×
Ин мақола гирифташуда аз китоби "Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро", ки муаллифаш Д. Умар Сулаймон Ашқар аст, мебошад, ва ин қисми китоб дар бораи Азоб ва неъматҳои қабр аст.

    Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми панҷум: Қабр, Азоб ва неъматҳои қабр

    القيامة الصغرى وعلامات القيامة الكبرى، القسم الخامس: عذاب القبر ونعيمه

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таълиф: Д. Умар Сулаймон Ашқар

    تأليف: عمر سليمان الأشقر

    —™

    Таҳия: Мусъаб Ҳамза

    ترجمة : مصعب حمزة

    Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми панҷум: Қабр, Азоб ва неъматҳои қабр

    Фасли чаҳорум: Қабр

    Мабҳаси чаҳорум: Азоб ва неъматҳои қабр

    Матлаби аввал: Ҳадисҳои азоб ва неъматҳои қабр мутавотир ҳастанд.

    Шореҳи Таҳовӣ мегӯяд: Ахбор ва ҳадисҳо дар бораи азоби қабр барои мустаҳиққони азоб, аз Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо тавотур расидаанд. Инчунин ҳадисҳои саволи Мункар ва Накир низ дар ҳадди тавотур ҳастанд. Бинобарин эътиқод ва имон бар ҳаққонияти он воҷиб ва лозим аст. Албатта дар бораи чигунагии азоби қабр барои мо иҷозати изҳори назар кардан нест ва чигунагии онро намедонем. Чунки ақл қудрати чигунагии дарки онро надорад ва аз доираи фаҳмиши ақл берун аст. Аз тарафи дигар аҳкоми он муртабит ба ин дунё нест, то инки бар асоси ақл бошанд, ё битавон онро ақлони сохт. Дар дини Ислом танҳо аҳкоми шариъат, дунёи ва дар доираи фаҳмиши ақли башари нозил мешавад ва бояд аҳкоме машруъ гардад, ки ақли башари тобу тавони онро дошта бошад. Бозгашти руҳ бар ҷасад ва аҳкоми қабру қиёмат дар доираи қавонин ва сунани маълуфу маъҳуди башар нестанд, то дар муқобили ақли дунёгии башар сари таслим фуруд оваранд. (Шарҳи ақидаи Таҳовӣ 450)

    Ва дар ҷои дигар мегӯяд: Бояд бидонем, ки азоби қабр ҳамон азоби барзах аст, ҳар кас, ки аз дунё куч бандад ва мустаҳиқи азоб бошад, дафн шавад ё не, саҳми худро аз азоб хоҳад чашид, Хоҳ даррандагон онро бихуранд ё туъмаи сухтори оташ гашта ба хокистар мубаддал гардида дар фазо паҳну парешон гардад, ё ба дор овехта шавад ва ё дар дарё ғарқ гардад, дар ҳар ҳолате ки бошад, ҳамон азобро мечашад, ки барои ҷасади дар хок дафн карда шуда муқаррар гашта аст, Ва дучори фишору шикастани устухонҳо ҳам мешавад. Барои мо лозим аст, ки нусуси саҳеҳ воридшудаи аз Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дуруст бифаҳмем. (Шарҳи ақидаи Таҳовӣ 451)

    Мулҳидон ва бисёре аз донишмандони исломӣ, ки ба мазҳаби файласуфон гаравидаанд, мункири азоби қабр ҳастанд. Онҳо мегӯянд: Азоби қабр ҳеҷгуна вуҷуди хориҷи надорад ва барои исботи иддиъои худ ба ин матлаб истинод мекунанд, ки мо қабрҳоро боз кардем, аммо ҳеҷгуна нишонае аз азоб ё неъматҳои воридшуда дар нусусро мушоҳида накардем. (Тазкира, Ал-Қуртубӣ 125)

    Инчунин фирқаи Хавориҷ ва баъзе аз Муътазила, монанди Зирор ибни Умар ва Бишри Маррисӣ низ мункири азоби қабр ҳастанд. Албатта ҳамаи Аҳли суннат ва ағлаби Муътазила бо ин гуруҳ ихтилофи назар доранд ва ба азоби қабр имон доранд. (Фатҳулборӣ, ибни Ҳаҷар 3/233)

    Онҳо чизеро инкор мекунанд, ки дар доираи илми худ ба он даст наёфтаанд ва тавони иҳотаи онро надоранд ва гумон мекунанд, ки чашми онҳо ҳама чизҳоро мебинад ва гушҳои онҳо ҳама садоҳоро мешунавад, вале мо имрӯза асрору румузеро аз ҷаҳони ҳасти дарк мекунем, ки чашму гуш аз пай бурдан ба онҳо оҷизу нотавон ҳастанд.

    Ҳар кас ки ба Худо имон дошта бошад ахбору каломашро бо ҷону дил мепазирад.

    Дар Қуръони карим ишораҳое доир бар вуҷуд ва ҳаққонияти азоби қабр вуҷуд дорад, Ва имом Бухорӣ дар саҳеҳи худ боберо бо унвони "Боб: Ончики дар бораи азоби қабр омадааст" номгузори кардааст, Ва дар идомаи унвони боб оятҳои зерро барои исботи азоби қабр зикр мекунад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلظَّٰلِمُونَ فِي غَمَرَٰتِ ٱلۡمَوۡتِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ بَاسِطُوٓاْ أَيۡدِيهِمۡ أَخۡرِجُوٓاْ أَنفُسَكُمُۖ ٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ عَذَابَ ٱلۡهُونِ بِمَا كُنتُمۡ تَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ وَكُنتُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِهِۦ تَسۡتَكۡبِرُونَ ٩٣﴾ [الانعام: ٩٣]

    “Агар (ҳоли ҳама ситамгорон, аз ҷумла ин) ситамгоронро бубини (ва бидони ки чи вазъи ноҳинҷор ва дур аз гуфторе доранд) дар он ҳангом, ки дар сахтиҳои марг фуру рафтаанд ва фариштагон дастҳои худро (ба суи онон) дароз кардаанд (ва бар баногушашон таппонча ва бар пушташон тозиёна мезананд ва ба эшон мегӯянд: Агар метавонед аз ин азоби Илоҳӣ) хештанро бираҳонед, Ин замон ба сабаби дуруғҳое ки бар Худо мебастед ва аз (пазириши) оятҳои Ӯ сарпечи мекардед, азоби хоркунандае мебинед”.

    Сураи Анъом, ояти 93

    Худованд мефармояд:

    ﴿سَنُعَذِّبُهُم مَّرَّتَيْنِ ثُمَّ يُرَدُّونَ إِلَىٰ عَذَابٍ عَظِيمٍ﴾ [التوبة: 101]

    “Эшонро (дар ҳамин дунё) ду бор шиканҷа медиҳем (Як бор бо пирузии шумо бар душманонатон, ки мояи дарду ҳасрат ва хашму кини онон мегардад, ва бори дуввум, бо расво кардани эшон ба воситаи парда бардори аз нифоқашон) сипас (дар охират) равонаи азоби бузурге мегарданд”.

    Сураи Тавба, ояти 101

    Худованд мефармояд:

    ﴿فَوَقَىٰهُ ٱللَّهُ سَيِّ‍َٔاتِ مَا مَكَرُواْۖ وَحَاقَ بِ‍َٔالِ فِرۡعَوۡنَ سُوٓءُ ٱلۡعَذَابِ ٤٥ ٱلنَّارُ يُعۡرَضُونَ عَلَيۡهَا غُدُوّٗا وَعَشِيّٗاۚ وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ أَدۡخِلُوٓاْ ءَالَ فِرۡعَوۡنَ أَشَدَّ ٱلۡعَذَابِ ٤٦﴾ [غافر: ٤٥، ٤٦]

    “Худо ӯро аз осеби макре, ки барояш андешида буданд, нигоҳ дошт ва он азоби ногувор хонадони Фиръавнро дар миён гирифт.

    Оташ. Ҳар субҳу шом онҳо бар оташ арза шаванд ва рӯзе ки қиёмат барпо шавад (фариштагонро нидо дода шавад, ки), хонадони Фиръавнро ба сахттарин азобҳо дароваред!”.

    Сураи Ғофир, ояти 45 – 46

    Ояти аввали ки имом Бухорӣ онро баён фармудааст, дар мавриди азоби кофирон ба воситаи фариштагон, дар ҳолати сакароти марг аст.

    Ояти дуввум, ҳикоят аз он дорад, ки мунофиқон пеш аз азоби рӯзи қиёмат ба ду азоби дигар гирифтор мешаванд. Азоби аввал: Азоби дунё аст, ки ба восита ё мустақиман аз тарафи Худованд ба мунофиқон чашонида мешавад. Ва азоби дувум: Азоби дардноки қабр аст.

    Имом Ҳасани Басрӣ дар тафсири ин ду азоб мефармояд: Манзур аз ду бор азоб, азоби дунё ва қабр аст. (Фатҳулборӣ, ибни Ҳаҷар 3/233)

    Имом Табари мегӯяд: Ғолибан манзур аз ду азоб ин аст, ки Яке азоби қабр ва дувуми азоби гуруснаги, қаҳти, асири, куштор ва хорӣ бошад. (Фатҳулборӣ, ибни Ҳаҷар 3/233)

    Ва ояти севум далел ва равшани барои аҳли суннат бар исботи азоби қабр аст. Чунки Худованди мутаъол таъкид мефармояд, ки оли Фиръавн субҳу шом дар канори оташ ҳозир карда мешаванд ва ин ҳозир овардани онҳо назди оташ пеш аз рӯзи қиёмат аст, зеро баъд аз ин оят Худованд мефармояд:

    ﴿وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ أَدۡخِلُوٓاْ ءَالَ فِرۡعَوۡنَ أَشَدَّ ٱلۡعَذَابِ ٤٦﴾ [غافر: ٤٦]

    “ва рӯзе ки қиёмат барпо шавад (фариштагонро нидо дода шавад, ки), хонадони Фиръавнро ба сахттарин азобҳо дароваред!”.

    Сураи Ғофир, ояти 46

    Имом Қуртубӣ ва ҷумҳури муфассирон бар ин ақида ҳастанд, ки ҳозир овардани оли Фиръавн назди оташ дар олами барзах сурат мегирад. (Фатҳулборӣ, ибни Ҳаҷар 11/233)

    Ояти поён ба равшани бар азоб ва фитнаи қабр далолат мекунад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿يُثَبِّتُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱلۡقَوۡلِ ٱلثَّابِتِ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۖ وَيُضِلُّ ٱللَّهُ ٱلظَّٰلِمِينَۚ وَيَفۡعَلُ ٱللَّهُ مَا يَشَآءُ ٢٧﴾ [ابراهيم: ٢٧]

    “Худо мӯъминонро ба сабаби эътиқоди устуворашон дар дунёву охират пойдор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад ва ҳар чӣ хоҳад, Худо ҳамонро мекунад”.

    Сураи Иброҳим, ояти 27

    Дар ҳадиси ҳазрати Бароъ ибни Озиб омада буд, ки вақте муъмин дар қабр шинонда мешавад ва дар ҷавоби фариштагон мегӯяд: Ба Улуҳияти Худо ва паёмбарии Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шаҳодат медиҳам, ин устувори ва истиқомат ҳамон устувории дар оят зикршуда аст.

    Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки ин оят дар бораи азоби қабр нозил шудааст. (Саҳеҳ Бухорӣ, китоби Ҷаноиз)

    Аз ҳазрати Оиша (р.з) модари муъминон ривоят шуда, ки як зани яҳуди ба хонаи ӯ омад ва суҳбат аз азоби қабр ба миён овард ва ба ҳазрати Оиша (р.з) гуфт: Худованд туро аз азоби қабр наҷот диҳад. Ҳазрати Оиша (р.з) аз Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи азоби қабр савол кард. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Оре, азоби қабр ҳақ аст. Ҳазрати Оиша (р.з) мегӯяд: Баъд аз он воқеъа Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баъд аз ҳар намоз аз азоби қабр ба Худованд паноҳ мебурд. (Бухорӣ, китоби ҷаноиз, боби ривоятҳо дар бораи азоби қабр, Фатҳулборӣ 3/231)

    Дар саҳеҳ Муслим аз ҳазрати Оиша (р.з) ривоят аст, ки ду пиразан аз яҳудиёни Мадина наздам омаданд ва гуфтанд: Бешак инсонҳо дар қабр азоб дода мешаванд. Ҳазрати Оиша (р.з) мефармояд: Ман суханони он ду пиразанро рад кардам ва дуруғ пиндоштам ва дӯст надоштам, ки суханони онҳоро бипазирам. Онҳо аз хонаи ман берун рафтанд ва Расули Худо ба манзил омад, ман ҳам воқеъаро барояш нақл кардам. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (صَدَقَتَا إِنَّهُمْ يُعَذَّبُونَ عَذَابًا تَسْمَعُهُ الْبَهَائِمُ قَالَتْ فَمَا رَأَيْتُهُ بَعْدُ فِي صَلَاةٍ إِلَّا يَتَعَوَّذُ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ)

    “Рост гуфтаанд, аҳли қубур чунон азоб дода мешаванд, ки садои оҳу фиғони онҳо ба гуши ҳама ҳайвонот мерасад”.

    Ҳазрати Оиша (р.з) мегӯяд: Баъд аз он воқеъа Расули Худо баъд аз ҳар намоз аз азоби қабр ба Худованд паноҳ мебурд. (Саҳеҳ Муслим, китоб Масоҷид)

    Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз сабаби бисёр ҳассос ва бо аҳамият будани азоби қабр саҳобагони худро дар ин бора таълим медод ва ҳатто як дафъа хутбаро ба ин мавзӯъ ихтисос додааст.

    Дар саҳеҳ Бухорӣ аз ҳазрати Асмо бинти Абубакр (р.з) ривоят шуда аст, ки рӯзе расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои суханрони бархост ва дар бораи фитна ва азоби қабр, ки инсонҳо ба он мубтало мешаванд, суханронӣ карда хутбаи худро ба ин мавзӯъ ихтисос дод. Вақте азоби қабрро унвонгузори кард мусулмонон (шунавандагон) ба шиддат ба ларза афтоданд ва тарсу ваҳшат онҳоро фаро гирифт. (Бухорӣ, китоби Ҷаноиз, боби азоби қабр , Фатҳулборӣ 3/232)

    Дар ривояти Насои (р) омадааст: Ҳазрати Асмо (р.з), ки ровии ҳадис аст, мегӯяд: Аз шунидани суханони Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи азоби қабр чунон сарусадое баланд шуд, ки ман маънои суханони Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)- ро дуруст дарк накардам, Вақте ки садои мардум хомуш шуд, аз шахси бар паҳлуям нишаста пурсидам, Худованд туро биёмурзад, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар охири суханаш чи фармуд? Ӯ дар ҷавоб гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

    (قَدْ أُوحِيَ إِلَيَّ أَنَّكُمْ تُفْتَنُونَ فِي الْقُبُورِ قَرِيبًا مِنْ فِتْنَةِ الدَّجَّالِ)

    “Бар ман ваҳйи шуда ки дар қабр фитнае монанди фитнаи Даҷҷол домангири мардум мешавад”. (Насои, Ҷомеъул- усул 11/170)

    Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) садои азобшавандагонро мешунавад.

    Худованд бар паёмбари худ ин тавоноиро иноят фармудааст, ки овози азоб шавандагони қабрро бишнавад. Дар ҳадисе ки имом Муслим онро дар саҳеҳаш аз ҳазрати Зайд ибни Собит (р.з) ривоят кардааст, чунин омадааст: Рӯзе Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар боғе аз боғҳои бани Наҷҷор савор бар қотир (маркаб) буд ва мо ҳам ӯро ҳамроҳи мекардем, ногаҳон маркаби Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз роҳ баромад ва бисёр бо суръат ҳаракат кард, ки қариб Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бар замин бияндозад – нигоҳи мо ба шаш ё панҷ ё чаҳор қабри атрофи роҳ равона шуд – Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

    (مَنْ يَعْرِفُ أَصْحَابَ هَذِهِ الْأَقْبُرِ فَقَالَ رَجُلٌ أَنَا قَالَ فَمَتَى مَاتَ هَؤُلَاءِ قَالَ مَاتُوا فِي الْإِشْرَاكِ فَقَالَ إِنَّ هَذِهِ الْأُمَّةَ تُبْتَلَى فِي قُبُورِهَا فَلَوْلَا أَنْ لَا تَدَافَنُوا لَدَعَوْتُ اللَّهَ أَنْ يُسْمِعَكُمْ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ الَّذِي أَسْمَعُ مِنْهُ)

    “Ки соҳибони ин қабрҳоро мешиносад? Яке аз ҳозирин гуфт: Ман эй Расули Худо! Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Инҳо кай вафот кардаанд? Ӯ гуфт: Инҳо дар замони куфр ва дар ҳолати ширк варзидан вафот кардаанд. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ин уммат дар қабрҳо мавриди фитна ва азоб қарор мегиранд, агар аз ин ҳарос намедоштам, ки мурдагонро дафн намекунед, аз Худованд мехостам, ки садои азоби аҳли қабрҳоро бар шумо бишнавонад” (Саҳеҳ Муслим, китоби Ҷаннат)

    Ҳадисе ки Бухорӣ ва Муслим онро аз ибни Аббос (р.з) ривоят кардаанд, ҳикоят аз он дорад, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) садои мурдаҳои азобшавандаи қабрро мешунид. Дар он ҳадис чунин омадааст, Расули Худо аз канори ду қабр гузашт ва фармуд: Соҳибони ин қабрҳо дар ҳоли азоб ҳастанд ва азоби онҳо ба хотири гуноҳи бузурге нест. ( Давоми ҳадисро дар оянда зикр хоҳем кард)

    Шунидани дигарон

    Баъзе аз инсонҳо ҳамеша муддаи ҳастанд, ки овози азоби мурдаҳоро шунида ё дидаанд, аз миёни онҳо шахсоне ҳам ҳастанд, ки дуруғгу нестанд ва бар онҳо шак карда наметавонем, Масалан: Аллома ибни Таймия дар ин бора мефармояд: Гоҳе барои мардуми замони мо дар хоб ва бедори чизҳое кашф мешавад, ки ба он илм доранд ва ба исбот ҳам расонидаанд, чунин мавридҳо назди мо кам нестанд. (Маҷмуъи фатово 24/376)

    Дар ҷои дигар дар баробари рад кардани мункирони азоби қабр мегӯяд: Вақте маълум аст, ки шахс дар ҳоли хоб руҳаш мебарояд ва роҳ меравад ва гап мезанад ва ба воситаи ботини баданаш корҳое бо руҳи худ анҷом медиҳад ва бадан аз анҷоми он корҳо эҳсоси лаззат ё азоб мекунад, дар ҳоле ки ҷасадаш дароз кашида хобидааст, ва чашмонаш пӯшида, даҳонаш баста ва аъзои баданаш аз ҳаракат боз афтодааст, аммо гоҳе бар асари қуввати ҳаракати дохили ҳаракат мекунад ва гоҳе аз ҷой бармехезад, роҳ меравад ва дод мезанад, Ҳамаи ин ҳаракатҳо дар асари неруи даруни анҷом мегиранд. Кори инсони мурда ҳам аз ин мавзӯъ муҳимтар нест, чунки руҳаш азоб мебинад ва лаззат мебарад ва сухан мегӯяду ҷавоб медиҳад, дар ҳоле ки нишаста ва руҳаш пайваст ба лоша ва дар қабри тангу торик дароз кашида аст. Ҳатто шиддати он ба гунае аст, ки дар олами хориҷ ҳам эҳсос мешавад ва баданро дар ҳаракат меоварад ва дар қабр онро ба ҷунбуҷуш водор месозад. Ва ҳатто афроди бешуморе ҳам садои нолаву фиғони онро аз берун мешунаванд. Ҳатто дида шудааст, ки аз шиддати азоб, аз қабр берун омадааст. Албатта ин ҳолат барои ҳар мурдае лозим нест, ҳамон тавр ки ҳар хобидае дучори чунин ҳолат намешавад, балки ба шиддату заъфи азобу хоб вобастаги дорад. (Фатовои ибни Таймия 5/525).