Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюм: Бинои отифи ва нафсии кӯдак
Дастабандиҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюм: Бинои отифи ва нафсии кӯдак
سلسلة تربية الأولاد، القسم الثلاثون: عن البناء العاطفي والنفسي للأولاد
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Пешгуфтор
Отифа дар вуҷуди кӯдаки дар ҳоли рушду нумӯ буда майдони васеъеро ташкил медиҳад ва нафсу шахсияти ӯро месозад. Бинобар ин, агар кӯдак отифаро ба шакли мутавозин ва баробар дарёфт кунад ва дорои он гардад, чӣ хуб аст, аммо агар ин отифаро ба шакли номутавозин ва нобаробаре дарёфт намояд, новобаста аз ин ки ба василаи фузунӣ бошад ва ё костӣ, ҳатман барои ӯ ақидаҳоеро фароҳам меоварад, ки оқибати онҳо баду нописанд хоҳад буд. Зеро отифаи беш аз ҳад кӯдакро водор месозад ба ин ки вазифаҳои зиндагиро бо ҷиддият ва нишот анҷом надиҳад. Ҳамчунин камиву нуқсони зиёд низ ӯро ба сурати инсони сангдилу бадхӯ нисбат ба атрофиёнаш дармеоварад. Аз ин рӯ, бинои отифӣ дар сохтору поягузории нафсу ташаккули кӯдак дорои аҳамияти хоссе мебошад ва падару модар дар ин сохтор ва поягузории отифаи кӯдак бисёр муассир буда, нақши босазоеро иҷро мекунанд. Зеро падару модар манбаи асосӣ барои тобидани отифае, ки нафсу равони кӯдакро месозад ҳастанд ва рукну маъвое ҳастанд, ки кӯдак ба он паноҳ мебарад, то ин ки ба василаи ҳарорати отифа ва дар партави неъмати падариву модарӣ парвариш ёфта, аз он баҳраманд гардад. Ба ҳамин хотир аст, ки дар поёни ин фасл дармеёбем, ки аз ҷониби падару модар ва ё аз тарафи яке аз он ду меҳру муҳаббати зиёде нисбат ба ду ҷинси кӯдак нишон дода намешавад ва мавриди меҳру шафқат қарор намегиранд. Ин ду гурӯҳ иборатанд аз духтар ва фарзанди ятим, бо вуҷуди ин ки Расули Худо (с) ба кӯдакон ба таври хос ва ба ин ду гурӯҳ ба таври махсус таваҷҷӯҳи хоссе намуда, барои онон манзалати махсусе қоил шудаанд.
Пас, хушо ба ҳоли ҷомеаи мусалмоне, ки нисбат ба афроди ятим нақши падару модарро ифо мекунад ва хушо ба ҳоли падарону модароне, ки ба духтар аҳамият медиҳанду ӯро дар канори бародараш ба таври баробар тарбияву парвариш менамоянд.
Агар пурсида шавад: Чӣ гуна отифаи кӯдакро поягузорӣ кунем ва ҳаққи ӯро адо намоем, то ин ки дар оянда инсони росту дуруст гардад? Дар ҷавоб мегӯем: «Посухи ин саволро метавон дар аҳодиси набавӣ ва аз шаш асоси ҳидоятбахшу равшангари зер истинбот намуд».
Асоси аввал, бӯсидан ва изҳори меҳру
муҳаббат ба кӯдак
Бар касе пӯшида нест, ки бӯсидани кӯдак илова бар эҳсоси иртиботи мустаҳкам ва устувор сохтани алоқаи муҳаббат дар байни афроди бузургу хурд, ҳамчунин мӯҷиби таскини шӯридан ва фурӯ нишонидани хашми кӯдак мешавад ва дар таҳрики эҳсосот ва авотифи ӯ низ бисёр муассир мебошад. Зеро бӯсидан нишонаи раҳмату шафқати қалбӣ нисбат ба кӯдаки дар ҳоли рушд аст ва аз ҷиҳати дигар далели фурӯтании шахси бузург нисбат ба хурд ва намоёнгари тобиши нур дар дили кӯдак мебошад, ба гунае ки нафсу рӯҳи ӯро боз менамояд ва фаъолияту ҳамкории ӯро бо атрофиёнаш бештар месозад.
Оре, бӯсидани кӯдак ва меҳру муҳаббат варзидан ба ӯ суннати собиту ҳамешагии Пайғамбари акрам (с) мебошад. Чунонки дар ривоят омадааст, Оиша (р) гуфт: «Гурӯҳе аз мардуми араб пеши Паёмбари Худо (с) омада гуфтанд: «Эй Расули Худо (с)! Оё шумо кӯдакони худро мебӯсед?» Расули Худо (с) фармуданд: «Оре, мебӯсам». Онон гуфтанд: «Аммо қасам ба Худо, мо кӯдакони худро намебӯсем!» Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Агар Худованд раҳмату шафқатро (нисбат ба бандагони Худо) аз дили шумо бардошта бошад, ман чӣ кор кунам!?».[1]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Худо (с) Ҳасан ибни Алӣ (р)-ро бӯсиданд. Ақраъ ибни Ҳобис гуфт: «Ман даҳ фарзанд дорам, ҳеҷ як аз ононро набӯсидаам». Расули Худо (с) фармуданд: «Касе, ки ба бандагони Худо раҳм намекунад, Худованд низ ба ӯ раҳм нахоҳад кард».[2]
Ибни Асокир аз Анас (р) ривоят намуда, ки гуфт: «Расули Худо (с) нисбат ба аёлу кӯдакон бораҳмтарин мардум буданд». Бояд донист, ки раҳмату шафқат варзидан нисбат ба кӯдакон яке аз сифатҳои ҳазрати Муҳаммад (с) будааст ва раҳмату шафқат роҳи вуруд ба биҳишт ва ноил шудан ба ризои Худовандро боз мегузорад.
Дар ривоят омадааст, ки Анас ибни Молик (р) гуфт: «Ҳазрати Оиша (р) ба зане, ки бо ду фарзандаш назди ӯ омада буд, се дона хурмо дод. Он зан ба ҳар як аз ду фарзандаш хурмое дод ва як дона хурморо барои худаш нигоҳ дошт. Он ду фарзанд хурмои худро хӯрданд ва ба модарашон нигаристанд. Модар низ ночор хурмои худро ду нисф кард ва ба ҳар кадом як нисфӣ дод. Пайғамбари Худо (с) омаданд ва Оиша (р) моҷароро ба он ҳазрат расонид. Расули Худо (с) фармуданд: «Ин амр, ки туро ба шигифт меандозад, бегумон он зан ба воситаи раҳме, ки ба ду фарзандаш кард, Худованд ҳам ба ӯ раҳм мекунад».[3]
Яке аз суратҳои раҳмату шафқати Расули Худо (с) нисбат ба кӯдакон ин аст, ки мефармуданд:
«Бегумон ман дохили намоз мешавам ва мехоҳам онро тӯлонӣ хонам, аммо гиряи кӯдакеро мешунавам, намозро кӯтоҳу мухтасар мехонам, ба хотири ин ки бетобии модарашро бар асари гиристани ӯ дарк мекунам».[4]
Ба ростӣ, ҳангоме инсон мебинад, ё мешунавад, ки кӯдакон раҳму мурувват нисбат ба ҳайвонро ба падарон меомӯзанд ва раҳмату мағфирати Худовандро ба онон ёдоварӣ менамоянд,қалби инсон шигифтзада мешавад. Чунонки имом Фахри Розӣ дар тафсири худ баён намудааст, моҳигире як моҳӣ шикор кард. Ин шикорчӣ духтаре дошт ва он духтар моҳии шикоршударо гирифту аз нав дар об андохт ва гуфт: «Ин моҳӣ бар асари ғафлату саҳлангории худ дар тӯри моҳигир афтод…»
Парвардигоро! Он духтарбача нисбат ба ғафлату саҳлангорӣ варзидани он моҳӣ раҳм намуда, бори дигар моҳии ба домафтодаро дар дарё андохт, дар ҳоле ки васвасаҳои шайтон моро шикор намудаву аз дарёи раҳмати Ту берун овардааст, пас, бо фазлу раҳмати Хеш моро аз доми шайтон раҳо бифармо ва бори дигар моро дар дарёи раҳмати Худ биандоз.[5]
Яке аз аломатҳои раҳмату шафқати модарон нисбат ба фарзандони худ шаклу сурати бисёр шигифтангезе аст, ки дар ривояти зер муҷассам ва ошкор гардидааст, ки дарвоқеъ далолат бар ҷӯшидани меҳру муҳаббат аз қалби модар барои кӯдакаш мебошад ва эй кош чунин меҳру муҳаббат аз қалби ҳар модаре нисбат ба фарзандаш ба ҷӯш меомад. Ривоят ин аст, ки Абуҳурайра (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) нақл мефармуданд: «Мегӯянд, ҳангоме ки ду зан ҳамроҳи ду писари худ буданд, ногаҳон гург омаду яке аз он ду писарро рабуд. (Ҳар як аз ин ду зан даъво бар ин мекард, ки гург писари дигареро бурдааст),Саранҷом даъворо пеши Довуд (а) оварданд. Довуд (а) ба сӯи зани бузургтар ҳукм кард ва (писарро ба ӯ дод). Сипас вақте аз он ҷо хориҷ шуданд, Сулаймон (а) ононро садо зада, гуфт: «Корде бароям биёред, то ин писарро ду нисф кунам ва ҳар нисферо ба яке аз ин ду зан бидиҳам». Дар ин ҳол зани хурдтар билофосила гуфт: «Худованд туро саломату мавриди мағфират бидорад! Ӯро ду нисф макун, писари ин зан мебошад. Пас Сулаймон (а) ба фоидаи зани хурдӣ ҳукм карду писарро ба ӯ дод».[6]
Ҳамон тавре ки дар ин ривоят дида мешавад, сахтдилии модари бузургтар ба гунае аст, ки гург писарашро рабуда, аммо бо вуҷуди ин, ғуссаву андӯҳи худро барои он зан ошкор намесозад, балки то ҷое аз худ сангдилӣ нишон медиҳад, ки ҳатто ҳеҷ инсоне новобаста аз мард ё зан онро тасаввур карда наметавонад, чаро ки ӯ қасд кардааст писари ҳамроҳашро бибарад, дар сурате ки аслан тасаввур намеравад, ки он ду писар айнан мисли ҳам бошанд. Ҳамчунон ки ҳаргиз тасаввур намешавад, ки модар писари худро аз байни ду писар нашиносад. Аз ин рӯ, ин ривоят сахтдилии модари бузургтар ва раҳмату шафқати қалби модари хурдтарро ифода мекунад.
Асоси дуюм, шӯхию бозӣ кардан бо кӯдакон
Акнун бевосита бо теъдоде аз аҳодиси набавӣ ҳамроҳ хоҳем шуд, ки аз онҳо дар робита бо кӯдакон дарсҳои амалиро аз ҷониби Расули Худо (с) фаро хоҳем гирифт, дарсҳое, ки дар бораи бозиву шӯхӣ бо онон ба василаи давидан, бар болои худ шинонидан, бо тасғири исм фаро хондан, бо хандидан ва амсоли он…
Бояд донист, агар падару модар ин амалҳоро ба мақсади вазифаи тарбиявӣ анҷом намедиҳанд, пас лозим аст ба унвони иқтидо ба равиши Расули Худо (с) ба онҳо таваҷҷӯҳ кунанд. Чунонки дар ривоят омадааст, Ҷобир (р) гуфт: «Мо чанд нафар кӯдак ҳамроҳи Расули Худо (с) будем ва моро барои хӯрдани таом фаро хонданд. Дар ин ҳангом Ҳусайн ибни Алӣ (р) дар сари роҳ бо гурӯҳе аз кӯдакон бозӣ мекард. Расули Худо (с) фавран бошитоб пеши он гурӯҳ рафта, дасташонро барои гирифтани Ҳусайн дароз карданд ва бо ҳолати хандидан ин тарафу он тараф медавиданд ва дасти хешро дароз мекарданд, то ин ки Ҳусайнро гирифтанд ва як даст дар зери зақанаш ва дасти дигари худро дар байни сару гӯшаш қарор доданд. Сипас, ӯро дар оғӯш гирифтанду бӯсиданд ва баъд гуфтанд: «Ҳусайн аз ман аст ва ман низ аз Ҳусайн ҳастам. Худованд дӯст дорад касеро, ки Ҳасану Ҳусайнро дӯст медорад, ки ду сибт аз асбот ҳастанд (ду набера аз набераҳои ман ҳастанд)».[7]
Дар ривояте омадааст, ки Абуҳурайра (р) гуфт: «Бо ин ду гӯши худ шунидам ва бо ин ду чашми хеш дидам, ки Расули Худо (с) бо ду дасти худ ду кафи дасти Ҳасан, ё Ҳусайнро мегирифтанд, дар ҳоле ки пойҳояш рӯи пои Расули Худо (с) буд, мефармуданд: «Биё боло». Ӯ низ боло рафт, то ин ки пойҳояшро рӯи синаи Расули Худо (с) гузошт. Сипас, Расули Худо (с) фармуданд: «Даҳонатро боз кун». Расули Худо (с) даҳонашро бӯсиданд ва баъд фармуданд: «Худоё! Ӯро дӯст бидор, ба ростӣ ман ӯро дӯст медорам!».[8]
Дар ривоят омадааст, ки Анас (р) гуфт: «Расули Худо (с) хушхулқтарини инсонҳо буданд ва ман бародаре доштам, ки ӯро Абуумайр мегуфтанд. Вай аз шир ҷудо карда шуда буд ва паррандае дошт, ки бо он бозӣ мекард. Ҳар гоҳ Расули Худо (с) назди мо меомаданд мефармуданд: «Эй Абуумайр, ин паррандаи хурд чӣ кор мекунад?».[9]
Дар ривояти дигар омадааст: «Расули Худо (с) назди Уммисулайм мерафтанд. Уммисулайм аз Абуталҳа писаре дошт, кунияи ӯ Абуумайр буд ва Расули Худо (с) бо ӯ шӯхӣ мекарданд. Рӯзе Расули Худо (с) ӯро андӯҳгин дида, фармуданд: «Чаро Абуумайрро ғамгин мебинам?». Гуфтанд: «Паррандае, ки бо он бозӣ мекард, мурдааст». Расули Худо (с) фармуданд: «Эй Абуумайр, ин паррандаи хурд чӣ кор мекунад?».[10]
Дар фасли гузашта баён намудем, ки Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар «Фатҳул-борӣ» дар шарҳе, ки бар ин ҳадис навишта, гуфтааст: «Ин ҳадис баёнгари он аст, ки шӯхӣ кардан ҷоиз аст ва такрори мазоҳ дуруст мебошад. Ҳамчунин шӯхиву мазоҳ бо кӯдаке, ки ҳанӯз тамиз пайдо накардааст, ҷоиз мебошад…»
Боз омадааст: «Расули Худо (с) бо мақсади шӯхӣ ва мазоҳ ба Анас (р) фармуданд: «Эй соҳиби ду гӯш».[11]
Ибни Аббос (р) гуфтааст: «Вақте ки Расули Худо (с) вориди Макка шуданд, кӯдакони бани Муталлиб ба истиқболи ӯ рафтанд ва Расули Худо (с), ки савори чорпое буданд, кӯдакеро дар пеш ва кӯдаки дигареро низ дар пушти худ савор карданд».[12]
Боз омадааст, ки «Усома аз Арафа то Муздалифа бар пушти Расули Худо (с) нишаст, сипас аз Муздалифа то Мино Фазлро бар пушти худ нишониданд. Расули Худо (с) то ҳангоми рамйи ҷамраи ақаба «Аллоҳумма лаббайк…» мегуфтанд».[13]
Дар ривояте омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Шаддод (р) гуфт: «Ҳангоме ки Расули Худо (с) намози ҷамоатро бо мардум баргузор мекарданд, ногаҳон Ҳусайн (р) омад ва дар ҳоле ки Расули Худо (с) дар ҳолати саҷда буданд, рӯи гардани Расули Худо (с) рафт. Расули Худо (с) он қадар саҷдаро тӯлонӣ намуданд, ки намозгузорон гумон бурданд, ки кадом коре рух додаст. Вақте ки намозро тамом намуданд, ҳозирин аз Расули Худо (с) пурсиданд: «Эй Расули Худо (с), он қадар саҷдаро тӯлонӣ намудед, ки гумон бурдем коре рух додаст». Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳусайн рӯи гарданам қарор гирифта буд ва дӯст надоштам, ки шитоб кунам, то ин ки ниёзи худро бароварда созад».[14]
Саҳобаи бузургвор (р) бо иқтидо намудан ба Расули Худо (с) бо кӯдакони худ шӯхию бозӣ мекарданд ва ба манзилҳои якдигар мерафтанду бо онон шӯхию бозӣ мекарданд.
Абусуфён гуфтааст: «Назди Муъовия (р) рафтам, бар пушти худ хобида буду рӯи синааш писарбача ва ё духтарбачае буд, ки бо ӯ бозӣ мекард ва суханони ширине мегуфт. Ман ба ӯ гуфтам: «Ин кӯдакро аз рӯи синаат бардор». Гуфт: «Шунидаам, ки Расули Худо (с) мефармуданд: «Касе, ки кӯдак дошта бошад, бояд худро барои ӯ ба сурати кӯдак дароварад (ва бо ӯ бозии кӯдакона кунад)».[15]
Умар ибни Хаттоб (р) гуфтааст: «Лозим аст мард дар байни хонаводааш дар унс, муҳаббат, хушхулқӣ ва шӯхӣ бо фарзандонаш ба монанди кӯдак бошад, аммо ҳар гоҳ он чиро, ки доро мебошад аз ӯ хоста шуд, ба монанди мард бошад».
Омадааст, ки Умар ибни Хаттоб (р) дар яке аз коргузорони худ аломатҳои далолаткунанда бар сангдилӣ нисбат ба фарзандонашро ёфт ва ӯро, аз кор барканор кард. Чунонки аз Муҳаммад ибни Салом нақл шуда, ки гуфтааст: «Умар ибни Хаттоб (р) мардеро ба коре таъйин кард. Он мард Умар ибни Хаттоб (р)-ро дид, ки кӯдаки хешро мебӯсад, пас ба ӯ гуфт: «Оё ту дар ҳоле ки амири мӯъминон мебошӣ, он кӯдакро мебӯсӣ? Агар ман ба ҷои ту мебудам, чунин кореро намекардам». Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: «Раҳму шафқат аз қалби ту бардошта шуда бошад, гуноҳи ман чист? Бегумон, Худованд афроде аз бандагони Худро мавриди раҳмату мағфират қарор медиҳад, ки нисбат бар дигарон раҳму шафқат дошта бошанд». Аз ин рӯ, Умар ибни Хаттоб (р) он мардро аз кор барканор карда гуфт: «Ту, ки ба фарзанди худ раҳм намекунӣ, пас чӣ гуна ба мардум раҳм мекунӣ?».[16]
Табиист, ба василаи ин гуна бозию шӯхӣ, сухан гуфтан ва тақлид аз кӯдак аст, ки аз кирдору рафтори Пайғамбар (с) бо кӯдакон пайравӣ мешавад ва ба воситаи отифаи содиқона, меҳру муҳаббати поку холисонаи дур аз ҷафову сангдилӣ, холӣ аз табъиз ва ҳақкушӣ аст, ки рӯҳу равони кӯдак ғизо мегардад.
Асоси сеюм, ҳадя додан ба кӯдакон
Табиист, ки ҳадяҳову бахшишҳо дар нафси инсон ба таври куллӣ асари хубе мегузоранд ва дар рӯҳу равони кӯдакон ба маротиб таъсири бештаре доранд. Пайғамбар (с) барои устувор намудани муҳаббат дар байни мардум қоидаи оммеро муқаррар фармудаанд ва ба мардум супориш намуда, мефармоянд:
«Ба ҳамдигар ҳадя диҳед, то муҳаббати якдигарро биёбед».[17]
Ҳамчунин Пайғамбар (с) ин рукни қавиро дар бораи бинои отифаи кӯдак ва таҳзиби он амалан барои мо баён фармудаанд. Чунонки дар ривоят омадааст: «Пайғамбар (с) нахустин меваи дарахтро меоварданду мефармуданд: «Худовандо дар шаҳри мо (Мадина), дар самарҳову меваҳои мо ва дар ризқу рӯзии мо хайру баракат иноят бифармо». Сипас, Пайғамбар (с) он самарро ба тартиб ба фарди хурдтари кӯдакони дар он ҷо ҳозирбуда медоданд».[18]
Исҳоқ ибни Яҳё ибни Талҳа гуфтааст: «Ҳамроҳи амакам Исо ибни Талҳа дар масҷид будем. Дар ин асно Соиб ибни Язид вориди масҷид шуд. Амакам маро назди ӯ фиристоду гуфт: «Бирав назди он пирамард ва ба ӯ бигӯ: «Амакам Исо Ибни Талҳа мегӯяд, ки оё Расули Худо (с)-ро дидаӣ?» Пас ман пеши ӯ рафта, гуфтам: «Оё Расули Худо (с)-ро дидаӣ?» Он мард ҷавоб дод: «Оре, Расули Худо (с)-ро дидаам». Исҳоқ ибни Яҳё мегӯяд: «Ман ва чанд писарбачаи дигар бо ҳам назди он ҳазрат (с) рафтем ва дидем, ки дар як коса машғули хурмо хӯрдан аст ва иддае аз асҳоб ҳамроҳи ӯ буданд. Расули Худо (с) бо як яки мо даст дода, бар сари мо низ даст кашиданд».[19]
Дар ривоят омадааст, ки Оиша (р) гуфт: «Ҳадяҳое аз ҷониби Наҷошӣ ба дасти Пайғамбар (с) расид ва дар миёни онҳо як василаи зинатӣ вуҷуд дошт. Пайғамбар (с) онро барои Оиша (р) написандиданд ва бо чӯб ё ангушт бардоштанд, сипас Умома духтари Абулосро, ки духтарзодаи Пайғамбар (с) Зайнаб буд, фаро хонда фармуданд: «Эй духтари хурдсол! Худро бо ин биорой!».[20]
Асоси чорум, даст ба сари кӯдак молидан
Дар баҳси қаблӣ баён гардид, ки Пайғамбари акрам (с) бар асари даст молидан бар сари кӯдакон ва ба василаи шӯхиву мазоҳ бо онон авотифашонро ҷалб менамуданд. Онон низ аз ин муҳаббату меҳрварзӣ эҳсоси лаззату хушҳолӣ мекарданд. Бинобар ин, меҳру муҳаббат амре аст, ки кӯдак ба вуҷуди он аз ҷониби бузургтарҳо пай мебарад ва таваҷҷӯҳи эшонро нисбат ба худ эҳсос мекунад. Чунонки дар «Завоид»-и Ибни Ҳиббон омадааст, Анас (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) ба дидани ансор мерафтанд, бар кӯдаконашон салом мекарданд ва даст бар сари онон мемолиданд».[21]
Аз Мусъаб ибни Абдуллоҳ (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Абдуллоҳ ибни Саълаба чор сол қабл аз ҳиҷрат таваллуд шуд ва ӯро назди Расули Худо (с) бурданд ва даст бар сару рӯи ӯ молиданд. Вақте ки Расули Худо (с) реҳлат фармуданд, ӯ чордаҳсола буд».[22]
Дар ривоят омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) гуфт: «Расули Худо (с) дасташонро бар сарам кашиданд ва вақте ки онро масҳ карданд, се бор фармуданд: «Худовандо (акнун Ҷаъфар, ки шаҳид шудааст)ҷои ӯро бо фарзандаш пур кун (ва ӯро ҳимояту сарпарастӣ бифармо)!».[23]
Расули Худо (с) илова бар даст кашидан бар сари кӯдак ду дасти муборакашонро бар рӯй ва ду рухсораи ӯ мекашиданд ва ин фақат ба хотири изҳори меҳрубонӣ, таваҷҷӯҳи хос ва дохил кардани суруру шодӣ дар қалби кӯдак буд.
Дар ривоят омадааст, Ҷобир ибни Самура, ки яке аз кӯдакони саҳоба аст, гуфт: «Ҳамроҳи Расули Худо (с) дар масҷид намози пешинро хондам, сипас Расули Худо (с) ба хонаи худ рафтанд ва ман низ ҳамроҳи Расули Худо (с) ба роҳ афтодам. Дар масири худ чанд кӯдак ба тарафи Расули Худо (с) омаданд ва Расули Худо (с) даст бар сару рӯи ҳар яке аз онон кашиданд. Баъд бар сару рӯи ман низ даст кашиданд ва аз кашидани дасташон чунон эҳсоси хунукӣ ва бӯи хуш намудам, ки гӯё дасти худро ба атр олуда карда буданд».
Оре вақте ки Пайғамбари акрам (с) дасти муборакашонро бар сару рӯи чанд кӯдак мекашиданд, нисбат ба тамоми онон яксон амал мекарданд ва дар миёни онон ҳеҷ гуна табъизу ҷудоиро истифода наменамуданд. Дар вохӯрии он ҳазрат (с) бо кӯдакон ин яке аз корҳои аҷиб ва камназири Расули Худо (с) аст.
Асоси панҷум, хуб рӯ ба рӯ шудан бо кӯдак
Табиист, ки бояд бо кӯдак хуб рӯ ба рӯ шуд ва муҳимтарин бархӯрду мувоҷеҳ шудан бо кӯдак ҳамон лаҳзаҳои нахустин аст. Бинобар ин, агар рӯ ба рӯ шудан бо ӯ хуб бошад, мусалламан қудрат ва тавоноӣ мутобиат аз сухану боз шудани дари гуфтугӯ ва ибрози саволу ҷавоб бо шахси сухангӯро пайдо мекунад, ба гунае ки қалб ва он чӣ ки дар қалбу ҳофизааш пайдо мешаваду давр мезанад, боз мегардад, мушкилоташро дар миён мегузорад, орзуҳо ва хостаҳояшро баён мекунад. Табиист, ки тамоми ин масоил замоне муяссар хоҳанд шуд, ки рӯ ба рӯ шудан бо кӯдак бо хушҳолию муҳаббат ва ба сурати соддаю шӯхӣ анҷом гирад. Ин ҳамон шеваҳое аст, ки Расули Худо (с) амалан нисбат ба мардум ба он таваҷҷӯҳ фармудаанд. Дар ин робита, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) ҳар гоҳ аз сафар бармегаштанд, дар масири худ кӯдаконе аз аҳли байташонро медиданд, бо меҳру муҳаббат бо онон рӯ ба рӯ мешуданд. Чунонки рӯзе он ҳазрат (с) аз сафаре баргашт, маро пеши ӯ бурданд ва он ҳазрат (с) маро дар пешашон савор бар маркаби худ карданд. Сипас яке, аз ду писари Фотима (р), Ҳасан ва Ҳусайн (р)-ро оварданд ва ӯро бар пушти худ гузориданд ва ҳар се нафари мо бар рӯи чорпое вориди Мадина шудем».[24]
Асоси шашум, ба ҷустуҷӯи кӯдаки гумшуда пардохтан
Чи басо иттифоқ меафтад, ки кӯдак ба танҳоӣ роҳ меравад, дар натиҷа роҳро гум мекунад ва дар хиёбон саргардон мешавад. Пас, ҳар гоҳ падару модар мутаваҷҷеҳи гум шудану саргардон гаштани кӯдаки худ шуданд, бояд дар камтарин вақт ба ҷустуҷӯи комил ҷиҳати ёфтани ӯ бипардозанд. Дар ғайри ин сурат, асари номатлубе барои онону кӯдаконашон пеш хоҳад омад, зеро равшан аст, ки суръати амал барои ёфтани кӯдак дар рӯҳу равони ӯ нақши бузургеро эҷод мекунад, вале баръакс, таъхиру саҳлангорӣ дар ин кор бар хавфу изтироб ва ба бетобиву гиряи кӯдак меафзояд, ба гунае ки ҳар андоза ин таъхиру саҳлангорӣ аз ҷониби яке аз падару модар дар ҷустуҷӯ намудан ва ёфтани ӯ бештару тӯлонитар гардад, ба ҳамон миқдор низ азоби рӯҳии кӯдак шиддат меёбад. Ба ҳамин хотир буд, ҳангоме ки Ҳасану Ҳусайн (р) гум шуданд, Пайғамбари акрам (с) барои ёфтани онон аз асҳоб (р) кӯмак талабида, ба онон фармуданд, то дар роҳҳову гузаргоҳҳо парешон шаванд ва барои ёфтани онон диққату ҷустуҷӯи комил ба амал оваранд. Чунонки омадааст, Салмон (р) гуфтааст: «Мо дар ҳузури Пайғамбари акрам (с) будем, ногаҳон Уммиайман омаду гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Ҳасану Ҳусайн гум шудаанд, дар он ҳангом, ки наздики намози пешин буд, Пайғамбар (с) фармуданд: «Бархезед, Ҳасану Ҳусайнро биҷӯед ва ононро пайдо кунед!». Салмон мегӯяд: «Ҳар кадом ҷиҳатеро дар пеш гирифта, ба ҷустуҷӯ пардохтанд. Ман низ ҷониби Пайғамбар (с)-ро гирифтам. Пайғамбар (с) пайваста мегаштанд, то ин ки ба доманаи кӯҳе расиданд ва дар ин ҳангом диданд, ки Ҳасану Ҳусайн (р) ба ҳам часпида, якдигарро дарбар гирифтаанд. Ногаҳон мореро дидем, ки рӯи думаш истода забонаш ба монанди пораи оташ аз даҳонаш хориҷ мешавад. Пайғамбар (с) фавран ба тарафи он шитофтанд ва мор низ мутаваҷҷеҳи Расули Худо (с) шуда, ӯро нигарист ва сипас ҳаракат карду ба зери санге хазид. Баъд Пайғамбар (с) назди Ҳасану Ҳусайн омада, ононро аз ҳам ҷудо карданд ва даст ба сару рӯи онҳо кашида, бо меҳру муҳаббати тамом фармуданд: «Падару модарам фидоятон бод! Чӣқадар Худованд ба шумо раҳму карам кард!». Сипас, яке аз ононро бар китфи росту дигареро бар китфи чапи худ ба дӯш гирифтанд. Салмон мегӯяд, ки гуфтам: «Хушо ба ҳоли шумо ду нафар, чи ҳомилу бардорандаи хубе доред! Пайғамбар (с) низ фармуданд: «Ин ду нафар дар ҷойгоҳи хубе қарор доранд ва падарашон аз онон беҳтар аст».[25]
Оре, мулоҳиза мешавад, ки чӣ гуна Ҳасану Ҳусайн (р)-ро бар асари дидани он мор тарсу хавф фаро гирифта буду бар якдигар часпида буданд? Чӣ гуна Расули Худо (с) фавран барои бартараф намудани ин тарс ва ҷудо сохтани онон аз ҳамдигар чолокӣ карданд ва барои эшон дуо карданд ва баъд аз он бо бардоштанашон бар дӯши худ мавриди икрому навозиш қарор доданд. Баъд эшонро ситоиш намуда, фармуданд:
«Ин ду хуб ҷое доранд!».
Табиист, ки тамоми инҳо нишонаи алоқаи шадид ва таваҷҷӯҳи зиёди Расули акрам (с) аст нисбат ба отифаи кӯдак, то ин ки инсони росту дуруст ва солим тарбия шавад.
Асоси ҳафтум, таваҷҷӯҳи хосса ба духтар
ва кӯдаки ятим
Маълум аст, духтар ва кӯдаки ятим ду намунаеанд, ки нисбат ба дигар кӯдакон ниёзи бештар ба муҳаббату шафқат ва риоя доранд. Ин ҳам ба он хотир аст, ки онҳо аз эҳсоси заъфу ҷудоӣ аз унсурҳои қудрат бархӯрдор мебошанд ва дар пеши мардум шаъну манзалати чандоне дар муқоиса бо кӯдакони дигар надоранд. Аз ин рӯ дар замони ҷоҳилият ва дар асри кунунӣ низ баъзе аз ҷомеаҳои ноогоҳ ба онон зулм намуда, ҳуқуқашонро ғасб кардаанд. Шакке нест, ки ҳар ҷо миллате аз миллатҳо, ҷомеае аз ҷомеаҳо ва хонаводае аз хонаводаҳо аз барномаи илоҳӣ ва шариати ғуррои исломӣ аз назари татбиқиву амалӣ дур шуда бошад, нахустин зулму табъиз мутаваҷҷеҳи ин ду синфи заъифу нотавон, яъне духтар ва кӯдаки ятим шудааст…
Дар ҷомеаи ҷоҳилияти қадим, ошкоро ва дар рӯзи равшан парчами зулму табъиз нисбат ба духтар ва кӯдаки ятим барафрошта мешуд. Ба таври куллӣ, бидуни ҳаёву эҳсоси шармандагӣ ва бидуни ҷавонмардиву шаҳомат шӯҳрату умумият дошт, аммо дар ҷомеаи ноогоҳи ҷадид зулму табъиз ба воситаи баъзе аз маводи ғалату нописанди қонуне нисбат ба онон истифода мешавад. Ҷомеае, ки ба ҳар тариқи мумкин ва ба василаи ҳар навъ разолату пастӣ дари озодӣ дар бархӯрдорӣ аз фисқу фуҷурро барои духтар ва кӯдаки ятим боз кардааст, ки ба ин васила ин ду синфи заъифу нотавон дар ин гуна ҷомеаҳо ва хонаводаҳо гуму нобуд шудаанд…
Оре, бояд донист, ки дар ин майдон ягона раҳоибахши онон Ислом асту бас, ба гунае ки аз онон дифоъ мекунад ва дар муқобили ҳар кас, ки зулму табъизро бо ҳар тариқи мумкин нисбат ба эшон раво бидорад, меистад ва мубориза мебарад. Ҳатто ҳар навъ зулму ситаме, ки афроди мусалмонро битарсонаду таҳдид кунад ва ононро барангезад, бо тамоми қудрат омодаи маҳдуд сохтани он мешавад, то ин ки зулму ситамгарӣ зудуда гардад, адл таҳаққуқ ёбад, беадолативу табъиз нобуд шавад, баробарӣ барқарор шавад, ботил аз байн биравад ва ҳаққу ҳақиқат устувор гардад.
Табиист, ки ин даста аз оятҳои бимдиҳанда, аҳодиси ҳушдордиҳанда ва ҳар он чи, ки дар чанд ҳадиси оянда дар бораи ин ду кӯдаки заифу нотавон, яъне духтар ва ятим баён хоҳанд шуд, далел ба сиҳат ва равшании матолибе аст, ки баён намудем. Зеро Худованд холиқи тамоми башарият мебошад ва олим аст ба зулму ситаме, ки инсон ҳангоми адами пойбанд буданаш ба шариат ва қонуни илоҳӣ муртакиб мешавад. Ҳамчунин огоҳ аст ба ин ки афроди қавӣҳаққи ашхоси заифро мехӯранду онро поймол мекунанд. Ба ҳамин хотир аст, ки Пайғамбари акрам (с) дар ҳаққи ятим ва духтар, ин ду синфи заъиф мефармоянд: «Бегумон, ман касе аз шуморо, ки ҳаққи ин ду синфи заъиф, яъне ятим ва занро поймол кунад, гунаҳкор муаррифӣ мекунам».[26]
Риояи ду масъулияти муҳим
Агар пурсида шавад, қоидаҳое, ки мо ба хотири иҷрои инсофу адолат нисбат ба духтару кӯдаки ятим ба татбиқу риояи онҳо масъул мебошем, кадоманд? Ҷавоб ин аст:
Риояи тарбияи духтар
Бегумон, дар назари мо муҳимтарин васоил дар ислоҳи хонаву хонавода тараққиву пешрафти таълиму тарбияи саҳеҳи зан мебошад. Бояд андӯхтани ин таълиму тарбия ба миқдори зиёде дар сатҳи мактабҳо ва омӯзишгоҳҳо аз умури динӣ, хулқу хӯи неки исломӣ, тавсиаи фурсату замон, барномаи таҳсили духтарон барои баҳс ва ҷучтуҷӯи муҳити зиндагӣ ва хонаводагӣ фароҳам гардад. Ҳамчунин метавон онро шарҳи ҳол ва баёни фазилатҳову бартариҳои заноне, ки дар хулқу хӯи фозил намуна будаанд, касб намуд. Аз ҷумла, Насиба духтари Каъб, Асмо духтари Абубакри Сиддиқ, Сафия духтари Абдулмутталлиб, Хавла духтари Азвар, Сакина духтари Ҳусайн ибни Алӣ ва амсоли инҳо…
Шоир мегӯяд:
Модар ба манзалаи мадрасае аст, ки (кӯдаконро барои ҷомеа тарбия мекунад, пас) агар худ тарбияи хубу шоиста шуда бошад, бешак фарзандони асилу пок мепарваронад ва барои ҷомеа омода месозад.
Аммо агар барномаи духтарон бар он чӣ, ки акнун мутобиқи он тарбияву парвариш меёбанд, идома пайдо кунад, ҳатман саранҷом ба зиёнмандиву тарки масоили зарурӣ ва муфид меанҷомад. Ин чизе аст, ки зиндагии поку матлуберо барои парвариши исломӣ ба армуғон намеоварад, зеро мутаассифона духтарон дар мактабҳову омӯзишгоҳҳо дарси мусиқӣ, забони бегона, муҳандисӣ, қонуни муосир ва ғайраро мехонанд, аммо чизе аз масоили марбут ба тарбияву парвариши кӯдакон, оянданигарӣ, сиҳату тандурустӣ, равоншиносӣ, умури динию ахлоқӣ, хонадориро ва ба таври кофӣ намеомӯзанд. Пас ин чӣ барнома ва чӣ таълиму тарбия аст? Ва ба чӣ натиҷае хоҳад расид?
Кист, ки тарбияи (дурусти) духтаронро бароям баён кунад?
Чаро ки ба ростӣ дар асари чунин тарбияи носаҳеҳе аст, ки дар Шарқ иллати чунин саркӯбии духтарон шудааст.
Табиист, ки вақте модар дурусту шоиста шуд, бояд аз писари ӯ низ инро интизор дошт, ки марде ба тамоми маъно бошад, чунончи вақте таърихи уламо ва гузаштаи бузургон хуб баррасӣ шавад, албатта маълум хоҳад шуд, ки рози азамату бузургии бисёре аз онон дар муқаррароти неку устуворест, ки модар ба ҳукми ширдиҳӣ ва омӯзиши дуруст эшонро парвариш намудааст. Аз он ҷумла, метавон гуфт, ҳақдӯстӣ ва ғайрату ҷавонмардии Алӣ ибни Абутолиб (р) ва кӯмаку фидокории ӯ ба Пайғамбари акрам (с), ҳилму зирракии Муъовия (р), шуҷоати Абдуллоҳ ибни Зубайр (р), ҳамчунин далериву ҷавонмардии худи Зубайр (р) сирре будааст аз асрори модаронашон, ки ба тартиб иборатанд аз Фотима духтари Асад, Сафия духтари Абдулмутталлиб, Асмо духтари Абубакри Сиддиқ ва Ҳинд духтари Утба.
Агар писар намоёнгари рози падараш мебошад, ба ин хотир аст, ки «Аз кӯза ҳамон берун таровад, ки дар ӯст». Аз ҷиҳати дигар, шоистагиву озодагӣ аз они касе аст, ки дар гаҳвораи худ, дар даврони кӯдакияш нағмаи модарашро мешунавад, нағмае ки ӯро бар шуҷоату ҷавонмардӣ ва ахлоқи фозила ташвиқ мекунад, то ин ки дар оянда сарваре шавад, ки ҳикмату дониш аз ҷониби ӯ бидурахшад ва сиёдату бузургворӣ дар вуҷудаш ҷамъ шавад. Ҳамчунон ки Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ба воситаи таъсири парвариши саҳеҳи модараш Уммифазл духтари Ҳориси Ҳилолия, инчунин буд.
Аммо кӯдаконе, ки барои аввалин бор ба гӯши онҳо нағмаҳои ҳарза ва овозҳои баду нописанд мерасад, нағмаҳо ва овозҳое, ки модарони асри ҳозир ба василаи онҳо фарзандони худро саргарм ва аз ин тариқ бо онон бозию шӯхӣ мекунанд, бидуни шакку тардид чунин фарзандоне ба унвони афроди бешарм, фосиду сустҳиммат ва беиродаву заъифуннафс парвариш меёбанд.
Тардиде нест, ки модар муаллими ҷаҳони башарият аст, модаре, ки бо дасти росташ гаҳвораро меҷунбонад ва бо дасти чапаш дунёро таккон медиҳад. Пас, ба хотири ин ки манзилу муҳити хонавода ислоҳ шавад, воҷиб аст, ки нахуст модаре, ки рӯҳу сутуни хонаву хонавода мебошад, ислоҳу дуруст шавад…
Се қоидаи асосӣ дар робита бо тарбияи духтар
Қоидаи аввал, наҳй аз кароҳият ва нафрат доштан аз духтар
Баъд аз баёни матолиби боло он чӣ донистанаш лозим мебошад, ин аст, ки дар робита бо тарбияи саҳеҳи духтар, донистану ба кор гирифтани се қоидаи асосӣ зарурӣ мебошад, ки нахустини онҳо наҳй аз кароҳият ва нописанд доштани духтар аст. Зеро Қуръон қабл аз ҳар чиз ин тарзи нигариши ғалату тасаввури ботилро роҷеъ ба нафрат доштан аз духтардор шудан аз зеҳнҳо зудуд ва онро ислоҳ намуд.
Бинобар ин, Қуръон ақлҳоро ба тасҳеҳи биниши ғалат ва ба таъдили тасаввури ботил нисбат ба занон мутаваҷҷеҳ сохтааст, то ба хубӣ дарёбанд, ки зан махлуқи Худо аст ва ӯро ба унвони комилкунандаи мард дар зиндагияш офаридааст, пас, зан ҳамчун мард ҳуқуқе дорад ва вазифаҳое низ бар ӯҳдаи ӯ мебошад.
Табиист, ки ба василаи тасҳеҳи тасаввури ботил нафси инсон аз оғози зиндагӣ то марҳалаҳои муоширатҳо ва доду гирифтҳо бо омодагии некӯ иқдом ба анҷоми вазифаҳои худ мекунад. Ба ҳамин хотир аст, ки оятҳои зер ворид шуданд, то тасаввури мағзҳои гандида ва замирҳои беморро муолиҷа кунанд. Ин ҳамон амре аст, ки ба мунҷар шудани инқилоби наве дар ҳаёти занону оғози асри зудудани зулумот ва тобиши нуру рӯшноӣ барои онон гардид. Худованд мефармояд:
﴿وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِٱلۡأُنثَىٰ ظَلَّ وَجۡهُهُۥ مُسۡوَدّٗا وَهُوَ كَظِيمٞ ٥٨ يَتَوَٰرَىٰ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ مِن سُوٓءِ مَا بُشِّرَ بِهِۦٓۚ أَيُمۡسِكُهُۥ عَلَىٰ هُونٍ أَمۡ يَدُسُّهُۥ فِي ٱلتُّرَابِۗ أَلَا سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ ٥٩﴾ [النحل: ٥٨، ٥٩]
«Ва агар ба яке аз онҳо ба таваллуди духтар мужда дода шавад, рӯи ӯ сиёҳ мегардад дар ҳоле ки хашму андӯҳи худро фурӯ мехӯрад. Ба сабаби ногувории хабаре, ки ба вай мужда додаанд, аз қавми худ пинҳон мешавад (ба ин андеша, ки) оё ӯро ба хорӣ нигоҳ дорад, ё дар хок пинҳонаш кунад? Огоҳ шавед, бад аст доварии онҳо!».[27]
Сипас нафси башариятро такон дода, замирашро огоҳ сохт, то аз ҷаҳлу нодонияш бедор гардад:
﴿وَإِذَا ٱلۡمَوۡءُۥدَةُ سُئِلَتۡ ٨ بِأَيِّ ذَنۢبٖ قُتِلَتۡ ٩﴾ [التكوير: ٨، ٩]
«Ва вақте ки духтари зинда даргӯршуда пурсида шавад: «Ба кадом гуноҳ кушта шуд?».[28]
Пайғамбари акрам (с) мефармоянд:
«Худованд се чизро барои шумо нописанду ҳаром доштааст: Мухолифат бо модарону озор додани онон, азият кардани духтарону зинда ба гӯр кардани онон ва манъ аз дастури додааш ва талаби он чӣ, ки шоиста намебошад».[29]
Дар ривоят омадааст, ки марде чанд духтар дошт ва орзуи марги ононро кард. Ибни Умар (р) аз ӯ хашмгин шуда гуфт: «Магар рӯзии онҳоро ту медиҳӣ?».[30]
Пайғамбари акрам (с) ба хотири тасҳеҳи тасаввури ғалат роҷеъ ба духтарон ва нафрат накардану эҷоди унсу улфат бо онон ба падару модарон хитоб карда мефармояд:
«Духтаронро нописанд мадоред ва аз эшон нафрат накунед, зеро онон мӯнису ҳамдамони хубу боарзише ҳастанд».[31]
Ин қоидаро бо таҳлилу шарҳу тафсире, ки Ибни Қаййим дар мавриди ояти зерин ба амал овардааст, ба поён мебарем:
﴿لِّلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ يَهَبُ لِمَن يَشَآءُ إِنَٰثٗا وَيَهَبُ لِمَن يَشَآءُ ٱلذُّكُورَ ٤٩ أَوۡ يُزَوِّجُهُمۡ ذُكۡرَانٗا وَإِنَٰثٗاۖ وَيَجۡعَلُ مَن يَشَآءُ عَقِيمًاۚ إِنَّهُۥ عَلِيمٞ قَدِيرٞ ٥٠﴾ [الشورى: ٤٩، ٥٠]
«Подшоҳии осмонҳову замин азони Худо аст, ҳар чӣ хоҳад, меофаринад, ба ҳар кӣ хоҳад, духтарон ато мекунад ва ба ҳар кӣ хоҳад, писарон ато мекунад, ё барояшон писарону духтаронро ҷамъ мекунад ва ҳар киро хоҳад, нозоянда месозад. Ба дурустӣ ки ӯ донои тавоно аст».[32]
Худованд дар ин оят эълом намуда, фарзандеро, ки барои падару модар муқаддар карда, ба онон ато кардааст ва басанда аст барои изҳори душмании шахс бо Худо ин ки он чиро, ки ба ӯ ато кардааст, написандад ва аз он бадаш ояд. Ва дар ин оят Худованд нахуст бахшидани духтарро зикр кардааст. Бинобар қавле, духтар доштанро ба худ гарон донистан ва онро написандидани падару модар нишонаи ҷабру зулм дар мавриди духтарон мебошад. Қавли дигар, ки аз қавли аввал беҳтар аст, гуфта: Худованд дар ояти боло барои он духтар ато карданро аз писарон пеш зикр кардааст, ки равиши гуфтор ин аст, ки Худованд ба амал орандаи хости Худ мебошад, ҳар он чиро, ки худ бихоҳад, анҷом медиҳад, на он чиро, ки падару модар мехоҳанд, зеро волидайн ғолибан хоҳони писардор шудананд дар ҳоле ки Худованд эълом доштааст, он чиро, ки Худ биҳоҳад меофаринад. Бинобар ин, нахуст синферо баён фармуд, ки Худаш онро мехоҳад, аммо волидайн онро намехоҳанд.[33]
Дар ин робита, Ибни Қаййим мегӯяд: «Ваҷҳи дигаре ҳаст ва он ин аст, ки роҷеъ ба амри духтарон он чиро, ки қавми ҷоҳилият ба таъхир меандохтанд, Худованд пеш андохтааст, то ин ки ба онон бирасонад, ки он чи назди шумо муаххар аст, пеши Ман муқаддам мебошад.
Нуктаи қобили тааммул ин аст, ки Худованд дар ояти боло чӣ гуна калимаи «иносан»-ро ба сурати накира ва калимаи «аз-зукур»-ро ба маърифа зикр кардааст ва нуқси унусиятро ба василаи тақдим ва нуқси таъхири зукуриятро ба таъриф ҷуброн намудааст, чун таъриф навъе машҳурият мебошад, гӯё гуфтааст: Саворкорони номдори зикршударо, ки бар шумо пинҳон намебошанд, ба ҳар кӣ бихоҳад, мебахшад. Сипас, вақте ки он ду синфро (дар ояти баъдӣ ба сурати накира) бо ҳам зикр кард, музакарро пеш андохт, то ин ки ҳаққи ҳар як аз ду ҷинсро аз назари тақдим ва таъхир ато кунад. (Худованд ба он чи, ки Худ дар ин маврид ирода фармудааст, аз ҳар кас огоҳтар аст).
Ибни Қаййим дар равиши таҳлилу тафсири ояти боло мегӯяд: Худованд дар ҳаққи занон фармудааст:
﴿فَإِن كَرِهۡتُمُوهُنَّ فَعَسَىٰٓ أَن تَكۡرَهُواْ شَيۡٔٗا وَيَجۡعَلَ ٱللَّهُ فِيهِ خَيۡرٗا كَثِيرٗا ١٩﴾ [النساء : ١٩]
«…Агар онҳоро бад дидед, пас, шояд шумо чизеро нописанд кунед, ки Худо дар он чиз хайри бисёрро пайдо кунад».[34]
Ҳамчунин, гоҳе хайру некӣ, барои мардон чи дар дунё ва чи дар охират дар худи занон мавҷуд мебошад ва барои мард дар зишту нописанд донистани занон басанда аст ин ки ӯ чизеро зишту нописанд медорад, ки Худованд ба он розиву хушнуд мебошад ва онро ба бандаи худ ато фармудааст.
Солеҳ ибни Аҳмад гуфтааст: «Ҳар вақт духтаре барои падарам таваллуд мешуд, мегуфт: «Пайғамбарон падарони духтарон буданд» ва мегуфт: «Дар бораи духтарон чизҳое омадаву шунидаам, чунонки Яъқуб ибни Бахтон гуфтааст: «Соҳиби ҳафт духтар шудам ва ҳар бор, ки духтаре барои ман таваллуд мешуд, назди Аҳмад ибни Ҳанбал мерафтам ва ба ман мегуфт: «Эй Абуюсуф! Пайғамбарон падарони духтаронанд ва ба ин васила гуфтори ӯ ғаму андӯҳи маро аз байн мебурд».
Бинобар ин, қоидаи аввали ин боб дар умури зер хулоса мешавад: Дар зудудани андешаи ботил ва тасаввури фосид дар бораи духтарон ва бад надидани онон, ҳамчунин дар дӯст доштани он чи, ки Худованд ӯро дӯст доштаву ба волидайн ато фармудааст ҳамин бовар басанда аст, ки хайру некӣ дар ҳамон чизе мебошад, ки Худованд барои шахс меписандаду ихтиёр мекунад, на дар он чи, ки шахс барои худаш меписандаду ихтиёр мекунад.
Қоидаи дуюм, эҷоди баробарӣ дар байни писару духтар
Назари Ислом бар ин аст, ки вақте Худованд ба падару модар чанд писару духтар ато фармояд, бояд камоли баробариро дар миёни онон барқарор намуда, онро риоя кунанд, ба гунае ки ҳеҷ якеро аз дигаре бартар надонанд, зеро ки Расули Худо (с) яке аз сабабҳои ба биҳишт дохилшавии падару модарро ҳамин эҷоди баробарӣ ва яксоннигарӣ нисбат ба фарзандони худ қарор додаст. Ва ин баробарӣ ба ин шакл мебошад, ки ҳеҷ гоҳ писарро бар духтар тарҷеҳ надиҳанд, балки дар муҳаббат варзидану чиз бахшидан, дар додани пулу ҳадяҳо ба онон яксон амал кунанд ва васоили омӯзишӣ, фарҳангӣ, илм ва огоҳиро барои онҳо ба таври баробар фароҳам намоянд. Дар муомилаву муошират ва ҳатто бӯсидан ҳам ба таври баробар бо онон рафтор кунанд.
Дар ривоят омадааст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:
«Касе, ки духтар дошта бошад ва ӯро озор надиҳад (ба монанди давраи ҷоҳилият зинда ба гӯр накунад), ӯро таҳқир накунад ва хору залил насозад ва писарашро бар ӯ тарҷеҳ надиҳад, Худованд ӯро дохили биҳишт хоҳад кард».[35]
Дар ривояти дигаре омадааст: Марде назди Расули Худо (с) буд, писарашро бар рӯи рони худ нишонид ва духтараш низ омад ва ӯро паҳлӯи дасти хеш нишонид. Расули Худо (с) фармуданд: «Дар миёни онон баробариро риоя нанамудӣ».[36]
Оре, ин гуна диққату тааммули набавӣ дар робита бо таомул ва рафтор бо писару духтар, аз ҷумлаи масоиле аст, ки ҷомеаҳои башарӣ онҳоро ба таври комил намешиносанд ва ҳеҷ як аз китобҳои ғарбӣ низ онҳоро дар амри тарбияи кӯдакон аслан баён намекунанд ва ба хотири ҳеҷ як аз донишмандони равоншиносу тарбиявӣ намегузарад…
Қоидаи сеюм, аҷру подоши амри тарбиявӣ ва эҳсону сабр бар духтарон
Қабл аз ҳар чиз бояд гуфт, дар робита бо амри тарбиявӣ шариати Ислом ба унвони нишон додани аксуламал дар муқобили ҷомеаи башарият наистодааст ва пофишорӣ накардааст, то ин ки бар акси сиришти табиии ӯ амал кунад, балки ин кор сирфан ба хотири ороста шудани ӯ ба ахлоқи некӯву писандида ва дур шуданаш аз олудагиҳову инҳирофҳо мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи саҳеҳи духтарон аҷру подоши зиёде дорад, таҳаммули сабру шикебоӣ дар баробари онон дорои савоби азиме мебошад. Ин ба он сабаб аст, ки дарду алами волидайнро бикоҳад, ононро ором созаду хотирашонро ба вуҷуди онҳо шоду масрур гардонад, эшонро ба аҳамияти амал ва ҳаракаташон дар баробари ин риояву инояти бедареғашон нисбат ба духтарони худ мутаваҷҷеҳ созад ва эҳсоси масъулияти ононро беш аз пеш барангезад.
Дар ривояте омадааст: «Касе, ки ӯҳдадори хароҷоти зиндагӣ ва амри тарбияи ду духтар гардад, то онҳо бирасанд (ба замоне, ки ба василаи касб ё издивоҷ аз ӯ бениёз гарданд), ман ва ӯ бо ҳам дохили биҳишт, мешавем ба монанди ин ду: (Ишора ба ду ангушти худ карданд, дар ҳоле ки онҳоро ба ҳам часпонида буданд)».[37]
Дар ривот омадааст, ки Оиша (р) гуфт: «Зане ба назди ман омад ва ду духтарбачааш ҳамроҳи ӯ буданд, аз ман чизе хост ва ман ба ҷуз як дона хурмо чизи дигар надоштам, он хурморо ба ӯ додам. Вай он як адад хурморо дар байни ду духтараш тақсим карда, худ чизе аз онро нахӯрд. Сипас он зан бархосту рафт. Расули Худо (с) омаданд ва ман моҷароро ба иттилои Ӯ расондам. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Касе, ки дар мавриди духтарон ба чизе мавриди озмоиш қарор гирад ва нисбат ба онон некӣ кунад, онон низ дар рӯзи қиёмат барои ӯ дар баробари оташи дӯзах монеъ мешаванд».[38]Дар ривояти дигар омадааст: «Худованд биҳиштро барои ӯ воҷиб мегардонад ва ё ӯро аз оташи дӯзах озод хоҳад кард».
Абусаъиди Худрӣ мегӯяд: «Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Касе, ки се духтар ва ё се хоҳар дошта бошад, ё ин ки ду духтар ва ё ду хоҳар дошта бошад ва бо онҳо ба хубӣ рафтору ҳамзистӣ намояд ва дар мавриди онон аз Худо битарсад, дохили биҳишт хоҳад шуд».[39]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Касе, ки ба амри парваришу таъмини ниёзмандиҳои се духтар ё се хоҳар ва ё ду хоҳар, ё ду духтар иқдом кунад, ононро хуб тарбия намояд ва бо онон ба некӣ рафтор кунад (то замоне, ки) эшонро шавҳар медиҳад, дохили биҳишт хоҳад шуд».[40]
Уқба ибни Омири Ҷуҳанӣ гуфтааст: «Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд:«Касе, ки се духтар дошта бошад, ба тарбияву парвариши онон сабру таҳаммул варзад, маводи хӯрданию пӯшиданӣ ва либоси (ва соири лавозими зиндагии) ононро дар асари саъю талоши худ таъмин намояд, онон дар рӯзи қиёмат дар баробари оташи дӯзах ҳиҷоб ва монеъе барои ӯ мешаванд».[41]
Оре, аҳамияти нақши тарбияву парвариши духтаронро баён намудем, зеро духтарон модарони фардову бунёдгузорони ҷомеаи идеал ва созандагони қаҳрамонони иҷтимоъ ва гардонандагони таърих дар ояндаи начандон дур хоҳанд буд. Бинобар ин, оё ба василаи ислоҳ ва тарбияи саҳеҳу парвариши дурусту солими духтарон ва хоҳарони худ дар ин ҳаракати созанда ва ислоҳу эҷоди ҷомеаи идеал шарику саҳмгузор буданро намехоҳем?
Дуввум, риояи тарбияи писару духтари ятим ва қоидаҳои он
Пайғамбари акрам (с) марҳалаи ятимиро синни пеш аз булуғ донистааст. Пас, вақте кӯдак ба марҳалаи балоғат расид, дар ҳамон замон хусусияти ятимӣ аз ӯ поён меёбад ва набояд аз он ба баъд ӯро ятим гуфт.
Абуҳанифа дар «Муснад»-и худ аз Анас (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: «Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Баъд аз ин ки кӯдаки ятим ба ҳадди булуғ расид, дигар ятим маҳсуб намешавад».[42]
Тарбияи писару духтари ятим дар се қоидаи зер хулоса мешавад
Қоидаи аввал, аҷри риояи ҳоли ятим ва тарбияи ӯ
Инак чанд аҳодиси набавиро баён мекунем, ки дарвоқеъ инсонро ба сӯи эҳтимом варзидан ба риояи ҳоли кӯдаки ятиме, ки қабл аз расидан ба синни булуғ падари худро аз даст додааст, омода мекунанд ва ӯро ба анҷоми ин амри муҳим ташвиқу водор менамоянд. Ба далели ин гуфтаи Паёмбар (с), ки фармудаанд:
«Баъд аз ин ки кӯдаки ятим ба синни булуғ расид, набояд ӯро ятим гуфт, чун даврони ятимии ӯ ба поён расидааст».[43]
Бинобар ин кӯдаки ятиме, ки ҳанӯз ба синни булуғ нарасидааст, сазовори сарпарастиву риоя намудан мебошад, зеро чунин кӯдаке яке аз аркони асосии тарбиявии худро, ки падараш мебошад, аз даст додааст.
Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Ман ва касе, ки сарпарастии ятим ва амри тарбияи ӯро (то замоне, ки ба синни булуғ мерасад ва аз ӯ бениёз мегардад) ӯҳдадор мешавад, ба монанди ин (ду ангушт) дар биҳишт мебошем (ишора ба ду ангушти сабоба ва вусто карданд)».[44]
Дар ривояти дигаре Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Беҳтарин хона дар миёни мусалмонон хонае аст, ки дар он кӯдаки ятим вуҷуд дошта бошад ва бо ӯ некию хушрафторӣ шавад. Ва бадтарин хона дар миёни мусалмонон хонае аст, ки дар он кӯдаки ятим бошаду нисбат ба ӯ бадрафторӣ шавад. Ман ва сарпарасти ятим дар биҳишт ба монанди ин ду хоҳем буд, ишора ба ду ангушти худ карданд».[45]
Пайғамбари акрам (с) қоидаеро ба унвони доруи шифобахш ва роҳи илоҷи бисёр муфиде барои афроди сангдилу касоне, ки нисбат ба неъмати Худо носипосанд ва қадри онро намешиносанд, вазъ намудаанд, ки қалбҳоро ба шиддат такон медиҳад. Чунонки марде назди Пайғамбар (с) омаду аз сангдиливу бераҳмии худ шикоят кард. Пайғамбари акрам (с) ба ӯ фармуданд: «Агар дӯст дорӣ, ки қалбат нарм гардаду ниёзмандиятро дарк намоӣ, ба кӯдаки ятим раҳм кун, даст бар сари ӯ бимол, аз хӯроку маводи хӯрдании худ ба ӯ бихӯрон, (ҳатман)қалбат нарм мешаваду ниёзмандии худро дарк мекунӣ(ва мушкилат ҳал мешавад)».[46]
Шахс бояд дар робита бо тарбияи саҳеҳу ислоҳ намудани ятим айнан ба монанди писари худаш рафтор кунад, дар баробари корҳояш зиёд сахтгиру сангдил набошад ва дар иршоду роҳнамоияш ифроту тафрит накунад. Чунонки Бухорӣ ривоят намуда, ки Ибни Убайд гуфтааст: «Ба Ибни Сирин гуфтам: «Кӯдаки ятиме назди ман мебошад». Ибни Сирин гуфт: «Ҳамон тавре ки бо фарзанди худ рафтор мекунӣ, бо ӯ низ рафтор кун. Ба ҳамон миқдоре, ки фарзанди худро танбеҳу тарбия мекунӣ, ӯро низ танбеҳу тарбия кун».[47]
Шумайсаи Аткия гуфтааст: «Чигунагии адаби ятим назди Оиша (р) баён гардид, гуфт: «Ман ба ин хотир кӯдакро танбеҳ мекунам, ки шоду муаддаб гардад ва аз он баҳра гирад».[48]
Пайғамбари акрам (с) ба кӯдаконе, ки падаронашон шаҳид шудаву ятим гашта буданд, кӯмаку дилнавозӣ мекарданд. Чунонки Асмо духтари Умайс гуфтааст: «Вақте ки Ҷаъфар ва ёронаш шаҳид шуданд, назди Расули Худо (с) рафтам, дар ҳоле ки чил пӯст дабоғӣ карда будам, ду бор низ хамиру нон кардам ва писаронамро шустаму ононро тамизу хушбӯ намудам. Расули Худо (с) фармуданд: «Писарони Ҷаъфарро бароям биовар». Ман низ эшонро назди он ҳазрат (с) бурдам, ононро бӯй карданду ашк аз чашмонашон ҷорӣ шуд. (Асмо мегӯяд:) Гуфтам: «Эй Расули Худо (с)! Падару модарам фидоятон, чаро гиря мекунед? Оё дар бораи Ҷаъфару ёронаш хабаре ба шумо расидааст?» Паёмбар (с) фармуданд: «Оре, онон имрӯз шаҳид шуданд».[49]
Қоидаи дуюм, ҳифзу нигаҳдории моли ятим ва доду гирифт бо он
Аз Абушурайҳ Хувайлид ибни Амри Хузоъӣ ривоят шуда, ки гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Худовандо! Ман касеро, ки ин ду синфи заъиф, яъне ятиму занро зоеъ ва поймол кунад, гунаҳкор муаррифӣ мекунам».
Дар ривоят омадааст, ки Оиша (р) гуфт: «Марде дар таҳти сарпарастии худ духтари ятиме дошт ва ӯро никоҳ кард. Ин духтар дарахти нахлу моле дошт ва ин мард дар он шарики ӯ шуда буд. Ин духтарро ба хотири он нигоҳ медошт ва худаш дар он чизе надошт. Дар ин маврид ояти зер нозил шуд:
﴿وَإِنۡ خِفۡتُمۡ أَلَّا تُقۡسِطُواْ فِي ٱلۡيَتَٰمَىٰ فَٱنكِحُواْ مَا طَابَ لَكُم مِّنَ ٱلنِّسَآءِ مَثۡنَىٰ وَثُلَٰثَ وَرُبَٰعَۖ فَإِنۡ خِفۡتُمۡ أَلَّا تَعۡدِلُواْ فَوَٰحِدَةً أَوۡ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡۚ ذَٰلِكَ أَدۡنَىٰٓ أَلَّا تَعُولُواْ ٣﴾ [النساء : ٣]
«Ва агар хавф доштед, ки дар ҳаққи духтарони ятима адл карда наметавонед, пас, аз соири занон он чи шуморо хуш ояд, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор никоҳ кунед ва агар бим доред, ки (дар ин сурат низ) адл карда наметавонед, пас, бо як ҳамсар ва ё ба он чи молики онед (каниз), басанда кунед. Ин кор ба он наздиктар аст, ки ҷавр накунед».[50]
Дар ривояте омадааст: «Урва ибни Зубайр аз холааш Оиша (р) дар бораи ояти «Ва ин хифтум алло туқситу фи-л-ятомо…» савол кард. Оиша (р) дар ҷавоб гуфт: «Эй хоҳарзода, ин духтари ятим дар таҳти сарпарастии валии худ мебошад, ӯро шарики моли худ кардааст ва он валӣ низ шефтаи сарвату ҷамоли ӯ шудаасту мехоҳад ӯро бидуни пардохти маҳр никоҳ кунад. Аммо аз никоҳ бо онон манъ шудаанд, магар ин ки маҳри онҳоро ба монанди маҳри дигар занон ба таври комил бипардозанд. Дар ғайри ин сурат ба онон дастур дода шудааст, ки бо занони дигаре ғайр аз инон, ки барои эшон ҳалол мебошанд, издивоҷ кунанд».
Урва ибни Зубайр (р) мегӯяд: «Оиша (р) гуфт: «Баъд аз ин оят мардум аз Расули Худо (с) хостори фатво шуданд ва Худованд ин оятро нозил кард:
«Ва ястафтунака фи-н-нисои» то ба «ва тарғабуна ан танкиҳуҳунна».[51] Чунонки мулоҳиза мешавад, Худованд дар ин оят барои онон равшан сохтааст, ки ҳар гоҳ духтарони ятим дорои молу ҷамол бошанд, барои издивоҷ бо онон майлу рағбат пайдо мекунанд, аммо он тавре, ки маҳри комил ба занони дигар мепардозанд, ба инон намепардозанд. Вақте ин гуна духтарони ятим сарвату ҷамол надошта бошанд, аз издивоҷ бо онон худдорӣ мекунанд ва бо занони дигар издивоҷ менамоянд. Аз ин рӯ Оиша (р) гуфт: «Ҳамон тавре, ки ҳангоми надоштани молу ҷамол бо онон издивоҷ намекунанд, пас набояд дар вақти доштани молу ҷамол бо онон издивоҷ кунанд, магар ин ки бо эшон адолатро риоя намоянд, маҳри ононро пурра бипардозанд ва ба монанди занони дигар ҳуқуқи ононро адо кунанд».
Боз дар бораи ояти «Ва ман кона ғаниян фалястаъфиф ва ман кона фақиран фаляъкул би-л-маъруф»[52] азОиша (р) савол шуд, дар ҷавоб гуфт: «Ин оят дар бораи сарпарасти кӯдаки ятим нозил шудааст, ки агар фақир бошад, метавонад аз он мол бихӯрад, аммо лозим аст ба таври шоиста, ба андозаи ҳаққи заҳмати худ ва ниёзи урфӣ аз он бихӯрад.[53]
Дар ривоят омада, ки[54] Ибни Аббос (р) гуфтааст: «Вақте ки ин оят нозил шуд: «Ва ло тақрабу молал-ятими илло би-л-латӣ ҳия аҳсану ҳатто яблуға ашуддаҳ».[55]Ҳамчунин ин оят: «Инна-л-лазина яъкулуна амвола-л-ятомо зулман иннамо яъкулуна фӣ бутуниҳим норан ва саяславна саъиро».[56]
Баъд аз нузули он ҳар кас ятимеро пеши худ дошт, хӯрданиву нӯшидании ӯро аз хӯрданиву нӯшидании худ ҷудо карда канор гузошт, бар хӯроки ӯ меафзуд ва нигоҳ медошт, то ин ки онро бихӯрад ва ё фосид шавад. Ин кор бар онон гарон омад ва сурати мавзӯъро ба арзи Пайғамбар (с) расонданд, сипас ин оят нозил шуд:
﴿وَيَسَۡٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡيَتَٰمَىٰۖ قُلۡ إِصۡلَاحٞ لَّهُمۡ خَيۡرٞۖ وَإِن تُخَالِطُوهُمۡ فَإِخۡوَٰنُكُمۡۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ ٱلۡمُفۡسِدَ مِنَ ٱلۡمُصۡلِحِۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَأَعۡنَتَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ ٢٢٠﴾ [البقرة: ٢٢٠]
«…Ва аз ту дар бораи ятимон савол мекунанд. Бигӯ: «Ба салоҳ овардани кори онҳо беҳтар аст ва агар бо онҳо мушоракат кунед, пас онҳо бародарони шумоанд…».[57]
Ва аммо дар мавриди доду гирифт ба моли ятим, имом Молик дар «Муваттаъ» аз Молик ибни Анас (р) нақл кардааст: «Умар ибни Хаттоб (р) гуфтааст: «Дар амволи ятимон доду гирифт кунед, то бар асари додани садақаву закот коҳиш наёбад ва аз байн наравад».
Амр ибни Шуайб аз падараш ва ӯ низ аз бобояш ривоят намуда, ки Расули Худо (с) хутбае барои мардум эрод наму-да, фармуданд:
«Бидонед, ҳар кӣ валӣ ва сарпарасти ятиме шавад, ки молу сарват дорад, бояд дар он тиҷорат кунад, то афзоиш ёбад ва онро ба ҳоли худ нагузорад, ки додани садақа ва закот онро коҳиш диҳад ва аз байн бибарад».[58]
Қоидаи сеюм, подоши модаре, ки ба хотири тарбия ва парвариши кӯдаки ятимаш ранги рӯяш тағйир меёбад
Авф ибни Молик гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ман ва зане, ки рухсораҳояш (дар асари мурдани шавҳараш) тағйири ранг карда (ва кӯдакони ятимашро тарбияву парвариш менамояд) ба монанди ин ду (ангушт) бо ҳам дар биҳишт мебошем».[59]
Абудовуд афзудааст: «Зане, ки мансабу ҷамол дошта бошаду ба хотири тарбияву парвариш намудани кӯдакони ятимаш худро нигоҳ дорад ва шавҳар накунад, то болиғ мешаванд ва ё мемиранд…».[60]
Ҳамчунин дармеёбем, ки Расули Худо (с) ба ҳар як аз ин ду синфи заъиф, яъне духтар ва кӯдаки ятим эҳтимоми зиёде варзидаанд ва мардумро ба ин мутаваҷҷеҳ намудаанд, ки ба ин ду таваҷҷӯҳи зиёде бинамоянд, алоқаву муҳаббат нишон диҳанд, ба онон кӯмаку некӣ кунанд ва ин кор амри бисёр мӯҳтарамона ва ҷавонмардона мебошад…
Асоси ҳаштум, эҷоди баробарӣ ва адолат
дар муҳаббат ба кӯдак
Устоди ҷалилулқадр Муҳаммад Хизр Ҳусайн бар зарурати эҷоди тавозун дар муҳаббат намудан ба кӯдак ва ба тарки ифроту тафрит дар он таъкид намуда мегӯяд: «Баъзе аз мардум чунон дарк мекунанд, ки тарбия кардани кӯдакон дар нозу неъмати зиёд ва парвариш намудани онон бо ибрози муҳаббати беш аз ҳад аз ҷумлаи масоиле аст, ки аз назари ислоҳ дар нафсҳои кӯдакон бисёр муассиру корсоз мебошад. Аммо бояд донист, муҳаббат варзидани зиёд аз ҳад, ки аз шитобзадагиву зиёдаравӣ дар дӯст доштани кӯдакон ба вуҷуд меояд, ҳайбату салобати волидайнро мешиканад ва ба миқдори зиёд онро коҳиш медиҳад. Саранҷом ононро ба он водор месозад, ки бар асари ин гуна таъдибу тарбияи номутаносиб дар баробари сиришту табиати фарзандони хеш муқовимат намуда, бархӯрди пасту нописанд аз худ нишон диҳанд, ки дар натиҷа ин бетаваҷҷӯҳии волидайн боис мешавад, то кӯдакон ба хостаҳои нафсониву орзуҳои нописанд рӯй биоваранд. Аз ин рӯ, аз андоза зиёд муҳаббат варзидан ҳаргиз наметавонад омехта бо ҳикмату тадбир бошад. Илова бар он, рӯй овардан ба хушгузарониву фароҳам шудани хостаҳои нафсонӣ ба ҳамон миқдор, ки муҳаббату тақаррубро ба бор меоварад, мутақобилан натиҷаҳои вахиму ногувор ба бор меоварад, ба тавре, ки дар миёни волидайну фарзандонашон ҷудоиву дурӣ эҷод мекунад, ба гунае ки меҳру шафқатро дар байни онон мезудояд. Дар натиҷа, фарзандонро дар чунон вазъияту ҳолате қарор медиҳад, ки бо забони зулму ҳаракати қаҳромези худ волидайнашонро неш мезананд ва бо гуфтору кирдори зишти хеш ононро хору беқадр месозанд. Аммо бо вуҷуди ин, мо намехоҳем, ба василаи нописанд будани ин гуна меҳрварзии аз ҳад зиёди кӯдак аз иқдом ба соири хостаҳояш бисёр эрка ва ситезагар шавад ва ё ба таври куллӣ иродаҳои оҳанину азмҳои устувораш салб гардад, он тавре, ки афроди ҷоҳилу ноогоҳ бо шеваҳои мухталиф ва бо баҳонаи ислоҳкунӣ иқдом ба чунин коре мекунанд. Зеро ин кор аз ҷумлаи масоиле аст, ки дар байни кӯдак, иззати нафс, қуввати қалб ва асолати раъйи ӯ фосила меандозад ва барои иҷрои калимаи ҳақҳангоме, ки мақому ҳолат гуфтани онро тақозо намояд, монеъ эҷод мекунад. Пас, дар ин сурат, ӯ бозичаи ошноёну ҳамгунони худ мешавад ва ба монанди тӯби футбол дар миёни онон аз ин фард ба он фард пас дода мешавад ва ё ба монанди абзоре мегардад, ки онро дар он чӣ, ки дилашон мехоҳад ба кор мебаранд.
Бинобар ин, тарбияи муфиду натиҷабахш самара ва зодаи муҳаббате мебошад, ки миқдоре аз ҳарорати онро хомӯш кунад ва ба шиддати шафқати аз андоза зиёд мулоимат ва оромиш бахшаду онро ба ҳадди эътидол ва тавозун дарорад ва ин ҳамон тарбияи матлуб ва парвариши машрӯъе аст, ки волидайнро сазовори ин дуои фарзанди худ месозад, ки ба даргоҳи Парвардигори хеш даст ба дуо бардошта мегӯяд:
﴿وَٱخۡفِضۡ لَهُمَا جَنَاحَ ٱلذُّلِّ مِنَ ٱلرَّحۡمَةِ وَقُل رَّبِّ ٱرۡحَمۡهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرٗا ٢٤﴾ [الاسراء: ٢٤]
«Парвардигоро, ба эшон раҳм кун, ҳамон гуна ки онон дар (даврони) кӯдакӣ маро тарбия намуданд (ва парвариши дуруст карданд)».[61]
Муҳаммад Хизр Ҳусайн ба дунболи гуфтори худ мегӯяд: «Баъзе аз сарпарастони хонаводаҳову амсоли эшон то кунун ба тарбияи матлубу машрӯъ пай набурда ва аҳамияти онро дарк накардаанд. Аз ин рӯ, тамоми хостаҳои кӯдакро бидуни диққату тааммул дар чигунагии он бароварда месозанд ва беш аз ҳад бо ӯ канор меоянду мадоро мекунанд, ба гунае ки ба ӯ маҷол медиҳанд ҳар он чиро, ки мехоҳад бигӯяд, то барояш фароҳам намоянд. Илова бар ин, чи басо дар ҷамъомадҳо ва нишастҳо ба таърифу тавсифи ӯ мепардозанд ва чизҳоеро ба вай нисбат медиҳанд, ки бо кирдору рафтораш мутобиқат намекунанд. Ба ростӣ, агар медонистанд, ба хубӣ дармеёфтанд, ки чи кори бадеро нисбат ба ин кӯдаки бечора анҷом медиҳанд, зеро бо ин зиёдаравӣ ва газофгӯии худ чунон сиккаи нангеро дар пешонии ӯ насб мекунанд, ки дарҳои одоби некро бар рӯи ӯ мебандад ва ба сурати монеъ ва пӯшиши азиме дар миёни ӯ ва саодату сарфарозӣ дармеояд.[62]
Ҳамчунин дармеёбем, ки ҳар андоза меҳру муҳаббат ва пояи отифии мутавозину баробар ва дур аз ифроту тафрит бошад, мусалламан ба тарафи появу сохтор наздик мешавад, ки ҳар лаҳза натиҷаю самараи он, бо изни Парвардигор, намоён мегардад.
Аз ҷиҳати дигар, метавон меҳру муҳаббати мутавозину баробарро ба таом ташбеҳ кард, ба ин маъно, ки мисли хӯрдани таоми беш аз андоза сабабгори ранҷурӣ ва эҷоди бемориҳои ногувор мешавад. Ҳамин гуна меҳру муҳаббат варзидани беш аз ҳад низ сабаби бемории нозу карашмае мешавад, ки дар зиндагӣ фардро ба сӯи танпарвариву адами ҷиддият дар кору фаъолият мекашонад.
Қоидаҳое, ки меҳру муҳаббатро мӯътадил месозанд
Қоидаи аввал, пойбанд намудани худ ва фарзанди худ ба риояи шариат
Шахси мусалмон бояд худ ва фарзандашро водор ба риояи шариат намояд, зеро муҳаббати фарзанд нисбат ба падар ва ҳамчунин муҳаббати падар нисбат ба фарзанд ҳадду ҳудуде дорад ва табиист, ки муҳаббати Худову Расули Худо бар ҳар муҳаббати дигар муқаддам мебошад. Ва қоидаву меъёри чунин муҳаббат он аст, ки ҳар гоҳ амри Худо ва Расули Худо ба рағбати фарзанд ва ё падару модар муқобил ояд, шахси мӯъмин фавран ба муҳаббати Худо ва Расули Худо рӯй меоварад ва мекӯшад аз амри Худо пайравӣ намояд ва аз наҳйи Ӯ канор гирад. Чунонки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Қасам ба зоте, ки вуҷудам ба яди Ӯст, ҳеҷ як аз шумо мӯъмини комил намебошад, магар ин ки Ман ва дастуроти Ман назди ӯ аз падару фарзандаш ва аз ҳамаи мардум маҳбубтар бошад».[63]
Сулаймон ибни Амр ибни Аҳвас мегӯяд: «Падарам бароям таъриф мекард, ки дар ҳаҷҷатул Вадоъ ҳамроҳи Расули Худо (с) ҳузур доштам, Расули Худо (с) ҳамду санои Худоро ба ҷой оварда, сипас ба зикру ваъз пардохтанд ва фармуданд:
«На волидайн бар фарзанди худ ҷиноят мекунанд ва бадии ӯро мехоҳанд ва на фарзанд бар волидайни худ ҷиноят мекунад ва бадии эшонро мехоҳад».[64]
Дар ривоят омадааст, ки вақте Паёмбари акрам (с) болои минбар буданд, Ҳасан ибни Алӣ (р) лағжиду афтод. Паёмбар (с) аз минбар поён омада, ӯро бардоштанд ва ин оятро хонданд:
«Бегумон амволатон ва авлодатон василаи озмоишанд».[65]
Асҳоби «Сунан» аз ҳадиси Бурайда (р) дар бораи Ҳасану Ҳусайн (р) ривоят намудаанд, ки Ҳасану Ҳусайн бо ҳам роҳ мерафтанду меафтоданд ва ҷасту хез мекарданд. Расули Худо (с) дар ҳоле ки машғули сухан гуфтан буданд, сухани худро қатъ карданд ва он дуро бардошта, бӯсиданд. (Ва фармуданд: «Ба ин ду кӯдак нигоҳ кардам, ки роҳ мерафтан-ду афтоданд ва ба ҷасту хез пардохтанд, натавонистам сабр кунам, каломамро қатъ кардам ва ононро дар оғӯш гирифтам»).[66]
Ҳамчунин дар бораи ҳазрати Иброҳим (а) баён намудем, ки чӣ гуна фарзандашро ба хотири иҷрои амри Худо барои забҳ кардан омода кард ва писараш низ барои иҷрои амри Худо ҳозир шуд. Ба ростӣ, ин матолиб намунаи хубе ҳастанд барои касоне, ки ибрат мегиранд ва онҳоро барои тарбияи фарзандони худ сармашққарор медиҳанд.
Қоидаи дуюм, худ ва фарзандро меҳмоннавоз, ҷавонмард ва дӯстдори илму дониш гардондан
Шахси боимон бояд худ меҳмоннавоз, ҷавонмард, шуҷоъ, дӯстдори илму дониш бошад ва фарзандашро бар ин рӯҳия тарбия намояд. Дар ривоят омадааст, ки Хавла ибни Ҳаким (р) мегӯяд: Паёмбари акрам (с) Ҳасанро гирифта бӯсиданд, сипас фармуданд:
«Бегумон фарзанд боиси бухл варзидан, буздилӣ, мояи нодониву бехабарӣ ва сабаби ҳузну андӯҳ мебошад».[67]
Боз омадааст, ки Расули Худо (с) дар ҳоле ки яке аз ду писари духтарашонро дар оғӯш гирифта буданд, берун омаданд ва фармуданд:
«Қасам ба Худо, шумо фарзандон (падаронро) дар бухлу тарс ва бехабарӣ меандозед! Ба ростӣ, шумо аз ҷумлаи гулҳое ҳастед, ки Худованд онҳоро рӯёнидааст!».[68]
Замахшарӣ дар «ал-Фоиқ» мегӯяд: «Маънои ин ҳадис он аст, ки фарзанд падару модарашро ба хотири барои ӯ нигаҳ доштани мол дар бухлу хасисӣ меандозад ва ба сабаби машғул шуданашон ба мол ононро дар бехабарӣ меандозад. Ба иллати тарс аз ин ки мабодо онон кушта шаванд ва баъд аз эшон фарзандашон мунҳарифу табоҳ гардад ва ба сарнавишти номатлубе мубтало шавад, ононро дучори тарсу бим ва ҳузну андӯҳ месозад. Маънои ин ҷумла «ва иннакум ламин риҳиниллоҳ» он аст, ки ба ростӣ падару модар фарзандони худро мебӯянду мебӯсанд. Аз ин рӯ, онон аз ҷумлаи гулҳое ҳастанд, ки Худованд онҳоро рӯёнидааст.[69]
Бинобар ин, модоме ки фарзанд сабаби эҷоди бухл мебошад, албатта дар замири падару модараш ҳисси бухлу тангчашмӣ ба бор меоварад. Табиист, ки ин кор бар асари шиддати муҳаббати онон аст нисбат ба фарзандонашон, аз ин ҷиҳат барои онҳо молу сарват меандӯзанду захира мекунанд. Бинобар ин, чораи ин кор эҳтирому икром кардани меҳмон ва меҳмоннавозӣ аст, ҳамон тавре, ки саҳобаи бузургвор (р) чунин кореро мекарданд. Худо ва Расули Худо низ аз ин гуна азхудгузаштагӣ ва меҳмоннавозии содиқонаву мухлисона розиву хушнуд буданд. Чунонки ривоят мекунанд: «Марде назди Паёмбари Худо (с) омаду гуфт: «Бар асари бенавоӣ хаста шуда, тавони худро аз даст додаам. Расули Худо (с) ӯро назди яке аз ҳамсаронашон фиристоданд, то ӯро таом диҳанд. Ҳамсари Расули Худо (с) гуфт: «Қасам ба зоте, ки шуморо ба ҳақ мабъус кардааст, ба ҷуз об чизи дигаре надорам, ки ба ӯ бидиҳам. Сипас Расули Худо (с) он мардро назди ҳар як аз ҳамсарони худ фиристоданд. Ҳамаи онон ҳамон ҷавоби ҳамсари аввалиро доданд. Сипас Расули Худо (с) ба асҳоб хитоб карда, фармуданд: «Кӣ ин мардро меҳмон мекунад?». Марде аз Ансор, ки ӯро Абуталҳа мегуфтанд, бархосту гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Ман ҳозирам ӯро меҳмондорӣ кунам. Пас, Абуталҳа он марди ансориро ба хонаи худ бурда, ба ҳамсараш гуфт: «Оё чизе дорӣ, ки ба ин мард бидиҳӣ?» Ҳамсараш гуфт: «Ба ҷуз хӯроки баччаҳоям чизи дигаре надорам». Абуталҳа ба ӯ гуфт: «Коре карда кӯдаконро ба чизе саргарм кун ва ононро бихобон. Вақте меҳмонамон ворид шуду шурӯъ ба хӯрдан кард, ту низ чунон вонамуд кун, ки гӯё мо ҳам машғули хӯрок хӯрданем». Пас вақте ки дасташро ба сӯи таом дароз кард, ту бархезу ба ҷониби чароғ бирав, ки гӯё онро хубу ислоҳ мекунӣ ва дар ҳамон лаҳза онро хомӯш кун». Ҳамсараш низ чунин кард ва баъд аз он нишастанду меҳмон хӯрокашро хӯрд. Аммо Абуталҳаву ҳамсараш гурусна хобида, шабро рӯз карданд. Вақте ки субҳ шуд, Расули Худо (с) фармуданд: «Худованд аз рафтори шумо нисбат ба меҳмонатон дишаб розӣ шуд ва онро писандид».[70] Сипас Худовандро, ин оятро нозил кард: «Ва эшонро бар худ тарҷеҳ медиҳанд, ҳарчанд ки худ сахт ниёзманданд».[71]
Оё мулоҳиза намудед, ки дар ин тавозун ва баробарӣ муҳаббат варзидан ва зебогии саҳнасозиву нақшакашии Абуталҳа ва ҳамсараш нисбат ба меҳмоннавозии онон чӣ натиҷаи мусбате ба бор овард? Ҳарчанд худи онон ниёзи шадиде ба он таом барои фарзандонашон доштанд, аммо бо ин васф онро ба меҳмони худ хӯрониданд? Пас, чӣ тарбияи беҳтару шигифтангезтар аз ин зебоии тавозуни муҳаббат ва ҳусни рафтор нисбат ба фарзандону меҳмон вуҷуд дорад?
Дар ривоят омадааст, ки Умар ибни Хаттоб (с) гуфт: «Паёмбари Худо (с) рӯзе ба мо дастур доданд, ки аз моли худ садақаву бахшиш кунем. Ин дастур мувофиқу муносиб бо моле буд, ки ман доштам. Пас ба худ гуфтам: «Агар ман дар садақаву бахшиш рӯзе аз Абубакр пешӣ гирам, ҳамин имрӯз аст. Аз ин рӯ, нисфи моли худро барои Расули Худо (с) овардам ва фармуданд: «Чӣ миқдоре барои хонаводаат боқӣ гузоштӣ?». Дар ҷавоб гуфтам: «Ба андозаи он чи, ки овардаам барои онон низ гузоридаам. Сипас Абубакр (р) тамоми он чиро, ки дошт, барои Расули Худо (с) овард. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Чӣ миқдореро барои хонаводаат боқӣ гузоштӣ?». Абубакр (р) дар ҷавоб гуфт: «Худо ва Расули Худо (с)-ро барои онон гузоштам». Умар (р) ба Абубакр (р) гуфт: Ҳаргиз дар ҳеҷ чизе бар ту пешӣ нахоҳам гирифт.[72]
Қоидаи сеюм, сабр бар бемориву фавти кӯдак ва хоҳон шудани аҷри он аз Худо хоста наст
а) Сабр бар беморӣ
Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Пайваста балову мусибат бар ҷон, фарзанд ва моли марду зани мусалмони воқеӣ нозил мешавад, то ин ки (фардои қиёмат) поку бегуноҳ Худои худро мулоқот кунанд».[73]
Дар ривояте аз имом Молик омадааст: «Шахси мӯъмин пайваста бар асари марги фарзанд, наздикон ва ҳомиёнаш зарар мебинад, то ин ки бегуноҳ ба Худои худ бирасад».
Дар ривояти дигар омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд:
«Бегумон, вақте барои шахсе аз ҷониби Худованд мақому манзалате дар назар гирифта шавад, аммо ба он нарасад, Худованд ӯро дар баданаш (ба василаи беморӣ) ва ё дар молаш (дар асари нобудӣ) ва ё дар фарзандаш (ба воситаи марг) меозмояд ва мубтало месозад».[74]
Дар ривояте меафзояд: «Сипас Худованд ӯро бар он балову мусибат сабуру бурдбор месозад, то ин ки ӯро ба он мақому манзалате, ки барояш муқаддар фармудааст, бирасонад».
б) Аҷру подоши сабру бурдборӣ бар фавти кӯдак:
Худованд мефармояд:
﴿وَأَمَّا ٱلۡغُلَٰمُ فَكَانَ أَبَوَاهُ مُؤۡمِنَيۡنِ فَخَشِينَآ أَن يُرۡهِقَهُمَا طُغۡيَٰنٗا وَكُفۡرٗا ٨٠ فَأَرَدۡنَآ أَن يُبۡدِلَهُمَا رَبُّهُمَا خَيۡرٗا مِّنۡهُ زَكَوٰةٗ وَأَقۡرَبَ رُحۡمٗا ٨١﴾ [الكهف: ٨٠، ٨١]
«Ва аммо он навҷавонро падару модараш мӯъмин буданд, пас, аз он тарсидем, ки дар саркашию куфр бар онҳо ғолиб ояд. Пас, хостем, ки Парвардигорашон аз рӯи покизагӣ беҳтар аз вай ва аз ҷиҳати шафқат наздиктар ба онҳо иваз диҳад».[75]
Ибни Касир дар тафсири ин оят мегӯяд: «Метарсидем муҳаббати ӯ эшонро ба куфр бикашонад». Қатода гуфтааст: «Вақте ки ин кӯдак ба дунё омад, падару модараш ба он бисёр хушҳол шуданд ва ҳангоме, ки кушта шуд, ғамгин гардиданд. Ва агар зинда мемонд, қатъан боиси ҳалоку нобудии эшон мешуд. Бинобар ин, бояд шахс ба қазову қадари Худованд розиву хушнуд бошад. Зеро, чӣ басо ҳукму қазои Худованд дар бораи он чӣ, ки шахси мӯъмин дӯст намедорад, беҳтар бошад аз он чи, ки дӯст медорад.
Дар ривояте Пайғамбари акрам (с) фармудаанд:
«Вақте ки фарзанди яке аз бандагони Худо бимирад, Худованд ба фариштагон мефармояд: «Ҷони фарзанди бандаамро гирифтед?» Онон мегӯянд: «Оре». Худованд мефармояд: «Ҷони ҷигаргӯшаю меваи зиндагии ӯро гирифтед?» Онон мегӯянд: «Оре». Худованд мефармояд: «Бандаи Ман дар муқобили он чӣ гуфт?» Мегӯянд: «Бандаат ҳамду сипоси Туро ба ҷой овард ва гуфт: «Мо ҳама азони Худоем ва бозгаштамон ба сӯи Ӯст». Сипас, Худованд мефармояд: «Хонае дар биҳишт барои бандаам бино кунед ва онро «Хонаи ҳамд» биномед».[76]
Дар ривоят омадааст, ки вақте Пайғамбари акрам (с) ба болини писарашон Иброҳим, ки дар ҳоли ҷон додан буд, ҳозир шуданд, ашк аз чашмонашон ҷорӣ шуд. Абдурраҳмон ибни Авф, ки дар он ҷо буд, арз кард: «Эй Расули Худо (с), шумо ҳам гиря мекунед? Расули Худо (с) фармуданд: «Эй Ибни Авф, ин ҳолатеро, ки аз ман дидӣ, асари раҳму шафқате аст, ки Худованд онро дар дилам андохта».
Боз он ҳазрат (с) ашк рехта фармуданд: «Чашм ашк мерезад, қалб андӯҳгин мешавад ва мо чизе намегӯем, ҷуз он чи, ки мавриди ризояти Худо бошад ва эй Иброҳим, ба ростӣ мо аз фироқи ту ғамгинем».[77]
Ҳофиз ибни Ҳаҷар ба унвони тавзеҳ ва таъбири ин ҳадис мегӯяд: «Ибни Баттол ва афроди дигар гуфтаанд: «Ин ҳадис гиряи мубоҳ ва андӯҳи ҷоизро мерасонад ва он гиряву андӯҳе аст, ки фақат бо рехтани ашку риққати қалб бидуни изҳори норизоятӣ нисбат ба амри Худо бошад ва ин возеҳтарин маънои он аст». Аммо маъною таъбироти дигар иборатанд аз машрӯъияти бӯсидану бӯидани кӯдак ва шир додан ба он, ҳамчунин ҷоиз будани аёдат аз кӯдак ва ҳозир шудан бар болини ӯ ҳангоми ҷон доданаш ва раҳм варзидани хонавода бар ӯ. Боз далолат бар он мекунад, ки хитоб кардан ба шахсе ва мурод аз он фарди дигаре бошад, низ ҷоиз аст. Ҳар як аз ин ду маврид аз мухотаб қарор додани Пайғамбар (с) фарзандашро Иброҳим истинбот мешавад, бо вуҷуди ин ки дар он ҳолат Иброҳим аз ҷумлаи касоне набудааст, ки ин хитобро дарк кунад. Он ҳам ба ду далел: Яке ин ки Иброҳим кӯдаки хурдсол буд ва дуюм ин ки ӯ дар ҳоли ҷон додан қарор дошт ва манзури Пайғамбар (с) хитоб ба афроди дар он ҷо ҳузурдошта буд, то ба онҳо бифаҳмонад, ки чунин гиряву андӯҳе ҳарому нораво намебошад.
Пайғамбари акрам (с) фармудаанд:
«Ҳар мусалмоне, ки се фарзанди ба синни булуғ нарасидаро аз даст бидиҳад ва бимиранд (ва бар марги онҳо сабру таҳаммул дошта бошаду подоши ин мусибатро аз Худо бихоҳад), ҳатман Худованд ӯро ба василаи фазлу раҳмати хеш, ки нисбат ба кӯдакон дорад, дохили биҳишт мекунад».[78]
Дар «Саҳеҳайн» омадааст, ки Расули Худо (с) фармуд:
«Ҳар фарде аз афроди мусалмон се фарзанд аз фарзандонаш бимиранд, дохили оташи дӯзах намешавад ва аз болои пули Сирот мегузарад».[79]
Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар шарҳи ин ҳадис дар «Фатҳул-борӣ» гуфтааст: «Халил мегӯяд: «Балағал-ғуломул-ҳинса», яъне кӯдак ба замоне расидааст, ки гуноҳ ба ҳисоби ӯ навишта мешавад ва «ал-ҳинс» дар ин ҷо ба маънои «гуноҳ» мебошад, ба далели ин фармудаи Худованд:
﴿وَكَانُواْ يُصِرُّونَ عَلَى ٱلۡحِنثِ ٱلۡعَظِيمِ ٤٦﴾ [الواقعة: ٤٦]
«Ва пайваста бар анҷоми гуноҳони бузург исрор ва пофишорӣ мекарданд».[80]
Бинобар қавли дигар, мурод он аст, ки ҳар гоҳ кӯдак ба замоне бирасад, ки агар қасам ёд кунад, дар баробари қасамаш бозхост ба амал ояд.
Роғиб гуфтааст: «Калимаи «ҳинс» ба ҷои калимаи «булуғ» ба кор бурда шудааст, ба хотири ин ки инсон дар муқобили он чӣ дар ин даврон муртакиб мешавад, мавриди муохазаву бозхост қарор мегирад, ба хилофи он чи, ки пеш аз даврони булуғ анҷом додаст».
Бояд донист, ки хос шудани калимаи «اثم»барои баёни гуноҳ, ба ин хотир аст, ки гуноҳҳангоми расидан ба синни булуғ ҳосил мешавад, зеро кӯдак гоҳе дар баробари амали нек савобгиранда мебошад, аммо дар баробари анҷоми гуноҳ азоб дода намешавад. Аммо хос шудани зикри калимаи «сағир» ба ҷои калимаи «сабӣ» ба ин сабаб аст, ки шафқат, муҳаббат ва раҳмат варзидан бар сағир бештар ва шадидтар мебошад. Пас бинобар ин таъбир кӯдаке, ки баъд аз расидан ба синни булуғ бимирад, савоби мурдани кӯдаки ба синни булуғ нарасидаро барои падару модар надорад, агарчи ҷудоии фарзанд бидуни подош намебошад, ба хотири ин ки аз фарзанди болиғ тасаввури азияту озор расонидан ба падару модар меравад, аммо аз кӯдаки ноболиғ чунин тасаввуре намеравад, чун вазифадор ва масъул намебошад.
Илова бар он, машҳур аст, ки кӯдакони мусалмон дар биҳиштанд, зеро Худованди меҳрубон падарону модаронро ба сабаби раҳмату шафқати зиёде, ки нисбат ба фарзандони худ меварзанд, онҳоро мебахшад ва вориди биҳишт мекунад, пас оё метавон гуфт, ки ба худи кӯдакон раҳм накунад…
Муҳаллаб гуфтааст: Ҷумҳури уламо бар он назаранд, ки кӯдакони мусалмонон дар биҳишт мебошанд, аммо иддаи каме аз уламо чунин назар надоранд.[81]
Байҳақӣ дар китоби «Ал-Эътиқод» фасли «Атфол» гуфтааст: “Аз ин назар кӯдакони мусалмонон ба биҳишт медароянд, ки онон бар фитрати поки Ислом таваллуд мешаванд”.
Ба ростӣ, Худованд уммати мусалмонро бо пайваст намудани фарзандонашон ба онон мавриди икрому эҳтиром қарор додааст, агарчи кӯдакон аъмолеро ҳамчун аъмоли мусалмонон анҷом надодаанд. Ахбору ривоёти зиёде дар робита бо даромадани кӯдакон ба биҳишт нақл шудаанд ва мо низ аз ин тариқ ба саодати онон пай мебарем.
Аз ҷумла, Пайғамбари акрам (с) фармудаанд:
«Кӯдакони мусалмонон мавҷудоти хурди биҳиштанд».[82]
Ва дар ривояти дигар Пайғамбар (с) фармудаанд:
«Фарзандони мусалмонон дар биҳишт дар муҳите мебошанд ва Иброҳиму Соро (а) онҳоро сарпарастӣ мекунанд ва замоне, ки рӯзи растохез фаро расад, ононро ба падаронашон месупоранд».[83]
Дар ривояти дигар достоне нақл шудааст, ки “мардеро фарзандаш фавт карду Пайғамбари акрам (с) ӯро тасаллӣ дода, фармуданд: «Эй фалонӣ, оё мехоҳӣ писарат дар тамоми умр бо ту бошад ва (дар дунё) аз ӯ баҳраманд шавӣ ва ё ин ки мехоҳӣ фардои қиёмат, ки ба даре аз дарҳои биҳишт, ки мерасӣ, писарат он ҷо бошаду пеш аз ту ба он ҷо расида бошад ва дари биҳиштро бар рӯи ту боз кунад?».Он мард гуфт: “Эй Пайғамбари Худо(с)! Дӯст намехоҳам, ки писарам дар дунё ҳамроҳи ман бошаду аз ӯ баҳра бигирам, балки дӯст медорам, ки ӯ пеш аз ман ба биҳишт биравад ва дари биҳиштро бар рӯи ман боз кунад”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ҳамин кор барои ту хоҳад шуд». Дар ин ҳангом марде аз ансор бархосту гуфт: “Эй Пайғамбари Худо (с)! Ҷонам фидои шумо! Оё ин амр фақат хос ба ин шахс аст? Оё агар фарзанди фарди дигаре аз мусалмонон фавт кунад, ҳамин кор барои ӯ низ мебошад?” Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ҳар фарде аз мусалмонон кӯдаки худро аз даст диҳад ва бимирад, дорои ҳамин вазъу ҳолат мебошад».[84]
Имом Шофеъӣ гуфтааст: “Аҳодиси зиёде дар робита ба даромадани кӯдакони мусалмонон ба Биҳишт ворид шудаанд. Аз он ҷумла, омадааст, ки Уммиҳабиба (р) гуфт: “Назди Оиша (р) будам, Пайғамбари Худо (с) омада фармуданд: «Ҳар падару модари мусалмоне, ки се фарзандро қабл аз расидан ба синни булуғ аз даст бидиҳанд ва фавт намоянд, рӯзи қиёмат ононро бар дари биҳишт меоваранд ва меистанд, ба онон гуфта мешавад: “Ба биҳишт дароед”. Мегӯянд: «То падарону модарони мо ба биҳишт надароянд, мо намедароем». Пас ба онон гуфта мешавад: «Ҳамроҳи падарону модаронатон ба биҳишт дароед».[85]
Боз ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармуданд:
«Касе, ки се фарзанд аз фарзандони худро аз даст бидиҳад ва бимиранд, (ва бар мусибати марги онон сабру шикебоӣ варзад) савоби марги ононро аз Худо бихоҳад, биҳишт барои ӯ воҷиб мегардад».[86]
Аз Усома ибни Зайд (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Духтари Пайғамбари Худо (с) шахсеро назди Пайғамбар (с) фиристоду гуфт: “Писарам дар ҳоли ҷондиҳӣ аст, пас назди мо биёед (ва бар болини ӯҳозир шавед)”. Пайғамбари Худо (с) он шахсро назди духтарашон боз гардонида, фармуданд: «Саломи маро ба духтарам бирасон ва ба ӯ бигӯ: “Бегумон, ҳар чи Худованд аз инсон бигирад ва он чиро, ки ба ӯ медиҳад, ҳама мутааллиқ ба Ӯ ва ҳама азони Ӯст, (бояд донист) ҳар чизе назди Худованд замони мушаххасу умри муайяне дорад, пас, бояд сабр кунӣ, (мусибати марги фарзандатро) таҳаммул намоӣ ва аҷру подоши онро аз Худо бихоҳӣ». Духтарашон дубора назди Пайғамбар (с) фиристод ва Ӯро савганд дод, ки назди эшон бираванд. Пас Пайғамбар (с) бархостанд, ҳамроҳашон Саъд ибни Убода, Муъоз ибни Ҷабал, Убай ибни Каъб, Зайд ибни Собит ва чанд шахсияти дигар назди духтари он ҳазрат (с) рафтанд. Вақте ки ба он ҷо расиданд, он кӯдакро оварда дар домани Пайғамбар (с) ниҳоданд, дар ҳоле ки ба сахтӣ нафас мекашид. Ашк аз чашмони мубораки Пайғамбар (с) ҷорӣ шуд. Саъд гуфт: «Эй Расули Худо, чаро ашк мерезед ва гиря мекунед? Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ин гиряву ашк рехтан асари раҳмату шафқате аст, ки Худованд дар қалбҳои бандагони худ қарор додааст ва албатта Худованд ба бандагони бораҳми худ раҳм хоҳад кард».[87]
Дар ривоят омадааст, ки зане кӯдаки худро назди Расули Худо (с) оварду гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Дар пешгоҳи Худованд барои ин писар дуои хайр кунед, зеро се фарзандам мурдаанд. Пайғамбар (с) фармуданд:
«Бегумон, ҳисори маҳками девормонанд дар баробари оташи дӯзах сохтаӣ, зеро кӯдакони падарону модарони мусалмон хурдони аҳли биҳиштанд. Ҳар кадом (дар рӯзи қиёмат) ба падару модари худ мерасанд, (даст ё) гӯшаи либоси падару модарашонро мегиранд, дунболи волидайни худ мебошанд ва аз онон ҷудо намешаванд, то ин ки (Худованди меҳрубон ононро ҳамроҳи падару модарашон) вориди биҳишт мекунад».[88]
Ривоят мекунанд, ки зане назди Расули Худо (с) омаду гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Мо занон наметавонем дар маҷлиси шумо ҳозир шавем, пас рӯзеро барои мо таъйин бифармоед, то дар он рӯз ба хидмат бирасему саволҳои худро матраҳ кунем. Он чиро, ки Худованд ба шумо ёд додааст, ба мо низ биомӯзед!» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Мавъиди шумо фалон рӯз ва фалон хона бошад». Онон низ дар сари мавъиди муқарраршуда дар он ҷо ҷамъ шуданд, яке аз масоиле, ки он ҳазрат (с) бо онон сӯҳбат мекарданд, ин буд, ки фармуданд: «Ҳар зане аз шумо, агар се фарзанд аз фарзандонаш бимиранд, бар мусибати марги онон сабр кунад ва аҷру савоби марги ононро аз Худо бихоҳад, Худованд ӯро вориди биҳишт хоҳад кард».[89] Зане гуфт: (Эй Расули Худо (с)! Оё ин фазилат барои кассе низ ҳаст, ки) ду фарзандаш фавт кунад?» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, барои фавти ду фарзанд низ ҳаст».
Уммиқайс духтари Миҳсан гуфтааст: «Писарам фавт кард ва бар мусибати марги ӯ бисёр бетобиву беқарорӣ кардам. Ба касе, ки ӯро мешуст, гуфтам:» Писарамро бо оби хунук машӯй, ӯро озор медиҳиву мекушӣ». Укоша ибни Миҳсан пеши Пайғамбари акрам (с) рафта, моҷаро ва гуфтаи Уммиқайсро ба арзи ӯ расонид. Он ҳазрат (с) табассуме карда, фармуданд: «Умраш тӯлонӣ бод, ба ростӣ, мо фикр намекунем зане, ки ба андозаи ин модари майит умр карда бошаду чунин чизеро бигӯяд».[90]
Саъид ибни Мусайяб гуфтааст: «Пушти сари Абуҳурайра (р) бар кӯдаке намози майит хондам, кӯдаке, ки аслан муртакиби гуноҳу хатое нашуда буд. Бо вуҷуди ин аз Абуҳурайра (р) шунидам, ки мегуфт: «Худоё, ӯро аз азоби қабр маҳфуз бидор!»[91]
Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутолиб (р) гуфтааст: Сураи «Фотиҳату-л-Китоб» бар кӯдак хонда, гуфта мешавад: «Худоё! Ӯро василаи софӣ, некӣ, фузунии неъмат, захираиқ қиёмат ва мӯҷиби аҷру подоши охират қарор деҳ.[92]
Абдурраззоқ ба нақл аз Макҳул мегӯяд: «Расули Худо (с) фармудаанд: «Кӯдакони уммати мӯъмин дар зери дарахтони биҳиштанд ва Иброҳим ононро сарпарастӣ мекунад».[93]
Боз Абдурраззоқ ба нақл аз Муҳаммад ибни Сирин мегӯяд: Расули Худо (с) фармудаанд: «Бо занони зебо, ки нозой мебошанд, издивоҷ накунед ва бо занони сиёҳранг, ки бачадор мешаванд, издивоҷ кунед, зеро ки ба дурустӣ ман дар рӯзи қиёмат ба фузунии шумо ифтихор мекунам. Ҳатто кӯдаки сиқтшуда (афтода) бо ҳолати хашму асабоният мегӯяд: «Бидуни падару модарам дохили биҳишт намешавам». Саранҷом ба ӯ гуфта мешавад: «Ту ҳамроҳи падару модарат дохили биҳишт шав».[94]
Боз Абдурраззоқ ба нақл аз Абдулмалик ибни Умайр ва Осим ибни Баҳдала мегӯяд: «Расули Худо (с) фармудаанд: «Дар рӯзи қиёмат ба кӯдакони уммати мусалмон гуфта мешавад: «Дохили биҳишт шавед!» Онон ба домани падарону модаронашон овезон мешаванд ва мегӯянд: «Парвардигоро! Падарону модаронамонро низ дохили биҳишт бикун!» Пас, ба амри Худованд ба онон гуфта мешавад: «Шумо ҳамроҳи падарону модаронатон дохили биҳишт шавед!» Сипас, кӯдаки сиқтшуда (афтода) оварда мешавад ва ба ӯ гуфта мешавад: «Дохили биҳишт шав». Аммо ӯ бо ҳолати хашму имтиноъ мегӯяд: «Парвардигоро, бидуни падару модарам дохили биҳишт, намешавам (саранҷом боҳам дохили биҳишт мешаванд)».[95]
Имом Аҳмад ва Муслим ба таври марфуъ аз Анас (р) ривоят намудаанд, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Бегумон, Иброҳим писари ман аст ва дар синни ширхорагӣ(баъд аз шонздаҳ ё ҳабдаҳ моҳ) фавт кард ва ӯ ду дояи ширдеҳ дорад, ки муддати ширхорагии ӯро, (ки ду сол мебошад) дар биҳишт комил мекунанд».[96]
Дар ривоят омадааст, ки дар рӯзи Қиёмат ба тифлони фавтида аз падару модарони (мусалмон) гуфта мешавад: “ Ба биҳишт дароед!” Мегӯянд: “Парвардигоро, падарону модаронамон чӣ?” Пас, онҳо бидуни падарону модарони худ аз рафтан ба Биҳишт худдорӣ мекунанд. Худои ғолибу тавоно мефармояд: “Чаро, ки инҳоро дар ҳоли хашм мебинам? Ба биҳишт дароед!” Мегӯянд: “Парвардигоро, падарону модаронамон чӣ?” Худованд мефармояд: “Ҳамроҳи падарону модаронатон ба биҳишт дароед!”[97]
Табиист, ки зани солеҳу некӯкор дар робита бо мусибати фавти кӯдак ва эҷоди сабру шикебоӣ дар дили ҳамсари худ ва пирӯз шуданаш бар отифаи модарӣ дар баробари дохил кардани сурур дар қалби шавҳараш нақши бисёр босазоеро эҷод мекунад. Акнун дар ин бора рӯйдодеро баён мекунем, ки ҳам ин гуфтаи моро таъкиду таъйид менамояд ва ҳам намунаву сармашқи занони баъдӣ мебошад. Бухорӣ аз Анас (р) ривоят намуда, ки фарзанди Абуталҳа бемор буд. Абуталҳа аз хона, ки хориҷ шуд, фарзандаш дар набудани ӯ вафот кард. Вақте ҳамсараш дид, ки писараш мурдааст, ӯро ғуслу кафан намуд ва дар канори хона гузошт. Вақте Абуталҳа ба хона баргашт, аз ҳамсараш пурсид: “Ҳоли бача чӣ тавр аст?” Ҳамсараш дар ҷавоб гуфт: “Ором гирифтааст, умедворам рӯҳаш дар истироҳату оромиши мутлақ бошад. (Абуталҳа чунон фаҳмид, ки бача беҳбудӣ ёфтааст). Баъд аз хӯрдани шом хобиданд ва ҳамбистар шуданд. Вақте субҳ шуд, Абуталҳа ғусл кард ва баъд хост, ки аз хона барояд, дар ин асно ҳамсараш ӯро аз марги бачааш бохабар сохт. Пас, Абуталҳа баъд аз ин ки бо Пайғамбар (с) намоз хонд, моҷарои худ ва ҳамсарашро ба арзи Пайғамбар (с) расонд. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Умед аст Худованди мутаъол шаби гузаштаи шуморо муборак ва пурхайру баракат бигардонад». Марде аз Ансор мегӯяд: “Баъдан (писаре, ки дар он шаб Уммисулайм ба он бордор шуд ва Абдуллоҳ ном дошт) соҳиби нӯҳ фарзанд шуд, ки ҳама қуръонхон буданд.
Имом Аҳмад дар «Муснад»-и худ ин ҳадисро аз Анас (р) ба сурати зеботар нақл намуда, мегӯяд: “Фарзанди Абуталҳа фавт кард ва ҳамсараш Уммисулайм ба атрофиёнаш гуфт: “Марги бачаро ба Абуталҳанагӯед, то ин ки ин хабарро худам ба ӯ бидиҳам. Пас, ин амр пинҳон монд ва ҳангоме, ки Абуталҳа ба манзил баргашт, ҳамсараш хӯроки шомро пеши ӯ овард ва ӯ хӯрокашро хӯрд. Сипас Уммисулайм худро ороиш карду он шаб бо ҳам хобиданд (ва ба амри Худованд) ҳамсараш бордор ба писаре шуд. Баъд аз он ҳамсараш гуфт: “Эй Абуталҳа, агар касе амонатеро дар пеши худ дошта бошад, агар соҳиби амонат хост амонати худро пас бигирад, оё ӯ метавонад амонатро пас надиҳад?” Абуталҳа гуфт: “Не, наметавонад амонатро ба соҳибаш барнагардонад”. Уммисулайм гуфт: “Пас, писари ту низ амонате аст аз ҷониби Худованд ва акнун Худованд онро пас гирифтааст”. Абуталҳа гуфт: «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун». Анас (р) мегӯяд: “Расули Худо (с) аз моҷаро бохабар шуда, фармуданд: «Худованд ин шаби ононро барои эшон муборак ва пурхайру баракат бигардонад».[98]Пас, Уммисулайм бар асари он ҳамхобӣ ба писаре бордор шуд.[99]
Имом Нававӣ дар китоби худ «Бӯстонул-орифин» рӯйдодҳои латиферо дар бораи тасаллияти падарону модарон бар гум кардани фарзандонашон нақл намудааст. Аз он ҷумла, Имом Шофеъӣ гуфтааст: «Писари Ҳусайн ибни Алӣ (р) фавтид, андӯҳе дар мавриди марги писараш аз ӯ мушоҳида нашуд. Ӯро дар ин бора мавриди итобу сарзаниш қарор доданд, вале Ҳусайн ибни Алӣ (р) дар ҷавоб мегуфт: «Мо аҳли байт аҷру подоши (мусибат)-ро аз Худо мехоҳем ва Худованд низ ба мо ато хоҳад кард. Пас, вақте Худованд он чиро, ки мо намеписандем ирода кунад ва онро дӯст дорад, мо низ бар он розиву хушнуд мебошем».
Марде ба яке аз бародарони динии худ дар робита бо таслияти марги писараш номае ба ин мазмун навишт: «Аммо баъд, шакке нест, модоме ки падару модари фарзанд зиндаанд, барои онон андӯҳу озмоиш мебошад ва вақте фарзанд пеш аз падару модар бимирад, пас ӯ дуо ва раҳмат мебошад. Аз ин рӯ, ту набояд бар он чи аз даст додаӣ, бетобиву беқарорӣ кунӣ ва набояд аҷру подошеро, ки Худованд дар баробари он мусибат ба ту додааст, зоеъ гардониву онро аз даст бидиҳӣ…»[100]
Бинобар ин, эй хонандаи мӯҳтарам! Аз хондани матолиби зикршуда дарёфтӣ, ки фарзанди солеҳу некӯкор хоҳ баъд аз падару модараш ва ё пеш аз онон бимирад, ба таври куллӣ хайру баракат мебошад, ба ин маъно, ки агар баъд аз падару модараш бимирад, бо дуои хайру талаби мағфирате, ки барои онон мекунад, дараҷоташонро боло мебарад. Агар пеш аз падару модараш бимирад, сабаби духули эшон ба биҳишт мегардад. Ба ҳамин хотир аст, ки Ибни Қаййим роҷеъ ба фарзанди солеҳу некӯкор мегӯяд: «Фарзанди солеҳ хоҳ баъд аз падару модараш ва ё пеш аз онон бимирад, ба эшон суд мерасонад».[101]
[1]. Ба ривояти Бухорӣ, Муслим ва Аҳмад.
[2]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим аз Абуҳурайра (р).
[3]. Ба ривояти Бухорӣ аз Анас (р).
[4]. Ба ривояти Бухорӣ аз Анас (р).
[5]. Нақл аз тафсири Имом Фахри Розӣ. – Ҷ. 22.. – С. 13.
[6]. Ба ривояти Имом Аҳмад, Бухорӣ, Муслим ва Насоӣ.
[7]. Ба ривояти Табаронӣ аз Ҷобир, ба ривояти Бухорӣ дар «ал-Адаб, ба ривояти Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Ҳоким. Ҳамчунин метавон ба «Саҳеҳул-ҷомеъ» шумораи 3146 муроҷиат кард.
[8]. Ба ривояти Бухорӣ дар «Адабул-муфрад» ва Табаронӣ аз Абуҳурайра (р).
[9]. Ба ривояти Бухорӣ, Муслим, Тирмизӣ ва Абудовуд аз Анас (р).
[10]. Ба ривояти Имом Аҳмад дар «Муснад». – Ҷ. 3.. – С. 188 ва 201-212 аз Анас (р).
[11]. Ба ривояти Тирмизӣ ва Абудовуд аз Анас (р).
[12]. Ба ривояти Бухорӣ аз Ибни Аббос (р).
[13]. Ба ривояти Бухорӣ аз Ибни Аббос (р).
[14]. Ба ривояти Насоӣ ва Ҳоким.
[15]. Ба ривояти Дайламӣ ва Ибни Асокир, ҳадиси заиф аст. Ба «ал-Ҷомеъ» шумораи 5812 муроҷиат шавад.
[16]. Нақл аз «Канзул-уммол» ва ба ривояти Динаварӣ.
[17]. Ба ривояти Табаронӣ дар «ал-Авсат, Ҳарбӣ дар «ал-Ҳадоё» ва Асокир дар «ал-Амсол».
[18]. Ба ривояти Муслим аз Абуҳурайра (р).
[19]. Ба ривояти Табаронӣ аз Исҳоқ ибни Яҳё ибни Талҳа (р).
[20]. Ба ривояти Абудовуд аз Оиша (р).
[21]. Ба ривояти Насоӣ. Метавон ба «Саҳеҳул-ҷомеъ» шумораи 4947 муроҷиат кард.
[22]. Ривоят аз Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 3.. – С. 379.
[23]. Ривоят аз Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 1.. – С. 372.
[24]. Ба ривояти Ибни Асокир, Аҳмад, Муслим ва Абудовуд. Метавон ба «Саҳеҳул-ҷомеъ» ҳадиси шумораи 4765 муроҷиат кард.
[25]. Ба ривояти Табаронӣ аз Салмон (р).
[26]. Ба ривояти Ҳоким ва Байҳақӣ дар «Аш-Шаъб» аз Абуҳурайра (р) ва ба ривояти Ибни Моҷа, Имом Аҳмад ва Ибни Ҳиббон дар «Саҳеҳ».
[27]. Сураи Наҳл, 16: 58-59.
[28]. Сураи Таквир, 81: 8-9.
[29]. Ба ривояти Табаронӣ ва ба ривояти Ҳайсамӣ дар «ал-Маҷмаъ». – Ҷ. 8.. – С. 147. Таваҷҷӯҳи матни ин ҳадис дар «Риёзу-с-солиҳин» ба гунаи дигаре омадааст ба далели ал-Фолиҳина литуруқи Риёзу-с-солиҳин». – Ҷ. 3.. – С. 183 муроҷиат шавад.
[30]. Ба ривояти Бухорӣ дар «Ал-Адабу-л-муфрад». – Ҷ. 10.. – С. 158.
[31]. Нақл аз «Аҳкому-л-мавлуд».. – С. 20 ва ба ривояти Имом Аҳмад ва Табаронӣ аз Уқба ибни Омир (р).
[32]. Сураи Шӯро, 42: 49-50.
[33]. Нақл аз «Аҳкому-л-мавлуд».. – С. 20.
[34]. Сураи Нисо, 4: 19.
[35]. Ба ривояти Абӯдовуд аз Ибни Аббос (р).
[36]. Ҳайсамӣ дар «ал-Маҷмаъ». – Ҷ. 8.. – С. 156 гуфтааст: Баззор ин ҳадисро ривоят намудааст.
[37]. Ба ривояти Муслим ва Тирмизӣ.
[38]. Ба ривояти Бухорӣ.
[39]. Ба ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ аз Абусаъиди Худрӣ (р).
[40]. Ба ривояти Абудовуд.
[41]. Ба ривояти Имом Аҳмад аз Уқба ибни Омири Ҷуҳанӣ (р). Ба «Саҳеҳу-л-ҷомеъ» ҳадиси 6488 муроҷиат шавад. Ва ба ривояти Ибни Моҷа.
[42]. Ба «Уқуду-л-ҷавоҳири-л-мунифа». – Ҷ. 2.. – С. 94, Забидӣ муроҷиат шавад.
[43]. Ба ривояти Абудовуд.
[44]. Ба ривояти Бухорӣ.
[45]. Ба ривояти Ибни Моҷа аз Абуҳурайра (р). Ва ба ривояти Аҳмад, Абудовуд ва Тирмизӣ.
[46]. Ба ривояти Табаронӣ аз Абудардо (р).
[47]. «ал-Адабу-л-муфрад». – Ҷ. 1.. – С. 224.
[48]. Ба ривояти Бухорӣ.
[49]. Ба ривояти Аҳмад. – Ҷ. 6.. – С. 370.
[50]. Сураи Нисо, 4: 3.
[51].«Ва дар боби занон аз ту талаби фатво мекунанд, бигӯ: Дар боби занон Худо ба шумо фатво медиҳад ва он чи дар Китоб бар шумо хонда мешавад, дар ҳаққи он занони ятима (нозил шудааст), ки ба онҳо он чиро намедиҳед, ки барояшон фарз карда шудааст…». Сураи Нисо, 4: 127.
[52].«…Ва ҳар кӣ тавонгар бошад, бояд парҳезгорӣ кунад ва ҳар кӣ фақир бошад, бояд ба таври писандида бихӯрад…». Сураи Нисо, 4: 6.
[53]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.
[54]. Ба ривояти Ҳоким дар Мустадрак. – Ҷ. 2. – С. 303 ва санадашро саҳеҳ гуфтааст.
[55].«Ва ба моли ятим ба ҷуз ба тариқе, ки он нек аст, наздик нашавед, то ки ба ниҳояти қуввати худ бирасад…». Сураи Исро, 4: 34.
[56].«Ҳамоно онон, ки амволи ятимонро ба зулм мехӯранд, ҷуз он нест, ки дар шиками худ оташро мехӯранд ва [ба зудӣ] ба дӯзах медароянд». Сураи Нисо, 4: 10.
[57]. Сураи Бақара, 2: 220.
[58]. Ба ривояти Тирмизӣ аз Амр ибни Шуайб (р), ин ҳадис заиф аст. Метавон ба «Заифу-л-ҷомеъ» шумораи 2178 муроҷиат намуд.
[59]. Ба ривояти Абӯдовуд ва Абӯяъло.
[60]. Ривоят заиф аст, ба «Ҷомеъу-л-усул». – Ҷ. 1.. – С. 414 муроҷиат шавад.
[61]. Сураи Исро, 17: 24.
[62]. Ин буд гуфтаи устод Муҳаммад Хизр Ҳусайн дар китоби Ассаодату-л-узмо».. – С. 90.
[63]. Ба ривояти Бухорӣ, Муслим ва Насоӣ аз Анас (р).
[64]. Ба ривояти Тирмизӣ аз Сулаймон ибни Амр ибни Аҳвас (р).
[65]. Сураи Тағобун, 64: 15.
[66]. Нақл аз «Тарбияту-л-авлод, таълифи Абдуллоҳ Улвон. – Ҷ. 1.. – С. 300.
[67]. Ба ривояти Ҳоким аз Асвад ибни Халаф ва Табаронӣ аз Хавла ибни Ҳаким, ба «Саҳеҳу-л-ҷомеъ» шумораи 1990 муроҷиат шавад.
[68]. Ба ривояти Имом Аҳмад ва Тирмизӣ.
[69]. Нақл аз китоби Уламоул-уззоб».
[70]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим аз Абуҳурайра (р).
[71]. Сураи Ҳашр, 59: 9.
[72]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 1.. – С. 414.
[73]. Ба ривояти Тирмизӣ аз Абуҳурайра (р).
[74]. Ба ривояти Абудовуд аз Муҳаммад ибни Холиди Сумалӣ аз падараш ва аз бобояш.
[75]. Сураи Каҳф, 18: 80-81.
[76]. Ба ривояти Тирмизӣ. Метавон ба «Силсилатул-аҳодисус-саҳеҳа» шумораи 1048 муроҷиат намуд.
[77]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.
[78]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим аз Анас (р).
[79]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим аз Абуҳурайра (р).
[80]. Сураи Воқеа, 56: 46.
[81]. Нақл аз «Фатҳул-борӣ». – Ҷ. 3.. – С. 455, ҳадиси 1248-1251.
[82]. Ба ривояти Абуҳурайра (р).
[83]. Ба ривояти Абуҳурайра (р).
[84]. Нақл аз ҳадиси Муъовия ибни Қурра (р) аз падараш.
[85]. Ба ривояти Табаронӣ дар «ал-Кабир» бо санади хуб.
[86]. Ба ривояти Аҳмад ва Табаронӣ. Ва ба ривоят аз Уқба ибни Омир (р).
[87]. Ба ривояти ровиёни панҷгона ба ҷуз Тирмизӣ.
[88]. Ба ривояти Муслим аз Абуҳурайра (р).
[89]. Ба ривояти Муслим аз Абуҳурайра (р).
[90]. Ба ривояти Насоӣ аз Уммиқайс бинти Миҳсан (р).
[91]. Ба ривояти Имом Молик аз Саъид ибни Мусаяйб.
[92]. Ба ривояти Бухорӣ.
[93]. Ба ривояти Абдурраззоқ дар «Мусаннаф». – Ҷ. 6.. – С. 159.
[94]. Ба ривояти Абдурраззоқ дар «Мусаннаф». – Ҷ. 6.. – С. 160.
[95]. Нақл аз «ал-Мусаннаф, таълифи Абдурраззоқ. – Ҷ. 6.. – С. 160.
[96]. Барои иттилои бештар бар тавзеҳи ин ҳадис метавон ба Муслим. – Ҷ. 8, боби 15, ҳадиси 63 муроҷиат кард.
[97]. Ба ривояти Имом Аҳмад ва ба ривояти Ҳайсамӣ дар «ал-Маҷмаъ». – Ҷ. 3.. – С. 11 ва ҷ. 10.. – С. 383.
[98]. Ба ривояти Имом Аҳмад дар «Муснад». – Ҷ. 3.. – С. 287. Тавҷеҳ: Ин ҳадис нисбатан тӯлонӣ ба ривоятҳову ибораҳои мухталифе ривоят шудааст. Ба унвони намуна дар «Муснад»-иИмом Аҳмад ҷ. 3.. – С. 287. Дар «Далелул-фолиҳин». – Ҷ. 1.. – С. 189 ва дар «Фатҳул-борӣ». – Ҷ. 3.. – С. 519, ҳадиси 1301.
[99]. Баъд аз ин ки ин писар ба дунё омад Пайғамбар (с) ӯро Абдуллоҳ номид. Ҳамин Абдуллоҳ баъдҳо соҳиби нӯҳ фарзанд шуд, ки ҳама қуръонхон шуданд. Ин натиҷаи ҳамон дуои Пайғамбари акрам (с) буд, ки барои онон карданд.
[100]. Нақл аз «Бӯстонул-орифин».. – С. 55-56.
[101]. Нақл аз «Аҳкому-л-мавлуд».. – С. 14, Ибни Қаййим.