Сухани нек бигу ё хомуш бош
Дастабандиҳо
Full Description
Сухани нек бигу ё хомуш бош
قل خيرا أو اصمت
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Таҳияи: Абдуссатори Ҳомид
2009 - 1430
قل خيرا أو اصمت
« باللغة الطاجيكية »
إعداد : عبد الستار حميد
2009 - 1430
Сухани нек бигу ё хомуш бош
Паёмбари Худо фармуда аст: "Cухани нек бигу ё хомуш бош" пас оё маъной ҳадис чунин аст ки сухани зиёд гуфтан манъ аст ?
Паёмбари Худо дар дигар ҳадис фармуда аст: " ҳар шахсеки ба Худованд ва рузи қиёмат бовари дорад пас сухани нек бигуяд ё хомуш бошад".
Чун сухани зиёд инсонро ба хатогиҳой бисёр мерасонад. Барои ҳамин Паёмбари Худо дар ҳадиси гузашта моро аз сухани зиёде ки бефойда бошад манъ мекунад, ва дар масали араб омада аст ки: "Беҳтарин сухан он суханест ки кам бошад ва пур маъно бошад"
Чун ки забон офатҳой зиёд дорад, Эмом Аъзам онро ба бист қисм тақсим кардааст мисли: дуруғ ғайбат, хабаркаши, қасам ба дуруғ, ба нангу номуси мардум забон расонидан, суханҳой беҳуда, пастшуморидани дигарон, ва ғайра, ва дигар Олимон офатҳой забонро аз ин ададҳам зиёдтар шуморидан. Пас инсон агар бихоҳад ки аз ҳамай ин офатҳо дар эмин бошад, бояд хомуширо пеша кунад ва аз сухани зиёд дури ҷуяд.
Ин чунин дар масали араб гуфтаанд: "касе ки забонашро нигоҳ дорад ҳаёташро нигоҳ дошта аст" ва ин маъной он надорад ки забони мо бояд баста бошад балки барой сухани нек гуфтан бояд кушиш кард, чуноне ки бузургон гуфтаанд: "агар сухан аз нуқра бошад, хомуши аз тиллост " чунки он офатҳоеро ки зикр кардем натанҳо дар охират балки дар дунёҳам барой мо зарарҳо ва мусибатҳой зиёде миёранд, ва чуноне ки гуфтаанд: пеш аз даҳон кушодан ту соҳиби сухан ҳасти аммо баъди сухан гуфтан сухан соҳиби туст.
Ва инсон бояд бидонад ки ҳар сухане ки аз забонаш мебарояд ба воситай малоикаҳое ки аз ҷониби Худованд ба ин кор мукаллаф шудаанд, дар номай аъмоли у навишта мешавад.
Худованд мефармояд:
ﭧ ﭨ ﭽ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭰ ﭱ ﭲ ﭼ ق: ١٨
" Бар забон намеорад одам ҳеҷ суханеро магар ҳамроҳи у нигаҳбонест" яъне ҳар суханеро ки инсон аз забонаш мебарорад аз ҷониби Худованд нигаҳбонест ҳамроҳи инсон ки он суханашро сабт карда дар рузи қиёмат мувофиқи суханаш ҳисобу китоб карда мешавад, ва ҳеҷ шахс аз хомуши нахоҳад пушаймон шуд аммо сухани бисёр инсонро ба бисёр пушаймониҳо ру бару мекунад.
Аз шахси бузурге пурсиданд: беҳтарин узв дар бадани инсон кадом аст? дар ҷавоб гуфт: беҳтарин узв дар бадани инсон забон аст.
Боз аз у пурсиданд, ки бадтарин узв дар бадани инсон кадом аст? дар ҷавоб гуфт: забон аст.
Аз у пурсиданд ки чаро дар ҳарду саволҳо забонро ихтиёр карди? гуфт: бахотире ки агар инсон забонашро аз офатҳо нигоҳ дорад, пас забонаш уро аз тамоми мушкилот нигоҳ медорад, дар ин ҳол забон беҳтарни узв мебошад, аммо агар инсон забонашро нигоҳ надорад пас ба сабаби забонаш ба мушкилоти зиёде дар дунё ва ба азоби сахте дар рузи қиёмат гирифтор мешавад дар ин ҳол забон барой инсон бадтарин узв мебошад.