×
Дини ислом динест, ки ҳамеша мардумро ба эҳтиром ва кумак байни ҳамсоягон даъват мекунад.

    Ҳаққи ҳамсояги аз нигоҳи ислом

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Абдураҳмони. А

    2014 - 1436

    حق الجار في الإسلام

    «باللغة الطاجيكية»

    عبد الرحمن. أ

    2014 - 1436

    Ҳаққи ҳамсояги аз нигоҳи ислом

    Дини ислом динест ки ҳамеша мардумро ба эҳтироми якдигар, ва барои ёри расони ба ҳамдигар даъват мекунад, Аз ҷумлаи дастурҳои дини ислом, ки далолат ба ин чиз мекунад дастурҳое аст, ки дар он ҳаққи ҳамсоягонро миёни ҳамдигар баён мекунад.

    Мусалмон ҳар куҷо ки бошад бояд бо ҳамсояи худ некрафтор ва хушсухан бошад, ҳамеша аз аҳволи ҳамсояи худ бохабар ва дар мушкилоташ бо ӯ шарик бошад, Дар ҳоҷатҳояш ёри расонаш бошад, ва дар касалиаш дилбардор ва дуъогуи ӯ бошад. Ҳамсояааш ҳамеша бояд аз ӯ хуш ва бароҳат бошад.

    Ин аст дастури дини ислом нисбати ба ҳаққи ҳамсояги. Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    عن ابن عمر وعائشة – رضي الله عنهما- قالا: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم - : "مازال جبريل يوصيني بالجار حتى ظننت أنه سيورثه". متفق عليه.

    Ибни Умар ва Ойша (р.з) аз Паёмбари Худо(с) ривоят мекунанд ки фармуд: "Ҳамеша Ҷабраил (а) манро дар мавриди ҳамсоя тавсия менамуд то инки гумон кардам шояд ки ҳамсояро меросбари ҳамсоя қарор диҳад". (Муттафақун алайҳ)

    Мерос барои инсон баъд аз маргаш наздиктарини хешу табораш мебошад ва Паёмбари Худо (с) мегуяд, Ҳазрати Ҷабраил (а) ӯро дар бораи баҷо овардани ҳаққу ҳуқуқи ҳамсоя онқадар зиёд мегуфт, ки гумон мекард шояд барояш ваҳй нозил шавад, ки ҳамсоя меросбари ҳамсоя гардад.

    Паёмбари Худо (с) ба Абузар (р.з) дар васияташ гуфт:

    عن أبي ذر – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم -: "يا أباذر إذا طبخت مرقة فأكثر ماءها, وتعاهد جيرانك". رواه مسلم.

    “Эй Абузар агар шурбо пухти оби онро бисёр кун ва ҳамсояҳоятро ёд кун”. (Муслим)

    Дар ривояти дигар мефармояд:

    وفي رواية له عن أبي ذر قال: إن خليلي أوصاني: "إذا طبخت مرقة فأكثر ماءه, ثم انظر أهل بيت من جيرانك, فأصبهم منها بمعروف".

    “Дӯстам манро васият кард, ки вақто шурбо пухтӣ оби онро бисёр кун ва сипас ба хонаводаи чанде аз ҳамсоягонат бинигар ва бо миқдоре аз оби он барояшон ба неки бидеҳ”.

    Аммо мусалмоне ки ҳамсояаш ҳамеша аз ӯ озор мебинад ва ба ғайр аз рафтор ва кирдори бад аз ӯ чизи дигаре намебинад, Паёмбари Худо (с) дар борааш мефармояд:

    عن أبي هريرة – رضي الله عنه – أن النبي – صلى الله عليه وسلم قال: "والله لا يؤمن, والله لا يؤمن, والله لا يؤمن! قيل: من يا رسول الله؟ قال: "الذي لا يأمن جاره بوائقه" متفق عليه. وفي رواية لمسلم: "لا يؤمن من لا يأمن جاره بوائقه".

    Абуҳурайра (р.з) ривоят мекунад ки Паёмбари Худо (с) фармуд: "Ба Худо мӯъмин шуморида намешавад, ба Худо мӯъмин шуморида намешавад, ба Худо мӯъмин шуморида намешавад! Гуфта шуд: Кадом кас эй расули Худо? Фармуд: "Касе ки ҳамсояаш аз бадии ӯ дар амон намебошад". (Муттафақун алайҳ)

    Дар ривояти дигар ки онро имом Муслим ривоят карда аст бо чунин лафз аст: "Дохили биҳишт намешавад касе ки ҳамсояаш аз бадии ӯ дар амон набошад".

    Дар ҳадиси дигар ки онро Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) ривоят карда аст Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    عن عبد الله بن عمر – رضي الله عنه قال: قال رسول الله - صلى الله عليه وسلم: "خير الاصحاب عند الله تعالى خيرهم لصاحبه, وخير الجيران عند الله تعالى خيرهم لجاره" رواه الترمذي وقال: حديث حسن.

    “Хубтарини дӯстон дар назди Аллоҳ таъоло хубтаринашон барои дӯсти хеш аст, ва хубтарини ҳамсоягон дар назди Аллоҳ таъоло хубтаринашон барои ҳамсояаш мебошад”. (Тирмизӣ)

    Дар ҳадиси дигар Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    عن أبي شريح الخزاعي – رضي الله عنه – أن النبي – صلى الله عليه وسلم قال: "من كان يؤمن بالله واليوم الآخر فليحسن إلى جاره..." مسلم

    Абушурайҳи Хузоъи (р.з) ривоят мекунад ки Паёмбари Худо (с) фармуд: “Касе ки имон ба Худо ва рӯзи охират дорад пас ба ҳамсояаш неки кунад”. (Муслим)

    Яъне: Ҳаққи ҳамсояро баҷо овардан яке аз шартҳои пурра шудани имони банда ба Худо ва рӯзи охират мебошад.