳоро барои Аҳнаф фиристод.[23]
Ривоят мекунанд, ки Адй ибни Ҳотам (р) гуфтааст: “Назди Пайғамбари акрам (с) рафтам, дар ҳоле ки дар масҷид нишаста буданд, афроди ҳозири он ҷо маро барояшон муаррифӣ карда, гуфтанд: “Ин Адй ибни Ҳотам аст”. Чун ман бидуни навиштаву муаррифии номае ба он ҷо омада будам ва қаблан низ пеши худ гуфта будам: “Умед дорам Худованд василаеро фароҳам созад, то дасти муборакашон дар дастам қарор гирад”. Хушбахтона, пас ан ин, ки маро барояшон муаррифӣ карданд, дастамро гирифта бо худ бурданд ва дар роҳ зане бо кӯдаке, ки ҳамроҳи ӯ буд, ба хидмати Пайғамбар (с) расиду гуфт: “Эй Расули Худо! Назди шумо омадем, то ниёзи моро бароварда созед”. Он ҳазрат (с) он дуро ҳамроҳи худ бурда, ниёзи ононро бароварда сохтанд...[24]
Асоси даҳуми равонӣ, такрори амр дар рӯҳу
равони кӯдак асар мегузорад
Возеҳу равшан аст, кӯдак низ ҳамчун ҳар инсони дигаре дорои саҳву нисён мебошад ва дар миёни тамоми мавҷудоти зиндаи дигар даврони туфулияти ӯ тӯлонитар мебошад. Ин даврони ғайр аз марҳилаи мукаллафӣ аст, балки он марҳилаи омодагиву муҳайё шудани кӯдак барои замони таклиф мебошад ва аъмоли бади ӯ дар ин даврони туфулият аз тарафи фариштагони нозир китобат намешаванд. Чунонки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Се кас мавриди таклиф ва бозхост қарор намегиранд: аз фарди дар хоб рафта, то вақте ки бедор мешавад, аз кӯдак то замоне, ки ба ҳадди булуғ мерасад ва аз шахси девона то замоне, ки сари ақл меояд».[25]
Вақте ки ин матлабро ба дурустӣ дарк кардем, дигар барои мо саҳлу осон аст, ки ба асл ва мабдаъи такрори амр барои кӯдак бештар аз як бор мӯътақид бошем, то ин ки дар рӯҳу равони ӯ муассир воқеъ шавад ва барои анҷоми он мубодират варзаду зудтар даъват ва фарохониро иҷобат намояду онро бипазирад. Аммо далели аслу мабдаъи такрор ҳамон фармудаи Пайғамбари акрам (с) аст, ки мефармояд: «Вақте ки кӯдак ба синни ҳафтсолагӣ расид, намоз хонданро ба ӯ дастур диҳед ва агар ба синни даҳсолагӣ расиду намозро нахонд (дастури шуморо низ барои хондани он анҷом надод) ӯро танбеҳ кунед (ба гунае ки ба устухону гӯшти ӯ осеб нарасад)».[26]
Пайғамбари акрам (с) се соли ба ҳам пайваста ва пай дар пайро барои решадору устувор гардонидани амри муҳимме, ҳамчун намоз дар Ислом, қарор додаанд. Шакке нест, ки аҳамияти намоз назди ҳамаи мусалмонон маълуму мушаххас мебошад ва ба ҳамин хотир аст, ки Қуръон ба мардум хитоб намуда, аҳамияти онро чунин баён намудааст:
﴿وَأۡمُرۡ أَهۡلَكَ بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱصۡطَبِرۡ عَلَيۡهَاۖ لَا نَسَۡٔلُكَ رِزۡقٗاۖ نَّحۡنُ نَرۡزُقُكَۗ وَٱلۡعَٰقِبَةُ لِلتَّقۡوَىٰ ١٣٢﴾ [طه: ١٣٢]
«Хонаводаи худро ба гузоридан намоз амр кун ва худ низ бар иқомаи он собиту мондагор бош...».[27]
Бинобар ин, волидайн дар ин се соли муайяну муқарраршуда дар амри решадор сохтани намоз дар дили кӯдак лозим аст, ки сабру шикебоии зиёдеро таҳаммул карда, адои ҳар намозеро аз кӯдак бихоҳанд. Дар ин сурат, агар бо як нигариши ҳисобшудаи риёзӣ ба ин муддати замон бингарем, дармеёбем, ки волидайн дар рафти ин се сол, ки барои адои ҳар намозе аз намозҳои панҷгона ба кӯдак дастур медиҳанд, рӯи ҳам 5475 бор онро такрор мекунанд.[28] Ин рақами бузурге аз такрори дастури мазкур мебошад, ки ин худ аз як ҷиҳат далолаткунанда бар аҳамияти такрор аст ва аз ҷиҳати дигар баёнгари он аст, ки худи кӯдак гоҳе барои аввалин бор ва ҳатто ҳам барои дуюмину сеюмин бор ба дастур ҷавоби мусбат намедиҳад ва онро намепазирад. Аз ин ҷиҳат лозим аст, ки ин дастур бидуни эҳсоси ноумедӣ такрор шавад.
Саҳобаи ҷалилулқадр Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) чун аслу мабдаи такрор бо кӯдаконро дарк мекард, аз ин рӯ таваҷҷӯҳи волидайнро нисбат ба фарзандонашон дар ин робита чунин ҷалб мекунад: “Фарзандони худро ба анҷоми амри хайр одат диҳед, чун амри хайр дар асари ба он одат варзидан ҳосил мешавад”.
Оре, лозим аст хоҳон шудани амри хайр, ба вижа, адои намоз бештар аз як бор такрор шавад, то кӯдак ба он одат карда, бар анҷоми он давом диҳад, зеро гоҳо кӯдак ҳам дучори хатову нисён мешавад. Ба ҳамин хотир буд, ки Анас (р) комилан мутобиқи суннат ва роҳу равиши Пайғамбари акрам (с) амал мекарду онро анҷом медод, ба гунае ки ҳар вақт аз канори кӯдакон ва афроди дигар мегузашт, бар онон салом мекарду мегуфт: “Пайғамбари акрам (с) ин корро мекарданд ва ба бузургу хурд салом медоданд. Табиист, ки вақте кӯдак борҳову борҳо мебинаду мешунавад, ки афроди бузургтар аз худ бар ӯ салом мекунанд, мусалламан ӯ низ салом карданро меомӯзаду онро такрор мекунад ва дар натиҷа дере нагузашта он одати ӯ мегардад.
Асоси ёздаҳуми равонӣ,
омӯзиши муназзам ва қадам ба қадами кӯдакон
Дар асоси қаблӣ баён намудем, ки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Вақте ки фарзанди шумо ба синни ҳафтсолагӣ расид, намоз хонданро ба ӯ дастур диҳед ва агар ба синни даҳсолагӣ расиду намозро нахонд (дастури шуморо низ барои хондани он анҷом надод),ӯро танбеҳ кунед».
Чунонки мулоҳиза мешавад, аз ин фармудаи Пайғамбари акрам (с) мабдаи азиме истифода мешавад, ки дар рӯҳу равони кӯдак бисёр муассиру созгор мебошад ва он иборат аст аз дастур додани муназзаму қадам ба қадам ба кӯдакон, парҳез аз якбора ироа намудани масоили зиёд, дастуроти дастаҷамъӣ ба онон, зеро ҳар марҳилае замони хосси худро дорад. Аз ин ҷиҳат, намоз, ки рукни асосиву сутуни дин мебошад, дар се марҳила ба таври муназзам, ба кӯдак дастур дода мешавад:
Марҳилаи аввал: Ин марҳила дар воқеъ марҳилаи мушоҳидаи кӯдак аз ҳамон лаҳзае мебошад, ки роҳ рафтанро шурӯъ мекунад, то замони расидан ба синни ҳафтсолагӣ идома меёбад. Вақте ки ӯ роҳгардиро меомӯзаду забон мекушояд ва мушоҳида менамояд, ки падару модараш мураттаб намоз мехонанд, ӯ низ ба намоз хондан алоқа пайдо мекунаду ба пайравӣ аз онон ба намоз хондан рӯй меоварад. Агар волидайнаш дар ин марҳила ӯро ба намоз хондан тамрину одат диҳанд, бисёр беҳтару нур болои нур мебошад.
Марҳилаи дуюм: Ин марҳила низ марҳилаи дастур додани волидайн ба кӯдак мебошад, ки аз ибтидои ҳафтсолагӣ шурӯъ мешавад ва то синни даҳсолагӣ идома меёбад. Аз ин вақт волидайн авомири худро мутаваҷҷеҳи кӯдак месозанд ва аз ӯ мехоҳанд, ки намоз бихонад.
Марҳилаи сеюм: Дар ин марҳила, ки аз даҳсолагӣ шурӯъ мешаваду идома ҳам меёбад, агар кӯдак дар ин син намоз нахонду амрҳову раҳнамудҳои волидайнашро напазируфт, таҳдиду танбеҳ мешавад (ба гунае ки ба устухону гӯшти ӯ зарар нарасад).
Бояд донист, ки дар ин дараҷабандиву қадам ба қадам амр намудан ба кӯдак, ҷиҳати намоз хондан, дар нафсу равони ӯ ва дар истиҷобат намуданаш бисёр муассиру корсоз мебошад. Зеро кӯдак дар марҳалаҳои навҷавонӣ мудом дар ҳоли рушду нумӯ мебошад, аз ин рӯ, лозим аст муназзам, ба сурати дараҷабандӣ ва интиқол аз марҳилае ба марҳилаи дигар бо ӯ бархӯрд кард, ва аз рӯи нақшаву ҳадафи мушаххасе бо ӯ рӯбарӯ шуд ва ба таносуби ҳар марҳалае ба вай дастур дод. Волидайн бояд ин марҳалаҳоро барои ӯ ба сурати мантиқиву мураттаб ба нақша гиранд ва ӯро барои иҷрои он ёрӣ диҳанд.
Асоси дувоздаҳуми равонӣ,
садо кардани кӯдак ба шеваи хубу дилнишин
Равшану возеҳ аст, ки Пайғамбари акрам (с) дар хитоб намуданашон ба кӯдакон танаввуъ эҷод мекарданд ва ононро ба муносибатҳои гуногун садо мезаданд, то ин ки барангехта шаванду дар ҳолати омодагӣ барои талаққиву ёдгирии гуфтор қарор гиранд, ба тавре ки гоҳе кӯдакро бо исмаш садо мезаданд ва бо ӯ шӯхӣ мекарданд. Ба унвони намуна, ба бародари Анас, ки бо паррандае бозӣ мекард, фармуданд: «Эй Абуумайр! Ин паррандаи хурд чӣ кор мекунад?». Як бор ҳам Ибни Аббосро дар даврони кӯдакияш мавриди хитоб қарор медоданду мефармуданд: «Эй ғулом (писар)! Ин чанд ҷумларо ба ту ёд медиҳам (онҳоро барои ҳамеша дар ёд дошта бош: авомир ва навоҳӣ) Худоро ҳифз ва риоя бинамо, Худованд низ туро (аз ҳар чизе) маҳфуз медорад! Худоро ба ёд дошта бош (пайваста),ӯро дар пеши рӯи худ меёбӣ, ҳар гоҳ чизе хостӣ, онро фақат аз Худо бихоҳ ва ҳар вақт кӯмаку ёрӣ талабидӣ, танҳо аз Худо кӯмаку ёрӣ талаб кун..то охир».[29]
Гоҳе ҳам мефармуданд: «Эй писарам, ба суфраи таом наздик шав ва таомро бо номи Худо шурӯъ кун ва бо дасти росту аз он чӣ, ки дар пеши ту аст, бихӯр».[30]
Пайғамбари акрам (с) аксаран аз рӯи меҳру муҳаббат Анасро садо мекарданду мефармуданд: «Эй писари азизам! Вақте ба хона ва хонаводаи худ ворид шудӣ, салом кун, чунки салом кардан мӯҷиби хайру баракат барои ту ва аҳли хонаводаат мешавад».[31]
Аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Пайғамбари акрам (с) ба ман фармуданд: «Эй писари азизам! Агар қодирӣ, бидуни ин ки ғиллу ғаше нисбат ба касе дар қалбат бошад, шабро рӯзу рӯзро бегоҳ кун, пас то метавонӣ ин корро бикун». Сипас фармуданд: «Эй писарам! Он кор аз роҳу равиши ман аст (ва бидон) касе, ки роҳу равиши маро зинда гардонад, ба дурустӣ маро дӯст медорад ва касе, ки маро дӯст дорад, бо ман дар биҳишт аст».[32]
Мегӯянд, ки саҳобаи бузургвор (р) кӯдаки мусалмонеро, ки падараш ба Ислом гаравида буд, садо мезаданд: «Эй бародарзодаам».
Чунонки Умар ибни Хаттоб (р) ба Ибни Аббос (р) гуфт: “Эй бародарзодаам! Бигӯ ва хештанро муҳаққиру камарзиш машумор”.
Аммо кӯдаки мусалмонеро, ки падараш ҳанӯз мусалмон нашуда буд, садо мезаданд: «Эй писарбачаи азизам».
Саъб ибни Ҳакам аз падараш ва аз бобояш ривоят намуда, ки гуфтааст: Назди Умар ибни Хаттоб (р) омадам, гуфт: “Эй бародарзодаам!!” Пас аз ин ки дар бораи падарам савол намуд ва донист, ки ҳанӯз мусалмон нашудааст, ин бор ба ман гуфт: “Эй писари азизам!” (ва “эй бародарзодаи азизам” нагуфт).[33]
Муслим дар «Саҳеҳ»-и худ аз Исҳоқ ибни Молик (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: Пайғамбари акрам (с) ба ман фармуданд: «Эй писарбаччаи азизам».
Боз Муслим аз Муғира ибни Шӯъба (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: “Ҳеҷ кас ба андозаи ман аз Расули Худо (с) дар бораи Даҷҷол савол намекард. Дар ҷавоб ба ман фармуданд: «Эй писарбаччаи азизам! Чӣ ранҷу машаққате аз ҷониби ӯ ба ту мерасад? (Бидон, ки) ҳаргиз ба ту зарару зиён намерасонад».[34]
Имом Нававӣ (р) гуфтааст: “Ин ду ҳадиси боло ишора ба ин аст, ки ҷоиз аст инсон ба ғайри писари худ, ки аз назари син аз ӯ хурдтар мебошад, «Эй писарам» бигӯядва ё ба сурати изҳори меҳрубонӣ бигӯяд: «Эй писарбаччаи азизам»ва ё бигӯяд: «Эй фарзандам», ки маънои он лутфу меҳрубонӣ нисбат ба ӯ мебошад, ки гӯё ба вай мегӯяд: “Ту назди ман дар шафқату меҳрварзӣ ба манзалаи фарзанди худам мебошӣ”. Ҳамчунин ин ду ҳадис баёнгари ҷоиз будани он аст, ки инсон ба кӯдак ва ба касе, ки ҳамсинну соли ӯ мебошад, бигӯяд: «Ё ахӣ», он ҳам ба ҳамон маъное, ки баён намудем, аммо агар дар ин хитоб қасди лутфу меҳрубонӣ дошта бошад, амри мустаҳаб аст, ҳамчунон ки Пайғамбари акрам (с) ҳамин маъноро қасд мекарданд.[35]
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Эй бародарзодаам! Бегумон касе, ки дар имрӯз (ки рӯзи Арафа аст) гӯшу чашму забони худро дар ихтиёр дошта бошад (ба хубӣ аз онҳо истифода кунаду ба номаҳрам нанигарад), мавриди омӯрзиш қарор мегирад».[36]
Ин ҳадис дар ривояти Байҳақӣ дар «Шуъбул-имон» бо ибороти «Ё ибни ахӣ...» шурӯъ шудааст. Дар ривояти Таёлисӣ бо ибороти «Маҳин ё ғулому...»[37] шурӯъ шудааст.
Дар ривоят омадааст, ки Ибни Аббос (р) гуфтааст: “Рӯзе пушти сари Расули Худо (с) қарор гирифта будам, фармуданд: «Эй писар! Ин чанд ҷумларо ба ту ёд медиҳам (онҳоро барои ҳамеша ба ёд дошта бош: авомир ва навоҳии) Худоро ҳифз ва риоя бинамо! Худованд низ туро (аз ҳар чизе) маҳфуз медорад...» то охири ҳадис. Дар ин ҷо нидо кардан бо ибораи «Эй писар» ба чашм мехӯрад, ки ба маънои «Эй писари хурдакак)» мебошад.
Оре, аз он чи дар ин боб баён гардид, натиҷа гирифта мешавад, ки кӯдакро ба сурати зебову муҳаббатомез садо кардан як бор ба сароҳати исм, бори дигар ба «Эй писар», як бор ҳам ба «Эй писари бародар» ва билохира бо “Эй писараки ман”, албатта ҳар як аз онҳо нафс ва равони кӯдакро бедор месозаду ӯро барои иҷобати нидо ва дарёфти паёми нидодиҳанда омода мекунад ва эҳсоси муҳаббат варзидани ни-докунандаро дарк мекунад...
[1]. Нақл аз «Ас-саодатул-узмо».. – С. 90, шайх Муҳаммад Хизри Ҳусайн.
[2]. Ривоят аз Анас (р). Ҳоким низ онро дар «Мустадрак»-и худ ривоят намуда, онро «саҳеҳу-л-иснод» донистааст.
[3]. Ба ривояти Ҳоким.
[4]. Ба ривояти Абӯяъло дар «Муснад». – Ҷ. 2.. – С. 191 бо санади саҳеҳ.
[5]. Ба ривояти Аҳмад аз Абдуллоҳ ибни Ҳорис (р).
[6]. Нақл аз «Манҳаҷу-т-тарбияту-л-исломия, таълифи Муҳаммад Қутб.
[7]. Ба ривояти Бухорӣ.
[8]. «Фатҳул-борӣ». – Ҷ. 1, саҳ, 197, шарҳи ҳадиси 61.
[9]. Нақл аз китоби Ат-Тиббун-набавӣ».. – С. 398.
[10]. Сураи Бақара, : 266.
[11]. Ба «Тафсири Қуртубӣ». – Ҷ. 3.. – С. 266 сураи Бақара» муроҷиат шавад.
[12]. Абдуллоҳ ибни Умар (р) дар соли дуюм ё сеюми биъсати Пайғамбари акрам (с) таваллуд шуд. Дар ҳоле ки кӯдак буд ва ба ҳадди булуғ нарасида буд, ҳамроҳи падараш мусулмон шуд. Пайғамбар (с) ба хотири хурдсолияш ба ӯ иҷозат надоданд дар ҷанги Уҳуд ширкат кунад. Аммо барои ҷанги Хандақ ба ӯ иҷозат доданд, то дар он ширкат кунад.
[13]. Ба ривояти Бухорӣ аз Ибни Умар (р).
[14]. Ба ривояти Бухорӣ дар «Саҳеҳ»-и худ дар боби Ман тарака сабийята ғайриҳи ҳатто талъаб…» аз Уммихолид (р).
[15]. Нақл аз «Фатҳу-л-борӣ». – Ҷ. 12.. – С. 34.
[16]. Ба ривояти Ибни Ҳиббон дар «Саҳеҳ»-и худ бо санади хуб.
[17]. Ба ривояти Ҳоким аз Абуҳурайра (р). Ин ҳадис дар «Тоҷул-усул». – Ҷ. 3.. – С. 357 бо ибораи дигар омадааст.
[18]. Ба ривояти Тирмизӣ ва Абудовуд аз Анас (р). Бо санади заиф, ба «Ҷомеъул-усул». – Ҷ. 11.. – С. 55-56 муроҷиат шавад.
[19]. Ба ривояти Зиё бо санади саҳеҳ, ба «Саҳеҳу-л-ҷомеъ» шумораи 5025 муроҷиат шавад.
[20]. Ба ривояти Абӯяъло бо санади хуб.
[21]. Ба ривояти Молик аз Сулаймон ибни Ясор (р).
[22]. «Ал-Баёну ва-т-таъриф фӣ асбоби вуруди-л-ҳадиси-ш-шариф, Ибни Ҳамза. – Ҷ. 2.. – С. 135.
[23]. Нақл аз «Эҳёу-л-улум». – Ҷ. 2.. – С. 238 боби ҳуқуқи волидайн ва валад.
[24]. Ба ривояти Тирмизӣ ва гуфтааст: Ҳадиси ғариб аст.
[25]. Ба ривояти Абудовуд, Насоӣ ва Ҳоким.
[26]. Ба ривояти Абудовуд, Аҳмад ва Тирмизӣ.
[27]. Сураи Тоҳо, 20: 132.
[28]. Ба ин сурат: 3×(365×5)=5475.
[29]. Ба ривояти Тирмизӣ барои иттилоъ бар тамоми ҳадис ба «Тоҷул-усул». – Ҷ. 5.. – С. 212 муроҷиат шавад.
[30]. Ба ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.
[31]. Ба ривояти Тирмизӣ бо санади хуб.
[32]. Ба ривояти Тирмизӣ.
[33]. Ба ривояти Бухорӣ дар «Адабул-муфрад» дар боби: Қавлур-раҷули: Ё бунай, хитоб ба кӯдаке, ки падараш мусулмон нашудааст.
[34]. Ба ривояти Муслим аз Муғира ибни Шӯъба (р).
[35]. Нақл аз шарҳи Муслим таълифи Имом Нававӣ дар боби: «Ҷавозу қавлуҳу лиғайри ибниҳи ё бунайя..».
[36]. Ба ривояти Имом Аҳмад дар «Муснад». – Ҷ. 1.. – С. 329.
[37]. Нақл аз «Ал-Канз». – Ҷ. 5.. – С. 68.