×
Ин мақола гирифташуда аз китоби "Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро", ки муаллифаш Д. Умар Сулаймон Ашқар аст, мебошад, ва ин қисми китоб дар бораи Сифатҳои азоб ва неъматҳои қабр аст.

    Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми шашум: Қабр

    Фасли чаҳорум: Қабр

    Мабҳаси чаҳорум: Азоб ва неъматҳои қабр

    Матлаби дуввум: Сифатҳои азоб ва неъматҳои қабр

    القيامة الصغرى وعلامات القيامة الكبرى، القسم السادس: صفة عذاب القبر ونعيمه

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таълиф: Д. Умар Сулаймон Ашқар

    تأليف: عمر سليمان الأشقر

    —™

    Таҳия: Мусъаб Ҳамза

    إعداد: مصعب حمزة

    Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми шашум: Қабр, Сифатҳои азоб ва неъматҳои қабр

    Фасли чаҳорум: Қабр

    Мабҳаси чаҳорум: Азоб ва неъматҳои қабр

    Матлаби дуввум: Сифатҳои азоб ва неъматҳои қабр

    Дар ҳадиси Бароъ ибни Озиб (р) омада буд, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуда буд: Фариштагон аз бандаи муъмин дар қабр савол мекунанд ва бандаи муъмин ҷавоби дуруст ва саҳеҳ медиҳад, Онгоҳ мунодие аз осмон нидо мекунад ва мегӯяд: Бандаи ман ростгӯ аст, пас аз фаршҳои биҳишт барояш биёваред ва ӯро либоси биҳишти бипӯшонед ва аз тарафи биҳишт барояш даре боз кунед. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

    (فَيَأْتِيهِ مِنْ رَوْحِهَا وَطِيبِهَا وَيُفْسَحُ لَهُ فِي قَبْرِهِ مَدَّ بَصَرِهِ قَالَ وَيَأْتِيهِ رَجُلٌ حَسَنُ الْوَجْهِ حَسَنُ الثِّيَابِ طَيِّبُ الرِّيحِ فَيَقُولُ أَبْشِرْ بِالَّذِي يَسُرُّكَ هَذَا يَوْمُكَ الَّذِي كُنْتَ تُوعَدُ فَيَقُولُ لَهُ مَنْ أَنْتَ فَوَجْهُكَ الْوَجْهُ يَجِيءُ بِالْخَيْرِ فَيَقُولُ أَنَا عَمَلُكَ الصَّالِحُ فَيَقُولُ رَبِّ أَقِمْ السَّاعَةَ حَتَّى أَرْجِعَ إِلَى أَهْلِي وَمَالِي)

    “Насиму бӯйи хуши биҳишт аз он равзана ба муъмин мерасад ва ба миқдори дидани чашм қабраш барояш васеъ ва кушод мегардад. Ва фармуд: Марди зебосурате бо либоси зебо, ки аз ӯ бӯйи хуш метаровад, наздаш меояд ва мегӯяд: Бо чизе ки сабаби хушҳоли аст, хушҳол бош, имрӯз рӯзи ту аст, ки ваъда дода шуда буди, (хушнудии Худованд дар боғҳое ки пур аз неъматҳои сармади ҳастанд, имрӯз ба ту дода мешаванд) Пас мегӯяд: Ту ки ҳастӣ, аз чеҳраи ту оромиш ва некуйи меборад, Он марди нексират ва зебосурат мегӯяд: Ман амалҳои некуи ту ҳастам. (Ман дар дунё туро чунин дидам, ки дар тоат ва ибодати шитоб мекарди ва аз маъсияту нофармонии Худованд худдори мекарди, бинобарин Худованд туро подоши неку додааст.) Баъд даре аз биҳишт ва даре аз дӯзах барояш боз мешавад, бо ишора ба суйи дӯзах ба ӯ гуфта мешавад: Агар Худоро нофармони мекарди инҷо (дӯзах) ҷои ту мебуд. Вале Худованд ба ҷойи дӯзах ин биҳиштро ба ту додааст. Вақте он бандаи муъмин ба суи биҳишт нигоҳ мекеунад ва неъматҳои онро мебинад, мегӯяд: Парвардигоро! Қиёматро ҳарчи зудтар барпо дор то ман назди аҳлу моли худ баргардам. Ба ӯ гуфта мешавад: То қиёмат барпо нашудааст ҳаминҷо ( дар қабр) зиндаги кун.

    Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

    Аз чеҳраи ту оромиш ва некуи меборад. Он марди некусират ва зебосурат мегӯяд: ман аъмоли некуи ту ҳастам, ман дар дунё туро чунин дидам, ки дар ибодат ва итоати Худованд мешитофти, ба сӯи маъсият ва нофармонӣ бисёр кундрафтор будӣ, бинобар ин Худованд туро подоши неку додааст. Сипас даре аз биҳишт ва дари дигаре сӯи дузах барояш боз мешавад, бо ишора ба сӯи дӯзах ба ӯ гуфта мешавад: агар Худоро маъсият мекарди инҷо (яъне дӯзах) ҷои ту буд. Аммо Худованд ба ҷои он инро (яъне биҳиштро) ба ту додааст. Вақте он бандаи муъмин ба сӯи биҳишт нигоҳ мекунад ва неъматҳои биҳиштро мебинад, мегӯяд: Парвардигоро! Қиёматро ҳарчи зудтар барпо дор то ман назди аҳлу молам баргардам. Ба ӯ гуфта мешавад: то барпо шудани қиёмат инҷо (яъне дар қабр) зиндагӣ кун.

    Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

    (فَيُنَادِي مُنَادٍ مِنْ السَّمَاءِ أَنْ كَذَبَ فَافْرِشُوا لَهُ مِنْ النَّارِ وَافْتَحُوا لَهُ بَابًا إِلَى النَّارِ فَيَأْتِيهِ مِنْ حَرِّهَا وَسَمُومِهَا وَيُضَيَّقُ عَلَيْهِ قَبْرُهُ حَتَّى تَخْتَلِفَ فِيهِ أَضْلَاعُهُ وَيَأْتِيهِ رَجُلٌ قَبِيحُ الْوَجْهِ قَبِيحُ الثِّيَابِ مُنْتِنُ الرِّيحِ فَيَقُولُ أْشِرْ بِالَّذِي يَسُوءُكَ هَذَا يَوْمُكَ الَّذِي كُنْتَ تُوعَدُ فَيَقُولُ مَنْ أَنْتَ فَوَجْهُكَ الْوَجْهُ يَجِيءُ بِالشَّرِّ فَيَقُولُ أَنَا عَمَلُكَ الْخَبِيثُ فَيَقُولُ رَبِّ لَا تُقِمْ السَّاعَةَ)

    “Бандаи кофир ё фоҷир вақте саволи мункар ва накирро бад ҷавоб медиҳад, мунодие аз аз осмон садо мезанад, ки бандаи ман дуруғ мегӯяд, бинобар ин фарше аз оташи дӯзахро барояш паҳн кунед ва дареро ба сӯи дӯзах барояш боз намоед то гармӣ ва тундии оташи дузах ба ӯ бирасад ва қабрашро чунон танг кунед то паҳлуҳояш дар ҳамдигар дохил шаванд. Онгоҳ марде назди вай меояд (дар ривояти дигар зоҳир мешавад) мардест бисёр бадшакл ва бадқиёфа, ки бӯи бад аз ӯ метаровад ва хитоб ба бандаи кофир ё фоҷир мегӯяд: ончи ки мояи нороҳатии ту аст ба ту мерасад ва ин ҳамон рӯзе аст, ки дар дунё ба ту ваъид медоданд. Бандаи кофир мегӯяд: ту кӣ ҳастӣ?

    Чеҳраи ту ҳамвора бадиро бо худ дорад. Он марди бадшакл ва бадсират мегӯяд: ман амалҳои нопоки ту ҳастам, ба Худо савганд ман дар дунё туро дидам, ки дар итоат ва бандагии Аллоҳ бисёр суст буди, вале дар нофармонии Ӯ бисёр фаъол буди, лизо Худованд туро сазои муносиб хоҳад дод. Сипас Худованди муттаол маъмури гунг ва кареро, ки шалоқ ва тозиёна дар даст дорад бар вай мегуморад ва зарбааш чунон маҳкам ва корӣ аст, ки агар бар кӯҳ ворид шавад ба хок мубаддал мегардад. Ин маъмури гумошташуда ӯро чунон мекубад, ки ба хок мубаддал мешавад ва дубора ӯро ба ҳолати аввал бармегардонад ва бори дигар ӯро мезанад ва бар сараш чунон мекубад, ки ба хок мубаддал мешавад ва чунон фарёде мекашад, ки ҷуз инсу ҷин ҳама мавҷудот садои ӯро мешунаванд. Сипас даре аз тарафи дӯзах барояш кушода мешавад ва фарши оташин барояш паҳн мегардад. Чун ояндаашро бадтар мебинад, мегӯяд: Парвардигоро қиёматро ба таъхир бияндоз.

    Дар ҳадиси ҳазрати Анас (р) чунин омадааст: вақте бандаи муъмин ҷавоби мункар ва накирро дар қабр дуруст ҷавоб бидиҳад, ба ӯ гуфта мешавад: ба ҷойгоҳ ва манзили худ дар дӯзах нигоҳ кун, Худованд ба ҷои он маконеро дар биҳишт ба ту арзонӣ додааст. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: муъмин ҳар ду манзили худро мебинад. Қатода мегӯяд: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои мо чунин низ фармуд, ки қабри муъмин баъд аз ин савол ва ҷавоб кушод карда мешавад ва кофир ва мунофиқ баъд аз ҷавоби дурӯғин, ки дар посухи фариштаҳо медиҳанд хитоб ба онҳо гуфта мешавад: ту на худат фаҳмиди ва на аз дигарон пайравӣ карди. Сипас миёни ду гӯшаҳояш ба василаи чакуш мавриди зарба қарор мегирад ва фарёд мезанад ва ба ҷуз ҷин ва инсонҳо ҳамаи мавҷудот садои ӯро мешунаванд. (Бухорӣ ва Муслим).

    Ончи ки дар ҳадис ба он ишора шуд, мабни бар инки ҳар инсоне маскан ва манзили худро дар дӯзах ё биҳишт мушоҳида хоҳад кард, маҳдуд ба чанд соат ё чанд рӯзе нест, балки бино ба тасриҳи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар тамоми муддати иқомат дар қабр чунин чизе ба ӯ нишон дода мешавад. Дар ҳадисе аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) чунин омадааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

    (إِنَّ أَحَدَكُمْ إِذَا مَاتَ عُرِضَ عَلَيْهِ مَقْعَدُهُ بِالْغَدَاةِ وَالْعَشِيِّ إِنْ كَانَ مِنْ أَهْلِ الْجَنَّةِ فَمِنْ أَهْلِ الْجَنَّةِ وَإِنْ كَانَ مِنْ أَهْلِ النَّارِ فَمِنْ أَهْلِ النَّارِ فَيُقَالُ هَذَا مَقْعَدُكَ حَتَّى يَبْعَثَكَ اللَّهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ)

    (Ҳаргоҳ яке аз шумо бимирад субҳ ва шом манзил ва масканашро ба ӯ нишон хоҳанд дод, агар аз аҳли биҳишт бошад манзилаш биҳишт ва агар аҳли дӯзах бошад дар ҷаҳаннам манзилашро мебинад ва хитоб ба ӯ гуфта мешавад: ин манзили туст ва то рӯзи қиёмат дар қабр ҳасти ва баъд аз барпо шудани қиёмат ба онҷо мунтақил хоҳи шуд)

    Имом Тирмизӣ аз ҳазрати Абуҳурайра (р) ҳадисеро чунин нақл мекунад: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (قَدْ كُنَّا نَعْلَمُ أَنَّكَ تَقُولُ هَذَا ثُمَّ يُفْسَحُ لَهُ فِي قَبْرِهِ سَبْعُونَ ذِرَاعًا فِي سَبْعِينَ ثُمَّ يُنَوَّرُ لَهُ فِيهِ ثُمَّ يُقَالُ لَهُ نَمْ فَيَقُولُ أَرْجِعُ إِلَى أَهْلِي فَأُخْبِرُهُمْ فَيَقُولَانِ نَمْ كَنَوْمَةِ الْعَرُوسِ الَّذِي لَا يُوقِظُهُ إِلَّا أَحَبُّ أَهْلِهِ إِلَيْهِ حَتَّى يَبْعَثَهُ اللَّهُ مِنْ مَضْجَعِ)

    “Мункар ва Накир баъд аз посухи дурусти бандаи муъмин хитоб ба ӯ мегӯянд: мо медонистем, ки ту ҳамин посухро хоҳи дод. Сипас тул ва арзи қабри ӯ ба мизони ҳафтод зироъ кушод мешавад ва мунаввар мегардад ва сипас ба ӯ гуфта мешавад: бихоб ва истироҳат кун. Ӯ мегӯяд: мехоҳам назди зану фарзанд ва аҳли худ биравам, ба ӯ гуфта мешавад: монанди арӯсе, ки танҳо наздик ва маҳбубтарин фард метавонад ӯро бедор кунад то рӯзи растохез бихоб”.

    Вале он ду фаришта ба мунофиқ мегӯянд:

    (قَدْ كُنَّا نَعْلَمُ أَنَّكَ تَقُولُ ذَلِكَ فَيُقَالُ لِلْأَرْضِ الْتَئِمي‌عَلَيْهِ فَتَلْتَئِمُ عَلَيْهِ فَتَخْتَلِفُ فِيهَا أَضْلَاعُهُ فَلَا يَزَالُ فِيهَا مُعَذَّبًا حَتَّى يَبْعَثَهُ اللَّهُ مِنْ مَضْجَعِهِ ذَلِكَ)

    (Мо медонистем, ки ту ҳамин посухи дурӯғинро мегӯи. Онгоҳ ба замин дустур дода мешавад, ки ӯро бифишорад ва замин ҳам ӯро чунон фишор медиҳад, ки паҳлуҳояш дар ҳам омехта мешаванд ва ӯ ҳамвора дар азоб мемонад то рӯзи қиёмат, ки Худованд ӯро аз қабр бармехезонад)

    Матлаби сеюм: Оё мусалмонон дар қабрҳояшон азоб дода мешаванд?

    Қуртубӣ ба нақл аз Абумуҳаммади Абдулҳақ мегӯяд: азоби қабр мухтасси куфор ва мунофиқон нест, балки гурӯҳе аз муъминон низ ба он мубтало мешаванд ва ҳар инсоне ба андозаи кирдораш муҷозот мегардад.

    Далоили фаровоне дар ин маврид ривоят шудааст, ки мо ба зикри бархе аз онҳо дар мабҳаси оянда иктифо мекунем.

    Матлаби чорум: Сабабҳои азоби қабр

    Азоби қабр ду навъ, асбоби муфассал ва муҷмал дорад, асбоби муҷмалро метавон ҷаҳл ба Худо, пушти сар гузоштани дустурот ва иртикоби манҳиёти Худованд ном бурд, (Лавомиъул анвор ал-баҳия 2/17), вале дар мавриди асбоби муфассал нусуси фаровоне ривоят шудаанд, ки мо ба бархе аз онҳо иктифо мекунем.

    1-2 Дури накардан аз пешоб ва суханчинӣ

    Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз канори ду қабр гузаштанд ва фармуданд:

    (أَمَا إِنَّهُمَا لَيُعَذَّبَانِ وَمَا يُعَذَّبَانِ فِي كَبِيرٍ أَمَّا أَحَدُهُمَا فَكَانَ يَمْشِي بِالنَّمِيمَةِ وَأَمَّا الْآخَرُ فَكَانَ لَا يَسْتَتِرُ مِنْ بَوْلِهِ قَالَ فَدَعَا بِعَسِيبٍ رَطْبٍ فَشَقَّهُ بِاثْنَيْنِ ثُمَّ غَرَسَ عَلَى هَذَا وَاحِدًا وَعَلَى هَذَا وَاحِدًا ثُمَّ قَالَ لَعَلَّهُ أَنْ يُخَفَّفُ عَنْهُمَا مَا لَمْ يَيْبَسَا)

    (Соҳибони ин ду қабр дар ҳоли азоб ҳастанд, ҳарчанд иллати азоби онҳо гуноҳи бузурге нест, сипас дар идома фармуд: яке суханчин буд ва дигаре ҳангоми қазои ҳоҷат иститор (худро аз пешоб пок ва хушк намекард) намекард. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шохаи сарсабзи дарахти хурморо нисф кард ва рӯи қабри ҳар кадом шохае аз онҳоро кошт ва фармуд: ба ин умед то сабз будани шохаҳо азобашон тахфиф ёбад). (Китоби Ҷаноиз)

    Имом Насоӣ аз ҳазрати Оиша (р) чунин нақл мекунад, ки зане аз яҳудиёни Мадина ба хонаи ман омад ва гуфт: азоби қабр ба хотири бавл ва пешоб аст. Ман ҳам ҳарфи ӯро напазируфтам ва гуфтам: ту дурӯғ мегӯи. ӯ гуфт: чаро, мо яҳудиён бадан ва либоси наҷасшуда ба идроро қатъ мекунем. Дар ин мавқеъ, ки сару садои мо баланд шуд ва Паёмбар ҳам ба сӯи намоз мерафт, фармуд:

    (مَا هَذَا فَأَخْبَرْتُهُ بِمَا قَالَتْ فَقَالَ صَدَقَتْ فَمَا صَلَّى بَعْدَ يَوْمِئِذٍ صَلَاةً إِلَّا قَالَ فِي دُبُرِ الصَّلَاةِ رَبَّ جِبْرِيلَ وَمِيكَائِيلَ وَإِسْرَافِيلَ أَعِذْنِي مِنْ حَرِّ النَّارِ وَعَذَابِ الْقَبْرِ)

    (Ин ҳама сару садоҳо барои чист? Ман ҳам ҷараёнро барояшон гуфтам. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: ӯ рост мегӯяд. Ҳазрати Оиша (р) мефармояд: баъд аз он ҷараён Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)- ро медидам, ки ба дунболи ҳар намозе мефармуд: эй Парвардигори Ҷибраил ва Микоил ва Исрофил аз шиддати гармии ҷаҳаннам ва азоби қабр ба ту паноҳ мебарам) (Насоӣ дар сунанаш ҳадисро нақл кардааст, Ҷомеул усул 11\167.)

    Аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки фармуданд: ағлаби азоби қабр ба хотири идрор ва пешоб аст.

    Ҳазрати Анас (р) аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чунин мегӯяд:

    (تَنَزَّهُوا مِنَ الْبَوْلِ فَإِنَّ عَامَّةَ عَذَابِ الْقَبْرِ مِنْهُ)

    (Аз олудагии пешоб бипарҳезед, чун ағлаби азоби қабр ба хотири пешоб аст) (Албонӣ дар китоби “Ирвоул ғалил” ҳадисро нақл кардааст ва ривоятро ба Дорулқутнӣ нисбат додааст. Ирвоул ғалил 1\311.)

    3 Дуздӣ аз моли ғанимат

    Аз ҷумлаи гуноҳоне, ки сабаби азоби қабр мешавад дуздидан аз байтулмол ё аз моли ғанимати мусалмонон аст. Аҳодиси фаровоне дар ин маврид ривоят шудааст, масалан Абуҳурайра (р) ривоят мекунад:

    (فَأَهْدَى رَجُلٌ غُلَامًا يُقَالُ لَهُ مِدْعَمٌ، بَيْنَمَا مِدْعَمٌ يَحُطُّ رَحْلًا لِرسولالله صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِذَا سَهْمٌ عَائِرٌ فَقَتَلَهُ فَقَالَ النَّاسُ هَنِيئًا لَهُ الْجَنَّةُ فَقَالَ رسولالله صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَلَّا وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ إِنَّ الشَّمْلَةَ الَّتِي أَخَذَهَا يَوْمَ خَيْبَرَ مِنْ الْمَغَانِمِ لَمْ تُصِبْهَا الْمَقَاسِمُ لَتَشْتَعِلُ عَلَيْهِ نَارًا فَلَمَّا سَمِعَ ذَلِكَ النَّاسُ جَاءَ رَجُلٌ بِشِرَاكٍ أَوْ شِرَاكَيْنِ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ شِرَاكٌ مِنْ نَارٍ أَوْ شِرَاكَانِ مِنْ نَارٍ)

    (Марде ғуломеро ба номи “Мидъам” ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадя кард, вақте ғулом мехост савории Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро ҷое бигзорад мавриди исобати тири ношинохтае қарор гирифт ва ҷон супурд. Мардум гуфтанд: биҳишт барояш муборак бошад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: ҳаргиз! Савганд ба Худое, ки ҷони ман ба дасти Ӯст оташи ҷаҳаннамро барои худ шуълавар сохт, чун дар ҷанги Хайбар қабл аз тақсими моли ғанимат порчаеро дуздида буд. Вақте мардум ин ваъиди сахтро шуниданд марде бо як ё ду банди кафш пеши Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад, гуфт: ин ҳам сабаби шуълавар шудани оташи ҷаҳаннам мешавад?) (Мутафаққун алайҳ. Мишкотул масобиҳ, 2\401)

    Аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки фармуд: шахсе ба номи Каркара маъмур ба муҳофизати амволи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буд, вафот кард, Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: ӯ дар оташ аст. Мардум дар садади таҳқиқи амволи ӯ баромаданд, диданд, ки абоаеро (ҷома ё болопӯшро) аз ғанимат дуздидааст. (Мишкотул масобиҳ)

    4-7 Дурӯғ гуфтан, раҳо кардани Қуръон, иртикоби зино ва рибохорӣ.

    Худованди мутаъол илат ва асбоби мутааддидеро, ки сабаби азоб мешаванд ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишон додааст, дар саҳеҳи Бухорӣ аз Самра ибни Ҷундуб (р) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баъд аз намоз рӯй ба тарафи мо кард ва гуфт:

    (مَنْ رَأَى مِنْكُمْ اللَّيْلَةَ رُؤْيَا قَالَ فَإِنْ رَأَى أَحَدٌ قَصَّهَا فَيَقُولُ مَا شَاءَ اللَّهُ فَسَأَلَنَا يَوْمًا فَقَالَ هَلْ رَأَى أَحَدٌ مِنْكُمْ رُؤْيَا قُلْنَا لَا قَالَ لَكِنِّي رَأَيْتُ اللَّيْلَةَ رَجُلَيْنِ أَتَيَانِي فَأَخَذَا بِيَدِي فَأَخْرَجَانِي إِلَى الْأَرْضِ الْمُقَدَّسَةِ فَإِذَا رَجُلٌ جَالِسٌ وَرَجُلٌ قَائِمٌ بِيَدِهِ كَلُّوبٌ مِنْ حَدِيدٍ قَالَ بَعْضُ أَصْحَابِنَا عَنْ مُوسَى إِنَّهُ يُدْخِلُ ذَلِكَ الْكَلُّوبَ فِي شِدْقِهِ حَتَّى يَبْلُغَ قَفَاهُ ثُمَّ يَفْعَلُ بِشِدْقِهِ الْآخَرِ مِثْلَ ذَلِكَ وَيَلْتَئِمُ شِدْقُهُ هَذَا فَيَعُودُ فَيَصْنَعُ مِثْلَهُ قُلْتُ مَا هَذَا قَالَا انْطَلِقْ فَانْطَلَقْنَا حَتَّى أَتَيْنَا عَلَى رَجُلٍ مُضْطَجِعٍ عَلَى قَفَاهُ وَرَجُلٌ قَائِمٌ عَلَى رَأْسِهِ بِفِهْرٍ أَوْ صَخْرَةٍ فَيَشْدَخُ بِهِ رَأْسَهُ فَإِذَا ضَرَبَهُ تَدَهْدَهَ الْحَجَرُ فَانْطَلَقَ إِلَيْهِ لِيَأْخُذَهُ فَلَا يَرْجِعُ إِلَى هَذَا حَتَّى يَلْتَئِمَ رَأْسُهُ وَعَادَ رَأْسُهُ كَمَا هُوَ فَعَادَ إِلَيْهِ فَضَرَبَهُ قُلْتُ مَنْ هَذَا قَالَا انْطَلِقْ فَانْطَلَقْنَا إِلَى ثَقْبٍ مِثْلِ التَّنُّورِ أَعْلَاهُ ضَيِّقٌ وَأَسْفَلُهُ وَاسِعٌ يَتَوَقَّدُ تَحْتَهُ نَارًا فَإِذَا اقْتَرَبَ ارْتَفَعُوا حَتَّى كَادَ أَنْ يَخْرُجُوا فَإِذَا خَمَدَتْ رَجَعُوا فِيهَا وَفِيهَا رِجَالٌ وَنِسَاءٌ عُرَاةٌ فَقُلْتُ مَنْ هَذَا قَالَا انْطَلِقْ فَانْطَلَقْنَا حَتَّى أَتَيْنَا عَلَى نَهَرٍ مِنْ دَمٍ فِيهِ رَجُلٌ قَائِمٌ عَلَى وَسَطِ النَّهَرِ قَالَ يَزِيدُ وَوَهْبُ بْنُ جَرِيرٍ عَنْ جَرِيرِ بْنِ حَازِمٍ وَعَلَى شَطِّ النَّهَرِ رَجُلٌ بَيْنَ يَدَيْهِ حِجَارَةٌ فَأَقْبَلَ الرَّجُلُ الَّذِي فِي النَّهَرِ فَإِذَا أَرَادَ أَنْ يَخْرُجَ رَمَى الرَّجُلُ بِحَجَرٍ فِي فِيهِ فَرَدَّهُ حَيْثُ كَانَ فَجَعَلَ كُلَّمَا جَاءَ لِيَخْرُجَ رَمَى فِي فِيهِ بِحَجَرٍ فَيَرْجِعُ كَمَا كَانَ فَقُلْتُ مَا هَذَا قَالَا انْطَلِقْ فَانْطَلَقْنَا حَتَّى انْتَهَيْنَا إِلَى رَوْضَةٍ خَضْرَاءَ فِيهَا شَجَرَةٌ عَظِيمَةٌ وَفِي أَصْلِهَا شَيْخٌ وَصِبْيَانٌ وَإِذَا رَجُلٌ قَرِيبٌ مِنْ الشَّجَرَةِ بَيْنَ يَدَيْهِ نَارٌ يُوقِدُهَا فَصَعِدَا بِي فِي الشَّجَرَةِ وَأَدْخَلَانِي دَارًا لَمْ أَرَ قَطُّ أَحْسَنَ مِنْهَا فِيهَا رِجَالٌ شُيُوخٌ وَشَبَابٌ قُلْتُ طَوَّفْتُمَانِي اللَّيْلَةَ فَأَخْبِرَانِي عَمَّا رَأَيْتُ قَالَا نَعَمْ أَمَّا الَّذِي رَأَيْتَهُ يُشَقُّ شِدْقُهُ فَكَذَّابٌ يُحَدِّثُ بِالْكَذْبَةِ فَتُحْمَلُ عَنْهُ حَتَّى تَبْلُغَ الْآفَاقَ فَيُصْنَعُ بِهِ إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ وَالَّذِي رَأَيْتَهُ يُشْدَخُ رَأْسُهُ فَرَجُلٌ عَلَّمَهُ اللَّهُ الْقُرْآنَ فَنَامَ عَنْهُ بِاللَّيْلِ وَلَمْ يَعْمَلْ فِيهِ بِالنَّهَارِ يُفْعَلُ بِهِ إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ وَالَّذِي رَأَيْتَهُ فِي الثَّقْبِ فَهُمْ الزُّنَاةُ وَالَّذِي رَأَيْتَهُ فِي النَّهَرِ آكِلُوا الرِّبَا وَالشَّيْخُ فِي أَصْلِ الشَّجَرَةِ إِبْرَاهِيمُ عَلَيْهِ السَّلَام وَالصِّبْيَانُ حَوْلَهُ فَأَوْلَادُ النَّاسِ وَالَّذِي يُوقِدُ النَّارَ مَالِكٌ خَازِنُ النَّارِ وَالدَّارُ الْأُولَى الَّتِي دَخَلْتَ دَارُ عَامَّةِ الْمُؤْمِنِينَ وَأَمَّا هَذِهِ الدَّارُ فَدَارُ الشُّهَدَاءِ وَأَنَا جِبْرِيلُ وَهَذَا مِيكَائِيلُ فَارْفَعْ رَأْسَكَ فَرَفَعْتُ رَأْسِي فَإِذَا فَوْقِي مِثْلُ السَّحَابِ قَالَا ذَاكَ مَنْزِلُكَ قُلْتُ دَعَانِي أَدْخُلْ مَنْزِلِي قَالَا إِنَّهُ بَقِيَ لَكَ عُمُرٌ لَمْ تَسْتَكْمِلْهُ فَلَوْ اسْتَكْمَلْتَ أَتَيْتَ مَنْزِلَكَ)

    (Кадоме аз шумо шаби гузашта хоб дидааст? Онгоҳ агар касе хобе дида буд онро барои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён мекард.

    Рӯзе тибқи маъмул аз мо савол кард ва фармуд: оё касе аз шумо хоб дидааст? гуфтанд: на хайр.

    Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: аммо ман дишаб ду мардро дар хоб дидам, он ду мард назди ман омаданд ва дасти маро гирифта маро ба сӯи сарзамини муқаддас бурданд, дидам марде нишаста аст ва марди дигаре дар ҳоле, ки истода ва занҷирҳои оҳанин дар даст дорад, чангакҳои оҳанинро аз даҳон марди нишаста фурӯ мебарад ва берун меоварад ва дар тарафи дигар дохил мекард, ин амалро ҳамвора бидуни таваққуф анҷом медод.

    Агар яке аз ду фуккаш дуруст мешуд бори дигар чангакро аз он мегузаронд ва аз пушти гардан берун меорад, факки порашуда дубора ба ҳолати аввал бозмегардад ва ӯ ин амалро дубора анҷом медод. Гуфтам: моҷаро чист ва ин чи гап аст? Он ду мард ба ман гуфтанд: пештар биравем, пештар рафтем ва аз канори шахсе гузаштем, ки бо пушт дар рӯи замин дароз кашида буд ва марди дигаре бар сари ӯ истода ва санге дар даст дошт ва сари марди хобидаро бо он санг мекубид, ҳаргоҳ санг ба сари ӯ мехурд ба суръат бармегашт ва дур меафтод ва зарбааш чунон корӣ буд, ки сари мардро реза реза мекард. Вақте марди зананда ба сӯи санг бармегашт то онро дубора бигирад, ҳануз ба санг наздик намешуд, ки сари реза-реза шуда ба ҳолати аввал бозмегашт, он мард бори дигар бо ҳамон санг сари ӯро мекубид. Гуфтам: ин чист ва он мард, ки сараш куфта мешуд кист? Гуфтанд: пештар биравем, вақте аз канори чолае (сурохе) монанди танур убур кардем, даҳони ин чола танг ва қаъраш бисёр васеъ буд ва аз умқи он оташ шуъла мезад. Вақте оташ боло меомад мардон ва занони луче, ки дар оташ месухтанд боло меомаданд ва наздик буд, ки аз чола берун биоянд ва ҳаргоҳ шуъла ба хомӯшӣ мегароид, онон ба умқи чола бармегаштанд. Гуфтам инҳо чи касоне ҳастанд? Он ду мард гуфтанд: пештар биравем, рафтем то инки аз канори дарёе гузаштем, ки дар он марде буд ва марди дигаре, ки санг дар даст дошт дар канори дарё истода буд, ҳаргоҳ мехост берун биояд бо санг ӯро мезад ва ӯро дубора бозмегардонид, ин амал ҳамвора аз ҳар ду тарафи он мард такрор мешуд. Гуфтам: ин чист? Ба ман гуфта шуд: пештар биравем, рафтем то инки аз канори як боғи бисёр сарсабз гузаштем, дар он боғ дарахтҳои бисёр бузурге вуҷуд дошт, зери он дарахтон пирамард ва кудакеро дидам, мардеро наздики дарахте дидам, ки зеботар аз онро ҳаргиз надида будам. Дар он манзил мардон, занҳо, пирон, ҷавонон ва кудакон нишаста буданд, сипас аз болои дарахт маро ба манзили дигар бурданд, ки аз манзили аввалӣ зеботар буд, дар он манзил ҳам пирамардон ва ҷавононе нишаста буданд. Гуфтам: тамоми шаб маро ба сайру гашт бурди, акнун аз ончи, ки дидам маро огоҳ созед, дар ҷавоб гуфтанд: оре, марде, ки фукашро бо оҳан сурох мекарданд, дуруғгӯ аст, ӯ дуруғ мегуфт ва шунавандагон дуруғҳои ӯро нақл мекарданд ва ба атрофи олам мерасонданд, бинобар ин ончи, ки мушоҳида намуди то рӯзи қиёмат бар ӯ анҷом хоҳад гирифт.

    Ва касе, ки сарашро бо санг мекуфтанд, марде буд, ки Худованд Қуръон ва аҳкоми диниро ба ӯ омӯхта буд вале ӯ шабҳо ба ҷои қуръон хондан мехобид ва рӯзҳо бадон амал намекард ва то рӯзи қиёмат ба ҳамон азоб, ки мушоҳида карди гирифтор мешавад. Касоне, ки дар чоҳи оташ буданд зинокорон ва афроди дохили дарёи хун, рибохорон. Пирамарде, ки зери дарахт ҳазрати Иброҳим (а) ва кудаконеро, ки дар канори ӯ мушоҳида карди, фарзандони ӯ ҳастанд ва равшанкунандаи оташ Молик ва нигаҳбонони ҷаҳаннам буданд.

    Манзили аввал маскани муъминон ва манзили дуюм азони шаҳидони уммати исломӣ буд ва ман ҳам Ҷибраил ва ин дуюми ҳам Микоил аст, ҳоло саратро баланд кун, вақте сарамро баланд кардам болои худро монанди абрҳо дидам, ба ман гуфтанд: ин манзили ту аст. Гуфтам: пас бигзоред вориди он шавам. Гуфтанд: ҳануз умри ту боқӣ аст ва манзилатро ба итмом нарасонидаи ва ҳаргоҳ онро ба поён бирасони вориди он хоҳи шуд) (Бухорӣ, китоб Алҷаноиз. Фатҳулборӣ 3\251).

    Бадеҳкорӣ ва зиндонии қабр

    Бадеҳкорӣ ва қарз сабаби эҷоди зарар ва зиён дар қабр мешавад, аз ҳазрати Саъд ибни Атвал (р) ривоят шудааст, ки бародараш дар ҳоле фавт кард, ки сесад дирҳам тарака дошт ва зан ва фарзанди фақир ва бенавоеро ба ҷо гузошт. Саъд мегӯяд: хостам таракаро барои хонаводаи бародарам харҷ кунам, Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (إِنَّ أَخَاكَ مَحْبُوسٌ بِدَيْنِهِ فَاذْهَبْ فَاقْضِ عَنْهُ)

    (Бародари ту дар баробари қарзҳояш дар қабр зиндонӣ аст, бирав қарзҳояшро бипардоз)

    Саъд мегӯяд: рафтам қарзҳои бародарамро пардохт кардам ва баргаштам ва арз кардам: эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) тамоми қарзҳояшро пардохт кардам фақат ду динор боқӣ мондааст, ки зане муддаи аст онҳоро ба вадиа ба бародарам додааст, вале далиле надорад. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (أَعْطِهَا فَإِنَّهَا صَادِقَةٌ)

    (Онро ҳам бипардоз, чун зан рост мегӯяд) (Шайх Носируддини Албонӣ мегӯяд: ин ҳадисро Ибни Моҷа овардааст “Аҳкомул ҷаноиз” саҳ15)

    Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин ҳадис хабар медиҳад, ки он саҳобӣ ба хотири қарзҳояш маҳбус аст ва дар ҳадиси дигар, ки мумкин аст тафсири ин ҳадис бошад ва мафҳуми маҳбус буданро шарҳ медиҳад, чунин омадааст:

    (إِنَّهُ مَأْسُورٌ بِدَيْنِه عن الجنةِ)

    (Ӯ ба хотири қарзҳояш аз ворид шудан ба биҳишт манъ шудааст)

    Дар ривояти Самура ибни Ҷундуб чунин омадааст: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар ҷанозае намози майит мехонд, вақте салом дод фармуд: Оё аз қабилаи фалон касе миёни шумо ҳаст? Ҳозирин сукут ихтиёр карданд. (Ҳаргоҳ Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз саҳобаи киром савол мекард, нахуст онҳо сокит мешуданд). Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чанд бор такрор фармуд, вале боз ҳам касе ҷавоб надод, билохира яке гуфт: оре, фалони ҳозир аст. Ровӣ мегӯяд: марде, ки изорашро бар замин мекашид аз поёни масҷид баланд шуд ва назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: чаро дар ду бори аввал ҷавоб надодӣ? Ман ҷуз хайр ҳеҷ ҳадафи дигаре надоштам, хостам ба иттилоъ бирасонам, ки марде аз қабилаи шумо ба хотири қарзе аз рафтан ба биҳишт манъ шудааст, агар мехоҳӣ ӯро наҷот диҳи қарзашро адо кун ва агар дӯст надорӣ ҷараёнро барои хонавода ё ҳар каси дигаре, ки ба қарзи ӯ эҳтимом медиҳад бирасон, то қарзашро бипардозанд).

    (Албонӣ дар "Аҳкомул ҷаноиз" саҳ 15 мефармояд: Абудовуд (2\84), Насоӣ (2\232), Ҳоким (2\25,26), Байҳақӣ (6\4\76), Таёлисӣ дар муснадаш шумораи (981 ва 982) ва Имом Аҳмад (5\11, 13, 20) ҳадисро нақл кардаанд. Бархе аз онҳо ҳадисро аз Шаъбӣ аз Самура ва гурӯҳи дигар Самъон ибни Мишнаҷро ҳам дар санад дохил намудаанд. Ҳамон гуна, ки Ҳоким ва Заҳабӣ гуфтаанд: бино ба санади аввал бар асоси шарти шайхайн саҳеҳ аст ва бино ба санади дуюм танҳо саҳеҳ аст на бар асоси шарти шайхайн. Албонӣ дар он китоб касонеро, ки ривояти зиёд кардаанд баён фармудааст.)

    Гиряи бозмондагон сабаби азоби мурдагон мешавад

    Вақте ҳазрати Умар (р) мавриди исобати ханҷари маҷусӣ қарор гирифт ҳазрати Суҳайб (р) ба аёдати ӯ рафт ва шуруъ ба гиря кардан шуд ва гуфт: вой бародар, вой рафиқ ва ҳамроҳ. Ҳазрати Умар (р) фармуд: ту бар ман гиря мекуни дар ҳоле, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:

    (إِنَّ الْمَيِّتَ لَيُعَذَّبُ بِبُكَاءِ أَهْلِهِ عَلَيْهِ )

    (Майит ба хотири гиря кардани хешовандонаш таъзиб мешавад) (Бухорӣ, китоби Ҷаноиз. Фатҳулборӣ 3\151. Муслим ҳам ҳадисро нақл кардааст. Ба Ҷомеул усул 11\92 нигоҳ кунед.)

    Ҳазрати Оиши (р) мункири ин аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чунин фармуда бошад. Дар саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки Ибни Аббос (р) баъд аз вафоти Умар (р) дидгоҳи ӯро дар мавриди ин ҷараён бо ҳазрати Оиша (р) дар миён гузошт, ҳазрати Оиша (р) фармуд: Худованд бар Умар раҳм кунад. Савганд ба Худо Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нафармудааст, ки муъмин ба хотири гиряи хешовандонаш дар қабр азоб мебинад, балки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд: Худованд ба хотири гиряи бозмондагон сазои кофирро бештар мекунад. Барои радди ин дидгоҳ кофӣ аст ба ояти Қуръон нигоҳ кунем, ки мефармояд:

    ﴿وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۚ ١٨﴾ [فاطر: ١٨]

    “Ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигареро ба душ намекашад” (Сураи Фотир 18)

    Чанд таъвил аз ҳазрати Оиша (р) перомуни ин ҳадис нақл шудааст. Албатта уламо дар китобҳои саҳеҳ ва сунан ин таъвилотро рад кардаанд,[1] вале ду нукта шоёни зикр аст: яке инки оё Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин ҳадисро фармудааст? Имом Қуртубӣ мегӯяд: мункир шудани ҳазрати Оиша (р) ва ҳукми вай дар баробари хатои ровӣ ё шунидани қисмате аз ҳадис ва фаромӯш кардани қисмати дигар қобили қабул нест, зеро ровиёни ҳадис ҷамъи фаровоне аз асҳоб ҳастанд ва ҳама бо ҷазм ва қотеият лафзро ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нисбат медиҳанд, бинобар ин агар имкони таъвили саҳеҳ ва дурусте барои ҳадис бошад наметавон онро рад кард. (Фатҳулборӣ (3\154))

    Дуюм инки майит чи гуна ба хотири гиря кардан ба хешовандонаш азоб мебинад, ҳоло онки ин гиря кардан аъмоли дигарон аст, на амали худи майит? Худованд мефармояд:

    ﴿وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۚ ١٨﴾ [فاطر: ١٨]

    “Ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигареро ба душ намекашад” (Сураи Фотир 18)

    Уламо барои ин савол посухҳои мутааддидеро баён кардаанд, ки беҳтарини онҳоро Имом Бухорӣ зери унвон овардааст:

    قول النبی صلى الله عليه و سلم: یعذب المیت ببعض ما ینح علیه اذا کان النوح من سنته.

    Имом Бухорӣ мегӯяд: майит вақте ба навҳа хондани хешовандонаш дучори азоб мешавад, ки навҳа хондан дар хонаводаи ӯ марсум ва худаш муравиҷи навҳахонӣ бошад, чун Худованд мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَأَهۡلِيكُمۡ نَارٗا ٦﴾ [التحريم: ٦]

    “Эй муъминон! Худ ва хонаводаи хешро аз оташи дӯзах барканор доред” (Сураи Таҳрим: 6)

    Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

    (كُلُّكُمْ رَاعٍ وَكُلُّكُمْ مَسْئُولٌ عَنْ رَعِيَّتِهِ )

    (Ҳамаи шумо нигоҳбон ва дар муқобили хонавода масъул ҳастед)

    Ҳамон гуна, ки Оиша (р) ба оят истидлол мекунад, ҳар касе масъули кирдор ва гуфтори худаш мебошад. Имом Тирмизӣ низ таъвили Имом Бухориро пазируфтааст ва ҳадиси ҳазрати Умар (р) ро ба ин лафз «الميت يعذب ببكاء اهله عليه» ривоят карда ва ҳадисро ҳасан ва саҳеҳ медонад, сипас мегӯяд: иддае аз уламо гиря кардан бар майитро макруҳ медонанд ва бар ин боваранд, ки майит ба хотири гиря кардани хешовандонаш ё ба хотири гиря кардани зиндагон азоб мебинад ва ҳадиси ҳазрати Умар (р) ро тарҷеҳ додаанд. Ибни Муборак мегӯяд: тамоюли ман бар ин аст, ки агар майит дар зиндагӣ ва ҳаёти худ хешовандонашро аз гиря кардан ва навҳа хондан манъ карда бошад, ба хотири гиря кардани аҳлаш азоб намебинад, ҳарчанд бозмондагон бар ӯ гиря кунанд. (Сунани Тирмизӣ (3\336)

    Чунин бардошти фаҳм ва дидгоҳи Имом Қуртубӣ аз ҳадиси мазкур аст, чун эшон мегӯяд: баъзе ё аксари уламо бар ин боваранд, ки майит дар сурате ба хотири гиря намудани аҳлаш азоб мебинад, ки гиря кардан аз сунани муравваҷа дар хонаводаи ӯ бошад ва ё барои гиря кардан тавсия намуда ва бадон таъкид карда бошад, ба монанди инки васият кунад ва бигӯяд: ҳангоми маргам ба беҳтарин ваҷҳ навҳасарои кунед ва гиребони худро пора намоед... (Тазкира, Қуртубӣ (102)

    Бетардид навҳа хондан, кубидани сару рӯй ва пора кардани гиребон аз расму одоти мардум даврони ҷоҳилият будааст, ҳатто мардуми даврони ҷоҳилият ҳамвора тавҷеҳ мекардаанд, ки баъд аз мурданашон барои онҳо навҳахонӣ шавад ва хабари маргашон миёни мардум эълон ва пахш гардад.

    Чунин русуме дар мазоҳиб ва ашъори даврони ҷоҳилият ба касрат дида мешавад, бинобар ин дар чунин мавориде гиря кардан (навҳа хондан) и зиндагон мусталзими азоби майит аст, чун тавсия ва одати ӯро ба ҷо овардаанд ва роҳу равиши зиндагии ӯро идома додаанд.) (Ҷомеул усул, Ибни Асир: 102)

    Лозим аст ба таъбир ва алфози Имом Бухорӣ дар саҳеҳаш таваҷҷуҳ шавад, ки мефармояд: таъзиби майит ба навъи гиря кардан бастагӣ дорад на ҳар навъ гиряе, чун гиря маҳдуд ба ашк рехтан ва дур аз захмӣ кардани рӯй ва пора кардан либос ва доду фиғон мушкиле надорад ва соҳибаш таъзиб ва муохаза намешавад. Дар суннати Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нусуси фаровоне вуҷуд дорад, ки ин матлабро таъйид менамояд.

    Аллома Ибни Таймия низ перомуни ин масъала сухан гуфта дидгоҳи Имом Бухорӣ, Қуртубӣ, Ибни Абдулбарр ва ҳама пайравони онҳоро дар мавриди фаҳми ҳадиси мазкур нақд ва тазъиф кардааст, Имом баъд аз зикри нусуси ҳадис мефармояд: гурӯҳе аз мутақаддимин ва мутааххирин (салаф ва халаф) ин аҳодисро рад кардаанд ва бар ин боваранд, ки ин гуна ривоёт аз боби муҷозоти инсон ба ҷурми дигарон аст ва муориз ба ояти зайл мебошад:

    ﴿وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۚ ١٨﴾ [فاطر: ١٨]

    “Ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигареро ба душ намекашад”. (Сураи Фотир 18)

    Ибни Таймия мегӯяд: бузургон дар дафъи таорузи мазкур дидгоҳ ва роҳҳои мутафовитеро паймудаанд, бархе монанди Оиша (р) ва Шофеи ва дигарон ровиёни аҳодисро тахтиа кардаанд (хато кардаанд) ва гурӯҳи дигар монанди Музанӣ ва ғайра бо пеш кашидани мақулаи васият ва супориши майит ба бозмондагон масъаларо хотима медиҳанд ва мушкилро бартараф месозанд.

    Бахше дигар аз уламо монанди Абубаракот ҳадисро бар одати бозмондагон ҳамл мекунад ва ҷурми майитро тарки наҳй аз мункар ва одати ношоисти бозмондагон мепиндорад.

    Вале тамоми ин мавозиъ ва дидгоҳҳо заъиф ҳастанд ва наметавонанд мушкилро бартараф созанд. Имом дар радди дидгоҳи аҳли таъвил мегӯяд: аҳодиси саҳеҳ ва возиҳро бо ровиёне чун Умар ибни Хаттоб (р) ва фарзандаш Абдуллоҳ ва Абумусои Ашъарӣ ва ғайраро наметавон бо чунин таъвилоти заъифе рад намуд. Ҳазрати Оиша (р) дар бисёре аз мавориди дигар чунин мавқифҳоеро ба миён меоварад ва бо иҷтиҳод ва ҳукм бар ботил будани маъно аҳодиси онҳоро рад кардааст, вале равиши эшон илмӣ нест, чун бо тафаккур ва тадаббур дар мавзуъ равшан мешавад, ки нусуси сареҳ ва саҳеҳ ривоят шуда аз сиқотро наметавон бо нисён ё иштибоҳ рад кард. (Маҷмуъул фатово 24\370)

    Шайхулислом ибни Таймия дар идомаи суханонаш мегӯяд: Ҳазрати Оиша (р) бо рад кардани ҳадис дучори ҳамон мушкиле мешавад, ки аз он фирор кардааст, чун ҳадисро бо лафзи дигар нақл мекунад ва онро саҳеҳ ва ривоятшуда аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) медонад, дар ҳоле, ки ҳамон лафз ҳам мушкили ҳадиси ҳазрати Умар (р) ро дар худ ҷой додааст, агар таъвили Оиша (р) ро бипазирем ва қабул кунем, ки майити кофир бар асари гиряи бозмондагон дучори азоби бештаре мешавад чи тафовуте дорад бо ҳадиси ҳазрати Умар (р) ки мефармояд: майит тавассути гиря кардани аҳл ва ъаёлаш дучори азоб мешавад. Агар масъаларо дар издиёди азоб бипазирем чаро дар эҷоди азоб рад накунем? Ба ҳамин далел аст, ки Шофеӣ дар “Мухталафул ҳадис” ҳадисро ба гунаи дигар таъвил мекунад ва мегӯяд: беҳтарин лафзи ҳадис ин ривоят аст, ки мефармояд: онҳо бар ӯ гиря мекунанд, дар ҳоле, ки ӯ дар қабр азоб мебинад.

    Имом Ибни Таймия дидгоҳи он гурӯҳро рад мекунад, ки мегӯянд: аз ҳадиси мазкур ин асл бардошт мешавад, ки инсон ба хотири гуноҳи дигарон муҷозот шавад, мегӯяд: он идда, ки ҳадиси мазкурро бар маънои зоҳир ҳамл карданд ва гумон мекунанд, ки ҳадис аз боби муҷозоти инсон ба гуноҳи ғайр аст ва чунин бардошт мекунанд, ки Худованд ҳарчи ирода кунад анҷом медиҳад ё ҳукм менамояд ва эътиқод доранд, ки инсон ба гуноҳи дигарон муҷозот мешавад ва дар ниҳоят қоил ба ҷаҳаннамӣ будани авлоди кофирон ҳастанд, чун падаронашон кофиранд. Имом ин масъаларо тавзеҳ медиҳад ва собит мекунад, ки чунин чизе дар мавриди авлоди кофирон дуруст нест ва бӯе аз ҳақиқат набурдааст, чун Худованд танҳо нофармонҳоро сазо медиҳад ва кудаконро дар қиёмат мавриди имтиҳон қарор медиҳад, сипас мефармояд: таъзиб бо иқоб тафовут дорад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нафармуд, ки майит ба иқоб гирифтор мешавад, балки фармуд: таъзиб мешавад, чун азоб аз уқубат омтар аст, азоб дарду алам аст ва ҳар дард ва аламе иқоб нест. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:

    (السَّفَرُ قِطْعَةٌ مِنْ الْعَذَابِ)

    (Сафар қитъае аз азоб аст)

    Яъне сафар дарду алам аст, на инки иқоб ва сазо, чун иқоб ва сазо дар баробари аъмол аст. Инсон баъзан бо шунидани бархе садоҳо ва кашидани бӯйҳо ва хурдани навъе аз ғизоҳо муаззаб мешавад, чунин таъзибе дар муқобили аъмол нест. Бинобар ин майит бо гиряи онҳо муаззаб аст на муоқаб.

    Баъзе аз суханон майитро дар қабр азоб медиҳад, ҳамон гуна, ки дидан ва шунидани чизҳое муҷиби азобашон мешавад, ба ин сабаб аст, ки Қозӣ Абуяъло мегӯяд: бо иртикоби маосӣ дар гуристон мурдагон азоб намебинанд, ҳамон гуна, ки аҳодиси фаровоне дар ин маврид ривоят шудааст. Пас маънои ҳадис ин аст, ки гиря сабаби азоби майит мешавад ва ӯро нороҳат мекунад, на инки сабаби иқоб ва сазои ӯ гардад. (Маҷмуул фатово 26\374)

    Ин бардошт, ки Шайх ибни Таймия онро ихтиёр намудааст ва баъзе ривоёт низ дар таъйиди он ворид шудааст, дар ниҳояти диққат ва зарофат аст.

    Нуъмон ибни Башир ривоят мекунад ва мегӯяд: Абдуллоҳ ибни Равоҳа аз ҳуш рафт ва хоҳараш Амра бар вай гиря кард ва гуфт: вой ҷабало, вой чунин ва чунон ва сифоти бародарашро бармешумурд, вақте Абдуллоҳ ба ҳуш омад гуфт: чизе дар мавриди ман нагуфти магар инки гуфтанд: рост мегӯед, ту чунин ва чунон ҳастӣ?! Вақте Абдуллоҳ фавт кард хоҳараш бар вай гиря накард. (Бухорӣ, китоби Алмағозӣ) Ҳатто чунин матлабе ба сароҳат дар ҳадиси Абумусои Ашъарӣ ворид шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (مَا مِنْ مَيِّتٍ يَمُوتُ فَيَقُومُ بَاكِيهِ فَيَقُولُ وَا جَبَلَاهْ وَا سَيِّدَاهْ أَوْ نَحْوَ ذَلِكَ إِلَّا وُكِّلَ بِهِ مَلَكَانِ يَلْهَزَانِهِ أَهَكَذَا كُنْتَ)

    (Ҳар кас бимирад ва дигаре бар вай гиря кунад ва бигӯяд: эй сайидам, эй чунин ва эй чунон, ду фаришта бар вай гумошта мешаванд ва ӯро такон медиҳанд ва ба ӯ мегӯянд: оё ту ҳамон тавр буди?)

    Тирмизӣ ҳадисро ривоят карда мегӯяд: ҳадис ҳасан ва ғариб аст[2] ва ҳукми онро саҳеҳ медонад ва ҳадиси Нуъмон ибни Баширро шоҳиди он медонад. (Талхиси Ҳабир ибни Ҳаҷар 2\140 шумораи 806)

    Шоёни зикр аст, ки баён шавад, азоби ҳар майите бино ба гиряи бозмондагон лозим нест, чун гоҳе ҳукми сабаб ба хотири вуҷуди муориз бардошта мешавад, ҳамон гуна, ки ибни Таймия фармуд: баъзе аз инсонҳо тавони дафъи зиёни асвоти хавфнок ва арвоҳ ва суратҳои хабисаро доранд. Шайх дар идома суханони худ ва дар таъйиди матлаби фавқ мефармояд: сабаб ва иллати азоб дар аҳодиси ваъид зикр мешавад, аммо агар гоҳе сабаби он ба хотири вуҷуди мавониъ таҳқиқ пайдо намекунад. Ин гуна мониъ метавонад тавбаи мақбула ё некиҳои маҳвкунанда ва ё гуноҳони афвшуда тавассути шафоати мақбул ё фазл ва раҳмати илоҳӣ бошад. Имом дар поён мефармояд: азоби дохили қабр тавассути гиряи бозмондагон сабаби каффораи гуноҳон мешавад. (Маҷмуул фатово, 4\375)

    Матлаби панҷум: Наҷотдиҳандагон аз азоб ва фитнаи қабр

    Ончи инсонро аз азоби қабр наҷот медиҳад омодагӣ барои марг ва камари ҳиммат бастан то охирин лаҳзаҳои зиндагӣ ва шитофтан ба дидори абадӣ аст. Бояд ин омодагӣ ба гунае бошад, ки ҳангоми марг ангушти ҳасрат ва надоматро ба дандон нагирад.

    Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои мо баён фармудааст, ки аъмоли неку ва шоиста инсонро дар қабр посдорӣ мекунад. Муҳаммад ибни Умар (р) аз Абусалама аз Абуҳурайра ривоят мекунанд, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (إنَّ الْمَيِّتَ لَيَسْمَعُ خَفْقَ نِعَالِهِمْ حِينَ يُوَلُّونَ عَنْهُ. فَإِنْ كَانَ مُؤْمِنًا كَانَتْ الصَّلَاةُ عِنْدَ رَأْسِهِ وَكَانَ الصِّيَامُ عَنْ يَمِينِهِ وَكَانَتْ الزَّكَاةُ عَنْ يَسَارِهِ وَكَانَ فِعْلُ الْخَيْرَاتِ مِنْ الصَّدَقَةِ وَالصِّلَةِ وَالْمَعْرُوفِ وَالْإِحْسَانِ إلَى النَّاسِ عِنْدَ رِجْلَيْهِ. فَيُؤْتَى مِنْ عِنْدِ رَأْسِهِ فَتَقُولُ الصَّلَاةُ: مَا قِبَلِي مَدْخَلٌ ثُمَّ يُؤْتَى عَنْ يَمِينِهِ فَيَقُولُ الصِّيَامُ: مَا قِبَلِي مَدْخَلٌ ثُمَّ يُؤْتَى عَنْ يَسَارِهِ فَتَقُولُ الزَّكَاةُ: مَا قِبَلِي مَدْخَلٌ ثُمَّ يُؤْتَى مِنْ قِبَلِ رِجْلَيْهِ فَيَقُولُ فِعْلُ الْخَيْرَاتِ مِنْ الصَّدَقَةِ وَالصِّلَةِ وَالْمَعْرُوفِ وَالْإِحْسَانِ إلَى النَّاسِ: مَا قِبَلِي مَدْخَلٌ. فَيُقَالُ لَهُ: اجْلِسْ فَيَجْلِسُ قَدْ مُثِّلَتْ لَهُ الشَّمْسُ وَقَدْ دَنَتْ لِلْغُرُوبِ فَيُقَالُ لَهُ: مَا هَذَا الرَّجُلُ الَّذِي كَانَ فِيكُمْ مَا تَقُولُ فِيهِ؟ فَيَقُولُ: دَعُونِي حَتَّى أُصَلِّيَ ؛ فَيَقُولُونَ: إنَّك سَتَفْعَلُ أَخْبِرْنَا عَمَّا نَسْأَلُك عَنْهُ. فَقَالَ: عَمَّ تَسْأَلُونِي؟ فَيَقُولُونَ: مَا تَقُولُ فِي هَذَا الرَّجُلِ الَّذِي كَانَ فِيكُمْ ؛ مَا تَشْهَدُ عَلَيْهِ بِهِ؟ فَيَقُولُ: أَشْهَدُ أَنَّهُ رسولالله وَأَنَّهُ جَاءَ بِالْحَقِّ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ ؛ فَيُقَالُ: عَلَى ذَلِكَ حَيِيت وَعَلَى ذَلِكَ مُتّ وَعَلَى ذَلِكَ تُبْعَثُ إنْ شَاءَ اللَّهُ تَعَالَى ثُمَّ يُفْتَحُ لَهُ بَابًا مِنْ أَبْوَابِ الْجَنَّةِ فَيُقَالُ لَهُ: ذَلِكَ مَقْعَدُك مِنْهَا وَمَا أَعَدَّ اللَّهُ لَك فِيهَا ؛ فَيَزْدَادُ غِبْطَةً وَسُرُورًا ثُمَّ يُفْتَحُ لَهُ بَابٌ مِنْ أَبْوَابِ النَّارِ فَيُقَالُ لَهُ ذَلِكَ مَقْعَدُك مِنْهَا وَمَا أَعَدَّ اللَّهُ لَك فِيهَا [ لَوْ عَصَيْت رَبَّك ] فَيَزْدَادُ غِبْطَةً وَسُرُورًا ؛ ثُمَّ يُفْسَحُ لَهُ فِي قَبْرِهِ سَبْعُونَ ذِرَاعًا وَيُنَوَّرُ لَهُ فِيهِ. وَيُعَادُ جَسَدُهُ كَمَا بُدِئَ وَتُجْعَلُ نَسَمَتُهُ فِي نَسَمِ الطِّيبِ وَهِيَ طَيْرٌ تَعْلُقُ فِي شَجَرِ الْجَنَّةِ)

    (Майит садои пойҳои ташйиъкунандагонро ҳангоми фориғ шудан ва баргаштан аз тадфин мешунавад, агар майит муъмин бошад намоз дар болои сараш ва рӯза дар самти рост ва закот дар самти чап ва корҳои неку монанди садоқат, силаи раҳм, маъруф ва эҳсон дар ҳаққи мардум пеши пойҳояш қарор мегиранд, агар азоб аз тарафи сараш биояд намоз мегӯяд: роҳ масдуд аст ва агар аз тарафи рост бошад рӯза музоҳим мешавад ва агар аз тарафи чап пеш биояд закот даст ба кор мешавад ва ҳамчун сипаре намегузорад нуфуз кунад ва агар аз тарафи пойҳо қасд кунад корҳои хайр музоҳим мешаванд, онгоҳ ба ӯ гуфта мешавад: бинишин ва ӯ ҳам менишинад, тасвире аз ҳолати тулуъ ва ғуруби хуршед барои ӯ тамсил мешавад, аз вай ба шарҳи зер савол мекунанд: дар бораи ин шахс (яъне ҳазрати Муҳаммад(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)) ки миёни шумо буд ва ба тарафи шумо мабъус шуд, чи мегӯед? ӯ мегӯяд маро бигзоред то намоз бихонам, ба ӯ гуфта мешавад: бихон ва ба пурсишҳо посух бигӯ. Мегӯяд: дар бораи чи касе аз ман савол мекунед? Мегӯянд: дар бораи шахсе, ки ба миёни шумо мабъус шудааст, чи мегӯи ва чи гувоҳӣ медиҳи?

    Мегӯяд: шаҳодат ва гувоҳӣ медиҳам, ки ӯ расули Худост ва аз ҷониби Худо ба сӯи инсонҳо фиристода шудааст. Ба ӯ гуфта мешавад: ту бар ҳамин ақида зинда буди ва бар ҳамин ақида дунёро видоъ гуфти ва ба умеди Худо бар ҳамин ақида зинда хоҳи шуд, сипас даре аз дарҳои биҳишт барояш кушода мешавад ва хитоб ба ӯ мегӯянд: ин маҳал ва маскани ту дар биҳишт аст. Ӯ бисёр хушҳол мешавад, сипас даре аз дарҳои дӯзах боз карда мешавад ва хитоб ба ӯ мегӯянд: агар Худоро нофармонӣ мекарди чунин ҷойгоҳе дошти, боз ҳам хушҳол мешавад, ки аз чунин ҷойгоҳе наҷот ёфтааст.

    Сипас қабраш мунаввар ва тавсеа ёфта ва ба сӯи ҷасадаш баргардонида мешавад ва дар канори руҳҳои пок ва муназзаҳ маскан мегузинад ва маҷмуае аз парандагони биҳиштӣ дар фазои қабраш ба парвоз меоянд)

    Дар ривояти дигар омадааст:

    (و هو طَيْرٌ يَعْلَقُ فِي شَجَرِ الْجَنَّةِ)

    (Ба парандае табдил мешавад ва дар дарахтони биҳишт менишинад)

    Абуҳурайра мефармояд: ояти зайл дар ин маврид баҳс мекунад:

    ﴿يُثَبِّتُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱلۡقَوۡلِ ٱلثَّابِتِ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۖ وَيُضِلُّ ٱللَّهُ ٱلظَّٰلِمِينَۚ وَيَفۡعَلُ ٱللَّهُ مَا يَشَآءُ ٢٧﴾ [ابراهيم: ٢٧]

    (Худованд муъминонро ба хотири гуфтори устувор (ва ақидаи пойдорашон) ҳам дар ин ҷаҳон (дар баробари зарқ ва барқи модиёт ва бим ва ҳароси мушкилот маҳфуз ва мусавван менамояд) ва дар ҳам дар он ҷаҳон (эшонро дар неъматҳои фаровон ва атои бепоён, ҷовидон) мондагор медорад ва кофиронро (дар дунё ва охират) гумроҳ ва саргашта месозад ва Худованд ҳар чи бихоҳад анҷом медиҳад). Сураи Иброҳим, 27

    Дар ривояти дигар омадааст: сипас ҷасадаш ба ҳолати аввалӣ бармегардад.

    Паноҳ хостан аз фитна ва азоби қабр

    Аз ин ҷиҳат, ки фитна ва азоби қабр аз ҷумлаи аҳволи хатарнок ҳастанд, Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамвора дар намозҳои худ аз азоби қабр ба Худованд паноҳ мебарад ва ба ёрон низ амр мекард то чунин кунанд. Дар ҳадиси ҳазрати Оиша (р) ва зани яҳудӣ чунин чизе нақл шудааст: зани яҳудӣ пеши ман омад ва гуфт: Худо туро аз азоби қабр ҳифз кунад, ман ҳам дар мавриди азоби қабр аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савол кардам, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (صَدَقَتْ، فَمَا صَلَّى بَعْدَ يَوْمِئِذٍ صَلَاةً إِلَّا قَالَ فِي دُبُرِ الصَّلَاةِ رَبَّ جِبْرِيلَ وَمِيكَائِيلَ وَإِسْرَافِيلَ أَعِذْنِي مِنْ حَرِّ النَّارِ وَعَذَابِ الْقَبْرِ )

    (Ӯ рост мегӯяд. Ҳазрати Оиша (р) мефармояд: баъд аз ин ҷараён Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ро медидам, ки ба дунболи ҳар намозе мефармуд: эй Парвардигори Ҷибраил ва Микоил ва Исрофил аз шиддати гармии ҷаҳаннум ва азоби қабр ба ту паноҳ мебарам) (Насоӣ дар сунанаш ҳадисро нақл кардааст, Ҷомеул усул 11\167)

    Ғундур ин иборатро ба ривоят афзудааст: азоби қабр ҳақ аст. (Бухорӣ, китоби “Ҷаноиз” боби азоби қабр, Фатҳулборӣ 13\232 ва Муслим китоби Масоҷид, боби “истиҳбоб мин азобил қабр” ҷилди 1\410)

    Анас (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамвора ин дуоро замзама мекард:

    (اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ الْعَجْزِ وَالْكَسَلِ وَالْجُبْنِ وَالْهَرَمِ وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ)

    (Парвардигоро ман аз нотавонӣ, танбалӣ, буздилӣ, бахилӣ, пирӣ, азоби қабр ва фитнаи зиндагӣ ва марг ба ту паноҳ мебарам) (Албонӣ мегӯяд: Бухорӣ ва Муслим ва Насоӣ ҳадисро ривоят кардаанд. (Саҳеҳи ҷомеъ 1\406)

    Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чунин дуо мекард:

    (اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ الْكَسَلِ وَالْهَرَمِ وَالْمَأْثَمِ وَالْمَغْرَمِ وَمِنْ فِتْنَةِ الْقَبْرِ وَعَذَابِ الْقَبْرِ)

    (Худованд аз танбалӣ ва пирӣ ва гуноҳу бадаҳкорӣ ва фитна ва азоби қабр ба ту паноҳ мебарам) (Муслим, китоби алҷанна боби “арз мақъадул майит минал ҷаннати ави нор алайҳи” 4\2199)

    Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба асҳоб фармуд:

    (تعوذوا من عذاب القبر فيقولون معوذ بالله من عذاب القبر)

    (Аз азоби қабр ба Худо паноҳ бибаред, саҳобагон ҳам мегуфтанд: аз азоби қабр ба Худо паноҳ мебарем). (Муслим, китоби Алҷанна 4\2199)

    Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба саҳобагон дастур медод, ки аз чор чиз ба Худо паноҳ бибаранд.

    (اسْتَعِيذُوا بِاللَّهِ مِنْ عَذَابِ جَهَنَّمَ وَاسْتَعِيذُوا بِاللَّهِ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ اسْتَعِيذُوا بِاللَّهِ مِنْ فِتْنَةِ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ وَاسْتَعِيذُوا بِاللَّهِ مِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ)

    (Аз азоби қабр, аз дӯзах, аз фитнаи даҷҷол ва аз фитнаи марг ва зиндагӣ, ба Худованд паноҳ бибаред). (Дар Ҷомеул саҳиҳ ба Тирмизӣ ва Насоӣ нисбат дода шудааст. 1\320)

    Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба саҳобагон дустур медод, ки баъд аз намоз ба Худо паноҳ бибаранд. Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (إِذَا تَشَهَّدَ أَحَدُكُمْ فَلْيَسْتَعِذْ بِاللَّهِ مِنْ أَرْبَعٍ يَقُولُ اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ جَهَنَّمَ وَمِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ وَمِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ وَمِنْ شَرِّ فِتْنَةِ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ)

    (Ҳаргоҳ яке аз шумо ташаҳуд хонд аз чор чиз ба Худо паноҳ биҷӯяд: аз азоби ҷаҳаннум, сазои қабр, фитнаи марг ва шари Масеҳи Даҷҷол). (Муслим, китоби масоҷид, боби “мо юстаозу минҳу фӣ салот” 1\412, шумори 588.)

    Аз ҳазрати Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин дуоро монанди сураи фотиҳа ва Қуръон ба саҳобагон меомӯхт:

    (اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ)

    (Парвардигоро ба Ту аз азоби ҷаҳаннам ва сазои қабр ва шари Масеҳи Даҷҷол ва фитнаи марг ва зиндагӣ паноҳ мебарам) (Муслим, китоби масоҷид, боби “мо юстаозу минҳу фӣ салот” 1\412, шумори 590)

    Матлаби шушум: Касоне, ки аз фитна ва азоби қабр дар амон ҳастанд.

    Баъзе аз мусалмонон, ки аъмоли шоёне анҷом додаанд ё ба мусибат бузурге гирифтор шудаанд, аз фитна ва азоби қабр дар амон хоҳанд буд ва онон иборатанд аз:

    * Шаҳид

    Аз Миқдом ибни Маъдӣ Карб (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (لِلشَّهِيدِ عِنْدَ اللَّهِ سِتُّ خِصَالٍ يُغْفَرُ لَهُ فِي أَوَّلِ دَفْعَةٍ وَيَرَى مَقْعَدَهُ مِنْ الْجَنَّةِ وَيُجَارُ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ وَيَأْمَنُ مِنْ الْفَزَعِ الْأَكْبَرِ وَيُوضَعُ عَلَى رَأْسِهِ تَاجُ الْوَقَارِ الْيَاقُوتَةُ مِنْهَا خَيْرٌ مِنْ الدُّنْيَا وَمَا فِيهَا وَيُزَوَّجُ اثْنَتَيْنِ وَسَبْعِينَ زَوْجَةً مِنْ الْحُورِ الْعِينِ وَيُشَفَّعُ فِي سَبْعِينَ مِنْ أَقَارِبِهِ)

    (Шаҳид назди Худованд шаш хусусият ва имтиёз дорад, ҳамон лаҳза, ки бар замин бияфтад ва ҷонро ба ҷонофарин таслим кунад мавриди мағфират қарор мегирад ва ҷояшро дар биҳишт мебинад, аз азоби қабр наҷот меёбад, аз ваҳшати бузурги рӯзи қиёмат дар амон мемонад, тоҷи азамат бар сари ӯ гузошта мешавад, тоҷе, ки аз донаи ёқуте барҷаста сохта шуда ва аз ҳар чизе боарзиштар аст, ду ҳур бо ӯ издивоҷ мекунад ва шафоаташ дар мавриди ҳафтод тан аз хешовандонаш пазируфта мешавад). (Тирмизӣ ва Ибни Моҷа. Мишкотул масобиҳ: 2\358)

    Насоӣ дар сунани худ аз Рошид ибни Саъд аз яке аз асҳоби Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чунин нақл мекунад:

    (أَنَّ رَجُلًا قَالَ يَا رسولالله مَا بَالُ الْمُؤْمِنِينَ يُفْتَنُونَ فِي قُبُورِهِمْ إِلَّا الشَّهِيدَ قَالَ كَفَى بِبَارِقَةِ السُّيُوفِ عَلَى رَأْسِهِ فِتْنَةً)

    (Марде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид: Эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чаро тамоми муъминон ғайр аз шаҳидон дар қабр азоб мебинанд? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: барои шаҳид ҳамин азоб кофист, ки мавриди исобати шамшер қарор мегирад) (Аҳкомул ҷаноиз. Носириддин Албонӣ ва санадаш низ саҳеҳ аст.)

    * Марзбонон

    Касоне, ки дар ҳоли ҳифозат аз ҳудуд ва марзи кишвари исломӣ ҷонашонро аз даст медиҳанд.

    Фузола ибни Убайд аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нақл мекунад, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (كُلُّ مَيِّتٍ يُخْتَمُ عَلَى عَمَلِهِ إِلَّا الَّذِي مَاتَ مُرَابِطًا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَإِنَّهُ يُنْمَى لَهُ عَمَلُهُ إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ وَيَأْمَنُ مِنْ فِتْنَةِ الْقَبر)

    (Ҳар майит амалаш бо мавташ хотима мепазирад, ба ҷуз нигоҳбони роҳи Худо, чун то рӯзи қиёмат аъмолаш рушд мекунад ва аз фитнаи қабр дар амон мемонад). (Тирмизӣ ва Абудовуд.)

    * Касе ки рӯзи ҷумъа мемирад

    Дар ҳадис аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Амр ривоят шудааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (مَا مِنْ مُسْلِمٍ يَمُوتُ يَوْمَ الْجُمُعَةِ أَوْ لَيْلَةَ الْجُمُعَةِ إِلَّا وَقَاهُ اللَّهُ فِتْنَةَ الْقَبْرِ)

    (Ҳар мусалмоне, ки рӯзи ҷумъа бимирад Худованд ӯро аз фитнаи қабр наҷот медиҳад). (Аҳмад ва Тирмизӣ, ҳамаи тариқи ин ҳадис саҳиҳ ва ё ҳасан ҳастанд, Аҳкомул ҷаноиз (35)

    *Касе ки дар асари бемории исҳол ҷон диҳад

    Дар ҳадисе, ки Абдуллоҳ ибни Ясор (р) онро ривоят мекунад, омадааст: ман ва Сулаймон ибни Сард ва Холид ибни Арфата нишаста будем, суҳбат аз шахсе ба миён оварданд, ки дар асари бемории исҳол дар гузашта буд ва он ду мехостанд дар ташйиъи ҷанозаи ӯ ширкат кунанд, яке аз он ду хитоб ба дигаре гуфт: магар нашунидаи, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (مَنْ يَقْتُلْهُ بَطْنُهُ فَلَنْ يُعَذَّبَ فِي قَبْرِهِ فَقَالَ الآخر: بلی، وفي روایة: صدقت)

    (Ҳар кас дар асари бемории шикам бимирад дучори азоби қабр намегардад).

    Дигаре гуфт: оре, рост мегӯед. (Носируддини Албонӣ дар Аҳкомул ҷаноиз мегӯяд: Насоӣ ва Тирмизӣ онро ривоят кардаанд ва Тирмизӣ онро саҳиҳ донистааст ва низ Таёлисӣ ва Аҳмад онро нақл кардаанд ва санади ҳадис саҳиҳ мебошад, Аҳкомул ҷаноиз (38)

    Мабҳаси панҷум: Пандомӯзӣ аз марг

    Матлаби аввал: Марг бузургтарин ибрат аст.

    Нусуси зиёдеро дар мавриди марг ва сакароташ ва қабр ва аҳволи он баён кардем, оқил касе аст, ки пандпазир бошад, чун марг бузургтарин пандомӯз аст. Дар мавриди беҳтарин пандомӯзҳо аз зоҳиде пурсиданд. Зоҳид дар ҷавоб гуфт: тааммул кардан дар бораи марг. (Тазкираи Имом Қуртубӣ (99)

    Имом Қуртубӣ (р) дар баёни марг ингуна зебо қаламфарсоӣ мекунад: бидон, ки марг саҳмноктарин ҷараён аст, ҷоме аст, ки таъми он бисёр талх ва номатлуб аст ва беш аз ҳар чизи дигар нобудкунанда аст ва қатъкунандаи оромиш ва ҷалбкунандаи нописандиҳост. Агар чизе битавонад, ки мафосили туро қатъ кунад ва аъзои баданатро аз ҳам ҷудо намояд ва аркони баданатро мунҳадим созад, яқинан он кор хатарнок ва ҷараёни саҳмноки марг аст ва фаро расидани чунин рӯзе бузургтарин рӯз аст. (Тазкираи Имом Қуртубӣ (24)

    Матлаби дуввум: Андешидан перомуни марг

    Марг ҳаммонанди зиндагӣ нишоне аз нишонаҳои қудрати Худованд аст, аммо дар шигифтиҳои он сухан магу ва аз аҷоибаш чизе кам накун.

    ﴿كَيۡفَ تَكۡفُرُونَ بِٱللَّهِ وَكُنتُمۡ أَمۡوَٰتٗا فَأَحۡيَٰكُمۡۖ ثُمَّ يُمِيتُكُمۡ ثُمَّ يُحۡيِيكُمۡ ثُمَّ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ٢٨﴾ [البقرة: ٢٨]

    ((Чи ҷои тааҷҷуб аст) чи гуна Худоро инкор ва нисбат ба Ӯ куфр меварзед? Дар сурате, ки (нигоҳе ба чигунагии ҳастии худатон ва авзоъе, ки доред барои пай бурдан ба вуҷуди Худо кофӣ аст) шумо (чизҳои беҷон ва) мурдагоне будед, ки Худо шуморо биёфарид ва ҷонатон бахшид. Сипас шуморо мемиронад ва баъд аз он зиндаатон мегардонад. Он гоҳ ба сӯи Ӯ баргардонида мешавед). (Сураи Бақара ояти 28)

    Андешидан перомуни ин оят дар воқеъ андешидан дар офаридае аз офаридаҳои Худованд аст ва андешидан дар шигифтиҳои Ӯст, шигифтиҳое, ки ҳикоят аз бузургӣ ва қудрати Ӯ дорад. Мегӯянд: Марде бар шутури худ савор ва дар биёбон ҳаракат мекард, ки ногаҳон шутураш афтод ва мард поён шуд ва шуруъ кард ба тавоф кардани ҷасади мурда ва беҷони ҳайвон ва дар бораи он андешид ва мегуфт: чи шудааст? Чаро барнамехези? Магар аъзо ва баданат солим нестанд? Чи касе туро ба ҳаракат дармеорад ва бармехезонад? Чи чизе туро бар замин андохтааст? Чи касе туро аз ҳаракат манъ кардааст?

    Сипас дар ҳолати андешидан ва мутааҷҷиб шудан аз сарнавишти шутур баргашт ва ин чанд байтро суруд:

    جاءته من قبل المنون اشـارة فهوی صریعـاً للیدین وللفم

    ورمی ‌بمحکم درعـه وبرمحه وامتد ملقی کالفتیق الاعظم

    لا یستجیب لصارخ ان یدعه ابداً ولا یرجی لخطب معظم

    ذهبت بسـالته ومر مـراره لمــل رأی حبل المنیة یرتمی

    یا ویحه من فارس ما بــاله ذهبـت مرارته ولما یکلـم

    هذه یـداه وهذه اعضـاؤه ما منـــه عضو غداً بمثلم

    هیهات ما حبل الردی محتاجة للمشرفی ولا اللسان اللهذم

    هی ویحکم امر الاله وحمکه والله یقضی بالقضاء المحکم

    Ишорае аз тарафи марг ба ӯ омад, аз тарс бар дасту даҳон афтод.

    Бо шамшер ва найза шуруъ кардан ба куштан ва лошаҳоро бо шикофе бузург раҳо месохт, на ба фарёд посух мегуфт ва на мавъизаро гӯш медод.

    Вақте, ки ресмони маргро дар ҳоли наздик шудан медид ба ҳар ҷое фирор мекард ва ҳар нишеберо мепаймуд.

    Вой чи савороне вуҷуд доштанд, ки ҷангу пайкор карданд вале бо вуҷуди ин ҳама ҷанг захме барнадоштанд.

    Аммо бо марг ҳалок шуда ва дасту пойҳо ва аъзои дигар афтодаанд, дар ҳоле, ки ҳеҷ узве шикоф набардоштааст.

    Фарди муҳтазар: касе, ки дар остонаи марг қарор дорад ва мехоҳад бо ҷаҳон видоъ гӯяд ба таноби куҳна ва забони буррон ниёз надорад.

    Балки дустури Худоро иҷро мекунад ва Худованд бо қазои хеле маҳкам қазоват менамояд ва ба корҳо файсала медиҳад.

    Матлаби сеюм: Намунае аз пандҳои пандомӯзон

    Худованд паёмбарашро ингуна ба василаи марг панд медиҳад:

    ﴿إِنَّكَ مَيِّتٞ وَإِنَّهُم مَّيِّتُونَ ٣٠﴾ [الزمر: ٣٠]

    (Эй Муҳаммад! Марг аз масоиле аст, ки ҳамаи инсонҳо дар он яксонанд, шутуре аст, ки бар дари хонаи ҳама касе мехобад. (Лизо) ту ҳам мемири ва ҳамаи онҳо мемиранд (ва саранҷоми нек ва хуш ва ҷовидон аз они парҳезгорон аст)

    Дар ҳадисе, ки Табаронӣ онро дар “Авсат” ва Абунуайм дар “Ҳулия” ва Ҳоким дар “Мустадрак” аз ҳазрати Алӣ (р) нақл карданд, чунин омадааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (جاء جبريل عليه السلام إلى النبي صلى الله عليه وسلم، فقال: « يا محمد، عش ما شئت فإنك ميت، وأحبب من أحببت فإنك مفارقه، واعمل ما شئت فإنك مجزي به » ثم قال: « يا محمد شرف المؤمن قيام الليل وعزه استغناؤه عن الناس)

    (Ҷибраил назди ман омад ва гуфт: эй Муҳаммад ҳар чанд, ки ту зинда бимонӣ билохира рӯзе аз дунё мерави, муҳаббат кун бо ҳар кас, ки моил ҳастӣ, қатъан ту рӯзе аз вай ҷудо хоҳи шуд, ҳарчи мехоҳи анҷом бидеҳ, ба таври лузум подоши онро хоҳи гирифт. Бидон, ки шарофат ва каромати муъмин дар шабзиндадорӣ ва иззати ӯ дар истиғно аз дигарон аст). (Силсилаи аҳодиси саҳиҳа: 2\505. Бухорӣ, боби “Аламал ва тулуҳу”)

    Ривоёт ва нусуси фаровонеро баён кардем, ки дарси панд ва мавъизаро ба инсонҳо ёд медоданд, равиш ва сираи бандагони солеҳ чунин будааст, ки худ ва дигаронро ба тафаккур ва андешидан перомуни марг тазаккур медоданд.

    Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (р) мефармояд: Дунё ба ақаб бармегардад ва охират аз тарафи пеш меояд, ҳар кадом аз ин ду фарзандоне дорад. Шумо фарзандони охират бошед на дунё, чун имрӯз амал бидуни муохаза аст ва фардо муохаза бидуни амал сурат мегирад. (Мишкотул масобиҳ, 2\259)

    Аз ҷумла панд ва андарзҳои бузургон ин аст, ки дар Тазкираи Қуртубӣ омадааст ва мегӯяд: эй инсоне, ки фиреби марг ва сахтӣ ва аҳволи онро хурдаи бияндеш, марг барои тарси дилҳо, гиря кардани чашмҳо, ҷудо кардани ҷамоатҳо, нобуд кардани лаззатҳо ва қатъи орзуҳо кофӣ аст.

    Пас эй фарзанди одам ҳаргиз дар бораи рӯзе, ки бар замин меафти ва аз ҷои худ ба ҷои дигар мунтақил мешавӣ, андешидаи? Рӯзе, ки аз кушодӣ ва вусъат ба тангӣ мунтақил мешави, дӯстон ва ҳамроҳон муртакиби хиёнат мешаванд ва ба бародар ва дӯст аз ту ҷудо мешаванд ва аз фирош ба хок роҳсипор мешави ва ба ҷои рахти хоб ва лиҳофи нарм туро ба хок ва гил мепӯшонанд. Пас эй инсоне, ки дар ҷамъи мол ва таҳкими сохтмон дар такопу ва талош ҳасти, савганд ба Худо ҷуз кафан чизе аз амвол баҳраи ту намешавад. Қатъан амволи андухтаи ту рӯ ба завол ва нобудӣ ва баданат ғизои хок аст.

    Пас куҷо аст моле, ки андухтаи? Оё ин амвол туро аз ҳалокат наҷот дод? Ҳаргиз! балки амволатро барои касе гузоштаи, ки туро сипос намегӯяд ва бо бори гуноҳон назди касе омади, ки узри туро нахоҳад пазируфт. (Тазкира, саҳ 9)

    Қуртубӣ (р) аз Язиди Рақошӣ нақл мекунад, ки ин гуна бо худаш ба сухан меояд: Нобуд шав эй Язид, баъд аз марг ки барои ту намоз мехонад? Баъд аз мурдан ки барои ту рӯза мегирад? Баъд аз мурдан ки Парвардигоратро хушнуд ва розӣ месозад?

    Баъд мегӯяд: Эй мардум чаро бар чанд лаҳзаи боқимонда аз зиндагии худ ба гиря ва зорӣ намеафтед? Чи қабре туро фаро мехонад? Чи қабре хона ва чи хоке фироши ту мегардад? Чи караме дӯст ва аниси ту мешавад? Бо ин ҳол дар интизори рӯзи ҳашр ба сар мебарад, чи ҳоле дорад? (Тазкира, саҳ 9)

    Қуртубӣ дар ҷои дигар мегӯяд: Эй инсон он саҳнаро ба хотир биёвар, ки сахтиҳои марг бар ту нозил мешаванд, оҳ ва фиғон ва беҳушиҳо бар ту ҳуҷум меоваранд, яке мегӯяд: фалонӣ васият кардааст ва молаш тақсим гаштааст. Дигаре фарёд мезанад: фалонӣ забонаш банд омадааст ва дигар ҳарф намезанад ва ҳамсоя ва дӯстро намешиносад ва бо бародаронаш сухан намегӯяд, монанди инки дар ҳоле ба сӯи ту нигоҳ мекунам, ки тавони посух гуфтанро надори. Пас эй фарзанди одам бияндеш барои рӯзе, ки аз рахти хоб ба сӯи тахтаи ғусл мерави, туро мешӯянд ва кафанро бар танат мегузоранд ва дӯстону наздикон аз ту ваҳшат доранд ва дӯстону бародарон бар ту зор зор гиря мекунанд ва ғосил мегуяд: куҷост ҳамсари фалонӣ то ӯро ҳалол кунад, фарзандони ятимаш куҷо ҳастанд? Дигар ҳаргиз наметавонанд ӯро бубинанд.

    Сипас ин ашъорро месароянд:

    ألا أيها المغرور مالك تلعب تؤمل آمالاً وموتك أقرب

    وتعلم أن الحرص بحر مبعد سفينته الدنيا فإياك تعطب

    وتعلم أن الموت ينقض مسرعاً عليك يقيناً طعمه ليس يعذب

    كأنك توصي واليتامى تراهم وأمهم الثكلى تنوح وتندب

    تغص بحزن ثم تلطم وجهها يراها رجال بعدما هي تحجب

    وأقبل بالأكفان نحوك قاصد ويحثي عليك الترب والعين تسكب

    * Эй шахси мағрур чаро ба бозӣ ва орзуҳо машғул мешавӣ, дар ҳоле ки марг бароят аз ҳама чиз наздиктар аст.

    * Ва медони ки ҳирс баҳри дуркунанда аст ва киштияш дунёст, пас огоҳ бош онро осеб нарасон.

    * Ва медони ки марг ба зуди фаро мерасад, ва яқинан мазаашро мечаши, ки ширин нест.

    * Ва гуё инки тавсия мешави ва ятимҳоро мебини ва модари беваашон навҳасарои мекунад.

    * Аз ғуссаву ҳузн бар сару рӯяш мезанад, мардҳо бо инки худро мепушонад ӯро мебинанд.

    * Ба суят қосид (и марг) бо кафанҳо меояд, ва хокро бар рӯйи ту мерезад, дар ҳоле ки оби чашмат ҷори аст.

    Аз пандҳои саҳобии бузургвор ҳазрати Абудардо (р) ин аст, ки мефармояд: Се чиз маро ба гиря ва се чизи дигар маро ба ханда овардаанд: касе ки орзуи дуру дарози дунёро дар сар мепарваронад ва марг дар таъқиби ӯст, инсони ғофил ва бехабаре, ки Худованд аз вай ғофил нест, инсоне ки бо тамоми вуҷуд ханда мезанад ва қаҳқаҳа мекашад, дар ҳоле, ки ба хушнудии Худованд ва адами он илм ва огоҳӣ надорад.

    Дурӣ аз дӯстони ҳазрати Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва гурӯҳи пайрав ва роҳраваш, сахтиҳо ва сакароти марг ва ҳозир шудан дар маҳзари адли илоҳӣ дар рӯзе, ки розҳо ва пинҳонҳо ошкор мешаванд ва мушаххас набудани масири ниҳоӣ ба сӯи ҷаҳаннам ё биҳишт, маро ба гиря дармеоварад.

    Аз Ҳазрати Абузар (р) ё ҳазрати Абудардо (р) чунин ривоят шудааст: Барои марг ба дунё меоед ва барои тахриб ҷаҳонро обод месозед ва барои ба даст овардани чизҳои нопойдор ҳарис ва тамаъкор ҳастед, вале кирдори пойдор ва собитро раҳо мекунед. (Китоби Зуҳд ва риқоқ, ибни Муборак, саҳ 88)

    Қуртубӣ дар китоби “Тазкира” дар либоси воиз мегӯяд: Эй инсони заиф, моли андухтаи ту куҷост? Амволе, ки онро барои мавориди душвор ва рӯзҳои сахт андухта буди дар вақти марг аз он маҳрум мешави, дороиро ба нодорӣ ва иззатро ба зиллат мубаддал сохти, эй касе, ки дар гарави гуноҳон ба сар мебари ва аз аҳлу диёрат ҷудо шудаи, чи гуна шабро ба рӯз мерасони?

    Роҳи ҳидоят бар ту пӯшида набуд, вале барои ин сафари тулонӣ ва хатарнок камтарин зод ва тушаро захира кардаи, магар намедони, ки куч кардан ба сӯи ин рӯзҳои пурхатар зарурӣ аст ва дар онҷо қилу қол ба додат намерасад, балки ту дар баробари ончи, ки бо дастҳоят гирифтаи ва бо пойҳо ба сӯи он роҳ рафтаи ва бо забон бадон сухан гуфтаи ва бо аъзо ва ҷавориҳ бадон амал кардаи муҳосаба ва муохаза хоҳи шуд, агар шомили алтофи илоҳӣ қарор гири ба сӯи биҳишт мерави ва агар аз он маҳрум боши роҳе ҷуз оташ надори.

    Эй бехабар ғафлат ва сустӣ аз ин хатарҳо то кай? Фикр мекунӣ муомила сода аст ва гумон мебари мусибат осон аст ва мепиндори, ки вақти фаро расидани куч ва мурдан ҳолу мақом ба фарёдат мерасад? Ё сарвату сомон ба додат меояд? Ё пушаймонӣ баҳрае ба ҳамроҳ дорад? Ё дӯстон ҳангоми ҳашр меҳрубону бахшанда ҳастанд? Ҳаргиз! Ба Худо савганд чунин тафаккуре аз асос ва бунёдаш иштибоҳ аст. Лозим аст бидони ту ба андак қонеъ нести ва ба ҳаром сер намешави ва панду мавъизаро намепазири ва аз ваъидҳо ҳаросе надори, пайравӣ аз ҳаво ва ҳавас ва ҳаракат кардани куркурона ба одат ва маниши ҳамешагии ту табдил шудааст. Ба ҷавонмардии худ хушҳол ҳасти ва онядаатро фаромӯш кардаи. Эй касе, ки дар хоби ғафлат ба сар мебари ва дар бедорӣ ба бероҳа мерави, ин ғафлат ва сустӣ то кай? Оё фикр мекуни, ки озодона раҳо карда мешави ва фардо муохаза карда намешави? Оё фикр мекуни, ки дар баробари ришва додан аз марг наҷот меёбӣ?

    Ҳаргиз! Молу фарзандон наметавонанд маргро аз ту дафъ кунанд, танҳо кирдори нек ба инсон суд ва баҳра мерасонад. Хушо ба ҳоли касе, ки бишнавад ва ба хотир бисупорад ва бар орзуҳо ҷомаи танро бипӯшонад ва онҳоро муҳаққақ созад, нафасашро аз ҳавасҳо боздорад ва яқин пайдо кунад, ки муттақин наҷотёфтагонанд ва инсон танҳо ба талоши худ дастрасӣ дорад ва заҳмати худро хоҳад дид. Пас эй ғофил аз ин хоб бедор шав ва бо аъмоли нек худро мусаллаҳ кун ва дар ҳоле, ки дар гарави гуноҳон ҳасти ва амали ношоиста аз ту сар мезанад ба манозил ва мақоми аброр умедвор набош ва дар танҳои Худовандро муроқиби худ бидон ва орзуҳо туро фиреб надиҳанд, зуҳду тақво пеша намо ва ин ашъорро замзама кун:

    تزود من معاشک للمـعاد وقم لله واعمل خیر زاد

    ولا تجمع من الدنیا کثیـراً فان المال یجمع للنفــاد

    أ ترضی أن تکون رفیق قوم لهم زاد وأنت بغــیر زاد

    *Аз зиндаги худ барои маод туша муҳаё кун, ва барои Худо қиём кун ва беҳтарин туша барои худ ба даст биёр.

    *Зиёд дар паи ҷамъ кардани дунё набош, чунки молу сарват барои фано шудан ва нобудӣ ҷамъ карда мешавад.

    *Оё меписанди, ки дар сафар бо касоне ҳамроҳ бошӣ, ки ҳазинаи сафар доранд вале ту ҳеҷ тушае ба ҳамроҳи худ надошта боши?

    Яке дигар мегӯяд:

    إذا أنت لم ترحل بزاد من التقی ولاقیت بعد الموت من قد تزودا

    ندمت علی ان لا تکون مثلــه وإنک لم ترصد کما کان ارصـداً

    * Агар бидуни зод ҷаҳонро видоъ нагуфти ва баъд аз марг афродеро диди, ки зоди фаровон ва тушаи зиёд захира кардаанд.

    * Пушаймон мешави, ки чаро мисли ӯ нести ва монанди ӯ ба шикор ва сайди аъмоли нек дар дунё напардохтӣ.

    Матлаби чорум: намунае аз панди шоирон

    لا شيء مما ترى تبقي بشـاشته يبقى الإله ويودي المال والولـد

    لم تغن عن هرمزٍ يومـاً خزائنه والخلد قدحاولت عادٌ فما خلدوا

    ولا سليمان إذ تسري الرياح به والإنس والجن فيما بینهمـا ترد

    أين الملوك التي كانت نوافلهـا من كل أوبٍ إليها راكبٌ يفـد

    حوضٌ هنالك مورودٌ بلا كذبٍ لابد من وردنا يوماً كما وردوا

    * Чизҳое, ки мебинед, равнақ ва башошати онҳо боқӣ намемонад, танҳо Худованд боқӣ аст ва молу фарзанд бо инсон видоъ мегӯянд.

    * Ганҷинаҳои Ҳурмуз ӯро аз дигарон бениёз насохт ва қавми Од хеле талош карданд, ки мондагор бимонанд вале нобуд шуданд.

    * Ҳамчунин Сулаймоне, ки бодро дар ихтиёр дошт мондагор намонд ва инсон ва ҷин ҳама аз ин миён мераванд.

    * Подшоҳоне, ки аз ҳар диёр саворон ба сӯи онҳо меомаданд куҷо ҳастанд?

    * Ҳар чизе бидуни дурӯғ аз роҳе вориди саҳна мешавад, бегумон бояд аз ҳамон роҳ баргардад, ки омада буд.

    Яке дигаре мегӯяд:

    مشيناها خطاً كتبت علينا ومن كتبت عليه خطاً مشاها

    ومن كانت منيته بأرض فليس يموت في أرض سواها

    * Масире, ки барои мо навишта шуда буд тай кардем ва ҳар касе бояд ҳамон масири навишташударо тай кунад.

    * Агар марги касе дар сарзамин ва мамлакате навишта шавад бояд дар ҳамон макон ҷонро ба ҷонофарин таслим кунад.

    Шоири дигар мегӯяд:

    إذا ولیـت قومــاً لیلـة فاعلم بانک بعدها مسئول

    إذا حملت الی القبور جنازة فاعلم بانک بعدها محمول

    * Агар танҳо шабе бар қавме амир боши бидон, ки баъд аз он барои ҳамеша масъул ва маъмури он қавм хоҳи шуд.

    * Ва агар ҷанозаеро ба сӯи қабристон бар душ ҳамл карди, бидон, ки рӯзе ту ҳам бар души дигарон ҳамл хоҳи шуд.

    Яке дигар мегӯяд:

    تزود من الدنيا فإنــك لا تدري إذا جن ليل هل تعيش إلى الفـجر

    فكم من عروس زينوها لزوجـها وقد أخذت أرواحهم ليـلة القدر

    ومن كم صغار يُرجى طول عمرهم وقد أُدخلت أرواحهم ظلمة القبر

    وكم من سليم مات لا من علــة وكم من سقيم عاش حيناً من الدهر

    وكم من فتى يمسي ويصبح لاهيـاً وقد نُسجت أكفانه وهو لا يدري

    وكم من ساكن عند الصباح بقصره وعند المسا قد كان من ساكني القبر

    فكن مخلصاً واعمل الخير دائمــاً لعلك تحـــظى بالمثوبة والأجر

    وداوم على تقوى الإله فإنــها أمان من الأهوال في موقف الحشر

    * Аз дунё зод бардор чун ту намедони ҳангоми фаро расидани шаб метавон ба субҳ бираси ва идомаи ҳаёт бидиҳи.

    * Арӯсҳои зиёдеро барои шавҳар ороиш додаанд, вале дар шаби зифоф ҷони онҳо гирифта шуд ва тамом кардаанд.

    * Бачаҳои зиёде орзу мекунанд, ки умри тулонӣ дошта бошанд, вале ба торикии қабр ворид шудаанд.

    * Афроди солими зиёде бидуни дард вафот кардаанд ва беморҳои фаровоне муддати мадиде бо дарду алам зиндагӣ кардаанд.

    * Ҷавонони фаровоне шабу рӯз дар лаҳву лаъб ба сар мебаранд, вале намедонанд, ки тору пуди кафани онҳо духта мешавад.

    * Афроди фаровоне буданд, ки субҳгоҳон қасрнишин буданд вале ҳангоми шаб дар торикии шаб сакан гузиданд.

    * Бинобар ин мухлис бош ва ихлос пеша кун ва ҳамеша амали неку анҷом бидеҳ, то подошу савоб ба даст овари.

    * Бар тақво ва парҳезгорӣ мудовим бош, чун муҷиби имон аз аҳвол ва сахтиҳои сарои қиёмат мешавад.

    Дигаре мегӯяд:

    هب الدنيا تقاد إليك عفواً اليس مصير ذاك إلى الزوال

    وما دنیاک الا مــثل فیء اظلک ثم آذن بالـــزوال

    * Фарз кун, ки дунё бахшишу гузаштро ба ту тақдим мекунад, магар дар ниҳоят ба завол ва нобудӣ мунтаҳо намешавад?

    * Дунёи ту монанди неъмате аст, ки бар ту соя андохта ва дар ниҳоят бонги нобудӣ сар медиҳад ва эълом мекунад, ки нобуд мешавад.

    Яке дигар мегӯяд:

    یا مقیماً قد حان منـه رحیل بعد ذاک الرحیل یوم عصیب

    ان للموت سکـرة فاتقبهـا لا یداویک ان اتتک طـبیب

    کم توانی حتی تصیر رهینـاً ثم تاتیـک دعـوة فتجیـب

    وتذکر یوماً تحـاسب فیـه ان من یذکر الممـات ینـب

    لیس من ساعة من الـدهر الا للمنایـا علیـک رقــیب

    کل یـوم ترمیـک بسـهم ان تخطی یوماً فسـوف تصیب

    * Эй касе, ки вақти раҳил ва куч фаро расидааст, пас аз раҳил дучори рӯзгори сахте хоҳи шуд.

    * Марг дорои сакарот аст, мунтазир бош, агар табиб ҳам бар сарат ҳозир шавад наметавонад туро мудово кунад.

    * Чи қадар сустӣ ба харҷ доди то маҳбуси аъмол шуди, сипас даъвати марг меояд бояд бадон ҷавоб бидиҳи.

    * Рӯзеро ба ёд овар, ки дар он муҳосаба мешави, касе ки ба ёди марг бошад ба сӯи ҳақ бармегардад.

    * Дар ҳар лаҳзае аз зиндагӣ лаҳзоти марг рақиби туст.

    * Ҳар рӯз тире ба сӯят раҳо мехурад, агар рӯзе тир ба хато рафт оқибат рӯзе тир ба ҳадаф мерасад ва кушта мешави.

    Яке дигар мегӯяд:

    الموت فی کل یوم ینشر الکفنا و نحن فی غفلة عمــا یراد بنا

    لا تطمئن الی الدنیا وبهجتهـا وان توشحت من اثوبها الحسنـا

    این الاحبة والجیران مـا فعلوا این الذین همو کانوا لنا سکنـاً

    سقاهم الموت کأساً غیر صافیة فصیرتهم لاطباق الثری رهــیناً

    * Марг ҳар рӯзе кафанҳоро пахш мекунад, дар ҳоле, ки мо аз насиҳати ӯ дар ғафлати комил ба сар мебарем.

    * Ба дунё ва лаззатҳояш итмиънон накун, ҳарчанд либосҳои зебое бар тан кунад.

    * Ҳамсоя ва дӯстон куҷо ҳастанд, куҷо ҳастанд касоне, ки ҳамшаҳрӣ ва ҳаммаҷлиси мо буданд ва ба чи сарнавиште дучор шуданд.

    * Марг косаи ногувореро, ки бадонҳо нӯшонид ва дар чанд табақаи зерини замин онҳоро асир ва марҳуни худ кунонд.

    قدم لنفسك توبة مرجوة قبل الممات وقبل حبس الألسن

    بادر بها غلق النفوس فإنها ذخـر للمنيــب المحســن

    * Қабл аз марг ва банд омадани забон ба ҳоли худ бияндеш ва тавбаи мақбулеро ба ҷо овар.

    * Қабл аз банд омадани нафас барои анҷоми он шитоб кун, чун захираи қиёмат ва неъмати инсон тавбагузори некукор аст.

    Матлаби панҷум: Таъсири ёди марг дар ислоҳи нафс.

    Бе шак ёди марг дар тазкия ва ислоҳи нафс нақши арзанда ва қобили таваҷҷуҳе дорад, чун нафс таҳти таъсири дунё ва лаззатҳои он қарор мегирад ва дӯст дорад то муддати дарозе дар дунё бимонад ва гоҳе ба сӯи гуноҳон ва маъсиятҳо мутамоил мешавад ва дар тоат ва бандагӣ кутоҳӣ менамояд. Аммо замоне, ки тасаввур ва ёди марг ҳамвора дар хотири инсон бошад дунё дар нигоҳи ӯ беарзиш мешавад ва инсонро водор ба талош дар ислоҳи каҷӣ ва инҳирофот менамояд.

    Байҳақӣ дар “Шаъби имон” Ибни Ҳиббон дар саҳеҳи худ ва Баззор дар муснадаш бо санади саҳеҳ аз ҳазрати Анас (р) чунин нақл мекунанд, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (أكثروا ذكر هاذم اللذات، فإنه لم يذكره أحد في ضيق إلا وسع عليه، ولا ذكره في سعة إلا ضيقها عليه)

    (Маргро, ки хушӣ ва лазотро аз байн мебарад ба касрат ёд кунед, чун ёди марг дар тангно сабаби фараҳ ва хушӣ мешавад ва дар ҳолати лаззат сахтӣ ва нороҳатӣ ба бор меоварад). (Саҳиҳи ҷомиъ: 1\388, шумораи: 1222)

    Аз ибни Муборак ривоят шудааст, ки Солиҳ Маррӣ гуфтааст: Агар ёду зикри марг як лаҳза аз ман ҷудо шавад, дилам баста мешавад ва дучори фасоду нороҳатӣ мегардад.

    Дақоқ мегӯяд: Касе ки маргро зиёд ёд кунад ба се неъмат ва каромат даст пайдо мекунад: шитоб дар тавба, қаноати қалбӣ ва шуру нишот дар ибодат ва ниёиш ва агар касе маргро ёд накунад ба таъхир андохтани тавба ва адами ризоят ва танбалӣ дар ибодат дучор мешавад. (Тазкираи Имом Қуртубӣ, саҳ 9)

    Қуртубӣ мегӯяд: бидон, ки ёди марг эҳсоси ҷудо шудан ва дурӣ кардан аз дунёи фонӣ ва таваҷҷуҳ ба дори боқиро ба вуҷӯд меорад. (Алзуҳд ва риқоқ, ибни Муборак, саҳ 88)

    Мегӯянд: Зане аз қасовати қалби худ назди Умулмуъминин ҳазрати Оиша (р) шикоят кард, ҳазрати Оиша (р) хитоб ба ӯ фармуд: Маргро зиёд ёд кун то қасовати ту бартараф шавад. Он зан сухани Умулмуъмининро ба ҷо овард ва сафои қалбу оромиши хотирро ба даст овард. (Тазкираи Қуртубӣ, саҳ 9)

    Қуртубӣ мегӯяд: уламо гуфтаанд: Ёди марг инсонро аз иртикоби гуноҳ бозмедорад, дилҳои сахтро нарм мекунад ва мағрур шудан ба дунёро пуч месозад ва балову мусибатҳоро осон менамояд. (Тазкираи Қуртубӣ, саҳ 12)

    Қуртубӣ ба нақл аз уламо мегӯяд: Ҳеҷ чизе барои дилҳо судмандтар аз зиёрати қубур нест, махсусан агар қалб сахт ва сиёҳ бошад бояд бо се равиши зайл муолиҷа ва мудово гардад.

    1. Кандани дил аз дилбастагиҳо ба василаи ҳозир шудан дар маҷолиси илм, ваъз, тазкир, тахвиф, тарғиб ва ахбор ва саргузашти инсоҳои пок ва арҷуманд, чун ҳама инҳо сабаби нарм шудани дил ҳастанд.
    2. Ёди марг, чун лаззотро нобуд ва ҷамоатро мутафарриқ ва духтару писаронро ятим месозад.
    3. Ҳозир шудан назди касоне, ки дар ҳолати сакароти марг ҳастанд, чун нигоҳ кардан ба сӯи майит ва мушоҳида намудани сакарот ва назаот ва тааммул намудан дар чеҳраи майит баъд аз марг, умур ва саҳнаҳое ҳастанд, ки лаззати нафсро аз байн мебаранд, сурури дилҳоро мезудоянд, чашмҳоро аз хоб бедор мекунанд ва ҷисмро аз оромиш дур нигоҳ медоранд ва инсонро ба анҷоми аъмол вомедоранд ва сабаби талош ва заҳмати бештаре барои қиёмат мешаванд. (Тазкираи Қуртубӣ саҳ 12).

    Аз Ҳасани Басрӣ нақл шудааст, ки барои аёдат назди беморе рафт, ӯро дар сакароти марг дид, ба мушкил ва сахтиҳои ӯ нигоҳ кард ва дар он тааммул намуд ва бо ранги дигаре ба хонааш бозгашт. Занаш хитоб ба ӯ гуфт: ғизо ҳозир аст, Имом дар ҷавоб гуфт: шумо ғизо бихуред, ман имрӯз саҳнаеро дидам, ки то расидан ба он саҳна ҳаргиз ором намегирам ва мудом талош мекунам. (Тазкираи Қуртубӣ саҳ 12).

    Ҳазрати Абудардо (р) мефармояд: Ҳар кас маргро зиёд ёд кунад, аз хушҳолиҳояш коста мешавад ва ҳасадаш аз байн меравад. (Китоби Зуҳд, ибни Муборак.)

    [1] Ба манзури огоҳӣ аз ин таъвилот ба Фатҳулборӣ (3\152) муроҷиа шавад.

    [2] Тирмизӣ, китоби “Ҷаноиз” 3\326 шумораи (806)