×
«Оё гумон кардӣ, ки асҳоби Каҳф ва навиштае, ки (бар девори ғор буд) аз ҷумлаи ояту нишонаҳои аҷибу ғариб буд? Чун ором гирифтанд ҷавонон дар ғор пас гуфтанд: Парвардигоро, бидеҳ ба мо аз назди худ биҳиште ва омодасоз барои мо дар кор роҳёберо (мудаббиреро). Пас парда гузоштем дар гӯшҳояшон дар ғор (яъне, хобонидем онҳоро) чанд сол. Боз бедор сохтем онҳоро то бидонем, ки кадом яке аз ду гурӯҳ ёд дошта муддатеро, ки дар он ғор буданд». (Сураи Каҳф 9 - 11).

    Қиссаи асҳоби каҳф

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Сомонаи рисолат «www.risolat.tj»

    2011 - 1432

    ﴿ قصة أصحاب الكهف ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    موقع الرسالة: «www.risolat.tj»

    2011 - 1432

    Қиссаи асҳоби каҳф

    «Оё гумон кардӣ, ки асҳоби Каҳф ва навиштае, ки (бар девори ғор буд) аз ҷумлаи ояту нишонаҳои аҷибу ғариб буд? Чун ором гирифтанд ҷавонон дар ғор пас гуфтанд: Парвардигоро, бидеҳ ба мо аз назди худ биҳиште ва омодасоз барои мо дар кор роҳёберо (мудаббиреро). Пас парда гузоштем дар гӯшҳояшон дар ғор (яъне, хобонидем онҳоро) чанд сол. Боз бедор сохтем онҳоро то бидонем, ки кадом яке аз ду гурӯҳ ёд дошта муддатеро, ки дар он ғор буданд».

    (Сураи Каҳф 9 - 11)

    Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят кардааст: « Як гурӯҳ мушрикони Макка ҳамроҳи Назр ибни Ҳорису Утба ибни Муъит ва гурӯҳе аз яҳудиён назди Паёмбар (с) омада, гуфтанд: Агар ту пайғамбари ҳақ бошӣ, аз ҳақиқати таърихи асҳоби Қаҳф ба мо хабар деҳ. Пайғамбар (с) ба онҳо гуфт, ки фардо ба шумо аз ҳақиқати таърихи асҳоби Каҳф хабар медиҳем! Зеро Паёмбар (с) то аз ҷониби Худованд хабар намеомад, аз пеши худ чизе намегуфт. Баъди 15 рӯз сураи Қаҳф нозил шуд ва қиссаро бо тафсил баён намуд».

    Муҳаммад Алии Собунӣ муаллифи «Сафвату-т-тафосир» мегӯяд, ки хулосаи қисса назди аксари муфассирин чунин аст:

    «Дар замони Исо (а) дар шаҳри Партуси Рум ба номи Дақёнус подшоҳи золиме буд. Дақёнуси золим тамоми мардумро маҷбур менамуд, ки бутпарастӣ кунанд. Касоне, ки аз гуфтаи ӯ саркашӣ мекарданд, онҳоро қатл мекард. Чун ин зулми подшоҳро гурӯҳи ҷавонони мӯъмин диданд, сахт ғамгин шуда, аз кирдори беадолатии Дақёнус норозӣ гаштанд. Хабари имони ҷавонони мӯъминро ба подшоҳи золим Дақёнус бурданд ва онҳоро подшоҳ ба назди худ ҷамъ оварда гуфт: Агар шумо аз динатон бознагардед ва бутпарастӣ накунед, шуморо ба қатл мерасонам. Ҷавонони мӯъмин рӯйрост ба подшоҳи золим Дақёнус гуфтанд: «Парвардигори мо ҳамон парвардигори осмонҳо ва замин аст ва парастиш намекунем ба ҷуз ӯ, шоҳеро».

    (Сураи Каҳф 14)

    Подшоҳи золим чун ин суханони устуворро аз ҷавонон шунид, ба онҳо гуфт, ки шумо ҳоло ҷавонед, аз ин рӯ ба шумо як рӯз мӯҳлат, биравед ва то фардо андеша кунед. Чун ҷавонони мӯъмин аз назди подшоҳи золим берун баромаданд, ба ҳам машварат намуданд, то шабона ба ҳам аз зулми подшоҳ фирор кунанд. Нимашаб, ин тӯдаи ҷавонон, ки 7 нафар буданд, ҳамроҳи сагашон аз шаҳр берун рафтанд ва субҳгоҳ ба назди ғоре расиданду дохили он шуданд.

    «Мехонем ба ту хабари асҳоби Каҳфро ба ростӣ. Албатта онҳо чанд ҷавоне буданд, ки имон оварданд ба Парвардигори худ ва зиёда додем ба онҳо ҳидоятро. Ва дилашонро устувор сохтем, чун истоданд, пас гуфтанд: Парвардигори мо ҳамон Парвардигори осмонҳо ва замин аст ва парастиш намекунем ба ҷуз ӯ, илоҳеро. Ҳар ойина гуфта бошем онгоҳ сухани дурӯғ.. Ин қавми мо худоёне гирифтанд ба ҷуз Худо. Чаро барои исботи он бутҳо далели возеҳ намеоранд? Пас кист золимтар аз касе, ки бар Худо бӯҳтону дурӯғро бофта? Чун яксу шавед эй ёрон, аз ин кофирон дур шавед, аз ибодати бутҳояшон, ки ба ҷуз Худо мепарастанд. Пас ором гиред ба сӯйи ғор, то кушоду фарох кунад Парвардигори шумо раҳмату бахшиши худро. Ва муҳайё созад манфиатро дар кори шумо». (Сураи Қаҳф 13-16)

    Чун ин тӯдаи ҷавонони мӯъмин дохили ғор шуданд, хостанд каме истироҳат кунанд, онҳоро хоб бурд. Худованди бузург ин ҷавононро чунон хобонд, ки муддати хобашон 309 сол давом кард.

    «Ва истода буданд дар ғори худ, сесад сол ва афзуданд нӯҳ соли дигар» (Сураи Каҳф 25)

    Дар ин муддати тӯлонӣ ҷавонони хоббурда гоҳ ба паҳлӯи рост, гоҳ ба паҳлӯи чап мегаштанд, то намии замин ҷасадашонро напӯсонад. Чун офтоб тулӯъ мекард аз шуруқ то ғуруб гармии офтоб бо ҷасадҳои онҳо намерасид ва бо роҳат дар байни ғор хоб буданд.

    Аммо он саге, ки ҳамроҳи ин ҷавонон буд, дар остонаи ғор ду дастро хобонида хоб буд. Мисли ин ки ин саг онҳоро посбонӣ мекард. Агар касе онҳоро медид, гумон мекард, ки онҳо бедоранд, ҳол он ки онҳо дар хоб буданд.

    «Ва бубин эй бинанда офтобро дар вақти тулӯъ, майл кунад аз ғор ба ҷониби рост. Ва чун ғуруб кунад, мегузарад аз болояшон ба ҷониби чап ва онҳо дар кушодагии ғоранд. Ин ҳам яке аз нишонаву мӯъҷизаҳои Худованд аст. Ҳар киро ҳидоят кунад Худо, ӯ роҳёбанда аст. Ва ҳар киро гумроҳ кунад, наёбӣ барои ӯ ҳеҷ дӯсту роҳнишондиҳандае». (Сураи Қаҳф 17)

    «Ва гумон бикунӣ он ҷавононро бедор, (лек) онҳо хобидаанд ва мегардонем онҳоро ҷониби росту чап. Ва сагашон хобонидааст ҳарду дасти худро ба остонаи дарвозаи ғор, агар огоҳи ёбӣ бар онон, албатта рӯйгардониву бигрезӣ ва пур шавад (дилат) аз тарс». (Сураи Қаҳф 18)

    Чун 309-соли қамарӣ ин тӯдаи ҷавонон дар ғор хоб карданд, Худованд онҳоро дубора бедор кард. Онҳо аз якдигар мепурсиданд, ки чанд муддат хобиданд. Баъзе онҳо мегуфтанд: як рӯз, баъзеашон мегуфтанд ним рӯз хобидем. Ин ҳангом онҳоро гуруснагӣ фаро гирифта буд, гуфтанд касе аз мо биравад аз бозори шаҳр таом биёрад ва эҳтиёт кунад, то мардум ҷойи пинҳоншудаи моро набинанд. Зеро онҳо гумон доштанд, ки як рӯз хобидаанд ва ҳоло ҳам мардумони золиму бутпараст аз пайи ҷустуҷӯйи онҳоянд. Яке аз ҷавонон равона шуд, чун ба шаҳр наздик омад, симои шаҳру бозор тағйир ёфта буд ва аз аҳли шаҳр касеро нашинохт. Ин ҷавон гумон мекард шояд роҳро гум кардаасту ба шаҳри дигаре омадааст. Наздики дӯкони таомфурӯш рафт ва аз ҷайб тангае, ки ҳамроҳ дошт, ба таомфурӯш дод. Таомфурӯш тангаро гирифту ҳайрон шуд ва аз ҷавон пурсид, ки инро аз куҷо пайдо намудааст. Мардум дар атрофи ҷавон ҷамъ шуданд ва тангаи ӯро бо тааҷҷуб менигаристанду ба ҷавон мегуфтанд, ки шояд ӯ хазинаеро дарёфтааст. Ҷавон ба онҳо гуфт, ки ин танга аз муомилоти қавми ман аст. Мардум ба ҷавон гуфтанд, ки ин танга аз замони подшоҳ Дақёнус аст. Ҷавон пурсид, ки Дақёнус куҷост? Гуфтанд: Мурдани Дақёнусро 300-сол зиёд шуд. Ҷавон гуфт: Савганд ба Худо, агар манро бовар кунед, дишаб мо як гурӯҳ ҷавонон аз зулми Дақёнус фирор намудем ва дар ғоре беруни шаҳр пинҳон шудем. Ман омадам, то барои рафиқонам таом бихарам ва онҳо маро дар он ғор интизоранд. Агар розӣ бошед, ман шуморо ба он ғор барам, то рафиқонамро бубинед. Мардум ҳама ҳайрон шуданд ва ин хабари аҷибро ба подшоҳашон расонданд. Подшоҳи он замон марди солеҳу мӯъмин буд. Чун ин хабарро шунид, ҳамроҳи лашкариёну аҳли шаҳр ба сӯйи ғор равона шуданд. Ҳангоме ки подшоҳу аҳли шаҳр ба назди ғор расиданд, тӯдаи ҷавонон гумон карданд, ки подшоҳи золим Дақёнус буда, ба қатли онҳо омадааст. Дарҳол ҷавонон бархоста, ба ибодати Худованди бузург машғул гаштанд. Подшоҳ дохили ғор шуд ва гурӯҳи ҷавононеро дид, ки Худоро ибодат мекунанд. Баъди анҷоми ибодаташон ҳар яке онҳоро ба оғӯш гирифта гуфт, ки ӯ подшоҳи мӯъмин аст ва подшоҳи золим Дақёнус кайҳост, ки мурдааст. Чун ҳақиқати қиссаи ҷавононро подшоҳ шунид, фаҳмид, ки Худованд онҳоро нишонаи қудраташ барои бандагон гардонидааст.

    «Ҳамчунин хабардор гардонидем мардумонро ба ҳоли эшон, то бидонанд, ки ваъдаи Худо (зинда гардонидан баъди мурдан) рост аст ва бидонанд, ки ҳеҷ шакку шубҳае нест дар омадани қиёмат». (Сураи Қаҳф - 21)

    Чун ин тӯдаи ҷавонон аз дунё гузаштанд, гурӯҳе аз мардум гуфтанд, ки болои ғорашонро маҳкам месозем ва Худо доно аст ба ҳоли онҳо. Аммо гурӯҳи дигар гуфтанд, ки болои ғорашон масҷид месозем.Ҳамин тавр байни ин ду гурӯҳ низоъ шуду оқибат гурӯҳи дуюм, ки сарватмандон буданд, болои қабрашон масҷид бунёд карданд.

    «Вақте ки низоъ мекарданд мардум миёни худ (дар аҳволи онон) пас гуфтанд, мардум ба якдигар: Бисозед дар болои ғорашон хонае. Худованд донотар аст ба ҳоли онҳо. Ва гуфтанд, онон ки қудрат ёфтанд: Албатта бисозем болои ғорашон масҷиде». (Сураи Қаҳф - 21)

    Ибни Ҷарир мегӯяд: Касоне, ки гуфтанд бар болои ғори ҷавонон масҷид мекунем, дар мусулмон ё мушрик буданашон ду қавл аст. Аммо маълум аст, ки онҳо мардумони бонуфӯз буданд. Қабри паёмбарону шахсони бомартабаро масҷид қарор додан дар дини Ислом ҷоиз нест. Зеро Паёмбар (с) гуфтанд:

    «Худованд яҳуду насороро лаънат кунад, ки онҳо қабрҳои паёмбарону солеҳонашонро масҷид карданд».

    (Ривояти Бухорӣ)

    Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки дар Ироқ қабри паёмбар Дониёл (а)-ро бо васиятномае пайдо мекунад. Умар ибни Хаттоб (р) амр мекунад, ки ӯро ҳамроҳи васиятнома аз мардум пинҳон гӯр кунанд, то мардум қабри ӯро ба масҷиду мазори ибодатгоҳ табдил надиҳанд. Зеро парастиши қабр ва аз қабр мадад пурсидан ширк ба Худои ягона аст.