Тавба кардан ба сӯи Парвардигор
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Тавба кардан ба сӯи Парвардигор
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Абдурраҳмон. А.
2014 - 1436
التوبة إلى الله
«باللغة الطاجيكية»
عبد الرحمن. أ
2014 - 1436
Тавба кардан ба сӯи Парвардигор
Тавба кардан аз гуноҳон сари ҳар як бандаи мусалмон воҷиб аст. Чун Аллоҳ таъоло бандагонашро дар ин дунё барои ибодати якто ва ягонаи худаш офарида аст.
Сар задани хато ва гуноҳ низ аз тарафи инсон ҳамеша ба пеш меояд, аммо инсоне ки аз хатояш даст накашад ва аз гуноҳонаш ба сӯи Парвардигораш тавба накунад дар он ҳолат ҳалокати дунё ва охиратро ба сари худ оварда аст.
Чун Аллоҳ таъоло нисбати бандагонаш бисёр меҳрубон аст, дар ҳолеки ба сӯяш тавба кунанд. Аммо бандагоне, ки аз гуноҳонашон тавба намекунанд ва ба сӯи Парвардигорашон намегарданд барояшон азоби сахте дар охират омода сохта аст.
Уламои аҳли ислом барои қабул шудани тавба чанд шарт гузоштаанд, аз он ҷумла:
Якум: Аз гуноҳ даст кашидан. Яъне: аз он гуноҳе ки банда аз он ба сӯи Парвардигораш тавба мекунад даст кашад ва бори дигар ба сӯи он гуноҳ барнагардад.
Дуюм: Пушаймони кашидан аз гуноҳ. Яъне: бояд банда аз он гуноҳе ки бар он даст зад пушаймон шавад, ки бори дигар бар он нагардад.
Сеюм: Баъд аз тавбааш бояд ният кунад, ки дигар бар он гуноҳ даст намезанад.
Ин аст се шарти асосие ки тавба бидуни онҳо қабул нахоҳад шуд.
Паёмбари Худо ки Аллоҳ таъоло ҳамаи гуноҳонашро дар дунё бахшида буд ҳар рӯз ба сӯи Парвардигораш баргашта аз Ӯ талаби омурзиши гуноҳон мекард.
Ҳазрати Абуҳурайра (р.з) дар ҳадисе ривоят мекунад, ки шунидам Паёмбари Худоро ки мегуфт:
عن أبي هريرة – رضي الله عنه – قال: سمعت رسول الله – صلى الله عليه وسلم – يقول: "والله ! إني لأستغفر الله وأتوب إليه في اليوم أكثر من سبعين مرة" (رواه البخاري)
“Қасам ба Худо! Ки ман ҳар рӯз зиёда аз ҳафтод бор аз Аллоҳ таъоло талаби бахшиши гуноҳ карда ва ба даргоҳи ӯ тавба мекунам”. (Бухорӣ)
Дар ҳадиси дигар ки онро Ал-ағар ибни Ясори Музани ривоят карда аст, Паёмбари Худо (с) мефармояд:
عن الأغر بن يسار المزني – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم -: "يا أيها الناس ! توبوا إلى الله واستغفروه فإني أتوب في اليوم مائة مرة" (رواه مسلم)
“Эй мардум! Аз Аллоҳ таъоло талаби омурзиш кунед, ба даргоҳи Ӯ тавба кунед, ман дар ҳар рӯз сад бор тавба мекунам”. (Муслим)
Аллоҳ таъоло аз тавбаи бандааш хурсанд мешавад ва мехоҳад бандааш ҳамеша ба сӯи Ӯ тавба кунад то ӯро бибахшад. Паёмбари Худо (с) дар ҳадиси шариф мефармояд:
عن عبد الله بن قيس الأشعري – رضي الله عنه – عن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال: "إن الله تعالى يبسط يده بالليل ليتوب مسيئ النهار, ويبسط يده بالنهار ليتوب مسيئ الليل حتى تطلع الشمس من مغربها" (رواه مسلم)
Абдуллоҳ ибни Қайси Ашъари (р.з) аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад ки фармуд: "Худованд дасти хешро дар шаб мегустуронад (боз мекунад) то тавбаи касеро ки дар рӯз гуноҳ карда аст қабул намояд ва дасти хешро дар рӯз мегустуронад то тавбаи гунаҳкори шабро бипазирад, то вақте ки офтоб аз тарафи ғарб барояд". (Муслим)
Яъне гуноҳи банда ҳарқадар зиёд ҳам бошад Аллоҳ таъоло хурсанд мешавад, ки банда ба сӯяш тавба кунад, то тавбаашро қабул кунад.
То вақто ки офтоб аз тарафи мағриб барояд Аллоҳ таъоло тавбаи бандагонашро қабул мекунад, аммо вақто ки офтоб аз сӯи мағриб баромад дар он вақт номаи аъмоли бандагон баста мешавад ва тавбаи тавба кунанда қабул намегардад.
Инчунин Аллоҳ таъоло тавбаи бандаашро то вақти руҳ ба ҳулқумаш расидан қабул мекунад. Чуноне ки Расули акрам (с) мефармояд:
عن عبد الله بن عمر – رضي الله عنهما – عن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال: "إن الله – عز و جل- يقبل توبة العبد ما لم يغرغر" (رواه الترمذي وقال: حديث حسن).
Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад ки фармуд: “Аллоҳ таъоло тавбаи бандаро қабул мекунад, то лаҳзае ки руҳ ба ҳулқумаш нарасад". (Тирмизи ва гуфта аст: ҳадис ҳасан аст).