×
Дар соли шашуми ҳиҷри ҳазрати Расули Худо (с) хост, ки қаламрави давлати исломиро густариш диҳад. Аз ин рў, ҳашт нома ба сарон ва руасои Араб ва Аҷам ирсол дошт ва дар он номаҳо ишонро ба Ислом даъват кард ва дар ҷумлаи ин руасо яке ҳам Сумома ибни Усоли Ҳанафи буд. Бидуни шак Сумома яке аз он шахсиятҳои маъруфи даврони ҷоҳилият буд, ки арабҳо ҳарфашро мешуниданд ва аз амру фармонҳои ў итоат мекарданд.

    СУМОМА ИБНИ УСОЛ

    ثمامة بن أثال

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Доктор Абдурраҳмон РАЪФАТПОШО

    Тарҷумаи: Абдулҳалими Орифи

    2009 - 1430

    ثمامة بن أثال

    « باللغة الطاجيكية »

    د. عبد الرحمن رأفت باشا

    ترجمة : عبد الحليم عارفي

    2009 - 1430

    СУМОМА ИБНИ УСОЛ

    Дар соли шашуми ҳиҷри ҳазрати Расули Худо (с) хост, ки қаламрави давлати исломиро густариш диҳад. Аз ин рў, ҳашт нома ба сарон ва руасои Араб ва Аҷам ирсол дошт ва дар он номаҳо ишонро ба Ислом даъват кард ва дар ҷумлаи ин руасо яке ҳам Сумома ибни Усоли Ҳанафи буд.

    Бидуни шак Сумома яке аз он шахсиятҳои маъруфи даврони ҷоҳилият буд, ки арабҳо ҳарфашро мешуниданд ва аз амру фармонҳои ў итоат мекарданд.

    Ў яке аз сардорон ва сарварони олимақоми Ямома буд, ки суханонашонро мардум гўш мекард ва аз амру фармонҳояшон пайрави мекарданд.

    Сумома сараввал номаи ҳазрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васалламро бо беэътиноии тамом дарёфт дошт ва ба дидаи ҳақорат ба он нигарист ва хашму ғурураш нисбат ба вай ба ҷўш омад. Ва гўшҳояшро аз шунидани каломи ҳақ ва сухани хайр боздошт. Баъд шайтон ин васвасаро дар вай эҷод кард, ки тасмим гирифт, ки ҳазрат, Расули Худо (с)-ро қатл ва даъвати вайро маҳв намояд. Аз ин рў дар пайи фурсате буд, ки заминаи чунин коре ба ў муяссар гардад. Ва бо истифода аз ғафлат ва бехабарии он ҳазрат наздик буд, ки чунин тасмими хатарнок ҷомаи амал пўшад, ки писари амакаш дар охирин лаҳзаҳо аз ин тасмим огоҳ шуд ва ўро аз ин азм боздошт. Ва Худованд Паёмбари худро аз шарри вай наҷот дод. Аммо агар Сумома акнун аз азияти Паёмбари Худо салаллоҳу алайҳи васаллам сарфи назар намуда, вале аз азияти ёронаш даст набардоштааст, ба тавре ки вай интизори он дошт, ки бар ёрони вай зафар ёбад, то ҷоми хашму ғазаби худро фурў рехта ва онҳоро ба қатл расонад. Боре чунин шуд

    ва ба дастае аз ёрони он ҳазрат зафар ёфт ва онҳоро ба бадтарин ҳолате ба қатл расонид. Ҳазрати Расули Худо (с) аз

    шунидани ин хабар хуни Сумомаро дар ҳузури ёронаш ҳадар эълон дошт.

    Аз ин воқеа фурсате чандон сипари нашуда буд, ки Сумома ибни Усол ба қасди адои умра азми сафар намуд ва Ямомаро ба қасди Макка тарк гуфт ва дар дил ҳавои он дошт, ки ба хонаи Каъба тавоф намуда ва қурбониҳоеро барои бутон забҳ хоҳад намуд.

    Ва дар асное, ки Сумома дар роҳи худ ба сўи Макка ба Мадина наздик шуда буд, ҳодисае рух дод, ки ҳаргиз дар гўшаи хаёлаш нагузашта буд. Тавре ки дастае посбонони ҳазрати Расули Худо дар атроф ва навоҳии Мадина аз бими он ки мабодо бадхоҳе қасди харобкори карда, дохили Мадина шавад, гашт мекарданд. Дар ин асно Сумома ба дасти посбонони фиристодаи ҳазрати Расули Худо (с) бидуни он ки бишносанд, ки вай Сумома аст, асир афтод. Ишон вайро гирифта ба Мадина оварданд ва ўро дар сутуне аз сутунҳои масҷид бастанд ва ба интизори он нишастанд, ки ҳазрати Расули Худо худ ба ҳоли вай воқиф ва мутталеъ гардад ва дар бораи вай дастур диҳад.

    Чун Ҳазрати Расули Худо (с) ба сўи масҷид омад ва хост, ки дохили масчид шавад, дид, ки Сумома дар сутуни масҷид баста шудааст. Рўй ба сўи асҳоби худ намуд ва гуфт: Медонед, ки чи касеро асир гирифтаед?

    Гуфтанд: На, Эй Расули Худо (с) Фармуд: Ин Сумома ибни Усоли Ҳанафи аст. Бо асиратон муомилаи нек кунед.

    Баъд ҳазрати Расули Худо (с) ба хонаи худ баргашт ва гуфт: Он чи хўрдани, ки назди худ доред, онро ҷамъ намуда ба Сумома ибни Усол бифиристед…

    Ва баъд амр кард, ки шутурашро субҳу бегоҳ дўшида ва ширашро барои Сумома ибни Усол тақдим намоед. Ишон ин ҳама дастуроти Паёмбари Худо (с)-ро бидуни он ки бо вай ҳарфе бигўянд, ба ҷо оварданд.

    Баъд ҳазрати Муҳаммад (с) ба назди Сумома омад ва кўшиш намуд, ки оҳиста-оҳиста ўро ба Ислом ташвиқ намуда ва рағбат диҳад ва ба ў гуфт: Эй Сумома, оё гуфтание дори?

    Гуфт: Эй Муҳаммад (с), ҳарфе ҷуз хайрхоҳи надорам…

    Агар маро ба қатл расони, касеро ба қатл мерасони, ки қотил аст. Ва агар бар ман миннат гузори, бар касе миннат мегузори, ки поси неъмат медонад ва шукри он ба ҷо меорад…

    Ва агар аз ман пул хоҳи, ҳар қадаре, ки хоста боши, дар ихтиёрат хоҳам гузошт…

    Ҳазрати Расули Худо (с) ўро то ду рўз ба ин ҳолат гузошт ва хўрдани ва нўшиданиашро фиристод ва шири шутурашро ба вай тақдим намуд. Баъд назди вай омад ва гуфт: Эй Сумома, оё гуфтание дори? Гуфт: Эй Муҳаммад (с.), ҳарфе ҷуз хайрхоҳи надорам… Агар маро ба қатл расони, касеро ба қатл мерасони, ки қотил аст. Ва агар бар ман миннат гузори, бар касе миннат мегузори, ки поси неъмат медонад ва шукри он ба ҷо орад… Ва агар аз ман пул хоҳи, ҳар қадаре, ки хоста боши, дар ихтиёрат хоҳам гузошт…

    Ҳазрати Расули Худо (с) ин бор низ ўро ба ҳоли худ гузошту рафт. Ва рўзи дигар назди вай омад ва гуфт: Эй Сумома, оё гуфтание дори? Гуфт: Эй Муҳаммад (с), ҳарфе ҷуз хайрхоҳи надорам… Агар маро ба қатл расони, касеро ба қатл мерасони, ки қотил аст. Ва агар бар ман миннатгузори, бар касе миннат мегузори, ки поси неъмат медонад ва шукри он ба ҷо меорад… Ва агар аз ман пул хоҳи, ҳар қадаре, ки хоста боши, дар ихтиёрат хоҳам гузошт… Ҳазрати Расули Худо (с) рў ба сўи асҳоби худ намуд ва гуфт: Сумомаро раҳо кунед. Ҳамон буд, ки вайро раҳо карданд. Сумома масҷиди Расули Худо (с)-ро тарк гуфт ва рафт. То он, ки ба бўстонҳои атрофи Мадина, ки дар наздикии Бақеъ воқеъ аст, расид ва дар он ҷо обе дид ва аз шутури худ фуруд омад ва худро хуб пок бишуст ва баъд ба сўи масҷиди ҳазрати Расули Худо (с) баргашт. Ва чун ба он ҷо расид, дар миёни ҷамъе аз мусалмонон ба по истод ва гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ.

    Ва баъд рўй ба сўи ҳазрати Расули Худо (с) намуда гуфт:

    - Қасам ба Аллоҳ, эй Муҳаммад, то кунун назди ман ҳеҷ чеҳрае дар рўи замин қабеҳтар аз чеҳраи ту набуд ва ҳол ҳеҷ чеҳрае маҳбубтар аз чеҳраи ту назди ман нест ва қасам ба Аллоҳ, эй Муҳаммад ҳеҷ дине бадтар аз дини ту дар наздам набуд ва акнун ҳеҷ дин беҳтар аз дини ту назди ман нест. Ва қасам ба Аллоҳ, ки ҳеҷ шаҳре нохуштар аз шаҳри ту назди ман набуд ва акнун ҳеҷ шаҳре маҳбубтар назди ман аз шаҳри ту нест.

    Баъд изофа намуда гуфт: Эй Расули Худо, ман дар бораи асҳоб ва ёрони ту муртакиби қатл шудаам, дар ин хусус бар ман чи дастур медиҳи?

    Ҳазрати Расули Худо фармуд: Бар ту ҳеҷ маломате нест ва Ислом ҳама гуноҳони қаблиро маҳв месозад. Ва баъд ўро ба хайр ва некўи, ки ба сабаби Ислом Худованд ба вай насиб гардондааст, мужда дод. Аз шунидани ин ҳарф аз шиддати хуши дар худ намеғунҷид ва гуфт: Қасам ба Худо, бар мушрикин чунон азият расонам, ки чанд баробар азият буда бошад, ки ба ёрони ту расонидаам. Ва ман худ ва шамшерам ва онҳоеро, ки аз ман итоат доранд дар хидмати ту мегузорам ва дар ҷиҳати пирўзии ту ва дини ту кор мекунам.

    Ва баъд гуфт: Эй Расули Худо, дар ҳоле, ки ман қасди адои умра доштам, посбононат маро дастгир намуданд. Ва акнун дар ин хусус барои ман чи дастур медиҳи? Ҳазрати Расули Худо фармуд: Дар чаҳорчўби таълимоти шаръи Аллоҳ ва расулаш ба адои умраат идома деҳ ва баъд худ шеваи умра карданро ба вай омўзонд.

    Сумома ба қасди анҷоми ҳадафи хеш ба сўи Макка равона шуд ва чун ба домони Макка расид, бо садои расо гуфт:

    Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ло шарика лака лаббайк, иннал ҳамда ваннеъмата лака вал мулк ло шарика лак.

    Ва ба ин тартиб вай аввалин мусалмоне буд, ки талбиягўён дохили Макка шуд.

    Чун Қурайшиён ин садоро бишуниданд, хавфзада ва пур аз хашму ғазаб шамшерҳои худро гирифта ва ба сўи вай равон шуданд, то ба вай дарси ибрат диҳанд. Чун Сумома ишонро бо инчунин ҳол бидид, бо сарбаланди ва ифтихор якбора садои худ баландтар намуд. Дар ин асно ҷавоне аз миёни онҳо хост ўро ҳадафи тири худ қарор дода ва нақши замин созад, дасти вайро гирифтанд ва гуфтанд, ки медони ин чи касе аст? Ин Сумома ибни Усол сардори Ямома аст, қасам ба Худо, агар ба вай азияте расонед, қавмаш роҳи ризқро бар мо хоҳад баст ва ҳама аз гуруснаги ҷон хоҳем дод.

    Баъдан Қурайшиён шамшерҳо дар ғилоф намуда, ба ў гуфтанд: Эй Сумома, туро чи шудааст, ки аз дини худ баргашти?

    Сумома гуфт: Ман аз дин барнагаштаам, аммо беҳтарин адёнро баргузидаам… Дини Муҳаммадро.

    Баъд изофа намуда гуфт: Маро бар Парвардигори ин хона қасам аст, ки чун ба диёри худ баргардам, то он ки ҳамаатон ин динро напазиред, дона аз гандум ва ё ҳоҷоти дигареро иҷоза нахоҳам дод, ки ба сўи шумо биёяд.

    Сумома ибни Усол ба шевае, ки ҳазрати Расули Худо ўро таълим дода буд, дар пеши чашми мардум маросими умраро ба ҷо овард ва барои Аллоҳ забҳ намуд ва чун ба диёри худ баргашт, барои қавмаш дастур дод, ки ирсоли маводи хўрокаро аз Қурайш боздоранд ва нагузоранд, ки маводи хўрока ба Макка бурда шавад. Қавмаш аз амри ў пайрави карданд ва ҳама ниёзмандиҳои аҳли Маккаро боздоштанд.

    Ин муҳосараи иқтисодие, ки Сумома дар мавриди аҳли Макка ба кор бурд, оҳиста-оҳиста таъсири худро мегузошт то он, ки қимати ашёи хўрдани боло рафт ва гуруснаги ҳама мардуми Маккаро фаро гирифт ва аз он бим намуданд, ки худ ва фарзандонашон аз гуруснаги ҷон диҳанд. Бино бар ин, нома ба ҳазрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ирсол дошта гуфтанд: Чизе, ки мо аз ту ба ёд дорем, ин аст, ки ту худ силаи раҳм мекарди ва мардумро ба он ташвиқ менамуди… ва ҳолро ту худ бо мо қатъи силаи раҳм карда ва падаронамонро шамшерҳоят аз байн бурд ва фарзандонамонро аз гурустаги ба ҳалокат меандози. Ва Сумома ибни Усол ҳама манбаъҳои ризқи моро қатъ намуда ва ба мо осеби бузург расонидааст. Агар лозим дони, ба вай фармон деҳ, заруратҳои зиндагиро бар мо қатъ накунад ва ба он иҷозат вуруд диҳад. Ҳамон буд, ки ҳазрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Сумома навишт, ки манбаъҳои озуқаи ононро бозкушояд. Сумома амри он ҳазратро ба ҷо овард ва мавориди озуқаашонро иҷоза дод. Сумома то вақте ки дар қайди ҳаёт буд, бо камоли имондори ва вафо ба аҳде, ки бо Паёмбар намуда буд, боқи монд ва вақте ҳазрати Расули Худо (с) падруди ҳаёт гуфт ва Мусайлимаи каззоб дар бани Ҳанифа иддаъои нубувват кард ва дастаҳое аз қабилаҳои Араб аз дини ислом баргашта ва ба даъвати вай рўй оварданд. Сумома дар баробари вай ба по истоду гуфт: Эй бани Ҳанифа, ҳуш доред аз пазируфтани ин даъвати сиёҳе, ки асари нур ва равшани дар он дида намешуд… Қасам ба Худо, ин даъвати вай бадбахти аст, ки Худованд онро бар касоне аз шумо, ки онро мепазирад, навиштааст ва фитна аст бар касе, ки онро намепазирад. Баъд гуфт: Эй Бани Ҳанифа, ҳақиқат ин аст, ки ду Паёмбар дар як вақт мабъус намешавад. Ва Муҳаммад Паёмбари Худованд аст, ки баъд аз вай на Паёмбаре меояд ва на ҳеҷ кас ўро дар ин нубувват ҳамто мегардад.

    Баъд ин оятро бар ишон қироат кард:

    Ҳо мим. Танзилу-л-китоби мина-л-ллоҳи-л-азизи-л ъалим, ғофири-з-занби ва қобили-т-тавби шадиди-л-ъиқоби зиттавл ло илоҳа илло ҳува илайҳи-л-масир.

    Баъд гуфт: Ин каломуллоҳ бо ин қавли Мусайлима чи таносубе дорад, ки гуфтааст: «Ё зифдаъ, наққи мо тунаққин, ло шароба тамнаъин ва ло моа тукдарин»

    Баъд вай ҳамроҳ бо онон, ки ба исломи худ боқи монда буданд, яктараф шуд ва дар роҳи дифоъ аз дин ва ҳимоят аз Ислом ба ҷиҳоди ростини худ идома дод.

    Худованд Сумома ибни Усолро подош некў ато фармояд ва мақому манзилаташро дар биҳишт баланд гардонад.