×
Масҷидҳои сегона: Масҷидулҳаром (дар Маккаи мукаррама (Кааба) ва масҷиди пайғамбар (с) дар Мадинаи мунаввара ва масҷидул Ақсо дар Фаластин. Ин мақола дар бораи фазилати ҳамин маҷидҳо мебошад.

    Зиёрати масљиди пайѓамбар (с) ва Хусусиятњои маљидњои сегона

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Нависанда: Муҳаммад ибни Иброҳим ат-Тувеҷри

    Тарҷумаи: Мусаби Ҳамза

    2009 - 1430

    زيارة المسجد النبوي و خصائص المساجد الثلاثة

    « باللغة الطاجيكية »

    مؤلف : محمد بن إبراهيم التويجري

    ترجمة : مصعب حمزة

    2009 - 1430

    Зиёрати масљиди пайѓамбар (с) ва Хусусиятњои маљидњои сегона:

    Масљидњои сегона: Масљидулњаром (дар Маккаи мукаррама (Кааба) ва масљиди пайѓамбар (с) дар Мадинаи мунаввара ва масљидул Аќсо дар Фаластин.

    1. Масљидулњаромро Иброњим (а) њамроњи писараш Исмоил (а) бино кардаанд ва он ќиблаи мусулмонон аст ва ба сўи он ҳаҷҷ ва зиёрат меоянд.

    Масљидулњаром аввалин хонаест (масљид ё хонаи худо), ки барои мардум бино шудааст (барои ибодат кардани худо).

    Ва худованд ин хонаро муборак ва њидоят барои оламиён гардонидааст.

    Масљиди пайѓамбарро Муњаммад (с) ва сањобагони гиромияш бино кардаанд ва бар асоси таќво ва худотарсї бино шудааст.

    Масљиди Аќсоро Яќуб (а) бино кардааст ва масљиди Аќсо ќиблаи аввалини мусулмонон аст (яъне пеш аз он ки худованд Каабаро барои мусулмонон ќибла гардонад, мусулмонон ба тарафи масљиди Аќсо намоз мехонданд).

    2. Дучанд гардидани савоби намоз дар ин се масљид.

    Барои њамин хусусиятњо фаќат барои зиёрати ин се масљид сафар кардан раво аст ва сафар кардан барои зиёрати ќабри муайяне мутлаќан њаром аст, агарчанде ќабри набї бошад ё валї ё ягон бузургвор (яъне зиёрати ќабристон мувофиќи шариат барои ба ёд овардани марг ва панд гирифтан ва дуо кардан дар њаќќи майит суннат аст, аммо хос барои зиёрати ќабри бузургворе сафар кардан љоиз нест).

    Аз Абўњурайра (рз) аз пайѓамбар (с) ривоят аст, ки гуфт: Рахти сафар баста намешавад магар ба сўи се масљид: Масљидулњаром (Макка), масљиди пайѓамбар (с) (Мадина) ва масљиди Аќсо (Фаластин) (Бухорї ва Муслим ривоят кардааст).

    Њукми зиёрати масљиди пайѓамбар (с):

    Барои мусулмонон суннат аст, ки масљиди пайѓамбарро зиёрат карда ва ваќте ки дар он дохил шуд, ду ракаат намози тањияи масљид хонад.

    Баъд аз он ба сўи ќабри расули худо (с) рафта дар наздаш меистад ва ба ў ингуна салом медињад:

    Ассалому алайка аюњаннабию ва рањматуллоњи ва баракотуњ (Салом бар ту, эй расули худо (с) ва рањмату баракати худованд бар ту бод), баъд аз он дуое, ки дар бораи дохил шудан ба ќабристон ворид шудааст, онро мехонад.

    Баъд аз он як ќадам ба тарафи рост гузошта њамонгуна ба Абўбакр (рз) салом медињад.

    Баъд аз он як ќадам ба тарафи рост гузошта њамонгуна ба Умар (рз) салом медињад.

    Аз Абўњурайра (рз) ривоят аст, ки расули худо гуфт: Касе нест бар ман салом дињад, магар ин ки худованд руњи манро бармегардонад то ин ки саломи ўро љавоб дињад. (Ањмад ва Абўдовуд ривоят кардааст).

    Фазли намоз дар масљиди Пайѓамбар (с):

    Намоз дар масљиди Пайѓамбар (с) дар Мадинаи мунаввара баробар ба њазор намоз аст, дар дигар масљид, магар Масљидулњаром (Макка, ки дар он як ракаат намоз ба сад њазор ракаат баробар аст).

    1. Аз ибни Умар (рз) аз Пайѓамбар (с) ривоят аст, ки гуфт: «Намоз дар масљиди ман бењтар ва афзал аст аз њазор намоз дар дигар масљидњо магар дар Масљидулњаром» (Бухорї ва Маслим ривоят кардааст).

    2. Ва аз Абўњурайра (рз) аз Пайѓамбар (с) ривоят аст, ки гуфт: «Мо байни хонаи ман ва минбари ман равзае аз равзањои (боѓе аз боѓњои) љаннат аст ва минбари ман дар лаби њавзи ман аст» (Бухорї ва Муслим ривоят кардааст). (Хонаи Расули худо (с) њозир дар дохили масљид аст, ки дар он дафн шудааст ва замини байни ин хона ва минбараш бо ќолини сабз пўшонида шудааст, ки мардум зиёд кўшиш мекунанд, ки он љо намоз хонанд. Зеро мувофиќи ин њадис касе он љо намоз хонад гўё дар равзае аз равзањои љаннат намоз хондааст.)

    Ва зиёрати ќабристони Баќеъ ва шуњадои Уњуд ва салом додан бар онњо суннат аст, инчунин дуо ва талаби маѓфират кардан барои онњо њам суннат аст.

    Ваќти зиёрати ќабристонњо ин дуо гуфта мешавад: «Ассалому ало ањлид диёри минал муъминина ва муслимина ва ярњамуллоњу алмустаќдимина минно валмустаъхирина ва инно иншоаллоњу бикум лалоњиќун» (Муслим ривоят кардааст).

    Тарљума: Салом бар ањли ин диёр аз муъминон ва мусулмонон ва рањмат кунад худованд гузаштагон ва ояндагони моро ва мо дар њаќиќат бо хости худо бар шумо мепайвандем.

    3. Ё ин ки ин дуо гуфта мешавад: «Ассалому алайкум ањлид диёри минал муъминина ва муслимина ва инно иншоаллоњу лалоњиќун ва асъалуллоња лано ва лакум алъофията». (Муслим ривоят кардааст).

    Тарљума: Салом бар шумо ањли ин диёр аз муъминон ва мусулмонон ва мо дар њаќиќат бо хости худо бар шумо мепайвандем, аз худованд барои мо ва шумо офият ва бахшишро талаб дорам.

    Фазли намоз дар масљиди Ќубо

    Барои мусулмонон суннат аст, ки дар хонааш (агар мусофир бошад аз љои истиќоматаш) тањорат карда ба сўи масљиди Ќубо савора ё пиёда равад. Ва дар он љо ду ракаат намоз мехонад, ки савобаш баробар ба савоби як умра аст. Ва агар ин зиёрат (зиёрати масљиди Ќубо) рўзи шанбе бошад, хубтар аст.

    1. Аз Сањл ибни Њаниф аз расули худо (с) ривоят аст, ки гуфт: «Касе ки худро дар хонааш пок кунад (тањорат), баъд аз он ба масљиди Ќубо рафта намоз гузорад, барояш мисли аљру савоби якумра насиб мешавад». (Насої ва ибни Мољањ ривоят кардааст).

    2. Аз ибни Умар (рз) ривоят аст, ки гуфт: «Расули худо (с) њар рўзи шанбе пиёда ва савора ба масљиди Ќубо меомад». (Бухорї ва Муслим ривоят кардааст).

    Зиёрати масљиди Пайѓамбар дар Мадина (с) аз маносики њаљ ё умра нест ва њаљљу умра ба зиёрати он љо њам пурра ва комил мегардад.

    Вале зиёрати масљиди Пайѓамбар (с) ва намоз хондан дар он њар ваќт, ки муяссар шавад, суннат аст.

    Аз китоби «Мухтасари фиќњи Исломї» гирифта шудааст