×
Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд.

РӮҲИ ИСЛОМ (Қисми дуввум)

(Таҳқиқ ва баррасӣ дар усули Ислом, одоб ва аҳкоми он бо равишу услуби илм ва фалсафа)

АФИФ АБДУЛФАТТОҲ ТАББОРА

—™

Абӯбакри Ҳасанзода

Таҳия, тадвин, тахриҷи оёту аҳодис, баргардонӣ бо хатти кириллӣ ва пешгуфтори

Абдулҳалим ОРИФӢ

Душанбе

«Ирфон»

2011

ББК 86.38+87.717

А-90

Бо ташхиси Кумита оид ба корҳои динӣ назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16.06.2011 таҳти рақами 275 ба чоп пешниҳод шуд.

Аз забони арабӣ тарҷумаи

Абӯбакри Ҳасанзода

Таҳия, тадвин, тахриҷи оёту аҳодис,

баргардонӣ бо хатти кириллӣ ва пешгуфтори

Абдулҳалим ОРИФӣ

Муқарриз

академик Мӯсо ДИНОРШОЕВ

Муҳаррирон

Абдушариф БОҚИЗОДА, Сироҷиддин ИКРОМӣ

Афиф Абдулфаттоҳ Таббора

А-90 Рӯҳи ислом. – Душанбе: «Ирфон», 2011. – 600 саҳ.

Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд

Ҳамчунин, эродҳо ва шубҳаҳоеро, ки дар атрофи Ислом ангехта шудаанд, баррасӣ намуда, бо санаду далелҳои илмӣ бутлони онҳоро собит менамояд.

Азбаски китоби мавриди назар бо забони илм ва услуби равон таълиф гардидааст, мутолиаи он барои олимон, муҳаққиқони адён, рӯшанфикрон ва оммаи васеи хонандагон ғановати фар¬ҳангӣ ва дарёфти бесобиқа хоҳад буд.

А 0401000000-013 -2009

М501 (12) - 2009

ISBN 978-99947-63-33-7 ББК 86.38+87.717

© таҳия аз Орифӣ А., 2011

Ба ифтихори бузургдошти

олими оламшумул, фақеҳи тавоно, нобиғаи замон, пешвои аввалин мазҳаби аҳли суннату ҷамоат Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит

(раҳматуллоҳи алайҳ) ба нашр расид

Боби дуюм

АҚОИД ДАР ИСЛОМ

§ Имон ба Худо

§ Ваҳдоният ва якто будани Парвардигор

§ Имон ба рўзи охират

§ Имон ба Фариштагон

§ Имон ба китобҳои Худо

§ Имон ба пайғамбарони Худо

§ Имон ба қадари илоҳӣ

ДЕБОЧА

ШАРҲУ БАЁНИ АҚОИД ВА ИБОДОТ

Расули Худо (с)-ро аз имон пурсиданд, фармуд: «Ба Худо, фариштагон, китобҳо ва паёмбарони ӯ, ҳамчунин ба тақдири неку бад имон биёварӣ».

Ҳамин аркони имонро уламои дин ақоид номгузорӣ карданд.

Ҳамчунин, аз Пайғамбар (с) роҷеъ ба маънои ислом пурсиш намуданд, фармуд: «Ислом ин аст, ки ба ягонагии Худо ва пайғамбарии Муҳаммад гувоҳӣ бидиҳӣ ва намоз барпо дорӣ ва закотро пардохт намоӣ ва рӯзаи рамазон ба ҷо орӣ ва ҳаҷҷи Хонаи Худо анҷом диҳӣ, агар тавони рафтан дошта бошӣ»[1]. Ин фармудаҳои Расули Акрам (с)-ро уламои дин ибодот номгузорӣ карданд.

Нахустин нишонаи пазируфтани дини Ислом ин аст, ки инсон «Ашҳаду ал-ло илоҳа иллалоҳ ва ашҳаду анна Муҳамадан расу-луллоҳ» бигӯяд.

Қисмати аввали калимаи шаҳодат гувоҳӣ додан ба улуҳияти Худо ба шумор меравад, яъне шахсе, ки бо гуфтани калимаи мазкур ойини исломро мепазирад, аз оғози кор маъбудияти Зоти Аллоҳ таолоро эътироф намуда, дар ҳеҷ амр касе ё чизеро шарики ӯ таоло қарор намедиҳад.

Ҳар гоҳ инсон ба улуҳияти Худованди бузург бовар намояд, дунболи ин эътиқод меравад, ки ҳаройина Ҳақ таоло мардумро бе ҳидояту роҳнамоӣ раҳо накардааст, балки барои онҳо пайғамбароне фиристода, то мардумро ба роҳи саодату некбахтӣ раҳнамун созанд, дар хотимаи силсилаи пайғамбарон ҳазрати Муҳаммад (с) қарор доранд, аз ин рӯ, баъди гувоҳӣ додан ба ягонагии Аллоҳ таъоло гуво-ҳӣ додан ба нубуввату пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (с) бар ӯ лозим меояд.

Пазируфтани ин ду амри эътиқодӣ инсонро водор месозад, то ваҳйи илоҳӣ, яъне Қуръони карим ва шариату аҳкоми Исломро қабул намояд. Баъди ин дебоча нахуст ба шарҳу тавзеҳи ақоид сипас ибодот мепардозем.

Фасли панҷум : ИМОН БА ХУДО ВА ДАЛОИЛИ ИЛМӣ БАР ВУҷУДИ ХУДО

1. Бурҳон ва далел бар вуҷуди Худо. 2. Ин ҷаҳон далел бар вуҷуди Худост. 3. Шабу рӯз, Офтобу Моҳ нишонаҳое бар вуҷуди Худо мебошанд. 4. Вуҷуди ирода ва тасмим дар эҷоди ҷаҳон. 5. Ҳуҷайраҳои зинда нишонаи вуҷуди Худост. 6. Офариниши гиёҳ нишонаи вуҷуди Худост. 7. Вуҷуди генҳои виросатӣ нишонаи вуҷуди Худост. 8. Офариниши инсон нишонаи вуҷуди Худост. 9. Офариниши нарина дар канори модина нишонаи вуҷуди Худост. 10. Зоди валади инсон ва ҳайвон нишонаи вуҷуди Худост. 11. Имон ба Худо як амри фитрӣ ва сириштӣ аст. 12. Илм инсонро ба имон ба Худо даъват мекунад. 13. Мубоҳиса бо касоне, ки ба Худо эътиқод надоранд ва моддаро маншаи коинот мепиндоранд.

Имон ба Худо амре аст фитрӣ ва дар даруни ҳар инсоне мавҷуд аст ва ба сурати ҳатмӣ ва нохудогоҳ ба унвони самарае аз самароти ақл дар қалби инсон ҷой мегирад. Масъалаи бисёр ошкор ва равшане, ки ҳама онро қабул доранд, ин аст, ки ҳеҷ чизе худ ба худ ба вуҷуд намеояд ва ниёз ба як иллати сонеъ ва бавуҷудоваранда дорад.

Ҳар гоҳ инсон ба ин ҷаҳони пурназму тартиб, Офтоб, Моҳ, Замин, дарё ва... назари воқеъбинонае биандозад, ба таври ҳатмӣ иқрор мекунад, ки ин ҳама мавҷудоти азиму муфид ва маназзаму муртабит бо ҳам ба худии худ ба вуҷуд наомада ва ҳатман лозим аст Офаридгоре дошта бошанд.

БУРҲОН ВА ДАЛЕЛ БАР ВУҶУДИ ХУДО

Имон ва эътиқоди инсон ба Офаридгори ҷаҳон имоне аст фитрӣ, ки дар сиришти ӯ вуҷуд дорад, ки пеш аз пайдоиши далел ва бурҳон бар вуҷуди холиқ падид омадааст.

Инсон ҳар андоза ба ҳофизааш фишор оварад ва бихоҳад даврони туфулияташро ба ёд оварад ва бифаҳмад аз чи таърихе ақидаву имон ба Офаридгор дар ниҳоди ӯ ба вуҷуд омадааст, наметавонад онро ба ёд биоварад, балки танҳо аз ин ҳақиқат огоҳ мешавад, ки аз рӯзе, ки худро дида, ақида ба Офаридгор ҳамроҳаш будааст. Ақида бар Офаридгори ҷаҳон монанди ҳар огоҳӣ ва шуури аввалияи дигар (монанди эҳсос, муҳаббат ва ишқ ба адолат) зарурӣ ва бидуни ихтиёр дар фитрату сиришти мо ба вуҷуд омадааст. Масалан, навозишҳову сурудҳои модарона ба ҳангоми ширхорагӣ ва тарбияҳои ахлоқии аввалия, ки ба тадриҷ анҷом гирифтаанд, дар тараққӣ ва пешрафти ин ақида дар зиндагӣ таъсири фаровон доштаанд, вале ҳастаи марказии он аз ибтидо дар фитрати инсон будааст. Аммо дар асоси тамринот ва касби илму дониш ва бурузи ҳаводису тағйири авзоъ ва аҳвол ин ақида низ рушд ва таҳаввулу тағйир пайдо кардааст. Айни он чиро, ки дар зиндагӣ ва даврони туфулияти як инсон мушоҳида мекунем, дар даврони туфулияти миллатҳо ҳам мушоҳида менамоем. Таърих ба мо нишон медиҳад, ки ҳамаи миллатҳо дорои имони фитрӣ ба вуҷуди як қудрати офаринанда ва нагаҳдорандаи ҷаҳон мебошанд, ки бо илму адолат дар байни мардум доварӣ менамояд, некӯкоронро подоши нек медиҳад ва бадкоронро ба кайфари аъмоли бадашон мерасонад, ҳар кас чи дар дунё ва чи дар қиёмат самараи рафторашро хоҳад дид.[2]

Аммо аз лиҳози эътиқод ба Худо рушд ва таҳаввуле дар инсони қадим падид омад ва шакку тардид нисбат ба Офаридгор бар ӯ мусаллат шуд. Ба манзури наҷоти башар аз ин шакку тардид Худованд пайғамбарони худро бо мӯъҷизоти равшан ба миёни мардум фиристод, то онҳоро ба роҳи рост баргардонанд. пайғамбарон корҳои хориқулодае, ки фавқи қуввати башарӣ буд, аз худ нишон медоданд, то мардум қонеъ шаванд ва бидонанд, ки онҳо расул ва фиристодаи Худо ҳастанд ва барои ҳидояту наҷоти эшон аз инҳирофу гумроҳӣ омадаанд.

Вале инсони имрӯза бо мӯъҷизае аз қабили мӯъҷизоти пайғамбарони пешин зиёд қонеъ ва мутаассир намешавад ва танҳо роҳ барои ҳидоят ва қонеъ намудани он баёни далоил ва бурҳонҳои ақлию мантиқӣ аст. Бинобар ин дине, ки мехоҳад мавриди қабул воқеъ шавад, бояд дорои далоили илмию мантиқӣ бошад ва бо далоили ақлӣ Худоро ба мардум бишиносонад.

Кашиш Терӣ аз Ислом эрод мегирад ва мегӯяд: «Муҳаммад (с) ба сароҳат таҳрим намуда ва иҷозат надодааст, ки ақл дар масоили динӣ дахолат намояд, чун ақида дошта ва чун Худо бо далоилу бурҳон ва иҷтиҳоди фикрӣ собит нахоҳад шуд ва ин ки мегӯянд дар Қуръон ба озодии ақл иқрор шуда, ин таҳрими Муҳаммад (с)-ро тавҷеҳ намекунад».[3] Ҳамон гуна, ки дар ин фасл бароямон маълум мегардад, ин тӯҳмат ва ифтиро ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақиқат надорад. Ба ростӣ, ин ифтиро ҷойи тааҷҷуб аст, чун дар байни тамоми динҳо танҳо дини Ислом аст, ки ақлро дар масоили динӣ, махсусан барои исботи вуҷуди Худо ба кор гирифта, оятҳои фаровоне аз Қуръон мардумро ба имон ба Худо даъват менамоянд ва бар ақлу фитрати поки инсонӣ такя ва таъкид кардаанд ва аз мардум хостаанд ба василаи нури ақл ва фитрат роҳи имон ба Худоро бишиносанд ва имони худро тақвият намоянд.

Мо дар ин ҷо далоили ақлиро баён мекунем ва қазоватро ба хонандаи мӯҳтарам вогузор менамоем, то ба андозаи биниши худ қазоват кунад ва бибинад, ки чӣ гуна Ислом барои ақли башарӣ ва қудрати он дар кашфи асрору розҳои нуҳуфта дар ҷаҳони ҳастӣ эҳтиром қоил шудааст ва ақл аст, ки инсонро роҳнамоӣ мекунад, ки ин ҷаҳон дорои чунон назму тартиби дақиқе аст, ки гувоҳӣ медиҳад ҳатман бояд Офарандаи доно ва ҳакиме ӯро офарида бошад.

ИН ҶАҲОНИ ҲАСТӢ БУЗУРГТАРИН НИШОНА ВА ДАЛЕЛ БАР ВУҶУДИ ХУДО АСТ

Яке аз бузургтарин далоили исботи вуҷуди Худо офариниши ин ҷаҳони азим аст. Замине, ки мо дар рӯйи он зиндагӣ мекунем ва маҷмӯаи ситораҳои дурахшоне, ки аз осмон худро ба мо нишон медиҳанд ва чашми инсонро бо нури пурқудрати хеш хира месозанд ва бо назму тартиб ва қавонини аҷиби худ қудрати тафакурро аз мо мегиранд ва моро таҳти таъсири худ қарор дода ва моту мутаҳаййир месозанд, бузургтарин далел бар вуҷуди холиқ ва Парвардигори тавонову доност ва ҳар касе бо диққат онро бинигарад, ночор сари таслим дар баробари Офаридгор фурӯ меоварад ва ба саҷда дармеояд.

Қуръони карим дар аксари оятҳои худ мардумро ба шиносоии ҷаҳон ва касби огоҳӣ бар асрору розҳои нуҳуфта дар он даъват менамояд, то ба василаи илму иттиллоъ бар шигифтиҳои замину осмон имони худро ба Офаридгори ҷаҳон тақвият бахшад ва шакку тардидро аз худ бартараф намояд ва мефармояд:

﴿قُلِ ٱنظُرُواْ مَاذَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَمَا تُغۡنِي ٱلۡأٓيَٰتُ وَٱلنُّذُرُ عَن قَوۡمٖ لَّا يُؤۡمِنُونَ ١٠١﴾ [يونس : ١٠١]

«Эй Муҳаммад (с), бигӯ, бинигаред ва чашми воқеъбинро ба сӯйи осмонҳо ва Замин боз кунед, ки чӣ чизҳои аҷибе дар он вуҷуд дорад. Вале оятҳои Қуръонӣ ва нишонаҳои пурҳикмат аз осмонҳо ва Замин барои касоне, ки имон надоранд, фоидае намебахшад» (Юнус, 101).

Ва боз Худованд мефармояд: «Касоне, ки имон надоранд, оё ба мулки паҳновар ва шигифтангези осмонҳо ва Замин, аҷоибу ғароиб ва назми мавҷуд дар онҳо ва ба дигар офаридаҳо ва махлуқоти Худо наменигаранд ва ба онҳо фикре намекунанд? (То ба азамат ва қудрати Парвардигор огоҳ шаванд) Магар намедонанд чӣ басо аҷали онҳо наздик шуда бошад? Оё аз ин суханон ба чӣ сухан ва даъвати дигаре имон меоваранд?» (Аъроф, 185).

Қуръон босароҳат мегӯяд: «Ҳар гоҳ инсоне баъд аз баррасӣ ва тафаккур дар ҷаҳони ҳастӣ ва шигифтиҳои он ки бузургтарин далел бар вуҷуди Парвардигор ва илму иродаи ӯст, боз бар куфру илҳод боқӣ монад, ин нишонаи он аст, ки дигар ҳеҷ мантиқе наметавонад дар ӯ муассир бошад ва ӯро ҳидоят намояд».

Дигар, ба чӣ далели дигаре баъд аз ин далоили ошкор имон меоваранд? (Ба ҳеҷ далеле) Қуръон мефармояд, ки танҳо мӯъминон вуҷуди ин ҷаҳонро далел бар вуҷуди Худованд медонанд:

﴿خَلَقَ ٱللَّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ ٤٤﴾ [العنكبوت: ٤٤]

«Худованд осмонҳо ва заминро бо назме, ки доранд, аз рӯйи илму ҳикмат ва ҳисоб офаридааст. Қатъан дар ин офариниши зебо нишонаи бузурге барои имондорон вуҷуд дорад». (Анкабут, 44).

Аммо лозим аст бидонем, ки ин ҷаҳон чист? Донишмандон ва ситорашиносон мегӯянд: Замине, ки мо ба рӯйи он қарор гирифтаем, яке аз сайёраҳои манзумаи офтобӣ беш нест ва манзумаи шамсӣ ҳам танҳо як манзума аз маҷмӯаи манзумаҳои каҳкашони худ мебошад ва маҷмӯаи каҳкашониҳо низ ҷузъе аз маҷмӯаи мудуни нуҷумӣ аст, ки дар фазо мебошанд ва ба ғайр аз инҳо шаҳобҳо, радифҳо ва дунболадорҳои (кометаҳо – ҷирмҳои осмонӣ) бешумори дигаре низ вуҷуд доранд.

Бояд бидонем теъдоди ситораҳо дар каҳкашони мо, ки манзумаи шамсӣ ба он нисбат дода мешавад, чӣ қадар аст? Агар бо чашми ғайри мусаллаҳ ба фазо бинигарем, зоҳиран тамоми ситораҳое, ки дар нимкураи шимолӣ ва нимкураи ҷанубӣ барои мо зоҳир мешавад, аз шаш ҳазор ситора таҷовуз намекунад. Вале ҳар гоҳ бо дурбинҳои қавӣ ба осмон назар кунем, мавзӯъ ба куллӣ иваз мешавад. Донишманд ва ситорашиноси маъруф Кобтин теъдоди ситораҳои мавҷуд дар ин каҳкашонро ба чиҳил ҳазор миллион (40 миллиард) тахмин мезанад, вале Шойилӣ, ки яке аз уламои расадхонаи Ҳорвард мебошад, теъдоди ситораҳои мавҷуд дар каҳкашони моро ба сад ҳазор миллион тахмин намудааст. Аз тарафи дигар, таъдоди худи каҳкашонҳоро ба бештар аз сад миллион тахмин кардаанд, ки ҳар каҳкашон дорои миллионҳо ситораи тобноки бисёр пурнур аст. Аммо ҳаҷми ин ситораҳои пурнур нисбат ба ҳаҷми Офтоб чӣ қадар аст?

Офтоб ситорае аст монанди дигар ситораҳое, ки мо онро дар осмон мушоҳида мекунем, агар мо онро бузург мебинем, ба хотири он нест, ки аз дигар ситораҳо бузургтар аст, балки ба ин ҷиҳат аст, ки аз онҳо ба мо наздиктар аст. Албатта, Офтоб аз лиҳози ҳаҷм як ситораи миёна аст. Хурдтарин ситорае, ки то ба ҳол кашф шудааст, ситораи Фонмонан аст, ки ҳаҷми он аз ҳаҷми замин бузургтар аст. Албатта, ин бузургӣ чандон қобили таваҷҷӯҳ нест. Агар як миллион аз ин ситораро бар рӯйи Офтоб қарор диҳем, ҳанӯз ҷойи холӣ барои ситораҳои дигар мисли он боқӣ мебошад. Аз тарафи дигар, ситорае дорем ба номи Ҷавзо, ки ҳаҷми он ба андозае азим аст, ки агар миллионҳо ситораи монанди офтобро бар сатҳи он қарор диҳем, ҳанӯз ҷойи холии фаровоне барои офтобҳои дигар боқӣ мемонад.

Аммо фосилаи ин ситораҳо аз мо чӣ қадар аст? Офтоб, ки Замин ҷузъи манзумаи он аст, нисбат ба ситораҳои дигар ба ҳадде ба мо наздик аст, ки гӯё дар фазо қарор нагирифтааст, аммо бо вуҷуди ин ба миқдори фосилаи он аз Замин таваҷҷӯҳ фармоед! Офтоб аз мо тақрибан 93 миллион мил (158 миллион километр), яъне тақрибан чаҳорсад баробари фосилаи Моҳ аз Замин дуртар мебошад.

Аммо агар фосилаи ситораҳои дигарро ҳисоб кунем, миқёси ҳазор миллион кифоят намекунад, балки бояд аз арқоми миллионҳо миллион ва болотар истифода кунем. Ба хотири ин аст, ки ситорашиносон барои андозагирии онҳо аз воҳиди нурӣ истифода менамоянд ва суръати нурро 186000 мил дар сония тахмин намудаанд, дар ҳоле ки нури сайёраи Булутер, ки дуртарин сайёраи манзумаи шамсӣ аз мо аст, дар муддати чаҳор то панҷ соат ба мо мерасад, вале нури наздиктарин ситораҳо дар фосилаи чаҳор ва панҷ соли нурӣ ба мо мерасад. Дуртарин маҷмӯаҳои нуҷумӣ, ки то ба ҳол ба василаи расадхонаҳо ва дурбинҳои бисёр қавӣ шиносоӣ шудааст, ҳудуди дусад миллион соли нурӣ аз мо дур мебошанд.

Ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки тавре маълум шуд манзумаи ситораи мо ба оромӣ ба даври меҳвари маркази худ ҳаракат менамояд ва собит шудааст, ки дигар маҷмӯаҳои ситораҳо низ ба оромӣ ба даври меҳвари марказии худ ҳаракат менамоянд.[4]

(Албатта, ин тасаввуре аст бениҳоят. Чун ҳар маҷмӯа шомили чанд миллион ситора аст ва аксари ситораҳо миллионҳо баробари Офтоб ҳаҷм доранд, вале вусъати фазо ба андозае аст, ки ҳар маҷмӯа нисбат ба кулли ҷаҳон монанди тӯпе аст, ки ба даври худ мечархад. Субҳоналлоҳ)

Ба ростӣ, ин миллиардҳо ситораи азим бо назм дар фазо қарор гирифта ва баробари қонуни мушаххас ҳаракат мекунанд ва ҳеҷ кадом сари мӯйе аз мадори худ таҷовуз наменамоянд (ва агар таҷовуз кунанд, боиси ихтилоли назм, тасодум ва бархӯрд дар байни ситораҳо ва маҷмӯаҳои дигар мегарданду низоми ҳастӣ, дар натиҷа худи ҳастӣ аз байн меравад. Оё ин ҷаҳони азим ва ин ҳама назму тартиб ва қонуни собиту муҳкам бузургтарин далел бар вуҷуди Худованди олим, тавоно, ҳаким ва ягона намебошад?

Қуръони карим ин азамату назмро далелу бурҳони қотеъ бар вуҷуди Офаридгори донову тавоно ва ҳаким қарор доду аз он ба номи далел ва нишонаи азим ном бурдааст ва мефармояд:

﴿فَلَآ أُقۡسِمُ بِمَوَٰقِعِ ٱلنُّجُومِ ٧٥﴾ [الواقعة: ٧٥]

«Савганд ба мадорҳо ва масири ҳаракати ситораҳо ва қатъан ин савганде аст бисёр бузург (агар дар бораи он бияндешед ва аз илми фалак ва ситорашиносӣ чизе) бидонед» (Воқеъа, 75).

Ин ҷумла, ки Худованд мефармояд: «Агар бидонед ба чӣ чизе савганд мехӯрем, он гоҳ медонед, ки ин савганде аст бисёр азим ва муҳим».

Ин бузургтарин далел аст ба ин ки Қуръон каломи Худо аст. Асрор ва азамати ин оят танҳо дар ин авохир ба василаи ситорашиносон кашф шудааст, ки ба ихтирои дурбинҳои бисёр бузургу қавӣ тавонистаанд то андозае парда аз шигифтиҳои аҷиб ва даҳшатноки ҷаҳон бардоранд.

Эйнштейн мегӯяд: «Имони ман саршор аз тавозӯъ ва бандагии фавқулодда дар баробари он қудрати мутлақа ва зоти бениҳоят аст, ки ба воситаи дарки чизҳои ночизе аз ин ҷаҳони азим ақлу идроки маро водор менамоянд то ба вуҷуди он иқрор намоям ва дар ниҳояти тавозӯъ сари таъзим дар баробараш фуруд оварам. Имони қалбии амиқ ва эътиқод ба вуҷуди қудрате, ки бар ман ҳоким аст, аз дарки саҳеҳи ин ҷаҳон ба даст овардаам ва Парвардигор ва маъбуди ҳаққи худро ба василаи он мешиносам».[5]

Доктор Морей Стонли Кунгдан[6] мегӯяд: «Ба ростӣ, тамоми зарроти олами ҳастӣ ҳама гувоҳӣ медиҳанд, ки Парвардигоре боқудрат, азамат ва доно ин ҷаҳонро ба вуҷуд овардааст. Вақте мо, донишмандон, ба таҳлил ва баррасии осори ҷаҳон мепардозем, ҳатто агар мехоҳем шеваи таҳлилу истидлолро ба кор гирем, танҳо осори дасти пурқудрати Худоро мушоҳида мекунем ва дар баробари азамати ӯ моту мутаҳаййир мемонем ва кори дигаре аз мо сохта нест».

Оё сазовор нест, ки мо ҳам бо мушоҳидаи азамат ва шигифтиҳои ҷаҳон, ки ҳар рӯз илм гӯшаи тозаеро аз он кашф менамояд, аз рӯйи ақлу идрок ба Офаридгори ҷаҳон имон биёварем ва ин оятро такрор намоем ва онро вирди забони худ қарор диҳем?

﴿إِنَّ فِي خَلۡقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱخۡتِلَٰفِ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ لَأٓيَٰتٖ لِّأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ ١٩٠ ٱلَّذِينَ يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ قِيَٰمٗا وَقُعُودٗا وَعَلَىٰ جُنُوبِهِمۡ وَيَتَفَكَّرُونَ فِي خَلۡقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ رَبَّنَا مَا خَلَقۡتَ هَٰذَا بَٰطِلٗا سُبۡحَٰنَكَ فَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ ١٩١﴾ [ال عمران: ١٩٠، ١٩١]

«Ба ростӣ, дар офариниши аҷиб ва муназзами осмонҳо ва замин ва дар омадурафти паёпайи шабу рӯз ва кӯтоҳию дарозии онҳо нишонаҳо ва далоили ошкор бар вуҷуди Офаридгори донову тавоно барои касоне, ки аҳли ақлу шууранд, вуҷуд дорад. Аҳли шуур касоне ҳастанд, ки Худоро дар тамоми аҳвол (яъне) истодаву нишаста ва бар паҳлӯ афтода ёд мекунанд ва дар бораи офариниши шигифтангези осмонҳо ва замин меандешанд ва мегӯянд: «Парвардигоро, ин дастгоҳи пуразамат ва шигифтангези коинотро беҳудаву абас наёфаридаӣ» (Оли Имрон, 190-191).

ШАБУ РӮЗ ВА ОФТОБУ МОҲ НИШОНАҲОЕ БАР ВУҶУДИ ХУДО МЕБОШАНД

Қуръон мефармояд: «Аз нишонаҳои қудрати Худо шабу рӯз ва Офтобу Моҳ аст. Барои Офтобу Моҳ саҷда накунед (балки), барои Худое, ки онҳоро офаридааст, саҷда намоед, агар воқеан ӯро ибодату парастиш мекунед» (Фуссилат, 37).

Маълум аст, ки дар асари ҳаракати Замин ба даври худ шабу рӯз ва дарозию кӯтоҳии онҳо ба вуҷуд меояд ва ин ҳаракати муназзам далели равшане аст бар вуҷуди Парвардигори тавоно. Ҳар гоҳ инсон бо диққат бинигарад, ба хубӣ мутаваҷҷеҳ мешавад, ки ин дастгоҳи азим то чӣ андоза бо назму тартиб ҳаракат мекунад, ба тавре ки ҳатто як сония дар сол пасу пеш надорад, дар ҳоле ки мебинем, як дастгоҳи соат, ки мадори он аз чанд сантиметр таҷовуз намекунад, вақте ба мадори як ҷисми чанд сантиметрӣ давр мезанад, ҳатман дар рӯз ё дар ҳафта чанд сонияе пасу пеш мекунад. Боз дар таърифи он мегӯем: воқеъан соати дақиқе аст. Аммо кураи замин, ки қутраш миллионҳо-миллион таноб мебошад, рӯзона як сония ё як даҳум сония пасу пеш надорад. Аммо ин, ки дар рӯз чанд ҳазоруми сония хато мекунад, чун далели мушаххас дорад, хато маҳсуб намешавад.

Ҳаракати замин ба даври худ таъсири азиме бар зиндагӣ ва ҳаёти ҷондорон дорад. Агар замин ба даври худ ҳаракат намекард, дарёҳо ва уқёнусҳо аз об холӣ мемонданд ва агар суръати ҳаракати замин бештар аз андозае буд, ки ҳоло дорад, тамоми сохтмонҳои рӯи замин муталошӣ ва аз ҳам ҷудо мешуданд. Ва агар оҳистатар аз ҳаракате, ки дорад, ҳаракат мекард, тамоми ҷондорони рӯйи Замин аз шиддати сармову гармо нобуд мешуданд.[7]

Қуръони карим ба гардиши дақиқи кураи замин ишора мекунад ва таваҷҷӯҳи мардумро ба он ҷалб менамояд ва мефармояд: «Кӯҳҳоро мебинӣ ва онҳоро сокину беҳаракат мепиндорӣ, дар ҳоле ки кӯҳҳо монанди абрҳо дар сайру ҳаракат ҳастанд (чаро чун кӯҳҳо бахше аз кураи замин буда ва замин ҳам ба даври худ ҳаракат менамояд) Ин сохтори Худое аст, ки ҳама чизро муҳкам ва устувор офаридааст» (Наҳл, 88).

Худованди мутаол дар ин оят ҳаракати заминро бо ҳаракати кӯҳҳо, ки бузургтарин аҷзои барҷастаи он мебошанд, нишон додааст. Маълум аст, вақте кӯҳҳо ҳаракат намоянд, бояд замин низ ҳаракат кунад, чун кӯҳҳо ҷузъе аз замин мебошанд, то замин ҳаракат накунад, чӣ гуна аҷзои он ҳаракат хоҳанд кард?

Офтоб ҳам нишонаи бисёр азим ва ошкорое аст, ки ба амри Худованди донову тавоно маъмуру мусаххар шуда, то мояи зиндагӣ ва ҳаёти тамоми мавҷудоти зиндаи кураи замин бошад. Ин дастгоҳи азим нуру оташ, энергия ва сӯхти худро аз куҷо таъмин менамояд? Агар бигӯем сӯхташ дар махзанҳое аст, ки дар дарунаш захира шудааст, бояд ин захира батадриҷ кам шавад ва сол ба сол дараҷаи ҳарорати он камтар шавад ва ин ба ин маъно аст, ки умри офтоб бисёр тӯлонӣ набошад, аммо агар бо диққат мулоҳиза кунем, мебинем аз гузаштаҳои бисёр дур то ба имрӯз аз мизони тобиши нур ва ҳарорати офтоб бар замин, ки барои идомаи ҳаёти инсону ҳайвон ва гиёҳ зарурат дорад, хурдтарин коҳиш ва ё афзоише пайдо накардааст, пас бояд маншаъ ва қудрате вуҷуд дошта бошад, ки ин ҳарорат, ки ин ҳарорати кории нопазирро ба офтоб ато намуда бошад, ки то офтоб вуҷуд дошта бошад, ин ҳарорат низ яксон ва бидуни каму кост вуҷуд дошта бошад, то мавҷудоти зинда ва гиёҳон мунҷамид (ях) нашаванд ва афзоиш ҳам пайдо накунад, то ба ҳоли эҳтироқ дарнаёянд. Моҳ ҳам яке аз нишонаҳои қудрат ва азамати Парвардигор аст, ки Худованд онро василае барои ҳисобу донистани вақтҳо қарор додааст. Моҳ илова бар ин ки шабҳо фазоро равшан месозад, дорои фавоиди бисёри дигаре аст, ки барои идомаи ҳаёти мавҷудоти зинда аҳамияти фаровон дорад. Оё инҳо ҳама нишонаи ин нестанд, ки ин ҷаҳони азим бо шабу рӯз ва офтобу моҳаш аз ҷониби Худованди донову тавоно ва якто бар асоси ирода ва ҳикмат офарида шудааст?

ВУҶУДИ ТАСМИМ ВА ИРОДА ДАР ҶАҲОНИ ҲАСТӢ

Осмоне, ки миллиардҳо ситораи тобону сайёраи азимро дар худ ҷой додааст, бо қонуни дақиқи ҷозиба аз бурхӯрду садама байни кураҳо, ситораҳо ва сайёраҳо ҷилавгирӣ мешавад ва низ иҷозат дода намешавад, ки ҳеҷ як аз онҳо бо сайёраи хурди Замин, ки дар рӯйи он зиндагӣ мекунем, бархӯрд кунад ва нобудаш гардонад. Кураи хокии мо бо ҳамаи мавҷудот, бо шумули ҳайвону гиёҳу кӯҳу дашт ва баҳру барраш ҳама дорои ҳикмату назми дақиқи хоси худ мебошад, ки бар асоси ин назму ҳикмат ба ҳаракати вуҷудии худ идома медиҳаду дар хидмати башар ва фоидарасонӣ ба он қарор гирифтааст. Оё ин ҳама розу сирру шигифтӣ ва назму тартиби азим бузургтарин далел бар иродаву ҳикмат ва хости Парвардигор нест? Оё гумону хаёли касонеро, ки мегӯянд ин ҷаҳон аз рӯйи тасодуф ва худ аз худ ба вуҷуд омадааст, на ба иродаи Худо, ботил ва мардуд наменамояд? Оё қавл ба пайдоиши ҷаҳон аз рӯйи тасодуф бузургтарин нишонаи ҷаҳлу кӯрдилӣ нест?

Донишманди бузург Криси Морисун мегӯяд: «Баррасии асрор ва шигифтиҳои табиат далели қотеъе аст, ки ҳар заррае аз зарроти вуҷуд тибқи иродаи махсус ва фалсафаву ҳикмати хос ба вуҷуд омада, маълум медорад, ки ҳар чиз бар асоси суннат, барномаи хос ва тибқи машияти холиқи азимушшаън мебошад».[8]

Ва боз мегӯяд: «Ҳаҷми кураи Замин ва дараҷаи муайяни буъд ва дурии он аз Офтоб, дараҷаи хоси ҳарорати Офтоб, ки боиси пайдоиш ва идомаи ҳаёт аст, ғафсии қишри Замин ва миқдори муайяни об бар рӯйи он, дарсади мушаххаси диоксиди карбон дар ҳаво, ҳаҷми хоси нитроген ва пайдоиши инсон ва идомаи ҳаёташ яке аз бузургтарин далоил аст, ки ин ҷаҳон бар асоси ирода ва хости Худо, суннат ва қонуни Худо ба вуҷуд омадааст ва ҷое барои гуфтаҳои ботили кӯрдилон, ки мегӯянд ин ҳама шигифтӣ ва азамат тасодуфӣ ба вуҷуд омадааст, боқӣ намегузорад».[9]

Худованди мутаол дар оятҳои фаровоне таваҷҷӯҳи бандагони худро ба сӯйи ин иродаву тасмим ва машият ҷалб менамояд ва мефармояд: «Касоне, ки дорои ақлу шуур ҳастанд, мефаҳманд, ки коинот аз рӯйи ҳикмат ва назму хостаи илоҳӣ офарида шудааст»:

﴿إِنَّ فِي خَلۡقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱخۡتِلَٰفِ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَٱلۡفُلۡكِ ٱلَّتِي تَجۡرِي فِي ٱلۡبَحۡرِ بِمَا يَنفَعُ ٱلنَّاسَ وَمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن مَّآءٖ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَا وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٖ وَتَصۡرِيفِ ٱلرِّيَٰحِ وَٱلسَّحَابِ ٱلۡمُسَخَّرِ بَيۡنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ ١٦٤﴾ [البقرة: ١٦٤]

«Мусалламан, дар офаринши осмонҳо ва замин ва омади шабу рӯз ва ихтилофи он ду ва киштиҳое, ки ба сӯйи мардум дар дарё дар ҳаракатанд ва обе, ки Худованд аз осмонҳо нозил карда ва бо он заминро пас аз мурданаш зинда сохта ва тамоми ҷунбандагону мавҷудоти зиндаро дар он густардаву пароканда намуда ва дар тағйири масири бодҳо ва абрҳое, ки дар миёни осмону замин муаллақ мебошанд ва ба ҳадар намераванд. бегумон нишонаҳое барои имон ба вуҷуди Парвардигори донову тавоно ва ҳаким, барои касоне, ки тааққул ва тафаккур варзанд, вуҷуд дорад» (Бақара, 164).

Замин курае аст муаллақ дар фазо, ки ба даври худ мегардад ва дар асари ин гардиш шабу рӯз ба вуҷуд меояд. Дар натиҷаи ин даврон бодҳо ба ҳаракат меоянду ҷо ба ҷо мешаванд ва бухори уқёнусҳоро ба ҷойҳои дур дар дохили қораҳо ва саҳроҳову кӯҳҳо ҳамл мекунанд. Дар асари ба вуҷуд омадани майдони электрикӣ дар фазо бухорҳо ба об табдил мешаванд ва қатароти об ба ҳам муттасил мегарданд, ки дар асари сангинӣ ба сурати борон ба замин фуруд меоянд. Оре, маншаи обе, ки мояи ҳаёт аст, борон мебошад. Агар борон набуд, замин хушку холӣ аз гиёҳу ҷонварон мегардид. Аз тарафи дигар, мо иттилоъ дорем, ки Худованди мутаол аносири гуногунеро дар замин қарор додааст, ки наботот онҳоро ҷазб менамоянд ва ба сурати анвоъи мухталифи маводи ғизои мавриди ниёзи инсону ҳайвон дармеоянд. Ояти фавқ воқеиятҳои илмӣ дар бораи розҳо ва шигифтиҳои ҳаёт бар рӯйи заминро баён мекунад ва эълом медорад, ки тамоми зарроти вуҷуд бар асоси ирода ва машияти Аллоҳ ба вуҷуд омадаанд ва иртиботу ҳамоҳангӣ ва таносубу тавозун дар байни аносири мавҷуд яке аз бузургтарин далоили илм ва қудрату иродаи Холиқ ва Парвардигори ҷаҳон аст ва ҳар ақли солиме ба ин ҳақиқат эътироф менамояд. Ба ҳамин далел, Худованд дар охири оят мефармояд: «Аммо кӯрдилон ва мунҳарифон қудрати даркро надоранд ва чашми басираташон аз байн рафтааст».

Қуръон дар бораи қудрати Худованд чунин мефармояд:

﴿وَهُوَ ٱلَّذِي مَدَّ ٱلۡأَرۡضَ وَجَعَلَ فِيهَا رَوَٰسِيَ وَأَنۡهَٰرٗاۖ وَمِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ جَعَلَ فِيهَا زَوۡجَيۡنِ ٱثۡنَيۡنِۖ يُغۡشِي ٱلَّيۡلَ ٱلنَّهَارَۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ ٣﴾ [الرعد: ٣]

«Худованд зоте аст, ки заминро густаронида ва кӯҳҳову наҳрҳоро дар он қарор додааст ва аз ҳар гуна мевае ҷуфти нару модае офаридааст, шабро бар рӯйи рӯз макашад ва онро мепӯшонад, бегумон дар ин офариниши дақиқ нишонаҳои возеҳе бар қудрати Офаридгор аст барои онҳо, ки ақл доранд ва меандешанд» (Раъд, 3).

Калимаи равосӣ ба кӯҳҳои устувор ва сарбаланд гуфта мешавад, ки инсонҳои камдарк онҳоро чизе изофӣ ба рӯйи замин мепиндоранд, вале вуҷуди онҳо бар рӯйи замин яке аз неъматҳои бузурги илоҳӣ аст. Барф бар кӯҳҳо фуруд меояд ва муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад ва ба тадриҷ об мешавад ва наҳрҳову чашмасорҳоро ташкил медиҳад ва боиси захираи об дар замин мегардад. Дар ҳақиқат, кӯҳ барои замин махзани об ва таъминкунандаи он аст. Об аст, ки боиси пайдоиши гиёҳон, самароти он ва мояи ҳаёт аст. Бинобар ин, вуҷуди кӯҳҳо дар замин бо кулли ҳаёт дар иртибот аст. Аз тарафе вуҷуди кӯҳҳои устуувор дар замин ба манзалаи мехҳои хайма аст, ҳамон гуна, ки мех хаймаро дар баробари бод нигоҳ медорад, кӯҳҳо ҳам заминро аз фишори зилзила маҳфуз медоранд.

Ин оят ихтилоф ва такрори шабу рӯзро нишонаи қудрати Худо дониста аст. Оре, чӣ нишонае аз ин бузургтар аст, ки агар андозаи шабу рӯз чандин баробари андозаи маъмулии онҳо мебуд, бидуни шак, гиёҳон дар шаб мунҷамид (ях) мешуданд ва дар рӯз дар асари ҳарорати офтоб месӯхтанд ва дар натиҷа низоми зиндагӣ вайрон мегардид. Ин ҳақиқати илмӣ ва воқеияти ошкор, ки ояти фавқ онро эълом намуда, нишона ва далели қотеъ аст, ки коинот аз ҷумла Замину Осмон, кӯҳҳо, шабу рӯз ва низоми дақиқ ва тавозуни мавҷуд дар байни онҳо ҳама ба ирода ва қудрат ва машияти илоҳӣ ба вуҷуд омадааст, на худ ба худ дар асари тасодуф ва ба мурури замон.

Яке дигар аз далоили ошкор бар вуҷуди Худованд дар Қуръон ин оят аст, ки мефармояд: «Аз нишонаҳои далолаткунанда бар вуҷуд, азамат ва қудрати илоҳӣ яке ин аст, ки Худованд барқро, ки мояи тарсу умед аст, ба шумо нишон медиҳад ва аз осмон оби фаровонеро нозил мекунад ва заминро баъд аз мурданаш ба василаи ин об зинда ва сарсабз мегардонад. Бегумон, дар ин дурахшиш ва озарахши осмонӣ ва нузули борон ва эҳёи замин далоил ва нишонаҳои бас бузурге бар вуҷуди Офаридгори азиму доно ва тавоно барои касоне, ки хирадманданд ва меандешанд, вуҷуд дорад» (Рум, 24).

Робитаи барқ ва фуруд омадани борон ва зинда шудани замин чист? Оё зинда шудан ва қудрат гирифтани замин танҳо бастагӣ ба об дорад? Ҷавоб манфӣ аст, чун аносири фаровоне дар рушду нумӯи наботот муассиранд, аз ҷумла гази нитроген, ки бидуни он рушди гиёҳони ғизоӣ имконпазир нест. Албатта, нитроген аз ду тариқ вориди замин мешавад: тариқи аввал ба василаи раъду барқ аст. Ҳар гоҳ аз осмон барқе меҷаҳад, миқдори каме аз оксигену нитрогенро бо ҳам таркиб мекунад ва ба сурати нитрогени мураккаб ҳамроҳи борон ба замин фуруд меояд.

Тариқи дувум ба василаи тақвият ва нишоти бактерияҳо аст, ки дар решаи гиёҳон қарор доранд. Ин бактерияҳо нитрогени ҳаворо мегиранд ва онро ба сурати нитрогени мураккаб дармеоваранд. Вақте гиёҳ ба таҳлил меравад, миқдоре аз он дар замин боқӣ мемонад. Бинобар ин, зикри барқ дар ояти фавқ ва овардани калимаи борон баъд аз он ва баёни ин ки замин дар асари барқу борон ҳаёти худро боз меёбад, инҳо ҳама ҳақоиқи илмие аст, ки чаҳордаҳ қарн пеш Қуръон ба онҳо ишора кардааст. Ба ростӣ, инҳо нишона ва далоили равшану қотеъе бар ирода, ҳикмат, машият, қудрат ва илму азамати Парвардигор мебошанд.

ВУҶУДИ ҲУҶАЙРАҲОИ ЗИНДА НИШОНАИ ВУҶУДИ ХУДОСТ

Қуръон мефармояд: «Ин Худост, ки дона ва ҳастаро мешикофад, зиндаро аз мурда ва мурдаро аз зинда берун меоварад. Ин қудратманд ва тавоно Парвардигори шумо аст. Пас чӣ гуна мунҳариф мешавед?». (Анъом, 95).

Ва дар ояти дигар мефармояд: «Мулки осмонҳо ва Замин танҳо аз он Худое аст, ки мемиронад ва зинда мегардонад» (Тавба, 116).

Медонем ҳар моддае дорои як ваҳдати асосӣ аст, ки иборат аз таркиби он аст. Ба ин маъно, ки аз чандин унсур ташкил шуда ва ба сурати як воҳиди мураккаб даромадааст. Мавҷудоти зинда ҳам аз соддатарин то печидатарини онҳо аз воҳидҳое ба вуҷуд меоянд, ки ба онҳо ҳуҷайра гуфта мешавад. Ҳуҷайра, ки хурдтарин зарраи ҷисми ҷондорон аст, худ шомили моддаи ҳаёт мебошад. Ҳуҷайра аст, ки мӯҷиби ҳаёти тамоми мавҷудоти зинда ва бузургу хурд мешавад ва ҳар ҳуҷайрае ба андозае дақиқ ва муназзам вазоифи бешумори ҳаётбахши худро анҷом медиҳад, ки ҳеҷ дастгоҳи сохти башарӣ наметавонад аз чунин нозукие бархурдор бошад ва компютер дар баробари он хеле заиф аст. Ба қисмате аз ҳуҷайра «протоплазма» гуфта мешавад. Доктор Вилям Софр дар таърифи протоплазма мегӯяд: «Ин моддаи зинда махлуте аст бисёр печида аз таркиби об, намакҳо, чарбӣ ва протеин. Ин моддаи мураккаби ғайримутаҷонис феъл ва инфиолоти фавқулодда фаровон ва дақиқеро анҷом медиҳад, ки дар маҷмӯъ боиси пайдоиши ҳаёт мегардад».

Ҳар мавҷуди ҳайвонӣ ва гиёҳӣ аз протоплазма ба вуҷуд меояд, протоплазмаи ҳайвонҳо ва гиёҳон тақрибан бо ҳам яке ҳастанд, вале аз ҳар лиҳоз айн ҳам намебошанд ва дорои тафовутҳои асосӣ ҳастанд ва агар ин тафовутҳои асосӣ намебуд, тухми қурбоққа рушд намекард ва ба сурати қурбоққа дарнамеомад. Бар асоси ин фарқҳо аст, ки тухм (дона)-и булут рушд менамояд ва ба сурати дарахти булут дармеояд. Таъсири ин тафовутҳо бисёр муҳим ва азим, вале бар мо пӯшида аст. Яке аз равшантарин ҳақоиқ дар илми зистшиносӣ ин аст, ки таркиби тамоми анвоъи протоплазма ба ҳар андоза бар мо махфӣ ва пӯшида бошад, вале медонем то андозаи зиёде ба ҳам шабеҳ мебошанд. Протоплазма шабоҳат ба сафедаи тухми мурғ дорад ва дорои зарроти пароканда аст.[10]

Доктор Росил Чарлз Артуст[11] мегӯяд: «Ақида дорам, ки таркиби ҳар ҳуҷайрае аз ҳуҷайраҳои зинда (протоплазма) ба андозае печида аст, ки дарки он барои мо бисёр сахт мебошад. Вуҷуди миллионҳо-миллионҳо ҳуҷайраи зиндаи мавҷуд бар кураи Замин шаҳодат медиҳанд, ки Парвардигори ҷаҳон якто ва олиму қодиру ҳаким аст ва ин шаҳодате аст, ки бар ақлу мантиқ бино ёфтааст. Ба ҳамин хотир аст, ки бо камоли адаб ва ихлос ба вуҷуди Худованд ва Офаридгори ҷаҳон имони росих дорам».

ОФАРИНИШИ ГИЁҲ НИШОНАИ ВУҶУДИ ХУДО АСТ

Яке аз далоили возеҳ бар вуҷуди Парвардигор падид омадан ва рӯйидани наботот, ҳубубот ва меваҷот аз замин аст. Худованд мефармояд: «Худованд Зоте аст, ки аз (абри) осмон борон фурӯ мефиристад ва (мо) бо қудрати худ ба василаи он об тамоми гиёҳонро мерӯёнем ва аз онҳо сабзина ва аз сабзинаҳо донаҳои суфту фишурдаи фаровон берун меоварем ва аз шукуфаҳои дарахти хурмо хӯшаҳои овезон ва наздик ба ҳам ва дар дастрас эҷод мекунем ва боғҳои ангуру зайтун ва анор падид меоварем, ки (дар шакл, мазза ва фоида) ҳамгун ё ғайри ҳамгунанд. Бинигаред ба меваи норас ва меваҳои расидаи ин боғҳо, бегумон, дар ин (дигаргунии дарунию берунӣ ва тағйири оғозу анҷоми меваҳо, гиёҳон ва ҳубубот) нишонаҳои бас возеҳу равшане бар вуҷуди Парвардигори донову тавоно барои касоне, ки ҳақро мепазиранд ва дар баробари далел таслим мешаванд ва имон меоваранд, вуҷуд дорад» (Анъом, 99).

Ба ин қисмат аз оят таваҷҷӯҳ фармоед ва мулоҳиза кунед, ки чи ҳақиқатеро баён медорад, ки баъд аз чаҳордаҳ қарн илми гиёҳшиносӣ эъҷози онро таъйид менамояд: «Моддаи сабзина (хлорофил)-ро дар гиёҳ ба вуҷуд овардаем ва аз ин сабзина (хлорофил) донаи суфту ба ҳам фишурдаро офаридаем».

Ин мавзӯъ имрӯз аз лиҳози илмӣ собит шуда, ки гиёҳон маводи ғизоиро ба василаи ҳуҷайраҳои мавҷуд дар баргҳои сабз (хлорофил) мегиранд ва дастгоҳи ҳуҷайраии баргҳои сабз ба андозае муназзаму дақиқ аст, ки ҳеҷ дастгоҳу корхонаи бисёр пешрафтаи сохтаи дасти инсон наметавонад дар баробари он қад рост намояд. Оё ин таъбир ва баёни Қуръон аз бузургтарин далоили вуҷуди Худованд ва сидқи нубуввати Муҳаммад (с) нест? Қуръон дар ояти дигаре ихтилофи гиёҳонро баён менамояд ва мефармояд, ҳарчанд дар як Замин мерӯянд ва ба як об обёрӣ мешаванд, вале дар таъм, ранг, шакл ва... бо ҳам фарқ доранд ва ин тағйиротро нишонаи қудрат ва азамати Худо қарор медиҳад: «Бар рӯйи замин қитъаҳое дар канори ҳам ҳастанд ва токистонҳову киштзорҳо ва нахлистонҳои якрешаву дуреша дар онҳо вуҷуд дорад ва бо як навъ об обёрӣ мешаванд, бо вуҷуди ин ки замин ва обу ҳавои онҳо яке аст, вале аз лиҳози маззаву таъм баъзеро бар баъзе дигар бартарӣ медиҳем. Бегумон, дар ин ихтилоф ва дигаргунӣ нишонаҳои равшанӣ бар қудрати Худо барои касоне, ки ақли хешро ба кор мегиранд, вуҷуд дорад» (Раъд, 4).

Ва боз ин оят ихтилофи ранги гиёҳонро баён мефармояд:

«Магар намебинӣ, ки Худованд аз осмон боронро нозил мекунад ва онҳоро ба сурати чашмаҳои дар обанборҳои зери замин захира менамояд ва ба василаи он анвоъи гиёҳони рангорангро мерӯёнад» (Зумар, 2)

Гоҳе бархе аз шохаҳои як гиёҳ ё як дарахт нар ва бархе дигар мода аст. Вақте ин шохаҳо бо ҳам бархӯрд мекунанд, дарахт бордор мешавад ва борвар мегардад. Қуръони карим ин амрро нишонаи қудрат ва азамати Худо қарор додааст. Албатта, баъзе аз гиёҳон ва дарахтон ба воситаи ҳаво ва ҳашарот бордор мегарданд ва Худованд мефармояд: «Оё онҳо ба замин наменигаранд ва намебинанд, ки анвоъ ва ақсоми гиёҳон ва дарахтони нару мода ва зебову судмандро дар он рӯёнидаем. Бегумон, дар он кор нишонаҳои бузурге аст бар вуҷуд, азамат ва қудрати Офаридгори ҷаҳон, вале аксари мардум ба сабаби гумроҳӣ имон намеоваранд» (Шуъаро, 7-8).

Доктор Лостерон Замармон дар мавриди чигунагии рушди гиёҳон мегӯяд: «Танҳо вуҷуди обу ҳаво ва дигар маводи химиявӣ барои рушди гиёҳон кофӣ нест, балки дар дохили тухми онҳо нерӯе вуҷуд дорад, ки дар шароити муносиб ба ҳаракат дармеояд ва боиси эҷоди феъл ва инфиолоти занҷира ӯ ба ҳам пайваста ва печидае мегардад, ки ба сурати бисёр аҷиб ва ҳамоҳанг анҷом мегиранд. Тухм аз ду ҳуҷайра ба вуҷуд омада, ҳар як аз онҳо аз аносири гуногуне ташкил ёфта ва тайи амалиёти фаровоне бо ҳам таркиб шудаанд. Ва ин ду ҳуҷайра ба сурати як ҳуҷайраи воҳид дармеоянд ва дарро бар рӯйи ҳаёт боз менамоянд ва ба сурати гиёҳе дармеоянд, ки худ аз он ба вуҷуд омадаанд ва ҳамон натиҷаро медиҳанд. Масалан, тухми гандум ҷуз гандум, базри булут ҷуз дарахти булутро натиҷа намедиҳад. Ҳарчанд дар ин гиёҳон шабоҳати фаровон аст, вале хусусиятҳо ва сифоти ҳар гиёҳе боиси имтиёз ва ҷудоии он аз гиёҳи дигар мешавад».

Ва боз мегӯяд: «Ҳарчанд гиёҳони пешрафта аз лиҳози фардӣ бо ҳам ихтилоф надоранд, вале баъзе сифоти умумиро мебинем, ки ҳама дар он бо ҳам шарик ҳастанд. Масалан, ҳама маводи ғизоиро аз диоксиди карбон ва об ба ҳангоми вуҷуди нур мегиранд. Дар баёни гиёҳон монандии зиёде дар таркиби тухма, ҷазби об ва навъи баргу гул вуҷуд дорад, ки ҳар як аз ин ҷанбаҳои мушобеҳ вазоифи ҳамсонеро дар гиёҳони мухталиф бар ӯҳда доранд. Аз тарафе, гиёҳон дорои аксуламалҳои мушобеҳ дар баробари авомили хориҷӣ ҳастанд. Масалан, ҳама тамоюл ба нур доранд ва ҳар гоҳ аз нур ва оксиген маҳрум шуданд, аз байн мераванд. Ба ин тартиб сифатҳои муштарак ва умумии дигаре дар байни гиёҳон фаровон аст».

Хонандаи мӯҳтарам, мулоҳиза ва диққат фармоед, ин ҳама қавонин ва назми дақиқе, ки боиси нумӯ ва рушди гиёҳон ва ба ирс гирифтани сифоти комил аз тухми худ мебошад, мумкин аст ба василаи чӣ касе ба вуҷуд омада бошад? Ин суол суоли печидатареро пеш меоварад: Оё аввалин гиёҳон аз куҷо омадаанд ва ба иборати дигар чӣ тавр офарида шудаанд? Албатта, ақли солим ва мантиқи дуруст иҷозат намедиҳанд, ки бигӯем инҳо ҳама худ ба худ пайдо шудаанд ва офаридгоре надоранд ва ё дар асари тасодуф ба вуҷуд омадаанд. Бинобар ин, ночорем ҷавоби ин суолро аз тариқи баҳс дар бораи Парвардигор ҷустуҷӯ кунем. Вақте ки роҳи дурустро шинохтем ва аз нерӯи ақлу фикр истифода кардем, ақл ба мо ҳукм мекунад, ки имон ба вуҷуди Худованди донову тавоно ва бо ирода воҷиб ва зарурӣ аст.

ВУҶУДИ ГЕНҲОИ ВИРОСАТӢ НИШОНАИ ВУҶУДИ ХУДО АСТ

Барои ба вуҷуд омадани ҳар инсоне лозим аст ду ҳуҷайраи мутафовити зану мард бо ҳам бордор шаванд. Дар ишора ба ин мавзӯъ Худованд мефармояд:

﴿قُتِلَ ٱلۡإِنسَٰنُ مَآ أَكۡفَرَهُۥ ١٧ مِنۡ أَيِّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥ ١٨ مِن نُّطۡفَةٍ خَلَقَهُۥ فَقَدَّرَهُۥ ١٩﴾ [عبس : ١٧، ١٩]

«Худо инсонро нобуд кунад, чӣ андоза кофир ва худоношинос аст! Ва чӣ қадар носипос аст! Магар аз чӣ чизе ӯро офаридааст (ва асли ночизу беарзиш худашро фаромӯш кардааст, ки) ӯро аз нутфаи беарзише офаридааст ва қудрату тавоноиро ба ӯ бахшида ва диққату андозагирии кофӣ дар сиришти ӯ ба кор гирифта шудааст» (Абаса, 17-19).

Донишманди бузург Криси Морсиюн дар бораи генҳои мавҷуд дар ҳуҷайраи ҳар зану марде ба унвони бузургтарин далел бар вуҷуди Худо мегӯяд: «Тамоми генҳое, ки масъулияти тамоми инсонҳои кураи заминро аз лиҳози хусусиятҳои фардӣ ва аҳволи нафсию рӯҳӣ ва рангу ҷинс ва хулоса тамоми хусусиятҳое, ки ба ирс гирифта мешавад, ба ӯҳда доранд, ба андозае зеру хурд ҳастанд, ки агар ҳамаи онҳо дар як ҷо ҷамъ шаванд, ҳаҷми онҳо ба андозаи як ӯймоқ аст (ӯймоқ зарфе аст бисёр хурд ба андозаи сари ангушти даст), яъне генҳое, ки ҳомили хусусиятҳои фардии миллиард инсон мебошанд, дар зарфи хеле хурд ҷо мегиранд ва ин генҳо ҳастанд, ки хусусиятҳои ҷинсӣ, рангу қиёфа ва ғайраро аз аҷдоди гузаштаи бисёр дур ба ояндагон мунтақил менамояд.[12]

Қуръони карим ба масъалаи таворуси сифот ва рангу ҷинс ишора менамояд ва онро далел бар вуҷуди Парвардигор ба ҳисоб меоварад. «Яке аз нишонаҳои вуҷуд ва азамат ва қудрати Худо офариниши осмонҳо ва Замин ва ихтилофи рангҳо ва забонҳои шумо аст. Бегумон, дар ин офариниши бисёр дақиқу печида ва муназзам нишонаҳои фаровоне аст барои фарзонагон ва донишварон» (Рум, 22).

ОФАРИНИШИ ИНСОН НИШОНАИ ВУҶУДИ ХУДО АСТ

Яке аз далоили возеҳ ва равшан бар вуҷуди Худо халқ ва офариниши инсон аст. Худованд дар ин маъно мефармояд: «Аз нишонаҳои қудрати Худо ин аст, ки (аввалин насли) шуморо аз хок офарида, сипас шумо – инсонҳо ба мурури замон зиёд гаштед ва бар рӯйи Замин пароканда шудед» (Рум, 20).

Ва боз дар ин маврид мефармояд:

﴿وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَنشَأَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفِۡٔدَةَۚ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ ٧٨﴾ [المؤمنون : ٧٨]

«ӯ Худое аст, ки гӯшу чашм ва ақлро барои шумо офаридааст, то садоҳои Ҳақро бишунавед ва ҷаҳонро бибинед ва бо қудрати ақл Худоро бишиносед, аммо камтар шукру сипоси ин неъматҳои Худоро ба ҷой меоваред» (Мӯъминун, 78).

Далоили мавҷуд дар нафс, ки инсонро ба худошиносӣ ҳидоят менамояд, бештар аз он аст, ки ба шумор оянд ва ҳар андоза илм пешрафт кунад ва зарроти вуҷуди инсон ва вазифаи онҳо беҳтар шиносоӣ шавад, далоили бештаре ба мо мегӯяд, ки ин инсони аҷоибулхилқат ҳатман бояд Офаридгори ҳакиму олим ва қудратманде дошта бошад. Ба дурустӣ, ки тамоми аъзо ва рафтору хусусияти инсон шигифтангез ва ҳайратовар аст.

Магар мароҳили рушд ва такомули ҷанин дар раҳм яке аз нишонаҳои азим бар вуҷуди Худо нест? Магар низоми ғизоии инсон яке аз шигифтиҳои вуҷуд нест? Ғизо ва моеотеро, ки сарф менамояд, ба маводи мухталиф табдил мегарданд ва ба мизони мушаххас ба ҷоҳои лозим мерасанд ва вазоифи худро анҷом медиҳанд ва қисматҳои бефоидаи он дафъ мешаванд, оё ин нишонаи вуҷуди Худованди азиму ҳаким нест? Оё низом ва системаи гардиши хун аз манбаи аслии он (қалб) ба тамоми атрофи бадан ба василаи рагҳову шаройини бешуморе, ки иддае аз уламо тӯли онҳоро 92 ҳазор километр тахмин задаанд, яке аз нишонаҳои қудрати Офаридгор нест? Қалб хунро ба тамоми бадан мерасонад ва муҷаддадан онро пас мегирад ва ба василаи истиншоқи ҳаво аз тариқи танаффус онро тасфия мекунад. Албатта, асрори нуҳуфта дар гӯшу чашм ва нутқу эҳсос ва чигунагии пайдоиши ғаму шодӣ ва ёдоварию фаромӯшӣ ва садҳо рози шигифтовари дигар, ки ҳар як худ нишонаи азиме бар қудрати Худой мебошанд, аз қудрати баён хориҷ аст.

ОФАРИНИШИ ҶИНСИ НАР ДАР КАНОРИ ҶИНСИ МОДА НИШОНАИ ВУҶУДИ ХУДОСТ

Яке аз далоили ошкори вуҷуди Худо офариниши ҷинси нар дар канори ҷинси мода аст ва Худованд мефармояд: «Яке аз нишонаҳои қудрат ва азамати Худо ин аст, ки аз ҷинси худатон ҳамсароне барои шумо офаридааст, то дар канори онҳо ором бигиред ва дар миёни шумо ва онҳо меҳру муҳаббат ва ҳамбастагӣ қарор додааст. Бегумон, дар ин умур нишонаҳо ва далоиле бар азамат ва қудрати Худо барои афроде, ки меандешанд, вуҷуд дорад» (Рум, 21).

Вуҷуди зан дар канори мард ба хотири таволуду таносул ва бақои навъи башар аз бузургтарин далелҳо бар вуҷуди Худост ва далел бар ин аст, ки ин коинот аз рӯйи ирода ва илму ҳикмат ба вуҷуд омадааст ва гумони ботили касонеро, ки мегӯянд инсон дар асари тасодуф ба вуҷуд омадааст, ба куллӣ рад менамояд. Магар қобили тасаввур аст инсоне бо чунин офариниши шигифтангезе бидуни ирода ва тасмим ба вуҷуд ояд? Ва ба тасодуф мавҷуди дигаре ба номи зан дар канораш пайдо шавад? Ва боз бо тасодуф иртиботу ҳамбастагӣ дар миёни онҳо ҳосил гардад Ва пас аз садҳову ҳазорҳо тасодуфи дигар ба таволуду таносул бипардозанд ва мояи бақои навъи инсонро фароҳам оваранд?! Оё ҳеҷ инсони оқиле метавонад ин ҳама тасодуфҳоро бовар кунад?!

Устод Мӯъмина мақолаеро дар маҷаллаи «Космос»-и фаронсавӣ навиштааст, ки вуҷуди Парвардигори оламро собит намудааст. ӯ мегӯяд: «Агар ба фарзи муҳол ҳарчанд ҳеҷ гоҳ ақл ҳозир ба қабули чунин фарзе нест, бигӯем, ки ҷаҳон ба тариқи иттифоқ ва бидуни дахолати Парвардигори ҳакиму боирода ва соҳибихтиёр ба вуҷуд омадааст ва дар асари иттифоқҳо ва тасодуфҳои бешуморе марде ба унвони як инсони комил дар арсаи вуҷуд намоён шудааст, оё ақл қабул мекунад, ки иттифоқҳо ва тасодуфҳои бешумори дигареро ба номи зан дар канори ӯ қарор диҳад, ки аз лиҳози шаклу қиёфаи зоҳирӣ мисли ӯ, вале аз назари таркиботи дохилӣ бо ӯ фарқ доштта бошад ва гуфта шавад: ҳадаф аз ин тасодуфҳои мукаррар ҳам обод кардани замин ва давоми насли башар аст?! Магар дар тасодуф ҳам ҳадаф мавҷуд аст?! Оё ин далелҳо ба танҳоӣ барои имон ба вуҷуди Парвардигор кофӣ нест? Ҳамон Парвардигоре, ки аз рӯйи илму қудрат ва иродаву ихтиёр ин ҷаҳонро ба сурати шигифтоваре офарид ва мавҷудоти онро ба дастаҳо ва навъҳои гуногун тақсим намуд ва ба ҳар навъ ғароизу хусусиятҳое бахшид ва истеъдодҳову қобилиятҳое дар онҳо ба вадиа гузошт, ки бақои навъ ва такомули онро тазмин менамоянд».[13]

ЗОДУ ВАЛАДИ ИНСОН ВА ҲАЙВОНОТ НИШОНАИ ВУҶУДИ ХУДОСТ

Яке аз далоили возеҳ ва равшан бар вуҷуди Худо офариниши бисёр дақиқ ва муназзами низоми зоду валад дар байни инсону ҳайвонот аст. Қуръон мефармояд: «Худованд аз ҷинси худатон ҳамсароне барои шумо қарор дод ва аз ин ҳамсарон писарону набераҳое ба шумо бахшид ва неъматҳои покизае (ҳамчун ғаллоту меваҷот ва лабаниёт) ба шумо ато кард, оё (бо вуҷуди ин ки кофирон медонанд сарчашмаи ҳамаи неъматҳо Худо аст) боз ҳам ба бутҳои ботил имон меоваранд ва бо ширк варзидан ва анбоз барои Худо қарор додан неъмати Худоро носипосӣ мекунанд» (Наҳл, 72).

Ва Қуръони карим таваҷҷӯҳи инсонро ба хилқати аҷиби шутур ва зоду валади он ҷалб менамояд ва мефармояд: «Оё ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида щудааст»? (Ғошия, 17).

Донишманди маъруф Криси Морисон мегӯяд: «Ҳаёт мусаллат бар низоми зоду валад аст, то навъи башар давом дошта бошад. Ин низом ба андозае муҳкам ва устувор аст, ки ҳар мавҷуди зиндае барои ҳифз ва ҳиросати он аз ҳеҷ фидокорие дареғ намекунад... Ва ин нерӯву низоми зарурӣ ҳар ҷое, ки ҳаёт вуҷуд дошта бошад, мавҷуд аст ва ҳар ҷое, ки ҳаёт набошад, мавҷуд нест. Оё ин ангезаву нерӯ ва низоми бисёр қавӣ ва мусаллат бар сиришти инсон ва ҷондорон аз куҷо омада ва маншаъаш чист? Ба чӣ далеле миллионҳо сол баъд аз ба вуҷуд омаданаш собиту устувор боқӣ аст? Бояд эътироф кунем, ки ин низом қонуне аст барои бақои навъи ҷондорон, ки ба ирода ва машияти илоҳӣ ба вуҷуд омадааст».[14]

Яке аз донишмандон ба номи Боли барои равшан намудани мавзӯъ соати дастиро мисол оварда мегӯяд: «Аксари мардум фикр намекунанд, ки ин соат ё ҳар василаи дигаре тибқи нақшае, ки қаблан дар зеҳн омода шудааст, сохта мешавад, балки гумон мекунанд, ки ин сохтаҳо бидуни нақшаи зеҳнӣ ба вуҷуд меояд». Сипас мегӯяд: Агар ба фарз бигӯем ин соати дастӣ дорои чунон қудрату мӯъҷизае аст, ки метавонад соатҳои дигареро ба вуҷуд оварад, ин мӯъҷиза ба ҳеҷ ваҷҳ муҳимтар ва азимтар аз мӯъҷизаи таволуд ва таносул дар инсону ҳайвонот намебошад. Яъне мӯъҷизаи таволуд ва таносул дар инсону ҳайвон ба андозае шигифтангез ва муҳим аст, ки ҷуз Зоти Аллоҳ касе ба эҷоди чунин низому суннате қодир намебошад.

ОФАРИНИШИ ҲАЙВОНОТ ВА ХАЗАНДАГОНУ ПАРРАНДАГОН НИШОНАИ ВУҶУДИ ХУДОСТ

Яке аз далоили қотеъ бар исботи вуҷуди Худо офариниши ҳайвонот ва хазандагону паррандагон аст. Худованд мефармояд: «Худованд ҳар ҷунбандаеро аз об офаридааст, гурӯҳе аз онҳо бар шиками худ роҳ мераванд ва гурӯҳи дигар бар рӯйи ду по меистанд ва дастае бар рӯйи чаҳор по ҳаракат мекунанд. Худованд ҳарчи бихоҳад, меофаринад. Қатъан ӯ ба ҳар чизе тавоно аст» (Нур, 45).

Худованд мефармояд, хилқати парранда бо ин хусусиятҳои аҷиб нишонаи вуҷуди Худо аст:

﴿أَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلطَّيۡرِ مُسَخَّرَٰتٖ فِي جَوِّ ٱلسَّمَآءِ مَا يُمۡسِكُهُنَّ إِلَّا ٱللَّهُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ ٧٩﴾ [النحل: ٧٩]

«Магар паррандагонро намебинед, ки дар фазои осмон ром ва мусаххар ҳастанд ва касе ҷуз Худо онҳоро дар фазои осмон маҳфуз нигаҳ намедорад. Ба ростӣ (дар ин офаринини аҷиб) нишонаҳое барои касоне, ки ақлу андеша доранд, мавҷуд аст» (Наҳл, 79).

Дар хилқат ва офариниши ҳайвонот ва паррандагон далоили бешуморе барои исботи вуҷуди Худо ҳаст, ки баёни якояки онҳо ниёз ба чандин ҷилд китоб дорад ва илми зистшиносӣ ба анҷоми чунин вазифае пардохтааст. Ва файласуфи маъруф Нютон дар баҳсе роҷеъ ба исботи Худо менависад: «Оё ин ҳама аъзои гуногун ба чӣ манзуре ҳар як ба таври муназзам дар ҷойи муносиб қарор гирифтаанд, оё қобили тасаввур аст, ки касе чашмро халқ кунад, вале ба низому қавонини биноӣ огоҳӣ надошта бошад ва ё дастгоҳи пуразамат ва дақиқу зарифи гӯшро ба вуҷуд оварад, аммо нисбат ба қонуну муқаррароти садоҳо ҷоҳил бошад? Ҳаргиз чунин коре имконпазир нест. Магар ҳаракоти ҳайвонот тибқи ирода ва хости онҳо анҷом намегирад? Ин илҳом ва шуури фитрӣ дар нафси ҳайвонот аз куҷо нашъа мегирад»? Хулоса, Нютон ба суолҳои худ идома медиҳад, то ин ки мегӯяд: «Оё ин ҷаҳон бо ҳамаи азамати он ва тамоми аҷзову аносираш, ки ба сурати беназир ва шигифтоваре дар ниҳояти камолу диққат ва назм офарида шуда, собиту устувор аст, бар вуҷуди Парвардигори донову тавоно ва поку муназзаҳ аз ҷисму модда ва ҳозир дар ҳар замону макон ва мусаллат бар ҳама чиз, ки ҳақоиқи ашёро мебинад ва онҳоро дарк менамояд, далолат надорад»?

ИМОН БА ХУДО ҶУЗЪИ ФИТРАТ ВА СИРИШТИ ИНСОН АСТ

Таҳқиқотҳо ва баррасиҳои тоза дар бораи дин масоили фаровон ва муҳиммеро кашф карда, ки лозим аст бо диққат мавриди таваҷҷӯҳ қарор гиранд. Аз ҷумла, собит кардаанд, ки дин як сифати умумӣ ва ҳамагонӣ барои тамоми афроди инсон бо шумули инсонҳои гузаштаву оянда ва ҳоло аст ва донишмандон натавонистаанд миллатеро бидуни дин пайдо намоянд. Аксари донишмандон бар ин боваранд, ки фикр дар бораи вуҷуди Худо ва ба таври куллӣ эътиқодот дар инсон як сифати фитрии инсон аст ва ҳаргиз аз зоти ӯ ҷудо намегардад, ҳамон гуна, ки дигар хусусиятҳои фитриаш монанди ғаму шодӣ, муҳаббат ҳаргиз аз ӯ ҷудо нахоҳад шуд. Ва ин сифати фитрӣ ба василаи офаринандае азиму доно, ки Худованди субҳон аст, дар сиришт ва зоти инсон ба вадиат гузошта шудааст. Саршиностарин донишманде, ки шадидан ба ин мавзӯъ эътиқод дорад ва эътиқодоти диниро аз сифоти фитрии башар медонад, Андре Ланг–донишманди скотландӣ аст, ки далоили худро чунин баён медорад:

1. Ҳар инсоне дар даруни худ эҳсос менамояд, ки як нерӯи бартаре аз нерӯҳои оддӣ вуҷуд дорад ва ин эҳсос барои пайдоиши ин ақидаи динӣ, ки барои ин ҷаҳон Парвардигоре ҳаст тавоно ва бартар аз ҳама ва ин ҷаҳон сохтаи дасти пурқудрати ӯ аст, кофӣ аст ва ҳар инсоне эҳсос мекунад, ки мавҷудоти ин ҷаҳон офарида шудаанд ва имкон надорад, ки худашон худашонро ба вуҷуд оварда бошанд. Бинобар ин, бояд сонеъ ва созандаи ҳакиму мусаллате онҳоро ба вуҷуд оварда бошад.

2. Мебинем, ки миллатҳои бисёр қадим ва ибтидоӣ ва ҳатто ақвоми ваҳшӣ нисбат ба падар, раиси қабила ва Офаридгори олам эътиқоди динию маънавӣ доштаанд (пас ҳеҷ миллате бидуни дин вуҷуд надоштааст).

3. Ақвому миллатҳои аввалия ва ибтидоӣ дар камоли покӣ, тақдис ва яктопарастӣ Худоро парастиш кардаанд ва ширку бутпарастӣ ва хурофот баъдан ба вуҷуд омадааст.

Албатта, назарияи Андре Ланг фавран мавриди таъйид қарор нагирифт, то ин ки равиши баррасии таърих дар илми ҷомеашиносӣ мутадовил гардид ва ин равиш буд, ки аксар андешаҳо ва назариёти ӯро собит ва таъйид намуд. Муҳимтарин таҳқиқоте, ки назарияи Андреро ба исбот расонид, таҳқиқоти доктор Любалд Финшард –устоди донишгоҳи Вена дар бораи аврупоиҳои ҳиндиасл буд. Ин муҳаққиқ собит намуд, ки фикри вуҷуди Худой болотар аз ҳама дар назди ориёиҳо амре аст ғайри қобили инкор ва се асл асоси дини онҳоро ташкил медод, ки иборат буданд аз парастиши табиат, ибодат ва парастиши мурдагон ва имону эътиқод ба Худои пурхайру баракат ва офаринанда. Вале доктор Любалд таъйин нанамудааст, ки кадом як аз ин се навъ эътиқод ва ибодат аз назари замонӣ бар дигарӣ муқаддам аст ва фақат дар як ҷо ишора карда, ки таъйини қадимтарини онҳо ниёз ба баҳсу баррасии бештаре дорад.

Дар ҳамин замон доктор Кобер натиҷаи чандин таҳқиқоти худро дар мавриди ҳиндуҳои Калифорния мунташир намуд ва собит кард, ки ин ақвом қадимитирин ақвоми Амрикои Шимолӣ ҳастанд ва ҳамчунин дар таҳқиқоти худ нишон дода, ки ҳиндуҳои Калифорния мӯътақид ба Худои азиму пурхайр будаанд ва бо қотеият эълом дошт, ки ин ҳиндуҳо Парвардигори худро дар аълотарин маротиб шинохта ва ӯро парастиш кардаанд ва мӯътақид будаанд, ки ӯ Худое аст, ки тамоми қудратҳо аз ӯ аст ва тамоми корҳову муқаддарот ба дасти ӯ аст.

Яке аз уламои ҷомеашинос ба номи Асмат собит кардааст, ки ақвоми африқоӣ, ки қадимтарин ақвоми башарӣ ҳастанд, мӯътақид ба вуҷуди маъбуд ва Парвардигоре дар сатҳи аълои вуҷуд будаанд. ӯ ҳамчунин ба ин ҳақиқат даст ёфт, ки аксар қабоили сиёҳпӯсти ҷануби шарқии Австралия, Ҳинд ва Амрикои Шимолӣ дорои фикри яктопарастӣ будаанд, ки дар назди ин қабоил ин фикр ба сурати маъбуди якто ҷилвагар шудааст. Аммо баъдҳо, ки ин қабоил пешрафт намуду дар асари пешрафт ва дигаргуниҳои фарҳангӣ дар эътиқодоти динии онҳо фасод ва тағйиру печидагиҳое ҳосил гардида, ширку бисёрхудоӣ зоҳир шуд, дар канори Худованди мутаол мавҷудоти олии дигареро қарор додаанд.[15]

Яке аз уламо ба номи Ринон мегӯяд: «Нажоди сомӣ фитратан муваҳҳид будаанд». Ринон ин назарияро аз таҳқиқу баррасии худ дар мавриди худоёне, ки сомиҳо онҳоро парастиш мекарданд, ба даст овардааст ва вуҷуди калимаи «Ил» дар лаҳҷаи сомиёнро далели ин назария донистааст. Ринон муддаӣ аст, ки сомиён як маъбуди якторо ба номи Ил парастиш мекарданд. Баъдҳо калимаи Ил батадриҷ дар лаҳҷаҳои дигар тағйир ёфт ва ба сурати «Яҳуд», «Яҳва» ва «Улуҳим» дар забони ибрӣ ва ба сурати «Аллот» ва «Аллоҳ» ва «Илоҳ» дар назди арабҳо даромада, дар воқеъ асли ҳамаи ин калимот яке аст, ки ҳамон Илаҳ – «Ил» аст.

Доктор Бил Клиронс Ивсид устоди зистшиносӣ мегӯяд: «Мусалламан, таваҷҷӯҳ ва эҳтимом ба баҳсу баррасӣ дар бораи ақл бузургтар аз ақли башарӣ ва тадаббур ва андешаи устувортар, бисёр васеъ ва болотар аз андешаи инсон ба манзури кӯмак ба дарки саҳеҳ ва тафсиру тавҷеҳи воқеии ин ҷаҳон яке аз далоили возеҳу ошкор бар вуҷуд нерӯи болотар аз ҳамаи нерӯҳо ва андешаи бартар аз ҳамаи андешаҳост, ки ҳамон Зоти Аллоҳ ва андешаи ӯ аст.

Гоҳе инсон танҳо бо далоили илмӣ наметавонад ба таври комил ва яқин дорои имон ба Парвардигор шавад, вале ҳамин ки ин далоили илмӣ бо ҳолоти рӯҳию маънавӣ ва ангезаҳои бешумори дарунӣ ҳамроҳ гардид, имони инсон ба болотарин дараҷаи камол хоҳад расид ва ҳар гоҳ илм ва огоҳии мо дар бораи ин ҷаҳони бениҳоят азиму печида бо эҳсосоту авотиф ва ангезаҳои дарунӣ таркиб шуданд, ба таври яқин имон ба вуҷуди Парвардигор ҳосил мешавад. Чун ангезаҳои дарунӣ таъсири зиёде дар ҳусули имон ба Худо доранд, агар бихоҳем метавонем миллионҳо инсони ҳушёру бошуурро ном бибарем, ки дар партави ангезаҳову авотифи рӯҳӣ ба имони росих ба Худо расидаанд. Ин ангезаҳову авотиф ба андозае фаровон ва мутанаввеъ ҳастанд, ки қобили шумориш намебошанд, инсонро ба сӯйи имон ба Худо ҷалб менамоянд ва дорои қудрати зиёде ҳастанд».

Яке аз нишонаҳои возеҳи эъҷози Қуръон ин аст, ки эълом медорад, дин ҷузъи фитрати инсон аст. Ислом дар ин замина ҳам аз илм сабқат гирифтааст ва сездаҳ қарн пеш аз илм Қуръон ин ҳақиқатро чунин баён мефармояд: «Рӯйи худро холисона мутаваҷҷеҳи ойини воқеии Ислом кун. Ин сириште аст, ки Худованд мардумонро бар он офаридааст. Набояд сиришти Худоро тағйир дод (ва ба куфр рӯй овард) Ин аст ойини муҳкаму устувор, вале аксари мардум чунин чизеро намедонанд. Эй мардум, бо имон ба Худо ва тавбаву ихлос ба сӯйи Худо баргардед ва аз хашму азоби ӯ бипарҳезед ва намозро чунон ки сазовор аст, бигузоред ва аз зумраи мушрикон набошед» (Рум, 30-31).

Ин ояти шарифа эълом медорад, ки имон ба Худо ҷузъи сифоте аст, ки бо сиришти инсон омехтааст ва асоси он имон ба Офаридгори ҷаҳон ва якто будани Парвардигор аст. Ҳар гоҳ инсон авомили хориҷиро аз худ дур намояд ва ба виҷдону қалби худ муроҷиат кунад, тасдиқ менамояд, ки ӯ махлуқ ва офаридашудаи Худованди донову тавоное аст, ки ӯро офарида ва дар ҳаққи ӯ некӣ ва эҳсон намудааст. Ба калимаи «ҳанифан» таваҷҷӯҳ фармоед, ки мегӯяд: «Ҳолати яктопарастӣ ба сӯйи Худо рӯ биёвар». Мулоҳиза фармоед, ки дар охири оят ҳам мефармояд: «Ва аксари мардум чунин чизеро намедонанд». Ин гуфта комилан дуруст аст, чун танҳо касоне, ки зиндагии худро вақфи таҳқиқоти илмӣ дар бораи дин ва таъсири он бар инсон кардаанд, ин ҳақиқатро, ки дин ҷузъи сиришти инсон аст, дарк мекунанд. Мусалламан, эъломи ин ҳақиқати илмӣ аз сездаҳ қарн пеш аз дастрасии илм ба он яке аз мӯъҷизоти илмии Қуръон аст. Расули Худо, алайҳиссалом, бо ривояти ҳадиси қудсӣ аз Парвардигораш ин ҳақиқатро таъкид намуда ва аз қавли Худованд мефармояд: «Тамоми бандагони Ман ба сурати яктопараст офарида шудаанд, сипас шаётин онҳоро аз дини худ мунҳариф намуданд ва ба онҳо дастур доданд, ки барои ман шарику анбоз қарор диҳанд».

Ва Пайғамбар (с) дар ин бора мефармояд: «Ҳар навзоде бо сиришти пок, ки имон ба Худо аст, ба дунё меояд. Ин падару модари ӯ аст, ки ӯро ба сурати яҳудӣ ё насронӣ ё маҷусӣ дармеоваранд» (Табаронӣ, Байҳақӣ ва Абӯяълон).

Яъне ҳар навзоде бар ҳасби фитрату сиришт баробари қонуни Ислом ба сурати муваҳҳид ва яктопарасти холис, ки ҳеҷ шоибаи ширк дар он мавҷуд нест, ба дунё меояд ва ин муҳити хонавода аз ҷумлаи падару модар аст, ки ӯро аз сиришти худ мунҳариф месозанд. Дуову ниёише, ки инсон ба ҳангоми ниёз ва нороҳатӣ Парвардигори худро бо он ба фарёд мехонад, нишондиҳандаи ин аст, ки дин дар табиат ва сиришти инсон вуҷуд дорад ва аз зоти ӯ ҷудо нест.

Устод Криси Морисун мегӯяд: «Инсонҳо дар ҳар ҷову маконе, ки буда ва бошанд, аз ибтидои вуҷуд то ба ҳол ҳама дорои ин ангеза ва эҳсос ҳастанд, ки ба ҳангоми ниёз ва бурузи мушкилот ба касе, ки аз ҳама болотар ва нерӯмандтар ва бузургтар аст, паноҳ бибаранд ва аз ӯ ёрӣ ҷӯянд. Ин эҳсоси ҳамагонӣ далели ин аст, ки вуҷуди дин дар инсон ба сурати сиришт ва омехта бо табиати ӯ аст. Пас илм ҳам ночор аст, ки ба ин ҳақиқат эътироф кунад»[16]

Қуръон дар бисёре аз оятҳояш ба ин ҳақиқат тасреҳ мекунад ва мефармояд: «Ҳар замон, ки мусибат ва балои бузурге ба инсонҳо бирасад, Парвардигорашонро ба фарёд мехонанд» (Рум, 33).

Ва ё мефармояд: «Мункирони Худо ҳангоме ки савори киштӣ мешаванд ва мавҷҳое ҳамчун кӯҳ онҳоро фаро мегирад, холисона Худоро ба фарёд мехонанд ва ибодатро хоси ӯ медонанд» (Луқмон, 32).

Бинобар ин, маълум гардид, ки рӯҳи инсон ба муқтазои сиришту табиати зотие, ки дорад, вуҷуди Парвардигорро дарк менамояд ва ба ҳангоми бурузи мушкилот ва нороҳатӣ ба сӯйи ӯ боз мегардад ва аз ӯ ёриву кӯмак ва наҷот металабад.

Аз он чи, ки баён шуд, равшан мегардад, ки таҳқиқу баррасиҳои ҷадид дар мавриди дин он чиро, ки Қуръон сездаҳ қарн пеш роҷеъ ба фитрӣ будани имон ба вуҷуди Худо эълом доштааст, таъйид ва тасдиқ менамояд, дар ҳоле ки дар он вақт мардум чизе дар мавриди асрори фитрати динӣ намедонистанд. Оё эълони ин ҳақиқати илмӣ дар он замон далели ошкор бар сидқи нубуввати Пайғамбар (с) нест?

ИЛМ ИНСОНРО БА ИМОН БА ХУДО ДАЪВАТ МЕНАМОЯД

Баъзе аз мардум, ки ба ҷуз миқдори каме саҳм аз илм надоранд, мепиндоранд, ки куфру илҳод аз заруриёти илм аст, ҳар андоза инсон олимтар шавад, имонаш сусттар ва заифтар хоҳад шуд.

Аммо ин пиндори нодуруст ба дур аз ҳақиқат мебошад ва илм дар ҳеҷ яке аз давраҳои таърих мӯҷиби куфру илҳод намегардад, балки баръакс, инсони олим ва донишманди воқеӣ вақте худро дар ҷаҳони азим ва бидуни ҳадду марз мушоҳида мекунад ва худро заррае аз уқёнуси бекарон меёбад ва медонад, ки назму ҳамоҳангӣ ва иртиботи муҳкам дар байни тамоми аҷзои олам мусаллату ҳукмфармо аст ва ҳеҷ нақсу сардаргумӣ даркор нест, бидуни таъхир сари таслим ба унвони эҳтирому таъзим дар пешгоҳи бошукӯҳи Парвардигоре фурӯ меоварад, ки ин ҷаҳони азимро бо ин ҳама назму ҳамоҳангии дақиқ офаридааст.

Доктор Дунрати олмонӣ китобе манташир намуда, ки дар он ба баҳсу баррасии андешаҳои фалсафии донишмандони бузург пардохта, ки дар партави илму дониши онҳо афкору ақли башарӣ дар чаҳор қарни ахир равшанӣ ва қудрату пешрафти фаровоне касб кардааст. Дунрат бо диққат ва алоқаи фаровон ақоиди динии онҳоро шиносоӣ намудааст. ӯ пас аз таҳқиқ дар бораи ақоиди фалсафию динии 290 донишманд ва файласуфи соҳибназар ин натоиҷро ба даст овардааст:

1. 28 нафар аз онҳо натавонистаанд ба ҳеҷ ақида чи мусбат ва чи манфӣ бирасанд.

2. 242 нафар аз маҷмӯъи 290 донишманд бо сароҳати комил имон ба Худоро эълом доштаанд.

3. 20 нафар аз эшон куфру имон барояшон бетафовут буда ва аслан ба ин навъ масоил аҳамият надодаанд. Агар мо ин бист нафар бе таваҷҷӯҳ ба динро ҳам ҷузъи ломазҳабон ва мулҳидон ба ҳисоб оварем, боз мебинем, ки наваду ду дар сад аз кулли донишмандони мавриди назар мӯъмину мӯътақид ба Худо будаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин дар сад бузург ва ин ки нисбати уламову донишмандони мӯъмин дар ҳар даврае даҳ баробари уламои бетафовут ва мулҳид будааст, барои мо маълум мешавад, ки дар байни илму дин тазодду душманӣ вуҷуд надорад ва бо пешрафти илму дониш ва таваҷҷӯхи бештари донишмандон ба дин ҳамоҳангӣ ва иртиботи илм ва дин комилтар мегардад ва ин танҳо мулҳидон ва моддапарастонанд, ки бардурӯғ иддаои тазод дар байни илму дин доранд.

Доктор Люн Вати аз қавми Постор бузургтарин мағзи мутафаккир ва донишманди қарни гузашта чунин менависад: «Имон аз ҳеҷ пешрафте ҷилавгирӣ наменамояд, чун ҳар тараққӣ ва пешрафте намоёнгари иртибот ва ҳамоҳангӣ дар байни махлуқот ва офаридагони Худост, агар илми ман бештар аз он, ки ҳоло ҳаст, мебуд, имони ман ҳам бештар ва амиқтар аз он чи ки ҳоло ҳаст, мешуд. Ин посторӣ дар идомаи суханони худ мегӯяд: «Илми саҳеҳ наметавонад, ки моддӣ бошад, ба хилофи тасаввури дигарон илм боиси имони бештар ба Худо хоҳад шуд, чун илм бо таҳлилу баррасие, ки аз ҷаҳон ба амал меоварад, нишонаҳои маҳорат ва кордонию тасаллут ва қудрату ҳукумати фавқулодаи Офаридгори ҷаҳонро мушоҳида мекунад ва мебинад, ки қавонин ва назм мусаллат бар ҷаҳон бар андозае ҳакимона, муназзам ва холӣ аз халал аст, ки ҳадду марзе барои он манзур нест».

Ва доктор Ветз Шимидони маъруф, узви Академия ва муовини донишкадаи тиббии пешрафта менависад: «Ҳар гоҳ эҳсос намоям, ки ақидаам нисбат ба Худо суст мешавад, фавран барои тақвияти он ба сӯйи Академияи улум рӯй меоварам».

Ситорашиноси бузург Фой, узви Акадмияи улум дар китоби худ ба номи «Аслулаволим» чунин мегӯяд: «Аз иштибоҳтарин суханон ин аст, ки гуфта шавад, илм инсонро ба сӯйи инкори вуҷуди Худо мекашонад».

Донишманди маъруф ва заминшинос Эдмун Ҳарберт мегӯяд: «Ҳар даврону асре дорои як навъ тамоюлот ва афкори ҷунуномез мебошад. Ман фикр мекунам, ки куфр ба Худо ва илҳод маразу ҷунуни фикрии асри ҳозир бошад. Ба ҳақиқат, ба назди ман кандани пӯст аз баданам осонтар ва мумкинтар аз ин аст, ки имону ақидаи ба Худоро аз дилам баркананд ва онро аз ман ҷудо намоянд».

Инҳо афкор ва назариёти пешвоён ва бузургони илму дониш дар асри ҷадид мебошад, ки аз навишаи Люн Вати нақл кардаем.

Аз тарафи яке аз давлатмардони Амрико аз доктор Онду Канвой Эфӣ суол шуд: «Шунидаам, ки аксар касоне, ки ба илм иштиғол ва сарукор доранд, кофиру бедин ҳастанд? Оё ин гуфта дуруст аст?» Ин донишманд дар ҷавоб гуфт: «Ба ақидаи ман ин сухан дуруст нест, балки ман ба хилофи он мӯътақидам. Чун дар мутолиоту таҳқиқот ва мубоҳисоти худ бо уламо ба ин натиҷа расидаам, ки қисмати аъзами касоне, ки дар майдони улум машғули таҳқиқу баррасӣ ҳастанд ва аз уламову бузургони илм мебошанд, аз илҳоду куфр ба дур ҳастанд, вале мардум назариёти онҳоро дуруст нақл наменамояд ё аслан назариёти эшонро намефаҳманд». ӯ дар идомаи суханони худ мегӯяд: «Усулан куфру илҳод ва моддапарастӣ бо шеваву равише, ки донишмандон дар зиндагию андеша ва амали худ ба кор мегиранд, комилан мутазод мебошад, чун ҳар донишманд аз ин асли мусаллам пайравӣ мекунад, ки ҳеҷ василае бидуни созандаву офаринандае имкон надорад ба вуҷуд ояд. Донишманд ақлу андешаи худро бар асоси ҳақоиқи мусаллам ба кор мегирад, вақте ки маҳалли кори худ мешавад, бо ишқу алоқаи фаровон ва қалби саршор аз имон ба Худо шурӯъ ба кор мекунад ва аксари донишмандон ба хотири ишқ ба илм ва ишқ ба хидмат ба мардум ва ишқ ба имон ба Худо ба таҳқиқот мепардозанд ва тамоми зиндагии худро дар ин роҳ сарф менамоянд».[17]

Мо дар ин ҷо гуфтаи доктор Алберт Мокуб Ваншстерро[18] нақл мекунем, ки мегӯяд: «Ба воситаи иштиғол ба улум имонам ба Худо мустаҳкамтар гардида ва появу асоси он хеле қавитар аз пеш шудааст. Шакке нест, ки илм, огоҳӣ ва басирати инсонро ба қудрату ҷалол ва азамати Худованд афзоиш медиҳад ва ҳар андоза дар доираи таҳқиқоти худ ба иктишофоти ҷадидтаре ноил шавад, имонаш ба Худо бештару бештар мегардад».

Гуфтаи донишманди маъруф Лорд Калфанро[19] баён мекунем, ки мегӯяд: «Ҳар гоҳ дурусту амиқ фикр кунед, яқинан, тафаккури дуруст ва илм шуморо маҷбур месозанд ба Худованди мутаол бештар имон дошта бошед».[20]

Эйнштейн – донишманди маъруф мегӯяд: «Муҳимтарин ва боарзиштарин натиҷаи таҳкиқоти илмӣ ин имон ба Худо аст». Нақли қавли донишмандонро бо гуфтаи файласуфи англис Франсис Бекен ба поён мерасонам, ки мегӯяд: «Донистани фалсафа кам инсонро ба куфру илҳод мекашонад, аммо тааммуқу табаҳҳур дар он инсонро ба сӯйи имон ба Худо боз мегардонад».

Мулоҳиза фармоед, ки аксар қариб ба иттифоқи донишмандон ақида доранд, ки илм боиси имони бештар ба Худо аст ва илм омили аслии имони онҳо ба Худо будааст. Дар ин ҷо бояд баёни ин ҳақиқати илмиро, ки илму дин якдигарро такмил менамоянд, барои аввалин бор ба номи Қуръон сабт намоем, чун Қуръон дар сездаҳ қарн пеш дурустию ҳамоҳангии илму динро эълом дошт ва худошиносиву ихлоси комил ва парҳезу тақворо дар қалби уламо ва донишмандон мунҳасир сохта ва мефармояд: «Ба дурустӣ, танҳо уламо ва донишмандон аз Худованд тарс ва тақво доранд ва дар баробари ӯ таслиманд» (Фотир, 28).

Чун уламо ба воситаи илму дониш ва заковату ҳушёрие, ки доранд, ба асрори шигифтоваре, ки Худованд дар ҷаҳон қарор додааст, огоҳ мебошанд. Ба ҳақиқат, ин танҳо уламо ҳастанд, ки аз рӯйи далелу бурҳон медонанд, ки ин асрор аз қудрати башар ва ё тасодуф хориҷ аст. Пас бо камоли адабу ихлос таслими амри Худо мешаванд. Қуръон ба шаҳодат ва гуфтаи уламо ва донишмандон арҷ мениҳад, шаҳодати онҳоро дар канори шаҳодати фариштагон, ки ҳаргиз шакку тардид ба мақоми малакутии эшон наздик намешавад, қарор медиҳад ва мефармояд: «Худованд гувоҳӣ медиҳад бар ин ки маъбуди ҳаққе ҷуз ӯ нест ва ин ки ӯ додгару одил аст ва фариштагон, уламо ва донишмандон гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷуз ӯ маъбуди ҳаққе нест ва ӯ тавонову ҳаким аст» (Оли Имрон, 18).

Ин оят нишон медиҳад, ки Худованди мутаол то чи андозае ба шаҳодат ва назарияи донишмандон арҷ гузоштааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба маротиби фавқ маълум мегардад, ки илм бо таҳқиқу баррасӣ ва кашфи асрори ҷаҳон далоили қотеъе бар вуҷуди Худованди мутаол нишон дода ва медиҳад ва дар ин амр Қуръон аз илм сабқат гирифта ва дар сездаҳ қарн пеш далоили илмиро бар вуҷуди Худованд баён доштааст. Бинобар ин, далелҳо ва бароҳин дин ва илм ҳар ду бо ҳам муттафиқ ва ҳамоҳанг бар вуҷуди Худо далолат доранд. Аввал бурҳони Қуръони карим, дувум бурҳони кавн ва ин ҷаҳони азим.

МУБОҲИСА БО КАСОНЕ, КИ БА ХУДО ИМОН НАДОРАНД ВА МОДДАРО МАНШАИ КОИНОТ МЕДОНАНД

Моддагароён (материалистон) мӯътақид нестанд, ки ин ҷаҳон холиқ ва офарандае дошта бошад, балки мегӯянд ҳарчи дар ҷаҳон аст, ҳамеша буда ва дар асари таҳаввулот ва тағйироти модда ба вуҷуд омадааст ва қавонину муқаррароти ҳоким бар ҷаҳон ва ҷузъиёти он дар асари таҳаввулот ва дигаргуниҳои мудовим худ ба худ ба ин марҳала аз диққат, камол ва ҳамоҳангию тавозун расидааст. Ин назариёти бепоя ва беасоси моддиҳо ба миёни оммаи мардум ҳам сироят карда ва иддаеро ба куфру илҳод кашонидааст. Барои ҳамин, уламо ва донишмандон ба ибтоли ин назариёт пардохта фасоду беасос будани онҳоро эълон доштаанд. Барои равшан шудани ин мавзӯъ ба маротиби зер таваҷҷӯҳ фармоед.

Ин назария, ки ҷаҳон дар асари иттифоқ ва ба таври тасодуфӣ ба вуҷуд омадааст, ботил мебошад: Доктор Арфанг Вилям[21] мегӯяд: «Ман ба вуҷуди Худо имон ва эътиқод дорам, чун наметавонам тасаввур кунам, ки иттифоқ ва тасодуф боиси ба вуҷуд омадани электронҳо ва протонҳои аввалия ё атомҳои аввалия ва ё протоплазмаи аввалия ва ё базру ҳастаи аввалияи гиёҳон ва ё ақли аввалия буда бошад ва ин ҳама осори шигифтангез, дақиқ ва муназзам бар асари иттифоқ ҳосил шуда бошад. Ман ба Худои қодиру огоҳ ва мусаллат имон дорам, чун танҳо ин вуҷуди муқаддас аст, ки метавонад ҷаҳони ҳастиро бо ҳама асроре, ки дар бар дорад, ба тариқи саҳеҳ барои ман тавҷеҳ ва тафсир намояд».[22]

Ҳамчунин доктор Воин Авлат мегӯяд: «Аммо назарияҳое, ки ҷаҳонро ба сурати моддӣ тафсир ва тавҷеҳ менамоянд, аз тафсир ва тавҷеҳи чигунагии пайдоиши ҷаҳон оҷизанд. Дар ҳоле ки наметавонанд чигунагии пайдоиши онро баён намоянд, онро ба ҳолати ибҳом боқӣ мегузоранд, меоянд феълу инфиолотеро, ки баъд аз пайдоиши аввалия зоҳир гардидааст, ба тасодуф ва иттифоқ нисбат медиҳанд (бидуни ин ки аслро баён доранд, ба тавҷеҳи фаръ мепардозанд) ва мехоҳанд назарияи тасодуфро ҷойгузини имон ба Худо кунанд ва ба гумони худашон мехоҳанд тафсири зебо ва тавҷеҳи комилтар ва ба дур аз мавҳумот аз ҷаҳон нишон диҳанд. Аммо сарфи назар аз арзишҳои умумие, ки дин дорад, бояд эътироф кунем, ки назарияи имон ба Худо ва ин ки ин ҷаҳон ба василаи офарандаи олиму тавоно ба вуҷуд омадааст, маротиб ба ақл наздиктар аст аз ин ки гуфта шавад, ин ҳама асрор дар натиҷаи тасодуф ва иттифоқ мебошанд. Болотар аз ин бояд имон дошта бошем, ин назми дақиқ, устувор ва беназир, ки тамоми ҷаҳонро дар бар гирифтааст, далеле аст қатъию инкорнопазир бар ин ки ҷаҳон дорои Парвардигоре аст мусаллат, ки танзимкунандаи қавонини ҳастӣ аст. Зеро ҳеҷ гоҳ тасодуф ва иттифоқи кӯру кар ва бешуур маншаи назм нахоҳад шуд».[23]

Донишманди маъруф Криси Морисон[24] дар бораи асрор ва шигифтиҳои ҳаёт мепурсад: оё ҳаёт бар асари модда ба вуҷуд омадааст ё на ва мегӯяд: «Он чи мусаллами ҳамагон аст, ин аст ки муҳит ва модда ҳар андоза, ки ҳамоҳанг бо ҳаёт бошанд, ба танҳоӣ наметавонанд боиси ба вуҷуд овардани ҳаёт шаванд. Албатта, ба тариқи авло ҳеҷ тасодуф ва иттифоқ дар шароит ва зуруфи кимиёӣ ва табиӣ низ қодир ба падид овардани ҳаёт намебошад. Бинобар ин, бояд эътироф кунем, ки ҳаёт танҳо маншаи шууру идрок аст. Танҳо ҳаёт аст, ки моро ба дарку фаҳми корҳои боазамати Парвардигор ошно месозад ва нури вуҷудашро тобнок мегардонад, ҳарчанд ҳанӯз пардаҳои фаровоне вуҷуд дорад, ки бар чашми мо торикӣ андохта ва натавонистаем ҳақиқати ин нурро ба хубӣ дарк намоем».[25]

Пас маълум мегардад, ки назарияи пайдоиши ҷаҳон аз тариқи иттифоқ ва тасодуф бар асоси ҳеҷ далели илмӣ ва мантиқи дуруст устувор нест ва ақли солим онро намепазирад. Барои ин аст, ки Қуръон бо далели қонеъкунандае хитоб ба ин саргаштагони мутараддид мегӯяд: ин ҷаҳон бояд холиқ ва Парвардигоре дошта бошад, ки Аллоҳ, субҳонаҳу ва таъоло аст. «Магар дар вуҷуди Худованде, ки осмонҳову заминро аз ибтидо ба вуҷуд овардааст, шакку тардид доред?» (Иброҳим, 10).

Қуръон назари инсонро ба фалсафаву ҳикмат ва шигифтиҳои мавҷуд дар офариниши ҷаҳон ҷалб менамояд, ки дар ниҳояти вузӯҳ бар вуҷуди холиқи огоҳу ҳаким далолат доранд ва мефармояд:

صُنْعَ اللَّهِ الَّذِي أَتْقَنَ كُلَّ شَيْءٍ إِنَّهُ خَبِيرٌ بِمَا تَفْعَلُونَ (النمل: 88)

«Ин ҷаҳон сохтаи дасти қудрати Худованде аст, ки тамоми ашёро ба сурати зебо ва назми дақиқ ба вуҷуд овардааст?» (Намл:88).

Ва дар тавсифи Парвардигор мефармояд: «ӯ зоте аст, ки ҳарчиро офарид, некӯ офарид» (Саҷда, 7).

Маълум аст, ки тасодуф ва иттифоқ наметавонад мавҷуди зиндаеро ба вуҷуд оварад, ки дорои ҳикмат ва корҳояш дақиқу муназзам бошад.

ҶАҲОН ДОРОИ ИБТИДО ВА САРОҒОЗЕ АСТ

Доктор Эдуард Лотерксол[26] дар радди назарияи моддигароён, ки мӯътақид ба азалияти модда ҳастанд ва мегӯянд ҷаҳон азалӣ аст ва сароғозе надорад, менависад: Илм ошкоро собит мекунад, ки имкон надорад ин ҷаҳон азалӣ ва бидуни сароғоз бошад. Чун ҷаҳон ба таври доим дар ҳоли интиқоли ҳарорат аз аҷсоми гарм ба аҷсоми сард мебошад ва ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест худ ба худ ва ба сурати автоматикӣ акси ин қазия ба вуҷуд ояд, ба ин маъно, ки ҳарорат худ ба худ аз аҷсоми сард ба сӯйи аҷсоми гарми қаблӣ баргардад. Ва ин амр ба маънои ин аст, ки ҷаҳон ба сӯйе ҳаракат мекунад, ки саранҷом дараҷаи ҳарорат дар тамоми аҷсом яксон мешавад ва конуни энергия ва нерӯ тавони худро аз даст медиҳад, он гоҳ ҳеҷ гуна амалиёти кимиёвӣ ва табиӣ дар байн нахоҳад буд ва асаре аз ҳаёт дар ҷаҳон боқӣ нахоҳад монд. Вақте ки мебинем ҳанӯз ҳаёт боқӣ аст ва феълу инфиолоти кимиёвӣ ва табиӣ ба мисли пештара дар масири худ идома дорад, мо метавонем натиҷагирӣ кунем, ки ин ҷаҳон имкон надорад, ки азалӣ бошад ва илло тибқи муҳосибаи марбута боист хеле барвақт энергияи он тамом шавад ва фаъолиятҳои табиии он мутаваққиф гардад. Албатта, ин матлабе аст, ки илм бидуни ин ки қасд дошта бошад собит кунад ҷаҳон дорои сароғозе аст, ба он даст ёфтааст, вале мо бо ин матлаби илмӣ вуҷуди Худоро собит менамоем. Чун ҳар чизе, ки сароғозе дошта бошад, наметавонад худро аз адам ба вуҷуд оварда бошад, пас лозим аст як маншаъ ва муҳаррики аввалия ё офарандае, ки Худованди ҷаҳониён аст, дошта бошад.

Агар ба Қуръони карим муроҷиат кунем, мебинем ба сароҳат мегӯяд, ки ин ҷаҳон дорои сароғозе аст ва ин ҷаҳон махлуқ ва офаридаи Худо аст: «Оё намедонанд, ки Худованд чӣ гуна офаринишро оғоз кард ва сипас онро бозмегардонад?» (Анкабут, 19).

Қуръон бо сароҳат эълом медорад, ки ҷаҳон ба сӯйи охир ва поёни худ, ки рӯзи қиёмат ном дорад, дар ҳоли ҳаракат аст. Дар он рӯз нерӯ ва энергия тамом мешавад ва офтоб хомӯш мегардад

﴿بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ١ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢﴾ [الفاتحة: ١، ٢]

«Замоне, ки офтоб нури худро аз даст дод ва ситораҳо торик шуданд, дар чунин рӯзе Худованд махлуқоти худро ба кайфияти дигар боз мегардонад» (Такбир, 1-2).

ТАКОМУЛ ЯКЕ АЗ НИШОНАҲОИ ВУҶУДИ ХУДО АСТ

Доктор Ҷорҷ Эралдофиз мегӯяд: «Такомуле, ки бар ин ҷаҳон ҳукмфармо аст ва илм аз он парда бардоштааст, худ шоҳиди далели қотеъ бар вуҷуди Худо аст. Такомул аз зарраҳои бисёр хурд ва басит, ки дорои шаклу сурати мушаххасе нестанд ва фосилае байни онҳо нест, шурӯъ мешавад ва ба сурати миллионҳо сайёраву ситораи азим ва дигар мавҷудоти мухталиф дармеоянд, ки ҳар як дорои сурати муайян ва умри мушаххас ҳастанд ва аз муқаррарот ва қонуни муҳкам ва устуворе, ки ақли башарӣ аз дарки кайфият, муддату чигунагии ибдои онҳо оҷиз аст, пайравӣ менамоянд. Хурдтарин зарраи мавҷуд, ки ҳавос қудрати дарки онро надорад ва ақл низ қодир нест онро тасаввур намояд, ҳосил ва дарбаргирандаи хусусиятҳо ва қавонину суннатҳое аст, ки барои давом ва такомули он зарурат дорад.

Агарчи инҳо ҳама далоили кофӣ барои исботи вуҷуди Худо мебошанд, вале далели дигаре, ки эъҷозаш бештар ва далолаташ бар исботи вуҷуди Худо қотеътар ва ошкортар аст, ин аст ки аз ин зарраҳои хурд ва басит танҳо сайёраҳову ситораҳо ба вуҷуд наомадаанд, балки анвоъи мухталифи мавҷудоти зиндаи пешрафта ва такомулёфта низ аз онҳо ба вуҷуд омадаанд, ки метавонанд тафаккур намоянд, ибтикор нишон диҳанд, чизҳои зеборо дуруст кунанд ва ҳунару зебоиро нишон диҳанд ва дар бораи шигифтиҳои ҳаёт ба таҳқиқу баррасӣ бипардозанд.

Бинобар ин, ҳар заррае аз зарроти вуҷуд шоҳиди қотеъе аст бар вуҷуди Худо ва ҳатто ниёз ба ин истидлол ҳам нест, ки бигӯем модда оҷиз аз халқ ва эҷоди нафси худ мебошад.

Доктор Эдуард Лотерксел мегӯяд: «Интихоби табиӣ ва бақои ислоҳи худ яке аз авомили созанда ва худкор барои такомул аст, ҳамон тавре ки такомул худ яке аз авомили офариниш мебошад. Бинобар ин, такомул ба ҷуз яке аз суннатҳо ва қавонини табиии низоми ҷаҳон чизи дигаре нест. Қавонини табиӣ ҳам монанди қавонини илмӣ нақши дувумиро ифо менамоянд (ба ин маъно, ки пас аз вуҷуд омадан нақшеро ба ӯҳда мегиранд), чун қавонини табиӣ ниёзманд ба зоте ҳастанд, ки онҳоро ба вуҷуд оварда бошад. Ҳамин далел, ин қавонин наметавонанд нақши иллати аслиро дошта бошанд. Бинобар ин, такомул (ки яке аз қавонини табиӣ аст) бояд худ махлуқи Худо бошад ва мавҷудоте, ки аз тариқи интихоби табиӣ ва бақои аслаҳ ба вуҷуд меоянд, махлуқи Худо ҳастанд. Ҳамон гуна ки интихоби табиӣ худ махлуқи Худо аст, чун интихоби табиӣ зотан қодир ба эҷод ва офариниш нест ва танҳо як низом мебошад, ки баъзе аз мавҷудот барои бақо ва идомаи ҳаёти худ аз он пайравӣ менамоянд, вале баъзе дигар аз мавҷудот, ки ба тариқ ва низоми интихоби табиӣ ниёз надоранд, аз низоми дигаре монанди виросат пайравӣ мекунанд. Албатта, ҳеҷ кадом аз ин қавонин ва низомҳо кӯркӯрона аз рӯйи иттифоқ ба вуҷуд наомадаанд, балки ҳамаашон дорои ҳикмат ва фалсафаҳое ҳастанд, ки бар асоси ин фалсафаҳо ба вуҷуд омадаанд».

Аммо дар бораи такомул Худованд мефармояд, ки ин низом ҳам махлуқи Худо аст:

﴿وَيَخۡلُقُ مَا لَا تَعۡلَمُونَ ٨﴾ [النحل: ٨]

«Худованди мутаол чизҳоеро меофарад, ки ба онҳо илм надоред» (Наҳл, 8).

Ва рушду такомул яке аз низомҳои устувор аст, ки бар ҷаҳони ҳастӣ ҳукмфармо мебошад ва монанди дигар низомҳои ҷаҳон махлуқи Худо ва собиту тағйирнопазир аст. Интихоби табиӣ ва бақои аслаҳ низ баробари суннат ва низоме, ки Худованд барои ҳаёт офаридааст, анҷом мегирад. Худованд мефармояд: «Ҳақ монанди об ва ботил монанди кафкҳои сел аст, аммо кафкҳо дур андохта мешаванд, вале он чи, ки барои мардум нофеъ аст, дар замин боқӣ мемонад». (Раъд, 17).

Яъне чизҳои заифу бефоида аз байн мераванд ва аслаҳҳову муфидҳо ва нерӯмандҳо боқӣ мемонанд.

Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

Фасли шашум : ВаҲдоният ва якто будани Парвардигор

1. Ақоиди арабҳо қабл аз Ислом. 2. Ислом мардумро ба парастиши Худованди ягона даъват менамояд. 3. Рӯҳ ва ҷавҳари тавҳид дар Ислом. 4. Далел ва бурҳони ақлӣ бар ваҳдонияти Зоти Аллоҳ. 5. Ягонагӣ ва иттиҳод дар байни низомҳои олами ҳастӣ далел бар ваҳдонияти Зоти Аллоҳ мебошад. 6. Таҳоҷуми Ислом бар ширк. 7. Парастиши шахсият ва инсонпарастӣ. 8. Парастиши бутҳо. 9. Ҳавову ҳаваспарастӣ. 10. Мурдапарастӣ. 11. Ибодат ва парастиши мазҳаре аз мазоҳири табиат. 12. Шафоат. 13. Баъзе аз сифоти Худо дар Қуръон. 14. Ибтол ва радди эродҳое дар мавриди сифоти Худо.

АҚОИДИ АРАБҲО ҚАБЛ АЗ ИСЛОМ

Бутпарастӣ дар Ҷазиратулараб қабл аз Ислом бисёр шоеъ ва густурда буд. Ибни Калбӣ дар ин маврид гӯяд: Ҳар як аз мардуми Макка дар хонаи худ буте дошт ва онро парастиш мекард ва вақте мехост ба сафар биравад, охирин кораш ин буд, ки ба унвони табаррук дасташро бар рӯйи он мекашид ва сипас дасташро ба сару сурати худ мемолид ва вақте аз сафар бармегашт, аввалин кораш дар манзил ин буд, ки дубора дасташро бар рӯйи он бикашад ва бар сару сурати худ бимолад. Муаррихон бутҳои фаровонеро, ки мавриди ибодат ва парастиши арабҳо буда, зикр кардаанд ва дар байни онҳо чанд бути махсус, ки номи онҳо дар Қуръон ҳам зикр шудааст, аз аҳамияти бештаре бархурдор буданд, монанди Сувоъ, Яғус, Яъуқ, Наср, Вудд, Лот, Уззо ва ғайра. Баъзе аз арабҳои даврони ҷоҳилият ситорагон, махсусан Офтобу Моҳро парастиш мекарданд ва Офтобро ба номи «худои худоён» ном мебурданд. Баъзеи дигар фариштагон ва ҷинро парастиш менамуданд. Мурдапарастӣ ва парастиши гузаштагон низ дар байни арабҳо шоеъ буд. Пайғамбар (с) дастур дод мусулмонҳо гӯри мурдагонро бо хок яксон кунанд, аз сохтани масоҷид бар рӯйи он худдорӣ намоянд ва дар гӯристонҳо намоз нахонанд, ба хотири ин ки мабодо муҷаддадан мурдапарастӣ ба миёни мардум бозгардад. Албатта, иддае аз арабҳо ба ибодати арвоҳ машғул ва мӯътақид ба таъсири онҳо дар умури зиндаҳо буданд ва достонҳое дар ин бора нақл мекарданд ва мӯътақид буданд: вақте инсон мемирад, рӯҳаш аз ҷисм ҷудо мешавад ва бо қабраш дар иртибот мебошад ва ё агар марде кушта шавад, то замоне ки қотил қасос мешавад, рӯҳи мақтул дар шакли ҷуғд ва буме нолакунон тақозои об менамояд. Мегуфтанд: «Арвоҳ дар шаклҳои мухталиф бар инсон зоҳир мешавад. Масалан, гоҳе ба сурати баъзе ҳайвонот худро ошкор мекунад ва ба ҳамин иллат баъзе аз ҳайвонотро муборак ва баъзе дигарро шум ва бадюмн медонистанд ва аз баъзе метарсиданд».

Ақидаи «тотемӣ»[27] дар миёни арабҳои ҷоҳилӣ бисёр шоеъ буд. Мардум дарахту ҳайвонҳои бахусусеро парастиш мекарданд ва ҳар дастае исми қабилаи худро аз исми ҳайвони мавриди тақдиси худ ахз менамуд, монанди калб (саг), зиъб (гург), дубб (хирс), наср (уқоб), саълаб (рӯбоҳ), ҳирр (гурба), савр (гов)… Онҳо гоҳе исми қабилаи худро аз исми дарахти мавриди тақдиси худ мегирифтанд, монанди булут, нахл. Иддаи дигаре аз арабҳои ҷоҳилият мункири вуҷуди Офаридгор буданд, ки онҳоро «даҳрӣ» мегуфтанд (чун мӯътақид буданд даҳр ва рӯзгор аст ин ҷаҳонро ба вуҷуд овардааст).

Қуръони карим ба ин гурӯҳ ишора мекунад ва мефармояд:

﴿وَقَالُواْ مَا هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا ٱلدُّنۡيَا نَمُوتُ وَنَحۡيَا وَمَا يُهۡلِكُنَآ إِلَّا ٱلدَّهۡرُۚ وَمَا لَهُم بِذَٰلِكَ مِنۡ عِلۡمٍۖ إِنۡ هُمۡ إِلَّا يَظُنُّونَ ٢٤﴾ [الجاثية : ٢٤]

«Кофирон мегуфтанд чизе ҷуз ҳамин зиндагии дунё даркор нест. Гурӯҳе аз мо мемиранд ва гурӯҳе ба дунё меоянд ва ба ҷуз табиату рӯзгор чизи дигаре моро ҳалок намекунад» (Ҷосия, 24).

Дар байни арабҳои ҷоҳилият ҷамоате буданд, ки на яҳуд буданд ва на насронӣ, вале бо вуҷуди ин Худованди якторо парастиш мекарданд. Муфассирон ва муаррихон номи ҷамоате аз онҳоро зикр намудаанд ва гуфтаҳое аз онҳоро нақл кардаанд, вале ин нақлиёт ба иллати ибҳомоти мавҷуд дар он наметавонад баёнгари ақоид ва афкори воқеии онҳо бошад ва ин идда маъруф ба ҳунафо (ба дур аз ширк) буданд ва гуфта мешуд, ки бар дини Иброҳим ҳастанд. Аз баъзе ривоятҳо чунин истинбот мешавад, ки баъзе аз ин ашхос китобҳои осмонии пешинро хонда ва онҳоро фаҳмида буданд ва дар бораи асрору шигифтиҳои ҷаҳон фикр мекарданд ва аз нӯшидани шароб ва ахлоқи нописанд парҳез менамуданд ва мардумро ба хайру салоҳ ва дурӣ аз парастиши бутҳо даъват мекарданд.

Аз динҳои маъруф дар Ҷазиратулараб қабл аз Ислом яҳудӣ, масеҳӣ, маҷусӣ (оташпарастӣ), ки аз Эрон ба он ҷо нуфуз карда буд ва собиӣ буд. Собииҳо ду даста буданд, як даста аз онҳо муваҳҳид ва дастаи дигар мушрик буданд ва ситораҳоро парастиш мекарданд.

Баъзе мегӯянд ба хотири ин, ки онҳо аз дину қавми худ рӯгардон шуданд ва аз ҳар дине ҳарчи писанд менамуданд ахз мекарданд, собиӣ номида шуданд, яъне хориҷшуда аз дини аслии қавми худ.

Ҳамон гуна, ки аз Қуръони карим маълум мешавад ва аз ашъори мансуб ба давраи ҷоҳилият ҳам бармеояд, иддае аз мардуми Макка мӯътақид ба Худои яктое, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, буданд, вале бо вуҷуди ин мушрик буданд ва мегуфтанд, ки ба хости Худо онҳо мушрик ҳастанд ва ибодати онҳо барои бутҳо боиси тақарруб ва наздикии онҳо ба Худованд мегардад. Худованд аз қавли эшон мефармояд: «Мушрикон мегуфтанд, мо ин бутҳоро парастиш намекунем, ҷуз ба хотири ин ки моро ба тамомӣ ба Худо наздик менамоянд» (Зумар, 3).

Тавҳид ва яктопарастӣ дар назди арабҳои ҷоҳилият бо ширк омехта шуда буд. Онҳо барои Худо шарикҳое қарор медоданд ва бутҳоро парастиш мекарданд ва ба онҳо наздикӣ меҷустанд, барои Худованд писарҳо ва духтарҳое қоил буданд ва мӯътақид ба васотат ва шафоати бутҳо буданд. Вале Худованд бо ҳар гуна ширку бутпарастӣ ва шафоату васотати бутҳо ба мубориза бархост ва решаи ширку бутпарастиро аз бех қатъ намуд ва тавҳидро аз ҳар гуна олудагӣ ва завоиде поксозӣ кард.

ИСЛОМ МАРДУМРО БА СӮЙИ ПАРАСТИШИ ХУДОИ

ЯГОНА ДАЪВАТ МЕНАМОЯД

Ислом ки омад, тамоми ибодоти арабҳоро, ки барои ғайри Худо буд, ботил намуд ва тавҳиди зотию сифотии Худовандро ба мардум эълом кард ва дастур дод ҳама ибодатҳо бояд мутаваҷҷеҳи Зоти Аллоҳ ва барои зоти ӯ бошад.

﴿وَإِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ لَّآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلرَّحۡمَٰنُ ٱلرَّحِيمُ ١٦٣﴾ [البقرة: ١٦٣]

«Худованди шумо Худованди якто ва ягона аст ва ҳеҷ Худое ҷуз ӯ, ки раҳмону раҳим аст, вуҷуд надорад» (Бақара, 163).

Яктопарастӣ аввалин поя ва қоидаи Ислом аст, ки лозим аст дар қалби ҳар инсони мусулмоне ҷойгир шавад ва ба он имон дошта бошад ва бо забон ба онҳо эътироф намояд ва бо сароҳат бигӯяд: «Ҳеҷ маъбуди бар ҳаққе ҷуз Зоти Аллоҳ вуҷуд надорад».

Калимаи Аллоҳ номе аст барои офарандаи ҷаҳон ва калимаи ло илоҳа ба маънои нафй ва салби ҳама маъбудот ва ибтоли ҳар ибодате барои онҳо аст ва калимаи иллаллоҳ ба маънои исботи ибодат танҳо барои як маъбуди барҳақ, ки ҳамон Зоти Аллоҳ ва офарандаи коинот аст, мебошад. Вақте ки инсони мӯъмин шаҳодат медиҳад ва мегӯяд: Ашҳаду анло илоҳа илаллоҳ

Ин шаҳодат эътирофи забон ва имону тасдиқи қалбии ӯ аст, ки бо илм ва яқини комил мегӯяд, ҳеҷ маъбуде ҷуз Зоти Аллоҳ вуҷуд надорад ва ин шаҳодат, дар ҳақиқат, шаҳодат бар вуҷуди Аллоҳ ва ваҳдонияти ӯ аст.

РӮҲ ВА ҶАВҲАРИ ТАВҲИД ДАР ИСЛОМ

Суннати Худованд дар мавриди махлуқоти худ ин аст, ки ақоиди қалбӣ тасаллут ва таъсири фаровоне бар аъмол ва ҳаракоти ҷисмӣ ва бадании онҳо дошта бошад ба тавре ки ҳар амал ва рафтори писандидае аз як нияту ақидаи дуруст нашъа мегирад ва ҳар рафтори ношоисте аз ақидаи нодурусте сарчашма мегирад. Тавҳиди холис ва ба дур аз ҳар олудагии ширк дар Ислом танҳо аз қалбе зоҳир мешавад, ки ҷомеи тамоми фазоил ва камолоти инсонӣ бошад, чун тавҳид ҳангоме дар диле русух пайдо кард, ин ақидаро низ ҳамроҳи худ дар он пойдор менамояд, ки ҳеҷ маъбуде ва ҳеҷ ҳаётбахшу зиндакунандае ва ҳеҷ ҷонситону кушандае ва ҳеҷ фоидарасон ва рӯзидиҳандае нест ҷуз Зоти Аллоҳ. Вақте инсони муваҳҳид ба чунин сифот ва фазоиле ноил гардид, истиқлол ва озодиро аз ин ақидаи худ касб менамояд ва мефаҳмад, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад ӯро таҳти султаи худ қарор диҳад ва ба ҷуз Зоти Аллоҳ касе сазовори он нест, ки дар баробараш хушӯъ нишон диҳад. Оре, мусибате, ки мардум ба он дучор шудаанд, ба ин маъно, ки дар баробари подшоҳон ва руасои мустабид ва раҳбарони динӣ хорию зиллат нишон медиҳанд, ба хотири ин аст, ки муассири ҳақиқиро, ки Зоти Аллоҳ аст, фаромӯш кардаанд. Аз ин рӯ, барои қудратҳои суст сари таъзим фурӯ меоваранд ва хаёл мекунанд, ки онҳо тофтаи ҷудобофта ҳастанд ва бар дигарон имтиёз доранд. Ба ҳамин хотир аст, ки Қуръон дастур медиҳад, ки ба ҷуз Зоти Аллоҳ набояд каси дигареро ба фарёд хонд ва мефармояд: «Бутҳоеро, ки ба ҷуз Худо фарёд медоред ва мепарастед, бандагоне ҳастанд мисли шумо (ва коре аз онҳо сохта нест ва наметавонанд ба фарёди шумо бирасанд) онҳоро ба фарёд хонед (ва аз эшон истимдод ҷӯед), агар рост мегӯед (ки коре аз эшон сохтааст), бояд ба шумо посух диҳанд (ва ниёзи шуморо бароварда кунанд) (Аъроф, 194).

Ва Худованд ба Пайғамбараш дастур медиҳад, то ба умматаш бигӯяд:

﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۚ قُلۡ أَفَرَءَيۡتُم مَّا تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ إِنۡ أَرَادَنِيَ ٱللَّهُ بِضُرٍّ هَلۡ هُنَّ كَٰشِفَٰتُ ضُرِّهِۦٓ أَوۡ أَرَادَنِي بِرَحۡمَةٍ هَلۡ هُنَّ مُمۡسِكَٰتُ رَحۡمَتِهِۦۚ قُلۡ حَسۡبِيَ ٱللَّهُۖ عَلَيۡهِ يَتَوَكَّلُ ٱلۡمُتَوَكِّلُونَ ٣٨﴾ [الزمر: ٣٨]

«Бигӯ, оё чизҳоеро, ки ба ҷуз Худо ба фарёд мехонед, чунин напиндоред, ки агар Худо бихоҳад зиён ва газандеро ба ман бирасонад, онҳо метавонанд он зиёну газанди худовандиро бартараф созанд?! Ва ё агар Худо бихоҳад лутфу марҳаматеро дар ҳаққи ман раво дорад, онҳо метавонанд пеши лутфу марҳаматашро бигиранд ва онро боз доранд? Бигӯ, Худо маро бас аст. Таваккулкунандагон танҳо бар ӯ такя ва таваккул мекунанду бас...» (Зумар, 38).

Тавҳид боис мешавад то инсони мӯъмину муваҳҳид дорои ду сифати дастнорасӣ ва баландҳимматӣ бошад ва ба ҷуз Худо каси дигареро розиқи худ надонад. Худованд мефармояд: «Худованд рӯзии ҳар як аз бандагонашро бихоҳад, фаровону густурда мекунад ва ё каму ночиз мегардонад» (Анкабут, 62).

Инсони мӯъмин ва муваҳҳид шуҷоатпеша ва бошаҳомат аст ва аз марг тарсу ҳаросе ба сар надорад, зеро медонад ҳофизу нигаҳ-дорандаи ӯ танҳо Зоти Аллоҳ аст. Вай дорои иззати нафс ва рӯҳи баланд аст ва ҷонашро дар роҳи Ҳақ фидо менамояд. Худованд мефармояд:

﴿وَمَا كَانَ لِنَفۡسٍ أَن تَمُوتَ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِ كِتَٰبٗا مُّؤَجَّلٗاۗ ١٤٥﴾ [ال عمران: ١٤٥]

«Ҳеҷ касеро насазад бимирад, магар ба фармони Худо ва Худованд вақти онро дақиқан, дар муддати мушаххас ва маълуме сабту забт кардааст» (Оли Имрон, 145).

ДАЛЕЛУ БУРҲОНИ АҚЛӢ БАР ВАҲДОНИЯТИ ЗОТИ АЛЛОҲ

Ислом дини ақлу мантиқ ва бурҳон аст ва дастури пазириши ҳеҷ ақидаеро намедиҳад, магар баъд аз он, ки далоили қатъӣ ва ақлӣ бар сиҳати он иқома намояд. Ва ҳеҷ ақидаеро мавриди таън қарор намедиҳад, магар пас аз он, ки бутлон, беарзишӣ ва нодурустии онро бо далоили равшан баён дорад. Масалан, Қуръон дар бораи зиёни бисёрхудоӣ, ки боис мешавад инсон барои чанд маъбуд ба таври ҷудогона ибодат кунад ва ҳамеша дар талош бошад ҳамаи онҳоро розӣ нигоҳ дорад ва барои ҳар як аз онҳо қурбонию ҳадя ва эҳсону назр намояд ва шаоири амалӣ анҷом диҳад ва аз ин ҷиҳат бори сангине бар дӯши худ эҳсос кунад, аз қавли ҳазрати Юсуф хитоб ба мушрикон мефармояд: «Эй дӯстони зиндонии ман, оё худоёни парокандаву гуногун беҳтаранд ё Худои ягона ва мусаллату ғолиб?! Ин маъбудҳое, ки ғайр аз Худо мепарстед, чизе ҷуз исмҳои бемусаммо нестанд, ки шумо ва падаронатон онҳоро худо номидаанд. Худованд далелу бурҳоне (барои он, ки шумо онҳоро Худо биномед) нозил накардааст. Фармонравоӣ аз они Худо асту бас. Ва Худо дастур додааст, ки ҷуз ӯро напарастед» (Юсуф, 39-40).

Қуръон бо сароҳат тафовутҳои фаровони мавҷуд дар байни парастиши чанд маъбуд ва яктопарастиро эълом медорад ва мефармояд парастиши Худои якто ва мусаллату ғолиб беҳтар аст, зеро он боис мешавад инсон аз зери бори сангини ҳадяҳо, қурбонӣ ва ибодат барои чандин худо раҳоӣ ёбад ва аз тарафе яктопарастӣ иттиҳод ва дӯстиро дар байни ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд меоварад ва душманиҳоеро, ки дар асари ихтилофи ақида ба вучуд меояд, аз байн мебарад. Сипас Қуръон мефармояд: чӣ тавр шумо бутҳоеро парастиш мекунед, ки сохтаи дасти шумо аст ва шумову падаронатон исмҳои ҷудогонаеро барои ҳар як аз онҳо интихоб кардаед: «Бар (сиҳати ин кори шумо) ҳеҷ бурҳон ва далели ақлие аз тарафи Худо нишон дода нашудааст», (то инсон аз рӯйи итминон онҳоро парастиш кунад). (Юсуф:40).

Инсон вақте ки бодиққат асрор ва шигифтиҳои ҷаҳонро баррасӣ мекунад ва ба назму зарофати кори мавҷуд дар он ошно мешаваду мулоҳиза мекунад, ки тамоми аъзо ва аҷзои олам бо як ҳадаф ва дар як масир ҳаракат мекунанд, хоҳ-нохоҳ имон ба ваҳдонияти Аллоҳ дар қалбаш русух пайдо менамояд ва ба хубӣ таҳти таъсири ҷамол ва ҳайбати ҳақиқате қарор мегирад, ки ин оятро эълом медорад:

﴿أَمِ ٱتَّخَذُوٓاْ ءَالِهَةٗ مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ هُمۡ يُنشِرُونَ ٢١ لَوۡ كَانَ فِيهِمَآ ءَالِهَةٌ إِلَّا ٱللَّهُ لَفَسَدَتَاۚ فَسُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ رَبِّ ٱلۡعَرۡشِ عَمَّا يَصِفُونَ ٢٢﴾ [الانبياء: ٢١، ٢٢]

«Оё худоёне, ки (аз сангу чӯб, фулуз ва дигар ашёи заминӣ) сохта шудаанд ва онҳоро парастиш мекунанд, қодиранд мурдаҳоро зинда кунанд? Ва касеро аз адам ба вуҷуд биёваранд?! Агар дар осмонҳо ва замин ғайр аз Парвардигори олам худоёне мебуданд, қатъан осмонҳо ва замин табоҳ мегардиданд» (Анбиё, 21-22).

Шайх Муҳаммад Абду дар бораи ояти фавқ мегӯяд: «Агар фаразан чанд худое вуҷуд медошт, натоиҷи зер аз тааддуди онҳо ҳосил мегардид: «тааддуди олиҳа мусталзими ин аст, ки илму иродаи онҳо бо ҳам мухолиф бошад, вақте ки илму иродаи ҳар як бо дигаре мухолиф бошад, зиддият ва бархӯрд дар байни илму иродаи онҳо ба вуҷуд меояд ва ин тазоду бархӯрд боиси ба фасод рафтани низоми олам мешавад ва ё аслан низоме ба вуҷуд нахоҳад омад. Ҳатто ин тазод боис мегардад, ки ҳеҷ мумкине аз мумкинот вуҷуд надошта бошад, чун барои ба вуҷуд омадани ҳар мавҷуди мумкин мебоист улуму иродаҳои мухталиф ба онҳо тааллуқ гирад ва ин амр мусталзими он буд, ки як шайъ дорои чанд вуҷуд бошад (чун бар асоси улум ва иродаҳои мухталиф эҷод ба он тааллуқ гирифтааст. Аз тарафе тааддуди вуҷуд барои як шайъ муҳол аст). Пас агар чандин Худо мебуд, аслан дунёе вуҷуд намедошт ва ҳама чиз ба фасод мерафт, аммо акнун, ки мебинем дунё ва низоми он ба фасод нарафтааст, худ яке аз бузургтарин далоил аст, ки Парвардигори ҷаҳон танҳо Зоти Аллоҳ аст ва Аллоҳ чи дар зоту чи дар сифот якто ва воҳиди беназир мебошад ва шарику анбозе дар вуҷуд ва рафтор надорад».

Қуръон танҳо ба ин иктифо намекунад, ки баён дорад: агар чандин худо вуҷуд медошт, дунё ва низоми он ба фасод мерафт, балки ба гунае тавсифи баъзе аз мазоҳири ин фасод мепардозад, ки ҳар инсони ҳақхоҳеро ба беҳтарин ваҷҳ қонеъ менамояд ва одамони лаҷуҷ ва мухолифи ҳақро бо далоил ва бурҳонҳое рӯ ба рӯ мекунад, ки қудрати мубориза бо онҳоро надоранд ва мефармояд: «Худованд на фарзанде барои худ баргирифта ва на худое бо ӯ анбоз будааст, чун агар худое бо ӯ мебуд, ҳар худое бо офаридагони худ мепардохт (ва дар натиҷа ҳар бахше аз ҷаҳон бо низоми хосе идора мешуд ва ин бо ваҳдати низоме, ки бар саросари ҳастӣ ҳоким аст, созгор намебуд) ва ҳар як аз худоён (барои тавсеаи қаламрави ҳукумати худ) бар дигаре бартарӣ меҷуст (ва низоми олам аз ҳам гусехта мешуд ва ҷаҳони ҳастӣ ба табоҳӣ мекашид), Худованд волотар ва болотар аз он чизҳое аст, ки эшон (Худовандро ба онҳо тавсиф ва дар бораи ӯ) мегӯянд» (Мӯъминун, 91).

ЯГОНАГӢ ВА ИТТИҲОД ДАР БАЙНИ НИЗОМҲОИ ОЛАМ ДАЛЕЛ БАР ВАҲДОНИЯТИ ЗОТИ АЛЛОҲ МЕБОШАНД

Яке аз далоили бисёр қотеъ, ки танҳо Қуръон онро бар ваҳдонияти Зоти Аллоҳ иқома кардааст, иттиҳод, ягонагӣ ва ҳамоҳангии мавҷуд дар байни низомҳо ва қавонини ҷаҳон аст, ки худ яке аз бузургтарин далоил аст, ки ин ҷаҳон танҳо дорои як Офаридгор аст ва мефармояд: «Бигӯ, агар бо Худованди ҷаҳон ончуноне ки мепиндоред, худоёне буданд, дар ин сурат қатъан дар садади он бармеомаданд, ки бар (Яздони субҳон) соҳиби тахти (ҷаҳон) ғолиб шаванд (ва дар асари ихтилофи онҳо низоми дунё мухтал мегардид) Худованд аз он чи, ки онҳо (ба ноҳақ ба ӯ нисбат медиҳанд ва) мегӯянд, бисёр ба дур (ва аз андешаи онҳо) хеле болотар ва волотар аст, осмонҳои ҳафтгона ва замин ва касоне, ки дар онҳо ҳастанд, ҳамагӣ тасбеҳи Худо мегӯянд: ҳеҷ мавҷуде нест, магар ин ки (ба забони ҳол ё қол) ҳамду санои Вай мегӯянд, вале шумо тасбеҳу ҳамд ва санои онҳоро намефаҳмед (зеро забонашонро намедонед ва аз сохтори асроромези олами ҳастӣ ва низоми печидаи ҷаҳони офариниш чандон огоҳ нестед. Пас ҳамоҳанг бо низоми ҷаҳони ҳастӣ ба яктопарастӣ пардозед ва аз ростои ҷумлаи коинот канор наравед, дарҳои тавба ва бозгашт ба сӯйи Худои ҷаҳон ба рӯйи ҳама боз аст). Бегумон, Худованд бисёр шикебо ва бахшанда аст» (Исро, 42-44).

Маънои оят ин аст, ки агар он чуноне кофирон мепиндоранд, чанд худое вуҷуд медошт, ин худоён ба ҳар василае худашонро ба Худованди мутаол мерасонданд ва бар сари мулку қудрат бо ӯ ба ҷангу ситез мепардохтанд. Аммо Худованд болотар ва волотар аз он аст, ки шарику анбозе дошта бошад. Чӣ тавр имкон дорад шарики анбозе барои Худои субҳон вуҷуд дошта бошад, дар ҳоле ки осмону замин ва тамоми он чи дар онҳо аст, гувоҳӣ медиҳанд, ки Худованд яке аст ва ҳама Зоти Аллоҳро ҳамду сано ва тақдис менамоянд, вале мо аз дарки тасбеҳу тақдиси онҳо оҷизем ва моҳияти онро дарк намекунем. Ин ҳақоиқ чаҳордаҳ қарн пеш, ки ҳанӯз илм чизе аз асрори оламро кашф накарда буд, ба василаи Қуръон эълом шудааст, аммо имрӯза башар медонад, ки ин ҷаҳон ва зарраҳои он дар ҳоли ҳаракати доимӣ ба сар мабарад ва тамоми мавҷудоти осмонию заминӣ ба шумули ҷондору беҷон дар ҳаракат мебошанд. Ҳамчунин аз лиҳози илмӣ собит шуда, ки аносири ҳар мавҷуде аз мавҷудоти олам аз зарроту атомҳо таркиб шудаанд ва ҳар заррае худ низ аз ду унсури ба ном нейтрон ва протон ташкил гардидааст, ки худ дорои марказии атомро ташкил медиҳанд ва як унсури севуме ба номи электрон, ки дар мадорҳои мушаххаси худ ба даври ҳастаи марказӣ мечарханд. Чархиш ва ҳаракати онҳо дар мадорҳои худ ба даври ядрои марказӣ шабеҳи чархиши манзумаи шамсӣ ба даври офтоб мебошад. Гӯё ҳастаи марказии атом, Офтоб ва электронҳо сайёраҳои манзумаи он ҳастанд, ки ҳар як дар фалак ва мадори худ ба даври он мечарханд. Аз тарафи дигар, илм собит карда, ки маҷмӯаи ситораҳои каҳкашонҳои дигар низ вазъияти мушобеҳ доранд.[28]

Аз маротиби фавқ натиҷа мегирем, ки вақте мо бодиққат ба назми ҷаҳон бингарем, маълум мегардад, ки ин ҷаҳон бо ҳамоҳангӣ ва иттиҳоде, ки дар назми он вуҷуд дорад, бузургтарин далел бар ваҳдонияти Зоти Аллоҳ аст ва даврони ҳаракати мавҷуд дар ситораҳо ва тамоми зарроти вуҷуд бо оҳанг ва назми воҳид, бидуни муболиға ҳар як нишонае аз тасбеҳ ва тақдиси Офаридгори онҳо аст. Ба ҳамин хотир аст, ки ояти фавқ мефармояд:

﴿وَإِن مِّن شَيۡءٍ إِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمۡدِهِۦ وَلَٰكِن لَّا تَفۡقَهُونَ تَسۡبِيحَهُمۡۚ إِنَّهُۥ كَانَ حَلِيمًا غَفُورٗا ٤٤﴾ [الاسراء: ٤٤]

«Ҳар мавҷуде ба тақдис ва тасбеҳи Худованд машғул аст, вале шумо тасбеҳоти онҳоро дарк намекунед» (Исро:44).

ШАРИК ҚАРОР ДОДАН БАРОИ ХУДО ВА НИШОНАҲО

ВА ШЕВАҲОИ ШИРК

Ширк он аст, ки ибодату парастиши Худо ҳамроҳ бо ибодат ва парастиши ғайри Худо анҷом гирад. Фарқ надорад, он ғайре ки парастиш мешавад, бут, дарахт, ҳайвон, қабру гӯри афроди солеҳ ва ё ҳатто мавҷудоти осмонӣ монанди фаришта ва ситораҳо ва ё ҳар мазҳару нерӯе аз нерӯҳои табиат бошад ва ё ин ки инсоне ба унвони Худо мавриди парастиш қарор гирад ва ё пиндошт шавад, ки Худованд дорои фарзандони писар ё духтар аст. Қуръон тамоми ашколу анвои ширкро ботил намуда мефармояд:

﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدۡ ضَلَّ ضَلَٰلَۢا بَعِيدًا ١١٦﴾ [النساء : ١١٦]

«Бегумон, Худованд ширк варзидан ба худро аз касе намеомурзад ва ҳеҷ мушрикеро намебахшад, вале гуноҳони поинтар аз ширкро аз ҳар касе, бихоҳад, мебахшад ва ҳар касе барои Худо шарик қарор диҳад, ба ростӣ басе гумроҳ аст» (Нисо, 116).

Чун ширк зодаи ҷаҳлу авҳом ва нодонӣ аст, бинобар ин, паёмадҳои ногуворе барои ҷомеаи башарӣ ба ҳамроҳ дорад, тавре ки ҳеҷ ақидаи дигаре чунин паёмадҳоеро надорад. Ширк чун мухолиф бо ақлу мантиқ аст, инсонро ба қабули ҳар гуна авҳому хурофот ва афсонаҳое, ки ҷомеаи инсониро ба нобудӣ таҳдид мекунанд ва онро заиф менамоянд ва монеи тараққию пешрафти он мешаванд, во медорад. Мутаассифона, баъзе вақтҳо баъзе аз бидъатгузорон дастуроти поку волои Худовандро бо ширк омехта месозанд ва онҳоро аз ҳақиқати худ дур менамоянд ва ба тарвиҷи ин бидъатҳо дар байни мардум мепардозанд, тавре ки оммаи мардум онҳоро мепазиранд ва дар натиҷа чеҳраи бисёр кареҳу номатлубе аз дини Ислом ба вуҷуд меоваранд ва заминаро барои душманони Ислом фароҳам мекунанд, то алайҳи он таблиғ намоянд.

ТАҲОҶУМИ ИСЛОМ БАР ШИРК

Ислом ба манзури наҷоти инсон аз ҳар зиллате дар баробари ҳар мавҷуде ба ҷуз Зоти Аллоҳ ба мубориза бо ширк ва анбоз қарор додан барои Худо бархоста аст ва ҳадафи бузургтареро барои ӯ дар назар гирифтааст ва мехоҳад, ки ибодату тоат ва хушӯъаш танҳо барои касе бошад, ки доимӣ аст ва тағйиру дигаргунӣ дар ӯ роҳ надорад, чаро ки парастишу ибодат барои ашёи фонӣ ва мутағаййир боиси тағйири наҳваи ибодат ва парастишу хушӯъ мегардад ва дар натиҷа изтироб ва ноҳамоҳангиро дар даруни инсон ба вуҷуд меоварад, ки боиси саргаштагию заъфи тасмиму ангезаҳо мегардад.

Бинобар ин, муборизаи Ислом бо ширк ба хотири ин аст, ки инсонро аз мараҳалаи пасти парастиши мавҷудоти фонӣ ва мутағаййир ба мартабаи волои парастиши зоте, ки доимӣ ва абадӣ аст, бирасонад. Чунин зоте, ки ҳамеша буда ва ҳаст ва тағйирнопазир аст, ҳатман бояд дар авҷи камол бошад ва аз тарафи танҳо касе, ки дар авҷи камоли доимӣ бошад, шоистагии онро дорад, ки инсон дар баробараш хушӯъ ва хузӯъ нишон диҳад ва чун ҷуз Парвардигор касе дорои камоли мутлақ нест, инсон таваҷҷӯҳи худро аз ӯ намегирад ва ба ибодати худ дар як ҷиҳат идома медиҳад ва собиту побарҷо ва муҳкаму устувор боқӣ мемонад ва изтиробу заъф бар қалби ӯ ғолиб нахоҳад шуд. Ба ҳамин далел аст, ки Қуръон мефармояд:

﴿لِلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ مَثَلُ ٱلسَّوۡءِۖ وَلِلَّهِ ٱلۡمَثَلُ ٱلۡأَعۡلَىٰۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ٦٠﴾ [النحل: ٦٠]

«Худованд дорои сифоти олӣ аст ва ӯ боиззату боҳикмат аст» (Наҳл, 60).

Муборизаи Ислом бо ширк танҳо ба иқомаи далоили ақлӣ бар ваҳдонияти Худованд хатм намешавад, балки лозим аст ба дафъу радди шубҳаҳои воридгашта бипардозад ва далоили илмию ақлии мухталифро бо шеваҳои гуногун баён дорад. Қуръон мефармояд: «ӯ зоте аст, ки ҳукумати инсонҳо ва замин аз они ӯ аст ва фарзанде барои худ барнагузида аст ва дар ҳукумату моликият анбозе надоштааст ва ҳама чизро офаридааст ва онҳоро дақиқан андозагирӣ ва комилан баровард кардааст. (Мушрикон) ба ғайри Худо маъбудҳоеро баргузидаанд, ки қодир нестанд чизе биофаринанд, балки худашон офаридаҳое беш нестанд ва молики суду зиёне набуда ва бар маргу ҳаёт, зинда шудан ва қиёмат тавоноие надоранд» (Фурқон, 2-3).

Худованд дар ин оят моликияти ҷаҳонро барои худ сабт менамояд ва мефармояд, ки фарзандеро барнагузида ва анбозе дар ҳукумату мулк надорад ва тамоми мавҷудотро бар асоси қавонини махсус офаридааст.

Қуръон мушриконро ба боди интиқод мегирад ва ибодати онҳоро барои маъбудҳое, ки офаридае беш нестанд ва молики суду зиён барои худ намебошанд ва наметавонанд мурдаеро зинда кунанд, ботил эълом мекунад. Мӯъҷизаи ҳаёт ва қудрату тасаллути маргро баён медорад, ки тамоми мавҷудоти зинда бо шумули инсу ҷин дар баробари он оҷиз ҳастанд. Касе наметавонад ин падидаи аҷибро ҷуз бо имон ба вуҷуди Худованди мутаол ва якто таъбир намояд. Шарик қарор додан барои Худо дорои ашколу шеваҳои гуногун аст, ки якояки онҳоро мавриди таъну мазаммат қарор дода ва бо шеваю услуби илмӣ, ки шакку тардидеро боқӣ намегузорад, фасоди ширкро баён доштааст.

ПАРАСТИШИ ШАХСИЯТ ВА ИНСОНПАРАСТӢ

Яке аз анвоъ ва мазоҳири шарик қарор додан барои Аллоҳ шахспарастӣ ва ибодат барои инсон аст. Басо ки инсонҳо як нафарро дар байни худ ба унвони маъбуд интихоб карда ва барои ҷалби ризояти ӯ қурбонӣ ва хушӯъ ва хузӯъи фаровон анҷом додаанд ва мӯътақид будаанд, ки ин маъбудҳои башарӣ дорои имтиёзот, хусусиятҳо ва сифоте мебошанд, ки дигар афроди башар аз он маҳруманд.

Афроде, ки мавриди парастиш қарор мегиранд, ба унвонҳои мухталиф мехоҳанд ба ҳадафҳои палиди худ бирасанд, аз ҷумла аз содагӣ ва ноогоҳии мардум сӯйистифода мекунанд ва бо ҳилаю найранг онҳоро фиреб медиҳанд ва худро ба унвони мавҷуди бартар ба онҳо муаррифӣ менамоянд, ё ин ки аз тариқи аъмоли хушунат ва иръобу таҳдид мардумро асири найрангҳои худ менамоянд ва тамоми васоили таблиғотиро ба суди худ ва барои таърифу тамҷид аз худ ба кор меандозанд ва дар хидмати ғаразҳо ва мақосиди худ ба кор мегиранд ва онҳоро ба бадбахтию зиёни ҷуброннопазир мубтало месозад. Ба ростӣ, зарбаҳо ва хисороти ҷуброннопазиреро, ки ҷомеаи башарӣ аз дасти даҷҷолҳое, ки худро ба унвони инсони бартару маъбуд ба мардум муаррифӣ кардаанд, дидааст аз ҳеҷ чизи дигар надидааст. Дар ҳар асру замоне алайҳи ин даҷҷолҳою тоғутҳо инқилобҳое сурат гирифта ва инсонҳои вораста бар онҳо ғолиб шудаанд ва занҷирҳои асоратро, ки муддатҳо дар гардани одамони содда сангинӣ дошта, пора намудаанд. Намунаҳои зиёде мавҷуд аст, ба унвони мисол Сталин худро шабеҳи Худо медонист. Аммо ҳамин ки мурд, миллати рус, ки аз шарраш наҷот ёфта буданд, ӯро нафрин намуданд ва аксҳояшро пора-пора карданд ва шиорҳои «марг бар Сталин ва истибдодҳои ӯ» аз ҳар гӯшаю канор шунида мешуд.

Яке аз усул ва пояҳои асосии дини Ислом, ки Қуръон ба таҳкими он пардохтааст, тавҳид ва ибодати холис барои Зоти Аллоҳ ва парҳез аз ҳар гуна шахспарастию инсонпарастӣ аст. Мулоҳиза фармоед, ки Ислом ба чӣ наҳве бо яҳуду насоро сухан мегӯяд ва чӣ гуна пояи устувору муҳкамеро бино менамояд, то ҳар се дин – Ислом, яҳудӣ ва насронӣ ба манзури саодати башар ва наҷоти он аз зулму асорат ва бандагии инсонҳо ба даври он ҷамъ шаванд ва башариятро ба сӯйи саодат ҳидояту раҳнамоӣ кунанд ва мефармояд:

﴿قُلۡ يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ تَعَالَوۡاْ إِلَىٰ كَلِمَةٖ سَوَآءِۢ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكُمۡ أَلَّا نَعۡبُدَ إِلَّا ٱللَّهَ وَلَا نُشۡرِكَ بِهِۦ شَيۡٔٗا وَلَا يَتَّخِذَ بَعۡضُنَا بَعۡضًا أَرۡبَابٗا مِّن دُونِ ٱللَّهِۚ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقُولُواْ ٱشۡهَدُواْ بِأَنَّا مُسۡلِمُونَ ٦٤﴾ [ال عمران: ٦٤]

«Бигӯ, эй аҳли Китоб, биёед ба сӯйи сухани додгароёнае, ки миёни мову шумо муштарак аст (ва ҳама онро ба забон меронем, биёед ба он амал кунем ва он ин аст), ки ҷуз Худованди ягонаро напарастем ва чизеро шарики ӯ накунем ва бархе аз мо бархе дигарро ба ҷойи Худованди ягона ба худоӣ напазирем. Пас ҳар гоҳ (аз ин даъват) сар битобанд, бигӯед: Гувоҳ бошед, ки мо мутеъи (авомиру манҳиёт)-и Худо ҳастем» (Оли Имрон, 64).

Баъзе аз анбиё ва солеҳон баъд аз марг аз ҷониби миллатҳои худ ба сурати маъбуд ё шабеҳи маъбуд даромаданд, Қуръони карим ин инҳирофи ақидаро ботил эълом менамояд ва ин миллатҳоро мавриди таъну маломат қарор медиҳад ва мефармояд: «Ҳеҷ касро аз пайғамбарон насазад, ки Худованд ба ӯ китобу ҳикмат ва нубувват бахшад, он гоҳ ӯ ба мардумон бигӯяд ба ҷойи Худо бандагони ман бошед. Балки (ба мардумон инчунин мегӯяд, ки) бо китобе, ки омӯхтаед ва ёд додаед ва дарсе, ки хондаед, мардумони худоӣ бошед. Ва ҳеҷ пайғамбар ба шумо фармон намедиҳад, ки фариштагону пайғамбаронро ба Парвардигории худ баргузинед, магар (маъқул аст, ки шуморо ба куфр фармон диҳад баъд аз он ки мухлисона ба сӯйи Худо рӯ овардаед ва) мусулмон шудаед?» (Оли Имрон, 79-80).

Ин оят ба сароҳат эълом медорад, ки Худованд илму ҳикмат ва нубувватро ба ҳеҷ пайғамбаре надодааст, ки ӯ мардумонро ба ғайри Худо даъват кунад, балки аз ӯ хоста то ба мардум бигӯяд бандагони мухлиси Худо бошед ва ба муқтазои ончи аз китоби Худо ёд гирифтаед ва онро хондаед, танҳо Худоро парастиш кунед. Имкон надорад пайғамбаре ба мардум бигӯяд, ки фариштагон ва пайғамбаронро ба ҷойи Худо ба унвони парвардигории худ баргузинед! Чун ин куфр аст ва маъқул нест, баъд аз ин ки мардум холисона ба сӯйи Худо рӯ оварданд ва мусулмон шуданд, пайғамбарон ба онҳо дастур диҳанд, ки ба Худо куфр варзанд.

Парастиш ва ибодати инсонҳои солеҳ ва анбиё дар байни аксари миллатҳо амре роиҷ аст, масалан, муаллими Будо худаш дар замони ҳаёти худ иддаои улуҳиятро надоштааст, аммо аксари пайравонаш баъд аз маргаш ӯро парастиш карданд ва ӯро ба сурати маъбуду илоҳ дароварданд ва муҷассамаҳое аз ӯ сохтанд. Ислом барои тасҳеҳи ин тасаввури ғалат дар бораи анбиё ва солеҳон қотеона вориди амал шуд, то мабодо пайравони дини Ислом ҳам монанди пайравони дигар динҳо гумроҳ шаванд ва Пайғамбари Исломро ба унвони илоҳу маъбуд парастиш кунанд. Яке аз асоситарин эътиқодоти ҳар мусулмоне ин аст, ки бояд имон дошта бошад, ки Муҳаммад (с) башаре аст монанди дигар афроди башар ва бандаю расул ва фиристодаи Худо аст. Мулоҳиза кунед: Худо ба Пайғамбар (с) дастур медиҳад ба чӣ тарзе худро ба пайравонаш муаррифӣ кунад: «Бигӯ, ман молики суду зиёне барои худ нестам, магар он миқдоре, ки Худо бихоҳад ва агар ғайбро медонистам, манофеи фаровонеро насиби худ мекардам ва аслан шарру балое ба ман намерасид ва ба онҳо дучор намешудам. Ман ҷуз ихторкунанда ва бимдиҳанда ва муждадиҳандаи мӯъминон намебошам» (Аъроф, 188).

Боз Қуръон дар ин бора мефармояд: «Эй пайғамбар, бигӯ: ман фақат инсоне ҳастам ҳамчун шумо (ва имтиёзи ман ин аст, ки Пайғамбари Худоям ва он чи ӯ бифармояд бигӯ, мегӯям) ва ба ман ваҳй мешавад, ки маъбуди шумо яке асту бас, пас ҳар ки хоҳони дидори Худои хеш аст, бояд кори шоиста кунад ва дар парастиши Парвардигораш касеро шарик насозад» (Каҳф, 110).

Мулоҳиза фармоед, ин оят дастурот ва таълимоти воло ва муҳимеро эълом менамояд, ки саодати башариро тазмин мекунад ва бо алфоз ва ҷумлаҳои кӯтоҳе асос ба пояи тафаккури исломиро мушаххас месозад ва мегӯяд: дини Ислом бар пояи амали солеҳ ва парастиши Парвардигори ягона устувор аст.

ИБОДАТ ВА ПАРАСТИШИ САНГҲО ВА БУТҲО

Навъи дигаре аз шарик қарор додан барои Худо ибодат ва парастиши муҷассамаҳо ва бутҳо аст. Санам муҷассамае аст, ки аз чӯб ё санг ва ё чизҳои дигар ба шаклу сурати ҷондоре монанди инсон ва ё ҳайвон ва ё таркибе аз он ду сохта мешавад ва марвиди парастиш қарор мегирад. Аммо васан ҳолати муҷассамаро надорад, ки сохтагӣ бошад, балки чизе монанди дарахте ё санге аст, ки бар ҳолати худ боқӣ аст ва мавриди парастиш воқеъ мешавад. Санам ё муҷассамаи мавриди тақдис дар назари бутпарастон ва пайравони он дорои нерӯ ва қудрати фавқулодаи маънавӣ аст. Онҳо мепиндоранд ончунон нерӯе дар ин санам нуҳуфтааст, ки метавонад ба василаи он дар ҷаҳон дахлу тасарруф намояд. Бутпарастҳо барои ҳар мафҳуме бути махсусе доранд ва дар ин бора достонҳое нақл мекунанд:; барои ҷангу рафоҳ ва шодию шар ва фасод ва ғайра санамҳои махсусеро таъйин кардаанд ва ҳар кореро ба бути махсусе нисбат медиҳанд. Санами ҷангҳо кораш ҷангу масоили марбут ба он аст ва ҳоказо...

Аз ривоятҳои муаррихон чунин бармеояд, ки бутпарстӣ қабл аз Ислом дар Ҷазиратулараб густариши фаровоне доштааст, аз ҷумла ривояте роҷеъ ба фатҳи Макка мегӯяд: «Вақте Пайғамбар (с) дохили Каъба шуд, дид ки муҷассамаҳои пайғамбаронро дар он ҷо қарор додаанд, дастур дод онҳоро нобуд кунанд ва сесад санаму бути муҷассамаӣ, ҳам дар он ҷо буд, ҳамаро бишкананд ва маҳву нобуд созанд».

Ибодату парастиши бутҳо нанге аст, ки муддати замони тӯлонӣ домангири ҷомеаи башарӣ шуда буд, сипас ба василаи пайғамбарони се дини бузурги ҷаҳон: яҳудию масеҳӣ ва Ислом қудрату нерӯи худро аз даст дод. Аммо чӣ авомил ва ангезаҳое арабҳоро водор намуд, то ба ибодат ва парастиши муҷссамаҳои берӯҳе, ки наметавонанд суду зиёнеро ба касе бирасонанд, бипардозанд? Қуръон аз қавли мушрикон яке аз ин авомилу ангезаҳоро баён медорад, ки дар тавҷеҳи ибодат барои бутҳо мегӯяд: «Мушрикон мегуфтанд, мо ин бутҳоро парастиш намекунем, магар ба ин манзур, ки моро ба Худо бисёр наздик намоянд». Баъзе аз бутпарастон дар асри ҳозир низ айни ҳамин иллатро баён мекунанд ва мегӯянд, ки қарор додани буте дар пеши касе, ки ибодат мекунад, боиси тамаркузи фикр ва тақарруб ба Худо мегардад. Аммо бояд мутаваҷҷеҳ бошем ин ки мегӯяд: саҷда барои бут рамзи наздикӣ ба Худо аст, ва ё ин ки мегӯянд парастиши бутҳо мӯҷиби тақарруб ба ӯ аст, сухани пучу ботил аст ва ақлу мантиқ онро намепазирад. Чун вуҷуди бут дар пеши обид ба ҳангоми намоз боис мегардад, ки фикри ӯ мутаваҷҷеҳи он гардад ва аз Худо ғофил бимонад. Тақарруб ва наздикӣ ба Худо танҳо вақте ҳосил мешавад, ки фикри намозгузор ва ибодаткунанда мустақиман ва бидуни воситаи дарахтону сангҳо мутаваҷҷеҳи Худованд шавад. Албатта, таваҷҷӯҳи фикр ба Худо ба таври мустақим ва бевосита на танҳо кори мушкиле нест, балки созгортар бо табиати инсонӣ аст, чун арзиши маънавии ӯро боло мебарад ва ҳеҷ сарпарасте барои ӯ қарор намегирад ва озоду мустақил мешавад.

Илова бар ин, аксари одамон ба ҳангоми мусибату гирифторӣ фавран ва бевосита ба Худо паноҳанда мешаванд ва аслан фурсат надоранд воситаеро қарор диҳанд. Маълум аст, ки ин воситаҳо ҳам коре аз дасташон сохта нест ва наметавонанд суду зиёнеро ба касе бирасонанд.

ҲАВОЮ ҲАВАСПАРАСТӢ

Яке дигар аз анвоъи ширк итоат ва фармонбардорӣ аз ҳавои нафс аст, ба тарзе ки нафс ҳар орзуе бикунад, инсон аз он пайравӣ намояд. Қуръон дар ин бора мефармояд: «Ба ман бигӯ, бибинам, оё касе, ки ҳавою ҳаваси худро маъбуди хеш қарор медиҳад (ва орзупарастиро ҷойгузини худопарастӣ месозад), оё ту вакили чунин касе хоҳӣ буд (ва метавонӣ) ӯро аз ҳавопарастӣ ба худопарастӣ баргардонӣ?» (Фурқон, 43).

Муҳимтарин ҳавои нафсонӣ, ки инсонро ба бандагӣ мекашонад, талаби молу мақом ва ишқ ба онҳост.

Сарвату мол буте аст хатарнок, ки бар фикру ақли аксари мардум ҳоким шуда, ба тарзе ки тамоми умри худро вақфи ҷамъоварии он менамояд ва барои расидан ба он аз ҳеҷ кӯшише кӯтоҳӣ нахоҳад кард ва ҳатто дар роҳи касби он ба ҷангу душманӣ бо ҳам мепардозад. Сарвати зиёд мардумро аз Худо ғофил намуда, онҳоро аз анҷоми воҷибот ва ба ҷо овардани шукри Парвардигор ва пайравӣ аз дастуроти ӯ боз медорад.

Қуръони карим мардумро аз шарру фитнаи молу сарват барҳазар дошта ва дастур дода, то фиреби зарқу барқи онро нахӯранд ва мефармояд:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُلۡهِكُمۡ أَمۡوَٰلُكُمۡ وَلَآ أَوۡلَٰدُكُمۡ عَن ذِكۡرِ ٱللَّهِۚ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ ٩﴾ [المنافقون: ٩]

«Эй мӯъминон, амволатон ва авлодатон шуморо аз ёди Худо ғофил накунад. Касоне, ки чунин кунанд, зиёнкоранд» (Мунофиқун, 9).

Вақте ҳавои зиёдаталабии мол бар фикру ақли инсон ғалаба пайдо кард, ӯро аз ҳама чиз ғофил менамояд ва ӯро аз анҷоми ибодати Парвардигор бозмедорад. Тарсу изтироберо дар даруни инсон ба вуҷуд меоварад ва дар умум балоеро бар сари ӯ меоварад, ки ҳеҷ душмане наметавонад чунин балоро бар сари ӯ биоварад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳамаи анбиё мардумро аз фитнаи молпарастӣ ва туғёни талаби молу сарват бар рӯҳу фикри инсон барҳазар доштаанд. Ҳазрати Масеҳ дар яке аз мавъизаҳояш бо ин ҷумлаи зебо мардумро аз молпарастӣ барҳазар медорад. «Ду Худоро парастиш накунед, ки яке аз онҳо Парвардигор ва дигаре молу сарват бошад».

Яъне, тасаллути ҳубби мол бар нафс набояд ба андозае бошад, ки ҳуқуқи илоҳиро ба хотири он фаромӯш кард ва ё монанди итоат аз Парвардигор аз он итоат шавад.

МУРДАПАРАСТӢ

На дар гузашта ва на дар замони ҳол ҳеҷ ақидае ба андозаи мурдапарастӣ ва ибодат барои гузаштагон дар байни миллатҳо шоеъ ва густурда набудааст. Мардум маъмулан қудрат, сифот ва азаматеро барои гузаштагон дар назар мегиранд, ки хоси Худо аст. Яке аз донишмандон ба номи Тойлур муддаӣ аст, ки парастиши обову аҷдод аз эътиқодот ба вуҷуди арвоҳ нашъат гирифтааст, чун обову аҷдоди қабоили ибтидоӣ ва аввалия раис ва ҳамакора будаанд, ки ҳеҷ коре бидуни ризояти онҳо анҷом намегирифт ва вақте ҳам ки мемурданд, мардуми қабила ақида доштанд, ки рӯҳи онҳо бар фарози осмони қабилаи худ қарор мегирад ва онро аз балою мусибат ва шарри душманон маҳфуз медорад ва обову аҷдод қаҳрамони қабила буданд ва дар натиҷа тамҷид ва бим аз қаҳрамонон башарро водор ба ибодати гузаштагон ва мурдапарастӣ намудааст.

Ҳар касе, ки ин ақидаро мавриди мулоҳиза қарор диҳад, онро ба дур аз ақлу мантиқ мебинад ва ба ҳеҷ ваҷҳ таслими он нахоҳад шуд. Магар гузаштагону мурдагон чистанд, ки шоистаи парастиш бошанд? Бояд донист, ки асли гузаштагон чи буда ва масиру саранҷомашон чист? Онҳо инсонҳое буданд, ки хӯрдаанду нӯшидаанд ва бедор мондаю хобидаанд ва мариз шудаанду мурдаанд, баъд аз марг кирму ҳашарот аҷсомашонро хӯрда ва пӯсидаанд. Оё ақл иҷозат медиҳад, ки ба ҳангоми ниёз ба касе, ки аслу саранҷомаш ин аст, паноҳ бурда ва аз ӯ талаби кӯмаку ёрӣ шавад? Албатта, мурдапарастҳо мӯътақиданд, ки арвоҳи гузаштагон, вақте аз аҷсодашон ҷудо мешавад, бо афроди қабила боқӣ мемонад ва ин арвоҳ аст, ки аз онҳо дифоъ мекунад ва ба онҳо кӯмак менамояд. Дар рад ва ибтоли ин ақида мепурсем ин арвоҳ куҷо ҳастанд? Ва ҳақиқати онҳо чист ва чӣ гуна дифоъ менамоянд? Арвоҳ вақте аз бадан ҷудо мешаванд, заифтар аз он ҳастанд, ки битавонанд дар олами модда таъсир дошта бошанд. Замони қудрату таъсири рӯҳ вақте аст, ки бо ҷисм муттаҳид ва ҳамроҳ бошад. Ҳангоме ки инсон ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст ва рӯҳаш бар ҷисмаш тасаллут дорад ва дар авҷи қудрат аст, боз аз расидан ба аксари ниёзҳои зиндагӣ оҷиз аст ва қудрати онро надорад, ки мазоҳири табиатро тағйир диҳад ва ё пеши маргро бигирад. Ҳоло ки дар қайди ҳаёташ то ин андоза заиф аст, мусалламан баъд аз марг заифтар хоҳад буд. Бояд бидонем, мурдапарастӣ шомил бар хурофоту афсонаҳои фаровон ва анҷоми шоир ва вазифаҳо аст, ки метавон ба таври хулоса онҳоро маводи мухаддире ба ҳисоб овард, ки боиси бадбахтии миллатҳо шуда ва онҳоро аз тараққию пешрафт боздоштааст.

Қуръони карим ба ин ақоиди ботил, ки вориди ҷомеаи башарӣ шуда, ишора карда ва таолим ва дастуроти лозимиро ба манзури наҷоти инсон аз ин инҳироф бо худ овардааст ва мефармояд: «Ҷуз ӯ Худое нест ва ӯ аст, ки зинда мегардонад ва мемиронад ва Парвардигори шумо ва Парвардигори падарону ниёкони пешини шумо аст» (Духон, 8).

Мулоҳиза фармоед, ки ин оят аз ибтидо эълом менамояд, танҳо Худо аст, ки қудрати онро дорад, ки касеро зинда кунад ва ё бимиронад ва мурдаҳою гузаштагон чунин қудратеро надоранд. Ҳамчунин эълом медорад, ки Худованд офаридгори онҳо ва ниёкони эшон аст, вақте ки Зоти Аллоҳ Парвардигори ҳамагон бошад, пас ибодат танҳо барои ӯ аст ва парастиши мурдагону ниёкон ботил аст.

ИБОДАТУ ПАРАСТИШИ МАЗҲАРЕ АЗ МАЗОҲИРИ ТАБИАТ (АЗ ҚАБИЛИ ОФТОБУ МОҲУ СИТОРА…)

Мазоҳир ва осори табиат ва асрору шигифтиҳо ва зебоиҳои он ва манофеъе, ки дар ихтиёри башар қарор мегирад, аввалин омил ва ангезаест, ки инсонро водор мекунад, то дар бораи Аллоҳ ва Парвардигори табиат ба баҳсу баррасӣ бипардозад ва худопарастиро дар ниҳоди инсон ба вуҷуд оварад. Табиат қудрат ва хушунате дорад, ки аз тарафе инсонро маҷбур месозад, то роҳи чораю наҷоте барои раҳоӣ аз шарри хушунати он пайдо намояд ва дар айни ҳол ангезаест, ки инсонро ба парастиши табиат ва мазоҳири он ҳаракат медиҳад.

Яке аз донишмандон ба номи Молер мегӯяд: «Мушоҳидаи мазоҳири табиат (аз қабили офтоб, бод, борон, тӯфон, дарё, соиқа ва...) аввалин чизе буд, ки таваҷҷӯхи инсонҳои авалияро ба худ ҷалб кард ва онҳоро дар хавфу даҳшат қарор дод. Ин мазоҳир ба андозае дар рӯҳу фикри инсони ибтидоӣ нуфузу таъсир дошт, ки ҳисси диниро дар даруни ӯ бедор намуд, ба тавре ки ба парастиши табиат пардохт. Барои аксари ақвоми қадимӣ мазоҳири табиӣ ба сурати илоҳу маъбуд даромада буд, ки дар муқобили онҳо ба хушӯъ ва хузӯъ мепардохтанд. Иддае аз онҳо ба бисёрхудоӣ мӯътақид буданд, маъбудони худро танҳо аз мазоҳири табиат интихоб мекарданд. Баъзе аз ин қабоил чанд худоеро барои идораи осмонҳо ва чандин худоро барои идораи замину ҳаво ва чандторо барои умури дарёҳою уқёнусҳо қарор дода буданд ва баъзе дигар худоёнеро барои абр ва худоеро барои оташ ва худоеро барои нуру равшанӣ қарор дода буданд.

Қуръон ба мубориза бо парастиши мазоҳири табиат пардохт ва ботилӣ ва фасоди онро эълом намуд ва маълум кард, ки маъбуди барҳақ танҳо Парвардигори ҷаҳон ва Парвардигори тамоми мазоҳири табиии мавҷуд дар он мебошад ва мефармояд:

﴿إِنَّ إِلَٰهَكُمۡ لَوَٰحِدٞ ٤ رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا وَرَبُّ ٱلۡمَشَٰرِقِ ٥﴾ [الصافات : ٤، ٥]

«Яқинан, маъбуди шумо яке аст. Парвардигори шумо Худованди осмонҳо ва замин ва ҳамаи чизҳое аст, ки дар миёни он ду қарор дорад ва Худованди машриқҳо аст» (Соффот,4, 5).

Қуръони карим дар ҳоле ки ба шумориш ва баёни мазоҳири табиат мепардозад, бар ваҳдонияти Худованд таъкид менамояд ва Худовандро холиқи он муаррифӣ мекунад ва мефармояд: «Парвардигори шумо Худованде аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш давра биёфарид, сипас ба идораи ҷаҳони ҳастӣ пардохт, шаб рӯзро бо торикии худ мепӯшонад ва ба суръат ба дунболи рӯз равон аст. Офтобу Моҳ ва ситорагонро биёфаридааст ва ҷумлагӣ мусаххари фармони ӯ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки танҳо ӯ меофариданд ва танҳо ӯ фармон медиҳад. Бузургвору ҷовидон ва дорои хайроти фаровон Худованде аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст» (Аъроф, 54).

Мақсуд аз офариниши осмонҳо ва замин офариниши тамоми ҷаҳон ва мазоҳири табиии он аст. Манзур аз осмонҳо тамоми ҷирмҳои осмонӣ бо шумули ситораю сайёра мебошад ва манзур аз замин ҳамин курае аст, ки мо дар рӯйи он зиндагӣ менамоем ва Худованд бо қудрату тасаллути комил ҳамаи онҳоро дар шаш давра офаридааст. Ин қудрати Худо аст, ки шабро пӯшиши рӯз қарор дода, ки бо суръати муназзам онро дунбол мекунад ва Офтоб, Моҳ ва ситорагон низ ҳама махлуқ ва мусаххари ӯ ҳастанд. Вақте Қуръон мефармояд: «Бидонед, ки офариниш ва амр азони ӯст» (Аъроф:540

Бо ин ҷумла ва таъбири бисёр балеғ тамоми он чиро марбут ба он сифоти Худо аст, барои Парвардигори олам собит менамояд ва ҳеҷ кас ва чизеро шарики ӯ қарор намедиҳад.

ШАФОАТ

Арабҳо қабл аз Ислом мӯътақид буданд, ки бутҳои мавриди парастишашон барои онҳо дар пешгоҳи Худованд шафаот мекунанд ва чунин мепиндоштанд, ки шафоат ё аз тариқи восита ҳосил мешавад ё ба василаи намозу дуо ҳосил мегардад ва ё бо рӯй овардан ба анбиё ва солиҳон ва бутҳо ба даст меояд. Барои ҳамин, барои розӣ намудани онҳо лозим аст ҳадяҳо, назрҳо ва қурбониҳо тақдим намуд, то ба сари раҳм оянд ва барои онҳо шафаот кунанд. Аммо мебинем, ки Қуръони карим шафоатро танҳо дар ихтиёри Зоти Аллоҳ қарор додааст ва мефармояд: «Бигӯ, ҳар гуна шафоату талаби раҳме аз они Худо аст ва моликияту ҳокимияти осмонҳо ва замин низ аз они ӯ аст» (Зумар, 44).

Танҳо Зоти Аллоҳ аст, ки осмонҳо ва заминро офарида ва ҳокимияту тасарруф дар онҳо хоси Худост ва шафоатро ҳам ҷузъи мухтассоти Зоти Аллоҳ қарор додааст. Қуръон бо таъкиди фаровон эълом медорад, ки ҳеҷ мавҷуд ҳаққи шафоатро надорад, ҷуз бо иҷозаи Зоти Аллоҳ ва дар ин маврид мефармояд: «Касе наметавонад шафеи касе шавад, магар ба иҷозаи Худо» (Юнус, 3).

Қуръон мефармояд, ки фариштагон ва анбиё танҳо барои касоне, ки Худованди мутаол мехоҳад, шафаот менамоянд:

﴿يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَلَا يَشۡفَعُونَ إِلَّا لِمَنِ ٱرۡتَضَىٰ وَهُم مِّنۡ خَشۡيَتِهِۦ مُشۡفِقُونَ ٢٨﴾ [الانبياء: ٢٨]

«Фариштагон ҳаргиз барои касе шафаот намекунанд, магар барои касе, ки Худо розӣ бошад ва иҷозаи шафоати ӯро бидиҳад ва ин фариштагон ҳамеша аз хавфи мақоми кибриёии Зоти Аллоҳ тарсону ҳаросонанд» (Анбиё, 28).

Қуръон мушриконро мавриди таъну мазаммат қарор медиҳад, ки чаро аз аъмоли нек дурӣ меҷӯянд ва танҳо бар шафоат такя менамоянд ва мефармояд: «Мушрикон ғайр аз Худо чизҳоеро мепарастанд, ки барои онҳо зиён ва нафъе надоранд ва мегӯянд ин бутҳо шафеи мо дар назди Худованд ҳастанд» (Юнус, 18).

Бинобар ин, шафоат танҳо дар назди Худо аст ва танҳо Худованд аст, ки иҷозати шафоатро ба ҳар кас ва барои ҳар касе, ки бихоҳад, медиҳад, на ин ки ҳар дарахт, санг ва фарде озод бошанд барои ҳар ҷинояткоре шафоат намоянд. Вақте инсон мутаваҷҷеҳ шуд, ки тамоми корҳо дар дасти Зоти Аллоҳ аст, дар ҷиҳати ҷалби ризояти ӯ амал менамояд ва танҳо ӯро парастиш мекунад ва таваккулу иттикояш танҳо бар ӯ хоҳад буд ва яқин ҳосил хоҳад кард, ки ҳеҷ амре беиҷозат ва ризояти ӯ нест.

Ислом мехоҳад пояю асоси тавҳид ва парастиши Худованди ягонаро таҳким намояд. Аз ин рӯ, ҳеҷ гуна олоише аз ширк дар зоту сифоти Аллоҳро қабул надорад. Худовандро, чи дар зот ва чи сифот, бешарик ва беназир муаррифӣ мекунад. Вақте ин ақидаи тавҳидӣ дар даруни инсон тасбит шуд, ба куллӣ мутаваҷҷеҳи Зоти Аллоҳ мешавад, аз таслиму бардагӣ дар баробари дигари мавҷудот озод мегардад, каромату шарофат ва иззатеро, ки Худованд дар шаъни инсон қарор додааст, ба даст меоварад, бо қудрату шуҷоат ва шаҳомати бархоста аз имон ба мушкилоти зиндагӣ рӯ ба рӯ мешавад ва ба унвони як узви солиму муфид нақши худро дар ҷомеа иҷро менамояд.

БАЪЗЕ СИФОТИ ХУДОВАНД ДАР ҚУРЪОН

Ҳеҷ динеро намебинем, ки тавониста бошад монанди дини Ислом ба тавсифи мақоми воло ва боазаммати Зоти Аллоҳ бипардозад ва камолоти мутлақро, ки сазовори ӯ аст, баён намояд. Касоне, ки ба таҳкиқ ва баррасии Қуръон мепардозанд, аз оятҳои марбут ба тавсифи Парвардигор ба шуур ва идроке даст меёбанд, ки саршор аз хушӯъ ва фурӯтанӣ дар баробари Зоти боҳайбат ва ҷалолу шавкате аст, ки ҳеҷ фикри ёрои таҳдиди онро надорад ва ҳеҷ ақле қодир ба иҳотаи он нест. Чизе, ки инсонро аз анбоз қарор додан барои Худо дур месозад, имон ва эътиқод ба иртиботи наздик ва мустаҳкам дар байни инсон ва қудрати бекарони илоҳӣ аст. Ҳеҷ пардаю фосила ва монеъ ва воситае байни Худо ва инсон вуҷуд надорад, то инсон барои наздикӣ ба ӯ ниёз ба қарор додани восита ва шафеъу шарик дошта бошад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Ислом дар байни Худо ва инсон ончунон робитаи наздике қарор медиҳад, ки бо вуҷуди он ниёзе ба истионат ва талаби кӯмак аз ғайри Аллоҳро надорад.

Акнун ба таври хулоса ба баёни баъзе сифоти Худованд ва равобите, ки Худованд дар байни худ ва бандагонаш қарор додааст, мепардозем, ба умеди ин ки мавриди истифодаи хонандаи мӯҳтарам воқеъ шавад.

ҚУДРАТИ ХУДОВАНДИ МУТАОЛ

Ҷаҳон ва он чи дар он аст, бо шумули мавҷудоти зинда ва ғайризинда аз осори қудрати илоҳӣ аст, ки Худованд ҳамаро аз адам ба саҳнаи вуҷуд овардааст. Қудрати Худо қудрате аст ом ва муҳит (фарогир), ки мусаллат бар тамоми коинот аст, тавре ки ҳеҷ амре аз иҳотаи қудрати ӯ хориҷ нест. Дар ин маврид Қуръон мефармояд:

﴿تَبَٰرَكَ ٱلَّذِي بِيَدِهِ ٱلۡمُلۡكُ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ ١﴾ [الملك: ١]

«Бузург ва дорои баракоти бисёр он Зоте аст, ки фармонравоии ҷаҳони ҳастӣ аз они ӯ аст ва ӯ бар ҳар чизе комилан қодиру тавоно аст» (Мулк, 1).

Боз мефармояд: («Офариниши инсон аз хок ва табдили он хок ба нутфа ва табдили нутфа ба хуни бастаи золумонанд ва табдили он ба қитъаи гӯшти ҷавидашуда ва саранҷом табдили он ба як инсони комил) инҳо ҳама ба он хотир аст, ки бидонед Худо ҳақ аст ва ӯ мурдагонро зинда мегардонад ва ӯ бар ҳама чизе қодиру тавоно аст» (Ҳаҷ, 6).

Қудрати Худованд қудрате аст фаъол, самарабахш ва эҷодкунанда, натоиҷу самараи он болотар, воло ва густардатар аз натоиҷи қудрати тамоми мавҷудот аст. Майдони ақли башарӣ ва доираи шууру маърифат ва санъати ӯ маҳдуд аст. Хеле чизҳое аст, ки ақли башар ба онҳо роҳ надорад ва илму қудрати ӯ аз расидан ба онҳо оҷиз аст ва ин танҳо қудрати Худо аст, ки ҳадду марзе надорад. Ҳашаротро дар назар бигиред, ки аз соддатарин махлуқоти Худо ҳастанд, вале агар тамоми башар ҷамъ шаванд, қодир ба офаридани содатарин навъи он нестанд ва ин намунаи содда маротиби густурдаи ихтилоф ва тафовути қудрати Худо ва қудрати инсонро ба хубӣ нишон медиҳад.

Худованд мефармояд: «Эй мардум, масалае зада шуд, ба диққат ба он гӯш фаро диҳед, он касонеро, ки ба ғайр аз Худо ба кӯмак мехонед, ҳаргиз наметавонанд магасеро биёфаринанд, ҳарчанд ҳама барои офариниши он даст ба дасти якдигар бидиҳанд» (Ҳаҷ, 73).

Осори қудрати илоҳиро дар эҷоди ҷаҳони боазамати ҳастӣ ва назму иртибот ва ҳамоҳангии комил дар байни аҷзои он мушоҳида менамоем ва ин осори бисёр муҳим далолат менамояд, ки холиқ ва офарандаи он дорои қудрати беҳаду марз аст. Маълуму мушаххас аст, ки тамоми энергияи замин аз нури Офтоб сарчашма мегирад ва Офтоб ҳам ситорае аст монанди дигар ситораҳои фаровоне, ки ба ҷуз Худо касе теъдоди онҳоро намедонад. Наметавон тасаввур кард, ки миқдори энергияе, ки аз ташаъшуъи ин ҳама ситораҳо дар ин кавн вуҷуд дорад, бояд чӣ миқдор ва чӣ андозае бошад?

Ин намунае аз қудрати илоҳӣ буд, ки мо онро ба хонандаи мӯҳтарам пешкаш намудем, то битавонад дар бораи мизони қудрати илоҳӣ, ки Худованди мутаол дар ин ояти кӯтоҳу зебо ба тасвир кашонида аст, ба тафаккуру тадаббур бипардозад:

﴿ٱللَّهُ نُورُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ ٣٥﴾ [النور : ٣٥]

«Худованд равшангари ҳастӣ аст ва нури ҷаҳон аз партави нури қудрати ӯ аст» (Нур, 35).

Бинобар ин, қудрати илоҳӣ мусаллат бар тамоми коинот аст ва сар то сари зиндагии инсонро иҳота кардааст. Аз ин рӯ, ҳеҷ омилу ангезае вуҷуд надорад, ки инсон аз таслим ва фармонбардории ин қудрати бепоён рӯгардон шавад ва барои ҷалби манофеъ ва ё дафъи мазаррот ба чизи дигаре мутавассил гардад, зеро расидан ба ҳадаф танҳо бо қудрати Худо имконпазир аст. Худованд дар Қуръон мефармояд: «Агар Худованд зиёне ба ту бирасонад, ҳеҷ кас ҷуз ӯ наметавонад онро бартараф созад ва агар хайре ба ту бирасонад, ҳеҷ кас наметавонад аз он ҷилавгирӣ кунад, чаро ки ӯ бар ҳар чизе тавоно аст, ӯ бар бандагон мусаллат аст ва ӯ ҳакиму огоҳ аст» (Анъом, 17-18).

Танҳо қудрати Худо аст, ки нутфаро дар раҳми модар парвариш медиҳад ва онро ба сурати писар ва ё духтар ва ё писару духтар дармеоварад ва агар бихоҳад аз баста шудан ва парвариши нутфа ҷилавгирӣ менамояд, пас инсон дар ин маворид бояд танҳо ба Худо рӯй оварад ва барои доштани фарзанд худро дар доми раммолҳо ва даҷҷолҳо ва ҳуққабозоне, ки иддао мекунанд ба Худо наздиканд ва метавонанд ба касе писар ё духтар бидиҳанд, наандозад ва дар ин маврид Қуръон мефармояд: «Ба ҳар кас, ки бихоҳад, духтаронеро мебахшад ва ба ҳар касе, ки бихоҳад, писаронеро ато мекунад» (Шӯро, 49).

Ва мефармояд: «Ҳар киро бихоҳад, нозо ва ақим мекунад» (Шӯро, 50).

Оре, иззату зиллати фард ва ҷомеа танҳо бо машият ва қудрати илоҳӣ ва бар асоси суннати ӯст ва мефармояд: «Бигӯ, Парвардигоро, эй Зоте, ки ҳама чиз аз они Ту аст, ҳар киро бихоҳӣ, ҳукумату дороӣ мебахшӣ ва аз ҳар ки бихоҳӣ, ҳукумату дороиро пас мегирӣ ва ҳар киро бихоҳӣ, иззату қудрат медиҳӣ ва ҳар касро бихоҳӣ, хор медорӣ, хубӣ дар дасти Ту аст ва бегумон, Ту бар ҳар чиз тавоноӣ» (Оли Имрон, 26).

Миллатҳои бисёре, ки ба авҷи қудрату иззат ва тасаллут расидаанд, баъд аз чанде ба зиллату заъф гароидаанд, чӣ басо подшоҳону қудратмандон ва бузургони қавм пас аз расидан ба болотарин мақом ва эҳтиром ба сарнавиштҳои асафноке гирифтор омадаанд ва дар зиндону табъидгоҳҳо умри худро ба поён расонидаанд.

Бинобар ин, муассиру таъйинкунандаи сарнавишти афрод ва ҷомеаи башарӣ танҳо Зоти Аллоҳ асту бас ва ниёзе нест дар ин маврид ба ғайри Худо паноҳ бурда шавад. Вале барои дастёбӣ ба зиндагии беҳтар ва идомаи иззату каромат Худованд қавонин ва суннатҳое қарор додааст ва ҳар як аз иззату зиллат дорои қавонин ва шароити хос мебошад. Касе шароит ва суннати иззатро фароҳам оварад, то замоне ки онро тағйир надиҳад, азизу хушбахт хоҳад буд ва касе, ки дар шароити бадбахтӣ қарор дорад, модоме ин шароитро аз байн набарад, бадбахт боқӣ хоҳад монд. Худованд дар ин бора мефармояд: «Худованд ҳолу вазъи ҳеҷ қавму миллатеро тағйир намедиҳад (онҳоро аз хушбахтӣ ба бадбахтӣ ва аз доноӣ ба нодонӣ ва иззат ба зиллат ва билъакс намекашонад), магар ин ки онҳо аҳволи худро тағйир диҳанд» (Раъд, 11).

Ин ояти шарифа тасреҳ менамояд, ки суннати Худо бар ин аст, ки ҳеҷ миллатеро аз хушбахтӣ ба сӯйи бадбахтӣ накашонад, магар ин ки худ асбоб ва шароити хушбахтиро аз худ дур намоянд. Мусалламан, миллате, ки дар роҳи хайру салоҳ қадам бармедорад ва адлу инсофро риоя мекунад, сазовори он аст, ки мавриди таъйид ва инояти илоҳӣ бошад, аммо миллате, ки дар масири зулму фасод қадам бармедорад ва фазоили ахлоқиро поймол менамояд, мустаҳаққи он аст, ки дучори зиллату бадбахтӣ шавад ва мавриди таҳоҷуму қатлу ғорати дигарон қарор гирад.

ИЛМИ ХУДОВАНДИ МУТАОЛ

Худованди мутаол олиме аст, ки илмаш масбуқ ба ҷаҳл нест ва илм ҷузъи сифоти зотӣ ва лоянфакки ӯст ва саҳву нисён бар ӯ ворид намегардад. Илмаш иҳотакунандаи тамоми ашё ва гузаштаю ҳолию оянда, зоҳиру ботин, осмону замин ва дунёву охират аст ва хурдтарин зарра аз зарроти вуҷуд аз илми Худо хориҷ нест. Ин ҷаҳони азим ва асрору шигифтиҳои он назму иртибот ва ҳамоҳангии мавҷуд дар байни тамоми зарроти вуҷуд далели ошкор бар иҳотаи илми Парвардигор бар ҳамаи ашё мебошад. Худованд офаридгори коинот аст. Зоте, ки тамоми ашёро аз адам ба вуҷуд оварда бошад. Мусалламан, ба тамоми асрор ва рамузи он огоҳу бохабар аст. Дар ин маврид Худованд мефармояд: «Чӣ суханони худро оҳиста гӯед ва замзама кунед ва чӣ баланд ҳарф бизанед ва суханонро ошкор созед, барои Худо яксон аст. Чаро ки ӯ комилан огоҳ ба асрор ва хафоёи синаҳо аст» (Мулк, 13-14).

Қуръон ба сароҳат эълом медорад, ки Худованд ба ошкору пинҳони инсон огоҳ аст ва ба тариқи авло ба тамоми мавҷудоти ҷаҳон олим аст. Ин оятро мулоҳиза фармоед, то ба ҷалолу азамати илоҳӣ бештар огоҳ шавед: «Худованд медонад, ки ҳар зане дар шиками худ чӣ чизе ҳамл мекунад ва боз медонад ӯ писар аст ё духтар ва вазъияти саранҷоми он ҳамл чист ва медонад, ки раҳмҳо аз чӣ мекоҳанд ва бар чӣ чиз меафзоянд (ва феълу инфиолоти даврони оддӣ ва қоидагӣ ва обистании онҳо чӣ гуна буда ва замони ҳомилагӣ ва зоймон чӣ вақту чӣ қадар ва бар чӣ минвол аст) Ва ҳар чиз ба назди ӯ ба мизон ва ба миқдор аст ва аз андозаи муайяну мушаххас бархурдор аст. Худо аз ҷаҳони пинҳону ошкор огоҳ аст ва бузургвори волост. Касе, аз шумо суханро пинҳон медорад ва ё ошкор месозад ва он ки хештанро дар шаб махфӣ мекунад ва он ки дар рӯз ба дунболи кори худ равон мегардад, барои Худо яксон аст ва ба ҳамаи онҳо огоҳӣ дорад» (Раъд, 8-10).

Ин оят эълом медорад, ки Худованд ба авзоъи ҷанин дар шиками модар огоҳ аст ва медонад нар аст ё мода, медонад арҳом ба ҳангоми вазъи ҳамл чи нақсеро муҳтамил мешаванд ва ба ҳангоми ҳомилагӣ чи афзоише меёбанд ва тамоми корҳо ба асоси мизону миқдор мушаххас ва тибқи мувозинаи дақиқ аст ва он чи аз мо ғоибу пинҳон аст ва илми инсон ба он намерасад, Худованд ба он олиму огоҳ аст. Парвардигори олам дорои шаъну азамат аст ва ба тамоми олами ҳастӣ огоҳ ва ба тамоми асрор ва румузи он олим аст ва мефармояд:

﴿وَعِندَهُۥ مَفَاتِحُ ٱلۡغَيۡبِ لَا يَعۡلَمُهَآ إِلَّا هُوَۚ وَيَعۡلَمُ مَا فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِۚ وَمَا تَسۡقُطُ مِن وَرَقَةٍ إِلَّا يَعۡلَمُهَا وَلَا حَبَّةٖ فِي ظُلُمَٰتِ ٱلۡأَرۡضِ وَلَا رَطۡبٖ وَلَا يَابِسٍ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مُّبِينٖ ٥٩﴾ [الانعام: ٥٩]

«Ганҷинаҳои ғайб ва калиди онҳо пеши Худост ва касе ҷуз ӯ аз онҳо огоҳ нест ва Худованд аз он чи дар хушкӣ ва дарёст, огоҳ аст ва ҳеҷ барге аз гиёҳ ва дарахте фурӯ намеафтад, магар ин ки Худованд аз он хабар дорад ва ҳеҷ донае дар торикиҳои (даруни) замин ва ҳеҷ чизи тар ва хушке нест, ки фурӯ афтад, магар ин ки Худованд аз он огоҳ аст ва дар Лавҳулмаҳфуз забту сабт аст» (Анъом, 59).

Аз ин оятҳои Қуръонӣ маълум мегардад, ки назарияи Ислом дар бораи Зоти Аллоҳ танҳо як назарияи фалсафии метафизикӣ (мовароуттабиа) нест, ҳамон гуна, ки ғарбиҳо ба ғалат чунин мепиндоранд ва мӯътақиданд, ки Худованд ҷаҳонро офарид ва сипас ба осмон уруҷ кард ва дигар коре ба он надорад. Аммо мусулмонҳо мӯътақиданд: Худованди мутаол ҳамеша дорои шаъну амал дар коинот аст ва ҳарчи ба вуҷуд меояд ва ё аз байн меравад, аз аъмоли Парвардигор аст: «Ҳар рӯз (ва ҳар лаҳза) ӯ дар шаъне аст» (Раҳмон, 29).

ХУДО БА ҲЕҶ ЧИЗ ШАБЕҲ НЕСТ

Муғоярат ва адами мушобаҳати Худо бо ғайри худ ошкору равшан аст. Худованд қадиму холиқ аст, ғайр аз Худо ҳама ҳодису махлуқанд. Мусалламан, мартабаи ҳодису махлуқ ба маротиб поинтар аз мартабаи холиқу қадим аст ва чи дар зот ва чи дар сифот, дар байни холиқу махлуқ ҳеҷ гуна шабоҳате вуҷуд надорад. Вақте гуфта машавад: Худованд мешунавад, ба ин маъно нест, ки Худованд бо гӯше монанди гӯши мо шунавад, ё вақте гуфта мешавад Худованд ашёро мебинад, онҳоро бо чашме монанди чашми мо намебинад. Худованд болотару волотар аз махлуқоташ мебошад ва шаъну азаматаш бартар аз он аст, ки ақли ноқиси башарӣ қудрати тасаввури онро дошта бошад.

Шайх Муҳаммад Абду мегӯяд: «Фикр кардан дар бораи Зоти Аллоҳ (ҷоиз нест чун) аз як ҷиҳат ин тафаккур ҷустуҷӯе аст барои расидан ба кунҳ ва ҳақиқати Зоти Аллоҳ ва ин амр аз мумтанеот ва муҳолоти ақли башарӣ аст. Чун ҳеҷ робитаю нисбат ба мушобаҳате байни холиқу махлуқ мавҷуд нест ва таркиб дар Зоти Аллоҳ муҳол аст, аз тарафи дигар, ин тафаккур ҷасорату дастдарозӣ ба сӯйи чизе аст, ки расидан ба он муҳол аст, коре аст бефоидаю абас ва хатарноку ҳалоккунанда. Чаро ки боиси хабту изтироб дар ақида мегардад, аз тарафе мехоҳад чизеро муайян ва маҳсур намояд, ки таҳдиду ҳасри он ҷоиз нест.[29]

Доктор Морайт Стонли Гавдаҷ, узви ҷамъияти зистшиносони Амрико низ мегӯяд: «Бидуни шак, вақте мехоҳем ба тавсифи зот ва сифоти Худованд бипардозем, ниёз ба истилоҳот, маонӣ ва алфозе дорем, ки комилан бо истилоҳот, маонӣ ва алфозе, ки дар олами моддӣ ба кор мегирем, фарқият дошта бошанд. Махсусан вақте барои мо маълум шуд ҷаҳоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, мумкин нест, ки танҳо моддаи сирф бошад, балки мураккаб аз модда ва рӯҳ аст ё ба иборати дигар, мураккаб аз модда ва ғайри модда аст ва мо наметавонем ашёи ғайримоддиро бо авсофи моддии сирф баён кунем».[30]

Вале иддае аз мардум дар бораи Зоти Аллоҳ гумроҳу мунҳариф шуда ва ба эҷоди ихтилоф дучор шудаанд. Баъзе аз бутпарастҳо ақида доранд, ки Худованд рӯҳе аст, ки дар бутҳои онҳо ҳулул менамояд ва иддаи дигар мӯътақиданд, ки Худованд дар бадану ҷисми инсон ҳулул мекунад. Аммо Ислом аз ҳар гуна ифроту тафрит ва гумроҳӣ дур аст ва дар ҳама масоил ҳақу адолатро риоя мекунад. Дар бораи ҳақиқати Зоти Аллоҳ низ охирин ҳарфи ҳақро баён дошта ва тамоми шубҳаҳо ва хурофоте, ки дар ин маврид шоеъ шуда ва мардум ба онҳо мӯътақиданд ва боиси гумроҳии ақлҳо гардидааст, мардуду ботил месозад. Ислом мегӯяд, ки ин ҷаҳон дорои Офаридгори яктост, ки дорои тамоми сифоти камол ва ба дур аз ҳар айбу нақсе мебошад ва муқаддастару волотар аз он аст, ки ӯро ба чизе ташбеҳ кунем ва ё таҷассум намоем ва аз тамоми сифот ва хусусиятҳои махлуқот ба дур ва поку муназзаҳ аст ва мефармояд: «Чашмҳо кунҳи зоти ӯро дарнамеёбанд ва ӯ чашмҳоро дармеёбад» (Анъом, 103).

Ва мефармояд: «Ҳеҷ чизе шабеҳу назири Худо нест (ва Худованд ба ҳеҷ чизе, чи аз лиҳози зот ва чи аз лиҳози сифот, шабоҳат надорад)» (Шӯро, 11).

Ва мефармояд: «Худованд медонад он чиро, ки мардумон дар пеш доранд ва дар охират ба он гирифтор меоянд ва медонанд он чиро, ки дар дунё анҷом додаанд, вале онҳо аз кору ҳикмати Офаридгор огоҳӣ надоранд» (Тоҳо, 110).

Ва мефармояд: «Худовандгори осмонҳо ва замин ва Арш поку муназзаҳ аз ин тавсифҳое аст, ки дар бораи ӯ мекунанд» (Зухруф, 82).

Пайғамбар (с) дастур дода дар бораи махлуқоти Худо тадаббур ва тафаккур шавад, вале мардумро аз тафаккур дар бораи Зоти Аллоҳ наҳй кардааст ва мефармояд: «Дар бораи неъматҳои Худо фикр кунед, вале дар бораи Зоти Аллоҳ фикр нанамоед». (Ривояти Табаронӣ).

Ва боз мефармояд: «Дар бораи ҳар чизе тадаббур ва тафаккур кунед, вале дар Зоти Аллоҳ тафаккур накунед» (Ривояти Байҳақӣ).

Тақдису танзеҳе, ки Ислом барои Офаридгори олам муқаррар доштааст, ҳеҷ як аз мутараққитарин фалсафаҳои дунё натавонистааст ба он дастёбӣ пайдо кунад, магар қарнҳо баъд аз омадани дини Ислом.

Бидуни шак, пайдоиши инчунин донишу фалсафае дар Ҷазиратулараб дар замоне, ки ба сарзамини бесаводон маъруф буд, далели ошкоре аст бар ин, ки Қуръон ваҳйи илоҳӣ аст.

ҲАЁТ ВА ҲАМЕША ЗИНДА БУДАНИ ЗОТИ АЛЛОҲ

Худованди мутаол худ сарчашмаи ҳаёт ва зиндагибахши тамоми мавҷудоти зинда аст ва ҳеҷ тардиде нест касе, ки ҳаётбахш бошад, худ низ муттасиф ба сифати ҳаёт дар болотарин ва комилтарин маротиби он аст. Аз ин рӯ, ҳаёти Худо доимию ҷовидонӣ аст ва заволу фанопазир нест, ҳаргиз ғанаб ва хобе бар ӯ ғолиб намешавад, ҳамон тавр ки Қуръон мефармояд: «Худое ба ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад ва ӯ зиндаи пойдор ва ҷаҳони ҳастиро нигаҳдор аст, на ғанабе ва на хобе ӯро фаро намегирад» (Бақара, 255).

Қуръон тамоми мавҷудоти кураи заминро фанопазир ва нобудшаванда муаррифӣ менамояд ва ҷовидонӣ, фанонопазирӣ ва ҳаётбахшии Зоти Аллоҳро бо зеботарин ва мухтасартарин сухан инчунин эълом менамояд: «Ҳама чизҳо ва ҳам касоне, ки ба рӯйи замин ҳастанд, ба фано мераванд ва танҳо зоти Парвардигори боазамат ва арҷманди Ту мемонаду бас» (Ар-Раҳмон, 26-27).

Албатта, ҳаёт ва зинда будани зоти Аллоҳ монанди ҳаёти махлуқот нест, ки ниёзе ба хӯрдану нӯшидан дошта бошад: «Бигӯ, оё ғайри Худоро ба унвони маъбуд ва ё ёвари худ бигирем, дар ҳоле ки ӯ офарандаи осмонҳо ва замин аст ва ӯ рӯзӣ медиҳад ва раззоқи ҳамагон аст, касе ба ӯ рӯзӣ намедиҳад ва ниёзманд ба касе нест! Бигӯ ба ман дастур дода шудааст нахустин касе бошам аз ин уммат, ки холисона хештанро таслими фармони Худо мекунад ва мусулмон мебошад ва Худованд ба ман дастур додааст, ки аз зумраи мушрикон набошам» (Анъом, 14).

Ислом бо ин оят роҳро ба коҳинони бутпараст мебандад, ки ба пайравони худ дастур медиҳанд – ҳадяҳо, қурбониҳо ва назрҳо барои Худо ё худоён ба маобид ва бутхонаҳо тақдим шаванд, то танҳо худ аз он истифода намоянд ва бардурӯғ бигӯянд: Худо аз ин қурбонӣ ва назрҳо баҳра мебарад. Ҳол он ки Худованд мӯҳтоҷи хӯрдану ошомидан нест. Қуръон бо эълони ин ҳақиқати равшан инсонро аз қайди асорати хурофот ва ботилҳое озод намуд, ки дар миёни аксар миллатҳои қадим густариши фаровон дошт. Мутаассифона, бархе ҳоло ҳам дар доми он гирифторанд ва сарвату моли худро, ки натиҷаи ранҷу заҳмати онҳост, барабас дар ин роҳ ба ҳадар медиҳанд. Аз тарафи дигар, эълони ин ҳақиқат аз ҷониби Қуръон ин фурсатро аз душманони дин мегирад, ки мехоҳанд бо истифода аз хурофот ва қаламдод намудани онҳо ба унвони дин бар дин эрод гиранд ва онро мавриди таън қарор диҳанд.

Вақте Қуръон бо сароҳат мегӯяд, ки ҳаёти Худо ба дур ва муназзаҳ аз интихоби ҳамсару фарзандон аст ва роҳро бар ҳуққабозону шайёдоне, ки иддаои улуҳият доштанд ва мехостанд ба номи фарзандони Худо худро ба мардум тамҳил кунанд ва онҳоро ба бардагию бандагии худ бикашанд, Худованд мефармояд:

﴿بَدِيعُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُۥ وَلَدٞ وَلَمۡ تَكُن لَّهُۥ صَٰحِبَةٞۖ وَخَلَقَ كُلَّ شَيۡءٖۖ وَهُوَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ ١٠١ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمۡۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖ فَٱعۡبُدُوهُۚ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ وَكِيلٞ ١٠٢﴾ [الانعام: ١٠١، ١٠٢]

«Худо Зоте аст, ки осмонҳо ва заминро аз нестӣ ба ҳастӣ овардааст. Чӣ гуна мумкин аст фарзанде дошта бошад, дар ҳоле ки ӯ ҳамсар надорад? Ҳама чизро ӯ офаридааст ва ӯ ба ҳар чиз огоҳ аст. Худо муттасиф ба сифоти камол аст ва Парвардигори шумо аст ва ҷуз ӯ Худое нест ва офарандаи ҳама чиз аст, пас бояд Вайро бипарастед» (Анъом, 101-102).

Бинобар ин, офаридгори замину осмонҳо ӯ аст ва фарзанд ва ҳамсаре надорад ва бар тамоми коинот огоҳу мусаллат аст, танҳо ӯ Парвардигори оламиён аст ва маъбуди ҳақе ҷуз ӯ вуҷуд надорад ва танҳо ӯ сазовори парастишу ибодат аст.

САМЪ ВА БАСАРИ ХУДОВАНДИ МУТАОЛ

Яке аз сифоти камоле, ки Парвардигор ба он муттасиф мешавад, сифоти самеъ (шунидан) ва басир (дидан) будани ӯ аст. Ва зоти Парвардигор бидуни самъу басар қобили тасаввур нест. Ин ҳақиқате аст, ки Қуръон онро аз қавли ҳазрати Иброҳим вақте падарашро ба тарки бутпарастӣ даъват намуд, бозгӯ мекунад: «Эй падар, чаро чизеро парастиш мекунӣ, ки намешунавад ва намебинад ва аслан шарру балоеро аз ту дур намедорад?» (Марям, 42).

Яъне, илоҳ ва маъбуд лозим аст самеъ ва басир бошад. Қуръон дар аксари оятҳо ин ҳақиқатро баён менамояд ва Худовандро самеъ ва басир муаррифӣ мекунад. Аз ҷумла, ҳангоме ки зане ба номи Хавла ба назди Пайғамбар (с) омада ва дар бораи шавҳараш ба Худо шикоят бурд, Худованд ин оятро нозил намуд: «Худованд гуфтори он занро мепазирад, ки дар бораи шавҳараш бо ту баҳсу муҷодала мекунад ва бо Худо шикоят мебарад. Қатъан, Худованд гуфтугӯҳои шумо ду нафарро мешунавад, чаро ки Худо шунавою бино аст» (Муҷодала, 1).

КАЛОМИ ХУДО

Калом яке аз сифоти камоли Зоти Аллоҳ аст, вале байни каломи Худо ва каломи башар тафовути фаровон аст. Каломи инсон бо ҳуруф, калимот ва нутқ ва ё навиштани он анҷом мегирад, дар ҳоле ки каломи Худо бо лафзу ҳарф нест. Қуръони карим сифати каломро барои Худо собит намуда ва мо имон дорем, ки Худованд мутакаллим аст, вале кайфияти такаллуми ӯ барои мо маҷҳул аст ва мефармояд: «Ҳеҷ инсонеро насазад, ки Худо бо ӯ сухан бигӯяд, магар аз тариқи ваҳй ба қалби ӯ дар хоб ё бедорӣ ва ё аз паси парда (аз мавонеи табиӣ) ва ё ин ки Худованд қосидеро (ба номи Ҷабраил) бифирастад ва ӯ ба фармони Офаридгор он чиро, ки Худо мехоҳад, ба пайғамбарон ваҳй кунад... ва Худованд воло ва дурусткор аст» (Шӯро, 51).

Калом дар паси парда ва мавонеи табиӣ ба шевае аст, ки Пайғамбар (с) каломи Худоро мешунавад, вале ӯро намебинад. Худованд пайғамбаронеро, ки хостааст мақому манзалати баланд бахшад, бо ин навъ ваҳй бартарӣ додааст. Монанди ваҳйе ба ҳазрати Мӯсо ва ҳазрати Муҳаммад алайҳимуссалом, бидуни восита. Дар ин маврид Худованд мефармояд:

﴿تِلۡكَ ٱلرُّسُلُ فَضَّلۡنَا بَعۡضَهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۘ مِّنۡهُم مَّن كَلَّمَ ٱللَّهُۖ ٢٥٣﴾ [البقرة: ٢٥٣]

«Ин пайғамбарон (ки номи баъзе аз онҳо гузашт) баъзе аз онҳоро бар баъзе дигар бартарӣ додем ва Худованд бо баъзе аз онҳо сухан гуфт» (Бақара, 253).

Ва каломи Худо ба хилофи каломи башар ҳадду марз ва ниҳояте надорад, чунон ки Қуръон мефармояд: «Агар ҳамаи дарахтоне, ки дар рӯйи замин ҳастанд, қалам шаванд ва дарё (барои он ба сурати мураккаб (ранг) дарояд) ва ҳафт дарёи дигар кӯмаки он дарё гардад (ва бо он қаламҳо ва дарёҳо) махлуқот ва калимоти Худо ёддошт гардад, қаламҳо шикаста мешаванд ва дарёҳо мехушканд, вале махлуқот ва калимоти Худо поён намегиранд. Худованд азизу ҳаким аст» (Луқмон, 27).

АЗАЛИЯТ ВА АБАДИЯТИ ЗОТИ АЛЛОҲ

Худованди мутаол қадиму азалӣ аст ва ҳамеша буда ва ибтидое барои вуҷудаш мутасаввир нест ва абадию лоязол ва доимӣ аст ва ниҳояту поёне надорад. Қуръон дар тавсифи Худованд мефармояд: «ӯ беоғозу беинтиҳо ва ошкору пинҳон аст ва ӯ ба ҳама чиз огоҳ аст» (Ҳадид, 3).

Худованд аввал аст ва ба тамоми мавҷудот сабқати вуҷудӣ дорад ва оғозе надорад, охир аст ва баъд аз фанои ҳама мавҷудот побарҷост ва интиҳое надорад. Зоҳиру намудор аст, чаро ки тамоми мавҷудот бар будани ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Ботин аст ва ҳавоси башарӣ қудрати дарки ӯро надорад ва бар тамоми асрору румузи коинот огоҳ аст. Ва Худованд мефармояд:

﴿وَلَا تَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَۘ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۚ كُلُّ شَيۡءٍ هَالِكٌ إِلَّا وَجۡهَهُۥۚ لَهُ ٱلۡحُكۡمُ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ٨٨﴾ [القصص: ٨٨]

«Ҳамроҳи Аллоҳ маъбуди дигареро ба фарёд нахон. Ҷуз ӯ ҳеҷ маъбуди дигаре вуҷуд надорад. Ҳама чиз ҷуз Зоти ӯ ба фано меравад ва нобуд мешавад. Ҳукмравоӣ аз они ӯсту бас ва ҳамаи шумо ба сӯйи ӯ бозгардонида мешавед» (Қасас, 88).

РАДД ВА ИБТОЛИ ШУБҲАҲОЕ НИСБАТ БА СИФОТИ ХУДО

Дар Қуръон Худо ба сифоти фаровоне тавсиф шудааст, ки ҳамаи онҳо ҷузъи сифоти камол барои Зоти Аллоҳ ҳастанд. Баъзе аз мусташриқон, аз ҷумла доктор Филипп Ҳатти дар китоби худ «Таърихи араб» шубҳаҳое нисбат ба ин сифот ворид кардааст ва ба ҳангоми баҳс дар мавриди ақидаи исломӣ мегӯяд: «Сифоти меҳру муҳаббати Худо дар дини Ислом дар баробари сифоти қаҳру азаматаш заифу ночиз аст, чаро ки ӯ худое аст муҳаймин (мусаллат), азиз (ғолиб) ва ҷаббор (бошукӯҳ)».[31]

Ба манзури радди ин иддаои ботил мегӯем, ки зикри сифоти марбут ба қаҳру ғалаба ва тасаллут дар Қуръон нисбат ба сифоти муҳаббату маваддат бисёр кам аст. Маалвасф, вуҷуди сифоти қаҳр аст, ки золимро аз зулм ва саркашӣ боз медорад. Ҳеҷ зарурате надорад, ки дар тамоми авзоъ ва аҳвол Худовандро рауфу меҳрубон тасаввур кунем. Бисёр ҷоҳилона аст, фаромӯш кунем, ки ғазаби Худо бар золимон аз заруриятҳои адолат ҳисоб меояд.

СИФОТИ ҚАҲРӢ ВА ҶАБАРУТИ ХУДО

Вақте сифоти қудрат ва тасаллуту қаҳр ва ҷабарути Худовандро дар Қуръон мулоҳиза ва мавриди баррасӣ қарор медиҳем, мебинем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ва дар ҳеҷ мавриде мутаҳаммили маънои зулм нестанд. Худованд волотар аз тасаввуру гумон аст. Яке аз сифоти Худо Ҷаббор аст, яъне ислоҳкунанда ва ҷубронкунанда, ки муштақ аз ин қавли араб аст: Устухони шикастаро ба ҳам часпондам ва ба ҳам часпид.

Ё гуфта мешавад: ҷаббор ба маънои ин аст, ки Худованд бандагони Худро водор менамояд, ки он чи ӯ мехоҳад, анҷом диҳанд. Баъзе низ гуфтаанд: ҷаббор ба касе гуфта мешавад, ки дасисаю ҳилаи фиребкорон дар ӯ асар нагузорад. Ба ҳамин ҷиҳат аст дарахти хурмо вақте рушд менамояд ва дасти инсон ба шохаҳояш намерасад, онро нахлатун ҷаббора – дарахти таъсирнопазир мегӯянд. Бинобар ин, сифоти ҷаббор барои Худованд тақрибан ба маънои мутаол ва бартар аст.

Ва яке дигар аз сифоти Аллоҳ Муҳаймин аст, ки ба маънои огоҳ ва мусаллат бар махлуқоти худ мебошад. Сифати Азиз низ ҷузъи сифоти Худо аст, ки ба маънои қавӣ ва нерӯманде аст, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизе бар он ғалаба намекунад ва ӯро шикаст намедиҳад ва ҳаргиз чизе ӯро оҷизу нотавон намекунад ва азаматаш беназир аст. Сифати Мутакаббир барои Худо ба маънои Парвардигор ва соҳиби азамат аст. Сифати Қаҳҳор барои Худо, яъне соҳиби тасаллут ва иҳота бар тамоми мавҷудот аст. Сифати Азим, яъне бузургворе, ки хадде барои азаматаш мавҷуд нест. Сифати Мунтақим, яъне интиқомгиранда ва муҷозоткунандаи гуноҳгорону кофирон бошад. Сифати Моликулмулк, яъне касе, ки ихтиёр ва тасарруфи мутлақ дар мулки худ дорад. Бинобар ин, мулоҳиза фармоед, ки куллияи сифоти Худованд сифати камол мебошанд ва ба пайравӣ аз Қуръон иттисофи Худованд ба онҳо воҷиб аст.

СИФОТИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

Аммо сифоти меҳру муҳаббати Зоти Аллоҳ дар Қуръон фаровон аст. Сифати Раҳмон, яъне бахшандаи неъматҳои бузургу боарзиш ва сифати Раҳим, яъне меҳрубон бо махлуқоти худ ва сифати Салом, яъне атокунандаи амну саломат ба махлуқот аст. Сифати Ғаффор, яъне богузашт, сифати Раззоқ, яъне кафилу зомини ризқи бандагон. Сифати Латиф, яъне Худованд кору гуфтораш бо матонату лутфу муҳаббат ҳамроҳ аст. Сифати Шакур, яъне Худованд мутеон ва мухлисони худро сано мегӯяд ва подош медиҳад. Сифати Карим, яъне Худованд бахил нест ба ҳар андоза бахшиш кунад, дар назараш каму беарзиш аст. Сифати Мӯҷиб, яъне Худованд аст, ки ба ҳама бандагонаш ҷавоб медиҳад ва аз дуо ва хостаи онҳо оҷиз нест. Сифати Таввоб, яъне Худованд асбобу шароити тавбаро ато менамояд ва тавбаро мепазирад. Сифати Вадуд, яъне нисбат ба бандагонаш бисёр меҳрубон аст ва касонеро, ки мехоҳанд ба ӯ наздик шаванд, ба худ наздик менамоянд.

Дар баъзе оятҳои Қуръон, ки сифати қаҳру ғазаб зикр мешавад, қабл ё баъд аз онҳо сифоти раҳмату муҳаббат низ зикр мегардад. Худованд мефармояд:

﴿نَبِّئۡ عِبَادِيٓ أَنِّيٓ أَنَا ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ ٤٩ وَأَنَّ عَذَابِي هُوَ ٱلۡعَذَابُ ٱلۡأَلِيمُ ٥٠﴾ [الحجر: ٤٩، ٥٠]

«Эй пайғамбар, бандагони маро огоҳ кун, ки ман дорои гузашту (бахшандагию) меҳри фаровон ҳастам. Ва ин ки азоби ман бисёр дарднок аст» (Ҳиҷр, 49-50).

Мебинем, ки Худованд дар Қуръон худро ба сифати раҳмату меҳрубонӣ тавсиф менамояд. Оятҳои зер шубҳаҳои ашхоси муғризро ботил менамояд, ки ба гумони худ мепиндоранд, сифоти қаҳрии Худо дар Ислом бар сифоти раҳмати ӯ ғалаба доранд. Дар радди ин гуфта Худованд мефармояд: «Парвардигори шумо дорои раҳмат ва меҳру муҳаббати фаровон ва фарогиранда аст» (Анъом, 147).

﴿كَتَبَ رَبُّكُمۡ عَلَىٰ نَفۡسِهِ ٱلرَّحۡمَةَ ٥٤﴾ [الانعام: ٥٤]

«Худованд аз рӯйи лутф бар хештан раҳмат ва муҳаббат нисбат ба бандагонашро бар худ воҷиб намудааст» (Анъом, 54).

Ҳар сурае аз Қуръонро, ки мехонем, ба ҷуз сураи «Тавба» мебинем, ки бо «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» шурӯъ мегардад, ки ду бор сифати раҳмат дар он зикр шудааст. Ва ё мефармояд: «Раҳмати ман ҳама чизро дар бар гирифтааст» (Аъроф, 156).

ХУДОВАНД ЗОЛИМ НЕСТ

Дар Қуръон оятҳои фаровоне вуҷуд дорад, ки сифати зулмро аз соҳати муқаддаси Зоти Аллоҳ дур месозад ва мефармояд:

«Парвардигори ту ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳеҷ кас зулм нахоҳад кард» (Каҳф, 49).

«Ҳаргиз Худованд ирода нахоҳад кард, ки бар ҷаҳониён зулм кунад» (Оли Имрон, 108).

«Худованд ҳеҷ гоҳ ба андозаи вазни хурдтарин зарра ба ҳеҷ кас зулм намекунад» (Нисо, 40).

Ҳоло ки Худованд золим нест ва зулм наметавонад ба соҳати поку боазамат ва раҳмати илоҳӣ бирасад, ба хубӣ бутлон ва нораво будани шубҳаи касоне, ки мепиндоранд, сифоти қаҳри илоҳӣ дар Қуръон бар сифоти раҳматаш ғалаба дорад, равшан мегирдад.

ШУБҲАИ ПУЧ ВА БОТИЛ

Яке аз шубҳаҳои аҷибе, ки кофирон ва мулҳидон дар кишварҳои ғарбӣ онро ривоҷ додаанд, ин аст, ки мегӯянд, вақте Худо дар осмон бошад, чӣ тавр иҷозат медиҳад, ки ба малакути ӯ таҷовуз шавад ва сафинаҳо ба кураҳои осмон бираванд? Дар ҷавоб мегӯем: Чӣ касе гуфта, ки малакути Худованд танҳо курраҳо аст? Балки аз назари Қуръон малакути ӯ тамоми ҷаҳон аст ва мефармояд: «Худованд Зоте аст, ки он чи дар осмонҳо ва замин вуҷуд дорад, мулки ӯ аст» (Иброҳим, 2).

Ва ҳарчи ҳаст, мулки Худост ва вуҷуди инсонҳо дар осмон ё замин бо иҷозати Худо аст.

Ин оятро мулоҳиза фармоед, ки ба чӣ тарзе иддаои пучи мулҳидонро ботил менамояд ва ба дурустӣ ин шубҳаро мардуд мекунад ва мефармояд:

«Оё надидаӣ, ки Худованд он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, мусаххари шумо кардааст ва неъматҳои худро, чи неъматҳои зоҳир ва чи неъматҳои ботин бар шумо густурда ва афзун сохтааст? Баъзе аз мардум бидуни ҳеҷ гуна донишу ҳидоят ва китоби равшану равшангаре дар бораи Худо роҳи ситезу ҷидолро дар пеш мегиранд» (Луқмон, 20).

Ин оят бо сароҳат эълом медорад, ки Худованд тамоми кураҳои осмону замин ва он чи дар онҳо мавҷуд аст, барои башар рому мусаххар намуда, то аз онҳо истифода ва баҳрабардорӣ намояд. Вақте инсон чунин қудратеро ба даст овард, ки аз ҳамаи онҳо истифода намояд, бидуни шак, дар масири Худованд ҳаракат мекунад. Албатта, ин кори ӯ бо иҷозати Худо аст ва бар асоси хости ӯ мебошад. Ҷумлаи охири оятро мулоҳиза фармоед, ки бо шевае бисёр расою гӯё ва мухтасару кӯбанда ин шубҳаро, ки мулҳидон мехоҳанд ашхоси сода ва бесаводро бо он фиреб диҳанд, рад менамояд. «Баъзе аз мардум одаташон ин аст, ки бидуни ҳеҷ гуна илму ҳидоят ва китоби равшану равшангарӣ дар бораи Худо роҳи ҷидолро пеш мегиранд» (Ҳаҷ:8).

Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

Фасли ҳафтум : ИМОН БА Рўзи охирАТ

1. Далоил бар вуҷуди рӯзи охират. 2. Назариёти материалистон ва таъсири он бар ҷомеа. 3. Баҳсу гуфтугӯ бо моддапарастон. 4. Ҳақиқати рӯҳ дар Қуръон. 5. Қиёмат ва ҳаёти баъд аз марг. 6.Хавфу даҳшати фаровони қиёмат. 7. Ҳисобрасӣ дар қиёмат. 8. Неъматҳои ҳастӣ ва моддии биҳишт. 9. Неъматҳои рӯҳии биҳишт. 10. Ҷазои корҳои нописанду ҳаром.

ДАЛОИЛ БАР ВУҶУДИ РӮЗИ ОХИРАТ

Далоили субути рӯзи қиёмат ду навъанд: аввал далоили нақлӣ, дувум далоили ақлӣ аст. Дар мавриди далоили нақлӣ: тамоми динҳои осмонӣ иттифоқи назар доранд, ки инсонҳо баъд аз марг муҷаддадан зинда мегарданд ва бар аъмоли нек ё баде, ки дар дунё анҷом доданд, мавриди муҳосиба қарор мегиранд.

Аммо дар мавриди далоили ақлии вуҷуди рӯзи охират иттифоқи фитрат ва виҷдони инсонҳо бар ин масъала аст, чаро ки ҳам инсонҳои ибтидоӣ ва ҳам инсонҳои имрӯзӣ дар ҷомеаҳои бадавӣ ва мутамаддин дар нуқоту сарзаминҳои мухталиф бо шумули олиму донишманд ва бесавод ҳама дорои як шуури дарунӣ ва нохудогоҳии шабеҳ ба илҳом ҳастанд, ки ба онҳо мегӯяд, баъд аз марг ҳаёти дигаре вуҷуд дорад ва адолате, ки дар дунё поймол шуда, дар он ҷо таҳаққуқ меёбад ва дар он ҷо аст, ки инсон ба тамомӣ ҷазои аъмоли дунёии худро дарёфт менамояд, агар хайр бошад, хайр мебинад ва агар шар бошад, дучори шар хоҳад шуд.

Дар ин бора яке аз донишмандон ба номи Нурмон Финсаст Бил мегӯяд: «Ба ҳақиқат, вуҷуди як шуури фитрӣ ва ғаризӣ дар инсон нисбат ба вуҷуди олами баъд аз марг аз бузургтарин далоили исботи ин мавзӯъ аст. Худованди мутаол ҳар гоҳ бихоҳад, мардумро ба чизе қонеъ намояд, шуур ва идрок ба он чизро дар ғаризаю фитрати онҳо қарор медиҳад, ба тавре ки ҳама дар баробари он таслим мешаванд, ишқу алоқа ба зиндагии ҷовидонӣ, ҳарчанд дар олами дигаре бошад, эҳсосе аст, ки дар даруни ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад ва наметавон сарсарӣ ба ин эҳсос нигарист ва онро дастикам гирифт, зеро он чи ки мо шадидан ба он ишқ меварзем ва дар аъмоқи дарун ва виҷдони худ эҳсос мекунем, бояд инъикосе бошад аз як қоидаи асосӣ дар вуҷуди башар (ки ҳамон вуҷуди охират ва иҷрои адолат дар он аст)

Албатта, расидан ба ин ҳақиқати бисёр муҳим аз тариқи далоили моддӣ имконпазир нест ва танҳо аз роҳи ақидаю илҳом, эҳсос ва ангезаҳои рӯҳӣ аст, ки инсон метавонад ба он дастрасӣ пайдо намояд. Набояд илҳомро дастикам гирифт, чаро ки илҳом яке аз авомили муҳими илмӣ барои дарки ҳақиқат аст. Ва Берҷсон яке аз донишмандон мегӯяд: «Донишмандон ибтидо аз тариқи ишроқ ва илҳом ҳақиқате ба қалбашон илқо мешавад, сипас бо равиши баррасиҳои илмӣ ба исботи он мепардозанд. Бинобар ин, илм илҳом ва ақидаро таъйид менамояд ва назариёти материалистон дар бораи ҷаҳон (ки ҳама чизро ба сурати моддӣ тафсир мекунанд) рӯ ба завол аст».

Аз тарафи дигар, Худованди мутаол дар партави нури ақл истеъдодҳою ангезаҳо ва камолоте ба инсон эҳдо кардааст, ки илму иттилооти ӯ ҳамеша дар ҳоли афзоиш бошад ва кашфи асрори коинот ҳамеша ӯро қавӣ ва қавитар намояд ва камолоти ӯ дар нуқтае мутаваққиф нашавад. Чӣ гуна қобили тасаввур аст, ки сарнавишти инсон бо ин ҳама қудрати илмӣ ва истеъдодҳо ва камолот монанди сарнавишти ҳайвоне бошад, ки аз ҳамаи ин фазоилу камолот маҳрум аст? Мусалламан ин амре аст, ки ҳеҷ ақли солиме онро қабул надорад, балки ҳикмати илоҳӣ тақозо менамояд, ки инсон дорои ҳаёти дигаре баъд аз марг бошад, ки дар он ҷо ба камолоти матлуб бирасад ва самари аъмоли худро дарёфт дорад.

Ин ки оқибат ва саранҷоми инсон, ки Худованд ӯро бар дигар мавҷудот бартарӣ дода ва неъмати ақлу илм ва истеъдодҳои фавқулодаро ба ӯ арзонӣ бахшидааст, бо оқибат ва саранҷоми дигар ҳайвонот яке бошад, бо адлу ҳикмати илоҳӣ созгор нест. Бинобар ин, лозим аст рӯзе бошад, ки инсон ба хилофи дигар ҳайвонот самараи ақлу истеъдоди худро дарёфт намояд.

НАЗАРИЁТИ МАТЕРИАЛИСТОН

ВА АСАРИ ОН ДАР ҶОМЕА

Моддигароён мегӯянд, ки баъд аз марг ва зиндагии дунявӣ қиёмат ва ҳаёти дигаре вуҷуд надорад ва иддао мекунанд фикру шуур ва авотиф танҳо натиҷаи феъл ва инфиолоти модда асту бас. Ва ҳамон гуна, ки ҷигар сафро ва гурда пешобро тавлид менамояд, мағз низ фикру ирода ва авотифро тавлид мекунад ва миқдору кайфият ва навъи ин фикру ирода ва авотиф бастагӣ ба миқдори мағз ва фаъолияти он дорад. Бинобар ин, тамоми ашё ё модда аст ё мазҳар ва асаре аз асароти модда мебошад ва чизе ба номи рӯҳ вуҷуд надорад, то гуфта шавад, доимӣ аст ва рӯҳ як масъалаи комилан хаёлӣ аст.

Дар қарни гузашта материалистон бо талоши фаровоне ба таблиғ ва нашри назариёти худ пардохтанд. Бо таваҷҷӯҳ ба пешрафти илмӣ ва кашфи асрори ҷаҳон онҳо мӯътақид буданд, ки бо канор гузоштани дин ва дурӣ аз эътиқод ба масоили маънавӣ ва мовароуттабиа ақл қудрати бештаре пайдо хоҳад кард ва дар натиҷа масоили ахлоқӣ ва муомилоту равобити иҷтимоӣ низ дӯшодӯши мавзӯоти илмӣ пешрафт мекунад ва инсон аз лиҳози илмию амалӣ ба камоли матлуб мерасад ва ба мадинаи фозилаи худ, ки дар интизораш мебошад, ноил мегардад, бидуни ин ки бо мавонеи эътиқоде, ки боиси ҷилавгирӣ аз расидан ба дарки ҳақоиқи табиат ҳастанд, рӯ ба рӯ шавад.

Моддапарастон талоши фавқулодае барои нашр ва таблиғи назариёт ва андешаҳои худ ба амал оварданд ва конфронсҳои фалсафии фаровоне ба манзури тақвияти назариёти худ ташкил медоданд, то назариёти худро таъйид ва мунташир созанд. Албатта, ба баъзе аз аҳдофи шуми худ даст ёфтанд ва тавонистанд ақоиди баъзе ашхоси мазҳабӣ ва мутадаййини худро нисбат ба масоили маънавӣ ва мовароуттабиа дучори тазалзул намоянд ва натиҷаи талоши фавқулодаи онҳо ин буд, ки ахлоқи оммаи мардум ба инҳитот гароид ва суқут намуд. Инак, риштаи суханро дар ин маврид ба доктор Леон Вати месупорем, ки мегӯяд:

«Материалистон бо илқои назариёти худ, «ки баъд аз марг ҳаёте нест», боиси озодии ҳавою ҳавас ва бебандубории инсонҳо шуданд ва ҷомеаи инсониро аз маънавият тиҳӣ карданд ва ҳирсу валаъи ҳайвониро барои дастёбӣ ба тамоюлоти нафсонӣ таҳрик ва тақвият намуданд. Ба ростӣ, ин марази хатарноки иҷтимоӣ, ки таркибе аз марази равонии истерия ва адами шуур аст, боис мешавад, ки инсоният ба бадбахтӣ ва балое дучор шавад, ки илоҷпазир нест.

Албатта, инсон дар ин ҳолати инҳитотот бадбахтии воқеиро эҳсос мекунад ва орзу менамояд, ки зиндагии беҳтар аз он ки дар он гирифтор омадааст, дошта бошад, вале кӯмаки лозимро барои наҷот аз ин бадбахтӣ, ки дар он гирифтор омадааст, надорад. Ин тафаккуроти моддиҳо, ки имрӯз моро иҳота намудааст, заҳри хатарноке аст, ки инсонияти моро нобуд месозад ва чунон ба даруни мо рахна кунад, ки тамоми бозмондаҳои шарофат, каромат ва азаматро олуда ва лаккадор хоҳад кард ва аз байн хоҳад бурд.

Бидуни шак, қавонин ва муқаррароти инсонӣ наметавонад саркашиҳо ва ғурури инсонро контрол кунад. Замоне, ки ахлоқи осмонӣ тасаллути худ бар дилҳоро аз даст диҳад, ҳатман, дар манҷалоби фасоду инҳитот ғарқ хоҳем шуд. Вақте барои наҷот ва бозёбии инсоният худ кӯшо набошем, қатъан ба сӯйи нобудии худ қадам бармедорем. Чаро ки фасод иқобу бадбахтиро ба дунбол меорад».[32]

Адиб ва нависандаи фаронсавӣ Виктор Ҳюго ба тавсифи афкори моддиҳо ва таъсири он бар инсон мепардозад ва мегӯяд: «Фоҷеаи хатарноке дар замони мо дар ҳоли ба вуқӯъ пайвастан аст, ҳарчанд мехостам бигӯям шибҳи фоҷеа ва он ин аст, ки мехоҳанд аҳдоф, саодат ва ҳастиро танҳо дар ин ҳаёти моддӣ маҳсур созанд, ба ҳақиқат, вақте башар қонеъ шавад, ки ҳадафи асосӣ аз эҷоди ҷаҳон танҳо ҳамин зиндагии моддии дунявӣ аст ва болотар аз он мақсаде вуҷуд надорад, он гоҳ мушкилоти зиндагӣ бузургтар мешавад ва таколифи инсонӣ сангинтар мегардад, ангезаҳои маънавӣ, ки маншаи корҳои азим қарор мегиранд, нобуд хоҳанд шуд. Инсон нерӯеро аз даст медиҳад, ки боиси ҷиҳоду фидокорӣ ва гузашту сабру истиқомат ва бурдборию шуҷоат ва дар айни ҳол тавозӯъ ва меҳру муҳаббат ва озодӣ аст, зеро ӯ ин нерӯро дар партави нури имон ба абадият ва ҳаёти баъд аз марг ба даст овардааст ва яъсу нотавонӣ ва ноустуворӣ ҷойгузини он мешавад. Аз ин рӯ, бар ҳамаи мо воҷиб аст ба сӯйи Худо рӯй оварем ва қалбу рӯҳи худро мутаваҷҷеҳи зиндагии баъд аз марг кунем, ки дар он адолат ба маънои худ барқарор мегардад ва ҳар кас бар асоси рафтору амали худ подош ё кайфар дода мешавад».[33]

БАҲС ВА МУҶОДАЛА БО МАТЕРИАЛИСТОН

Ин ки гуфта шуд, ҷаҳон танҳо мунҳасир ба модда аст, гуфтаи нодурусте аст, ки ақл ҳаргиз онро қабул надорад. Чӣ гуна имкон дорад фикру ирода ва авотиф (ки ҳама умури маънавӣ ҳастанд) аз моддаи торику хушк ва беирода сарчашма гирифта бошад ва чӣ тавр мумкин аст фикре, ки дорои шуур ва идроки шахсияти худ мебошад аз моддае, ки шахсияти худро дарк намекунад ва шууре надорад падид ояд? Вақте ки чунин амре муҳол бошад, бояд ба ғайр аз модда ва ҷисм чизи дигаре бошад, ки маншаи воқеии ирода ва афкору авотиф бошад, ки он ҳам рӯҳ аст. Донишманди маъруф Крис Морисан дар ин бора чунин мегӯяд: «Ҳеҷ як аз атомҳою зарраҳои аносири мавҷуд дар ҷаҳон дорои фикр намебошад ва аз таркиби ҳеҷ як аз аносир фикру раъй ба вуҷуд наомада ва нахоҳад омад, пас модда маншаи фикр нест, балки бояд гуфт мавҷудоти махсусе бино ба ангезаҳои муайян ба унвони ҷондор офарида шудаанд ва ин ҳаёту рӯҳ аст, ки моддаро дар тасаллут дорад ва ҳар як аз аҷзои моддаро идора мекунад ва дар натиҷа аз таркиби рӯҳ ва ҳаёт бо модда феъл ва инфиолоти аҷибу шигифтангезе мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, ҳаёт аз хавоси модда нест, балки аз хусусиятҳои як амри маънавӣ аст, ки ба маротиб аз модда волотару бартар аст ва моддаро таҳти тасаллути худ қарор медиҳад ва ба ҳеҷ ваҷҳ бо аносори моддӣ, ки ҷаҳони моддаро ташкил медиҳад, таносуб ва ҳамҷинсӣ надорад. Ин амри маънавӣ, ки ҳамон рӯҳ мебошад, қобили дидан ва санҷиш ва миқёс нест ва то ҷое ки маълум аст, қонуну қоидае вуҷуд надорад, то ба василаи он шинохта шавад.

Рӯҳи инсон аст, ки фармондеҳ ва роҳнамои ӯст. Рӯҳ аст, ки эҳсоси ниёзи иртибот бо Парвардигорро менамояд. Касе, ки иддао мекунад рӯҳ дар асари феълу инифиолоти модда ба вуҷуд меояд, далеле барои қудрати ташхис ва шиносоии ҳақиқати онро надорад, барояш қобили ламсу рӯъят нест ва мепиндорад ҳарчи дида нашавад, вуҷуд ҳам надорад. Ин иддаое аст ботилу беарзиш, чаро ки хеле чизҳо ҳастанд, ки мо онҳоро намешиносем ё барои мо қобили дидан нестанд, вале тардиде дар вуҷудашон нест ва осорашон далел бар вуҷудашон мебошад. Рӯҳ ҳам мавҷуде аст, ки худро дар хилоли қудратнамоиҳо ва фидокориҳои аҷиб ва фаъолиятҳои шигифтангез нишон медиҳад, бар модда тасаллут меёбад ва онро ба ихтиёри худ идора менамояд ва бо нерӯи фавқулодаи худ инсонро аз мартабаи пасти ҳайвонот наҷот мебахшад, бо малакути аъло ва Парвардигори худ марбут менамояд ва иродаю хости худро бо иродаи Зоти Аллоҳ ҳамоҳанг месозад, чун дар воқеъ хости аслии Парвардигор ҳам аз офаридани инсон, иртибот ва ҳамоҳангии иродаи одамӣ бо иродаи Худост. Ба ҳамин далел аст, ки дар даруни ҳар инсоне ангеза ва майли фитрие вуҷуд дорад, ки мехоҳад ӯро ба қудрати болотар аз худ иртибот диҳад, ки ба ҳангоми ниёз ба ӯ паноҳ барад. Ангеза ва майли динӣ дар сиришти инсонро ҳам метавон дар иртибот бо ин масъала равшан кард ва гуфт: Дин иборат аст аз иртиботу ҳамоҳангӣ ва имон ба нерӯи болотар».

Илм собит намуда, ки модда нобуд намешавад, ҳеҷ заррае аз аносири олам нест намегардад ва ба фано намеравад, вале тағйири шакл медиҳад ва мутаҳаввил мегардад. Шамъ месӯзад, вале уламои шимӣ (химия) метавонанд бо васоили махсус зарраҳои аносири аслии онро, ки дар фазо пароканда гардидааст, дубора ба даст оваранд ва ин аносир бо кайфияти дигаре дар фазо мавҷуд аст ва ҷавҳари асли он боқӣ аст, вале тағйири шакл додаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳақиқати илмӣ марги инсон ҳам ба маънои нобудии ӯ нест, балки ҳатто дар ҳамин ҷаҳон ҳам ҷисми инсон бо шаклу кайфияти дигаре боқӣ мемонад. Вақте инсон аз ду ҷузъ – модда ва рӯҳ таркиб шудааст ва ҷузъи моддии он фанонопазир ва нобуднашаванда аст, чӣ тавр ҷузъи маънавии он, ки нерӯмандтар аст ва шоистагии бештаре барои давому бақо дорад, аз байн меравад ва нобуд мешавад?! Ин рӯҳ аст, ки ба унвони ҷузъи бартар ва мусаллат моддаро дар ихтиёри худ мегирад ва мӯҷиби ҳаёти он мегардад. Вақте ҳаёт бар модда ориз шуд, ақлу тафаккурро дар он ба вуҷуд меоварад, аммо ҳамин ки аз ҷисм ҷудо гардид, ҷисм низ монанди дигар ашё ба ҳолати кӯру кар ва бе ҳису шуур дармеояд. Бинобар ин, ин эҳсоси фитрӣ ва илҳоми ҳамагонӣ дар инсон, ки баъд аз марг қиёмате ҳаст ва ҷаҳону ҳаёти дигаре вуҷуд дорад, ваҳму хаёл нест, балки ваҳю илҳоми содиқ ва дурусте аст, ки дар фитрат ва сиришти инсон ба вадиат ниҳода шудааст ва аз ӯ ҷудо шуданӣ нест.[34]

ҲАҚИҚАТИ РӮҲ ДАР ҚУРЪОН

Аз ҳангоме ки инсон ба тафаккур дар бораи шинохт ва дарки ашё пардохт, масъалаи рӯҳ аз мушкилтарин масоили илмию фалсафӣ барояш будааст. Яке аз мӯъҷизоти Қуръон қарор додани рӯҳ дар мавқеияти саҳеҳ ва дурусти он нисбат ба илму фалсафа аст ва мефармояд:

﴿وَيَسَۡٔلُونَكَ عَنِ ٱلرُّوحِۖ قُلِ ٱلرُّوحُ مِنۡ أَمۡرِ رَبِّي وَمَآ أُوتِيتُم مِّنَ ٱلۡعِلۡمِ إِلَّا قَلِيلٗا ٨٥﴾ [الاسراء: ٨٥]

«Эй Муҳаммад (с) аз ту дар бораи рӯҳ мепурсанд (ки чист), бигӯ: «Рӯҳ чизе аст, ки танҳо Парвардигорам аз он огоҳ аст (ва хилқати асроромез ва сохтмони муғоир бо сохтмони модда дорад ва уъҷубаи ҷаҳон офариниш аст. Бинобар ин, ҷойи шигифт нест, агар ба ҳақиқати он пай набарад), чаро ки ҷуз дониши андаке ба шумо дода нашудааст» (Исро, 85).

Ба ростӣ, ин аз мӯъҷизоти Қуръон аст, ки бо вуҷуди пешрафти илму фалсафа ҳанӯз рӯҳ дар иҳотаи илми илоҳӣ боқӣ аст ва ҳатман боқӣ хоҳад монд. Ва ҷумлаи охирини оят, ки мефармояд: «Ҷуз дониши андаке ба шумо дода нашудааст», як воқеияти илмие аст, ки Шарл Рише, донишманди бузург ва узви ҷомеи илмӣ ва устоди физиология дар донишгоҳи пизишкии Фаронса дар муқаддимае, ки барои «Китобу-л-завоҳиру-н-нафсия»-таълифи Максвелл навиштааст, мегӯяд: «Чаро набояд мо бо садои баланд эълом намоем: илме, ки мо то ин андоза ба он ифтихор мекунем, дар ҳақиқат, чизе ҷуз дарку ташхиси зоҳир ва осори ашё нест ва ҳақиқату моҳияти ашё аз мо махфию пинҳон аст, ба тавре ки мо наметавонем бо ҳавос онро дарак намоем. Ва моҳият ва ҳақиқати қонунҳое, ки мавҷудоти ҷондор ё беҷонро идора мекунад, болотар аз он аст, ки ақли мо ба он дастрасӣ пайдо намояд». Рише ба суханонаш идома медиҳад, то ин ки мегӯяд: «Он чи ки шоистаи як олими воқеӣ аст, ин аст, ки дар они воҳид ҳам мутавозеъ ва ҳам ҷасуру бошаҳомат бошад. Мутавозеъ бошад, чун ба ростӣ, илми мо бисёр ночиз аст ва ҷасуру бошаҳомат бошад, чун маҷолу фурсати расидан ба маълумоти ҷадид мавҷуд аст».

ҚИЁМАТ ВА ҲАЁТИ БАЪД АЗ МАРГ

Ҳикмату машийяти илоҳӣ бар ин аст, ки ҷаҳони дигаре баъд аз марг вуҷуд дошта бошад, то инсон битавонад дар он ҷо ба самараи аъмоли дунявии худ бирасад. Агар аъмоли ӯ дар ин ҷаҳон хайр бошад, хайр бинад ва агар шар бошад, ба ҷазои худ бирасад. Қуръони карим омада, то мардумро огоҳ созад, ки вуҷуди рӯзи охират ва қиёмат собит ва барҳақ аст, то мардум он рӯзро мадди назар қарор диҳанд ва аз он ғофил намонанд ва корҳои неку амали солеҳ ба манзури ризои Худо ва дарёфти подоши охират анҷом диҳанд.

Қуръон аҳамияти бисёр фаровоне ба зинда шудани мурдагон ва ҷаҳони охират додааст, то ҷое, ки камтар мебинем яке аз сураҳои Қуръон ба тарзе дар бораи рӯзи охират ва омадани он таъкид накарда ва тазаккуре надода бошад, балки баръакс сураҳои фаровоне дар Қуръон вуҷуд дорад, ки тамоман дар бораи рӯзи охират ва зинда шудани мурдагон аст ва бо тазаккур ва баёни зарбулмасалҳо ва овардани намунаҳо ҳеҷ шакку шубҳае боқӣ намегузоранд, ки рӯзи қиёмат ҳақ аст. Чаро Қуръон то ин андоза ба баён ва тасбити ин ақида эҳтимом варзидааст? Чун эътиқод ба рӯзи охират яке аз муҳимтарин асосҳои ислоҳи ҷомеа ва мояи саодати инсонӣ аст, агар ин ақида дар қалби ҳамаи мардум русух пайдо мекард ва мардум қотеона ва бидуни ҳеҷ шакку тардиде ба он имон меоварданд, тамоми корҳои онҳо ба сурати дурусту саҳеҳ анҷом мегирифт, хайру баракат дар байни онҳо густариш меёфт ва шарру фасод аз байн мерафт. Вале мутаассифона, дар ҳар асру замоне ишқу алоқа ба дунё бар мардум ғолиб омада ва зарқу барқи зиндагӣ боиси фиреби онҳо шудааст, ба тавре ки аксари мардум нисбат ба зинда шудан дар рӯзи қиёмат ва дидани самароти аъмоли дунявии худ дучори шакку тардид шудаанд ва имони қотеъ надоранд, ки баъд аз марг зинда мешаванд ва мавриди бозхост ва муҳосиба қарор мегиранд.

Чанд масъалае боис шудааст, ки иддае нисбат ба рӯзи охират шакк варзанд ва ё онро инкор намоянд, иборатанд аз:

Аввалан, онҳо, ки хаёл мекунанд ниёзе ба рӯзи охират надоранд ва фоидае аз омадани он рӯз оиди эшон намегардад, пас мавзӯъ чандон муҳиме нест, ки худро мулзим ба эътиқод ба он намоянд.

Сониян, онҳо, ки мебинанд, ки инсонҳо мемиранд ва баъд аз муддате ҷисми онҳо пӯсида ва муталошӣ мешавад, ба осонӣ қабул намекунанд, ки ин устухонҳо ва аъзои пӯсида ва муталошишуда муҷаддадан ба сурати инсоне дароянд, ки дорои ҳаёту фикр ва идрок бошад ва онро кори басо баид ва душвор медонанд. Аз ин рӯ, дар бораи он шак мекунанд ва ё онро инкор менамоянд.

Солисан, зинда шудани мурдаҳоро ба хилофи суннати табиат мебинанд, чун ҳаргиз надидаанд, касе зинда шавад ва бори дигар ба фаъолият ва зиндагӣ идома диҳад.

Қуръони карим дар радди дастаи аввал, ки мепиндоранд ниёзе ба рӯзи охират надоранд, мефармояд: «Худованд мурдаҳоро зинда менамоянд то бадкоронро ба хотири бадкориашон кайфар диҳад ва некӯкоронро ба хотири некӯкориашон подош расонад» (Наҷм, 31).

Ва боз мефармояд:

﴿أَفَحَسِبۡتُمۡ أَنَّمَا خَلَقۡنَٰكُمۡ عَبَثٗا وَأَنَّكُمۡ إِلَيۡنَا لَا تُرۡجَعُونَ ١١٥﴾ [المؤمنون : ١١٥]

«Магар шумо гумон мекардед, ки Мо шуморо беҳуда офаридаем (ва ҳеҷ ҳисобу китобе дар байн нест) ва ба сӯйи Мо баргардонида намешавед?» (Мӯъминун, 115).

Ва дар радди касоне, ки зинда шудани мурдагонро баид ва муҳол медонанд, мефармояд, ки ин кор ба ҳеҷ ваҷҳ муҳол ва мушкил нест ва касе, ки зиндаҳоро аз адам ба вуҷуд биоварад, метавонад баъд аз марг низ онҳоро зинда намояд: «ӯст, ки офаринишро оғоз кардааст ва сипас онро боз мегардонад ва ин барои ӯ осонтар аст» (Рум, 27).

Ва боз дар радди ин идда мефармояд: «Барои мо мисоле мезанад ва офариниши худро (аз хок) фаромӯш мекунад ва мегӯяд: чӣ касе метавонад ин устухонҳоеро, ки пӯсида ва фарсудаанд, зинда гардонад? Бигӯ, касе онҳоро зинда мегардонад, ки нахустин бор онҳоро аз нестӣ ба ҳастӣ овардааст ва бидуни намуна ва модел онҳоро офаридааст ва ӯ бас огоҳ бар тамоми махлуқот аст. Он касе, ки аз дарахти сабз барои шумо оташ офарид ва бо он оташро равшан мекунад (ӯ, ки қодир бар эҷоди энергия ва барангехтани мурдагон аст), оё касе, ки осмонҳо ва заминро (бо ин ҳама азамате, ки доранд) офарида бошад, қудрат надорад (инсонҳои хокшударо дубора) ба гунаи худашон биофаринад? Оре, метавонад, чаро ки ӯ Офаридгори басе огоҳу доно аст» (Ёсин, 78-81).

Қуръон дар радди дастаи севум, ки зинда шудани мурдагонро хилофи суннати табиӣ медонанд, хитоб ба онҳо мефармояд: «Эй мардум, агар дар бораи зинда шудани (мурдагон) тардид доред, ба гӯшае аз қудрати Худо таваҷҷӯҳ кунед ва бидонед, ки Мо шуморо аз хок меофаринем. Сипас ин хок ба нутфа ва баъд нутфаро ба хуни бастаи (золумонанд) ва пас аз он ин хуни бастаро ба чизе шабеҳи як қитъаи гӯшти ҷавидашуда дармеоварем, ки бархе (комилу томулхилқат ва) ба сомон ва бархе (нотамому ноқисулхилқат ва) нобасомон аст. Ҳамаи инҳо ба хотири он аст, ки барои шумо равшан созем, ки мо бар офариниш, тағйир ва табдили ҳар гуна коре, (аз ҷумла бахшидани зиндагии дубора тавоноем) Мо ҷанинҳоеро, ки бихоҳем то замони худ дар раҳмҳо нигоҳ медорем ва он гоҳ шуморо ба сурати кӯдак (писар ё духтар аз шиками модар) берун меоварем, то ба рушди ҷисмонӣ ва ахлоқии худ бирасед.

Бархе аз шумо дар ин байн мемиранд ва баъзе аз шумо ба ниҳояти умр ва ғояти пирӣ мерасанд, то ба он ҷо, ки чизе аз улуми худро ба хотир нахоҳанд дошт ва дуруст монанди як кӯдак мешаванд. Далели дигаре бар қудрати Худо бар ҳама чиз, ба хусус дар бораи масъалаи қиёмат, ин аст, ки эй инсон, ту дар фасли зимистон заминро хомӯшу беҳаракат мебинӣ, аммо ҳангоме ки фасли баҳор фаро мерасад, бар он борон нозил мекунем, ҷунбишу ҳаракат дар он ба вуҷуд меояд ва рушду нумӯ мекунад ва анвоъи гиёҳони зебо ва шодибахшро мерӯёнад. Ва он чизҳое, ки дар бораи мароҳили мухталифи офариниши инсону ҷаҳон ва гиёҳон баён шуд, ба он хотир аст, ки бидонед Худо ҳақ аст ва ӯ мурдагонро зинда мегардонад ва вай бар ҳар чизе тавоно аст. Бидуни шак, қиёмат фаро мерасад ва ҷойи ҳеҷ гуна тардиде нест ва Худованд тамоми касонеро, ки дар гӯрҳо хобидаанд, дубора зинда мегардонад» (Ҳаҷ, 5-7).

Ин оят ба ду сурат далолат бар зинда шудани мурдагон ва субути рӯзи қиёмат менамоянд. Аввал ин ки касе худи инсонро аз хок ба вуҷуд оварда бошад, сипас ҷанинро аз марҳалаи нутфа то марҳалаи табдил шудан ба як инсони комил парвариш диҳад ва то замоне, ки мемирад, тамоми ниёзмандиҳои ӯро дар ихтиёраш бигузорад, чӣ тавр қодир нест муҷаддадан баъд аз марг ӯро зинда намояд?!

Дувум ин ки шумо ҳамеша ба чашми худ мебинед, ки Худованд мурдаро зинда менамояд, магар мулоҳиза намекунед, ки замин ҳарсола дар фасли муайяне мемирад ва қудрати чунбишу рушди худро аз даст медиҳад, вале баъд аз муддате Худованд боронро бар он нозил менамояд ва ҷон мегирад ва зинда мешавад ва гиёҳону гулҳои зебо аз он мерӯяд?!

Ва боз мефармояд:

﴿وَنَزَّلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ مُّبَٰرَكٗا فَأَنۢبَتۡنَا بِهِۦ جَنَّٰتٖ وَحَبَّ ٱلۡحَصِيدِ ٩ وَٱلنَّخۡلَ بَاسِقَٰتٖ لَّهَا طَلۡعٞ نَّضِيدٞ ١٠ رِّزۡقٗا لِّلۡعِبَادِۖ وَأَحۡيَيۡنَا بِهِۦ بَلۡدَةٗ مَّيۡتٗاۚ كَذَٰلِكَ ٱلۡخُرُوجُ ١١﴾ [ق: ٩، ١١]

«Аз осмон оби пурбаракатеро нозил кардаем ва ба он боғҳоро рӯёндаем ва донаҳои киштзорҳоеро баровардаем, ки дарав мегардад, то ба бандагони худ рӯзӣ бирасонем, Мо ба василаи оби борон сарзамини мурдаро зинда гардонидаем. (Оре, зинда шудани мурдагон ва) берун омадани онҳо аз гӯрҳои худ низ ҳамин гуна аст» (Қоф, 9-11).

Худованди мутаол ба ин оят истидлол бар субути ҳаёти баъд аз марг намуда аст ва мефармояд ҳамон гуна, ки гиёҳону дарахтон баъд аз нузули борон бар замин ва ҷунбиши замин сабз мешавад ва замин онҳоро тағзия мекунад, инсонҳо ҳам баъд аз марг муҷаддадан зинда мешаванд ва ба амри Худованд нерӯю қудрат мегиранд. Пас, чӣ тавр мегӯед зинда шудани мурдагон бар хилофи суннати табиат аст?

ХАВФУ ДАҲШАТИ ФАРОВОНИ ҚИЁМАТ

Худованди мутаол бо таваҷҷӯҳ ва инояти фаровон хавфи даҳшатҳои рӯзи қиёматро ба тасвир мекашонад ва нишон медиҳад, ки ба чӣ тарзе дар он рӯз хавфу даҳшат саросари ҷаҳони табиатро дар бар гирифта ва бар рӯҳу нафси инсон тасаллут ёфта ва вуҷудашро ба ларза меандозад ва мефармояд: «Ҳангоме, ки Офтоб дар ҳам печида мешавад, ситорагон тираю тор мегарданд ва фурӯ меафтанд, кӯҳҳо аз ҷойи худ барканда шуда ва ба ин сӯю он сӯ ронда мешаванд ва ҳангоме ки боарзиштарин амвол аз ҷумлаи шутурҳои обистане, ки даҳ моҳ аз ҳамли онҳо гузаштааст, ба дасти фаромӯшӣ супурда мешаванд, ҳангоме ки даррандагону ҷонварон гирдоварӣ шуда (ва хӯи даррандагиро аз тарс фаромӯш мекунанд), ҳангоме ки дарёҳо саросар барафрӯхта мегарданд, ҳангоме дубора ҷонҳо ба пайкарҳо баргардонида мешаванд ва бо ҳам ҷуфту ҳамроҳ мегарданд, ҳангоме ки аз духтари зинда ба гӯр шуда мепурсанд, ки ба сабаби кадом гуноҳ кушта шудааст ва ҳангоме ки номаҳои аъмол пахш ва кушода мешавад, ҳангоме ки осмон барканда мешавад, ҳангоме, ки дӯзах комилан барафрӯхта ва шӯълавар мегардад ва ҳангоме, ки биҳишт ба парҳезгорон наздик гардонида мешавад, оре, дар он мавқеъ ҳар касе медонад чӣ чизеро омода кардааст» (Таквир, 1-14).

Дар ин оят тамоми мазоҳири коинот дигаргуну мунқалиб нишон дода шудааст: офтоб аз ҷойи худ бардошта шуда ва нурашро аз даст дода, на нуре асту на шуъое, ситораҳои муназзаму тобнок пароканда гирдида ва торик гашта, кӯҳҳои собиту устувор аз ҷойи худ барканда шудаанд ва ба ҳаво пароканда ҳастанд; шутурҳои обистан, ки мавриди алоқа мебошанд, раҳо шуда ва касе эътиное ба онҳо надорад, бар ҷонварони ваҳшию дарранда тарсу даҳшат ғолиб шуда, ба тавре ки хӯи ваҳшигарию даррандагии худро аз даст додаанд ва бо ҳам ҷамъ шудаанд; дарёҳо боло омада ва ҳама яке гаштаанд ва рӯҳҳои ҷудошуда аз колбадҳо дубора ба баданҳо бозгардонида шудаанд, духтарҳое, ки бидуни ҷурму гуноҳ кушта шуда, зинда гардидаанд, то аз онҳо пурсида шавад ба чӣ гуноҳе зинда ба гӯр гаштаанд; номаи аъмоли одамон мунташир ва саркушода аст, то ба онҳо расидагӣ шавад ва мавриди ҳисобрасӣ қарор гиранд; осмон аз ҷойи худ бардошта шуда ва назму низоме надорад, оташи дӯзах барафрӯхта шуда ва комилан омода аст, биҳишт низ барои некӯкорон ва парҳезкунандагон муҳайё ва ҳозир аст. Дар ин рӯз, ки ҳама чиз дигаргун шудааст, ҳар кас бар аъмолу рафтори худаш огоҳ аст ва медонад чӣ кореро анҷом додааст, агар хайр бошад, хайр мебинад ва ба биҳишт меравад ва агар шар бошад, дучори бало ва бадбахтӣ мегардад ва ба ҷаҳаннам меравад.

Гоҳе Худованди мутаол танҳо мазоҳири табиатро нишон медиҳад, ки чӣ гуна хавфу даҳшат онҳоро ба ларза меоварад ва мефармояд: «Ҳангоме ки воқеаи азими қиёмат барпо шуд, ки омадани он қатъӣ ва ҷойи такзиб нест, он рӯз гурӯҳеро поин меоварад ва хору залил менамояд ва гурӯҳеро боло мебараду азизу сарфароз месозад, дар ин ҳангом аст, ки замин сахт ба такон ва ларза андохта мешавад ва кӯҳҳо ба шиддат дарҳам кӯбида мешаванд ва реза-реза мегарданд» (Воқиъа, 1-6).

Воқеаи азими қиёмат воқеъшуданӣ аст ва ҷое барои тардиду такзиб нест, дар он рӯз иддае хору залил мешаванд ва иддае ҳам ба мақоми болою сарбаландӣ мерасанд. Ин ҳодиса заминро ба такону ларза дармеоварад ва кӯҳҳоро аз ҷо меканад ва муталошӣ менамояд ва онҳоро дар ҳаво пароканда месозад. Гоҳе дар Қуръон даҳшату хавферо, ки танҳо бар нафси инсон ғолиб мешавад, мебинем. Худованд мефармояд: «Эй мардум, аз азобу иқоби Парвардигоратон битарсед. Воқеан, зилзила ва инфиҷори ҷаҳон ба ҳангоми ҳангомаи қиёмат чизе аст бисёр азиму ҳавлнок, рӯзе ки зилзилаи қиёматро мебинед, (ончунон ҳавлу ҳаросе сар то пойи мардумонро фаро мегирад, ҳатто) занони ширдеҳе, ки пистон ба даҳони тифли ширхори худ ниҳодаанд, кӯдаки худро раҳо ва фаромӯш мекунанд ва тамоми занони бордор сақти ҷанин мекунанд ва (ту, эй бинанда) мардумонро маст мебинӣ, вале дар ҳақиқат, маст нестанд, балки азоби Худо бисёр сахт аст» (Ҳаҷ, 1-2).

Ҳар зани ширдеҳе дар рӯзи қиёмат бачаи ширхори худро, ки бештар аз ҳар чиз ба он алоқаманд аст, фаромӯш ва раҳо мекунад ва зани ҳомила аз шиддати нороҳатию ваҳшат сақти ҷанин менамояд, мардум ба зоҳир маст ҳастанд, вале дар воқеъ, аз сахтии мавқеият ва даҳшату ваҳшат саргардонанд ва маст ба назар мерасанд. Дар ҷойи дигар мебинем, ки Худованд ваҳшату даҳшати қиёматро ба сурати дигаре тарсим мекунад ва мефармояд:

﴿فَإِذَا جَآءَتِ ٱلصَّآخَّةُ ٣٣ يَوۡمَ يَفِرُّ ٱلۡمَرۡءُ مِنۡ أَخِيهِ ٣٤ وَأُمِّهِۦ وَأَبِيهِ ٣٥ وَصَٰحِبَتِهِۦ وَبَنِيهِ ٣٦ لِكُلِّ ٱمۡرِيٕٖ مِّنۡهُمۡ يَوۡمَئِذٖ شَأۡنٞ يُغۡنِيهِ ٣٧﴾ [عبس : ٣٣، ٣٧]

«Ҳангоме ки садои ваҳшатноку гӯшхарош баромад, он рӯзе аст, ки инсон аз бародару модар ва падари худ мегурезад ва аз ҳамсару фарзандонаш фирор мекунад, дар он рӯз ҳар кадом аз онҳо вазъ ва гирифтории чунон бузурге дорад, ки ӯро ба худ саргарм мекунад ва аз ҳар чизи дигаре ғофил месозад» (Абаса, 33-37).

Оре, ваҳшату даҳшати қиёмат инсонро аз ҳар чизе ғофил месозад, ҳатто аз наздиктарини наздиконаш, ҳар касе ба дарди худ гирифтор аст ва ба андозае мушкилот дорад, ки натавонад ба фарёди дигарон гӯш фаро диҳад.

МУҶОЗОТ ВА ҲИСОБРАСӢ ДАР ҚИЁМАТ

Агар инсон ба атрофи худ назар андозад, мутаваҷҷеҳ мешавад, ки хайру шар ва некию бадӣ дар мубориза ва ҷидоли доимӣ ҳастанд ва фазоилу разоил бо ҳам дар набард мебошанд, ки дар ин мубориза бештар шар бар хайр ва ботил бар ҳақ пирӯзу ғолиб мегардад ва дар натиҷа инсон дар умри маҳдуди худ камтар натоиҷи аъмоли нек ё бади худро мебинад. Барои инсон сахту сангин аст, ки хайре беподош бимонад ва шар ҳам кайфару муҷозоте надошта бошад. Имону эътиқод ба вуҷуди Худои одил мӯҷиби ин итминон аст, ки ҳатман аҷру ҷазои хайру шар ба соҳибаш мерасад ва агар ин адолат дар дунё такмил нагардад, қатъан, дар ҷаҳони охират такмил хоҳад шуд.

Дар Қуръон оятҳои фаровоне вуҷуд дорад, ки собит менамояд инсон дар муқобили аъмоле, ки анҷом медиҳад, дар рӯзи охират ба ҳисоб кашида мешавад ва мавриди муҳосиба қарор мегирад. Бархе аз ин оятҳо бо инояти хос саҳнаҳои ҳисобрасиро ҳамроҳ бо ваҳшату даҳшати рӯзи қиёмат ба тасвир кашидаанд ва мефармояд: «Мепурсад: рӯзи қиёмат кай хоҳад буд? (Посухи эшон ин аст, ки) ҳангоме ки чашмҳо (аз шиддати ҳавлу ҳарос) саросемаю ошуфта мешавад ва Моҳ бенуру рушноӣ мегардад ва Офтобу Моҳ гирдоварӣ мегарданд. Инсон дар он рӯз хоҳад гуфт: роҳи гурез куҷо аст? Хайр, ҳеҷ гурезгоҳ ва паноҳгоҳе вуҷуд надорад. Дар он рӯз қароргоҳ (биҳишт ё дӯзах) дар дасти Парвардигори ту аст. Дар он рӯз инсонро огоҳ месозанд аз чизҳое, ки пешопеш фиристода аст ва аз чизҳое, ки барҷой гузоштааст. Аслан инсон худаш аз вазъи хеш огоҳ аст, дар ҳоле ки (ба забон) узрҳое барои (дифоъ) аз худ меоварад» (Қиёмат, 6-15).

Ин оятҳо, ки намоёнгари ваҳшат ва даҳшат дар саҳнаи ҳисобрасии қиёмат мебошанд, нишон медиҳанд, ки чашм хираю мутаҳаййир мегардад ва даҳшат бар он ғолиб мешавад, ба тавре ки аз шиддати ваҳшат қудрати диданро надорад, Моҳ нури худро аз даст медиҳад, Офтоб ва Моҳ, ки бо ҳолати муназзаме аз ҳам фосила доштанд, назмашон аз байн меравад ва бо ҳам ҷамъ мешаванд. Дар ин ҳолати пурхавфу даҳшат инсони саргаштаю тарсида мепурсад: магар ҷойи гурез ва паноҳгоҳе ҳаст? Ба ӯ ҷавоб медиҳанд: не, ҳеҷ паноҳгоҳе вуҷуд надорад ва бозгашти ҳама ба сӯйи Худо аст. Дар чунин рӯзи сахт ва пурхатар инсонро пешопеш фиристодааст ва аз чизҳое, ки бар ҷой гузоштааст, огоҳ месозанд ва ҳеҷ узру пӯзише аз ӯ пазируфта намешавад, дар ин рӯз инсон ба корҳои гузаштаи худ огоҳ аст.

Бори дигар мебинем, ки Қуръон саҳнаи ҳисобрасиро ба шеваи дигар нишон медиҳад ва мефармояд: «Ҳангоме ки замин сахт ба ларза андохта мешавад ва шикоф бармедорад ва гудозаҳои дарунӣ, дафинаҳо, мурдаҳо ва ҳама борҳои худро берун меандозад. Инсон мегӯяд: заминро чӣ шудааст? Дар он рӯз замин хабарҳои худро бозгӯ мекунад. Ва ба нутқ даромадани замин ба хотири он аст, ки Парвардигори ту ба он паём медиҳад, ки ба сухан дарояд. Дар он рӯз мардум даста-даста ва пароканда берун меоянд, то аъмоли худро мушоҳида кунанд, пас ҳар кас ба андозаи заррае кори некӯ карда бошад, онро хоҳад дид. Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, онро хоҳад дид» (Зилзила, 1-8).

Дар қиёмат замин ба ларза дармеояд ва тамоми ганҷинаҳо, дафинаҳо ва мурдагон аз даруни он берун андохта мешаванд ва инсон, ки аз мушоҳидаи чунин саҳнаҳо мабҳуту ваҳшатзада гаштааст мепурсад, чаро замин ба ларза даромада ва мӯҳтавиёти худро ба берун андохтааст? Ва Заамин, ки гӯё ба сурати як мавҷуди зинда даромада, дар ҷавоб мегӯяд: Худованд ба ӯ дастур додааст, то хароб шавад. Дар он рӯз мардум ба гурӯҳҳои пароканда тақсим мешаванд, дар ҳоле ки онҳоро водор месозанд, то ба мушоҳидаи аъмоли худ бипардозанд. Дар он рӯз маълум мегардад, ки хайру шар ҳар андоза ночизу хурд бошанд, ба ҳисоб оварда мешаванд ва гум нахоҳанд шуд.

Дар баъзе оятҳои Қуръон мебинем саҳнаи ҳисоб нишон дода шуда, бидуни он ки онро бо ҳавлу даҳшати қиёмат ҳамроҳ намояд, ҳамон гуна, ки мефармояд: «Замоне ки марги яке аз кофирон фаро расид, мегӯяд: Парвардигоро, моро ба дунё бозгардон, то кори шоистае бикунам ва фурсатҳое, ки аз даст додам, ҷуброн намоям. На, ҳаргиз боз гардонида намешавад ва ин сухане аст, ки ӯ бар забон меронад ва арзише надорад. Дар пеши рӯйи вай ҷаҳони барзах аст, то рӯзе, ки барангехта мешавад ва ҳангоме ки дар сур дамида шавад, ҳеҷ гуна хешовандӣ ва нисбате дар байни онҳо намемонад ва дар он рӯз касе аз ҳоли касе намепурсад, касоне, ки рафтору амали хайрашон сангину арзишманд бошад, фақат растагор онҳоанд. Ва касоне, ки рафтору амали хайрашон сабуку беарзиш бошад, эшон хештанро зиёнманд намудаанд ва дар дӯзахи ҷовидон хоҳанд монд» (Мӯъминун, 99-103).

Ин оятҳо бо нишон додани ҳолати эҳтизору марги кофирон ва эълони тавбаю пушаймонӣ ва дархости муроҷиати дубораи онҳо ба дунё барои ҷуброни корҳои баде, ки кардаанд, шурӯъ мешавад, вале Худованди мутаол дар радди ин дархости дархосткунанда кофирро мавриди хитоб қарор намедиҳад, балки хитоб ба оммаи мардум мефармояд: «Сухан ва дархосташ бемаъно ва бидуни арзиш аст».

Аз ин рӯ, ба он ҷавоб дода намешавад, ӯ дигар аз дунё хориҷ шуда ва марг монеи бозгашти ӯ аст ва бояд то рӯзи қиёмат дар олами барзах боқӣ бимонад. Вақте бо дамидан дар сур мардум аз рӯзи қиёмат хабардор шуданд, мурдагон аз гӯрҳо берун меоянд ва ончунон хавфу даҳшате бар ҳамагон мусаллат мешавад, ки наздиктарини наздиконро фаромӯш менамоянд, он гоҳ мизону тарозуи ҳисоб оварда мешавад ва некию эҳсон ва бадию фасоди ҳар инсоне санҷида мешавад. Агар паллаи хайри аъмоли ӯ сангинтар бошад, наҷот пайдо мекунад ва агар паллаи шарраш сангинтар бошад, бадбахт мегардад. Дар он рӯз Худованд инсонро ҳатто ба хотири нияти ӯ мавриди муҳосиба қарор медиҳад ва мефармояд:

«Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Худо аст, бинобар ин, агар он чиро, ки дар дил доред, ошкор созед ё пинҳон доред, Худованд шуморо тибқи он муҳосиба мекунад, сипас ҳар киро бихоҳад, мебахшад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва Худованд бар ҳамаи чиз тавоно аст» (Бақара, 284).

Инҳо бархе аз оятҳои Қуръон буданд, ки нишон медиҳанд инсон абас ва беҳадаф офарида нашудааст, то озод бошад ва ҳар кореро, ки дилаш бихоҳад, анҷом диҳад, балки дар муқобили ҷузъиёти рафтораш ба ҳисоб кашида мешавад, ҳамон гуна ки мефармояд: «Оё гумон бурдаед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва ба сӯйи Мо гардонида намешавед?» (Мӯъминун, 115).

Яъне, бо аъмоли худатон нишон медиҳед, ки мо шуморо беҳуда ва бе ҳисобу китоб офаридаем, вале ин тавр нест ва шумо муҳосиба мешавед, ба аъмоли неки шумо подош ва ба рафтори бади шумо кайфар дода мешавад.

НЕЪМАТҲОИ ҲИССӢ ВА МОДДИИ БИҲИШТ

Худованди мутаол барои макони пурнеъмате, ки некӯкорон дар қиёмат дар он иқомат доранд, номҳо ва исмҳои бешумореро зикр кардааст, ки лафзи ҷаннат беш аз ҳамаи онҳо дар Қуръон такрор шудааст. Маънои луғавии ҷаннат боғе аст пур аз дарахти хурмо ва дарахтони дигар, ки шохаҳои онҳо бо ҳам даромехта аст ва соя бар замин андохта ва заминро пӯшонидааст ва асли калимаи ҷаннат аз ҷанна ба маънои чизи махфӣ ва пӯшидашуда аст, ки чашм онро намебинад.

Номҳои дигаре, ки Қуръон барои он макон зикр кардааст, иборатанд аз: Доруссалом. Дорулхулд. Дорулмақом. Ҷаннатулмаъво. Ҷанноти адн. Ал-ҳайавон. Ал-фирдавс. Ҷаннотуннаим. Ал-мақомуламин.

Биҳишт ҷойи касоне аст, ки ба Худо имон овардаанд ва амали солеҳ анҷом додаанд ва ҷойи муттақиёну бандагони мухлиси Худо ва муҷоҳидони дар роҳи Худо бо молу ҷони худ мебошад ва низ ҷойи тавбакунандагон, обидон ва саногӯёни Худо ва шабзиндадорон, намозгузорон ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункаркунандагон аст. Ва Худованд биҳиштро барои касоне, ки дорои сифоти мавриди писанди худ бошанд, қарор додааст, то ба дарёфти ин подоши азим бо итминони қалбии бештар ва иродаи маҳкамтар ба аъмоли неки худ идома диҳанд. Муҳаққиқон дар бораи кайфияти неъматҳои биҳишт ва дарки лазоизи онҳо ихтилоф доранд. Бархе мӯътақиданд, ки неъматҳои биҳишт ва лазоизи мавҷуд дар он куллан моддию ҳиссӣ ва ҷисмонӣ аст ва баъзе дигар монанди сӯфия ва фалосифа мӯътақиданд, ки неъматҳои биҳишт моддӣ нестанд, балки комилан рӯҳӣ ва маънавӣ мебошанд. Ва фақат барои таъбири ин неъматҳо аз алфози марбут ба моддиёт истифода шудааст ва илло неъматҳои моддию ҳиссӣ дар биҳишт мавҷуд нест, вале мо назари дигареро тарҷеҳ медиҳем, ки мӯътақид аст бархе аз неъматҳои биҳишт моддӣ ва бархе маънавӣ ва рӯҳӣ ҳастанд. Ин назари ахир аз Қуръони карим фаҳмида мешавад. Чанд оятро дар зер меоварем, ки баъзе аз он неъматҳои моддиро баён медорад ва бархе ҳам неъматҳои маънавиро тазаккур медиҳад.

ҶӮЙБОРҲОИ БИҲИШТ

﴿مَّثَلُ ٱلۡجَنَّةِ ٱلَّتِي وُعِدَ ٱلۡمُتَّقُونَۖ فِيهَآ أَنۡهَٰرٞ مِّن مَّآءٍ غَيۡرِ ءَاسِنٖ وَأَنۡهَٰرٞ مِّن لَّبَنٖ لَّمۡ يَتَغَيَّرۡ طَعۡمُهُۥ وَأَنۡهَٰرٞ مِّنۡ خَمۡرٖ لَّذَّةٖ لِّلشَّٰرِبِينَ وَأَنۡهَٰرٞ مِّنۡ عَسَلٖ مُّصَفّٗىۖ وَلَهُمۡ فِيهَا مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ وَمَغۡفِرَةٞ مِّن رَّبِّهِمۡۖ كَمَنۡ هُوَ خَٰلِدٞ فِي ٱلنَّارِ وَسُقُواْ مَآءً حَمِيمٗا فَقَطَّعَ أَمۡعَآءَهُمۡ ١٥﴾ [محمد : ١٥]

«Васфи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шудааст, ин аст, ки дар он рӯдборҳое аз оби зулол аст, ки бадбӯ нагаштааст ва рӯдборҳое аз шир аст, ки таъму маззаи он мутағаййир нашудааст ва рӯдборҳое аз шароб аст, ки саропо лаззат барои нӯшандагон аст ва рӯдборҳое аз асал аст, ки холису тасфия шудааст, дар он ҷо онҳо ҳар гуна мевае доранд ва болотар аз ҳама аз омурзиши Парвардигорашон бархурдоранд» (Муҳаммад, 15).

Ин оят наҳрҳои об, ширу шароб ва асали биҳиштро тавсиф менамояд ва эълом мекунад, ки неъматҳои биҳишт фаровон ва беҳадду ҳисоб мебошанд ва неъматҳое, ки инсон дар дунё дар орзуи онҳо буд ва барои расидан ба онҳо талош мекард ва баъд ба миқдори каме ба онҳо дастрасӣ пайдо мекард, акнун дар биҳишт ба фаровонӣ мавҷуд аст ва дарёе аз онҳо дар ихтиёри ӯ мебошад ва аз тарафе навъу кайфияти ин неъматҳо дар ҳадди аълои худ қарор дорад, ки ба дур аз ҳар нақсу айбе мебошад ва болотар аз ҳама биҳиштиён аз лутфу муҳаббати Парвардигор ҳам бархурдоранд ва мефармояд: «Дар рӯзи қиёмат Худованд мефармояд: имрӯз рӯзе аст, ки танҳо дурустии кирдор ва ростии гуфтори ростгӯён ба онҳо суд мерасонад. Барои онҳо боғҳое аст, ки дар зери дарахтони онҳо ҷӯйборҳо равон аст. Эшон дар он ҷо ҷовидона мемонанд. Худованд аз онҳо хушнуд ва эшон ҳам аз Худованд хушнуданд. Ин аст пирӯзии бас бузург». (Моида, 119).

Худованд боғҳоеро барои муттақиён тавсиф менамояд, ки пур аз дарахти хурмо ва дигар ашҷор аст, ки ҷӯйборҳо дар зери онҳо ҷорӣ мебошанд, зеро босафотарин боғҳо он аст, ки пурдарахт ва об дар зери дарахтҳои он равон бошад.

ДАРАХТОН ВА МЕВАИ ДАРАХТОНИ БИҲИШТ

«Мужда бидеҳ ба касоне, ки имон овардаанд ва кирдори нек анҷом додаанд, инак эшон дорои боғҳое ҳастанд, ки дар зери дарахтони онҳо ҷӯйборҳо равон аст, ҳар гоҳ баъзе аз меваҳои онҳо ба эшон ато шавад, гӯянд бештари ин меваҳо насибамон гашта буд ва ҳамсони онро овардаанд ва дар он ҷо ҳамсарони поку беайб дошта ва дар он ҷо ҷовидон хоҳанд монд» (Бақара, 25).

Расули Худо дастур дод, то ин хабари масарратоварро ба мусулмонҳо бидиҳанд, ки Худованд боғҳои мевае барои онҳо муҳайё кардааст, ки ҷӯйборҳо дар зери дарахтони онҳо ва қасрҳояшон ҷорию равон аст. Ҳар гоҳ меваеро аз меваҳои дарахтони ин боғҳо ба онҳо ато кунад, мегӯянд шабеҳи инҳоро дар дунё доштем. Албатта, меваҳои биҳишт фақат аз лиҳози навъу ранг ба меваҳои дунё монандӣ доранд, аммо аз лиҳози таъму лаззат комилан бо ҳам фарқ доранд ва меваҳои биҳишт лаззизтаранд. Мӯъминон дар биҳишт дорои ҳамсароне ҳастанд, ки поку беайб ва сокинони он дар он ҷо ҷовидонанд. Худо дар васфи биҳишт мефармояд: «Сояҳои дарахтони биҳишт бар онҳо фурӯ афтад ва меваҳои он ҷо саҳлулвусул ва дар дастрас аст. Мӯъминон дар биҳишт дар неъмати комил қарор доранд ва сояҳо бар сари онҳо густардааст, ҳатто чидани мева онҳоро азият намекунад» (Инсон, 14).

ХӮРОКИҲО ВА НӮШИДАНИҲОИ БИҲИШТ

Худованд дар тавсифи неъматҳои биҳишт, ки махсуси бандагони мӯъмин ва мухлиси ӯ аст, мефармояд: «Эй бандагони парҳезкори ман! Имрӯз биме бар шумо нест ва ғаму андӯҳе надоред. Он бандагоне, ки ба оятҳои мо имон овардаанд ва мусулмону мутеи Парвардигори худ будаанд, шумо ва ҳамсаронатон дохили биҳишт шавед ва дар он шодмону шодком ва боиззат хоҳед буд. Бар эшон ҷомҳою косаҳои заррин ба гардиш андохта мешавад ва ҳарчи дил бихоҳад ва чашм аз он лаззат барад, дар биҳишт вуҷуд дорад ва шумо дар он ҷо ҷовидон хоҳед буд. Ин биҳиште аст, ки ба сабаби корҳои неке, ки кардаед, ба он даст ёфтаед. Дар он ҷо бароятон меваҳои фаровону гуногун мавҷуд аст, ки аз онҳо мехӯред» (Зухруф, 68-73).

Худованд дар рӯзи қиёмат бандагони солеҳи худро фаро мехонад, ки аз ҳеҷ азобе бим надошта бошанд ва барои дунё ҳам дилтангӣ накунанд, чаро ки Худованд боғҳои пурнеъмате барои онҳо ва ҳамсаронашон омода карда ва аъмоли неки эшонро подош медиҳад ва неъматҳоро якояк тавсиф менамояд. Аз косаҳои тиллоии пур аз таомҳо ва нӯшиданиҳои бисёр лазиз ном мебарад ва бо ҷумлаи ҷомеъ ва мӯъҷаз ба эшон мегӯяд: ҳарчи дилатон бихоҳад ва чашматон аз он шоду муталаззиз гардад, дар биҳишт барои шумо омода аст ва неъматҳои он доимӣ аст ва монанди неъмати дунё аз байн рафтанӣ нестанд.

Боз Худованд дар бораи рӯзӣ ва ризқи аҳли биҳишт мефармояд: «Магар бандагони мухлиси Худо, ки Парвардигорашон аз лағзишҳояшон дармегузарад ва эшонро ризқи махсус ва муайяне аст, баъзе меваҳои рангоранг ва онҳо мӯҳтарам ва болаззат, дар миёни боғҳою бӯстонҳои пурнеъмати биҳишт ба сар мебаранд, болои тахтҳое ороста ва музайян рӯ ба рӯйи ҳам менишинанд, қадаҳҳои пуршуда аз ҷӯйбори ҷории шароб гирдогирди онҳо дар гардиш аст, шаробе аст сафедранг ва болаззату гуворо барои нӯшандагон, ки монанди шароби дунё на табоҳию гирифторӣ ва мазаррате дар он ҳаст ва на касоне, ки онро менӯшанд, ба ҳолати сардард ва таҳаввуъ дармеоянд» (Соффот, 40-47).

Бандагони мухлиси Худо дар қиёмат аз ҳамаи неъматҳои поку лазиз баҳраманд ҳастанд ва меваҳои фаровону болаззат дар ихтиёр доранд ва ба унвони эҳтиром ин неъматҳоро барои онҳо мебаранд ва бар тахтҳои музайян рӯ ба рӯйи ҳам менишинанд ва бо беҳтарин шаробе, ки бисёр лаззатбахш ва рангаш сафед аст, мавриди пазироӣ воқеъ мешаванд ва ба хилофи шароби дунё, ки боиси нороҳатӣ ва заволи ақл аст, шароби биҳишт аз ҳар айбу зараре ба дур аст.

ЛИБОСҲОИ БИҲИШТ ВА АСБОБҲОИ ОРОИШИИ ОН

«Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, мо ба эшон подош медиҳем ва подоши касеро ҳадар намедиҳем, ки кори нек карда бошад. Онҳо касоне ҳастанд, ки биҳишти ҷовидон аз эшон аст, биҳиште, ки дар зери қасрҳо ва дарахтони он ҷӯйборҳо равон аст, бо дастбандҳои тилло ороста мешаванд ва либосҳои сабзранги фохира аз навъи ҳарири нозук ва ғафс мепӯшанд, дар ҳоле ки бар тахтҳо ва мебелҳо (ҷиҳозҳо) такя задаанд. Ба ростӣ, чӣ подоши хубе! Ва чӣ манзилу мақарри зебое аст!» (Каҳф, 30-31).

Бандагони мухлиси Худо доимӣ дар биҳишт мемонанд ва неъмату баракати Худованд ба шеваҳои гуногун онҳоро дар бар мегирад ва ҳарчи мояи лаззату шодӣ аст, ба монанди бозубанди тилло ва либоси зинатии сабзранги ҳарир, дар ихтиёрашон мебошад. Ба ростӣ, подоши бисёр боарзишеро дарёфт медоранд.

МАНОЗИЛИ БИҲИШТ ВА ҚАСРҲОИ ОН

«Худованд ба мардону занони мӯъмин биҳиштро ваъда додааст, ки дар зери дарахтону қасрҳои он ҷӯйборҳо равон аст ва ҷовидона дар он мемонанд ва манзилҳои покеро дар биҳишти ҷовидон ба онҳо ваъда додааст, хушнудӣ ва ризояти Худо барои бандагон болотар аз ҳар чиз аст ва пирӯзии бас бузург танҳо ҳамин аст» (Тавба, 72).

Худованд бандагони худро аз ҳар лиҳоз мавриди меҳру муҳаббат қарор медиҳад ва масканҳою манзилҳои хубу пок ба онҳо ато менамояд ва мӯъминон бо сукунат дар онҳо дар шодию шодкомӣ ҳастанд, чаро ки дорои тамоми васоили зинатӣ ва рафоҳӣ мебошанд.

Ва дар бораи ғурфаҳо ва қасрҳои биҳишт чунин мефармояд

«Аммо касоне, ки аз азоби Парвардигорашон бипарҳезанд, онҳо дар биҳишт беҳтарин ҷой доранд ва дорои қасрҳою кохҳое ҳастанд, ки болои якдигар сохта шудаанд ва дар зери онҳо ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Ин ваъдаро Худо медиҳад ва Худо хилофи ваъда намекунад» (Зумар, 20).

ЗАНОН ВА ҲУРОНИ БИҲИШТ

Худованд дар Қуръон занонро зикр карда, то мардум бидонанд, ки зану мард дар истеҳқоқ ва шоистагии дарёфти подоши амали нек бо ҳам мусовӣ ҳастанд ва занон ҳам аз неъматҳое, ки мардон дар қиёмат аз онҳо бархурдоранд, баҳраманд мебошанд ва мефармояд: «Касе, ки аъмоли шоиста анҷом диҳад ва мӯмин бошад, хоҳ мард бошад, ё зан, чунин касон дохили биҳишт мешаванд» (Нисо, 124).

Ва Худованд мефармояд мардон дар биҳишт бо ҳамсаронашон ҳамроҳ ҳастанд: «Мардон бо ҳамсаронашон дар зери сояҳо бар тахтҳо ва курсиҳо такя задаанд» (Ёсин, 56).

Ва бо хитоб ба муттақиён ва некӯкорон дар рӯзи қиёмат мефармояд: «Эй парҳезгорон, шумо ва ҳамсаронатон вориди биҳишт шавед, шодмону шодком мешавед» (Зухруф, 70).

Дар Қуръон неъматҳое зикр шудааст, ки Худованд онҳоро махсуси муттақиён қарор дода ва мефармояд:

﴿كَذَٰلِكَ وَزَوَّجۡنَٰهُم بِحُورٍ عِينٖ ٥٤﴾ [الدخان: ٥٤]

«Биҳиштиёни муттақӣ ба андозае мӯҳтараманд, ки ба тавсиф дарнамеоянд ва занони биҳиштии сиёҳчашми калонро низ ба ҳамсарии онҳо дармеоварем» (Духон, 54).

«Ҳур» ҷамъи ҳавро аст, ки ба маънои дӯшизае аст ҷавону зебо ва сафедранг ва бисёр сиёҳчашм. Ва боз дар ин бора мефармояд: «Дар биҳишт духтарҳои биҳиштии зебою сафедранг ва бисёр сиёҳчашм ҳастанд, ки аз хаймаҳои худ берун намеоянд ва тамоми ишқу муҳаббаташон мутаваҷҷеҳи шавҳаронашон аст ва бегонаеро намебинанд, то васваса шаванд» (Ар-Раҳмон, 72).

Оё мақсуд аз ҳурулъин занони дунё аст, ё ғайри занони дунё. Худованд дар васфи ҳурулъин мефармояд:

﴿ إِنَّآ أَنشَأۡنَٰهُنَّ إِنشَآءٗ ٣٥ فَجَعَلۡنَٰهُنَّ أَبۡكَارًا ٣٦ عُرُبًا أَتۡرَابٗا ٣٧﴾ [الواقعة: ٣٥، ٣٧]

«Мо онҳоро дар оғози кор ба ин шакли зебою дилрабо падидор кардаем ва эшонро дӯшизагоне сохтаем, ки (пас аз омезиш бакорати худро боз меёбанд) шефтагони ҳамсари худ мебошанд ва ҳама ҷавону зебо ва ҳамсинну сол ҳастанд» (Воқиъа, 35-37).

Ривоят шуда, ки пиразане пеши Пайғамбар (с) рафт ва гуфт: «Эй Расули Худо, бароям дуо кун, ки Худованд маро вориди биҳишт кунад». Пайғамбар (с) фармуд: «Эй модари фалонӣ, ҳеҷ пиразане вориди биҳишт намешавад». Вақте пиразан сухани Пайғамбар (с)-ро шунид, дар ҳоле ки мерафт, гиря мекард. Пайғамбар (с) фармуд: «Ба ӯ хабар диҳед, ки ба ҳолати пирӣ дохили биҳишт намешавад, балки ҳар касе вориди биҳишт шавад, ҷавон мегардад» (Ривояти Байҳақӣ ва дигар имомони ҳадис).

Ва Худованд мефармояд: «Мо онҳоро ба ин шакли зебо ва дилрабо (даровардаем) ва ба сурати дӯшиза даровардаем» (Воқиъа, 35-37).

Бо таваҷҷӯҳ ба маънои ҳадиси фавқ мақсуд аз ин оят ин аст, ки занҳои пири дунё дар қиёмат ба лутфи Парвардигор ба сурати дӯшизагони зебою ҷавон ва сафедрангу сиёҳчашм дармеоянд. Онҳо неъматҳои моддию махсусе ҳастанд, ки Қуръон ба зикри онҳо пардохтааст ва душманони Ислом онро василаи таън бар Ислом қарор дода ва гумон мекунанд, ки дин модда ва лаззатҳои моддӣ ва шаҳвонӣ аст ва нисбат ба неъматҳои маънавӣ ва лазоизи рӯҳӣ чизе нагуфтааст.

Аммо ҳақиқат ин аст, ки ҳамон тавре ки баъдан баён менамоем, Ислом ба неъматҳо ва лазоизи рӯҳию маънавӣ ҳам эҳтимоми фаровон варзидааст ва ин масеҳият аст, ки танҳо ба неъматҳои ҳиссӣ дар қиёмат ишора мекунад ва нишон медиҳад, ки анбиё ва муқаддасон ризояти Худо аз бандагонашро ба сурати ҳиссӣ тасвир намудаанд ва онро танҳо бо авсофи моддӣ тавсиф кардаанд[35]

Аз тарафи дигар, иддае аз муҳаққиқони исломӣ ақида доранд неъматҳои моддӣ, ки дар Қуръон зикр шуда ба манзури расидан ба лазоиз ва оромиши рӯҳӣ аст, чун тафҳиму нишон додани лаззати рӯҳӣ ва маънавӣ бидуни тағйири он бо алфози моддӣ барои аксари мардум ғайримумкин аст ва аксари мардум наметавонанд ва ин истеъдодро надоранд, ки лаззати маънавию рӯҳиро дарк кунанд, магар ин ки дар либоси махсус (даркшаванда) бар эшон нишон дода шавад ва танҳо дар он сурат аст, ки онро мефаҳманд.

Бояд бигӯем, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, динро танҳо барои иддаи бисёр маъдуде аз файласуфон, донишмандон ва ашхоси мумтоз наёвардааст, балки барои тамоми мардум ва барои тамоми касоне оварда, ки дунёро бо ҳавоси зоҳир мушоҳида менамоянд. Бинобар ин, лозим аст, ки бо забони онҳо ва дар мизону ҳадди дарку фаҳми эшон сухан бигӯяд. Ба назди як араби гурусна чӣ чизе беҳтар, гуворотар ва ё мувофиқтар бо табъи ӯ аз боғҳое аст, ки ҷӯйборҳое дар он ҷорӣ ва рӯдборҳои обу шир ва асал дар он равон бошад, ӯ чизе орзу намекунад ҷуз ин ки меваҳои фаровон дар ихтиёр дошта бошад ва дар ҷое бошад, ки ҳамеша сарсабз бошад ва дарахтони пурсамарро дар атрофи худ бибинад. Чунин шахс наметавонад неъматеро тасаввур кунад, ки дорои ин хусусиятҳо набошад.

НЕЪМАТҲОИ РӮҲӢ ВА МАЪНАВИИ БИҲИШТ

Оре, неъматҳои биҳишт дар Қуръон танҳо моддӣ нестанд, балки неъматҳои рӯҳӣ ва маънавии фаровоне дорад, ки Қуръон онҳоро баён дошта, ки мо ба баёни онҳо мепардозем.

НЕЪМАТҲОИ БИҲИШТ БО НЕЪМАТҲОИ ДУНЁ ШАБОҲАТ НАДОРАНД

Шайх Муҳаммад Абду дар тафсири сураи «Ғошия» чунин мегӯяд: «Дар ҷаҳони охир рушди ҷисмӣ вуҷуд надорад ва мавод ба таҳлил намеравад, ҳамон гуна, ки дар дунё баданҳо рушд мекунанд ва сипас ба таҳлил мераванд, чаро ки ҷаҳони охират ҷаҳони субуту давом аст ва неъматҳою лазоизи он рӯҳӣ ва саодатовар ҳастанд ва ранҷу нороҳатиҳои он машаққати маънавӣ ва шақовар мебошанд. Тамоми он чи дар он олам вуҷуд дорад, шабеҳи чизҳое ҳастанд, ки дар дунё вуҷуд дорад, вале айни онҳо нестанд ва он чи дар ин сура («Ғошия») ва дигар сураҳо дар бораи неъматҳои моддӣ монанди қадаҳҳои чидашуда ва муттакоҳои ба сафкашидашуда ва фаршҳои густурда ва дигари чизҳо ва васоилу асосияҳое, ки дар манзили сарватмандон вуҷуд дорад, омадааст, фақат ба хотири ин аст, ки неъмату лаззат, оромиш ва рифоҳро дар биҳишт барои мардум ба тасвир мекашад ва илло дар байни неъмати биҳишт ва неъматҳои дунё ба ҷуз мушобаҳати зоҳирӣ ҳеҷ иттиҳод ва айнияте мавҷуд нест».

Шайх Муҳаммад Абду гуфтаи худро аз ин фармудаи Пайғамбар (с), ки аз Парвардигораш нақл мекунад, гирифтааст, ки аз қавли Худо мефармояд: «Барои бандагони дурусткори худ чизҳоеро омода кардам, ки на чашме онҳоро дида ва на гӯше онҳоро шунида ва на бар қалби касе хутур кардааст» (Бухорӣ ва Муслим).

Абӯҳурайра, ки ровии ин ҳадис аст, мефармояд: барои тасдиқи ин ҳадис агар моил ҳастед, ин оятро бихонед, ки онро таъйид мекунад:

﴿فَلَا تَعۡلَمُ نَفۡسٞ مَّآ أُخۡفِيَ لَهُم مِّن قُرَّةِ أَعۡيُنٖ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ١٧﴾ [السجدة : ١٧]

«Ҳеҷ кас намедонад, ки дар баробари корҳои шоистае, ки анҷом медиҳад, чи чизҳое шодиофарину масаррат барояш бахше пинҳон шудааст» (Саҷда, 17).

ЛИҚОИ АЛЛОҲ ВА ШАРАФЁБӢ БА ҲУЗУРИ ЗОТИ АЛЛОҲ

Яке аз далоиле, ки исботи ин ки неъматҳои биҳишт маҳдуд ба моддиёт нест, ин аст, ки Худованд мефармояд: «Болотарин ҳадафи ҳаёту зиндагии инсон ба даст овардани лаёқат ва шоистагии ташриф ба ҳузури Худо аст: «Эй инсон, ту ба сахтӣ дар талош ҳастӣ, то бо аъмоли шоиста битавонӣ ба ҳузури Худо мушарраф шавӣ ва мушарраф хоҳӣ шуд» (Иншиқоқ, 6).

Худованди мутаол таслим дар муқобили зиндагии дунё ва эътимоду итминон ба он ва қонеъ шудан ба он ва адами таваҷҷӯҳ ба ҳаёту зиндагии боарзиштар ва мутараққии охиратро ба боди интиқод мегирад ва мефармояд: «Мусалламан, касоне, ки дидори Моро интизор намекашанд ва ба зиндагии дунявӣ басанда мекунанд ва ба ин ҷаҳон дил мебанданд ва аз оятҳои Мо ғофил ва бетаваҷҷӯҳ мемонанд, чунин ашхос ҷойгоҳашон дӯзах аст, ба сабаби корҳое, ки мекунанд» (Юнус, 7-8).

Ва Худованд ҷазои касонеро, ки интизори лиқои ӯро надоранд, баён мекунад ва мефармояд: «Аммо Мо касонеро, ки мӯътақид ба мулоқоти Мо нестанд, ба ҳоли худ раҳо месозем, то дар саркашию нофармонии худ саргардон шаванд» (Юнус, 11).

Ва Худованд мусулмонҳоро ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунад, ки роҳи расидан ба мулоқоти Худо ва наздикӣ ба ӯ танҳо амали шоиста ва қарор надодани шарик барои Аллоҳ аст ва мефармояд: «Касе, ки орзу дорад ба мулоқоти Парвардигораш бирасад, бояд корҳои некро анҷом диҳад ва ҳеҷ касро ба унвони шарику анбози Худованд барнагузинад» (Каҳф, 110).

Ин оятҳо нишон медиҳанд, ки лиқои Аллоҳ болотарин ҳадафе аст, ки инсон бояд барои он дар талош бошад, лиқои Аллоҳ як неъмат ва лаззати рӯҳӣ аст, ки ҳеҷ лаззате бо он баробар шуда наметавонад.

ДИДАНИ ХУДОВАНД ДАР ҚИЁМАТ

Худованд дар Қуръон баён медорад, ки дар биҳишт як неъмату лаззати рӯҳӣ ва маънавӣ вуҷуд дорад, ки фавқи лаззатҳои ҳиссӣ ва оддии он аст, ки иборат аз мушоҳида ва назар ба сӯйи Зоти Аллоҳ аст: «Худованд ба сӯйи сарои амн ва мавриди итминон даъват мекунад ва ҳар касро бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Касоне, ки корҳои некӯ мекунанд, манзалати некӯ (биҳишт) аз они эшон аст ва афзун бар он доранд ва ғубори ғаму андӯҳ ва парешонӣ бар рӯйи эшон намешинад ва зиллату расвоӣ намебинанд. Онҳо аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он мемонанд» (Юнус, 25-26).

Калимаи ҳусно даро ояти фавқ ба маънои биҳишт ва калимаи зиёдатун ба маънои мушоҳида ва назар ба сӯйи Зоти Аллоҳ аст. Аз Суҳайб саҳобии Пайғамбар (с) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) вақте ин оятро «Касоне, ки корҳои некӯ мекунанд, манзалати некӯ аз они эшон аст ва афзун бар он доранд» қироат кард, фармуд: «Вақте аҳли биҳишт дохили биҳишт ва аҳли дӯзах вориди он шуданд, мунодие нидо мекунад ва мегӯяд: «Эй аҳли биҳишт, Худованд ба шумо ваъдае додааст, мехоҳед, ки ин ваъдаро дар ҳаққи шумо анҷом диҳад?» Мегӯянд: «Чӣ ваъдае аст? Магар тарозуи ҳасаноти моро сангин накарда, рӯйи моро сафед нагардонида ва моро дохили биҳишт нанамуда ва моро аз дӯзах наҷот надода?» Пайғамбар (с) фармуд: «Дар ин ҳангом Худованд ҳиҷобро кашф мекунад ва матаҷаллӣ мешавад ва аҳли биҳишт ба сӯйи зоташ нигоҳ мекунанд. Қасам ба Худо, тамоми неъматҳое, ки Худованд ба онҳо бахшида, ба андозаи назаре ба сӯйи Худо барои эшон маҳбуб, лаззатбахш ва шодкунанда нест» (Ривояти Муслим).

Худованди мутаол дидани худро дар қиёмат дар ин оят эълом ва собит намуда ва мефармояд:

﴿كَلَّا بَلۡ تُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ ٢٠ وَتَذَرُونَ ٱلۡأٓخِرَةَ ٢١ وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٖ نَّاضِرَةٌ ٢٢ إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةٞ ٢٣﴾ [القيامة: ٢٠، ٢٣]

«Чунин нест, аслан шумо дунёи гузароро дӯст доред ва охиратро раҳо месозед. Дар он рӯз чеҳраҳое шодобу шодонанд ва ба Парвардигори худ менигаранд» (Қиёмат, 20-23).

Худованди мутаол дар рӯзи қиёмат аз байни худ ва бандагони некӯкораш ҳиҷоби кибриёиро бармедорад ва ин бандагон ба мушоҳидаи Зоти Аллоҳ шарафёб мешаванд ва ин мушоҳида ва рӯъят як лаззати маънавӣ ва неъмати рӯҳӣ аст, ки ҳеҷ як аз лазоизи моддӣ дар баробари он арзиш надорад.

РИЗО ВА ХУШНУДИИ ЗОТИ АЛЛОҲ ДАР ҚИЁМАТ

Далели дигаре бар ин ки баъзе аз неъматҳои биҳишт рӯҳӣ ва маънавӣ аст, ин аст ки Худованд эълом медорад, ки хушнудӣ ва ризояти Худо аз бандагонаш аз неъматҳои бисёр боарзише аст, ки хоси мӯъминон аст ва ин неъмат хеле боарзиштар аз неъматҳои ҳиссӣ мебошад ва мефармояд: «Худованд ба мардону занони мӯъмин биҳиштро ваъда додааст, ки дар зери он ҷӯйборҳо равон аст ва ҷовидона дар он мемонанд ва масканҳои покеро дар биҳишти ҷовидон ба онҳо ваъда додааст ва хушнудии Худо болотар аз ҳар чизе аст ва пирӯзии бузург ҳамин асту бас» (Тавба, 72).

Худованди мутаол ибтидо неъматҳои ҳиссиро дар ин оят баён доштааст ва баъдан эълом медорад, ки хушнудии Худо аз ҳамаи инҳо болотар аст ва мефармояд бас азим аст, яъне неъматҳои рӯҳӣ болотар ва боарзиштар аз неъматҳои ҳиссӣ ҳастанд.

Расотарин далеле, ки дар бораи неъмати рӯҳӣ дар Қуръон мебинем, нидое аст, ки дар рӯзи қиёмат Худованди мутаол хитоб ба бандагони некӯкори худ мефармояд: «Эй инсони осудахотир ва дорои оромиш, ба сӯйи Парвардагорат бозгард, дар ҳоле ки ту хушнудӣ ва Худо ҳам аз ту хушнуд аст ва ба миёни бандагонам даро ва аз зумраи эшон бош» (Фаҷр, 27-30).

Ин нидо хитоб ба нафси мутмаинна ва оромёфтаю розӣ ба савоби Худо ва қароргирифта дар зумраи бандагони солеҳи Худо аст, ки як неъмат ва лаззати бас азими рӯҳӣ ва як саодати маънавӣ аст, ки ҳеҷ неъмате ба пояи он намерасад ва дар ҳамин замина Худованд мефармояд:

﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ سَيَجۡعَلُ لَهُمُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وُدّٗا ٩٦﴾ [مريم: ٩٦]

«Бегумон, онҳое, ки имон оварда ва корҳои шоистае анҷом додаанд, Худованди меҳрубон онҳоро дӯст медорад ва муҳаббати эшонро ба дилҳо меафканад» (Марям, 96).

Ин оят баёнгари як неъмати рӯҳӣ аст, ки иборат аз иртиботу муҳаббат ва алоқаи шадид байни Худованду бандагонаш мебошад ва ин амр худ як неъмату лаззати рӯҳӣ аст, ки неъматҳои моддӣ дар баробари он ночиз аст.

БИҲИШТ ДОРУССАЛОМ АСТ

Далели дигаре бар вуҷуди неъматҳои маънавӣ ва рӯҳӣ дар биҳишт ин аст, ки Худованд биҳиштро ба Доруссалом ва ҷойи амну оромиш, ки сокинонаш дар саломатию итминон ҳастанд, тавсиф менамояд ва мефармояд аҳволпурсии онҳо калимаи салом аст ва фариштагон бо салом бо эшон сухан мегӯянд. Худованд дар тавсифи биҳиште, ки ба бандагони солеҳи худ ваъда дода, мефармояд: «Барои парҳезкорон манзили амну ором ва солим аз ҳар айбе пеши Худо вуҷуд дорад» (Анъом, 127).

Худованд зиндагии мӯъминонро дар баҳишт бо калимаи салом ба маънои амну ором тавсиф мекунад ва мефармояд: «Бегумон, касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, Парвардигорашон онҳоро ба сабаби имон раҳнамудашон менамояд ва ба баҳишт ноилашон мефармояд, ки ҷӯйборҳо дар зери кохҳои эшон дар баҳишти босафо ва пурнозу неъмат равон аст. Дар биҳишт дуои мӯъминон ин аст: Парвардигоро, ту муназзаҳ аз ҳар айбӣ; ва дуруди онҳо дар биҳишт нисбат ба ҳамдигар салом аст; ва хатми дуо ва гуфторашон шукру сипос Парвардигори ҷаҳонро сазост мебошад» (Юнус, 9-10).

Ин оят ба мо нишон медиҳад, ҳарчи дар биҳишт аст, амну саломатӣ ва оромиш аст ва ин худ аз бузургтарини неъматҳои рӯҳӣ аст ва Худованд дар мавриди саломи фариштагон бар мӯъминон мефармояд: «Оқибати некӯкорон боғҳои биҳишт аст, ки ҷовидонӣ аст ва онҳо ҳамроҳи падарону фарзандон ва ҳамсарони худ, ки солеҳ бошанд, ба он ҷо ворид мешаванд ва фариштагон аз ҳар сӯй бар онҳо ворид меоянд ва ба онҳо мегӯянд: Салом ва ба саломату хушӣ ба сар мебаред, ба сабаби сабру шикебоие, ки доштед. Аҷаб поёну оқибати хубу пурхайре аст» (Раъд, 23-24).

Аз маҷмӯи ин оятҳо маълум гардид, ки ҳаёту зиндагии охират саропо амну эътимод ва итминону саломат ва оромиши рӯҳию маънавӣ аст, ки аз ҳар неъмати моддӣ беҳтару болотар аст.

Ин далоил бар исботи лаззат ва неъмати маънавӣ дар охират ва ибтоли гумону иттиҳомоти онҳое, ки мегӯянд, Ислом неъматҳои қиёматро маҳсур дар лазоизи моддию шаҳвонӣ сохтааст, кофӣ аст.

ҶАЗОИ АЪМОЛИ НОПИСАНД ДАР ҚИЁМАТ

Қуръони карим эълом медорад, ки муҷозоти гуноҳкор ба воситаи иртикоби гуноҳ оташ аст. Худованд дар Қуръон барои оташ – нор ҳафт номи дигар зикр кардааст, ки иборатанд: аз ҷаҳаннам, ҳовия, саъир, сақар, лазо ва ҳутама. Шоеътарини онҳо ҷаҳаннам аст. Худованд дар даҳҳо оят ба тавсифи ҷаҳаннам ва сӯхту афрӯзина ва шарораҳои сар ба осмонкашидаи он пардохтааст ва хӯрокиҳою нӯшиданиҳои онҳоро баён кардааст ва ба шевае азоби дӯзахро баён менамояд, ки дили ҳар муҷримеро ба ларза меандозад ва ҳар инсони худхоҳу мутакаббир ва золимеро ба зону дармеовард, то аз ҷурму гуноҳ ва зулме, ки анҷом медиҳад, рӯгардон шавад. Дар ин оят ба тавсифи сӯзишвории ҷаҳаннам мепардозад:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَأَهۡلِيكُمۡ نَارٗا وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُ عَلَيۡهَا مَلَٰٓئِكَةٌ غِلَاظٞ شِدَادٞ لَّا يَعۡصُونَ ٱللَّهَ مَآ أَمَرَهُمۡ وَيَفۡعَلُونَ مَا يُؤۡمَرُونَ ٦﴾ [التحريم: ٦]

«Эй мӯъминон, худатон ва хонаводаҳоятонро аз оташи дӯзахе барканор доред, ки афрӯзинаи он инсонҳо ва сангҳо аст. Фариштагоне бар он гумошта шудаанд, ки хашину сахтгир ва зӯрманду тавоно ҳастанд» (Таҳрим, 6).

Ин оят тасвире аз ҷаҳаннам ба мо нишон медиҳад, ки шарораҳои он забона мекашанд ва афрӯзинаи он сангҳою инсонҳо аст ва илова бар он фариштагони дурушту бераҳм ва нерӯманд бар он назорат мекунанд, ки азобро бештару дардноктар менамоянд.

Худованд оташи фурӯзони ҷаҳаннамро, ки ҳама чизро мебалъад ва сер намешавад, чунин тавсиф мекунад: «Рӯзе ба дӯзах хоҳем гуфт: «Оё пур шудаӣ?» Дӯзах мегӯяд: «Магар бештар ҳаст?» (Қоф, 30).

Вақте ки ҷаҳаннам муҷримон ва бадкоронро мебинад, ба хашм дармеояду мехурӯшад ва Худованд мефармояд: «Ҳангоме, ки оташи фурӯзони ҷаҳаннам онҳоро аз дур мебинад, садои хашмолуд ва ҷӯшу хурӯши онро мешунаванд» (Фурқон, 12).

Худованд либоси дӯзахиёнро чунин тавсиф менамояд: «Касоне, ки кофиранд, барои онҳо ҷомаҳое аз оташ бурида шуда ва аз болои сарашон оби бисёр гарму сӯзон рехта мешавад. Ин оби сӯзон он чи дар дарунашон аст, гудохта ва об мекунад ва тамоми пӯстҳоятшон гудохтаю бирён мегардад ва тозиёнаҳои сахте аз оҳан бар эшон фуруд меояд. Ҳар замон дӯзахиён бихоҳанд, худро аз ғаму андӯҳи азими оташ бираҳонанд, ба он баргардонида мешаванд» (Ҳаҷ, 19-22).

Либосе, ки барои кофирон аз оташ таҳия мешавад ва оби бисёр сӯзоне, ки бар онҳо рехта мегардад ва тамоми баданашонро мегудозад ва бо тозиёнаҳои оҳанине бар сарашон кӯбида мешавад ва ин ки умеде надоранд ҳар вақт бихоҳанд аз ин азоб фирор кунанд, боз ба ҷойи аввала баргардонида мешаванд, тасвире аст хавфнок, ки қалби ҳар инсонеро ба ларза меандозад. Аммо дар бораи таоми ҷаҳаннам мефармояд: «Яқинан, дарахти заққум хӯроки гуноҳкорон аст. Ҳамчун фулузи гудохта дар шикамҳо меҷӯшад, ҷӯшише ҳамчун оби гарми доғ. Ба маъмурини дӯзах фармон дода мешавад, ки ин кофири фоҷирро бигиред ва ба миёни дӯзах партобаш кунед, сипас ба сари ӯ оби ҷӯшон бирезед. Бичаш, ки ту зӯрманду бузургворӣ!...» (Духон, 43-49).

Дарахти заққум, ки маъруф ба талхӣ ва таъми номатлуб аст, хӯроки дӯзахиён аст ва хӯроке аст монанди равғани доғ, ки даруни кофиронро месӯзонад. Дарбонҳои дӯзах бо хушунат ба эшон мегӯянд: Ин хатокоронро ба миёнаи дӯзах биандозед, то ба азоби худ бирасанд. Сипас ба манзури азоби бештар оби бисёр гармеро бар сарашон бирезед ва ба унвони иҳонату истеҳзо ба эшон гуфта мешавад: «Бичашед, чун шумо қудратманду бузургворед».

Дар бораи азоби ҷаҳаннам боз мефармояд: «Ҳар мунҳарифи гарданкаш ва ботилгарое зиёндида ва хисоратманд гардид ва дар пеши ӯ дӯзах қарор дорад ва аз хуноба менӯшад, онро ҷуръа-ҷуръа майл мекунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ гуворояш намебошад. Марг аз ҳар сӯ ба ӯ рӯй меоварад ва ҳол он, ки намемирад ва бар сари роҳи ӯ азоби сахте аст» (Иброҳим, 15-17).

Яъне, ҳар инсони мутакаббир аз ҳақ ба сӯйи ҳалокату бадбахтӣ гом бармедорад ва саранҷомаш суқут дар дӯзахе аст, ки ҷуз хуноба обе надорад, ки бояд онро ҷуръа-ҷуръа бинӯшад, вале ончунон номатбӯъ ва ногувор аст, ки қудрати нӯшидани онро надорад. Марг аз ҳар сӯ ба ӯ ҳамла мекунад, вале ба хотири давоми азоб намемирад, то роҳат шавад ва азобҳои дигаре дар интизори ӯ мебошанд.

ШИДДАТИ АЗОБ ДАР ҚИЁМАТ

Худованд азоби қиёматро ба шевае таҷассум мебахшад, ки андомҳоро ба ларза дармеоварад, ба тавре ки ҳеҷ нафсе тоқати таҳаммули онро надорад. Бинобар ин, шоистаи имондорон аст, ки бо анҷоми ибодату аъмоли солеҳ худро аз он дур нигаҳ доранд ва аз хашми Худо барҳазар бошанд. Азоберо, ки дар ин оят баён шуда ва илми ҷадид асрори онро кашф карда, мулоҳиза фармоед: «Бегумон, касоне, ки далоил ва оятҳои Моро инкор карда ва пайғамбарони Моро такзиб намудаанд, саранҷом эшонро ба оташи ҳавлноке ворид мекунем ва онҳоро месӯзонем. Ҳар замон, ки пӯсти баданашон бирёну сӯхта гардид, пӯстҳои тозаи дигаре ба ҷойи онҳо қарор медиҳем, то бештар маззаи азобро бичашанд, Худованд тавоно ва ҳаким аст» (Нисо, 56).

Ин оят мегӯяд, ҳар замон оташ пӯсти баданашонро аз байн бибарад, пӯстҳои дигар ҷой онҳоро мегиранд. Сабаби ин, ки дар ин ҷо танҳо пӯсти баданро мавриди таваҷҷӯҳ қарор додааст, ин аст, ки асабҳои дард дар сатҳи пӯст қарор доранд ва бофтаҳо, мушакҳо ва аъзои дохилии ҷисм эҳсоси дардро камтар мекунанд. Илми пизишкӣ низ собит карда, ки дарди сӯхтагиҳои сатҳӣ, ки аз қисмати пӯст таҷовуз намекунад, бештар аз сӯхтагиҳои амиқ аст ва сӯхтагии амиқ ҳарчанд хатарноктар аст, дарди камтаре аз сӯхтагии сатҳӣ дорад. Худованд мефармояд: Ҳар замоне оташ пӯсти дӯзахиёнро аз байн бибарад, ба манзури идомаи азоб пӯстҳои дигаре ҷойи онро пур мекунад. Ба ростӣ, дар ин ҷо ҳикмати илоҳӣ ошкор мегардад ва маълум мегардад, ки ӯ тавоною дурусткор аст (ва коналлоҳу азизан ҳакиман). Кофирон дар рӯзи қиёмат ба андозае дар азобу тангно қарор доранд, ки чунончи метавонистанд худро наҷот диҳанд, ба ҳар қимате худро наҷот медоданд. Худованд мефармояд: «Бегумон, агар ҳамаи он чи дар рӯйи замин аст ва ҳамонанди он моли кофирон бошад ва онро ба хотири наҷоти худ аз азоби рӯзи қиёмат бипардозанд ва бихоҳанд хештанро ба он бозхаранд, аз эшон пазируфта намегардад ва барояшон азоби дардноке мебошанд» (Моида, 36).

Мусалламан, кофирон ба ҳеҷ ваҷҳ ва бо ҳеҷ қимате наметавонанд худро аз азоби илоҳӣ раҳо созанд. Касе, ки ба оятҳои марбут ба тавсифи рӯзи қиёмат, неъмат ва азоби он таваҷҷӯҳ кунад ва асрору шигифтиҳои онҳоро мадди назар қарор диҳад, ки чӣ гуна дарёи беканори фасоҳату балоғати онҳо мавҷ мезанад, тасдиқ мекунад, ки ин ҷумалот аз ақли башар таровиш нанамудааст ва Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ҳар андоза васеъулхаёл буда бошад ҳам, ба баёни ин ахбори ғайбӣ, бо ин далоил ва бароҳини ақлии қотеъ аз ҷониби худ қодир нест ва маълум аст, ки ин оятҳо сохтаи башар нест ва ваҳйи илоҳӣ бар Муҳаммад (с) мебошад, то ба василаи онҳо асрору розҳои охиратро барои мардум ошкор созад ва инсонҳо барои чунин рӯзе худро омода созанд.

Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

Фасли ҳаштум : ИМОН БА Фариштагон

1. Фалсафаи имон ба фариштагон. 2. Ҳақиқати фариштагон. 3. Табиати фариштагон. 4. Аъмоли фариштагон. Фариштагон барои мӯъминон шафаот ва талаби бахшиш менамоянд. 5. Фариштагон рафтори инсонро менависанд.

ФАЛСАФАИ ИМОН БА ФАРИШТАГОН

Имон ба фариштагон мӯҷиби эътиқод ба охират мешавад, зеро касе ба фариштагон имон дошта бошад, ҳатман ба ин ҳам мӯътақид аст, ки зиндагӣ ва ҳаёти дигаре барои инсон вуҷуд дорад ва лозим аст бо анҷоми корҳои хайр ва бакоргирии истеъдодҳои худодода худро барои рӯ ба рӯ шудан бо он омода созад. Ва ҳадафи аслӣ аз лузуми имон ба фариштагон тараққӣ ва пашрафти инсон ба болотарин камолоте аст, ки Худованд барои ӯ муяссар намудааст. Ба ҳамин далел аст, ки имон ба фариштагонро яке аз усули дин қарор додааст ва мункири онро кофир медонад ва мефармояд: «Фиристодаи Худо (Муҳаммад (с) мӯътақид аст, ба он чи аз сӯйи Парвардигораш бар ӯ нозил шудааст ва мӯъминон низ бар он бовар доранд, ҳамагӣ ба Худо ва фариштагони ӯ ва китобҳои осмонӣ ва пайғамбарони Худо имон доранд» (Бақара, 285).

ҲАҚИҚАТИ ФАРИШТАГОН

Қуръон дар маншаи офариниши инсон мегӯяд, ки инсон аз хок ба вуҷуд омадааст ва дар бораи ҷин мегӯяд, ки аз оташ офарида шудааст. Аммо дар бораи фариштагон чизе намефармояд, вале Пайғамбар (с) мефармояд: «Фариштагон аз нур офарида шудаанд ва ҷин аз оташи забонакашида халқ шудааст» (Ривояти Муслим).

Ин ҳадис нишон медиҳад, ки фариштагон аз олами маънавӣ ва ғайбӣ ва ғайри маҳсусе мебошанд. Ҳарчанд бо чашм қобили дидан нестанд, вале ақл вуҷуди онҳоро инкор намекунад. Уламои имрӯза ҳам иддао надоранд, ки ҳама чизро кашф карданд, балки илм ҳар рӯз мавҷудотеро кашф мекунад, ки қаблан аз вуҷуди онҳо беитиллоъ будем. Ҳаргиз адами илм ба вуҷуди чизе ба маънои адами вуҷуди он нест. Бисёр фаровон аст чизҳое, ки мо аз вуҷуди онҳо итиллоъ надорем, вале онҳо мавҷуд ҳастанд.

ТАБИАТ ВА СИРИШТИ ФАРИШТАГОН ВА АЪМОЛИ ОНҲО

Сиришт ва табиати фариштагон ҷудо аз табиати инсон аст ва бо он фарқ дорад. Фариштагон дорои ихтиёр нестанд ва тибқи табиату сиришти хоси худ муваззаф ба амре ҳастанд, ки аз он мунҳариф намешаванд. Ва аз хусусиятҳои сиришти онҳо итоат ва фармонбардорӣ аст ва Худованд мефармояд: «Ҳар ҷунбандае, ки дар осмонҳо ва замин вуҷуд дорад, барои Худо саҷда ва ибодат мекунад ва фариштагон низ Худоро саҷда мебаранд ва такаббур намеварзанд ва фариштагон аз Парвардигори худ, ки ҳоким бар онҳо аст, метарсанд ва он чи ба онҳо дастур дода шавад, ба хубӣ анҷом медиҳанд» (Наҳл, 49-50).

Яке аз вазоифи муҳими фариштагон расонидани ваҳйи илоҳӣ ба пайғамбарон мебошад. Худованд мефармояд:

﴿ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ جَاعِلِ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ رُسُلًا أُوْلِيٓ أَجۡنِحَةٖ مَّثۡنَىٰ وَثُلَٰثَ وَرُبَٰعَۚ يَزِيدُ فِي ٱلۡخَلۡقِ مَا يَشَآءُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ١﴾ [فاطر: ١]

«Ситоиш Худовандеро сазовор аст, ки офаринандаи осмонҳо ва замин аст ва фариштагонро бо болҳои дуто-дуто ва сето-сето ва чаҳорто-чаҳортое, ки доранд, маъмур кард. ӯ ҳарчи бихоҳад, бар офариниш меафзояд, чаро ки Худо бар ҳар чизе тавоно аст» (Фотир, 1).

Ояти фавқ эълом медорад, ки Худованд фариштагонро воситаи байни худ ва пайғамбаронаш қарор додааст ва паёми Илоҳиро ба онҳо мерасонанд, онҳо дорои болҳои зиёде ҳастанд. Албатта, доштани бол дар олами зоҳир нишонаи қудрату суръат дар парвоз аст ва ин ки Худованд мефармояд чандин бол доранд, киноят аз он аст, ки фариштагон ҳарчи сареътар паёму фармони Илоҳиро иҷро менамоянд ва мефармояд: «Худованд ба дастури худ фариштагонро ҳамроҳ бо ваҳй бар ҳар касе аз бандагонаш, ки Худ бихоҳад, нозил мекунад, то ба мардум биомӯзанд, ки ҷуз Ман, ки офарандаи ҷаҳонам, Худое нест, пас аз (ширк овардан ба) ӯ бепарҳезед» (Наҳл, 2).

Рӯҳ дар ин оят ба маънои ваҳй аст, ки Худованд ба василаи фариштагон бар ҳар бандаи солеҳи худ, ки бихоҳад нозил мекунад, то мардумро аз нофармонии Худованд барҳазар доранд. Худованд ваҳйро ба рӯҳ ташбеҳ кардааст, чун ҳамон гуна, ки рӯҳ мояи ҳаёт аст, ваҳй ҳам мояи ҳаёти милатҳо ва инсонҳост.

Дар Қуръон омада, ки рӯҳ исми фариштае аст, ки ваҳйро бар Пайғамбар (с) нозил мекард, ки ҳамон Ҷабраил аст ва мефармояд: «Эй Муҳаммад (с), ба онҳо бигӯ, касе, ки душмани Ҷабраил бошад, дар ҳақиқат, душмани Худо аст, зеро ӯ ба фармони Худо Қуръонро бар қалби ту нозил кардааст» (Бақара, 97).

Ҷабраил дар Қуръон ба Рӯҳуламин ва Рӯҳулқудус ҳам ном бурда шудааст. Худованд хитоб ба Пайғамбар (с) мефармояд: «Ин Қуръон нозилшуда аз тарафи Парвардигор аст, Ҷабраил онро бар қалби ту фуруд оварда, то аз зумраи бимдиҳандагон бошӣ» (Шуаро, 192-194).

Ва мефармояд:

﴿قُلۡ نَزَّلَهُۥ رُوحُ ٱلۡقُدُسِ مِن رَّبِّكَ بِٱلۡحَقِّ لِيُثَبِّتَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَهُدٗى وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُسۡلِمِينَ ١٠٢﴾ [النحل: ١٠٢]

«Бигӯ, ин Қуръонро Рӯҳулқудус (Ҷабраил) ба ҳақ аз ҷониби Парвардигор бо худ овардааст» (Наҳл, 102).

Яке дигар аз вазоифи фариштагон тасбит ва таъйиди пайғамбарон аст, ки мушкилотро барои онҳо осон месозанд. Худованд Исоро ба василаи Рӯҳулқудус (Ҷабраил) таъйид намуд ва мефармояд: «Оятҳо ва мӯъҷизоти ошкорро ба Исо – писари Марям бахшидем ва ӯро ба василаи Ҷабраил таъйид кардем» (Бақара, 87).

Фариштагон бар мӯъминон ворид мешаванд ва онҳоро дилнавозӣ мекунанд ва башорат ба эшон медиҳанд ва мефармояд:

«Касоне, ки мегӯянд Парвардигори мо танҳо Худо аст ва сипас побарҷо ва устувор мемонанд, фариштагон ба пеши онҳо меоянд ва ба онҳо мужда медиҳанд, ки натарсед ва ғамгин набошед ва шуморо башорат бод ба биҳиште, ки ба шумо ваъда дода мешавад» (Фуссилат, 30-31).

Худованд мефармояд: Фариштагон бар мӯъминоне, ки бар имони худ собиту устуворанд, ворид мешаванд ва хайру савобро ба қалби эшон илқо ва илҳом менамоянд, ки аз оянда тарсе надошта бошанд ва барои гузашта ҳам ғам нахӯранд ва мегӯянд: башорат бод шуморо ба биҳиште, ки Худованд ба шумо ваъда дода буд ва мо дар дунё ёвар ва дӯсти шумо ҳастем ва аз шумо ҳифозат мекунем ва дар қиёмат низ аз дӯстони самимии шумо мебошем.

Худованд мӯъминонро ба ҳангоми ҷанг бо кофирон ба василаи фариштагон ёрӣ медиҳад, то онҳоро бар душманон пирӯз гардонад ва мефармояд: «Ба ёд оваред замонеро, ки аз Парвардигори худ дархости кӯмаку ёрӣ менамудед ва ӯ дархости шуморо пазируфт ва гуфт: Ман шуморо бо як ҳазор фаришта кӯмаку ёрӣ медиҳам, ки ин гурӯҳи ҳазорнафара гурӯҳҳои зиёди дигареро пушти сар доранд» (Анфол, 9-10).

Яке дигар аз вазоифи фариштагон ин аст, ки мӯъминонро ба ҳангоми марг қабзи рӯҳ мекунанд?

«Касоне, ки фариштагон ҷонашонро мегиранд, дар ҳоле ки покиза аз куфру гуноҳ ва дорои рӯҳи шод ҳастанд, фариштагон ба онҳо мегӯянд: «Дурудатон бод ба хотири корҳои писандидае, ки дар дунё кардаед, ба биҳишт дароед» (Наҳл, 32).

Ва ҳамчунин фариштагон арвоҳи кофирону золимонро низ қабз мекунанд ва мефармояд: «Касоне, ки фариштагон ҷонашонро мегиранд, дар ҳоле ки нисбат ба нафси худ зулм кардаанд» (Наҳл, 28).

ФАРИШТАГОН БАРОИ МӮЪМИНОН ШАФАОТ ВА ТАЛАБИ МАҒФИРАТ МЕНАМОЯНД

Қуръон мефармояд, фариштагон барои бандагони Худо шафоат мекунанд, вале қабули шафоати онҳо ба иҷозати Худо вобаста аст: «Чӣ бисёр фариштагоне, ки дар осмонҳо ҳастанд ва шафоати онҳо суде надорад ва корсоз нест, магар баъд аз он ки Худо (ба онҳо) иҷозат диҳад ва розию хушнуд гардад» (Наҷм, 26).

Фариштагон барои мӯъминон дуо мекунад, то Худованд эшонро ба роҳи росту наҷот ҳидоят диҳад: «Фариштагоне, ки бардорандаи Арши Худоянд ва фариштагоне, ки ба даври Арш ҷамъанд, ба сипосу ситоиши Парвардигорашон машғуланд ва ба ӯ имон доранд ва барои мӯъминон талаби мағфирату омурзиш мекунанд ва мегӯянд: «Парвардигоро, меҳрубонию дониши Ту ҳама ҷоро ва ҳама чизро фаро гирифтааст, пас сарфи назар кун аз касоне, ки аз гуноҳон дурӣ мегузинанд ва ба роҳи ростат бармегарданд ва роҳи Туро дар пеш мегиранд ва онҳоро аз азоби дӯзах маҳфуз фармо. Парвардигоро, онҳоро ба боғҳои ҳамеша мондагори биҳиштӣ дохил гардон, ки ба эшон ваъда додаӣ ва ҳамроҳ бо падарони хубу ҳамсарони шоиста ва фарзандони шоистаи худ бошанд. Яқинан, Ту мусаллату тавоно ҳастӣ ва онҳоро аз бадиҳо дур нигаҳ дор ва Ту ҳар киро дар он рӯз аз кайфари бадиҳо нигаҳ дорӣ, воқеан, ба ӯ раҳм кардаӣ. Ин амр мусалламан, растагории бузург ва ноил ба мақсуди азиме аст» (Ғофир, 7-9).

Шафоат ва талаби омурзиши фариштагон барои некӯкорон паёме аст, ба онҳо ки дар роҳи рост ҳаракат кунанд ва рӯҳи худро бо нури имон равшан ва нерӯманд созанд, то аз торикии куфру ҷаҳл ҳарчи бештар дур шаванд ва дар партави илму ҳидоят қарор гиранд.

ФАРИШТАГОН АЪМОЛИ ИНСОНРО МЕНАВИСАНД

Қуръон мефармояд, ки Худованд чанд фариштаеро бар ҳар инсоне маъмур намуда, то корҳои неку бади ӯро ёддошт кунанд ва бар асоси номаи амалаш ӯро мавриди муҳосиба қарор диҳанд:

﴿وَإِنَّ عَلَيۡكُمۡ لَحَٰفِظِينَ ١٠ كِرَامٗا كَٰتِبِينَ ١١ يَعۡلَمُونَ مَا تَفۡعَلُونَ ١٢﴾ [الانفطار: ١٠، ١٢]

«Бидуни шак, нигоҳбонҳое бар шумо гуморида шудаанд, нигоҳбонҳое, ки мӯҳтарам ҳастанд ва пайваста аъмоли шуморо менависанд ва медонанд ҳар кореро, ки мекунед» (Инфитор, 10-12).

Яъне, фариштагоне бар шумо гуморида шудаанд, ки тамоми корҳои шуморо ҳисоб мекунанд ва ёддошт менамоянд ва ин фариштагони мӯҳтарам, беғараз ва беназар ҳастанд ва хайру шарро ёддошт мекунанд.

Ва мефармояд:

﴿وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ وَنَعۡلَمُ مَا تُوَسۡوِسُ بِهِۦ نَفۡسُهُۥۖ وَنَحۡنُ أَقۡرَبُ إِلَيۡهِ مِنۡ حَبۡلِ ٱلۡوَرِيدِ ١٦ إِذۡ يَتَلَقَّى ٱلۡمُتَلَقِّيَانِ عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ قَعِيدٞ ١٧ مَّا يَلۡفِظُ مِن قَوۡلٍ إِلَّا لَدَيۡهِ رَقِيبٌ عَتِيدٞ ١٨﴾ [ق: ١٦، ١٨]

«Мо инсонро офаридаем ва медонем, ки ба хотираш чӣ мегузарад ва чӣ андешае дар сар дорад ва мо аз шоҳраги гардан ба ӯ наздиктарем. Ба он гоҳ ду фариштае, ки дар самти рост ва тарафи чапи инсон нишастаанд ва аъмоли ӯро дарёфт медоранд. Инсон ҳеҷ суханеро бар забон намеронад, магар ин ки фариштаи муроқиб омода барои дарёфти он сухан аст» (Қоф, 16-18).

Ин ду маъмури нигаҳбон ду фариштае ҳастанд, ки дар тарафи чапу рости инсон амалу рафтори инсонро сабт ва забт мекунанд. Вақте инсон имон дошта бошад, ки ҳамеша таҳти муроқибати маъмурон огоҳ, омода ва мусаллати илоҳӣ аст ва тамоми ҳаракоту гуфтори ӯ навишта мешавад, бидуни шак, худро назорат мекунад ва аз корҳои нописанд парҳез менамояд ва ба сӯйи Худо рӯй меоварад. Бархе аз оятҳои Қуръонро, ки дар бораи олами фариштагон ва табиату вазифаи онҳо баён кардем, ин оятҳо ба мо нишон медиҳанд, ки ҳадафи асосии Ислом парвариши маънавии инсон аст ва Ислом мехоҳад инсонро аз олами модда ҷудо ва ба дур созад ва ишқу имон ба Худо ва пайравӣ аз Пайғамбар (с)-ро сарлавҳаи зиндагии ӯ қарор диҳад.

Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

Фасли нӯҳум : ИМОН БА КИТОБҳои ХУДО

1. Воҷиб будани имон ба китобҳои илоҳӣ. 2. Қуръон тасдиқкунандаи китобҳои осмонии пеш аз худ мебошад. 3. Қуръон ҳамон ҳақиқате аст, ки миллатҳои собиқ онро гум карда буданд ва ба дунболи он мегаштанд. 4. Таврот аз назари Қуръон. 5 .Назари Қуръон дар бораи Инҷилҳо.

ВОҶИБ БУДАНИ ИМОН БА КИТОБҲОИ ИЛОҲӢ

Бовар ва эътиқод ба ҳамаи китобҳои илоҳӣ, ки бар пайғамбарон нозил шудааст, яке аз аркон ва пояҳои имон аст ва касе, ки ба онҳо имон надошта бошад, мӯъмин ба шумор намеравад. Китобҳои осмонӣ иборатанд аз дастурот ва ваҳйҳое, ки Худованди таоло барои пайғамбаронаш фиристод, то онҳоро ба миллатҳо иблоғ намоянд. Бинобар ин, бар ҳар мусулмоне воҷиб аст ба Қуръон ва дигари китобҳои осмоние, ки қабл аз Ислом бар пайғамбарони Худо нозил шудааст, имон дошта бошад. Чандин оят роҷеъ ба воҷиб будани имон ба ҳамаи китобҳое, ки бар пайғамбарони собиқ нозил шуда, вуҷуд дорад, аз ҷумла мефармояд:

﴿ءَامَنَ ٱلرَّسُولُ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِ مِن رَّبِّهِۦ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَۚ كُلٌّ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَمَلَٰٓئِكَتِهِۦ وَكُتُبِهِۦ وَرُسُلِهِۦ ٢٨٥﴾ [البقرة: ٢٨٥]

«Пайғамбар ба он чи аз ҷониби Худо бар ӯ нозил шудааст, имон дорад ва мӯъминон ҳама ба Худо ва фариштагони Худо ва китобҳои Худо ва пайғамбарони Худо имон доранд» (Бақара, 285).

Қуръон дар байни китобҳои осмонӣ танҳо Таврот, ки бар Мӯсо нозил шуда ва Инҷил, ки ба Исо ваҳй гардида ва Забури Довуд ва Саҳифаҳои Иброҳимро зикр кардааст.

ҚУРЪОН ТАСДИҚКУНАНДАИ КИТОБҲОИ ОСМОНИИ ПЕШ АЗ ХУД МЕБОШАД

Иртибот ва алоқае, ки Исломро бо дигари динҳои осмонӣ марбут ва наздик месозад, ин аст, ки Ислом ҳама китобҳои осмониро қабл аз таҳриф шуданашон ба таври куллӣ таъйид ва тасдиқ менамояд. Вале китобҳои осмоние, ки ба сурати феълӣ дар дастраси мардум қарор доранд, танҳо баъзе аз оятҳои онҳоро, ки ба сурати худ боқӣ мондаанд ва ба хайру салоҳ дастур медиҳанд таъйид ва тасдиқ менамояд, вале оятҳое, ки таҳриф шудаанд ва бидъатҳову изофоти аҷиб дар онҳо ворид шудааст, қабул надорад ва онҳоро тасҳеҳ менамояд. Худованд ба Пайғамбар (с) мефармояд: «Ва бар ту китоби комилро нозил кардем, ки мулозими Ҳақ ва мувофиқ ва мусаддиқи китобҳои пешини осмонӣ ва шоҳид бар сиҳату суқми онҳост, пас миёни онҳо бар тибқи чизе доварӣ кун, ки Худо бар ту нозил кардааст ва ба хотири пайравӣ аз майлҳо ва орзуҳои эшон аз Ҳақ ва ҳақиқате, ки бар ту омадааст, рӯй нагардон. Барои ҳар миллате аз шумо роҳею барномае қарор додаем» (Моида, 48).

Ин оят тавзеҳ медиҳад: «Эй Муҳаммад (с), Мо Қуръонро ба унвони тасдиқкунандаи дигар китобҳои осмонӣ монанди Тавроту Инҷил барои ту фиристодаем, ки нозиру мусаллат бар онҳо аст ва шоҳиду баёнкунандаи ҳақиқати онҳо аст ва дар байни яҳуду насоро тибқи Қуръон доварӣ кун ва аз ҳавою орзуҳои нафсонии онҳо пайравӣ накун, чун ҳар миллате дастуру барномае дорад».

Албатта, шариату дини ҳамаи пайғамбарон дар усул ва аркон яке аст ва ҳеҷ тафовут ва ихтилофе надоранд, вале бино ба муқтазаёт, шароити иҷтимоӣ ва ғайра баъзе аз аҳкоми фаръӣ ва ҷузъии онҳо бо ҳам фарқ мекунад, ки албатта, ин амр ба салоҳи мардум аст, зеро бидуни шак, қавонин ва барномаҳои амалӣ барои ислоҳ ва тазкияи нафси фард ва иҷтимоъ бо тағйири авзоу аҳвол, шароити ҷомеа ва истеъдодҳои фардӣ тағйир меёбад ва мутафовит мегардад. Бинобар ин, баъзе аз динҳои осмонӣ бо баъзе дигар дар аҳкоми муомилоту издивоҷ ва ё навъи занҳои маҳрам ва ё чигунагии тавба аз гуноҳ ва бозгашт ба сӯйи Худо бо ҳам фарқ доранд. Ин ихтилофот дар фурӯъ ва аҳкоми ҷузъӣ ва фаръӣ амре аст табиӣ, ки ҳатто дар байни пайравони як дин ҳам воқеъ мешавад.

Вале он чи, ки мавриди иттифоқи ҳамаи динҳои илоҳӣ аст –тавҳид, яктопарастӣ, таслими мухлисона дар пешгоҳи Худо ва риояи усули ахлоқ аст, ки бо тағйири пайғамбарон ва гузашти замон тағйир пайдо намекунад.

ҚУРЪОН ҲАМОН ҲАҚИҚАТЕ АСТ, КИ МИЛЛАТҲОИ СОБИҚ ОНРО ГУМ КАРДА БУДАНД ВА БА ДУНБОЛИ ОН МЕГАШТАНД

Муддатҳо баъд аз нузули китобҳои осмонии собиқ таъвилоту тафсирҳои гуногун ва тағйирот дар онҳо шурӯъ шуд ва ба мурури замон ихтилофоти динӣ ба авҷи худ расид ва башарият дар бораи дини Худо саргашта ва дар хатари азиме умр ба сар мебурданд ва чун ба куфру илҳод ва бутпарастӣ дучор шуда буданд, мардум ниёзи шадиде ба ваҳйи илоҳӣ ва як китоби осмонии дигаре доштанд, ки онҳоро аз гумроҳӣ наҷот бахшад ва ба роҳи рост ҳидоят диҳад. Чун пайрави ҳар китобе пайравони китобҳои дигарро такфир мекард ва дар бораи маърифату шинохти ҳақиқати маъбуд ва кунҳи дин бо ҳам ихтилоф доштанд, Қуръон омад ва ҳақро аз ботил ҷудо намуда чизҳое, ки барои мардум мушкил шуда буд, барои онҳо осон сохт. Худованд хитоб ба Пайғамбар (с) мефармояд: «Ба Худо савганд, Мо пайғамбароне ба сӯйи миллатҳои пеш аз ту фиристодаем ва шайтон корҳои зишти эшонро дар назарашон орост ва онҳоро ба фасод ташвиқ кард ва имрӯз шайтон сарпарасти эшон аст ва барояшон азоби дардноке аст. Мо китобро бар ту нозил накардаем, магар ба он хотир, ки чизеро барои мардумон равшан намоӣ, ки дар он ихтилоф доранд ва ҳам ба он хотир, ки ин китоб ҳидоят ва раҳмате барои мӯъминон гардад» (Наҳл, 63-64).

НАЗАРИ ҚУРЪОН ДАР БОРАИ ТАВРОТ

Лафзи Таврот аз калимаҳои ибрие аст, ки вориди забони арабӣ шудааст ва аз калимаи тавро, ки ибрӣ ва ба маънои қонун ва шариат аст, гирифта шудааст. Қуръон дар бораи ин ки Таврот чанд сифр аст, чизе намегӯяд, аммо омадани лафзи Мӯсо бо Таврот дар баъзе оятҳои Қуръон ишора ба ин аст, ки манзур аз Таврот дар Қуръон ҳамон асфори панҷгона аст, ки бар Мӯсо нозил шудааст, ки ба назари уламои қадимии ибрӣ иборатанд аз: сифри таквин, сифри хуруҷ, сифри ловиён, сифри адад ва сифри тасния. Вале уламои мутааххир баъдҳо итлоқи лафзи Тавротро бар тамоми асфори бо шумули асфори панҷгона ва ғайра ҷоиз шумурда ва он чиро ба номи аҳди қадим мешинохтанд, Таврот мегуфтанд. Худованд шаҳодат медиҳад, ки Тавроту Инҷилро пеш аз Қуръон ба манзури ҳидояти мардум нозил кардааст ва мефармояд: «Ҷуз Зоти Аллоҳ Худое нест ва ӯ зиндаю мутасарриф дар тамоми умури ҷаҳон аст. Ҳамон Зоте, ки Қуръонро бар ту нозил кардааст, ки шомили Ҳақ аст ва тасдиқкунандаи китобҳое аст, ки қабл аз он будаанд ва Худованд пеш аз он Тавротро барои Мӯсо ва Инҷилро бар Исо нозил кардааст» (Оли Имрон, 1-3).

Қуръон, ки ба нақду баррасии Таврот пардохта, собит кардааст, ки пайравони он дар таълимоту дастуроти Таврот тағйирот ва табдилоте ба вуҷуд овардаанд ва мефармояд:

﴿مِّنَ ٱلَّذِينَ هَادُواْ يُحَرِّفُونَ ٱلۡكَلِمَ عَن مَّوَاضِعِهِۦ ٤٦﴾ [النساء : ٤٦]

«Бархе аз яҳудиён суханони (Худоро) аз ҷойи худ мунҳариф (каҷ) мегардонанд» (Нисо, 46).

Маънои ин оят ин аст, ки иддае аз қавми яҳуд Тавротро таҳриф мекарданд. Ба таври куллӣ таҳриф ба чанд шева ҳосил мешавад ё ба василаи ҳамли ҷумлаҳо ва алфоз бар ғайри маъное, ки барои он вазъ шудааст ва ё ба воситаи пинҳон сохтан ва китмони каломи Худо аз мардум аст ва ё ин ки чизе бар он изофа ва ё аз он кам шавад ва ё ин ки аҳкому авомире, ки бисёр муҳим аст ва муддатҳо ба он амал шуда, ба фаромӯшӣ супурда шавад ва дар ин бора Худованд мефармояд: «Калимоту суханони Худоро аз ҷойи худ мунҳариф менамоянд ва бахши фаровоне аз он чи ба эшон тазаккур дода шуда буд, тарк карданд» (Моида, 13).

Ва боз мефармояд: «Оё огоҳ ҳастӣ аз ҳоли касоне, ки ба эшон баҳрае аз китоби осмонӣ дода шудааст, ки эшон ба сӯйи китоби Худо даъват мешаванд, то дар миёнашон доварӣ кунад» (Оли Имрон, 23).

Бо таваҷҷӯҳ ба ояти фавқ он чи ба номи Таврот пеши яҳуд аст, қисмате аз асли он аст, на ҳамаи он, зеро қисматеро тарк ва ба фаромӯшӣ супурдаанд. Қуръон барои мо маълум медорад, ки яҳудиён аксари усули дини худро пинҳон ва махфӣ кардаанд:

﴿يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ قَدۡ جَآءَكُمۡ رَسُولُنَا يُبَيِّنُ لَكُمۡ كَثِيرٗا مِّمَّا كُنتُمۡ تُخۡفُونَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَيَعۡفُواْ عَن كَثِيرٖۚ قَدۡ جَآءَكُم مِّنَ ٱللَّهِ نُورٞ وَكِتَٰبٞ مُّبِينٞ ١٥﴾ [المائدة: ١٥]

«Эй аҳли Китоб, пайғамбари Мо ба сӯйи шумо омадааст, бисёре аз чизҳоеро бароятон равшан месозад, ки аз Китоб пинҳон намудаед ва аз бисёре аз чизҳо сарфи назар менамоед» (Моида, 15).

Масоилеро, ки яҳуд аз Таврот пинҳон медоштанд ва ба мардум намегуфтанд, чизҳое буданд, ки Худованд дар бораи сифати Пайғамбар (с) ҳазрати Муҳаммад (с) ва башорат ба омадани ӯ ба Мӯсо нозил карда буд. Яҳудиён онҳоро бар маънои дигаре ҳамл намуда, аз маънои аслии худ мунҳариф кардаанд.

Ҳамчунин дар бораи ҳисобу ҷазои аъмол дар қиёмат яҳудиён Тавротро таҳриф кардаанд, чаро ки дар Тавроти феълӣ баҳсе аз ҳисобу ҷазо дар рӯзи қиёмат ба чашм намехӯрад, дар ҳоле ки эътиқод ба ҳисобу ҷазои аъмол дар қиёмат рукни аслии дини Худо аст.

НАЗАРИ ҚУРЪОН ДАР БОРАИ ИНҶИЛҲО

Баъд аз ҳазрати Исо Инҷилҳои фаровоне ба вуҷуд омадаанд ва муаррихони масеҳӣ худ низ бар ин амр эътиқод ва иҷмоъ доранд. Сипас дар авоили қарни чаҳоруми мелодӣ калисо хост то аз байни ҳамаи Инҷилҳо он чиро, ки мӯътабар аст, интихоб намояд ва аз байни онҳо чаҳор Инҷилро ба номҳои Инҷили Матто, Инҷили Марқус, Инҷили Луқо ва Инҷили Юҳанно интихоб намуд.

Қуръон бархе аз матолиби ин Иҷилҳоро таъйид намекунад ва эътироф намекунад, ки ин матолиб аз ҷониби Худо аст. Ҳарчанд Худованд мефармояд, ки мо Инҷилро бар Исо нозил намудаем, вале инҷиле, ки Худованд нозил кард, бо инҷилҳое, ки баъди Исо ба вуҷуд омада ва навишта шудаанд, мутафовит аст ва Худованд мефармояд: «Ба дунболи онҳо Исо писари Марямро ба роҳу равиши эшон фиристодаем, ки тасдиқкунандаи Тавроте буд, ки пеш аз ӯ фиристода шуда буд ва барои ӯ Инҷиле нозил кардем, ки дар он раҳнамуде ва нуре буд» (Моида, 46).

Аз тарафи дигар, Қуръон эълом медорад, ки насрониён қисмати зиёде аз асли китоби худро (Инҷил) фаромӯш ва тарк намудаанд: «Ва аз касоне, ки мегӯянд, ки мо масеҳӣ ҳастем, паймон гирифтем, ки ба Инҷил амал кунанд, аммо онҳо қисмати қобили мулоҳизае аз он чи ба онҳо тазаккур дода шуда буд, ба дасти фаромӯшӣ супурданд. Аз ин ҷиҳат, ба подоши он то доманаи қиёмат миёни эшон кина ва душманӣ афкандем ва Худованд эшонро аз он чи, ки кардаанд, огоҳ хоҳад сохт» (Моида, 14).

Ин интиқоди сахте, ки Қуръон мутаваҷҷеҳи ақидаи масеҳияти имрӯза намудааст, дар таъйиди ҳамин маъно аст. Ва мефармояд: «Бегумон, кофиранд касоне, ки мегӯянд: «Худо ҳамон Масеҳ ибни Марям аст». Исо гуфтааст: «Эй Бани Исроил, Худои ягонаеро бипарастед, ки Парвардигори ману Парвардгори шумо аст. Бегумон, ҳар кас анбозе барои Худо қарор диҳад, Худо биҳиштро бар вай ҳаром кардааст ва ҷойгоҳи ӯ оташ аст ва ситамкорон ёру ёвар надоранд. Бегумон, кофиранд он касоне, ки мегӯянд: «Худованд яке аз се худо аст, дар сурате, ки маъбуде ҷуз маъбуди ягона вуҷуд надорад ва агар аз он чи мегӯянд, даст накашанд, ба кофирони онҳо азоби дардноке хоҳад расид» (Моида, 72-73).

Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

Фасли даҳум : ИМОН БА ПАЙғамбарони ХУДО

1. Ҳикмат ва фалсафаи фиристодани пайғамбарон. 2. Воҷиб будани имон ба пайғамбарон. 3. Маъсум будан ва маҳфуз будани пайғамбарон аз гуноҳ. 4. Ҳар уммате дорои пайғамбаре будааст. 5. Муҳаммад (с) Пайғамбари ҳамаи мардум аст. 6. Муҳаммад (с) охир ва хотами пайғамбарон аст.

ҲИКМАТ ВА ФАЛСАФАИ ФИРИСТОДАНИ ПАЙҒАМБАРОН

Эътиқод ба фиристодани пайғамбарон аз ҷониби Худо барои роҳнамоии башар яке аз аркони имон аст ва бар ҳар мусулмоне воҷиб аст ақида дошта бошад, ки Худованд пайғамбаронеро фиристодааст, ки ба савобу неъмати илоҳӣ барои некӯкорон башорат медиҳанд ва бадкоронро аз азоби илоҳӣ метарсонанд ва ин пайғамбарон вазифаи худро анҷом доданд ва дастуроти Худоро ба миллатҳои худ расониданд, то Худоро аз ҳар нақсу айбе поку муназзаҳ бидоранд ва тасаллути Худованд бар бандагонашро барои мардум равшан баён карданд ва аҳкоми Худоро дар мавриди фазоил ва корҳои хайре, ки бояд анҷом дода шаванд, барои мардум шарҳу тафсил доданд ва корҳои шар ва сифоти нописандро тавзеҳ доданд, то мардум аз онҳо дурӣ ҷӯянд.

Бар ҳар мусулмоне воҷиб аст ақида дошта бошад, ки дастуроти пайғамбарон ҳама аз ҷониби Худо ва ваҳйи илоҳӣ бар онон аст ва воҷиб аст дар масире, ки пеш гирифтаанд, ба эшон пайравӣ шавад ва ба авомири онҳо амал шавад ва аз чизҳое, ки наҳй менамоянд, дурӣ ва иҷтиноб шавад. Воҷиб аст ҳар мусулмоне имон дошта бошад, ки пайғамбарон аз ҷониби Худо таъйид мешаванд ва инояти илоҳӣ ба тарзе ки ақли башар онро дарк намекунад ва аз қудрати башар хориҷ аст, шомили ҳоли онон аст ва ин таъйиду инояти хориҷ аз ақлу қудрати башар мӯъҷизае аст, ки далолат бар сидқи даъвои рисолати эшон мебошад. Худованд пайғамбаронро ба унвони башоратдиҳандагон ва бимдиҳандагон фиристода ва мефармояд: «Мардумони ростфитрат дар оғоз (офариниш) аз назари андеша як даста буданд, сипас Худованд пайғамбаронро барангехт, то башорат диҳанд ва битарсонанд ва китобе, ки дарбаргирандаи Ҳақ буд ва ба сӯйи ҳақиқат даъват мекард, бар онҳо нозил кард» (Бақара, 213).

Ин пайғамбарон некӯкоронро дар дунё ва охират ба хайру саодат башорат медиҳанд ва касонеро, ки аз фармони Худо сарпечӣ мекунанд, ба азоби шадид ва зиёни дунё ва охират метарсонанд.

ВОҶИБ БУДАНИ ИМОН БА ПАЙҒАМБАРОНИ ХУДО

Қуръони карим ҳамаро даъват мекунад, то ба тамоми пайғамбарон имон дошта бошанд ва мефармояд:

﴿قُولُوٓاْ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيۡنَا وَمَآ أُنزِلَ إِلَىٰٓ إِبۡرَٰهِۧمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطِ وَمَآ أُوتِيَ مُوسَىٰ وَعِيسَىٰ وَمَآ أُوتِيَ ٱلنَّبِيُّونَ مِن رَّبِّهِمۡ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّنۡهُمۡ وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ ١٣٦﴾ [البقرة: ١٣٦]

«Бигӯед, имон дорем ба Худо ва он чи ба номи Қуръон бар мо нозил гашта ва он чи бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва асбот нозил шудааст ва ба он чи барои Мӯсо ва Исо омадааст ва ба он чи барои ҳамаи пайғамбарон аз тарафи Парвардигорашон омадааст, имон дорем ва миёни ҳеҷ як аз онҳо ҷудоӣ намеандозем ва мо таслими фармони Худо ҳастем» (Бақара, 136).

Қуръон бо сароҳат эълом кардааст, касоне, ки ба баъзе аз пайғамбарон имон доранд ва ба баъзе дигар куфр меварзанд, Худованд имони онҳоро қабул надорад ва мефармояд: «Касоне, ки ба Худо ва пайғамбаронаш имон надоранд ва мехоҳанд миёни Худо ва пайғамбаронаш ҷудоӣ андозанд ва мегӯянд, ки бар баъзе пайғамбарон имон дорем ва бар баъзе дигар имон надорем ва мехоҳанд дар ин миён роҳи дигаре баргузинанд, онҳо ҷумлагӣ кофиранд ва мо барои кофирон азоби хоркунанда фароҳам овардаем» (Нисо, 150-151).

Дини Ислом бо ин оятҳои сареҳ поя ва асоси дӯстию иттиҳод ва бародариро дар байни миллатҳои рӯйи замин таҳким мебахшад ва ихтилофу адоват дар байни онҳоро маҳв менамояд, чаро вақте ки ҳамаи мардум ба ҳамаи пайғамброн имон оварданд, тафоҳуму дӯстӣ дар байни онҳо бештар мешавад ва ҳалли ихтилоф осон мегардад. Ва ин асл яке аз хусусиятҳо ва имтиёзоти дини Ислом аст, ки мӯҷиб шуда, созиш дар байни он ва дигар динҳо саҳл ва осон бошад, чаро ки Ислом ба пайравони худ воҷиб намуда, ки ба ҳамаи пайғамбарон имон дошта бошанд ва ба онҳо эҳтиром бигузоранд. Вақте ки пайравони дигари динҳо мебинанд, ки Ислом барои дин ва пайғамбари эшон эҳтиром қоил аст, ба Ислом наздиктар мешаванд ва ба дигар динҳо, ки нисбат ба дину пайғамбари онҳо айбу эрод мегиранду душманӣ меварзанд, аз онҳо дурӣ меҷӯянд.

Чанде пеш иддаи фаровоне мехостанд дар байни се дини бузурги осмонӣ – Ислом, масеҳият ва яҳудият тавофуқ ба вуҷуд биоваранд, вале дар ин кор шикаст хӯрданд, зеро баъзе ибораҳои воридгашта дар динҳои мазкурро ба тавре тафсиру таъвил мекарданд, ки гумон мебурданд бо ин тафсир метавонанд монеи аслии иттиҳоди онҳоро аз миён бардоранд, дар ҳоле ки ин ибораҳо бо маънои маъҳуди худ ба унвони рукн ва ҷавҳари аслии ин динҳо дар назари пайравони онҳо шинохта шудаанд ва ҳеҷ тағйире дар онҳо пазируфта намешавад. Саранҷом ин идда ба ҷойи ин ки битавонанд дар байни ин динҳо иттиҳод ба вуҷуд биёваранд, бо тағйироти худ дини дигареро изофа карданд ва бо душманӣ ба се дине, ки мехостанд онҳоро бо ҳам муттаҳид созанд, бархостанд.

Инсони ҳушёру муҳаққиқ медонад, ки дини Ислом, ки мардумро даъват менамояд, то ҳама ба рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, имон дошта бошанд, беҳтарин роҳ барои иттиҳоди ҳама динҳо аст, зеро Ислом рисолати ҳамаи пайғамбаронро таъйид менамояд ва мегӯяд дини ҳамаи пайғамбарон ҳақ аст, вале бо мурури замон инҳирофоте дар онҳо ҳосил шуда, барои ҳамин барои бозгардонидани мардум ба сӯйи ҳақ Худованд охирин пайғамбари худ Муҳаммад (с)-ро фиристодааст, то мардумро ба роҳи рост ва амал ба Қуръон даъват намояд ва Қуръон тамоми фазоилу хайр ва баракати мавҷуд дар тамоми китобҳои осмонии пеш аз худашро дар бар мегирад. Ва илова бар онҳо дорои фазоил ва баракатҳои дигаре аст, ки бар ҳасби пешрафт ва такомул миллатҳо ба он ниёз доранд.

МАЪСУМ ВА МАҲФУЗ БУДАНИ ПАЙҒАМБАРОН АЗ ГУНОҲ

Пайғамбароне, ки аз ҷониби Худо интихоб ва фиристода мешаванд, то мардумро аз ҷаҳлу нодонӣ ва бандагии ҳавои нафсонӣ наҷот диҳанд ва онҳоро аз иртикоби корҳои нописанд боз доранд, лозим аст, ки худ муттасиф ба сифоту ахлоқ писандида бошанд, чун агар дорои ахлоқи нописанд бошанд, наметавонанд мардумро ба сӯйи саодат ҳидоят ва раҳнамоӣ кунанд ва дастуроти онҳо бефоида ва боиси гумроҳии бештар хоҳад шуд. Ин ба он хотир аст, ки Худованд баъд аз зикри теъдоде аз пайғамбарон фазилат ва каромати пайғамбаронро эълом менамояд ва мефармояд: «Мо онҳо (пайғамбаронро) пешвоёне намудем, ки бар асоси дастури Мо раҳбарӣ мекарданд ва анҷоми хубиҳо ва иқомаи намоз ва додани закотро ба эшон ваҳй кардем ва онҳо танҳо моро мепарастиданд» (Анбиё, 73).

Ва боз мефармояд: «Онҳо (пайғамбарон) касоне ҳастанд, ки китобу ҳикмат ва нубувватро ба эшон додаем. Агар (мардум) нисбат ба он (-ҳо) куфр варзанд, Мо касонеро ӯҳдадори он месозем, ки нисбат ба он (-ҳо) куфр намеварзанд. Онҳо (пайғамбарон) касоне ҳастанд, ки Худованд эшонро ҳидоят додааст. Пас аз ҳидояти эшон пайравӣ кун» (Анъом, 89-90).

Қуръон хиёнатро аз ҳамаи пайғамбарон ба дур медорад ва мефармояд: «Сазовор ва шоистаи мақом ҳеҷ пайғамбаре нест, ки хиёнат кунад ва ё аз ҳеҷ пайғамбаре хиёнат содир намешавад» (Оли Имрон, 161).

Қуръон эълом мекунад, ки ҳамаи пйғамбарон дорои фазоил, ахлоқи азим ва намунаи комили инсоният мебошанд, вале ҳар як дорои имтиёз ва хусусиятҳои хоса ҳастанд.

Дар бораи Иброҳим мефармояд: «Бегумон, Иброҳим бисёр содиқу ростгӯ буд».

Ва дар бораи Мӯсо мефармояд: «Ба ростӣ, Мӯсо бисёр таслим ва мухлиси Худо буд».

Ва дар бораи Исмоил мегӯяд: «Ҳамоно, Исмоил бисёр ваъдадуруст буд».

Ва роҷеъ ба Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ ва Лут мефармояд: «Ҳар як аз онҳо пайғамбаре бисёр амин будаанд (расули амин)».

Ва дар мавриди Исо мефармояд: «Дар дунё ва қиёмат баландмартаба ва бузургвор ва муқарраби илоҳӣ аст».

Ва нисбат ба Яҳё мефармояд: «Яҳё бисёр муттақӣ ва парҳезгор буд».

ҲАР УММАТЕ ДОРОИ ПАЙҒАМБАРЕ БУДААСТ

Суннати Аллоҳ ва ҳикмати илоҳӣ нисбат ба ҷомеаи башарӣ тақозо намудааст, ки барои ҳар миллате пайғамбареро аз он миллат интихоб кунад ва ӯро бо ваҳйи осмонӣ ба сӯйи онҳо бифиристад, то эшонро ба роҳи рост ҳидоят кунад ва мояи хайру саодати эшон шавад ва мефармояд: «Аз миёни ҳар миллате пайғамбареро баргузида ва ба сӯйи эшон фиристодаем, то ба онҳо бигӯяд: Худоро бипарастед ва аз тоғут (бутону ситамгорон ва...) дурӣ ҷӯед» (Наҳл, 36).

Ва мефармояд: «Ҳеҷ уммате нест, магар тарсонандае (пайғамбаре) дар байни онҳо вуҷуд доштааст» (Фотир, 24).

Албатта, Қуръон номи бисту панҷ пайғамбарро зикр кардааст, вале хитоб ба Пайғамбар (с) мефармояд, ки ғайри онҳо пайғамбарони дигаре низ будаанд:

﴿وَرُسُلٗا قَدۡ قَصَصۡنَٰهُمۡ عَلَيۡكَ مِن قَبۡلُ وَرُسُلٗا لَّمۡ نَقۡصُصۡهُمۡ عَلَيۡكَۚ وَكَلَّمَ ٱللَّهُ مُوسَىٰ تَكۡلِيمٗا ١٦٤﴾ [النساء : ١٦٤]

«Мо пайғамбаронеро фиристодаем, ки қаблан саргузашти онҳоро барои ту баён кардаем ва пайғамбаронеро ҳам фиристодаем, ки саргузашти онҳоро бароят баён накардаем» (Нисо, 164).

МУҲАММАД (С) ПАЙҒАМБАРИ ҲАМАИ МАРДУМ АСТ

Рисолати Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, барои ҳамаи мардум аст ва Муҳаммад (с) фиристодаи Худо ба сӯйи тамоми инсу ҷин мебошад, ба хилофи дигари пайғамбарони пешин, ки танҳо ба сӯйи миллати худ фиристода мешуданд. Худованд бо хитоб ба Пайғамбар (с) мефармояд:

﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا كَآفَّةٗ لِّلنَّاسِ بَشِيرٗا وَنَذِيرٗا وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ٢٨﴾ [سبا: ٢٨]

«Мо туро нафиристодаем, магар ба сӯйи тамоми мардум, то башоратдиҳандаи некӯкорон ва бимдиҳандаи бадкорон бошӣ, вале аксари мардум ин ҳақиқатро намедонанд» (Сабаъ, 28).

Худованд ба Пайғамбар дастур медиҳад, то рисолати худро ба умуми мардум бирасонад: «Эй пайғамбар, бигӯ, ман фиристодаи Худо ба сӯйи ҳамаи шумо ҳастам, Худое, ки осмонҳову замин аз они ӯст, ҷуз ӯ маъбуде нест» (Аъроф, 158).

МУҲАММАД (С) ОХИРИН ВА ХОТАМИ ПАЙҒАМБАРОН АСТ

Худованд рисолати Муҳаммад (с)-ро ба унвони хотами тамоми рисолоти осмонӣ ва носихи (бекоркунандаи) ҳамаи рисолатҳои пеш аз он қарор додааст ва мефармояд: «Муҳаммад (с) падари ҳеҷ як аз мардоне, ки дар байни шумо ҳастанд, нест, аммо фиристодаи Худо ва охири пайғамбарон аст» (Аҳзоб:40).

Худованди мутаол бо ин ояти шарифа нубувватро бо фиристодани Пайғамбар (с) ба охир мерасонад ва онро мӯҳр мекунад, ба тавре ки ҳеҷ кас ҳақ надорад онро боз намояд ва баъд аз Муҳаммад (с) иддаои нубувват кунад.

Албатта, дар даврони қабл аз биъсати Муҳаммад (с) пайғамбарон пушти сари ҳам ба сӯйи мардум меомаданд ва ҳама ба мардум башорат медоданд, ки баъд аз эшон ҳам пайғамбари дигаре хоҳад омад. Агар Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, пайғамбари Худо намебуд, наметавонист бо суннати тамом пайғамбарони пеш аз худ мухолифат кунад ва бигӯяд: баъд аз ман пайғамбари дигаре нахоҳад омад, балки ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи мардум, ки алоқа ба пайравӣ аз гузашта доранд, мегуфт: баъд аз ман ҳам пайғамбароне меоянд. Аммо Худованд ба ӯ дастур дод, то ба мардум эълом намояд, ки ӯ хотами пайғамбарон аст ва баъд аз ӯ пайғамбари дигаре нахоҳад омад. Муддати 1400 сол аз ин дастур мегузарад, ҳанӯз пайғамбаре наёмадааст, дар ҳоле ки қабл аз ҳазрати Муҳаммад (с) дар чунин муддате даҳҳо пайғамбар меомаданд ва мардумро ба сӯйи Худо даъват мекарданд.

Пайравони дигар динҳоро мебинем, ки ба рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) эътироф намекунанд ва тибқи ваъдаи дини худ ҳанӯз мунтазири омадани пайғамбаре ҳастанд, ки китоби динии эшон ба он башорат додааст, оё чаҳордаҳ қарн баъд аз Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам кофӣ нест, ки эшон аз интизор кашидан барои пайғамбари мавъуд даст бардоранд ва ба рисолати Муҳаммад (с) эътироф кунанд ва имон дошта бошанд, ки ӯ ҳамон касе ҳаст, ки мунтазири ӯянд ва сифоташ бо авсофи китобҳои муқаддас татбиқ дорад.

Бидуни шак, ҳукм ба наомадани пайғамбари дигаре баъд аз Муҳаммад (с) ҳукме аст, ки аз ҷониби Худо содир шудааст ва аз мӯъҷизоти Қуръон аст ва далел бар ин аст, ки Қуръон ваҳйи осмонӣ аст. Чун танҳо Худованди мутаол аст, ки аз оянда хабар медиҳад ва наомадани пайғамбари дигареро эълом медорад.

Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

Фасли ёздаҳум : ҚАдари ИлоҲӢ

1. Қадар дар Қуръон. 2. Ихтиёри инсон. 3. Ҳидоят ва гумроҳӣ, иродаи инсон дар зимни иродаи Худост. 5. Аҷал ва рӯзии инсон маҳдуд аст. 6. Фоида ва рӯҳи имон ба қадар.

Яке аз эродҳо ва таънҳое, ки душманон бар Ислом доранд, ин аст, ки мегӯянд имон ба қадар яке аз авомили муҳим дар заъфу нотавонии мусулмонҳо аст, ки боис шудааст аз лиҳози тамаддун ва илму санъат аз ғарбиҳо ақиб бимонанд, чаро ки қадар дар урф ва истилоҳи ғарбиҳо ба маънои аз кор андохтани тамоми истеъдодҳо ва қудрату шуури инсонӣ аст ва ҳар кас мӯътақид ба қадар бошад, оҷизу нотавон дар гӯшае ба интизори он чи дар олами ғайб барояш муқаддар аст, менишинад ва даст аз ҳар фаъолияти дурусте бармедорад. Аммо қадар дар Ислом ба ин маънӣ нест, балки маънои хосе дорад ва ба он таваҷҷӯҳ фармоед. Албатта, вақте ки дар бораи имон аз Пайғамбар (с) суол шуд, Пайғамбар (с) эътиқод ба қадарро яке аз аркони имон ба ҳисоб овард. «Яке аз аркони имон ин аст, ки ба қадар, чи хайр ва чи шар бошад, имон дошта бошӣ, ки (ҳама)аз ҷониби Худо аст».

Қадари хайру шар ба ин маъно аст, ки тамоми корҳои ҷаҳон, неку бад, дорои назм ва қонуни хосе аст, ки аз ҷониби Худо барои онҳо вазъ шудааст ва ҳар чизе дорои шароит, хусусиятҳо ва андозае аст, ки бар асоси он таҳаққуқ меёбад, ки бо фуқдони ин хусусиятҳо шароит ва андозаи мушаххас аз байн меравад. Ҳамаи ин шароит ва қарор додани ин қавонин ва назму суннат ба хости Худо аст ва ҳеҷ чизе бидуни ирода ва хости Худо ба вуҷуд наомада ва нахоҳад омад ва он чи дар олам мавҷуд аст, мувофиқи илми азалии ӯ аст.

Вақте ба Қуръон муроҷиат мекунем, мебинем, ки имон ба қадар дар охирин марҳалаи аркони имон қарор дорад ва монанди имон ба Худо ва фариштагон ва китобҳои осмонӣ ва рӯзи охират аз аркони асосӣ маҳсуб намешавад, балки вақте аз он сухан мегӯяд, ба ин манзур аст, то эълом дорад, ки қадар ҳам монанди дигар низомҳо ва қонунҳои осмонӣ қонун ва назми Худост. Дар Қуръон имон ба қадар зикр нашудааст ва вуҷуби имон ба қадар ба василаи ҳадис мебошад.

ҚАДАР ДАР ҚУРЪОН

Ҳар гоҳ ба маънои лафзи қадар, ки дар оятҳои зиёди Қуръон зикр шудааст, таваҷҷӯҳ кунем, бароямон равшан мешавад, ки лафзи «қадар» (ба фатҳа ё сукуни дол) ва лафзи тақдир ва миқдор ба маънои қарор додани чизе ба андоза ва миқёси махсус ва вазни муайян аст, ки баробари суннат ва қонуни маълум анҷом мегирад ва мефармояд:

﴿وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءَۢ بِقَدَرٖ فَأَسۡكَنَّٰهُ فِي ٱلۡأَرۡضِۖ ١٨﴾ [المؤمنون : ١٨]

«Обро аз осмон ба андозаи муайян нозил кардем ва дар замин ҷой додем» (Мӯъминун, 18).

Миқдор ба маънои андозаи муайян аст ва мефармояд: «Бегумон, Худованд огоҳ аст ба ҳамлу боре, ки ҳар зани ҳомилае онро ҳамл мекунад ва медонад, ки раҳмҳо ба ҳангоми зоймон чӣ нуқсоне дар онҳо падид меояд ва ё ба ҳангоми ҳамл чӣ афзоише доранд ва ҳама чиз дар назди Худо ба андоза аст, яъне бар асоси қонун ва суннати ӯст» (Раъд, 8).

Ин оят эълом медорад, ки ҳар мавҷуде аз мавҷудоти илоҳӣ дорои суннат ва қонуни махсусе аст, монанди назму суннати Худо дар мавриди занони ҳомила ва нозо ва афзоишу нақсон дар фарзандон, ки ҳама тибқи назми илоҳӣ аст. Бар инсон, ки ӯ ҳам ҷузъе аз аҷзои ин олам аст, ба монанди дигар мавҷудот назму суннати Аллоҳ ҳукмфармо аст ва мефармояд: «Магар Худованд инсонро аз чӣ чиз офаридааст? Аз нутфа ӯро ба вуҷуд овардааст ва ӯро тибқи низом ва суннати илоҳӣ ба мизону миқдори мушаххас ва дар мартабаи махсус аз вуҷуд қарор додааст» (Абаса, 18-19).

Боз мефармояд:

﴿وَٱللَّهُ يُقَدِّرُ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَۚ ٢٠﴾ [المزمل: ٢٠]

«Худованд шабу рӯзро тибқи суннати худ ба миқдор ва андозаи мушаххасе қарор медиҳад» (Музаммил, 20).

Ва дар бораи ин ки ҳама чиз бар асоси суннат мебошад ва ба мизони муайяне аст, мефармояд: «Худованд ҳама чизро офаридааст ва онҳоро тибқи суннат ва ба миқдори муайян қарор додааст» (Фурқон, 2).

Бо мулоҳизаи ин оятҳо барои мо маълум мешавад, ки ақида ба қадар дар Қуръон иборат аст аз ин ки бар ҳар инсон имондоре воҷиб аст, ки бидонад, ки ин ҷаҳон дорои қонун ва назму низоми муҳкам ва устуворе аст, ки ҳамаи корҳо ва масоили ҷаҳон аз он пайравӣ менамояд ва байни иллату маълул ва асбобу мусаббабот робитаи мустақим вуҷуд дорад ва беназмӣ ва ҳараҷу мараҷ ва нобасомонӣ дар халқу офариниши Худо мавҷуд нест. Вақте инсони мӯъмин чунин ақидае дошта бошад, худро мулзам медонад, ки ба баҳсу баррасии низомҳои олам бипардозад ва низоми Худовандро дар бораи махлуқот бишиносад ва бар асоси робитаи мавҷуд дар байни иллату маълул ва асбобу мусаббабот ва тибқи суннати илоҳӣ амал кунад.

ИХТИЁРИ ИНСОН

Лозим аст баъд аз баҳсе, ки дар бораи қадар шуд, назари Қуръонро дар бораи ихтиёри инсон мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳем, то дараҷаи сустӣ ва беасос будани эрод ва иттиҳоми ғарбиҳо ба Ислом дар мавриди имон ба қадар бароямон равшан шавад. Ҳангоме ки мушрикон куфру исёни худро ба иродаи Худо нисбат медиҳанд ва Худованд бо қотеият гуфтаҳои онҳоро рад менамояд, ба хубӣ барои мо маълум мегардад, ки қадар ба маънои беихтиёрии инсон ва таслим шудани ӯ дар баробари сарнавишт нест, балки ин инсон аст, ки ба майли худ ба анҷоми корҳои бад ё писандида мепардозад.

«Мушрикон (барои маъзаратхоҳӣ аз куфр ва таҳрими хӯрокиҳои ҳалол) хоҳанд гуфт: (Ин аъмоли мо бар асоси машияти Худост), агар Худо мехост, мо ва падарони мо мушрик намешудем ва чизи ҳалолеро ҳаром намекардем. Касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, низ ҳамин гуна (ки ба ту дурӯғ мегӯянд ва туро такзиб мекунанд, ба пайғамбарони мо дурӯғ мегуфтанд ва онҳоро такзиб мекарданд, то саранҷом) азоби моро чашиданд ва кайфари аъмоли худро диданд.

Бигӯ: оё далели қотеъе (барои розӣ будани Худо аз ширки худ ва таҳрими ҳалол дар даст) доред, то онро ба мо нишон диҳед? Шумо фақат аз пиндорҳои беасос пайравӣ мекунед ва ҳуҷҷату бурҳон надоред ва аз рӯйи зан (бадгумонӣ) гумон ва тахмин кор мекунед. Эй Пайғамбар, ба онҳо бигӯ, ки Худованд дорои далели равшану расо аст ва шумо далеле бар сидқи гуфтори худ надоред, ки мегӯед: «Худо ба куфри мо ва таҳрими чизҳои ҳалол аз тарафи мо розӣ аст. Оре, агар Худо мехост, ҳамаи шуморо (аз роҳи иҷбор ба сӯйи Ҳақ) ҳидоят менамуд, аммо ҳидояти иҷборӣ фоидае надорад ва ҳақиқатҷӯии ихтиёрӣ писандида ва сутуда аст)» (Анъом, 148-149).

Яъне, мушрикон мегӯянд: агар Худо мехост, моро аз ширк боз медошт, бинобар ин, ширки мо ба хости Худо аст ва мо муқассир нестем. Худованд ба ду далел ин иддаои онҳоро ботил менамояд: аввал ин ки Худованд мушрикони пешинро ба хотири куфру зулме, ки муртакиб шуда буданд, мавриди иқобу ғазаби худ қарор додааст. Агар куфри онҳо ба хости Худо анҷом мегирифт, ҳаргиз ононро мавриди хашми худ қарор намедод. Пас гуноҳи эшон ба ихтиёри худашон будааст, на ба хости Худо. Дувум, ин ки Худованд ба онҳо мефармояд, ки ҳамчун сухане, ки шумо иддао мекунед, аз тарафи ҳеҷ як аз пайғамбарон ба шумо иблоғ нашудааст ва агар рост мегӯед, ки мо ба шумо гуфтаем ширк биварзед, далелу бурҳонеро, ки доред, нишон диҳед. Сипас Худованд иддаои эшонро ба куллӣ ботил мекунад ва мефармояд: «Яъне, агар Худованд мехост ба тариқи иҷбор ҳамаи шуморо бар роҳи воҳиде қарор диҳад, мусалламан, он роҳи воҳид роҳи рост ва ҳидоят мебуд, вале Худованд ҳеҷ касеро маҷбур накарда, ки ба роҳи муайяне ҳаракат кунад ва фиристодани пайғамбарон ба сӯйи мардум ва даъвати онҳо ба сӯйи Ҳақ ва парҳез аз гуноҳ ба маънои ин аст, ки башар худ дар интихоби масираш соҳибихтиёр аст ва агар маҷбур бошад баробари сарнавишт рафтор кунад, фиристодани пайғамбарон чӣ фоидае дорад? Балки ҳамон гуна, ки Қуръон мефармояд инсон озод аст, то дар байни ҳаққу ботил якеро интихоб намояд».

«Бегумон, мо инсонро ба роҳи рост раҳнамоӣ кардем ва ҳаққу ботилро ба ӯ нишон додем, аммо ӯ ба ихтиёри худ ё дар муқобили ин неъмати бузурги ҳидоят сипосгузору мамнуни (Худо) аст ва ё қадри неъматро намедонад ва куфрони неъмат мекунад ва носипос аст ва роҳи ботилро интихоб мекунад» (Инсон, 3).

Ва мефармояд:

﴿وَقُلِ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكُمۡۖ فَمَن شَآءَ فَلۡيُؤۡمِن وَمَن شَآءَ فَلۡيَكۡفُرۡۚ ٢٩﴾ [الكهف: ٢٩]

«Бигӯ, ҳақ аз они Худост (ва он чи Худованд ба он дастур медиҳад, ҳақ аст). Пас ҳар кас мехоҳад, имон биёварад ва ҳар кас, ки мехоҳад, кофир шавад» (Каҳф:29).

Пас хосту машияти Худо барои ҳидоят ва интихоби роҳи рост аз тарафи мардум ба василаи фиристодани пайғамбарон ба манзури ҳидоят ва раҳнамоии инсонҳо ва огоҳ сохтани онҳо бар ҳақу ботил ошкору мутаҷаллӣ мегардад ва хосту иродаи инсон ҳам бо интихоби роҳи ҳақ ё ботил намоён мешавад. Бинобар ин, маълум мегардад, ки Худованд куфрро намехоҳад ва инсон маҳкуми қадару сарнавишт нест ва дорои иродаю ихтиёр аст. Қуръони карим дар аксари оятҳои худ ихтиёрро барои инсон собит менамояд ва ӯро дар муқобили коре, ки анҷом медиҳад, масъул медонад ва мефармояд: «Фасоде, ки дар назми иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд ва мардум аз он шиква мекунанд ва тамоми шарру бадбахтиҳое, ки дар зиндагии рӯзмарра ба вуфур дида мешаваду мардум аз он ранҷ мебаранд, ҳама дар асари шароит ва асбобе аст, ки мардум худи онҳоро ба вуҷуд овардаанд». Ва мефармояд: «Табоҳӣ ва харобӣ дар дарёю хушкӣ ба сабаби корҳое падидор гаштааст, ки мардум анҷом медоданд, ба ин васила Худо сазои баъзе аз корҳоеро, ки мардум анҷом медиҳанд, ба эшон мечашонад, то ин ки (онҳо бедор шаванд ва аз дасту по задан ба гуноҳ) баргарданд» (Рум, 41).

Боз Худованд мефармояд: «Ҳар бало ва мусибате, ки ба шумо мерасад, ба сабаби корҳое аст, ки анҷом додаед ва он натиҷаи аъмоли шумо аст ва Худованд аз бисёр корҳои нописанди шумо сарфи назар мекунад ва шуморо ба он муҷозот намекунад» (Шӯро, 30).

Ва мефармояд: «Ҳар кас, ки кори некеро анҷом диҳад, ба нафъи худи ӯ аст ва ҳар касе, ки кори бадеро анҷом диҳад, ба зиёни худи ӯ аст (дар охират бар асоси амали инсон бо ӯ рафтор мешавад) Ба ҳеҷ ваҷҳ Парвардигори шумо нисбат ба бандагонаш бедоду золим нест» (Фуссилат, 64).

Қуръон инсонро даъват мекунад, ки қавонин ва суннату низоми оламро бишиносад, то инқилоботи ислоҳӣ ба вуҷуд биёварад ва дар ҷомеа бо тараққӣ ва пашрафт ба сӯйи зиндагии беҳтар қадам бардорад ва мефармояд: «Бегумон, Худованд саодату хушбахтӣ ё зиллату бадбахтие, ки бар мардум аст, аз байн намебарад, то он ки мардум муқаддамоту шароите, ки худ барои хушбахтӣ ё бадбахтӣ ба вуҷуд овардаанд, аз байн баранд» (Раъд, 11).

Он чи ки баён шуд, оятҳое ҳастанд, ки Қуръон дар бораи ихтиёр ва иродаи инсон бо сароҳат зикр мекунад ва ихтиёру амали инсонро омилу маншаи савобу иқоби ӯ ба ҳисоб меоварад ва ин оятҳо ба куллӣ муғоир бо гуфтаи душманони Ислом аст, ки мегӯянд: Ислом дини танбалӣ ва заъфу нотавонӣ аст ва монеи пешрафти мусулмонҳо дар зиндагии дунёӣ аст.

ҲИДОЯТ ВА ГУМРОҲӢ

Худованд мефармояд: «Оё касе, ки (бар асари иртикоби гуноҳон ва исрор дар зулму фасод, рӯҳи имону ташхис барои ҳамеша дар ӯ мурдааст ва вуҷудаш якпорча вуҷуди ҷаҳаннамӣ шудааст ва барои ҳамин) фармони азоб дар ҳаққи ӯ қатъӣ ва муҳаққақ гаштааст (оё ту метавонӣ ӯро дар азоб бираҳонӣ?) Оё ту метавонӣ касеро наҷот диҳӣ, ки дар оташи дӯзах қарор гирифтааст» (Зумар, 19).

Ва боз Худованд мефармояд:

﴿إِنَّكَ لَا تَهۡدِي مَنۡ أَحۡبَبۡتَ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ ٥٦﴾ [القصص: ٥٦]

«Эй (Пайғамбар), ту наметавонӣ касеро, ки бихоҳӣ, ҳидоят диҳӣ, вале ин танҳо Худо аст, ки ҳар киро бихоҳад, ҳидоят ато менамояд» (Қасас, 56).

Бо таваҷҷӯҳ ба оятҳои фавқ ва оятҳои дигар мебинем, ки Ислом мегӯяд, ки ҳидоят ва гумроҳӣ дар дасти Худо аст, баъзе аз ин амр сӯиистифода карда ва онро далел бар ин донистаанд, ки инсон маҷбур аст ва дар анҷоми интихоби кор ихтиёре надорад, вале бояд гуфт ин истинбот ва истидлол дуруст нест, чаро ки ҳидоят ва гумроҳие, ки ба Худо нисбат дода мешавад ва дар ихтиёри ӯ аст, Қуръон сабаби онҳоро истеҳқоқу шоистагии бандагон муаррифӣ мекунад ва мефармояд: «Худованд ҳидоят намедиҳад қавмеро, ки золим бошад» (Моида, 51).

Ин оят мегӯяд сабаби адами ҳидоят ва гумроҳии онҳо аз ҷониби Худо зулму фасод аст, ки анҷом додаанд ва истеҳқоқи ҳидоятро аз худ салб кардаанд. Ҳамон гуна, ки мефармояд: «Худованд дурӯғгӯйи куфрпешаро ҳидоят намекунад». (Зумар, 3).

Ва мефармояд: «Онҳо чун аз ҳақ мунҳариф шуданд, Худованд дилҳояшонро аз пазириши ҳақ ва ҳақиқат ва гароиш ба роҳи рост каҷ ва мунҳариф кард ва инҳирофи зоҳирии онҳоро ба инҳирофи ботинии эшон сироят дод» (Саф, 5).

Ва мефармояд: «Ин гуна Худованд бар ҳар диле, ки худ бузургбин ва зӯргӯ бошад, мӯҳр мениҳад ва ташхисро аз он мегирад» (Ғофир, 35).

Ва мефармояд: «Худованд ҷуз каҷравон ва мунҳарифонро ба он гумроҳ ва ҳайрон намегардонад» (Бақара, 26).

Ва мефармояд: «Худованд золимонро гумроҳ менамояд» (Иброҳим, 27).

Касоне, ки дорои чунин сифоти мазмум ва нописанде бошанд, истеҳқоқи ҳидояти илоҳиро надоранд. Аз ин ҷиҳат, ба воситаи инҳирофу зулм ва такаббуре, ки доранд, Худованд онҳоро гумроҳ ва мунҳариф месозад.

Аммо дар мавриди касоне, ки дорои сифоти писандида ҳастанд ва шоистагию лаёқати ҳидояти илоҳиро касб мекунанд, мефармояд: «Ҳар касе, ки ба Худо имон дошта бошад, Худованд дили ӯро (ба суботу оромиш ва таслиму хушнудӣ ба амри Худо мерасонад ва) раҳнамуд мегардонад» (Тағобун, 11).

Ва мефармояд: «Эй Муҳаммад (с), бигӯ: Худованд ҳар касеро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касеро, ки пушаймон аз гуноҳ мегардад ва ба сӯйи Худо бозгашт менамояд, ҳидоят медиҳад» (Раъд, 27).

Ва мефармояд: «Худованд ба василаи Қуръон касонеро ба роҳҳои амну рост ҳидоят мекунад, ки ҷӯёи хушнудии ӯ бошад» (Моида, 16).

Пас, ҳидояти илоҳӣ ҳам хоси касоне аст, ки дорои имон, рафтори некӯ ва эҳсоси бандагӣ ва таслиму шармандагӣ дар пешгоҳи Худованд мебошанд. Ва ҳидояту гумроҳӣ аз ҷониби Худо бар асоси суннату асбоб ва иллатҳои онҳо аст ва ҷабре дар байн нест.

ИРОДАИ ИНСОН ҲАМРОҲ БО ИРОДАИ ХУДОСТ

Ислом ихтиёр ва иродаи анҷоми корро барои инсон собит менамояд, вале иродаю ихтиёри ӯ дар анҷоми кор вақте муассир аст, ки ҳамроҳ бо иродаю хости Худо бошад, вагарна инсон наметавонад коре анҷом диҳад, ки мухолифи хости Худо бошад.

Ва мефармояд: «Ин Қуръон ҷуз панду андарз барои ҷаҳониён нест ва барои касоне аз шумо аст, ки бихоҳанд роҳи ростро дар пеш гиранд ва ҳол он, ки наметавонед чизеро бихоҳед ба ҷуз чизҳое, ки хости Худост» (Таквир, 27-29).

Мурод ин аст, ки фармонравоии мутлақ аз они Худо аст ва рафтору кирдори банда вақте аз қувва ба феъл дармеояд, ки хости ӯ бо хости Худо ҳамнаво ва ҳамроҳ бошад ва аъмоли инсон фақат мутаваққиф бар хосту иродаи худи ӯ нест, балки замоне хости ӯ маншаи амал воқеъ мегардад, ки ҳамгом бо хости Худо бошад ва Худованд мефармояд: «Барои касе аз шумо, ки истиқомат бихоҳад».

Вале баъд аз он мефармояд, хости онҳо иллати асосӣ нест ва бояд бо хости Худо ҳамроҳ бошад. «Ва шумо намехоҳед, магар пас аз он ки Худо бихоҳад».

Албатта, оятҳои дигаре ба ҳамин маъно дар Қуръон зикр шудааст, монанди:

﴿وَرَبُّكَ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُ وَيَخۡتَارُۗ مَا كَانَ لَهُمُ ٱلۡخِيَرَةُۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ٦٨﴾ [القصص: ٦٨]

«Парвардигори ту ҳар чиро бихоҳад, меофаринад ва ҳар касеро ва ҳар кореро бихоҳад, бармегузинад ва мардумон пас аз судури фармони Худо дар бораи чизе ва касе ҳаққи интихоб надоранд» (Қасас, 68).

Яъне, башар заифу оҷиз ва ноогоҳ аст ва наметавонад дар баробари қудрат ва илми Худо изҳори назар кунад ва ҳаққи интихоб дошта бошад. «Бигӯ, ҳаргиз чизе (аз хайру шар) ба мо намерасад, магар чизе, ки Худо муқаддар карда бошад» (Тавба, 51).

Яъне, қодири мутлақ Худо аст ва бидуни хости ӯ чизе воқеъ намешавад ва касе ҳақ надорад худро мустақил ва фаъоли мояшо бидонад, балки бояд ҳамеша дар ҷиҳати хости Худо ҳаракат намояд ва саъй кунад ӯро розӣ кунад. «Агар Худованд зиёнеро ба ту бирасонад, ҳеҷ кас ҷуз ӯ наметавонад онро бартараф созад ва агар чизеро ба ту бирасонад (касе наметавонад пеши онро бигирад, чаро ки) ӯ ба ҳар чизе тавоно аст» (Анъом, 17).

Ин оятҳо нишон медиҳанд, ки башар вақте метавонад кореро анҷом диҳад, ки мухолиф бо хости Худо набошад ва чун заифу нотавон ва ҷоҳил аст, наметавонад хилофи хостаи Худованди доною тавоно коре анҷом диҳад.

Дар ҳақиқат, ин оятҳо як ҳақиқати илмиро баён медоранд, ки аксари фалсафа ва донишмандони ғарбӣ ба он эътиқод доранд ва аз он ба номи ҷабри илмӣ ном мебаранд. Ин ҷабри илмӣ нишон медиҳад, ки Худованди мутаол тамоми динеро бар асоси назму суннат ва шароити махсус ба вуҷуд овардааст ва дар байни асбобу мусаббабот робитаи мустақиму устуворе қарор додааст ва ҳар гоҳ авомил ва асбоб ба вуҷуд омаданд, маълулу мусаббаб низ таҳаққуқ меёбанд ва хосту иродаи инсон бар асоси суннат ва низоми илоҳӣ танҳо дар маҳдудае аст, ки аз ҷониби Худованд таъйин шудааст. Иродаи инсон барои анҷоми коре лозим аст, вале кофӣ нест ва барои расидан ба матлуб хосту иродаи илоҳӣ аст, ки таъйинкунанда мебошад, чаро ки агар Худованд бихоҳад равобити мавҷуд байни асбоб ва мусаббаботро аз байн мебарад, масалан, оташ Иброҳимро намесӯзонад ва Исо бидуни падар ба дунё намеояд. Бинобар ин, лозим аст инсон худро бишиносад ва аз ғуруру худхоҳӣ дурӣ кунад. Танҳо ба қудрати худ такя надошта бошад, балки зимни бакоргирии ҳама асбобу мусаббабот ва ҳаракат дар масири суннати Худо ҳамеша мутаваҷҷеҳи қудрат ва азамати Парвардигори худ бошад ва талош намояд, то тамоми ҳаракаташ дар ҷиҳати ризо ва хости ӯ бошад.

АҶАЛ ВА РӮЗИИ ИНСОН МАҲДУД АСТ

Дар бораи аҷал Қуръон мефармояд:

﴿وَمَا كَانَ لِنَفۡسٍ أَن تَمُوتَ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِ كِتَٰبٗا مُّؤَجَّلٗاۗ ١٤٥﴾ [ال عمران: ١٤٥]

«Ҳеҷ касеро намесазад, ки бимирад, магар ба фармони Худо ва Худованд вақти онро дақиқан ва дар муддати мушаххасу маҳдуде сабт кардааст» (Оли Имрон, 145).

«Ҳар ҷо, ки бошед, марг шуморо дармеёбад, ҳарчанд дар бурҷҳои муҳкаму устуворе ҷойгир бошед» (Нисо, 78).

«Ҳеҷ шахси пире умри дарозе ба ӯ дода намешавад ва ҳеҷ кас аз умраш коста намешавад, магар ин ки дар китоби «Лавҳу-л-маҳфуз» сабт ва забт аст» (Фотир, 11).

Ба ҳақиқат, ин оятҳо ба беҳтарин ваҷҳ воқеъияти зиндагӣ ва ҳаётро таҷассум менамоянд. Мо ҳар рӯз бо чашми худ мебинем инсонҳое, ки ба интизори марг нестанд, чӣ гуна ба коми марг мераванд ва роҳи гурезе надоранд. Маргҳои ногаҳонии одамонеро мебинем, ки қаблан эҳсоси нороҳатӣ накардаанд, ҳатто иддае аз пизишкон мӯътақиданд, ки вақте инсон ба дунё меояд, чизе ба ҳамроҳ дорад, ки модда ва вируси поёни ҳаёту зиндагии ӯ аст, яъне ҳар таваллуде марге ба ҳамроҳ дорад. Вақте ҳаёту зиндагӣ маҳдуд бошад, мусалламан, рӯзӣ ва ризқ низ маҳдуд аст. Қуръон мефармояд: «Худованд ба ҳар касе, ки бихоҳад, беҳисоб ва бешумор рӯзӣ мерасонад» (Оли Имрон, 37).

Ин буд масоиле, ки Қуръон роҷеъ ба қадар, ихтиёр, ризқ ва аҷал баён доштааст, аммо касоне, ки мехоҳанд ба баҳсу баррасии масоили дигаре аз қабили эҷоди тавофуқ дар байни иҳотаи илму иродаи Худо, ки амре аст муҳаққақ ва амали ихтиёрии инсон, ки амре аст бадеҳӣ бипардозанд, ин кор ба маънои ҷустуҷӯи сирри қадар аст, ки инсон аз баҳсу таҳқиқ дар мавриди он манъ шудааст ва пардохтан ба мавзӯе аст, ки аз доираи амали ақл хориҷ аст.

ФОИДА ВА РӮҲИ ИМОН БА ҚАДАР

Имон ба қадар инсонро ба саъю талош водор менамояд, чун нафъи худро дар талошу кӯшиш мебинад ва бо худ мегӯяд: агар ин бор муваффақ нашудам, бори дигар муваффақ хоҳам шуд. Ва ҳамеша интизор дорад, ки барои ӯ хайре муқаддар шуда бошад ва танҳо омил барои расидан ба ин хайрро талошу кӯшиши худ медонад. Аз ин рӯ, инсони мӯътақид ба қадар ҳамеша фаъолу пурталош аст.

Яке дигар аз фалсафаҳои муҳиме, ки Худованд инсонро ба имон ба қадар даъват карда, ин аст, ки ҳангоми дучор шудан ба бало ва гирифторию нороҳатӣ худро бо он таскин бахшад ва сабуру бурдбор бошад. Замоне, ки инсон бо саъйу талош ва хастагии фаровон ва умед ва интизории зиёд ба дунболи чизе медавад, вале бо яъсу навмедӣ рӯ ба рӯ мешавад, дар чунин мавқеияти хатарноке имон ба қадар ба фарёдаш мерасад ва ӯро дилдорӣ медиҳад ва таваккулу эътимод ба қудрати Худоро ба ёдаш меоварад. ӯро ба сабру бурдборӣ ва чораандешию дастёбӣ ба роҳи ҳалҳое дуруст ташвиқ мекунад.

Ҳамон гуна, ки ба ҳангоми тавфиқу пирӯзӣ аз худхоҳӣ ва ғуруру такаббури инсон ҷилавгирӣ менамояд ва ин пирӯзиро ҷузъи неъматҳои илоҳӣ ва қадари худовандӣ ба ҳисоб меоварад ва инсонро дар чунин ҳоле ба тавозӯъ ва фурӯтанӣ ва сипосгузории Парвардигор вомедорад. Қуръон ба ин ҳақиқат ишора мекунад ва мефармояд:

﴿مَآ أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِيٓ أَنفُسِكُمۡ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مِّن قَبۡلِ أَن نَّبۡرَأَهَآۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ ٢٢ لِّكَيۡلَا تَأۡسَوۡاْ عَلَىٰ مَا فَاتَكُمۡ وَلَا تَفۡرَحُواْ بِمَآ ءَاتَىٰكُمۡۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخۡتَالٖ فَخُورٍ ٢٣﴾ [الحديد: ٢٢، ٢٣]

«Ҳеҷ рӯйдоде дар замин ба вуқӯъ намепайвандад ё ба шумо даст намедиҳад, магар ин ки пеш аз офариниши замин ва худи шумо дар китоби бузург ва муҳиме (ба номи Лавҳул-маҳфуз сабту забт) будааст ва ин кор барои Худо содаю осон аст. Ин ба он хотир аст, ки шумо на барои аз даст додани чизе ғам бихӯред, ки чаро аз дастатон бадар рафтааст? Ва на бисёр шодмону мағрур бишавед бар он чи Худованд ба дастатон расонидааст» (Ҳадид, 22-23).

Худованд мефармояд: Тамоми рухдодҳои замин ва он чи марбут ба нафси инсон аст, қабл аз офариниши замин дар Лавҳул-маҳфуз сабт кардааст ва худ ба он олим аст ва бинобар ин аз инсон мехоҳад ба ҳангоми нороҳатӣ собиту устувор бошад ва ғаму нороҳатӣ ӯро аз пой дарнаоварад, чун ин муқаддире аст ҳатмиюлвуқӯъ ва дар ихтиёри инсон намебошад. Ва агар хайру неъмате ба ӯ расид, бояд бидонад, ки ин неъмат дар асари ҳушёрӣ ва зиракии ӯ нест ва набояд мағрур шавад, зеро муқаддари илоҳӣ аст ва касе қодир ба пешгирии он нест. Аз тарафи дигар имон ба қадар боиси пайдоиши сифот ва фазоили ҳамида дар даруни инсон мегардад; шуҷоату мардонагӣ ва бахшишу саховатро ба армуғон меоварад, шахси мӯътақид ба қадар тарсе ба дил надорад ва дар роҳи Худо аз ҳеҷ фидокорию мардонагӣ дареғ намеварзад, зеро имон дорад, ки Худо розиқ ва зомини рӯзии ӯ аст ва онро муайян намудааст. Барои ҳамин, аз ҷуду бахшиш ва кӯмак ба фақирону ниёзмандон кӯтоҳӣ намекунад.

Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд.



[1] - Саҳеҳи Муслим

[2] - Доиратулмаорифи Фариди Ваҷдӣ. (Ба нақл аз китоби «Тазкира дар бораи вуҷуди бурҳон бар ҳастии холиқ», таълифи Бушет).

[3] - Ба нақл аз баҳсҳое дар «Фалсафаи исломӣ ва тамаддуни Фаронса».

[4] - Китоби «Ал-Шамс» таълифи доктор Ҷому.

[5] - Ал-Олам ва Эйнштейн. Таълифи Ленкулен Борнет, тарҷумаи Осафи Баркукӣ. - С. 116.

[6] - Узви ҳайати илмияи улуми табиии Амрико аст.

[7] - «Ҳамроҳи Худо дар осмон». Таълифи доктор Аҳмад Закӣ.

[8] - Ба накл аз китоби «Инсон ба танҳоӣ бархоста наметавонад». – С.186

[9] - Маъхази собик.

[10] - Аз китоби «Илм ҳанўз хазида меравад». Таълифи Ҷеймс Сутукули. Тарҷумаи доктор Муҳаммад Шамот.

[11] - Устоди донишгоҳи Франкфорти Олмон ва узви Академияи илмии Бондёно. Нақл аз китоби «Аллоҳ дар асри илм зуҳур менамояд». – С. 72.

[12] - Аз китоби «Инсон ба танҳоӣ ба по намеистад». - С. 137.

[13] - Доиртаулмаорифи Фариди Ваҷдӣ, моддаи «Илоҳ».

[14] - Нақл аз китоби «Инсон ба танҳоӣ ба по намеистад». –С. 146.

[15] - Пайдоиши дин. Таълифи устод Алии Сомии Нишор, саҳ.181.

[16] - [16] Китоби «Инсон ба танҳоӣ ба по намеистад». – С. 290.

[17] - Китоби «Худо дар асри илм зуҳур менамояд». - С. 152.

[18] - Устоди зистшиносии донишгоҳи Бойлур, муовини Академияи улум дар Флорида.

[19] - Аз китоби «Худо дар асри илм зуҳур менамояд». - С. 23.

[20] - Китоби «Олам ва Эйнштейн».

[21] - Устоди улуми табиии Донишгоҳи Мишигон.

[22] - Аз китоби «Аллоҳ дар асри илм зуҳур менамояд». – С. 56.

[23] - Арабӣ. – С.122-123

[24] - Раиси собиқ Академияи улуми Ню-йорк.

[25] - Аз китоби «Инсон ба танҳоӣ ба по намеистад». – С . 94.

[26] - Устоди зистшносӣ ва раиси қисмате аз Донишгоҳи Сан-Франсиско.

[27] - Инсонҳои ибтидоӣ мўътақид буданд, ки дар байни инсон ва ё як ё чанд ҳайвон ва ё як навъ гиёҳ ва ё дарахт иртиботи маънавӣ вуҷуд дорад. Ба ҳамин иллат ин ҳайвон ё ҳайвоноти махсусро муқаддас медонистанд ва аз шикору забҳ ва азияти он худдорӣ менамуданд, ё аз буридан ва сўзонидани он навъ гиёҳ ё дарахт худдорӣ мекарданд ва онро муқаддас медонистанд ва парастиш мекарданд. Дар истилоҳ ин ҳайвон ё дарахти муқаддасро «тотем» мегўянд.

[28] - Аз китоби «Аш-шамс», таълифи доктор Ҷорҷ Ҷому.

[29] - Рисолату-т-тавҳид. – С. 10-14.

[30] - Худо дар асри илм зуҳур менамояд. – С.19

[31] - «Таъриху-л-араб». Ҷ. 1. – С. 177.

[32] - Аз китоби «Ба сўйи онҳое, ки ба рўҳҳои муъаттал умед мебанданд». Тарҷумаи Муҳаммадфариди Ваҷдӣ.

[33] - Ин сухнонро доктор Ҳюго дар суханронии худ дар конфронси ҳукукӣ 15 октябри 1850 дар Порис эрод намуд ва доктор Вати онро дар китоби худ «Оё куфр мумкин аст?» оварда ва Муҳаммадфариди Ваҷдӣ онро тарҷума кардааст.

[34] - Аз «Файзу-л-хотир», таълифи Аҳмад Амин Фазл.

[35] - Ба Инҷили «Аҳди кадим», гуфтаи Ашъиё дар рўзи ризвон. Асҳоҳи 25 сафари 25. Ва «Аҳди ҷадид» гуфтаи Юҳаноилоҳӣ, Асҳоҳи 4 дар бораи рўъёяш муроҷиат кунед.