×
Суол ва ҷавоб дар мавриди инкори суннат ва ҳадисҳои Паёмбар. Оё инкори ҳадис куфр аст? (Ҳукми шахсе ки ҳадисро қабул намекунад).

    Оё инкори ҳадис куфр аст? (Ҳукми шахсе ки ҳадисро қабул намекунад)

    هل إنكار الحديث كفر؟

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия ва тарҷума: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    إعداد و ترجمة: محمد عزيز رجب

    —™

    Оё инкори ҳадис куфр аст? (Ҳукми шахсе ки ҳадисро қабул намекунад)

    Пурсиш: Ассалому алайкум

    Суол чунин аст: Касе ки ҳадиси саҳеҳро инкор кунад, қабул накунад, кофир мешавад?

    Баъзеҳо мегӯянд инкоркунандаи ҳадиси саҳеҳ кофир намешавад, Мегӯянд гумроҳ мешавӣ, вале кофир не.

    Хоҳишмадем ин суолро пурра ва бо далел ҷавоб диҳед.

    Посух:

    Ва алайкум салом ва раҳматуллоҳ!

    Алҳамду лиллоҳ, вас-салоту вас-салому ала Расулиллоҳ ва ала олиҳи ва саҳбиҳи, аммо баъд:

    Дар фатовои шабакаи Исломвеб чунин посух омадааст:

    «Ҳадис агар шартҳои сиҳҳатро (ки дар назди уламо маъруф аст, ки аз ҷумлаи он солим будан аз иллатест) ва шартҳои вуҷуби амал (саломат аз насх)-ро доро бошад, пас дар ин ҳол воҷиб мегардад қабул кардани он ҳадис ва амал кардан ба ончӣ ки дар он аст, ва ҷоиз нест инкори субути он ҳадис. Фарқ надорад, ки ин ҳадис дар «саҳеҳайн» омадааст, ё ки дар яке азон ё ки дар ғайри он.

    Балки инкори ин гуна ҳадис, ғурӯр ва ситезаву саркашӣ маҳсуб мешавад.

    Лекин мункири он кофир намешавад, магар дар ҳоле ки собит будани он ҳадисро аз Паёмбар эътиқод кунад, ва сипас инкор кунад.

    Имом Исҳоқ ибни Роҳавия (алайҳи раҳматуллоҳ) мегӯяд:

    من بلغه عن رسول الله صلى الله عليه وسلم خبرٌ يُقرُّ بصحته ثم رده بغير تقية فهو كافر.

    «Ҳар шахсе, агар хабаре (ҳадисе) аз Паёмбар барояш расад, ки ба саҳеҳ будани он иқрор аст, ва сипас бидуни тақия (яъне бидуни ҳолати маҷбурӣ) онро радд кунад, ин гуна шахс кофир аст».

    Суютӣ (алайҳи раҳматуллоҳ) гуфтааст:

    اعلموا رحمكم الله أنَّ مَن أنكر كون حديث النبي صلى الله عليه وسلم — قولا كان أو فعلا بشرطه المعروف في الأصول — حجة, كفر وخرج عن دائرة الإسلام، وحشر مع اليهود والنصارى أو من شاء من فرق الكفرة.

    «Бидонед Аллоҳ шуморо раҳмат кунад! Ҳар шахсе ҳуҷҷат будани ҳадиси Паёмбарро (хоҳ қавлӣ бошад ва хоҳ феъл, бо шартҳои маъруфе ки дорад), инкор кунад, кофир шудааст ва аз доираи ислом берун гаштааст. Ва ҳамроҳи яҳуду насоро маҳшур мешавад, ё ҳар фирқаи кофире ки хоҳад».

    (Мифтоҳул-ҷаннаҳ, фил-иҳтиҷоҷи бис-суннаҳ, саҳ. 14).

    Ва аллома ИбнулВазир гӯяд:

    التكذيب لحديث رسول الله صلى الله عليه وسلم مع العلم أنه حديثه كفر صريح.

    «Бовар накардани ҳадиси Паёмбар, бо донистани инки ҳадиси Паёмбар аст, куфри ошкор мебошад».

    (ал-Ъавосим вал-Қавосим, 2/274).

    Ончӣ гуфтем, дар мавриди инкор кардани субути ҳадиси саҳеҳ буд. Аммо инкори мазмуни ҳадис, дигар масъала ҳаст, ки бояд тааммул карда шавад. Агар аз масоили «маълум биз-зарура» бошад, пас мункири ин мазмун кофир аст (Аллоҳ паноҳ диҳад!), ва ғайри ин сурат кофир намешавад.

    Хулоса, агар ҳадисе аз Паёмбар собит шавад, пас қабули он ва амал кардан ба муқтазои он воҷиб аст!

    Фарқ надорад, ки субути он аз тариқи оҳод аст, ё ки тавотур. Ва ҷоиз нест инкор кардани он, ва радд кардани он ба ҳеҷ ҳуҷҷате.

    Валлоҳу аълам». (Фатвои рақами 11128).

    Ва дар ин мавзуъ шайх Солеҳ Мунаҷҷид мегӯяд:

    «Суннати набавӣ, масдари дуввуми қонунгузории исломист. Ваҳйи илоҳӣ бар Паёмбар нозил мешуд бо Суннат, чӣ тавре ки бо Қуръон нозил мешуд. Чӣ тавре ки Худованд баён кардааст:

    ﴿وَمَا يَنطِقُ عَنِ ٱلۡهَوَىٰٓ ٣ إِنۡ هُوَ إِلَّا وَحۡيٞ يُوحَىٰ ٤﴾ [النجم : ٣، ٤]

    «Ва аз рӯи ҳавову худсарона сухан намегӯяд. Балки ин (Қуръон) ваҳйу паёмест, ки бар ӯ ваҳй мешавад». (Сураи Наҷм, 3-4)

    Ва Худованд ҳатмӣ гардонидааст бар муъминин, пурра таслим шуданро ба сухани Паёмбар ва ҳадису ҳукмаш. Ҳатто инки Худованд ба худ қасам ёд кардааст, ки агар шасхе сухани Паёмбар бишнавад ва радд кунад, имоне надорад:

    ﴿فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤۡمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيۡنَهُمۡ ثُمَّ لَا يَجِدُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَرَجٗا مِّمَّا قَضَيۡتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسۡلِيمٗا ٦٥﴾ [النساء : ٦٥]

    «На! Ба парвардигорат савганд, ки онон муъмин ба шумор намеоянд, то туро дар дар ихтилофу низоъҳои худ ба доварӣ наталабанд, ва сипас малоле дар дили худ аз доварии ту надошта ва комилан таслими (қазовати ту) бошанд».

    (Сураи Нисо, 65)

    Дар асоси ин далелҳо, миёни аҳли илм иттифоқ аст, бар ин ки шахсе ҳуҷҷияти суннатро умуман инкор кунад, ё ки ҳадиси Паёмбарро бовар накунад (дар ҳоле медонад ки сухани Паёмбар аст), пас кофир аст. Ҳеҷ заррае аз ислом ва таслим ба Аллоҳу расулашро риъоят накардааст.». (Фатвои рақами 115125).

    Имом Аҳмад (раҳматуллоҳи алайҳ) фармудааст:

    من رد حديث رسول الله صلى الله عليه وسلم فهو على شفا هلكة.

    «Ҳар шахсе ки ҳадиси Расул (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро радд кунад, дар партгоҳи ҳалокат мебошад».

    Сониян:

    Он чӣ дар боло гуфта шуд, дар мавриди инкори ҳадис буд, ки ошкор суннатро инкор кардаву аҳодиси набавиро радд мекунанд. Ва ҳамчунин навъи дигаре аз инкоркарданҳо вуҷуд дорад, ки аҳли бидъат аз қадим онро истифода кардаанд.

    АбуБакри Халлол (234 – 311ҳ.) дар китоби «Суннат»-и хеш овардааст:

    أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ عَلِيٍّ الْوَرَّاقُ , قَالَ : حَدَّثَنَا مُحَمَّدُ بْنُ إِسْمَاعِيلَ التِّرْمِذِيُّ , قَالَ : سَمِعْتُ الْحَسَنَ بْنَ الْبَزَّارِ , يَقُولُ : جَاءَ رَجُلٌ إِلَى الْمِرِّيسِيِّ , فَقَالَ : يَا أَبَا عَبْدِ الرَّحْمَنِ , أُذَاكِرُ أَصْحَابَ الْحَدِيثِ , فَكُلَّمَا ذَكَرُوا الْحَدِيثَ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ رَدَدْتُهُ . قَالَ : يَقُولُونَ : أَنْتَ كَافِرٌ . قَالَ : صَدَقُوا . إِذَا ذَكَرُوا الْحَدِيثَ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ , فَرَدَدْتَهُ , يَقُولُونَ : أَنْتَ كَافِرٌ . قَالَ : فَكَيْفَ أَصْنَعُ . قَالَ : إِذَا ذَكَرُوا حَدِيثَ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قُلْ : صَدَقْتَ , ثُمَّ اضْرِبْهُ بِعِلَّةٍ , فَقُلْ : لَهُ عِلَّةٌ.

    «Ҳасан ибни Баззор мегӯяд: Марде назди Бишри Маррисӣ (яке аз сарони аҳли бидъат, ки маъруф аст) омаду гуфт: Эй АбуАбдур-Раҳмон, бо аҳли ҳадис (аҳли суннат) гуфтугӯй ва мунозара мекунам, ва ҳар боре ки ҳадисе аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зикр кунанд, радд мекунам. Мегӯянд: Ту кофир ҳастӣ.

    Бишри Маррисӣ гуфт: Бале, дуруст мегӯянд!…

    Гуфт: Пас чӣ кор кунам?

    Бишри Маррисӣ гуфт: Агар ҳадисе аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зикр кунанд, бигӯй: Рост гуфтӣ!

    Сипас бо иллате он ҳадисро бизан.

    Бигӯй: Ин ҳадис, иллате дорад!». («Суннат», Халлол, рақами 1734).

    Бубин бародари азизам, ки он мард баъди шунидани ин ҷавоб, ба ҷойи тавба кардан ва шитофтан ба қабули ҳақ, чигуна суоле мекунад: «Пас чӣ кор кунам?»!

    Ба назар мерасад, ки роҳе барои гурехтанро меҷӯяд! Роҳе гурез аз «қабули ҳақ».

    Ва посухи Бишри Маррисиро низ тааммул бикун, ки чӣ қадр шайтонист!

    Ва айнан бо ҳамин навъ шайтанат, имрӯз баъзеҳо бо суннат ва ҳадис мухолифат мекунанд!

    Валлоҳул-мустаъону ва ҳува аълам.