Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистучаҳорум: Асоси чаҳоруми ақидавӣ, ба кӯдакон омӯхтани Қуръони карим
Дастабандиҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистучаҳорум:
Асоси чаҳоруми ақидавӣ, ба кӯдакон омӯхтани Қуръони карим
سلسلة تربية الأولاد, القسم الرابع و العشرون: عن الأساس الرابع وهو تعليم القرآن الكريم للأولاد
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистучаҳорум:
Асоси чаҳоруми ақидавӣ, ба кӯдакон омӯхтани Қуръони карим
Лозим аст валӣ ва сарпарасти кӯдакон аз ҳамон ибтидои кӯдакиву навҷавонӣ ба онҳо Қуръон биомӯзанд, то ин ки қабл аз ҳар чиз ин эътиқоду бовар барои онон эҷод шавад, ки Худои мутаъол Холиқу Парвардигори эшон аст ва Қуръон каломи Ӯ мебошад ва то ин ки рӯҳи Қуръон дар қалбашон нуфуз кунад ва нури он дар афкору идрокоту ҳавосашон битобад ва онро равшан гардонад. Бояд аз оғози кӯдакиву навҷавонӣ ақоиди динӣ ва аҳкоми Қуръон ба онон талқин шавад, то бар асоси муҳаббату алоқа ба Қуръон ва мувофиқи раҳнамоиҳои он зиндагӣ кардан ва ба ҷо овардани амру фармудаҳои он ва аз навоҳии он парҳез кардан парвариш ёбанд ва пайваста дар даврони ҷавонию пирӣ ба ахлоқи Қуръон хулқ бигиранд ва ба барномаю роҳу равиши он чанг зананд…
Ҳофизи Суютӣ гуфтааст: «Таълими Қуръон ба кӯдакону навҷавонон асле аст аз усули Ислом, зеро аз ин роҳ аст, ки онон бар асоси фитрати илоҳӣ рушду нумӯ мекунанд ва пеш аз он, ки ба сӯи орзуҳои нафсонӣ гароиш пайдо кунанд ва ба василаи маъсияту инҳироф қалбҳошон тираву сиёҳ шавад, ба анвори ҳикмат қалбу замирашон равшану обод гардад…»[1]
Ибни Халдун дар таъкиди ин гуфтаи Ҳофизи Суютӣ мегӯяд: «Таълими Қуръон ба фарзандон аз ҷониби волидайн шиоре аст аз шиорҳои дин, ки афроди миллатҳои мусалмон ба анҷоми он кӯшиш кардаанд ва дар тамоми шаҳрҳову деҳаҳо ҷузъи барномаи динии кӯдакон қарор додаанд, то ин ки пеш аз ҳар чизи дигаре имону эътиқоди исломӣ ба василаи фаҳмондани оятҳои Қуръонӣ ва омӯзиши матнҳои аҳодиси набавӣ дар зеҳну фикри онон устувор шавад ва дар қалбашон мустаҳкам гардад. Аз ин рӯ, таълими Қуръон ба сурати асле даромадааст, ки баъдан малака ва эътиқодоти диниро ба бор меоварад».[2]
Ибни Сино низ дар ин робита гуфтааст: «Вақте омодаи талқин ва омӯзиши Қуръон гардид ва гӯшаш истеъдоди шунидан ва омодагии пазириши онро пайдо кард, бояд таълими Қуръон ба ӯ шурӯъ шавад ва ҳарфҳои алифбову огоҳиҳои динӣ ба ӯ талқину тафҳим гардад.[3]
Аҳодис ва ривоятҳои воридшуда дар бораи
таълими Қуръон
1. Дар бораи таълими Қуръон ба кӯдакон:
Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Фарзандони худро бар асоси се хислат тарбия кунед: Бар муҳаббати Пайғамбаратон, бар ҳубби оли байти Пайғамбар ва бар ҳубби тиловати Қуръон, зеро ки бардорандагони Қуръон ҳамроҳи пайғамбарону мардони баргузидаи Худо дар зери арши Аллоҳқарор доранд рӯзе, ки ҳеҷ сояе ҷуз сояи Арши Ӯ нест».[4]
Ҳамчунонки дар тафсири Ибни Касир омадааст, Ҳофиз Ибни Асокир баён намуда, ки Абузабеҳ гуфтааст: «Абдуллоҳ (р) бемор шуд ба тавре, ки дар асари он фавт кард. Қабл аз фавташ Усмон ибни Аффон (р) аз ӯ аёдат карда гуфт: «Аз чӣ чизе менолӣ ва шикоят мекунӣ?» Абдуллоҳ (р) гуфт: «Аз бисёрии гуноҳонам». Усмон (р) гуфт: «Чӣ чизеро орзу мекунӣ?» Абдуллоҳ (р) гуфт: «Раҳмату мағфирати Парвардигорамро». Усмон (р) гуфт: «Оё туро ба табибе муаррифӣ кунам?» Абдуллоҳ (р) гуфт: «Табиб маро бемор кардааст». Усмон (р) гуфт: «Оё туро ба атову бахшише раҳнамоӣ кунам?» Абдуллоҳ (р) гуфт: «Ман ниёзе ба он надорам». Усмон (р)гуфт: «Баъд аз марги ту кӣ сарпарастии духтаронатро бар ӯҳда мегирад?» Абдуллоҳ (р)гуфт: «Оё метарсӣ, духтаронам дучори фақру бенавоӣ мешаванд? Ман ба духтаронам дастур додам (бо имони комил ва қасду нияти холис) ҳар шаб сураи «Воқеъа»-ро бихонанд. Чун аз Расули Худо (с) шунидаам, ки фармуданд: «Касе, ки ҳар шаб сураи «Воқеъа»-ро (бо имону ихлоси комил) бихонад, дучори фақр намешавад».[5]
Саҳобаи киром (р) бисёр ҳарису алоқаманд буданд ба ин, ки фарзандони худро ба Қуръон ошно кунанд ва пайваста ононро назорат мекарданд, то мутобиқи дастуроти Қуръон амал намоянд. Чунонки роҷеъ ба судманд будани ин равиш барои кӯдакон омадааст: «Марде писари худро назди Расули Худо (с) оварда гуфт: «Эй Расули Худо! Писарам дар рӯз Қуръон мехонад ва шаб мехобад. Расули Худо (с) фармуданд:
«Чӣ эроде дорад, ки писарат рӯзро бо зикри Худо ба поён бибарад ва шаб низ солим бихобад».[6]
Оре, саҳобаи бузургвор (р) ба хотири истиҷобат аз хостаи Расули Худо (с) Қуръонро ба кӯдакони худ меомӯхтанд. Чунонки аз Мусъаб ибни Саъд ибни Абиваққос аз падараш нақл аст, ки гуфт: «Паёмбари Худо (с) фармуданд:
«Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро ёд бигирад ва онро (ба дигарон) ёд бидиҳад».[7]
Бинобар ин, чунонки мулоҳаза мешавад, саҳобаи Пайғамбар (с) мардумро ташвиқ ва водор месохтанд, ки Қуръонро ба фарзандони худ биомӯзонанд ва онро бар асоси муҳаббати Қуръон ва алоқа ба тиловати он парвариш намоянд.
Ибни Касир дар тафсири худ зикр кардааст, ки Ибни Аббос ба марде гуфт: «Оё ҳадисеро ба ту ҳадя кунам, ки ба он хушҳолу масрур шавӣ?» Он мард гуфт: «Оре». Ибни Аббос гуфт: «Сураи «Таборак»-ро то охир бихон ва онро ба хонавода, тамоми фарзандон, кӯдакони хонаи худ ва ба ҳамсоягонат биомӯз. Бегумон ин сура дар рӯзи қиёмат дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён барои хонандааш дифоъ мекунад ва аз Худованд мехоҳад, ки ӯро аз азоби дӯзах раҳо созад ва ба василаи он низ аз азоби қабр наҷот пайдо мекунад». Расули Худо (с) фармудаанд:
«Бисёр мехоҳам, ки ин сура дар қалби ҳар инсоне аз умматам бошад».
Ҳирсу алоқаи саҳоба бар иртиботи кӯдаконашон бо Қуръон ва ба ҳусули баракати Қуръон барои онон ба ҷое расида буд, ки вақтҳои нузули ин баракоти қуръониро таъйин мекарданд, то кӯдаконашон барои ҳусули он ҳозиру омода шаванд. Чунонки омадааст: «Анас ибни Молик ҳар гоҳ Қуръонро хатм мекард, хонавода ва фарзандони худро ҷамъ мекард ва барои онон дуо мекард.[8]
Дар ривоят омадааст, «Ибни Аббос (р) ифтихор мекард ба ин ки дар даврони кӯдакии худ тамоми Қуръонро дар замони ҳаёти Паёмбари Худо (с) омӯхтааст». Чунонки Ибни Касир дар «Фазоилу-л-Қуръон» баён намудааст, ки Ибни Аббос гуфтааст: «Ман дар синни даҳсолагӣ будам, ки Расули Худо (с) аз олам даргузаштанд ва ман низ дар он ҳолат тамоми Қуръонро омӯхта будам».
Шакке нест, ки рӯй овардан ба Қуръон ва машғул шудани кӯдакон ба хондани он мӯҷиби дафъи бало ва рафъи азоб аз хонаводаву ҷомеа мешавад, зеро ҳамчунонки дар порае ривоятҳо омадааст: «Ҷомеае, ки фарзандони худро аз ибтидои кӯдакию навҷавонӣ ба мактаби Қуръон мефиристанд ва ононро ба хондани Қуръон ва омӯхтани дастурамалҳои он ошно месозанд, дар асари хубӣ ва муборакии ин амр мавриди раҳмату мағфирати Худованд қарор мегиранд».[9]
Салафи солеҳ низ бар ҳамин масир ҳаракат кардаву ин роҳро бар ҳамон минвол дар пеш гирифтаанд, ба тавре, ки қозӣ Исо ибни Мискин ба духтарону набераҳояш Қуръон меомӯхт.[10]
Чунонки Аёз гуфтааст: «Ӯ баъд аз намози аср духтарони худ ва бародарзодагонашро фаро мехонд, то ин ки Қуръон ва улуми диниро ба онон биомӯзад. Пеш аз ӯҳам Асад ибни Фурот ҳамин корро мекард ва ба духтари худ Асмо дарси Қуръон ва улум меомӯхт ба гунае ки ин духтар ба дараҷаи болое аз илму дониш расид».[11]
2. Дар бораи аҷру подоши волидайн ба хотири таълими Қуръон ба фарзандони худ
Дар ривояте омадааст: «Касе, ки Қуръонро ёд бигирад ва онро бихонаду мутобиқи дастуроташ амал кунад, Худованд дар рӯзи Қиёмат тоҷе аз нур бар сари волидайнаш мениҳад, ки ба монанди нури хуршед медурахшад ва либоси зебое бар тани онон мепӯшонад, ки дар дунё чунон чизеро дар худ надидаанд, пас чунин волидайн мегӯянд: «Инро ба василаи чӣ чизе ба даст овардем?» Гуфта мешавад: «Ба сабаби Қуръон хондани фарзандатон».[12]
Дар ривоят омадааст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:
«Касе, ки Қуръонро биомӯзад ва онро бихонаду ба дастуроташ амал кунад, Худованд дар рӯзи қиёмат тоҷе бар сари волидайнаш мепӯшонад, ки нураш аз нури хуршед зеботару дурахшандатар мебошад».[13]
Умед аст Худованд ин тавфиқро ба тамоми мусалмонон иноят бифармояд, то ин ки Қуръонро ба фарзандони худ биомӯзанд ва эшонро ба анҷом додани аҳкому дастурамали он ташвиқ намоянд, шояд Худованд дар рӯзи қиёмат чунин тоҷеро низ бар онон бипӯшонад. Иншоаллоҳ!!!
3. Дар бораи фаҳмондани маъонии Қуръон ба кӯдак
Лозим аст шахси мураббӣ ва ё волидайни кӯдак дар вақти таълим додани Қуръон ба ӯ ба шарҳи бисёр мухтасар ва баёни маъноҳои соддаи Қуръон, ки мувофиқи дарку фаҳми кӯдак бошад, таваҷҷӯҳ кунанд ва ба он ишора намоянд, то ин ки маъною мафҳуми он қалбу ақли ӯро боз кунад. Ва набояд ин гумон барои касе пеш ояд, ки чун кӯдак дар даврони хурдсолию хурдӣ мебошад, ақлу зеҳни замони кӯдакияш шоистагии тавзеҳи маъонии Қуръон ва омодагии пазириши онро надорад, балки бояд донист, ки ин кӯдаки аҷибу шигифтангез қодир аст маълумотро ҳамчун компютери асри кунунӣ дар ҳофизаи худ захира кунад. Инак ба баёни далелҳои исботи ин муддао мепардозем:
Дар ривоят омадааст, ки Ибни Аббос гуфт: «Дар бораи сураи «Нисо» аз ман бипурсед, бегумон ман ин сураро дар даврони кӯдакӣ ва хурдсолӣ омӯхтаам».[14]
Ибни Ҷарир ривоят намудааст, ки як навҷавони қурайшӣ аз Саъид ибни Ҷубайр пурсиду гуфт: «Эй Абуабдуллоҳ! Мурод аз ин қисмати сура чист, ки ҳар гоҳ ба он мерасам, орзу мекунам, ки онро нахонам? Ва он ин аст: «Ҳатто изастайъаса-р-русулу ва занну аннаҳум қад кузибу».[15]Дар ҷавоб гуфт: «Оре, чунин будааст, ҳатто ҳар гоҳ пайғамбарон аз қавми худ ноумед мешуданд, аз ин ки рисолати ононро тасдиқ кунанд, пайғамбаре, ки ба сӯи онон фиристода шуда буд, гумон мебурд, ки соири пайғамбаронро низ дурӯғгӯ баровардаанд…»
Ибни Абдулбар ривоят карда, ки Муъовия (р) гуфтааст: «Гумроҳтарин шахс касе аст, ки Қуръон бихонад, аммо дар маъноҳои он наандешад ва огоҳӣ наёбад, сипас онро ҳамон тавр ҳам ба кӯдак, ғулом, зан ва ба мардум биомӯзад ва онон низ бидуни огоҳӣ аз мӯҳтавои он бо аҳли илм ба муҷодила ва мубоҳиса бипардозанд».[16]
Дар ривоят омадааст, ки Мусъаб ибни Саъд ибни Абуваққос гуфтааст: «Ба падарам гуфтам: «Эй падар! Мурод аз ин сухани Худованд чист, ки мефармояд: «Аллазина ҳум ъан салотиҳим соҳун».[17]Аз мо кӣ саҳв намекунад ва кист, ки дар вақти намоз хондан бо нафси худ сухан нагӯяд ва масоили дунявии шахсӣ ба хотираш нагузарад?» Падарам дар ҷавоб гуфт: «Писарам, мурод саҳв кардан, васавасаи дунявӣ ва бо худ сухан гуфтан нест, балки мурод талаф намудани вақт аст ба ин маъно, ки шахс ва ё ашхосе худро ба лаҳву бозӣ ва ба дигар масоили дунявӣ машғул месозанд, то ин ки намози онон фавт мешавад ва онро дар вақташ адо наменамоянд».[18]
Ривоят мекунанд: «Маъмун дар даврони кӯдакияш назди Кисоӣ Қуръон мехонд ва одати Кисоӣ бар ин буд, вақте Маъмун Қуръон мехонд, ӯ сарашро поён меандохт ва сокит мемонд. Ҳар гоҳ Маъмун дар қироат иштибоҳ мекард, Кисоӣ сарашро мебардошту иштибоҳи ӯро ислоҳ мекард. Рӯзе Маъмун сураи «Саф»-ро мехонд ва вақте ки ба ин оят расид, ки мефармояд: «Ё айюҳаллазина оману лима тақулуна мо ло тафъалун»[19]Кисоӣ сарашро баланд кард ва Маъмун низ ба ӯ нигарист ва оятро такрор кард, то иштибоҳи худро биёбад, аммо дид, ки оятро дуруст хондааст, пас қироати худро идома дод. Вақте ки дарс тамом шуд ва Кисоӣ рафт, Маъмун назди падараш Ҳорунаррашид омада гуфт: «Оё чизеро ба Кисоӣ ваъда дода будӣ?» Ҳорунаррашид гуфт: «Эй писарам! Ту чӣ гуна онро донистӣ?» Маъмун моҷароро барои падараш бозгӯ кард. Ҳорунаррашид аз зирракию заковати писараш хушҳол шуд.
4. Таъсири Қуръон дар дилу ҷони кӯдак
Қуръони карим ба таври куллӣ дар дилу замири ҷомеаи башарият таъсири бисёре дорад ва онро такон дода, ба тарафи худ ҷазб менамояд ва таҳти таъсир қарор медиҳад. Ҳар андоза покии нафсу замир шиддат гирад, таъсири он афзун мешавад. Табиъист, ки кӯдак дилу нафси поктар дорад ва фитрату саришти ӯ пайваста пок аст ва ба ин хотир аст, ки шайтон пайваста дар камин аст, то ба вай наздик шуда, зарбае бизанад ва сиришти покашро нопок созад.
Вақте дар сураҳову оятҳои маккӣ диққату тааммул кунем, дармеёбем, ки онҳо ғолибан сураҳои кӯтоҳ мебошанд. Аз ин рӯ, ин оятҳову сураҳои кӯтоҳ ба сабаби камҳаҷм буданашон омӯхтани онҳо ба кӯдакон аз ҳар назар комилтару муносибтар мебошанд ва ба хотири осонии ҳифзашон таъсири бештаре доранд.
Нависандаи олиқадр ва мударриси адиб Мустафо Содиқ Рофеъӣ[20] ин мавзӯъро бо шакли васеътаре баён намуда, мегӯяд: «Сураҳои кӯтоҳи Қуръон дорои шигифтангезтарин дастур ва ҳикмате мебошанд, ки диққату тааммули инсон ба он мерасад ва ҳатто ҷуз далелҳои далолаткунанда бар мӯъҷизаи илоҳӣ чизи дигаре наметавонад бошад, ба ин хотир ки ин оятҳову сураҳои Қуръон ба дунболи ҳам ва бар як услубу шеваи якхела мутобиқи ҳамин тартибе, ки дар Қуръон дида мешавад, нозил нашудаанд, зеро аввалин ё охирин сураҳои Қуръон, аз назари нузул, «Қул аъузу бираббин-нос…» намебошад. Илова бар он, агар тамоми ин сураҳои кӯтоҳи Қуръон шумориш ва ҷамъоварӣ шаванд, ба бештар аз як ҷузъ намерасанд, дар ҳоле ки Қуръон сӣ ҷузъ мебошад. Аз ин як ҷузъ, ки бигзарӣ бақияи сураҳо кам-кам ва ба тартиб дарозтар мешаванд, то ба сураҳои тӯлонӣ мерасанд.
Шакке дар ин нест, Худованд донистааст, ки Қуръон ба мурури замон бар ҳамин назму тартиби мавҷуда ва сурати ҳозира ба хотири осонхонӣ ва осонҳифзкунӣ сабту забт хоҳад шуд. Он ҳам ба василаи сабабҳо ва иллатҳоест, ки фоидаву манзалати онҳо бештар дар ҳамин сураҳои кӯтоҳ ошкортар мебошад. Сураҳое, ки аз калимаҳову ҷумлаҳои башумор ташкил шудаанд, ки бо вуҷуди ин ки дорои оятҳои андак ва ғолибан бо фосилаи ками аз ҳам мебошанд, боз ин сураҳо хусусиятҳои зерро доро мебошанд:
а) Ҳар ояти аз онҳо дар ҳадди зоти худ гӯё сураест, ки аз ҷумлаҳои каме ташкил шудааст.
б) Ба воситаи кӯтоҳ будани сураҳо кӯдак ва навҷавон дар ҳифз карданашон таҳти фишору тангӣқарор намегирад.
в) Чун фосилаҳои ин сураҳо бар асоси як ҷумла ё ду ҷумла ва ё бар чанд ҷумлаи кӯтоҳу наздик ба ҳам қарор гирифтаанд, аз ин рӯ хондану ҳифз кардани онҳо барои кӯдакону навҷавонон осонтар мебошад.
г) Кӯдак ё навҷавон то ба назму тартиби Қуръон ошно нашавад, талаффузи саҳеҳи калимаҳову ҳарфҳо ва адои садоҳоро хуб нашиносад ва дар зеҳну фикраш собиту устувор нагарданд, албатта наметавонад ба хондану ҳифз кардани баъзе аз сураҳои он дилгарму умедвор гардад. Табиист ки ин кор бо диққату оромӣ, аслан бо такрору тамрини зиёд муяссар мегардад.
д) Табиист, ҳар андоза кӯдак дар хондану ҳифз кардани ин сураҳо пешрафт кунад, онро саҳлу осонтар меёбад, ки дар натиҷа ҳолатҳо ва хусусиятҳое барои ӯҳосил мешавад, ки дар хондану ҳифз кардан ба ӯ кӯмак мекунад. Худованд мефармояд:
﴿وَنُنَزِّلُ مِنَ ٱلۡقُرۡءَانِ مَا هُوَ شِفَآءٞ وَرَحۡمَةٞ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ وَلَا يَزِيدُ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا خَسَارٗا ٨٢﴾ [الاسراء: ٨٢]
«Ва аз Қуръон он чиро фуруд меорем, ки вай барои мӯъминон шифо ва раҳмат аст ва дар ҳаққи ситамкорон ба ҷуз зиён [чизеро] намеафзояд».[21]
Оре, қасам ба Худо, ин оятҳову сураҳо барои мӯъминон ҳама раҳмату баракати илоҳианд, зеро агар хоҳӣ ба азамату шигифти он пай бибарӣ, пас ба сураи «Қул аъузу бираббин-нос», ки нахустин сураест, ки кӯдакон онро мехонанду ҳифз мекунанд, ба хубӣ диққат кун, ки чӣ гуна бо назму тартиби хоссе омадаву калимаи «ан-нос» дар он ба фосилаҳои хоссае такрор шудааст? Ба тавре, ки дар охири оятҳояш ба ҷуз ҳарфи «син-س» дида намешавад. Ҳарфи «син», ки хушсадотарини ҳарфҳо аст ба гунае ки кӯдак дар вақти шуниданаш барангехта мешавад ва ба шодиву нишот бармеояд.
Бингар, ҳангоми талаффуз охири ояҳои ин сура бо ҳам таносуб доранд ва нафси хурдсолтарин кӯдакро бар такаллум вомедорад ва ба ӯқудрату нерӯ мебахшад! То ҷое нерӯ медиҳад, ки гӯё калимаҳои ин сура бо кӯдак дар ҳаракатанд ва бо ҳолати фикриву ҷисмии ӯ муносибат доранд.
Агар дар ин сура хуб диққат шавад, маълум мегардад, ки дар тамоми ҷиҳатҳо аз назари ҳарфҳо, назм, оҳанг, маъноҳо ва мӯҳтавои шигифтангези он мутобиқат вуҷуд дорад ва ҳикмате, ки ба он ишора намудем, дар ин сура ба ҳадди камол расидааст.
Инак зикри як намунаи амалӣ аз таъсири Қуръон дар кӯдак: Дар ривоят омадааст: «Ибни Аббос (р) гуфт: «Вақте ки Худованд ояти «Эй мӯъминон, хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташафрӯзи он мардум ва сангҳо мебошанд, нигоҳ доред!...».[22] бар Расули Худо (с) нозил кард, он ҳазрат (с) шабе бинобар қавле – рӯзе, онро барои асҳоб тиловат намуданд. Ногаҳон ҷавоне гиря карда, бар замин афтод. Паёмбари акрам (с)дасти худро рӯи қалбаш гузошта диданд, ки қалбаш мезанад ва ҳанӯз аз ҳаракат наафтодааст, пас фармуданд: «Эй ҷавон! БигӯЛо илоҳа иллаллоҳ»! Чун онро бигуфт, он ҳазрат (с) низ муждаи биҳиштро ба ӯ доданд, дар ин асно яке аз асҳоб арз кард: «Эй Расули Худо! Оё касе аз мо ҷузъи биҳиштиён мебошад? Расули Худо (с) фармуданд: «Магар ин фармудаи Худовандро наандешидаед, ки мефармояд: «Он (пирӯзӣ) барои касоне аст, ки аз ҷоҳу ҷалоли Ман битарсанд ва аз таҳдиди Ман биҳаросанд…»[23]».[24]
Яке дигар аз таъсироти Қуръон дар нафсу замири кӯдак ин аст, ки вақте кӯдак ё навҷавон бо Қуръон унс бигирад, бо он зиндагӣ кунад ва дар маъноҳо ва аҳкоми он бо диққату тааммул намуда бихонад, ҳатман метавонад бисёре аз мушкилоти эътиқодию шахсии худро ҳал карда, тарзи тафаккур ва роҳу равиши хешро дурусту солим гардонад. Ба ин васила асабашро низ ором мекунад ва ҳофизаву андешаи худро густариш медиҳад. Ба унвони мисол достони зебоеро дар ин боб таъриф мекунем: «Аллома шайх Абдулваҳҳоби Шаъронӣ гуфтааст: «Вақте ки ман кӯдак будам, рӯзе дар бораи Худованди мутаъол меандешидам ва тафаккур мекардам. Дар ин робита Худовандро дар пеши худ ба навъи шаклу сурат ва як ҳоюлои хаёлӣ ташбеҳ намудам. Дар ин асно он чиро, ки дар борааш меандешидам ва тасаввурашро мекардам, бо ояти зер муқоиса намудам, сипас аз он фикр баргаштам ва он сурату хаёлро ботилу беасос донистам:[25]«Ҳеҷ чиз ба монанди Худо нест ва Ӯ шунавову бино аст».[26]
5. Намунаҳое аз кӯдакон ва навҷавонони ҳофизи Қуръон
Акнун чанд намуна аз кӯдакону навҷавонони ҳофизи Қуръонро ба падарону модарон муаррифӣ мекунем, ба умеди он ки ин кор василаи барангехтани иродаҳо ва рӯй овардан ба тарафи Қуръон ва эҳтимом варзидан ба хондану ҳифз кардани он гардад ва то ин ки василаи фаъоле дар нишоту пешрафти ақлҳову тарзи тафаккурҳо шавад, барои тағзия шудан ва баҳраманд гардидан аз ин сарчашмаи гуворо:
а) Имом Шофеъӣ (р) мегӯяд: «Дар синни ҳафтсолагӣ тамоми Қуръонро ҳифз намудам ва дар синни даҳсолагӣ низ китоби «Муваттаъ»-ро ҳифз кардам».[27]
б) Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ мегӯяд: «Назди муаллими Қуръон рафтам ва дар синни шаш ё ҳафтсолагӣ тамоми Қуръонро омӯхтам ва онро ҳифз кардам».[28]
в) Мегӯянд: «Вақте ки Ибни Сино ба синни даҳсолагӣ расид, бар тамоми Куръони карим огоҳӣ ва маҳорати комил пайдо карда буд».[29]
г) Шайх Ёсин ибни Юсуфи Марокашӣ дар бораи Имом Нававӣ чунин мегӯяд: «Ман Нававиро дар синни даҳсолагияш дидам, дар ҳоле ки гурӯҳе аз кӯдакон машғули бозӣ кардан буданд ва намегузоштанд Нававӣ бо эшон бозӣ кунад ва ӯро меронданду аз худ дур мекарданд. Нававӣ аз дасти эшон мегурехт ва аз муносибати зишти онон гиря мекард, дар ҳамон ҳол низ Қуръон мехонд ва аз он мавқеъ муҳаббати ӯ дар дилам афтод».
Ёсин ибни Юсуф меафзояд: «Падараш ӯро дар дӯкон мегузошт, аммо хариду фурӯш ӯро аз Қуръон хондан бознамедошт, балки мудом машғули Қуръон хондан буд. Рӯзе ман назди муаллимаш рафтам ва ба эшон гуфтам: «Умед аст ин писар дар оянда яке аз олимтарину порсотарин афроди замони худ гардад ва мардум аз ӯ истифодаи шоёни таваҷҷӯҳе бибаранд». Муаллим рӯ ба ман карду гуфт: «Оё ту мунаҷҷим ё ғайбдонӣ?» Гуфтам: «Не, аммо Худованд чунин амреро ба дилам андохтааст». Сипас, ин мавзӯъро ба падараш низ ёдоварӣ намудам ва ӯро ташвиқу тарғиб кардам, ки ин писар Қуръонро хатм кунад ва ба таҳсил идома диҳад. Дар он мавқеъ Нававӣ наздик ба синни булуғ расида буд».[30]
ғ) Доктор Абдулҳаййи Фармовӣ дар муқаддимае, ки ба унвони таҳқиқ барои китоби «Мунҷидул-муқриин ва муршиду-т-толибин» таълифи Муҳаммад ибни Ҷазарӣ навиштааст, роҷеъ ба зиндагии ин муаллифи олиқадр чунин мегӯяд: «Таърих нишон медиҳад, ки падари Муҳаммад ибни Ҷазарӣ шахси тоҷир буд ва Худованд ин тавфиқро ба ӯ иноят фармуд, ки бо ҳирсу алоқаи зиёд писари худро бар асоси тарбияи динӣ парвариш кунад ва ӯро фарди солеҳу огоҳ ба Қуръон ва улуми динӣ бор биоварад. Бинобар ин, Ибни Ҷазарӣ дар хонаводае парвариш ёфт ва рушд намуд, ки илова бар бизоати молӣ хонаводаи диндор ва илмдӯст буданд ва ӯро кӯмак намуданд, то ин ки дар синни сенздаҳсолагӣ Қуръонро ба таври комил ҳифз намояд ва ба омӯхтани ҳадису ҷамъоварии қироати аиммаи сабъа бипардозад. Ҳамчунин қироатҳои устод Ибни Лубонро, ки яке аз огоҳтарин афрод ба қироат дар билоди Шом буд, ҷамъоварӣ кунад ва ин амр дар ҳоле анҷом гирифт, ки ҳабдаҳ сол бештар надошт».[31]
д) Зикри яке дигар аз уламои мутааххир, ки дар синни кӯдакӣ ба омӯхтани Қуръону ҳифз кардани он пардохт, устод Муҳаммадамин, машҳур ба Ибни Обидин мебошад. Писараш Муҳаммад Алоуддини Обидин дар бораи зиндагии падараш, устоди олиқадр Ибни Обидин чунин мегӯяд: «Падарам он тавре, ки худ мегуфт, дар синни хеле хурдсолӣ Қуръонро хонда ва онро ҳифз кардааст. Инчунин дар маҳалли тиҷорати падараш менишаст, то ба амри тиҷорат унс бигирад, одат кунад ва тариқаи хариду фурӯшро низ биомӯзад. Рӯзе дар дӯкони падараш нишаста Қуръон мехонд. Марде аз он ҷо мегузарад ва Муҳаммадаминро намешиносад, садои Қуръон хонданашро шунида, ӯро аз ин кор манъ мекунад ва намегузорад, ки Қуръон бихонад ва ба ӯ мегӯяд: «Ту ба ду далел набояд дар ин маҳал Қуръон бихонӣ. Аввал ин, ки ин ҷо маҳалли тиҷорат ва ҷои касбу кор мебошад. Аз ин рӯ, мардум наметавонанд ба Қуръон хондани ту гӯш диҳанд ва сокит бимонанд. Дар ин сурат ҳам онон ба василаи ту муртакиби гуноҳ мешаванд ва ҳам ту гунаҳкор мешавӣ. Дуюм ин, ки қироати ту ғалат аст ва аз рӯи усули саҳеҳи таҷвидӣ намебошад». Баъд аз он Ибни Обидин фавран бархост ва қоритарину огоҳтарин фардро ба фанни қироат ва таҷвиди Қуръон дар он замон ҷӯё шуд. Саранҷом як нафар ӯро ба устод Саъиди Ҳамавӣ, ки устоду сарпарасти қориёни замони худ буд, роҳнамоӣ намуд. Сипас Ибни Обидин ба ҳуҷраи ӯ рафта, аз ӯ хост, ки аҳкоми қироат ва усули таҷвидро ба ӯ биомӯзад. Дар он ҳангом Ибни Обидин ҳанӯз ба синни булуғ нарасида буд. Пас қироати Майдония, Ҷазария ва Шотибияро ҳифз кард ва ба хубӣ онҳоро биомӯхт, ҳатто бо диққат вуҷуҳи қироатҳоро бо талоши зиёд ва бо шеваи дурусту устуворе ёд гирифт».[32]
6. Даврони шигифтангези кӯдакӣ дар ҳифз кардани Қуръон
Иброҳим ибни Саъиди Ҷавҳарӣ гуфтааст: «Кӯдаки чорсолаеро, ки тамоми Қуръонро хонда буд, дидам, ба ҳузури Маъмун бурданд. Ин кӯдаки хурдсол илова бар ин ки Қуръонро хатм намуда буд, дар бораи тафсири Қуръон ва назариёти уламои фиқҳ чизҳоеро низ хонда буд ва назар медод. Бо ин васф дар асари хурдсолӣ вақте ки гурусна мешуд, гиря мекард.[33]
Абумуҳаммад Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Исфаҳонӣ гуфтааст: «Панҷсола будам Қуръонро ҳифз кардам ва дар синни чорсолагӣ маро назди Абубакр Муқрӣ бурданд, то ба Қуръон хонданам гӯш кунад ва онро биозмояд. Яке аз ҳозирон дар маҷлис гуфт: «Ба Қуръон хондани ӯ гӯш накунед, чун ӯ кӯдаку хурд мебошад». Абубакри Муқрӣ рӯ ба ман карда гуфт: «Сураи «Таквир»-ро бихон». Ман онро хондам. Сипас фарди дигаре гуфт: «Сураи «Ал-Мурсалот»-ро бихон». Онро ҳам бидуни ғалат хондам. Ибни Муқрӣ гуфт: «Ба масъулияти ман ба қироати ӯ гӯш кунед».[34]
7. Кӯдак дар чандсолагӣ шурӯъ ба омӯхтани Қуръон кунад?
Абуосим гуфтааст: «Писарамро, ки камтар аз се сол син дошт ба назди Ибни Ҷурайҳ бурдам, то назар диҳад, ки чӣ вақт Қуръон ва ҳадис ба ӯ омӯхта шавад». Абуосим мегӯяд: «Ҳеҷ душворие надорад, ки кӯдак дар чунин синну соле Қуръон ва ҳадисро биомӯзад».[35]
8. Подош додан ба муаллими Қуръон ва кӯдак
Мегӯянд, вақте ки Ҳаммод ибни Абуҳанифа сураи «Фотеҳа»-ро ёд гирифт, падараш Абуҳанифа панҷсад дирҳам ба муаллимаш бахшид. Дар он вақт бо як дирҳам гӯсфанде харида мешуд. Муаллим бахшидани панҷсад дирҳамро зиёд донист, чун фақат сураи «Фотеҳа»-ро ба писараш омӯхта буд. Абуҳанифа ба муаллим гуфт: «Он чиро, ки ба писарам омӯхтаӣ, каму ночиз машумор. Агар бештар аз панҷсад дирҳам ҳамроҳи худ медоштам, онро ба хотири таъзим ва эҳтиром ба Қуръон ба ту медодам».[36]
Ва аммо дар мавриди подош додан ба кӯдак мегӯянд, Салоҳиддини Аюбӣ, дар ҳоле ки дар саҳро дар миёни сипоҳиёну сарбозони худ гашту гузор мекард, чашмаш ба кӯдаке афтод, ки дар пеши падараш машғули Қуръон хондан аст. Қуръон хондани ӯро бисёр таҳсин кард ва ба ӯ офарин гуфт. Ва ӯро пеши худ бурда, миқдоре аз ҳиссаи хӯроки худро барои ӯ муқаррар гардонид ва як қитъа замини зароатиро ҳам барои ӯ ва падараш вақф намуд».[37]
9. Мадрасаҳои қуръонӣ дар сарзаминҳои исломӣ
а) Рӯй овардани кӯдакон ба мадрасаҳои қуръонӣ:
Мегӯянд, дар замони гузашта масҷидҳо пур аз кӯдаконе буд, ки барои омӯхтани Қуръон ҷамъ мешуданд, то он ҷое ки Заҳҳок ибни Музоҳим, муаллим ва таълиму тарбиякунандаи кӯдакон ночор мешуд дар ҷои баланде биистад, то бар донишомӯзоне, ки дар мактаби ӯҷамъ мешуданд ва теъдодашон низ ба се ҳазор кӯдаку навҷавон мерасид, намудор бошад, то ин ки баёноташро бишунаванд ва дар баробари ин кор ҳеҷ гуна музде намегирифт.[38]
б) Оё кӯдакон ҳамроҳ бо Қуръон илми дигареро меомӯхтанд? Дар мавриди ин ки оё дар замони гузашта, дар мактаби Қуръон, илова бар таълими Қуръон улуми дигаре ҳамроҳи он ба кӯдакон омӯхта мешуд ё не, дар миёни мазоҳиб ва уламои кишварҳои исломӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Чунончи Ибни Халдун дар муқаддимаи китоби худ нақл мекунад: «Баъзе аз кишварҳо дар баробари омӯзиши Қуръон илми дигаре ба кӯдакон намеомӯхтанд. Баъзе дигар мӯътақид буданд, ки таълими Қуръон ба унвони як асл ва омӯзиши улуми дигар низ ба унвони як амри фаръӣ дар канори ҳам бояд анҷом гирад. Иддаи дигар бар ин бовар буданд, ки ҳамроҳ бо таълими Қуръон омӯзиши улуми дигар ба таври баробар мебоист анҷом гирад…»
Бинобар ин, Ибни Халдун дар бораи назариёти ҳар як аз ин билод чунин мегӯяд:
а) Аҳли Мағриб: Мардуми сарзамини Мағриб бар ин бовар буданд, ки дар мактаби таълими Қуръон ба кӯдакон танҳо Қуръон таълим дода шавад, ҳамроҳи таваҷҷӯҳ ба навиштан, ҳамл ва нигоҳдории Қуръон ва навиштаҳои қуръонӣ ба ин маъно, ки онҳоро алоҳида ҳамлу нигаҳдорӣ кунанд ва дар муҳити таълим бо соири китобҳову навиштаҳо, аз қабили ҳадис, фиқҳ, шеър ва соири гуфтаҳои араб омехта накунанд ва дарҳам наёмезанд.
б) Аҳли Африқо: Мардумони он ҷо Қуръон ва ҳадисро бо ҳам ба кӯдакони худ меомӯхтанд ва дар мактаби таълими Қуръон ғолибан улуми динӣ ва баъзе аз масоили аҳкоми диниро ба онон таълим медоданд, аммо масъалаи қобили таваҷҷӯҳе, ки вуҷуд дошт ин буд, ки ба таълими Қуръон бештар аҳамият дода мешуд ва кӯдакону навҷавононро нисбат ба он ташвиқу алоқаманд месохтанд ва эшонро ба омӯхтани ихтилофи ривоятҳо, вуҷуҳи қироатҳои Қуръон водор месохтанд ва ба расмулхати он ошно мекарданд …
в) Аҳли Андалус: Мардуми он ҷо бештар мекӯшиданд, Қуръон ва улуми дигарро бо ҳам омӯзонанд ва танҳо ба омӯзиши Қуръон басанда намекарданд, балки дар канори таълими Қуръон шеър, наср ва ҳамчунин қоидаву қонунҳои забони арабӣ ва зебонависиро ба кӯдакон меомӯхтанд ва бидуни ин улум ва фанҳо ба таълими Қуръон намепардохтанд ва ҳатто ба нависандагиву зебонависӣ таваҷҷӯҳи хоссе менамуданд.
г) Аҳли Машриқзамин: Мардумони кишварҳои Машриқзамин ба монанди сокинони Андалус дар канори таълими Қуръон илмҳову фанҳои дигарро ба кӯдакони худ меомӯхтанд ва танҳо ба омӯзиши Қуръон иктифо намекарданд.[39]
Бинобар ин, бо таваҷҷӯҳ ба мавқеияти замону макони феълӣ, ки акнун мо дар он зиндагӣ мекунем, Худо медонад, аммо ҳеҷ душворие надорад, ки ҳамроҳи таълими Қуръон соири илмҳову фанҳо низ ба кӯдакону навҷавонони асри кунунӣ омӯзиш дода шавад, зеро ин гуна илмҳои ғайриқуръонӣ ҳам нерӯи тафаккур ва қудрати ҳофизаро густариш ва борвар месозад ва ҳам мӯҷиби устувории амал ва дарки саҳеҳ мешаванд.
Аммо дар илмҳои қуръонӣ ва шаръӣ нахустин чизе, ки кӯдак ба хондану ҳифз карданаш шурӯъ мекунад Қуръони карим мебошад, то ин ки барои рӯҳ, ақл ва басирати ӯ манбаи ғизогирӣ шавад.
Ва Худованд худ беҳтар медонад
[1]. Нақл аз «Тиловату-л-Қуръони-л-карим (Абдуллоҳ Сироҷуддин).
[2]. Нақл аз муқаддимаи Ибни Халдун. – С. 297.
[3]. Нақл аз китоби ас-Сиёсат, дар боби Сиёсату-р-раҷули валадаҳу».
[4]. Ба ривояти Табаронӣ ва Ибни Наҷҷор аз Алӣ ибни Абутолиб. Мановӣ дар «Файзу-л-қадир». – Ҷ. 1. – С. 226: ин ҳадисро заиф гуфтааст.
[5]. Ба ривояти Ибни Синнӣ дар «Амалу-л-явми ва-л-лайлаҳ» шумораи 685.
[6]. Ба ривояти Аҳмад аз Абдуллоҳ ибни Умар (р).
[7]. Ба ривояти Аҳмад, Бухорӣ, Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Доримӣ.
[8]. Ба ривояти Табаронӣ ва Ҳайсамӣ низ онро дар «ал-Маҷмаъ». – Ҷ. 7.. – С. 172 баён намуда ва риҷоли он сиқа гуфтааст.
[9]. Нақл аз тафсири кабири Имом Фахри Розӣ ҷ. 1.. – С. 178 бо андак тағйир.
[10]. Китоби ал-Муаллимин, Ибни Саҳнун.
[11]. Нақл аз «Тарбияту-л-авлод».. – С. 167.
[12]. Ба ривояти Ҳоким аз Бурайда (р).
[13]. Ба ривояти Абудовуд аз Саҳл ибни Муъоз (р).
[14]. Ба ривояти Ҳоким ва гуфтааст, ки ин ривоят саҳеҳ ба шарти Шайхайн аст.
[15].«То он ҷо, ки Пайғамбарон (аз имон овардани кофирон ва пирӯзии худ) ноумед гаштаанд ва гумон бурдаанд, ки (аз сӯи пайравони андаки хеш ҳам) такзиб шудаанд (ва танҳои танҳо мондаанд)». Сураи Юсуф, 12: 110.
[16]. Нақл аз «Ҷомеъу-л-улуми ва-л-ҳикам». – Ҷ. 2.. – С. 194.
[17].«Ҳамон касоне, ки намози худро ба дасти фаромӯшӣ месупоранд». Сураи Моъун, 107: 5.
[18]. Ба ривояти Абуяъло дар «Муснад». – Ҷ. 2.. – С. 63 бо санади хуб.
[19].«Эй касоне, ки имон овардаед чаро он чиро (ба мардум) мегӯед, худ ба он амал намекунед?». Сураи Сафф, 61: 2.
[20]. Дар китоби «Таърихи одоби араб». – Ҷ. 2.. – С. 206.
[21]. Сураи Исро, 17: 82.
[22]. Сураи Таҳрим, 66: 6.
[23]. Сураи Иброҳим, 14: 14.
[24]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 2.. – С. 351.
[25]. Нақл аз китоби ал-Минану-л-кубро, Абдулваҳҳоби Шаъронӣ.
[26]. Сураи Шӯро, 42: 11.
[27]. Китоби Табақоту-л-ҳуффоз, Суютӣ.. – С. 154.
[28]. «Эхёу-л-улум, Имом Ғаззолӣ. – Ҷ. 2.. – С. 72.
[29]. Китоби Вафоёту-л-аъён, Ибни Халликон, боби Сабру-л-уламо». – Ҷ. 1.. – С. 152.
[30]. Нақл аз «ат-Табақоту-л-кубро, Ибни Субкӣ. – Ҷ. 8.. – С. 396.
[31]. Нақл аз «Табақоту-л-қурро». – Ҷ. 2.. – С. 247.
[32]. Шарҳи зиндагии Ибни Обидин с. 7.
[33]. Нақл аз китоби ал-Кифояту фи илми-р-ривоя, Хатиби Бағдодӣ.. – С. 116.
[34]. Нақл аз китоби ал-Кифояту фи илми-р-ривоя, Хатиби Бағдодӣ.. – С. 117.
[35]. Нақл аз китоби ал-Кифояту фи илми-р-ривоя, Хатиби Бағдодӣ.
[36]. Нақл аз китоби Фатҳу боби-л-иноя».. – С. 19.
[37]. «ан-Наводиру-с-султония».. – С. 90.
[38]. Нақл аз «Усулу-л-ҳадис, Уҷоҷи Хатиб.. – С. 145.
[39]. Муқаддимаи Ибни Халдун.. – С. 398.