Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистудуюм: Асоси дуюми ақидавӣ, эҷоди муҳаббати Худо ва итоат аз Ӯ таъоло ва эҷоди имон ба қазову қадар
Дастабандиҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистудуюм:
Асоси дуюми ақидавӣ, эҷоди муҳаббати Худо ва итоат аз Ӯ таъоло ва эҷоди имон ба қазову қадар
سلسلة تربية الأولاد, القسم الثاني و العشرون : عن الأساس العقدي الثاني و هو إحياء محبة الله تعالى و طاعته و الإيمان بالقضاء و القدر في نفوس الأولاد
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистудуюм: Асоси дуюми ақидавӣ, эҷоди муҳаббати Худо ва итоат аз Ӯ таъоло ва эҷоди имон ба қазову қадар
Табиист, ки ҳар кӯдаку навҷавоне нороҳатиҳо ва душвориҳои хосси худро дорад, хоҳ ин душвориҳо шахсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ бошанд ва ё дар робита бо умури таҳсиливу муҳити омӯзишии ӯ ба вуҷуд омада бошанд. Табиӣ аст, ки ин мушкилот дар сахтӣ ва дар нармӣ дар миёни кӯдакону навҷавонон нисбат ба ҳамдигар гуногунанд ва гирифторомадагон ба ин гуна душвориҳо гоҳо ба сурати зоҳирӣ ё ғайризоҳирӣ даргир бо фишору бадии онҳо мешаванд. Пас, дар ин сурат, бо чӣ василае метавон ин мушкилоту гирифториҳоро чорасозӣ кард? Ва аз чӣ роҳе костани ин фишору нороҳатӣ имконпазир мебошад?
Дар ҷавоб бояд гуфт, бартарафсозии ин мушкилот ва сабук сохтани фишори онҳоро метавон ба василаи эҷоди муҳаббати Худо дар дил, талаби кӯмаку ёрӣ аз Ӯ таъоло бо имон ба қазову қадари илоҳӣ ва ҳамроҳ бо сабру талоши шахс имконпазир мебошад ва ин шева дар чунин мавридҳо яке аз равишҳо ва ибтикороти Расули акрам (с) мебошад.
Шакке нест, ки кӯдакону навҷавонон бар асари амиқии ин муҳаббату ёриҷӯӣ аз Худо ва ба воситаи асолату шарофати ин ҳозиру нозирдонии Худованд ва муҳофиз будани Борӣ таъоло дар даруну қалби онон ва ба василаи парвариш додани ниҳоли имон ба қазову қадар дар замини дили эшон метавонанд чи дар даврони кӯдакӣ ва наврасӣ ва чи дар даврони ҷавониву миёнсолии худ бо камоли қудрат дар баробари монеаҳову мушкилоти зиндагӣ биистанд ва дар натиҷа бар онҳо дастболо шаванд.
Дар ин робита далелҳо ва ҳуҷҷатҳои гӯёе вуҷуд доранд, аз он ҷумла:
1. Аҳодиси воридшуда дар ин маврид
Аз Ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Пайғамбар (с) фармуданд:
«Ҳеҷ гоҳ дар роҳи адаб додану тарбияи хонаводаат кӯтоҳӣ макун ва аз он даст бармадор ва ононро дар роҳи Худои ғолибу тавоно бим деҳ ва иршоду роҳнамоӣ кун ва дар мавриди ҳуқуқи онон аз Худованд битарс».[1]
Дар ривоят омадааст, ки Ибни Аббос (р) гуфтааст: «Рӯзе пушти сари Расули Худо (с) будам, фармуданд: «Эй ғулом (писар)! Ин чанд ҷумларо ба ту ёд медиҳам! (Онҳоро барои ҳамеша дар хотир дошта бош: амру фармонҳо ва мамнӯъгардондаҳои) Худоро ҳифз ва риоя намо, Худованд низ туро (аз ҳар чизе) маҳфуз медорад! Худоро ба ёд дошта бош, (пайваста) Ӯро дар пеши рӯи худ меёбӣ! Ҳар гоҳ чизе хостӣ, онро фақат аз Худо бихоҳ ва ҳар вақт кӯмаку ёрӣ талабидӣ, танҳо аз Худо кӯмаку ёрӣ талаб кун! Дониста бош, ки агар тамоми мардуми олам ҷамъ шаванд бар ин ки суде ба ту бирасонанд, ҳатман ҷуз он андоза, ки Худованд бароят муқаддар кардааст, ба ту суд намерасонанд ва агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд бар ин ки ба ту зарару зиёне бирасонанд, ҷуз он миқдоре, ки Худованд ба зарари ту таъйин фармудааст, расонда наметавонанд. Бинобар ин, ҷуз он чи, ки Худованд ирода фармудааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизе қодир ба расонидани хайру шар намебошад».[2]
Дар ривояти дигар ғайр аз Тирмизӣ ибораи зер бар ҳадиси боло афзуда шудааст:
«(Эй писар! Ба василаи анҷоми фармонҳо ва парҳез аз мамнӯъгардондаҳо) Худоро ба ёд дошта бош, ӯро (пайваста) дар пеши рӯи худ меёбӣ. Дар ҳолати осоиш ва фаровонии неъмат Худоро бишнос, Ӯ низ дар вақти сахтиву душворӣ бо ту мебошад. Бидон! Он чӣ, ки муқаддар шудааст, барои ту пеш наояд, ҳатман пеш нахоҳад омад ва ба он дучор намешавӣ ва он чӣ, ки муқаддар шудааст, барои ту пеш ояд, албатта пеш меояд ва дучори он хоҳӣ шуд. Огоҳ бош! Пирӯзӣ ҳамроҳ бо сабру бурдборист ва ҳамчунин ҳамроҳи кушоиш, гирифторӣ ва ҳамроҳ бо сахтиву душворӣ низ осоишу осудагӣ аст».[3]
Табиист, ҳар гоҳ кӯдак ва навҷавон ин ҳадисро ҳифз кунад ва онро ба хубӣ бифаҳмад, ҳаргиз дучори иштибоҳу лағжиш намешавад ва дар тамоми зиндагияш ҳеҷ чизе садди роҳи ӯ намегардад ва монеъи пешрафташ намешавад. Оре, кадом равиши тарбиявии қадим ё ҷадид метавонад кӯдакону навҷавононро ба он ҳадде бирасонад, ки ин ҳадис ононро мерасонад? Зеро ин ҳадис ба воситаи фазлу баракати маънавие, ки доро мебошад, дар ҳалли мушкилот ва нороҳатиҳои кӯдакону навҷавонон бисёр муассир аст, ба василаи азамату бартарии ёриҷӯӣ аз Худо ва бар асари ҳозиру нозир ҳифзкунанда донистани Худованд ва дар партави имони устувор доштан ба қазову қадар бар ҳар мушкиле ғолиб меоянд, ҳамон тавре ки кӯдакони саҳобаи бузургвор дар замони худ ин иршоду раҳнамоии набавиро меомӯхтанд ва дар натиҷа дар баробари қазову қадар ва ҳангоми гирифтор омадан ба мусибатҳо фақат аз Худо талаби кӯмаку ёрӣ мекарданд ва мӯътақид буданд, ки Худованд бар ҳар коре қодиру тавоно аст ва яқини комил доштанд ба ин ки ҳамроҳи гирифториву ғам кушоишу хурсандӣ мебошад ва бо ҳар навъи сахтиву душворӣ осоишу осудагӣ аст.
Инак, асари ин имону эътиқодро амалан дар чанд намуна баён мекунем: Ибни Абуиёс дар тафсири худ аз Муҳаммад ибни Исҳоқ ривоят карда, ки Молики Ашҷаъӣ назди Расули Худо (с) омада гуфт: «Эй Расули Худо! Писарам Авф ба дасти душман асир афтодааст». Расули Худо (с) фармуданд: «Шахсеро ба назди ӯ бифирист ва бигӯ, ки Паёмбари Худо мегӯяд: « Калимаи «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ»-ро бисёр бигӯяд ва онро такрор кунад». Пас, он мард рафт ва паёми Паёмбари Худо (с)-ро ба ӯ расонид. Авф дар ҳоле ки ба василаи чарме баста шуда буд, ба рӯ дарафтода мегуфт «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ». Дар ин асно он пӯст аз танаш афтод ва берун рафт ва ногаҳон ба шутуре аз уштурони душман рӯ ба рӯ шуд ва зуд ба он савор шуд ва ба роҳ баромад. Дар роҳ ба чанд сар аз чаҳорпоёни он қавме, ки ӯро асир карда, бо пӯст баста буданд, расид ва тамоми онҳоро бо худ овард. Падару модараш пайваста бетобӣ мекарданд ва чашм ба роҳ дар интизори омадани писари худ буданд. Ногаҳон падараш гуфт: «Қасам ба Худои Каъба, Авф омад!» Модараш низ Авфро дид, ки дар асари сахтии асорат ва дарди дар банд кашидан бисёр андӯҳгину шикаста аст. Бо садои баланд фарёд зада гуфт: «Чӣ гирифторӣ ва андӯҳе! Авф дар асари дарду алами он банд ғамгин ва дилшикаста буд». Падараш ҳамроҳи хидматгори худ фавран ба сӯи ӯ рафта ва дид, ки дар ҳақиқат Авф дар ҳоли фарсудагӣ ва нобудӣ аст. Авф достони худ ва шутуру он ҳайвонҳоеро, ки бо худ оварда буд, барои падараш қисса кард ва падараш ӯро назди Расули Худо (с) бурд ва моҷарои шутур ва ҳайвонҳоро ба арзи Расули акрам (с) расонид. Он ҳазрат (с) фармуданд:
«Чӣ гунае мехоҳӣ, аз ин ҳайвонот ва шутур истифода кун!».[4]
Ва ин оят ба Расули Худо (с) нозил шуд:
﴿وَمَن يَتَّقِ ٱللَّهَ يَجۡعَل لَّهُۥ مَخۡرَجٗا ٢ وَيَرۡزُقۡهُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَحۡتَسِبُۚ وَمَن يَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِ فَهُوَ حَسۡبُهُۥٓۚ ٣﴾ [الطلاق : ٢، ٣]
«…ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, [Худо] барои ӯ роҳи халосие падид меорад. Ва ба ӯ аз он ҷое ки гумон надорад, ризқ медиҳад. Ва ҳар кӣ бар Худо таваккул кунад, Худо ӯро басанда аст».[5]
Намунаи дигар аз имону эътиқоди устувор ба қазову қадари Худованд ҳамон аҳамият додани гузаштагони некӯкори мо аст, ба устувор намудани ин эътиқод ва чашонидани таъми ҳаловати он дар қалбҳои фарзандони худ ва табиист, ки тариқаи дастёбӣ ба чунин ҳаловате, имону яқини комил доштан ба қазову қадари илоҳӣ мебошад. Аз ин рӯ, онон пайваста ва ҳатто дар ҳоле ки охирин лаҳзаи зиндагии хешро сипарӣ менамуданд, бисёр ҳарису алоқаманд буданд ба ин ки фарзандони худро ба чунин имону эътиқоде иршод намоянд ва ва онро дар дили эшон устувор созанд. Чунончи Имом Аҳмад (р) ривоят намудааст: «Убода ибни Сомит (р) бемор ва наздики марг буд, ба писараш гуфт: «Эй писарам! Бидон, ки ҳаргиз таъми ҳақиқати имонро намечашӣ ва он тавре, ки бояд, Худовандро намешиносӣ, магар ин ки имон ба қазову қадари хайру шарр аз ҷониба Худо аст, дошта бошӣ». Писараш мегӯяд: «Гуфтам: «Эй падар! Чӣ гуна бидонам қадари хайру шарр чист?» Гуфт: «Он аст, ки бидонӣ ва эътиқод дошта бошӣ, ки он чи барои ту пеш омаданаш муқаддар шудааст, ҳатман пеш меояд ва дучори он мешавӣ ва он чи, ки барои ту пеш омаданаш муқаддар нашудааст, ҳаргиз пеш нахоҳад омад ва дучори он намешавӣ. Эй писарам! Аз Расули акрам (с) шунидам, ки фармуданд:
«Нахустин чизе, ки Худованд офарид, Қалам буд, пас ба ӯ фармуд: Бинавис! Гуфт: Парвардигоро! Чӣ бинависам? Фармуд: Мақодири ҳар чизеро то рӯзи растохез бинавис».
Эй писарам! Аз Расули Худо (с) шунидам, ки фармуданд:
«Ҳар кас бар ғайри ин имону эътиқод бимирад, аз уммати ман нест ва бар роҳу равиши ман намебошад».[6]
Эй писарам! Агар ту низ бимирӣ ва чунон эътиқоде надошта бошӣ, дохили ҷаҳаннам хоҳӣ шуд».
2. Намунаҳои татбиқӣ аз салафи солеҳ
а) Умар ибни Хаттоб (р), ки амирул-мӯъминин буд, дар роҳе мегузашт, гурӯҳи кӯдаконро дид, ки бозӣ мекунанд. Вақте ки онҳо ӯро диданд, ҳама фирор карданд, ба ҷуз як нафар ва ӯ Абдуллоҳ ибни Зубайр буд. Умар ибни Хаттоб аз ин як нафар, ки нагурехт, тааҷҷуб кард ва иллати онро аз ӯ пурсид. Абдуллоҳ ҷавоб дод: «Ман гуноҳе накардаам, ки аз ту бигурезам, аз ин рӯ, натарсидам ва роҳро бароят боз намудам».[7]
б) Мегӯянд, «Ибни Умар дар сафаре буд ва кӯдакеро дид, ки гӯсфанд мечаронад. Бо мақсади имтиҳон ба ӯ гуфт: «Яке аз ин гӯсфандонро ба ман мефурӯшӣ?» Кӯдак гуфт: «Инҳо моли ман нестанд». Ибни Умар гуфт: «Яке аз онҳоро ба ман бифурӯш ва баъдан ба соҳибаш бигӯ, ки гург онро хӯрд». Ҷавон гуфт: «Худо ки медонад ва нозири амали ман мебошад». Ибни Умар баъд аз ин ки ҷавоби ӯро шунид, то муддате он гуфтаи писарбаччаро такрор мекард ва мегуфт: «Худованд ҳозиру нозир мебошад».
в) Дар ривоятҳо омадааст: «Устоде чанд шогирд дошт ва ба яке аз онон таваҷҷӯҳи хоссе намуд ва бештар аз дигарон ба ӯ муҳаббат зоҳир мекард. Дигарон сабаби онро аз устод пурсиданд ва устод низ гуфт: «Сабаби онро ба шумо хоҳам гуфт», пас ба ҳар як аз шогирдонаш паррандае доду гуфт: «Ҳар кадоми шумо паррандаи худро бибарад дар ҷое ки хилват бошад ва касе ӯро набинад, онро сар бибурад». Баъд аз он ҳар кадом паррандаи худро бурданд ва бидуни ин ки касе бидонад, онро сар буриданд ва баргаштанд». Аммо он шогирди мавриди назар паррандаи худро сар набурид ва бо он баргашт. Устод гуфт: «Чаро онро сар набуридӣ ва зинда баргардондӣ?» Шогирд гуфт: «Шумо ба ман дастур додед, онро дар ҷое сар бибурам, ки касе надонад, аммо ман ҷоеро наёфтам, ки хилват бошад ва касе амали маро набинад (чун ҳар ҷоро, ки менигаристам, Худоро ҳозиру нозири амали худ медидам)». Устод рӯ ба дигар шогирдонаш карду гуфт: «Ба ин хотир аст, ки нисбат ба ин шогирд таваҷҷӯҳи хоссе дорам».[8]
г) Имом Ғаззолӣ (р) дар китоби «Эҳёи улуми дин» достони зебоеро баён намуда, мегӯяд: Саҳл ибни Абдуллоҳи Тастурӣ гуфтааст: «Сесола будам, ки шаб меистодам ва ба намоз гузоридани тағои худ Муҳаммад ибни Савор нигоҳ мекардам. Вай рӯзе ба ман гуфт: «Чаро Худоеро, ки туро офаридааст, ёд намекунӣ?» Гуфтам: «Чӣ гуна Худоро ёд кунам?» Гуфт: «Шаб, ки ба бистари хоб меравӣ, дар дили худ бидуни ин ки забонатро биҷунбонӣ ва садо баланд кунӣ, се бор бигӯ: Худо бо ман аст ва Худо нозири ман аст ва маро мебинад». Ман чанд шаб ин ҳарфҳоро бигуфтам ва баъд тағоямро аз он огоҳ сохтам. Ӯ гуфт: «Ҳар шаб ҳафт бор онро бигӯ». Ман гуфтам. Сипас ӯро аз он бохабар намудам ва гуфт: «Ҳар шаб ёздаҳ бор онро бигӯ». Ман низ онро ҳар шаб ёздаҳ бор бигуфтам ва ҳаловати он дар дилам афтод ва ба он одат кардам. Пас аз гузашти як сол тағоям гуфт: «Он чиро, ки ба ту омӯхтаам, то зинда ҳастӣ ба ёд дошта бош ва онро тарк макун, чун ин кор ҳам дар дунё ва ҳам дар охират барои ту судманд мебошад.
Аз ин рӯ, ман чанд сол онро мегуфтам ва дар дилу замири худ лаззати онро эҳсос мекардам, то ин ки рӯзе тағоям маро диду гуфт: «Эй Саҳл ибни Тастурӣ! Ҳар касро, ки Худо бо ӯ бошад ва ӯро бингарад ва бубинад, агар Худоро маъсияту нофармонӣ кунад, бояд вазъу ҳоли ӯ чӣ гуна бошад? Ҳушёр бош, ки муртакиби гуноҳу маъсият нашавӣ!» Ва ман низ аз он ба баъд (аз тарси дучор шудан ба гуноҳу маъсият) нафси худро ҳифз мекардам, то вақте ки маро ба мактаб (мадраса) фиристоданд ва ман гуфтам: «Метарсам дар мадраса фикру андешаам дигар шавад ва хотирам парешон гардад (ва аз ёди Худо ғофил бимонам). Бинобар ин, бо муаллим шарт бибандед, ки ман ҳар рӯз як соат назди ӯ биравам ва дарс бихонам, баъд баргардам». Аз ин рӯ, ҳар рӯз ман пеши муаллим мерафтам ва Қуръон меомӯхтам ва дар ҳоле ки шаш ё ҳафтсола будам, Қуръонро хатм намудам ва ҳар рӯз рӯза мегирифтам ва то синни дувоздаҳсолагӣ хӯроки ман нони ҷав буд».[9]
ғ) Дар ривоятҳо омадааст, «Ҳориси Муҳосибӣ, ки кӯдаки навҷавон буд, гузараш ба гурӯҳе аз кӯдакону навҷавонон афтод, ки бар дари хонаи марди хурмофурӯше бозӣ мекарданд. Муддате дар он ҷо истод ва бозии эшонро тамошо кард. Дар ин асно соҳибхона берун омад, ки миқдоре хурмо бо худ дошт ва ба Ҳорис гуфт: «Бифармо, хурмо бихӯр!» Ҳорис гуфт: «Дар бораи онҳо чӣ хабар дорӣ (оё ҳалоланд ё ҳаром)?» Он мард гуфт: «Ҳозир ба шахсе хурмо фурӯхтам ва ин миқдор аз онҳо афтодааст». Ҳорис гуфт: «Оё ӯро мешиносӣ?» Гуфт: «Оре мешиносам». Ҳорис рӯ ба кӯдакону навҷавононе, ки бозӣ мекарданд, карда пурсид: «Оё ин шахс мусалмон аст?» Гуфтанд: «Оре, мусалмон аст». Пас Ҳорис рафт ва ӯро ба ҷо гузошт. Марди хурмофурӯш ба дунболи ӯ афтод, то ин ки ба ӯ расид ва гуфт: «Қасам ба Худо, туро раҳо намекунам, то ин ки бигӯӣ дар бораи ман чӣ фикру бардоште кардаӣ!» Ҳорис гуфт: «Эй амак! Агар воқеан мусалмон бошӣ, пас соҳиби ин хурморо ҳамон тавре, ки дар ҳолати сахт ташна буданат ба дунболи ёфтани об мегардӣ, биҷӯй ва ӯро пайдо кун, то аз шарру бадии сазои ӯ раҳоӣ ёбӣ,! Эй амак! Ту моли ҳаромро ба фарзандони мусалмонон медиҳӣ, ки бихӯранд ва худро низ мусалмон медонӣ?» Он мард гуфт: «Қасам ба Худо, ман ҳаргиз ба хотири дунё тиҷорат накардаам ва ин корро низ ба қасди моддиёт анҷом надодаам».[10]
д) Ибни Зафар дар китоби худ мегӯяд: «Омадааст, ки Абулҳусайн Аҳмад ибни Муҳаммади Нурӣ зиёд Қуръон мехонд ва онро бо худ ба дӯкон бурда, ҳар вақт шурӯъ ба хондани Қуръон мекард, қаламу қоғаз бармедошт ва он чи аз маънову тавзеҳи оятҳои Қуръонро, ки намедонист мушаххас мекард ва баъд мерафту аз аҳли илму афроди огоҳ ба Қуръон мепурсид ва маънову тавзеҳоти лозими ононро ёддошт мекард. Сипас, назди падараш бармегашт ва падараш низ ӯро аз ногоҳ ғайб задану дӯконро раҳо намуданаш, сахт сарзаниш мекард ва ӯро мавриди таҳдид қарор медод, гоҳе ҳам ӯро мезад. Ва ҳар гоҳ ӯро ба дунболи коре мефиристод, фавран ёддоштҳои худро бармедошт ва бо худ мебурд, дар роҳ ба ҳар як аз аҳли илм, ки мерасид онҳоро аз ӯ мепурсид ва падараш низ ӯро ба иллати чунин коре танбеҳ мекард. Билохира, рӯзе падараш аз ӯ пурсид: «Кош медонистам бо ин илми худ чӣ кор мекунӣ ва чи мехоҳӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Мехоҳам Худоро бишиносам ва худро низ ба ӯ бишиносонам ва наздик кунам». Падараш гуфт: «Худоро чӣ гуна мешиносӣ?» Гуфт: Ба василаи фаҳмидан ва дарк кардани амру фармонҳо ва наҳйҳояш Ӯро мешиносам». Падараш гуфт: «Худатро чӣ гуна ба Ӯ мешиносонӣ?» Гуфт: «Ба василаи ба ҷой овардан ва амал кардан ба он чӣ, ки ба ман омӯхтааст, худро ба ӯ мешиносонам ва наздик менамоям». Падараш ба ӯ гуфт: «Эй писарам! Аз ин ба баъд, монеъи кори ту нахоҳам шуд».[11]
е) Билохира, ин намунаҳои салафи солеҳро ба василаи парҳези имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар даврони навҷавонияш ба поён мебарем. Мегӯянд: «Халифаи вақт гоҳо амаки Аҳмад ибни Ҳанбалро ба баъзе аз вилоятҳо мефиристод, то авзоъу аҳволи марбут ба Бағдодро ба иттилои ӯ бирасонад. Як бор ҳамроҳи ӯ бародарзодааш Аҳмад ибни Ҳанбалро фиристод, аммо Аҳмад ибни Ҳанбал аз ин кор иҷтиноб намуд ва ба хотири парҳез аз муртакиб шудани гуноҳи суханчиниву бадгӯӣ кардан дар бораи он чӣ, ки дур нест мӯҷиби зарару зиён расонидан ба мусалмонон гардад, онро напазируфт. Пас, наҷобат ва парҳезгории ин навҷавон назари бисёре аз аҳли илму донишро ба худ ҷалб кард, ҳатто Ҳайсам ибни Ҳанбал гуфт: «Агар ин навҷавон бимонад ва умре дошта бошад, албатта ҳуҷҷати аҳли замони худ хоҳад шуд».[12]
[1]. Ба ривояти Табаронӣ дар «Ас-Сағир» ва «Ал-Авсат» ва санади он хуб мебошад. Ҳамчунин Ҳайсамӣ онро дар «Ал-Маҷмаъ». – Ҷ. 8.. – С. 106 зикр кардааст.
[2]. Ба ривояти Тирмизӣ.
[3]. Ба ривояти Аҳмад, Ҳоким ва Табаронӣ.
[4]. Ба ривояти Ибни Раҷаби Ҳанбалӣ дар китоби Ҷомеу-л-улум ва-л-ҳикам. – С. 187.
[5]. Сураи Талоқ, 65: 2-3.
[6]. Ба ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ.
[7]. Нақл аз китоби Тазкирату-л-обо ва таслияту-л-абно (Ибни Адим). – С. 61.
[8]. Нақл аз «Рисолаи қушайрия».. – С. 147.
[9]. «Эҳёу улуми-д-дин». – Ҷ. 3. – С. 80, Бейрут-1411 ҳ.
[10].Нақл аз китоби Анбоу нуҷабои-л-абно (Ибни Зафари Маккӣ). – С. 148.
[11]. Нақл аз китоби Анбоу нуҷабои-л-абно (Ибни Зафари Маккӣ). – С. 156.
[12]. Нақл аз китоби Риҷолу-л-фикри ва-д-даъвати (Абулҳасани Надвӣ). – С. 105.