×
Хутба: Хушксолӣ ва қаҳтӣ, нишонаи дурии мардум аз итоъати Аллоҳ аст ва низ нишонаи ошкорест, бар анҷоми муҳаррамоти Аллоҳи таъоло. Маъсият ва нофармонӣ аз Аллоҳи мутаъол бадиро ҷалб мекунад ва баракатро аз байн мебарад ва аз раҳмати Аллоҳ ба бандагонаш онаст, ки намози талаби боронро барои онҳо машруъ намудааст, ки ба сӯи Парвардигорашон боз мегарданд ва ба ӯ тавассул меҷӯянд, то хушсолӣ ва қаҳтиро аз эшон рафъ кунад ва борони раҳматашро бар бандагонаш нозил кунад.

    Намози истисқо (талаби борон)

    صلاة الاستسقاء

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия ва тарҷума: http://www.minbartajiki.com

    إعداد و ترجمة : http://www.minbartajiki.com

    —™

    Намози истисқо (талаби борон)

    Тоъати Аллоҳ, кафолати наҷот ва ризк аст.

    Ҳаром будани маъсияти Аллоҳ.

    Омӯзиши суннати истисқо, барои мардум,.

    Хутбаи аввал

    الحمد لله، الحمد لله الكريم الوهاب، الغفور التواب، أجزل للطائعين الثواب، وأنذر العاصي من شديد العقاب، يجتبي إليه من يشاء ويهدي إليه من أناب، أحمده على نعمه التي فاضت على ذرات التراب وقطرات السحاب، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، شهادة تنجي من العذاب، وتدخل قائلها دار السلام بغير حساب، وأشهد أن نبينا وسيدنا محمدًا عبده ورسوله، أرسله بأسمح دين وأفصح كتاب، فرض الفرائض وسن السنن وبين الآداب، صلى الله عليه وعلى آله وأصحابه خير آل وأكرم أصحاب. أمّا بعد:

    فاتقوا الله – عباد الله- في الموارد والمصادِر، فتقواه خيرُ ما أعِدَّ لليومِ الآخر، والمتّقِي هو المنتصر والظافِر،

    ﴿وَمَن يَتَّقِ ٱللَّهَ يَجۡعَل لَّهُۥ مِنۡ أَمۡرِهِۦ يُسۡرٗا ٤﴾ [الطلاق : ٤]

    Баъд аз ҳамду санои Парвардигор ва тавсия ба тақвои Аллоҳи зулҷалол, худ ва шуморо ба тоъати Аллоҳ тавсия мекунам, чунки тақво рози муваффақияти тамоми умур аст ва Аллоҳи мутаъол дар бораи Аҳли китоб мефармояд:

    ﴿وَلَوۡ أَنَّ أَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ ءَامَنُواْ وَٱتَّقَوۡاْ لَكَفَّرۡنَا عَنۡهُمۡ سَيِّ‍َٔاتِهِمۡ وَلَأَدۡخَلۡنَٰهُمۡ جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ ٦٥ وَلَوۡ أَنَّهُمۡ أَقَامُواْ ٱلتَّوۡرَىٰةَ وَٱلۡإِنجِيلَ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِم مِّن رَّبِّهِمۡ لَأَكَلُواْ مِن فَوۡقِهِمۡ وَمِن تَحۡتِ أَرۡجُلِهِمۚ مِّنۡهُمۡ أُمَّةٞ مُّقۡتَصِدَةٞۖ وَكَثِيرٞ مِّنۡهُمۡ سَآءَ مَا يَعۡمَلُونَ ٦٦﴾ [المائ‍دة: ٦٥، ٦٦]

    «Агар Аҳли китоб (аъам аз Масеҳиён ва Яҳудиён, ба ҷои душманӣ ва табоҳкорӣ, ба Ислом бигараванд ва) имон биёваранд, боғҳои пурнеъмати биҳишт, дохил месозем ва агар онон ба Тавроту Инҷили (асл ва тағйирнахурда) ва бадон чӣ, ки аз сӯи Парвардигорашон (бо номи Қуръон) бар онон нозил шудааст, амал бикунанд (ва дар миёни худ, қавонини Илоҳиро пиёда кунанд ва бар пой доранд), аз болои сари худ ва аз зери пойи худ (ва аз ҳар сӯ, ғарқ дар неъмат шуда ва аз осмону замин) рӯзӣ хоҳанд хурд». Сураи Моида, оятҳои 65-66

    Мӯъминони намозгузор! Дар ин оят, қоидаи имонии бузурге ба миён меояд, қоидае, ки баён медорад, иқомаи дини Аллоҳ дар ҷаҳон ва устувор ва побарҷо доштани он дар миёни мардум, баробар аст бо салоҳ ва фалоҳ ва касби саъодат дар зиндагии мӯминон, ҳам дар ин ҷаҳон ва ҳам дар он ҷаҳон, миёни дину дунё ва ин ҷаҳон ва он ҷаҳон фарқ ва фосилае нест ва ойини Ислом барномаи ягонае барои дунё ва охират ва дунёву дин аст.

    Ибни Аббос (р.з) мефармояд, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд:

    "من لزم الاستغفار جعل الله له من كل ضيق مخرجاً، ومن كل هم فرجاً، ورزقه من حيث لا يحتسب". ( رواه أبو داود 1518, و ابن ماجه 3819, و أحمد في المسند 1/248.)

    «Касе, ки зиёд истиғфор бигӯяд, Аллоҳ барои ҳар гирифторияш, роҳҳое қарор медиҳад ва аз ҳар он чӣ ӯро озор медиҳад, озод ва ризқу рӯзӣ аз роҳҳое бар ӯ сарозер мешавад, ки на ба фикр ва на ба зеҳни ӯ хутур кардааст».

    Ва ҳамчунин Аллоҳи мутаъол дар сураи Ҳуд мефармояд:

    ﴿وَيَٰقَوۡمِ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ ثُمَّ تُوبُوٓاْ إِلَيۡهِ يُرۡسِلِ ٱلسَّمَآءَ عَلَيۡكُم مِّدۡرَارٗا وَيَزِدۡكُمۡ قُوَّةً إِلَىٰ قُوَّتِكُمۡ وَلَا تَتَوَلَّوۡاْ مُجۡرِمِينَ ٥٢﴾ [هود: ٥٢]

    «Эй қавми ман! Аз Парвардигоратон омӯрзиши (гуноҳон ва лағжишҳоятон) ро биталабед ва ба сӯи ӯ баргардед, то осмонро бар шумо резанда ва боранда кунад ва (борону баракоти онро бар шумо, паёпай ва фаровон гардонад) ва нерӯе бар нерӯятон (ва иззату шукӯҳе бар иззату шукӯҳатон) биафзояд, (эй қавми ман! Аз ҳаққу ҳақиқат), гунаҳкорона рӯй барнатобед (ва бар гуноҳ мусаммим ва мусир нашавед)». Сураи Ҳуд, ояти 52

    Ва Аллоҳ дар сураи Аъроф чӣ зебое мефармояд:

    ﴿وَلَوۡ أَنَّ أَهۡلَ ٱلۡقُرَىٰٓ ءَامَنُواْ وَٱتَّقَوۡاْ لَفَتَحۡنَا عَلَيۡهِم بَرَكَٰتٖ مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَٰكِن كَذَّبُواْ فَأَخَذۡنَٰهُم بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ ٩٦﴾ [الاعراف: ٩٥]

    «Ва агар мардуми шаҳрҳо ва ободиҳо (ба Аллоҳ ва Анбиё) имон меоварданд ва (аз куфру маъсият) парҳез мекарданд,(даргоҳи хайрот ва) баракоти осмону заминро бар рӯи онон, мекушодем ва (аз балоҳо ва офот дурашон месохтем), вале онон ба такзиби (Паёмбарон ва инкори ҳақоиқ) пардохтанд ва мо ҳам эшонро ба кайфари аъмолашон гирифтор ва муҷозот намудем (ва ибрати ҷаҳониёнашон кардем)». Сураи Аъроф, ояти 95

    Бародарони азиз! Баъзе аз миллатҳоро мебинем, ки мегӯянд: мо мусалмон ҳастем, дар ҳоле, ки аз лиҳози ризқу рӯзӣ, комилан дар тангно қарор доранд, ҷуз хушксолӣ ва қаҳтӣ ва ҳалоку нобудӣ, чизи дигаре насибу баҳраи эшон нест. Миллатҳои дигареро мебинем, ки на мӯмин ва на муттақӣ ҳастанд, аммо дарҳои ризқу рӯзӣ, қудрат ва қувват ва нуфузу нусрат, ба рӯяшон боз аст, пас ин ҷо суол пеш меояд, ки куҷост суннате, ки тахаллуфнопазир аст?

    Аммо на, дӯстони гиромӣ! Ин танҳо зоҳири қазия мебошад ва ҳақиқати амр чизи дигарест, ки мо аз он ғофилем. Қатъан ононе, ки мегӯянд: мо мусалмон ҳастем, ва на мӯмин ҳастан ва на муттақӣ, эшон бандагии худро барои Аллоҳи пок, холис наменамоянд ва дар воқеъияти зиндаги худ, «Ло ило иллаллоҳ» ро пиёда намекунанд.

    Эшон гарданҳои худро дар баробари қабрҳо ва мазорҳои авлиё ва солиҳин ва низ дар боробари пирону муршидон, фурӯд оварда ва аз эшон фармонбардорӣ менамоянд. Онон ҳам бар эшон худойи карда ва қавонине вазъ мекунанд ва арзишҳо ва меъёрҳо ва одобу русум, таъйин мекунанд, ин гуна афрод мӯмин нестанд, зеро мӯмин танҳо банда ва мутеъу хозеъ ва фармонбардори Аллоҳ асту бас. Он рӯз, ки ниёгони мо, мусалмони ҳақиқӣ буданд, дунё дар баробарашон карнаш буд ва баракоти осмону замин барои онон сарозер гашт ва ваъдаи Аллоҳи мутаъол амали гашт.

    Шоири ширинсухан чӣ зебое месарояд:

    Банда аз бебасарӣ, бандагии одам кард,

    Гавҳаре дошт, вале назри қубоду ҷам кард.

    Яъне аз хуйи ғуломӣ зи сагон хортараст,

    Ман надидам, ки саге пеши саге сар хам кард.

    Аммо дӯстони гиромӣ! Ононе, ки дарҳои ризқу рӯзӣ бо вуҷуди беимонӣ ва нопарҳезгорӣ, бар рӯяшон бозу гушуда аст, ин амр дар воқеъ суннати Илоҳист:

    ﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَا فِي قَرۡيَةٖ مِّن نَّبِيٍّ إِلَّآ أَخَذۡنَآ أَهۡلَهَا بِٱلۡبَأۡسَآءِ وَٱلضَّرَّآءِ لَعَلَّهُمۡ يَضَّرَّعُونَ ٩٤ ثُمَّ بَدَّلۡنَا مَكَانَ ٱلسَّيِّئَةِ ٱلۡحَسَنَةَ حَتَّىٰ عَفَواْ وَّقَالُواْ قَدۡ مَسَّ ءَابَآءَنَا ٱلضَّرَّآءُ وَٱلسَّرَّآءُ فَأَخَذۡنَٰهُم بَغۡتَةٗ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ٩٥﴾ الأعراف ٩4، ٩٥]

    «Бар ҳеҷ шаҳре, Паёмбаре нафиристодем, магар он ки мардумашро ба сахтию ранҷ, дучор сохтем, то магар (ба иштибоҳи худ пай бурда ва) ба пӯшаймонӣ ва зорӣ дароянд, сипас ( ҳангоме, ки ин ҳушдорҳо ва бедорбошҳо дар онон асар нагузошт, эшонро ба фаровонии неъмат ва саломатии ҷисму ҷон, озмудем ва) бадиро ба некӣ (ва болоро ба рафоҳ), табдил кардем, то ба он ҷо, ки (аз лиҳози молу фарзанд) фузӯнӣ гирифтанд ва (ба сабаби нодонӣ, мағрур шуданд ва лофзанон) гуфтанд: ба падарону ниёгони мо ҳам хушӣ ва нохушӣ ва сарватмандию мустамандӣ, даст дода буд(ва ин рӯзгораст, ки гоҳе ба инсон рӯ мекунад ва гоҳе пушт мекунад ва аслан, саъодату шақовати мо дар дасти Аллоҳ нест)». Сураи Аъроф, оятҳои 94-95

    Бародарони намозгузор! Инро бидонед, ки маъсияти Аллоҳ, шарру бадӣ ба ҳамроҳ дорад ва хайру баракатро нобуд месозад, Аллоҳи пок дар сураи Оли Имрон, ояти 135, киноявор мегӯяд, ки гуноҳ шару бадӣ ба ҳамроҳи дорад ва бозгашт ба Аллоҳ хайру баракат:

    ﴿وَٱلَّذِينَ إِذَا فَعَلُواْ فَٰحِشَةً أَوۡ ظَلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ ذَكَرُواْ ٱللَّهَ فَٱسۡتَغۡفَرُواْ لِذُنُوبِهِمۡ وَمَن يَغۡفِرُ ٱلذُّنُوبَ إِلَّا ٱللَّهُ وَلَمۡ يُصِرُّواْ عَلَىٰ مَا فَعَلُواْ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ ١٣٥﴾ [ال عمران: ١٣٥]

    «Ва касоне, ки чун дучори гуноҳи (кабирае) шуданд, ё (бо анҷоми гуноҳи сағира) бар хештан,ситам карданд, ба ёди Аллоҳ меафтанд (ва ваъда ва ваъид ва иқобу савоб ва ҷалолату азамати ӯро пеши чашм медоранд ва пушаймон мегарданд) ва аз вай омӯрзиши гуноҳонро хостор мешаванд –ва ба ҷуз Аллоҳ кист, ки гуноҳонро биёмӯрзад?- ва бо илм ва огоҳӣ (бар зиштии кор ва наҳйю ваъиди Аллоҳ аз он) бар он чизе, ки анҷом додаанд, пофишорӣ намекунанд (ва ба такрори гуноҳ даст намезананд). Ин чунин парҳезгорон, подошашон омӯрзиши Парвардигорашон ва боғҳои (биҳишт) аст, ки дар зери (дарахтони) онҳо, ҷӯйборҳо равон аст ва ҷовидона дар он мемонанд ва ин чӣ подоши некест, ки баҳраи касоне мегардад, ки аҳли амаланд (ва фармони Аллоҳро итоъат мекунанд)». Сураи Оли Имрон, ояти 135

    Дӯстони азиз! Мусалмонои садри Ислом ва се қарни тилоии аввал ва касоне, ки бар роҳу равиши онон буданд, ин мафҳумҳоро ба хубӣ дарк намуда ва ба ҳамин сабаб ҳамвора бар тақвои Илоҳӣ мувозабат намуда ва якдигарро ба он тавсия менамуданд. Аз яке аз уламои салаф нақл шудааст, ки мефармояд: «Вақте нофармонӣ аз Аллоҳ мекардам, онро дар рафтори ҳамсар ва ҳайвонам мушоҳида менамудам».

    Ва имом Ибни Қайим (р) бархе аз паёмадҳои гуноҳонро бармешуморад. ӯ мефармояд: «Гуноҳ зиллат дар бар дорад, ақлро фосид ва ғайратро хомӯш ва ҳаёро аз байн мебарад, қалбро заъиф, Аллоҳро фаромӯш ва неъматҳоро нобуд мекунад ва ҳамчунин қалбро мариз ва лака ва палидиро бар ӯ, чашмро кӯр, нафсро кӯчак, баракатро нобуд ва тарсу ваҳшатро дар қалб ба вуҷуд меоварад ва қаҳтӣ, яке аз нишонаҳои дӯрии бандагон аз раҳмати Аллоҳ аст.

    Он чуноне, ки Аллоҳ достони Паёмбар Нӯҳ (а) бо қавмашро бозгӯ менамояд, ҳангоме, ки мефармояд:

    ﴿فَقُلۡتُ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ إِنَّهُۥ كَانَ غَفَّارٗا ١٠ يُرۡسِلِ ٱلسَّمَآءَ عَلَيۡكُم مِّدۡرَارٗا ١١ وَيُمۡدِدۡكُم بِأَمۡوَٰلٖ وَبَنِينَ وَيَجۡعَل لَّكُمۡ جَنَّٰتٖ وَيَجۡعَل لَّكُمۡ أَنۡهَٰرٗا ١٢ مَّا لَكُمۡ لَا تَرۡجُونَ لِلَّهِ وَقَارٗا ١٣﴾ [نوح: ١٠، ١٣]

    «Ва ба эшон гуфтам: аз Парвардигори хеш, талаби омӯрзиш кунед, ки ӯ бисёр омӯрзанда аст (ва агар чунин кунед, шуморо мебахшояд) ва аз осмон боронҳои пурхайру баракатро паёпай бароятон меборонад ва шуморо бо додани доройи ва фарзандон, кӯмак мекунад ва ёрӣ медиҳад ва боғҳои сарсабзу фаровон баҳраи шумо месозад ва рӯдборҳои пуроб дар ихтиёратон мегузорад, шуморо чӣ шудааст, ки ба азаммат ва шукӯҳии Аллоҳ муътариф нестед?». Сураи Нуҳ, оятҳои 10, 13

    Намозгузорони азиз! Ин тағйироти ногаҳонии ҷаҳон, ки имрӯз шоҳиди он ҳастем, асароти гуноҳи зиёд аст. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

    ﴿ظَهَرَ ٱلۡفَسَادُ فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ بِمَا كَسَبَتۡ أَيۡدِي ٱلنَّاسِ لِيُذِيقَهُم بَعۡضَ ٱلَّذِي عَمِلُواْ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ ٤١﴾ [الروم: ٤١]

    «(Ва ҳамеша чунин будааст, ки) табоҳӣ ва харобӣ дар дарё ва хушкӣ ба хотири корҳое падидор гаштааст, ки мардумон анҷом медодаанд, ба ин васила Аллоҳ сазои бархе аз корҳоеро, ки инсонҳо анҷом медиҳанд, ба эшон мечашонад, то ин, ки онон (бедор шаванд ва аз даст дароз кардан ба маъосӣ) баргарданд». Сураи Рум, ояти 41

    قال أبو هريرة- رضي الله عنه: قال النبي: «لا تقوم الساعة حتى يقبض العلم وتكثر الزلازل ويتقارب الزمان وتظهر الفتن ويكثر الهرج وهو القتل حتى يكثر فيكم المال فيفيض". ( أخرجه البخاري)

    Абӯҳурайра (р.з) мефармоянд, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд:

    «Қиёмат барпо намешавад, то ин ки илм гирифта шавад ва зилзила зиёд шавад, замон бебаракат, фитнаҳо ошкор ва ҳараҷу мараҷ ва қатлу куштор, фаровон шавад ва мол дар дасташон, зиёд шавад». (Ривояти Бухорӣ).

    Лизо аз васвасаҳои нафси аммора ва фитнаҳои рӯзгор, ба Аллоҳ паноҳ мебарем, он чуноне, ки Аллоҳ мефармояд:

    ﴿يُنَبَّؤُاْ ٱلۡإِنسَٰنُ يَوۡمَئِذِۢ بِمَا قَدَّمَ وَأَخَّرَ ١٣ بَلِ ٱلۡإِنسَٰنُ عَلَىٰ نَفۡسِهِۦ بَصِيرَةٞ ١٤ وَلَوۡ أَلۡقَىٰ مَعَاذِيرَهُۥ ١٥﴾ [القيامة: ١٣، ١٥]

    "Дар он рӯз инсонро огоҳ месозанд, аз чизе, ки пешопеш фиристодаст ва чизеҳое, ки бар ҷой гузоштааст, аслан эшон бар нафс ва даруни хештан, огоҳ аст, дар ҳоле, ки (ба забон) узрҳое барои (дифоъ аз) худ меоварад". Сураи Қиёмат, оятҳои 13, 15

    Ва дар поёни Хутбаи аввал гуфтаи Аллоҳи мутаъолро ба шумо ва худам, ёдовар мешавам:

    ﴿ٱقۡرَأۡ كِتَٰبَكَ كَفَىٰ بِنَفۡسِكَ ٱلۡيَوۡمَ عَلَيۡكَ حَسِيبٗا ١٤﴾ [الاسراء: ١٤]

    «Номаи аъмолатро бихон, имрӯз нафсат бар худат дар ҳисобгарӣ, басанда ва кофист». Сураи Исроъ, ояти 14

    Ва низ фармудаи Паёмбар (с):

    "نعوذ بالله من شرور أنفسنا ومن سيئآت أعمالنا"

    «Аз шароратҳои худ ва бадии корҳоямон, ба Аллоҳ паноҳ мебарем».

    بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ، أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

    Хутбаи дуввум:

    الحمد لله الرحيم التواب، غافر الذنب وقابل التوب شديد العقاب، الملك العزيز الوهاب، أحمد ربي وأشكره، وأتوب إليه وأستغفره، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له يجتبي إليه من يشاء ويهدي إليه من أناب، وأشهد أن نبينا وسيدنا محمدًا عبده ورسوله، المخصوص من الرب بأفضل الكتاب، اللهم صلّ وسلم وبارك على عبدك ورسولك محمد، وعلى الآل والأصحاب.

    أمّا بعد:

    أما بعد: فاتقوا الله عباد الله؛ تفوزوا بمرضاته وجنته، وتنجوا من سخطه وعقوبته، يقول الله تعالى: ﴿فَأَمَّا مَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَعَسَىٰٓ أَن يَكُونَ مِنَ ٱلۡمُفۡلِحِينَ ٦٧﴾ [القصص: ٦٧]

    Баъд аз ҳамду санои Парвардигор, худ ва тамоми азизони намозгузоро, бори дигар ба тақво, тавсия мекунам.

    Бародарон ва хоҳарони гиромӣ! Ҳамон гуна, ки огоҳӣ доред, ҳамаи мо барои адои намози истисқо, яъне намози талаби борон, дар ин макон ҷамъ шудаем, ки ин намоз суннатҳои Расули Аллоҳ (с) мебошад ва дар ривоёти мутаъаддиде машрӯъияти ин намоз омадааст, аз он ҷумла, ин ривояти Абдуллоҳ ибни Зайд (р) аст. Дар ин ривоят омадааст, ки:

    "أن النبي خرج إلى المصلى فاستسقى فاستقبل القبلة وقلب رداءه وصلى ركعتين" (أخرجه البخاري)

    Расули Аллоҳ (с) ба сӯи намозгоҳ хориҷ шуданд ва талаби борон намуданд ва рӯ ба қибла карда ва ридои хешро баргардонид ва ду ракаъат намоз хонданд». (Ривояти Бухорӣ)

    Ва ҳамчунин, саҳобии бузугвор, Анас бин Молик (р) мефармояд:

    "كان النبي لا يرفع يديه في شيء من دعائه إلا في الاستسقاء وإنه يرفع حتى يرى بياض إبطيه". ( أخرجه البخاري)

    «Расули Аллоҳ (с) дастҳояшро дар ҳеҷ дуоҳояш боло намекард, магар дар намози истистқо, дастҳояшро ба ҳадде боло мебурд, то ин ки сафедии зери бағалаш намоён мешуд».

    Инчунин ин саҳобии гиромӣ аз Расули Аллоҳ (с) ривоят мекунад, ки Аллоҳ мефармояд: «Эй фарзанди одам! Агар маро бихонед ва умеди шумо фақат ман бошам, ҳар чӣ гуноҳ дошта бошӣ, мебахшам ва ҳеҷ парвое надорам, эй фарзанди Одам! Агар гуноҳи шумо ба осмон бирасад, сипас аз ман талаби омӯрзиш кунӣ, туро мебахшам, эй фарзанди Одам! Агар бо гуноҳоне ба пурии замин ба пешам, биёйи, сипас маро мулоқот кунӣ дар ҳоле, ки ҳеҷ шарике бароям қоил набудӣ, бо омӯрзише, ки ба пурии он бошад, ба сӯи ту хоҳам омад».

    Имом Ҳасани Басрӣ (р) мефармояд: «Ба касрат ва дар ҳар ҷо, талаби омӯрзиш кунед, дар хонаҳоятон, дар суфраи ғизо, дар роҳ, дар бозор, дар нишастанҳоятон, ва дар ҳар куҷо, ки ҳастед, барои ин, ки намедонед, куҷо омӯрзиш нозил мешавад».

    Дар яке аз рӯзҳо, Расули Акрам (с) рӯи минбар талаби борон намуданд, ҳанӯз эшон аз минбар поён нашуда буданд, ки борон шурӯъ шуд ва ҳафт рӯз борон борид,то ин ки мардум аз зиёдии борон, назди Паёмбар (с) шикоят бурданд, ва эшон дуо намуданд: «اللهم حوالینا ولا علینا», «Эй бори Илоҳо! Бар атрофи мо бифирист, на бар мо».

    Оре, дӯстони гиромӣ! Ҳангоме, ки Расули Аллоҳ (с) ва ёрони бовафояш, Саҳобаи гиромӣ ба намози талаби борон мешитофтанд ва дастҳои хешро ба сӯи Аллоҳ оҷизона дароз менамуданд, ҳаргиз Аллоҳи мутаъол дастонашонро холӣ рад намекард, балки дуои онон иҷобат мешуд ва дунёро борони раҳмати Илоҳӣ фаро мегирифт, зеро онон бо итоъат аз дастуроти Аллоҳ ва иҷтиноби навоҳии вай ва пойбандӣ ба суннати Илоҳиро, ҳаргиз аз ёд намебурданд.

    عباد الله!

    ﴿إِنَّ ٱللَّهَ وَمَلَٰٓئِكَتَهُۥ يُصَلُّونَ عَلَى ٱلنَّبِيِّۚ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ صَلُّواْ عَلَيۡهِ وَسَلِّمُواْ تَسۡلِيمًا ٥٦﴾ [الاحزاب : ٥٦]

    وقد قال عليه الصلاة والسلام: "من صلى علي صلاة واحدة صلى الله عليه بها عشرا".

    فصلوا وسلموا على سيد الأولين والآخرين وإمام المرسلين.

    اللهم صل على محمد وعلى آل محمد كما صليت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد، وبارك على محمد وعلى آل محمد كما باركت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد، وسلم تسليما كثيرا . واقم الصلو.